15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 105

Ҳаво сард мешавад! Ҳушдори КҲФ ба сокинони кишвар

0

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 17-ум то 20-ум январ дар кишвар ҳавои сард, боридани барфу борон пешбинӣ мешавад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин рӯзҳо пастшавии ҳарорати ҳаво, фаромадани туман ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳамворӣ боридани барфу борон дар назар аст. Ҳамчунин хатари яхбандии роҳҳо, сарозер шудани тарма ва резиши санг дар бузургроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хор низ аз эҳтимол дур нест.

Ба сабаби вазъияти номуносиби обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин шароити эҳтиёткор бошанд.

КҲФ аз он нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди додани ҳушдорҳо сокинон тасияҳоро нодида гирифта, дар рӯзҳои номуносиб ба сафарҳои дур ва кӯҳӣ баромада ҷони худ ва дигаронро ба хатар мегузоранд. Ин ниҳод аз сокинон хоста, ки дар чунин шароит “аз сафарҳои кӯҳӣ ва дур худдорӣ намоянд ва дар ин рӯзҳо барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳҳо нараванд.”

Ёдовар мешавем, ки ҳарсол дар фасли зимистон ба сабаби саридии ҳаво ва бориши зиёди барф дар кишвар маҳдудияти қуваи барқ ҷорӣ карда мешвад ва сокинон маҷбур мешванд барои гарм нигаҳ доштан хонаҳи худ аз ҳезум ва ангишт истифода кунад, ки ин дар бисёр ҳолат сабаби сӯхтори манзил ва марги сокинон мешвад.

Ҳиндустон густариши фарҳангии худро дар Тоҷикистон бештар мекунад

0

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уйке бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Аминзода мулоқот анҷом дод.

Мулоқоти ҷонибҳо дар робита ба роҳҳои тақвияти фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ байни ду кишвар сурат гирифта, рушди равобит байни ин ду миллат, аз ҷумла ҷашнгирии муштараки мусиқӣ, филмҳо, фестивалҳо ва дигар анъанаҳои фарҳангии ду миллатро баррасӣ карданд.

Маркази фарҳангии “Свами Вивеканандар” дар Душанбе ҳамеша давраҳои омӯзишии мусиқии ҳиндӣ, шаклҳои рақси классикӣ, йога ва омӯзиши забони ҳиндӣ баргузор мекунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин талошҳо дар ривоҷи фарҳанги ҳиндӣ дар кишвар муассир будааст.

Дар ин нишаст Раҷеш Уйке аз нақши муассири Маркази фарҳангии “Свами Вивекананда” дар Душанбе ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи ӯ, ин марказ дар таблиғи мусиқӣ ва рақси классикии Ҳиндустон ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар саҳми ҷиддӣ гузоштааст.

Ба андешаи фарҳангшиносон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дорои робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд, ки баъзе аз унсурҳои фарҳанги ҳиндӣ дар байни мардуми тоҷик тарафдорони худро дорад.

Ба гуфтаи онҳо, филмҳо ва сериалҳои телевизионии Ҳиндустон, ки ба забонҳои русӣ ва форсӣ трҷума шудаанд, дар миёни қишре аз ҷавонон ва хонумҳо маҳбубият дорад.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳиндӣ, Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар моҳи январи соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ҳиндӣ-урдуро таъсис дод, ки омӯзиш ва таблиғи забонҳои ҳиндиро дар минтақа ба уҳда дорад.

Тибқи гузоришҳо, сафорати Ҳиндустон дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон якчанд “Шуъбаҳои омӯзиши забони ҳиндӣ” таъсис додааст, ки ин шуъбаҳо ҳоло ба марказҳои фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфтаанд.

Имзои санадҳои муҳим байни Тоҷикистону Эрон

0

Президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён чандин санади ҳамкориро ба имзо расондаанд.

Раисҷумҳури Эрон 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуда буд ва 17-уми январ аз Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт.

