Хона блог саҳифа 107

Шикояти сокинон аз бебарқӣ

0
Коллажи-Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми июли соли 2025 иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Фейсбук ва Инстаграм аз ҷорӣ шудани лимити барқ дар бархе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Марворӣ Аҳмадзода, сокини ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон гуфтааст, ки хитоб ба мақомот гуфтааст: “Дар сармо қувваи барқ нест дар Шаҳритус, ҳади ақал дар фасли гармо барқо хомӯш накунанд, имрӯзҳо хеле азоб мекашем.”

Ин шикояти Аҳмадзода, ки дар саҳфаи “Ахбор барои афкор”, яке аз пурхонандатаринҳо дар Фейсбук аст, бо вокунишҳои зиёде аз ҷониби даҳҳо нафар корбарони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯбарӯ гардидааст.

Ба гуфтаи онҳо, дар ин фасли тобистон, ки дамои ҳаво хеле гарм аст, дар шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва Рӯдакиву Ёвон ҳам бархе сокинон аз камбуди нерӯи барқ танқисӣ мекашанд.

Гуфтанист, шикояти сокинони кишвар аз ҷорӣ шудани лимити барқ дар ин гармои тобистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамин чанд рӯз пеш Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор дастур дода буд, ки Лоиҳаи ҳамкорӣ бо Узбакистон дар соҳаи электроэнергетикаро ба имзо бирасад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳама мавсимҳои сол қисме аз неруи барқи тавлидшуда дар кишварро ба кишварҳои Узбекистону Қирғизисон, Қазоқистону Афғонистон мефурӯшад ва бо Покистон ҳам шартномаҳоеро рӯи даст дорад, ки дар сурати такмил шудани сохтмони НОБ-и “Роғун” тавассти КАСА-1000 нерӯи барқ бифурӯшад.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷриба ва шинохте, ки мардум аз ҳукумати 34-солаи Эмомалӣ Раҳмон доранд, ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки ба хотири пул шуда, ҳаҷми ин берақиҳоро ин фасли гарми тобистон аз ин ҳам зиёдтар накунад ва сокинони кишварро мисли ин рӯзҳои гарм бебарқ гузорад ва ё дар дигар фаслҳои сол низ дар сардиву торикӣ нигаҳ надорад.

Сафари охирин: ҳалокати даҳҳо нафар дар суқути ҳавопаймо дар Русия

0

Имрӯз, 24-уми июли соли 2025, як ҳавопаймои мусофирбари Антонов Ан-24, ки ба ширкати Angara Airlines тааллуқ дошт, дар минтақаи кӯҳии Амури Русия, наздикии шаҳри Тинда суқут кард.

Ба қавли расонаҳои раусӣ, ин ҳавопаймо дар масири Благовешенск-Тинда ҳаракат мекард ва дар дохили он 49 нафар вуҷуд дошт, ки дар байни онҳо 43 мусофир (аз ҷумла панҷ кӯдак) ва 6 узви экипаж қарор доштанд.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳо, ҳавопаймо ҳангоми кӯшиши дуюми фурӯд омадан дар шароити обу ҳавои номусоид аз радар нопадид шуд. Пас аз чанд соат лошаи ҳавопаймо ва пораҳои сӯхтаи он пайдо гардиданд. Мақомоти расмӣ тасдиқ карданд, ки ҳеҷ кас зинда намондааст.

Ҳавопаймои мазкур соли 1976 сохта шуда буд ва 50 сол умр дошт. Сабабҳои эҳтимолии фоҷиа, аз ҷумла фарсудагии техникӣ ва хатои инсонӣ баррасӣ мешаванд. Муфаттишон таҳқиқоти ҷиноиро оғоз кардаанд.

Ин фоҷиа бори дигар масъалаи истифодаи ҳавопаймоҳои кӯҳна дар хатсайрҳои дохилии Русия ва сатҳи амнияти авиатсионӣ дар минтақаҳои дурдастро зери савол бурдааст.

“Осмони боз” дар Тоҷикистон: билетҳо то 40% арзон мешаванд?

