Хона блог саҳифа 739

Дидори генерали амрикоӣ Фрэнк Маккензӣ бо Эмомалӣ Раҳмон

0
Сурат: Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон

Pӯзи 22 феврал фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Фрэнк Маккензӣ, бо сафари корӣ ба Душанбе омада, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА, бахусус дар масъалаи амният гуфтугӯ анҷом ёфт. Дар ин робита, ба масъалаҳои асосии таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва таҳдидҳову чолишҳои амнияти ҷаҳонӣ таъкид шуд. Ҷонибҳо инчунин вазъи кунунии Афғонистон ва раванди музокироти сулҳ дар кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар хабар омада, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо генерали амрикоӣ Фрэнк Маккензӣ  аз раванди сулҳи Афғонистон ҷонибдорӣ намуда, таъкид дошта, ки беҳтар шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи “Душанбе” қарор дорад.

Ҷавони тоҷик дар Олтой ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи Олтой як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмони террористии “Давлати Исломӣ” гунаҳкор дониста, ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз Хадамоти матбуоти минтақавии ФСБ рӯзи панҷшанбе хабар дод.

Додгоҳи Олтой далелҳои ҷамъоваришуда нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимҷонов Илҳомхуҷа соли таваллудаш 1998-ро “далелҳои кофӣ” ҳисобида нисбаташ бо иттиҳоми “Омодагӣ барои иштирок ва фаъолият кардан дар созмонҳое, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Русия террористӣ эътироф шудаанд”, парванда боз кард. Дар хабар омада, ки нисбати Иброҳимҷонов бо 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия айб эълон шудааст.

Тибқи иттилои айбдоркунандаи давлатии Прокуратураи Олтой Вера Кондаурова, “ин шаҳрванди Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳои содиршуда ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд – се соли аввал бо адои ҷазо дар маҳбаси инфиродии сахттар ва боқимондаи мӯҳлатро дар зиндони низомаш сахт сипврӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Олтой бо патент кору зиндагӣ мекардааст, бо як аъзои фаъоли ин созмони террористӣ тариқи интернет робита барқарор карда, барои шомил шудан бо онҳо ва рафтан ба минтақаи низоъ розӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айбдоршаванда бар ивази маблағ аз ҷойҳои серодам ва иншооти ҷамъиятӣ дар Барнаул маълумот ҷамъ меовардааст. Дар ҷараёни тафтишот Иброҳимҷонов иқрор карда, ки ин корро дидаву дониста кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳимҷонов аз ҷониби кормандони ФСБ-и Русия дар фурудгоҳи Барнаули қаламрави Олтой моҳи июни соли 2020 ҳангоми парвоз ба Маскав боздошт шуд.

Баъзе коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ин раванде, ки мақомоти Русия чандест пеш гирифтаанд, яъне муҳоҷирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, хусусан шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ва ҳамдастӣ бо созмони мамнуи “Давлати Исломӣ” айбдор мекунанд, як ҳолати тарс додани ҷавонон ва пешгирӣ аз амалиёти террористии эҳтимолӣ буда метавонад.

Ба назари онҳо ин боздоштҳо бештар сиёҳ кардани чеҳраи муҳоҷирони давлатҳои Осиёи Марказиро дар худ дорад. Чун на ҳамаи дастгиршудаҳо ба ин иттиҳом сад дарсад айбдоранд. Шояд баъзе аз онҳо чунин бошанд, вале дар як моҳ чанд нафарро бо ин иттиҳом дастгир кардан шубҳаҳоро атрофи ин амалиёт бештар кардааст.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия даст ба худкушӣ задааст

0
Сурат: 360tv.ru

Як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон рӯзи 21 октябр дар бинои пулиси ноҳияи Черёмушки шаҳри Маскав  қасди худкушӣ кардааст. Дар ин бора шабакаи хабарии русӣ “360tv.ru” хабар додааст.

Ин хабаргузорӣ менависад, ки мард аввал дар назди ошхонаи №14 дар даст печтоб “отвёртка” таҳдид кардааст, ки худро мекушад. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, печтобар аз дасти ин мард гирифтаанд, худашро ба утоқи пулис бурдаанд.

Дар утоқи пулис низ сару рӯи худро ба девор зада, гуфтааст,

«ё худам худамро мекушам, ё инҳо маро мекушанд.»