Пизишкиён дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи тиббии кишвар дидан карда, унвони “Профессори фахрӣ”-и ин донишгоҳро соҳиб гаштааст.

Гуфта мешавад, раисҷумҳурони ду кишвар зимни мулоқотҳо дар робита ба авзои Афғонистону Навори Ғазза ва дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карда, 23 санадро дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, маориф, муҳоҷират ва ғайраро ба имзо расонданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти аввал бо Пизишкиён, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ба бардошта шудани раводид миёни Тоҷикистону Эрон ишора намуда, ба ӯ мегӯяд, ки бори дигар дар ҷашни “Наврӯз” ба Тоҷикистон биёяд.

“Наврӯзи мо ҷашни хонаводагӣ нест, ҷашни умумилӣ аст. Ҳама хурсандӣ мекунанд. 12 рӯз не, 1 моҳ тамоми гӯшаву канори мамлакат хурсандӣ мекунанд” – мегӯяд раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон.

Ҳамзамон Раҳмонов ва Пизишкиён дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон низ ширкат мекунанд. Ба иттилои расонаҳо, миёни соҳибкорони ду кишвар 13 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расидааст.

Дар ин нишаст низ Раҳмонов ба бардошта шудани раводид миёни ду кишвар ишора намуда, аз соҳибкорони эронӣ даъват мекунад, ки агар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ҳам накунанд, инҷо хонаашон ҳаст ва ҳарвақте хостанд ҳамроҳи фарзандонашон биёянд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал аст, ки Масъуд Пизишкиён пас аз пирӯз шудан дар интихоботи президентии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ӯ қаблан дар моҳи сентябри соли 2024 дар ҳошияи нишастаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Амрико бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Ин сафар дар ҳолес сурат мегирад, ки дар ин шабу рӯзҳо чанде аз блогерони тоҷик ва мубаллиғони ҳукумати Раҳмон дар шаҳрҳои гуногуни Эрон қарор дошта, гардишгарони тоҷикро барои сафар ба Эрон ташвиқ доранд.

Гуфта мешавад, дар пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанбе миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон 6 санади ҳамкорӣ низ ба имзо расидааст.

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир робитаи печидае дошта, тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуд ва бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ин муносибатҳо тиратар гашта буд.

Мунособати ин ду кишвар дар соли 2019 каме беҳтар шуда, бо раисҷумҳур шудани Иброҳим Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми рафту омади бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Беҳтар шудани муносибатҳои дипломатӣ ба додугирифти тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон таъсир расонда, он дар соли 2024 то 336 миллион доллар расид. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 додугирифт миёни ду кишвар ба 120 миллион доллар баробар буд.

Боздошти наболиғе, ки мехост бо корд ба як наврас ҳамла кунад

0

Кормандони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз пешгирии як фоҷеаи маргбор дар ноҳияи Синои пойтахт хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кормандони ин ниҳод аз нақшаи як муноқишае, ки бояд бо кордзанӣ анҷом мешуд, огоҳ шуда, ноболиғ Назиров А., сокини 16-солаи шаҳри Душанберо боздошт карданд. Маъмурони пулис мегӯянд, ин муноқиша метавонист ба марги як ноболиғи дигар оварда расонад.

Дар натиҷаи кофтуков, аз ноболиғ як корд пайдо ва мусодира шуд. Назиров А. дар рафти пурсиш иқрор кардааст, ки мехост бо ин корд ҳангоми муноқиша ба як наврас зарари ҷисмонӣ расонад.

Гуфта мешавад, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе идома дорад.

Соли гузашта, Вазорати корҳои дохилӣ амалиёти вежае таҳти номи “КОРД” баргузор кард, ки дар натиҷа чандин нафар бо гумони фурӯши ғайриқонунии кордҳои хурди киса (финка) боздошт шуданд. Дар рафти амалиёт, зиёда аз 100 дона корди гуногуни бурандаву халанда дарёфт ва мусодира шуд. Нисбати боздоштшудаҳо, тибқи моддаи 492-и Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурӣ парванда боз карда шуда, ҷарима таъин гардид.