0

Ҳукумати Тоҷикистон аз 12-уми июл соли ҷори сиёсати нави “Осмони боз”-ро роҳандозӣ кард, ки ба гуфтаи масъулон, боиси арзоншавии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва афзоиши рақобат дар бозори парвозҳо хоҳад шуд.

Назарзода Ҳабибуллоҳ, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 23-уми июл дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бар асоси сиёсати “Осмони боз” ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ тахфифҳои калон дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом метавонад ба 30 то 40 дарсад арзон шудани чиптаҳо сабаб шавад.

Ин суханони Ҳабибуллоҳ Назарзода дар ҳоле содаанд, ки дирӯз Лоиқ Бегиҷонзода, директори корхонаи “Тоҷикраэронавигатсия” ба расонаҳо гуфта буд, ки то соли 2024 танҳо ҳудуди 20-30 дарсад аз осмони Афғонистон ба рӯи ҳавопаймоҳои хориҷӣ боз буд ва ба ҳамин хотир аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ убур аз осмони Тоҷикистон беҳтар медонистанд, аммо дар соли ҷорӣ он маҳдудиятҳои пешин дар осмони Афғонистон пурра бартараф шуданд ва ба ин хотир убур аз осмони Тоҷикистон дигар барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ манфиатовар нест.

Фазои бози Афғонистон боис шуда, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ парвозҳои хориҷӣ аз осмони Тоҷикистон наздик ба 7 ҳазор адад кам гардида, 52 фоиз аз даромади корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия” дар ин шашмоҳа кам шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки қабули ин сиёсат ба мисли таҷрибаи кишварҳои дигар, дари бозорро ба ширкатҳои нав мекушояд ва ба коҳиши арзиши сафарҳо мусоидат мекунад.

Коидаҳои нави “осмони боз”, ба ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ имконият медиҳад, ки мустақилона ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар парвозҳои худро анҷом диҳанд ва ҷадвали парвозҳои худро озодона тартиб намоянд.

Нархи гарони чиптаҳои ҳавопаймоӣ тайи солҳои охир борҳо мавриди шикояти мусофирон, бахусус муҳоҷирони корӣ, қарор гирифта буд. Муҳоҷирони тоҷик, ки асосан ба Русия равуо доранд, гаронии роҳкирои ҳавоӣ ва набуди рақобатро сабаби фишори молиявӣ медонанд.

Дар сурати татбиқи пурраи сиёсати “Осмони боз” ва имтиёз додан ба ширкатиҳо ҳавопаймоӣ то 40 дарсад арзон шудани чиптаҳо, як бори гарон аз дӯши муҳоҷирон бардошта мешавад, ки метавонад ба беҳтар шудани шароити сафар ва сарфаҷӯии маблағи онҳо кумак кунад.

Дар Тоҷикистон суръати интернет боло ва нархаш пойин шудааст?

0

Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон суръати интернет дар кишвар боло ва нархаш пойин рафтааст.

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон 23-уми июли соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш ба хабарнигорон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 811 истгоҳи базавӣ насб карда шуд, ки ин рақам панҷ маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ва то охири соли ҷорӣ боз насби 1000 истгоҳи базавии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин ба гуфтаи сардори хадамот барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет имсол 253,7 километр хати нахи нурӣ кашида шуда, ҳоло дар кишвар 8530,5 километр шоҳроҳҳои хати нахи нурии алоқа амал мекунанд ва кашидани 419 километр хати нахи нурии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон Хадмоти алоқа дар якҷоягӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Навсозии шабакаҳои магистралии нахи нурии ҶСК «Тоҷиктелеком»”-ро бо дарозии 3459 км ва 9 нуқтаи пайвасти байналмилалӣ бо арзиши 50 млн доллари ИМА-ро таҳрезӣ намудааст.

Тибқи маълумоти Исфандиёри Саъдулло, дар ҷумҳурӣ 8,3 миллион муштарии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 7,8 миллион аз хизматрасониҳои мобилӣ истифода мебаранд. Шумораи истифодабарандагони интернет ба 5,1 миллион нафар расид, ки 4,9 миллиони онҳо муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Ин рақам дар муқоиса бо нимсолаи гузашта 600 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Бо вуҷуди зиёд шудани муштариён раиси ин ниҳод иддао дорад, ки аз 15 июли соли 2025 суръати минималии интернет дар кишвар ба 15 Мбит/с расида, мақомот ният доранд то охири сол онро ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда то 100 Мбит/с расонда, интернети мобилиро пурра ба стандартҳои 4G ва 5G дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронанд.

Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар Душанбе ва Хуҷанд 5G фаъол буда, то 3 соли оянда 80% аҳолӣ бо интернети собит (проводной) фаро гирифта мешаванд.

Исфандиёри Саъдулло мегӯяд, ки дар кишвар арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с то 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи бастаи интернети мобилӣ бо ҳаҷми 1 ГБ 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА арзиш додард.

Дар ҳоле ин мақомдори тоҷик аз боло рафтани суръати интернет ва пойин рафтани нархаш мегӯяд, ки чанд соли охир соҳаи алоқа дар кишвар бо мушкили ҷиддие рӯ ба рӯ гашта буд ва сокинон аз арзиши болои интернету алоқа ва суръати пасти он шикоят мекарданд ва ба назар мерасад бо иваз шудани раиси Хадамоти алоқа ин соҳа каме ҳам бошад, пешрафт дорад.

Ёдовар мешавем, ки бо як қарор аз 23-уми январи соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ин мақом Исфандиёри Саъдуллои 35-сола, ки 10 соли охир муовини аввали раиси “Телерадиоком” буд, таъйин карда буд.

Бег Сабур, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, 14 сол раҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошт.

Мунтақидони ӯ мегӯянд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гашт, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад, чун дар фикри беҳбуди ин ниҳод набуд ва дар дафтари корияш бештар ба фурӯши хонаву тиҷорат машғул буд.

Ҳатто раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда буд.

Як зодаи Тоҷикитсон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ 5,5 сол зиндонӣ шуд

0

Як марди 31-солаи тоҷик рӯзи душанбе аз ҷониби додгоҳи Роттердами Ҳуланд ба панҷуним сол маҳкум ба зиндон шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳуландӣ, Абдусамад А., аз ҷониби мақомоти додситонӣ ба ҷалби аъзо барои гурӯҳи террористии «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) дар чандин кишвар, аз ҷумла Ҳуланд, гумонбар дониста мешуд ва ҳадаф аз ин амалҳоро омодасозии ҳамлаҳо арзёбӣ кардаанд.

Додгоҳ гуфт, ки Абдусамад А. барои ҷомеаи Ҳуланд хатари ҷиддӣ дорад ва ба қавли додгоҳ вай талош мекард, ки ҳарчи бештар пул ба манфиати ин гурӯҳи террористӣ ҷамъоварӣ кунад.

Додситони кулли Ҳуланд (Openbaar Ministerie, OM) барои ӯ 8 сол ҳукми зиндон талаб карда буд. Ба гуфтаи онҳо, Абдусамад А. бо шохаи афғонистонии ДИИШ — Вилояти Хуросони Давлати Исломӣ (ISKP) иртибот доштааст.

Гуфтанист, ӯ моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Эйндҳовен боздошт шуда буд. Агентии амниятии Ҳуланд (AIVD) ӯро чун узви гумонбари ДОИШ шиносоӣ карда, иттилоъ дода буд, ки ӯ дастур гирифтааст барои ҳамлаҳо омодагӣ бинад. Гарчанде нақшаҳои дақиқи ҳамла ошкор нашуданд, додситонҳо таҳдидро ҷиддӣ ва воқеӣ арзёбӣ карданд.

Ба иттилои додгоҳ, Абдусамад А. бо афроди ҳаммаслак дар чандин кишвар робита дошт ва фаъолона кӯшиш мекард дигаронро низ ҷалб кунад. Сафараш ба Ҳуланд низ дар ҳамин замина арзёбӣ шудааст. Додрасон таъкид намуданд: «Ӯ барои ҷомеаи Ҳуланд хатарнок аст».

Дар ҷараёни як амалиёти махфии пулис, гуфта мешавад, ки ӯ эълон карда, ба ДИИШ байъат эълон кардааст, ҳарчанд худи ӯ дар суд инро рад намуда гуфтааст: «Шояд гуфта бошам, аммо ба хотири таъсиргузорӣ. Онҳо ин созмонро дӯст медоштанд».