Гуфта мешавад, кормандони пулис як ҳайати кумаки равониро даъват кардаанд ва бегоҳи ҳамон рӯз, ин тоҷикро, ки қасди худкушӣ дошт, бидуни завлона ба пеши табибон овардаанд.

Дар идомаи хабар гуфта шудааст, ки ба қазои ҳоҷат рафтаааст, вақте аз ҳоҷатхона мебарояд, ба рӯи фарш меафтад. Кормандони пулис мебинанд, ки ӯ дар ҳоҷатхона мехе пайдо карда, ба синаи худ задааст.

Ҳоло ин зиндониро бо захми қафаси сина дар бемористони ба номи С.П.Боткин бистарӣ кардаанд. То ҳол сабаби худкушӣ кардани ӯ маълум нест. Дар ҳоли дастрас шудани маълумоти дақиқтар хабар такмил меёбад.

Парвозҳо байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор мешаванд

0

Ҳукумати Тоҷикистону Узбекистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Душанбе ва Тошканд ба мувофиқа расидаанд.

“Азия Плюс” аз манбааш аз Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки “айни замон санаи дақиқи дубора роҳандозӣ намудани парвозҳо ва тартиб додани ҷадвали парвозҳо байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар мувофиқа мешавад”.

Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз 15 марти соли равон Узбекистон ба сабаби густариши каронавирус хатсайрҳои ҳавоии худро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон мутаваққиф карда буд.

То ба имрӯз Тоҷикистон бо Имроти мутаҳидаи Араб ва Туркия парвозҳои мустақимро дубора барқарор кардааст.

Чанде пеш Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳорот баён карда буд, ки парвозҳои мунтазами байналмиллалӣ байни кишварҳо танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут бо коронавирус ва эълони расмӣ дар ин бора аз ҷониби мақомоти ваколатдори кишварҳо барқарор мешавад.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба унвони вазири корҳои дохилӣ нома навишт

0

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба унвони вазири корҳои дохилӣ нома навишта, аз таъқиби аъзоёни ин ҳизб аз ҷониби мақомот шикоят кардааст.

Дар номае, ки Раҳматилло Зойиров дар саҳфаи фейсбукиаш нашр кардааст, аз чанд корманди милитсия ном бурда онҳоро ба таъқиби аъзоёни ҲСДТ муттаҳам мекунад. Дар идома Зойиров гуфтааст, ки бо анҷоми интихобот дар Тоҷикистон он таъқиби аъзоёнаш, ки дар давраи интихоб буд, то ҳол идома дорад.

Ба гуфтаи Раиси ҲСДТ «дар замони интихобот чунин равандҳо то андозае мантиқӣ буд, чун Вазорати корҳои дохилӣ аз президент ҳимоят мекард». «Вале баъд аз анҷоми интихобот сохторҳои ВКД дар Ҳисор раванди зидди аъзои ҲСДТ-ро дар ин шаҳр пурзӯр кардаанд»,- навиштааст ӯ. ҲСДТ интихоботи президентии 11 октябро таҳрим карда буд.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтаҳои Зойировро рад кард ва гуфт,

“Вазорат борҳо чунин изҳороти Раҳматулло Зойировро санҷидааст ва онҳо тасдиқи худро наёфтаанд.”

Ин дар ҳолест, ки Зойиров аз се нозири минтақавӣ Шокирзода, Бежан ва Бадалов, ном бурда, гуфтааст, ин се нафар бар зидди аъзои ҳизб кор мекунанд.

“Ин амал на танҳо зидди аъзои ҳизб аст, балки таҳдид ба амнияти кишвар мебошад. Ва ин амалҳо як шакли бемантиқ касб мекунанд.”

Дар давоми номаи худ Зойиров гуфтааст, ки дар замони пандемия чун аъзоёни ҲСДТ ба Русия барои кор рафта наметавонанд, маҷбуранд дар дохили Тоҷикистон кору фаъолият кунанд. Мақомот баҷои фароҳам овардани ҷойи корӣ, монеа эҷод мекунад.

Раиси ҲСДТ мисол оварда гуфтааст, ки василаи боркашии (ароба) аъзои ҳизб дар бозори хадамоти боркашонӣ номнавис шуда, аз ронандагон ришва талаб карда мешавад ва дар ғайри он таҳдид мешаванд, ки моликияташон аз байн бурда мешавад.