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир сокинон аз афзоиши истифодаи кордҳои хурд, ки ба гуфтаи онҳо дар байни навҷавонони пойтахт “муд” шудааст, шикоят мекунанд. Дар аксари ҷанҷолҳои кӯчагӣ аз чунин силоҳҳои сард истифода мешавад.

Ба назари мунтақидон, бастани мадрасаҳо, манъи ворид шудан ба масҷид то 18-сола ва боздошти қишри руҳоният сабаб шуда, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷавонон аз таълимоти динии ибтидоӣ, ки бештар ахлоқи диниро ба ҷавонон меомӯхтанд, дур монанд ва ба ҷиноятҳои зиёде, монанди қатлу куштор, рӯ овардан ба мухаддирот ва ҷиноятҳои сангин даст бизананд.

Эълони оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил ва идомаи кушторҳо дар Ғазза

0
A boy carries salvaged items from the rubble of a building destroyed during Israeli bombardment at al-Shati refugee camp in Gaza City on June 22, 2024, amid the ongoing conflict between Israel and the Palestinian militant group Hamas. (Photo by Omar AL-QATTAA / AFP)

Шоми рӯзи 15-уми январ вазири корҳои хориҷии давлати Қатар эълон кард, ки ҷонибҳои ҲАМОС ва Исроил ба оташбас ва хотимаи ҷанг ба мувофиқа расиданд.

Қарор аст оташбас дар Ғазза ва поён додани ба ҷанге, ки 468 рӯз боз идома дорад, аз субҳи рӯзи якшанбе, 19-уми январ мавриди амал қарор гирад.

Аммо, ба иттилои расонаҳо, то мавриди амал қарор гирифтани оташбас Исроил аз фурсат истифода бурда, ҳамлаҳои худро дар тамоми манотиқи Ғазза шиддат бахшидааст. Танҳо аз субҳи имрӯз, (то лаҳзаи омода шудани ин хабар) дар пайи бомборонҳои Исроил беш аз 80 нафар ҷон бохта, ки аксарашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд ва инчунин шумори захмиён ба 200 нафар расидааст. Гуфта мешавад, Исроил маҳз ба манотиқи серодам ва паноҳгоҳҳои гурезагон, ки дишаб аз шунидани эълони оташбас шодӣ мекарданд, бомборон кардааст.

Созишномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил аз 3 марҳила иборат буда, ҳар марҳила 42 рӯзро дар бар мегирад. Марҳилаи аввал аз 5 бахш иборат аст:

1. Таваққуфи фаврии ҷанг;

2. Берун рафтани нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза;

3. Ворид кардани кумакҳои башардӯстона то 600 комюн дар як рӯз;

4. Баргаштани оварагон ба хонаҳои худ ба шимоли Ғазза;

5. Озод намудани асирон аз ду ҷониб.

Гуфта мешавад, ҲАМОС дар 42 рӯзи аввал қисмате аз асирони амрикоӣ ва исроилиро озод мекунад ва дар баробари онҳо Исроил то 2500 ҳазор фаластиниро озод хоҳад кард, ки 250 нафарашон аз ҷумлаи маҳбусони якумра ҳастанд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар суханронии дирӯзааш гуфт, ки агар баъд аз 42 рӯзи аввал барои марҳилаи баъдӣ ҷонибҳо ба тавофуқе ҳам нарасанд, ҷанг оғоз намеёбад то ба хулосаи ниҳоӣ бирасанд.

Аммо дар Исроил ростгароҳои ифротии ҳукумати Натанёҳу, аз ҷумла вазири молияи ин кишвар Бетсалел Смотрич ва тарафдоронаш ба ин тавофуқот розӣ нестанд ва мегӯянд, ки пас аз гирифтани асирон то комилан аз байн бурдани ҲАМОС бояд ҷанг идома ёбад.