Вай иддао кард, ки ҳеч робитае бо ДИИШ надорад. Додгоҳ ҳукм кард, ки Абдусамад А. ҷузъи як шабакаи бузургтар будааст. Пулиси Ҳуланд бо мақомоти Олмон ҳамкорӣ намудааст, зеро ӯ дар иёлати Шимолии Рейн – Вестфалияи Олмон низ робита доштааст. Соли 2023 мақомоти Олмон дар ҳамон минтақа 7 нафар гумонбарро дар робита ба тарҳрезии ҳамла боздошт карданд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи додситонҳо, ӯ соли 2016 кӯшиш кардааст ба Сурия барои пайвастан ба ДОИШ равад, вале мақомоти Туркия ӯро боздошта, ба Украина депорт карданд, ки гӯё он ҷо ба ҳуҷраи ДОИШ дар Украина пайвастааст.

Ҳамсари онвақтаи Абдусамад А., ки соли 2023 ҳамроҳ бо ӯ боздошт шуда буд, соли гузашта сафед шуд. Онҳо аз соли 2022 дар Ҳуланд мезистанд ва ҳоло аз ҳам ҷудо шудаанд.

Вакили дифоъи ӯ гуфт, ки далелҳои кофӣ барои аъзогии гурӯҳи террористӣ вуҷуд надорад ва парванда асоси заифи ҳуқуқӣ дорад.

Вакили турк: Ба Украина силоҳ медиҳему барои Ғазза дуо мекунем

0

Як намояндаи порлумони Туркия бо суханони тунде аз сиёсати дугонаи ҳукумати Анқара бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон нисбати Ғазза ва Украина интиқод кард.

Доктор Наҷмиддин Чолишкан (Doç. Dr. Necmettin ÇALIŞKAN), ки дар як ҷаласаи порлумонии ин кишвар суҳбат мекард, изҳор дошт, дар ҳоле, ки Туркия ба Украина ва Ҷумҳурии Озарбойҷон паҳподҳои ҷангӣ ва аслиҳа мефиристад, барои мардуми Ғазза, ки зери ҳамалоти ваҳшиёна қарор доранд, танҳо ба дуо басанда мекунад.

Ба гуфтаи вай, пилотҳое, ки минтақаҳои Фаластин ва Ғаззаро бомбаборон мекунанд, дар шаҳри Қунияи Туркия омӯзиш дидаанд. Ҳамзамон, сӯзишвории ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил аз бандари Искандарун, хӯроки сарбозони исроилӣ аз шаҳри Аланя ва оби нӯшокии онҳо аз Манавгат интиқол дода мешавад.

Ин вакил, ки аз ҳизби Саодати Туркия ва аз мухолифони Ардуғон аст, таъкид карда, ки мубодилаи тиҷоратии Анқара ва Тел-Авив идома дорад ва бахши асосии он фурӯши оҳан ва пӯлод мебошад. Вай меафзояд: «Гуфтан душвор аст, вале ҳатто силоҳҳое, ки дар дасти сарбозони исроилӣ ҳастанд, ба таври ғайримустақим аз Туркия ба Исроил ворид мешаванд.»

Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран Туркия барои Ғазза танҳо ҳамдардӣ ва дуо пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки амалан дар таъмини имкониятҳои ҷангии Исроил ҳам саҳм дорад. Ҳар чанд ин суханронии ӯ чанде пештар садо дода буд, аммо бо бадтар шудани вазъияти инсонӣ дар Навори Ғазза ин вакили турк ҳам дирӯз, дубора онро дар саҳфаи худ дар “Х” бознашр кардааст. Ва ба ин хотир, инак ин суханон ва мавқеъгириҳои Наҷмиддин Чолишкан бо вокунишҳои густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити сиёсии Туркия рӯбарӯ шудаанд.

Ин эътирози вакили Турк дарҳоле садо медиҳад,ки беш аз 110 созмони имдодрасонӣ, аз ҷумла “Табибони бидуни марз” (MSF), “Наҷоти кӯдакон” (Save the Children), Oxfam ва дигар ниҳодҳои гуманитарӣ рӯзи 23 июл бо як нашри изҳороти муштарак ҳушдор доданд, ки Ғазза ба марҳилаи фоҷиабори гуруснагӣ ворид шудааст ва аҳолии осебпазир, бахусус кӯдакон, ба хатари марги дастаҷамъӣ рӯбарӯ шудаанд.