Зойиров мисол оварда гуфтааст, ки аробаҳои Саидов Сафарали, Ҷураев Беҳрӯз, Қудратов Фаридун, Шоев Шоҳиндар моҳи дуввум аст, ки бидуни асосҳои қонунӣ боздошт карданд, худи онҳо дар ҳолати гуруснагӣ қарор доранд.

Дар ҳоле Раҳматилло Зойиров ба номи вазири ВКД нома менависад, ки аввали моҳ Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ аз латукуб шудани писараш аз ҷониби шахсони номаълум гуфта буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки латукӯби писараш эҳтимол ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад.

Пештар аз ин ҳам, рӯзи 22 сентяб Раҳматилло Зойиров аз ҷониби шахсони номаълум латукуб шуда буд. Вале мақомот гуфта буд, ки Зойировро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯй афтондааст.

ҲСДТ ягона ҳизби мухолиф дар дохили Тоҷикистон буда, соли 1998 сабти ном шудааст. Дар гузашта низ, раҳбарияти ҳизб аз фишори мақомот болои фаъолон ва аъзоёни ин ҳизб зиёд мегуфтанд.

Падари сарбози ғарқшуда бо чанд далел фарзияи мақомотро дар мавриди ҳалокати фарзандаш шуҳбанок медонад

0

Сангин Ятимов падари сарбози ғарқшуда Сироҷиддин Ятимов мегӯяд, фарзанди ӯ ва сарбози дигаре, ки якҷо гӯё барои наҷоти писарбачаи мактабхон дар дарё ғарқ шудаанд, бовар надорад ва мегӯяд, воқеа на ба он шаклест, ки мақомот мегӯянд.

Ӯ дар пай ҷустуҷӯи ҳақиқат аст ва мехоҳад аз асли воқеа огоҳ шавад. Ятимов дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, фарзияҳое, ки мақомот дар мавриди қазияи фарзандашон ироа кардаанд аз чанд ҷиҳат шубҳанок ҳастанд. Ӯ бар ин назар аст, ки сарбозон дар қазияи ғарқ шудани писарбачаи мактабхон аз ноҳияи Рӯшон, ки гуфта мешавад ӯ даст ба худкушӣ зада худро ба об андохтааст ва барои наҷоти ӯ сарбозон низ худро ба об андохтаанд ва дар натиҷа ғарқ шудаанд, воқеият надорад ва сарбозон дар ин қазия аслан вуҷуд надоштаанд.

Ба назари Ятимов эҳтимол меравад қабл аз ҳодисаи ғарқ шудани писарбача балое бар сари ин ду сарбоз овардаанд ва онро бар ин ҳодиса барои рӯпуш намудани асари ҷинояте ҳамроҳ кардаанд. Ятимов ба “Аздо тв” барои исботи далоили шубҳааш нисбати хабари мазкур наворе фиристод, ки аз ҷои ҳодиса гирифта шудааст, дар он лаби дарёе тасвир ёфта, ки бинанда ҳеч гумон намекунад дар чунин ҷое одам ғарқ шавад.

Падари сарбоз мегӯяд, фарзандаш дар ин дарё пештар ҳам оббозӣ мекард ва ӯ оббозиро хуб балад буд ва ин ҷои ҳодиса ҳам хеле шубҳаро зиёд мекунад, ки дар чунин ҷое орому бехавф шахс ғарқ шавад. Далели дигари Сангин Ятимов ин аст, ки вақте хабар нашр шуд танҳо аз ғарқ шудани писарбачаи мактабхон гуфта мешуд, аммо аз ғарқ шудани сарбозон хабаре набуд, ба гуфтаи ӯ сарбозон барои наҷоти писарбача ҳамроҳи ӯ ғарқ шуда бошанд, пас чаро номе аз онҳо бурда нашуд?

Далели дигараш низ ин аст, ки мегӯяд ҷасади писарбачаро пайдо карданд, аммо ҷасади сарбозонро пайдо накарданд. Аз ин нигоҳ ин хабарро қабул надорад. Ба назари ӯ асли воқеа дигар аст. Ятимов мегӯяд, фарзандашро, ки дар донишгоҳ ғоибона мехонд, ӯро ба усули рабудан ё “Аблава” ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Ӯ замоне ба ҳалокат расид, ки мӯҳлати хидматаш ба охир расида буд ва мебоист рухсат шавад.