Ба назари коршиносон, ҲАМОС низ чунин рухдодро пешбинӣ кардааст ва бинобар ин, озодии асирон дар созишномаи оташбасро дар 3 марҳила тақсим карда, ки қисмати охирони он низомиёни асир ва шахсони баландрутбаи артиши Исроил ва инчунин ҷасадҳои асирони фавтида ҳастанд, ки бояд бо замонатҳои байналмилалӣ ва иҷозати сохтани Ғазза озод мешаванд. Ва Исроил низ ба ин банд ризоият додааст.

Баъд аз эълони расмии созимшномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил раҳбарони кишварҳои дахил, аз ҷумла раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп, раисҷумҳурии кунунии ин кишвар Ҷо Байден, масъулони Қатар ва дигар раҳбарони кишварҳо дар расонаҳо суҳбат карданд ва ин созишномаи оташбасро як дастоварди бузург номиданд. Аммо то ҳол Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, ки пеш аз ин ба аксар бандҳои созишномаи оташбас мухолифат мекард, дар ин маврид дар расонаҳо суҳбат накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба манотиқи ишғолшуда аз 7-уми октябри соли 2023 бомборонҳои шадиди худро болои мардуми Ғазза оғоз кард ва то кунун идома дорад. Мувофиқи маълумоти Вазорати беҳдошти Ғазза аз оғози бомборонҳои Исроил ба Навори Ғазза наздики 46 ҳазору 800 кас ҷон бохтаанд, ки аксарашон кӯдакону занон ва пиронсолон ҳастанд ва ҳудуди 110 ҳазору 500 нафари дигар захмӣ шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ шароити кумакрасонии тиббӣ, беҳдоштӣ ва инсониро дар Ғазза тоқатфарсо мегӯянд ва мувофиқи гузориши онҳо, қариб ҳама бемористонҳо аз фаъолият бозмондааст.

Тоҷикистон дар Эрон сармоягузорӣ мекунад

0

Мақомоти воломақоми Эрон аз тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон хостанд, ки дар Чобаҳори ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Имрӯз, 15-уми январи соли 2025, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон, ки ҳамроҳи президенти ин кишвар Масъуд Пизишкиён дар Тоҷикистон ҳузур доранд, хостори сармоягузории тоҷирону соҳибкорони тоҷик дар Эрон шудааст.

Хонум Фарзона Содиқ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта, ки яке аз ҳадафҳои ин сафар матраҳ кардани пешниҳдои сармоягузории “тарафи Тоҷикистон” дар Чобаҳор аст.

Эрон тайи солҳои ахир талошҳои зиёде анҷом дода, ки то сармоягузорони хориҷиро ба ин минтақаи навобод ҷалб кунад. Бо Ҳиндустон дар ин бора тавофуқотеро анҷом додааст, аммо баъд аз ҳодисаҳои 15 моҳи ахир дар Ховари Миёна бо интиқодҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Чун ки Эрон дар ин набардҳои ахир аз гурӯҳҳои фаластинӣ, лубнонӣ, ироқӣ ва яманӣ ҳимоят мекунад ва Ҳиндустон аз Исроил.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Эрон қасад дорад дар ояндаи наздик пойтахти худро ҳам ба минтақае наздик ба он интиқол диҳад, ба ҳамин хотир ҳоло худро ба ҳар даре мезанад, то ҳар чӣ зудтар ин минтақаи соҳилибаҳриро обод кунад.

Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ӯро дар фурӯдгоҳ истиқбол кард ва бо ҳам гуфтугӯи кӯтоҳе доштанд.

Пас аз раисҷумҳур итихоб шудани Масъуд Пизишкиён дар Эрон бори якум аст ба Тоҷикистон сафар мекунад ва қарор аст ин сафар то рӯзи 17-уми январ идома кунад.

Қарор аст дар ин сафар зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо имзои шумори зиёди “санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷорию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ дар назар аст.”

Тоҷикистон маркази логистикии бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозад

0

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар кишвар маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозанд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар моҳи январи соли ҷорӣ тарҳи сохти маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нишасти шӯрои машваратии роҳбарони кишварҳои узви Бонки рушд исломӣ (БРИ) пешниҳод ва баррасӣ шуд. 