Дар изҳорот омадааст: «Ҳамкорони мо ва касоне, ки ба онҳо хидмат мекунем, дар ҳоли марг ҳастанд. Мо ба таври рӯшан мебинем, ки қаҳтӣ густариш меёбад». Ба гуфтаи ин созмонҳо, камбуди ғизо, оби ошомиданӣ, дору ва дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, ҷони ҳазорҳо нафарро таҳдид мекунад.

Созмонҳо хостори таъсиси фаврии як каридори гуманитарӣ шудаанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба таври амн ва босуръат ба мардуми Ғазза расонида шаванд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмак ҳамчун як шакли ҷангӣ алайҳи шаҳрвандоним мулкӣ метавонад ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ шавад.

Ҳамзамон беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Бритонияи Кабир, Ҷопон ва Фаронса ва ғайра низ бо нашри як изҳороти расмӣ аз мақомоти исроилӣ хостаанд, ки роҳи вуруди кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла маводи хӯрока ва дорувориро бидуни қайду шарт ба Навори Ғазза боз кунад, аммо Тел-авив ба ин ҳама дархостҳо то ҳол посухи мусбат надодааст.

Гуфтанист, тибқи гузоришҳои расмӣ соли 2024 Туркия ба ҳайси яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Исроил боқӣ монд ва тибқи маълумоти СММ ва мақомоти гумрукии Исроил, ҳаҷми содироти он ба Исроил ба 2,87 миллиард доллари ИМА расид. Бо вуҷуди танишҳои сиёсӣ ва қатъи расмии тиҷорат дар моҳи майи соли гузашта, Туркия дар ҷойи панҷуми таъминкунандагони асосии Исроил қарор гирифт, ки асосан аз ҳисоби содироти маводи сохтмонӣ ва саноатӣ таъмин шудааст.

Инчунин, танҳо дар чор моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми содироти Туркия ба Исроил аз 1,42 миллиард доллар зиёд шуд, ки ҳиссаи моҳонааш миёни 300 то 400 миллион доллар буд. Ин равобити тиҷоратӣ асосан бар маводи зарурии сохтмонӣ — аз ҷумла семент, гипс, оҳан ва пӯлод — асос ёфтааст. Туркия 50% талаботи Исроил ба семент ва 20% воридоти он ба пӯлод ва оҳанро таъмин мекунад. Молҳои муҳими дигар — пластик, воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти механикӣ мебошанд.

Тибқи гузоришҳои таҳқиқотӣ, ҳатто пас аз эълони расмии манъи содирот, интиқоли нафт аз бандарҳои Туркия ба Исроил идома дошт. Ҳадди аққал ҳашт киштӣ бо нафти хом баъди манъи содирот ба Исроил расиданд. Ғайр аз ин, Туркия тавассути интиқоли нафт аз қубури Боку-Тифлис-Ҷейҳон ҳамоно фоида мегирад, ки нишон медиҳад робитаҳои иқтисодӣ байни Туркия ва Исроил, новобаста аз мавқеъҳои расмӣ, идома доранд.

Содироти моҳӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Расонаҳо аз вуруди нахустин маҳмулаи содироти моҳии Афғонистон ба Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, бархе ширкатҳои хусусӣ дар шимоли Афғонистон нахустин маҳмулаи содироти маводи хӯрокаи аз моҳӣ таёршудаи худро ба Тоҷикистон содир кардаанд.

Масъулини ширкат ин содиротро як қадами муҳим барои соҳаи истеҳсолии кишвар арзёбӣ кардаанд, ки аз як тараф бозори истеҳсолкунандагони афғонро васеъ мекунад ва аз тарафи дигар дарҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро бо кишварҳои минтақа боз менамояд.