Ӯ мегӯяд, худаш дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад ва хонаводааш барои фаҳмидани ҳақиқат дари ҳама ниҳодҳои дахлдорро задаанд ва ҳатто барои тафтиши қазия ба Президенти кишвар ду маротиба нома навиштаанд, вале то ҳол ҷавобе нест. Ӯ мегӯяд ба ҳар ниҳоде, ки муроҷиат мекунанд, он ниҳод ба ниҳоди дигар мефиристад. Ва касе ҳозир нест қазияро дақиқ пайгирӣ кунад.

Гулмурод Ҳалимовро боз ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид карданд

0
Сурат: express-k.kz

Рӯзи 21 –уми октябр Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард.

Дар ним сол як маротиба ин феҳраст нав карда мешавад. Ба ин феҳрист номи шахсоне, ки бо созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва “Ал-Қоида” робита доранд, сабт карда мешавад.

Дуввумбора ворид кардани номи фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии имсолаи ниҳодаш гуфта буд, ки аз руйи иттилои доштаашон, Ҳалимов дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст.

То ба имрӯз мақомоти Тоҷикистон, аз сарнавишти полковники фирорӣ хабар надоранд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узви ин созмонро вазифадор мекунад, ба афроди шомили ин феҳраст силоҳ нафурӯшанд, суратҳисобу дороиҳояшонро масдуд кунанд ва ҳаққи вуруд ба қаламравашонро надиҳанд.

Дар шарҳи феҳрасти Шӯрои амнияти Созмони Милал макони охири зисти Гулмурод Ҳалимов Сурия нишон дода шудааст. Гулмурод Ҳалимов ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки вориди ин рӯйхат шудааст. То кунун марги ӯро ҳеч кишваре пурра тасдиқ накардааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, ҳарчанд хабари марги ӯро шоҳидон тасдиқ кардаанд, “то мурдаашро набинанд ва шахсияташ тасдиқ нашавад” ба ин иттилоъ бовар намекунанд.

Гулмурод Ҳалимов, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи “вазири ҷанг”-и ин созмони террористӣ расид. Вазорати дифои Русия соли 2017 гуфта буд, ки Ҳалимов дар як ҳамла дар минтақаи Дайр-уз-Зури Сурия захмӣ шудааст.

Аз соли 2017 то ба имрӯз дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳои гуногун нашр гардиданд. То ба имрӯз мақомоти Тоҷикистон марги Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилиро расман тасдиқ накардааст.

Дар Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Қаблан Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2017 се нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимовро, ки дар пайи задухӯрд бо мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда буданд, мутаносибан аз 7 то 18-солӣ ба зиндон маҳкум карда буд.

Беҳрӯзи Гулмурод писари ӯ, соли гузашта дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат дар ошӯби хунин  кушта шуд, мақомот ҷасадашро бидуни нишон додан ба наздиконаш ба хок супурданд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон чанд соат пас аз ҳодиса ӯро сабабгори ошӯб дар зиндон муттаҳам карда буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ниҳоди беҳдошти аврупоӣ Созишномаи ҳамкории дусоларо имзо кард

0
Сурат: moh.tj

Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз 21 октябр бо Директори Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге ба тариқи виртуалӣ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар

Сурат: moh.tj

Вазири тандурустӣ дар идома таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар хусуси пешгирии вируси Ковид-19 ба таъаҳудоти худ содиқ мебошад.

“Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ мебошад”.

Мақомоти Русия 16 нафарро бо иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд

0
Сурат: аз видеои хадамоти матбуоти минтақавии ВКД-и Русия, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озорбойҷонро пас аз муноқиша боздошт кардаанд.

Хабаргузории “Аргументы и Факты” аз манбааш аз хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД-и Русия хабар додааст, ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар боздошт гардидааанд.

Ҳамчунин “Интерфакс”, навиштааст, ки мардони аз синни 19 то 65-сола: 3 шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, муноқиша рӯзи 20 октябр дар пайи баҳси ба бозори “Апраксин двор” расонидани бору маҳсулот рух додааст.