Нишсати мазкур ба стратегияи ин бонк барои солҳои 2026-2035 ихтисос дода шуда, дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ баргузор гардидааст. Гуфта мешавад, дар ин нишаст аз тарафи Тоҷикистон тарҳҳои дигаре низ пешниҳод шудааст.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири иқтисод Завқӣ Завқизода пешниҳодҳоро оид ба тавсеаи зерсохторҳо, аз ҷумла таъсиси паркҳои технологӣ, ҳимоят аз иқтисоди “сабз”, тавсеаи тавони содиротӣ ва ба вуҷуд овардани мароҳили нави тарҳҳои калони нақлиётӣ, ба монанди тарҳи бузургроҳи “Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” пешниҳод намуд.

Гуфта мешавад, тарҳрезии ин  бузугроҳ аз солҳои 2010 оғоз гардида, пешбинӣ мешавад то соли 2027 танҳо як бахше аз он ба охир бирасад ва иҷрои комили ин тарҳ ҳоло маълум нест. Маблағгузори аслии ин бузургроҳ Бонки рушди Осиё мебошад.

Ҳамчунин бунёди системаҳои канализатсия дар ноҳияи Панҷ ва афзоиши сармоягузорӣ ба пружаҳои энергетикӣ, аз ҷумла НБО-и “Роғун” дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Масъулони Вазорати иқтисоди кишвар мегӯянд, раиси Бонки рушди исломӣ Муҳаммад Ал-Ҷосир омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба тарҳҳои авлавиятдошта барои Тоҷикистон изҳор доштааст.

Ба иттилои расмӣ, аз замони оғози ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1996 бо БРИ, ин Бонк беш аз 900 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ин маблағҳо ба тарҳҳое дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ равона карда шудаанд.

Аммо, ба гуфтаи мунтақидони Ҳукумат, ингуна маблағгузориҳо ба кисаи як идда аз масъулону наздиконашон ва ширкатҳои марбут ба хонаводаи раисҷумҳур мераванд ва инҳо на сабаби ободонӣ, балки қарздор шудани кишвар мешаванд.

Русия: Дар ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” 27 нафар гумонбар аст

0

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, то ҳол дар иртибот бо ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав 27 нафар гумонбар шудаанд.

Дар ин бора Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия дар мусоҳиба бо “Российская газета” гуфтааст.

Ин масъули Кумитаи тафтишотӣ инчунин изҳор дошт, ки “таҳқиқот дар бораи афроди дигаре, ки эҳтимол дар омодасизӣ барномарезӣ ва маблағгузории ин ҳамлаи террористӣ даст дошта бошанд, идома дорад. Иртиботи миёни муттаҳамон тавассути марказҳои ягонаи ҷамъоварии маблағ ошкор ва мавриди санҷиш қарор гирифтаанд”.

Ӯ дар мусоҳибааш ҳамчунин афзуда, ки дар соли 2024, 293 парвандаи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ба додгоҳ ирсол гардида, аз ин 36 парванда марбут ба маблағгузории терроризм будааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-уми марти соли 2024 ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски Маскав ҳамла сурат гирифта, муҳоҷимон сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде толори консертӣ оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса чандин нафарро боздошт кард, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбаронии ассои ин ҳамла дониста шуданд.

Ба гуфтаи худи муҳоҷирони кории тоҷик, маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфт. Инчунин мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ аз ҷониби полис қарор гирифта, ихроҷи муҳоҷирон тоҷик ба ҳар далел бештар шуд.

Дар моҳои охири соли гузашта чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷиронро маҳдуд ва вазъи онҳо дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Душанбеи 13-уми январи соли 2025, Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ додааст, ки “то 1 сентябри соли 2025 ҳамаи ширкатҳое, ки дар Душанбе мусофиронро интиқол медиҳанд, бояд ба системаи нақлиёти барқӣ гузаранд.” 