Тоҷикистон бо вуҷуди доштани имкониятҳои зиёд дар бахши моҳидорӣ ва омода кардани маҳсулоти хӯрока аз гӯшти моҳӣ то ҳол натавонистааст, ки бозори дохилии худро таъмин намояд. Ин кишвар, ки муддати беш аз 33 сол инҷониб зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳамоно ҳамчун як кишвари истеъмолкунандаи тамоми намуди хӯрока боқӣ мондааст. Ва аксари маҳсулоти хӯрокаи худро аз кишварҳои Афғонистону Покистон, Эрону Русия ва Қазоқистону Узбакистон ворид мекунад.

Гуфтанист, Толибон баъди дубора сари қудрат омадан дар Афғонистон дар соли 2021 то ҳол ба сурати расмӣ ба ҷуз Русия аз ҷониби ҳеч кишвари дигаре эътироф нашудаанд ва ҳамоно зери таҳримҳои зиёде қарор доранд. Ба ин хотир, то онҳо тавонистаанд, ки бозори истеҳсолот дар дохили онро тақвият ва тавсеа бахшиданд ва инак дар муддати камтар аз чор сол тавонистаанд, ки қисман барҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла бозори маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон аз они худ кунанд.

Мансабдори давлатӣ ба гирифтани 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам шуд

0

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғдро бо иттиҳоми азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст.

Ба қавли манбаъ, тафтиши пешакӣ нишон дод, ки ӯ бо ҳамдастии мутахассиси пешбар Баротов Р.Ҷ., шаҳрванд Раҳматуллоев Д.Д. ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ, дар солҳои 2023–2024 қисме аз маблағҳои буҷетиро, ки барои таъмири заминҳои обёришаванда ва пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ ҷудо шуда буданд, бо роҳи сохтакорӣ тасарруф намудааст.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Аминҷон Абдуллозода ва ҳамроҳонаш дар давоми солҳои мазкур аз 13 миллион сомонии буҷетӣ, беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба таври ғайриқонунӣ азонихуд карда, ба давлат зарари ҷиддии молиявӣ расондаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба ин гумонбарон дар асоси моддаҳои 245 (қисми 4, банди “б”) ва 340 (қисми 2, бандҳои “а” ва “б”) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Инчунин, то кунун, зарари расонидашуда пурра ҷуброн шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.

Аз як сӯ ин иттиҳомот дар ҳоле садо додааст, ки вокуниши гумонбарону муттаҳамон, адвокатҳои онҳо ва ё наздикону пайвандонашон ба ин ҷинояти сангин то кунун дастраси расонаҳо нагардидааст. Ба ин хотир тасдиқ кардани ҳама он чизе, ки Оҷонсии зидди фасод дар ҳаққи онҳо гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ғайри мумкин аст.

Аз сӯи дигар, қариб тамоми раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон узви ҳизби ҳоким, Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошанд, аммо вақте онҳо бо ҷурму ҷиноятҳои сангин ва ё азхудкунии пулу мол ва дигар моликияти давлатӣ муттаҳам мешаванд, бар хилофи аъзо ва ҷонибдорони дигар ҳизбҳои кишвар узвияти ҳизбиашон аз ҷониби мақомот фош карда намешавад.

Дар Тоҷикистон коррупсия ба як падидаи системавӣ табдил ёфта, қариб тамоми бахшҳои ҳукуматиро фаро гирифтааст. Фасоди идорӣ ва ахлоқӣ агар дар байни омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоби миёна 50-60 сомониро ташкил диҳад, ин рақам дар байни кормандони сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ ба даҳҳо ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо бояд қайд кард, ки сатҳи фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ва дуздӣ аз буҷети давлатӣ дар байни раҳбарони сохторҳои давлатӣ, тавре Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ба миллионҳо сомонӣ баробар мешавад.

Дар маркази ин низом, Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш қарор доранд, ки тайи зиёда аз се даҳсола қудратро дар даст дошта, назорат ва тақсими сарватҳои миллӣ зери контролашон қарор дорад. Наздикони президент аз ҷумла фарзандон, домодҳо ва хешовандони наздик ба вай роҳбарии соҳаҳои калидиро бар ӯҳда доранд, ки имкони ҷилавгирӣ аз густариши ҳар гуна фасод ва сӯиистифодаи мансабҳоро номумкин мегардонад.

Таъсири интиқодҳо ба Эмомалӣ Раҳмон?