Хабаргузории “Невские новости” навиштааст, ки пас аз муноқишаи лафзӣ як шахси номаълум аз силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматикӣ) 5 маротиба ба сӯи марди 51-сола тирпарронӣ кардааст, ки дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна дар бемористон бистарӣ кардаанд. Шаҳрванди кадом кишвар будани ҷароҳатбардошта муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани ҳодисаи рухдода 16 нафар иштирокчиёни эҳтимолӣ аз тарафи пулис дастгир шудаанд. Дар мавриди даст доштани боздоштшудагон ба тирпарронӣ таҳқиқ идома дорад. Бино ба навиштаи “Невские новости” аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 213, қ. 2 КҶ Русия (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Нафақа 15 дарсад зиёд шуд, вале нафақахӯрон мегӯянд, чизе зиёд нашудааст

0
Сурат: today.tj

Дар Тоҷикистон нафақахӯрон 15% афзоиши иловапулӣ ба нафақаҳояшонро, ки тибқи фармони президент бояд аз моҳи сентябр амалӣ мешуд, то ҳол нагирифтанд. Вале дар ин маврид назари мақомоти давлатӣ дастрас нест.

Дар хабаре, ки “Азия Плюс” нашр кардааст, гуфта шудааст, ки бархе аз  нафақахӯрон ҳамагӣ 10% иловапулӣ гирифта тавонистанд.

Вале Мақомоти маҳалии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то ҳол ин масъаларо шарҳ надодаанд, телефонҳои ин ниҳод, ки дар сомонаи расмии он зикр шудааст, хомӯш буда, фаъолият намекунед, ё худ гуширо ҷавоб намедиҳанд, – навиштааст “Азия Плюс”.

Дар ҳамин ҳол, нафақахӯрон шикоят мекунанд, ки ба онҳо ҳатто моҳҳои наздик аз нав ҳисобкунии нафақаҳояшонро ваъда намекунанд.

Виктор В нафақахӯр аз шаҳри Душанбе ба “Азия Плюс” гуфтааст, мақомоти маҳаллии Агентии таъминоти иҷтимоӣ умуман шикояти нафақахӯронро нодида гирифта, телефонҳои Агентӣ кор намекунанд.

“Ба куҷо муроҷиат карданамонро намедонем, маълум нест, ки моҳи оянда нафақаҳоямон аз нав ҳисоб мешавад ё не”, – гуфтааст Виктор.

Ҳамчунин як зани нафақахӯр низ аз зиёд нагардидани нафақааш шикоят кардааст, ӯ гуфтааст:

“нафақаам 300 сомонӣ буд, дар шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Шоҳмансур ба ҷойи 345 сомонӣ (15% афзоиш) 330 сомонӣ маблағ гузаронидаанд”.

Нафақахӯрон мегӯянд 15 дарсад афзоиши нафақаи ваъдагӣ, ки ҳоло ҳамонро ҳам дастрас накардаанд, дар баробари гароншавии маҳсулоти хӯрока хело ночиз аст. Бино ба хабарҳои расида дар ин чанд рӯзи ахир нархи баъзе маводи ғизоӣ аз 15 то 25 дарсад боло рафтааст.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки аз сабаби он ки фасод дар ҳама ниҳодҳои Ҳукумат реша давондааст, Агентии суғурта ва нафақа низ истисно нест, ин аст, ки дар тақсими нафақа низ ноадолатиҳо сурат гирифтааст. Шояд барои баъзеҳо аз 15 дарсад ҳам бештар расида бошад аз баъзеи дигар бетағир мондааст.

Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Агентӣ, айни замон шумори нафақахӯрон   зиёда аз 711 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ баробар аст.

Дар 9 моҳи соли 2020 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1991,6 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда, ки 2138,6 млн.сомониро дар бар мегирад, 147,0 млн.сомонӣ кам мебошад, гуфта шудааст, дар натиҷаҳои ҷамъбасти пешакӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ.

Қисми хароҷотии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ ба 2116,6 млн.сомонӣ расида, бо мақсади риояи қатъии низоми таъмини моҳ ба моҳи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, 586,5 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, бо тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 сентябр маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин ҳаҷми нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 15% зиёд карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар байни кишварҳо раддабандӣ анҷом мегирад, ки муаллифони раддабандии (БОҶ) Тоҷикистонро ба сафи 20-гонаи давлатҳо бо арзиши нисбии баландтарини маҳсулоти ғизоӣ шомил кардаанд.