Ин иқдом дар доираи “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” анҷом мешавад. Инчунин дар Тоҷикистон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2028” низ қабул шудааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҳар чанд Тоҷикистон бо суръат аз Чин ва дигар кишварҳо ба ворид кардани мошинҳои барқӣ рӯй овардааст, ин иқдом аз як сӯ бозори мошинҳои маъмулӣ, ки бо сӯзишворӣ ҳарат мекунанд, тангтар карда бошад, аз сӯи дигар зиёд шудани чунин мошинҳои барқӣ вобастагии Тоҷикистонро ба Русия ва дигар кишварҳо дар хариди сӯзишворӣ камтар мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 36 ҳазор мошинҳои барқӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Барои афзоиши ворид кардани нақлиёти барқӣ соли 2022 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида буд. Бар асоси ин тағйирот тайи солҳои 2022-2032 воридоти нақлиёти барқӣ бидуни боҷи гумрукӣ анҷом шуда, инчунин воридкунандаҳо аз пардохтҳои андоз ва аксизҳо озод мебошанд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

0

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, гузориши бонки мазкур аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ нашр шудааст ва ин маблағи тасдиқшуда барои марҳилаи аввали барномаи 500 миллион долларии НБО-и “Роғун” мебошад. 

Ин бонк, ки мақарраш дар шаҳри Пекини Чин аст, нтизор дорад пас аз анҷоми барномааш “Роғун” метавонад 3780 МВт нерӯи барқ тавлид кунад, ки ин миқдор тақрибан барои аҳолии 10 миллионии Тоҷикистон кофӣ буда, норасоии доимии нерӯи барқ ​​дар фасли зимистонро бартараф мекунад.

Вале мардум бо сабабҳои гуногун нисбат ба ингуна хушбиниҳо эътимод надоранд. Аз ҷумла, ба нокоромадиҳои ҳукумат дар пешбурди барномаҳои васеъ, набуди шаффофият дар раванд ва умури молиявии пружаҳои бузург норозиянд.

Гуфта мешавад, ин тарҳ тариқи маблағгузории муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ анҷом мешавад ва маблағгузории иловагии он интизор меравад аз тарафи ин эътилофи сармоягузорони ҷаҳонӣ фароҳам шавад. Ҳадафи он таъмини нерӯи барқи обии тоза, дастрас ва мутобиқ ба иқлим барои Тоҷикистон ва минтақаи васеътари Осиёи Марказӣ мебошад.

Фароҳам кардани маблағ барои бунёди сохтмони НБО-и “Роғун” ҳамеша як чолиши бузург барои мақомоти кишвар боқӣ мондааст. Мунтақидон масъулони Ҳукумати кишварро ба дуздии маблағҳо,  набуди шаффофият ва тибқи барнома пеш набурдани тарҳҳои бузург муттаҳам мекунанд.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки талабот ба нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ то соли 2030, 40% ва то соли 2050 се маротиба афзоиш меёбад. Ин пешбинӣ васеъ кардани манбаъҳои нерӯи пойдорро тақозо мекунад. Тарҳи мазкур барои беҳтар кардани пойдорӣ ва коҳиш додани арзиши нерӯи барқ барои ҳалли мушкилоте, мисли қатъи барқ ​​дар фасли зимистон тарҳрезӣ шудааст.

Масъулони AIIB мегӯянд, ин барнома дар гузариш ба энергияи сабз ва амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Тоҷикистон дорои қобилияти назарраси барқи обӣ буда, дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол мекунад, аммо дар айни замон танҳо тақрибан 4% ин қобилият истифода мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, “Роғун” метавонад бар илваи барқрасонӣ ба кулли мардуми Тоҷикистон, дар таъмини барқ ​​дар саросари Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозӣ кунад. Аммо мунтақидон аз вобаста кардани ниёзҳои барқии кишвар ба як неругоҳ, интиқод доранд. Ба назари онҳо кишвар метавонад аз дигар захираҳои обӣ бо ниёзи камтар ба маблағҳои зиёд истифода кунад.