0

Пас аз интиқодҳои тунди мақомоти расмӣ ва расонаҳо аз вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ раҳбарони чанд зиндонро иваз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 22-уми июли соли 2025, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои наверо ба ин вазифаҳо таъин кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон низ хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия”-ро аз вазифа барканор карда, ба ҷои вай кадри ҷавонеро ба ин мансаб таъйин кардааст.

Ҳамзамон бо ин, Эмомалӣ Раҳмон раҳбарон ва фармондеҳони як қатор сохторҳои низомӣ ва қудратии Тоҷикистонро ҳам дар Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи динро аз вазифаи барканор ва ба ҷои онҳо одамони ҷадидеро мансуб кард. 

Пеш аз ин Омбудсмени Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз мақомот интиқод карда гуфта буд, ки айни замони ҳудуди 16 ҳазор зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд ва бо сабаби аз ҳад зиёд нигаҳ доштани маҳбусон дар утоқҳо шароити санитариву маъишӣ ва тиббии маҳбасхонаҳои кишвар ба талоботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Инчунин ба қавли Ваколотдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, айни замон дар бархе боздоштгоҳҳои муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ боздоштшудаҳо аз ҳисоби давлат ба хӯрок таъмин карда намешаванд, балки онҳо аз ҳисоби хонаводаҳои худ ва ё худи кормандони милиса бо ғизо таъмин карда мешаванд, ки он хилофи талаботи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ин интиқодҳои омбудсмени Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мавҷе аз вокунишҳо рӯбарӯ гардида, даҳҳо нафар хостори бозбинии вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории зиндониён дар муассисаҳои ислоҳии кишвар гадида буданд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба сурати расмӣ 19 муассисаи ислоҳӣ ва боздоштгоҳ фаъолият мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон идао мекунанд, ки бисёре аз ин зиндонҳо таҷдид ва навсозӣ шудаанд ва шароити нигоҳдории маҳбусон наздик ба талаботи байналмилалӣ аст, аммо зиндониён ва наздикону пайвандони онҳо, ки ба дидорбинии онҳо мераванд, ин иддаои мақомотро рад карда мегӯянд, ки шароити санитарӣ ва маъишии зиндониён ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

14 соли зиндон барои як зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳе дар вилояти Новосибирски Русия, зодаи Тоҷикистон Баҳодурҷон Аҳмадалиевро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Мурофиаи додгоҳии Баҳодурҷон 21-уми июли соли ҷорӣ пушти дарҳои баста баргузор шудаааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, додрас Баҳодурҷон Аҳмадалиевро ба нигоҳдории ғайриқонунии таҷҳизоти тарканда ва қасди амали террористӣ айбдор дониста, ба 14 соли зиндон ва пардохти 50 ҳазор рубл ҷарима маҳкум намуд. Вале худи Баҳодурҷон ва вакили дифоаш ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Онҳо мехоҳанд аз болои ин ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, Аҳмадалиев, ки дар Новосибирск ҳамчун ронанда кор мекард, гӯё аз сомонаи интернетӣ барои ду гумонбар дар ҳамла ба бинои “Крокус Сити Холл”, чипта харидааст. Гуфта мешавад, яке аз ин гумонбарон Далерҷон Мирзоев, ки дар Новосибирск зиндагӣ мекард ва таксист буд, мебошад.

Инчунин гӯё Баҳодурҷон як рӯз баъд аз ҳодисаи “Крокус”, яъне 23-уми марти соли гузашта, қасд доштааст, ки ҷойи ҷамъитиеро дар ноҳияи Железнодорожнийи Новосибирск тарконад. Аммо худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти федералии Новосибирск ҳангоми тафтиши мошинаш, дастгир гардида буд.

Кормандони амният иддао доранд, ки дар вақти тафтиш, аз дохили мошини вай дастгоҳи тарканда ва китобҳои мазмуни ифротгароӣ доштаро пайдо кардаанд. Назари худи Аҳмадалиев дар ин бора то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст ва чун Баҳодурҷон Аҳмадалиев ва вакили дифоаш ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, эҳтимол дорад, ки ин иттиҳомоти кормандони амният ҳам асоси воқеӣ надошта бошанд.