Хона блог саҳифа 110

Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор зиндони дорад

0

Аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба вуҷуд овардааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфтааст, ки айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Ин омор дар ҳоле нашр мешаванд, ки то моҳи январи соли 2024 арзёбии мақомот дар хусуси шумораи зиндониён ҳудуди 13,5 ҳазор нафар буд. Ва ба гуфтаи Омбудсмени тоҷик бо зиёд шудани беш аз 1 ҳазору 500 нафари дигар ба теъдоди онҳо ваъи нигаронкунандаеро дар робита афзоиши зиндониҳо ба бор овардааст.

Пеш аз ин ҳам борҳо бархе сохторҳои дохилӣ ва ниҳодҳои байнулмилалӣ дар бораи аз меъёр зиёд будани теъдоди зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳам соли гузашта пас аз боздиди се муассисаи ислоҳии тобеи Вазорати адлия низ аз чунин вазъи асафбори зиндонҳо интиқод карда буд.

Дар ин гузориши Ваколатдор омадааст, ки соли 2024 15 ҳазору 600 маҳбус аз ташхиси вируси норасоии масъунияти бадан (ВНМО) гузаронда шуданд ва 30 нафар аз онҳо ба ин вирус мубтало будаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод қабл аз ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳӣ ба ин беморӣ гирифтор буданд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба сурати расмӣ 19 муассисаи ислоҳӣ ва боздоштгоҳ фаъолият мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон идао мекунанд, ки бисёре аз ин зиндонҳо таҷдид ва навсозӣ шудаанд ва шароити нигоҳдории маҳбусон наздик ба талаботи байналмилалӣ аст.

Аммо омбудсмени Тоҷикистон ин иддаои онҳоро рад карда, мегӯяд, ки бо вуҷуди аз ҳад зиёд нигаҳ доштани маҳбусон пушти миллаҳои зиндонҳо шароити санитариву маъишӣ ва тиббии маҳбасхонаҳои кишвар ба талоботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин

0

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чиниаш Ван И дар бораи таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтугӯ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 16-уми июли соли 2025, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар шаҳри Тянҷини Чин дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Сомзони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот “ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ уфуқҳои нав боз карданд, баррасӣ ва муҳокима намуданд.”  

Чин бо афзоиши кумакҳо ва сармоягузориҳои молӣ ва фанӣ тавонистааст бозори иқтисодии Тоҷикистонро қисман вобастаи худ кунад. Ҳамин вобастагиҳо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур кардаанд, ки ҳазорҳо гектар заминҳои корамро ба деҳқонони чинӣ дода беш аз 75 дарсад конҳои Тоҷикистонро низ дар ихтиёри бархе соҳибкорону ширкатҳои чинӣ қарор бидиҳад.

Гуфтанист, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай субҳи дирӯз, 15-уми июл нишасти навбатии худро дар шаҳри Тянҷини Чин оғоз карда, зуҳри имрӯз 16-уми июл бо судури чанд қарор ва як изҳороти муштарак ба кори худ поён дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пеш аз ин дар раъси як ҳайати расмӣ бо дигар ҳайатҳои кишварҳои узви ин созмон низ дар ҳошияи ин нишастҳо дидору мулоқотҳоеро анҷом дода буд.

Патент қимат мешавад?

0

Эҳтимол меравад бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи нави Қонун дар бораи патент ва иҷозатномаи кор дар Русия нархи хидматрасонии онҳо то 4 ҳазору 200 рубл афзоиш ёбад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, 15-уми июли соли 2025 дар порлумони Русия тарҳи нави Қонун дар бораи патент ва иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ гардид.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфтааст, ки дар баробари зиёд шудани даромад ба буҷаи давлат, ин тадбир метавонад ба шиддат бахшидани назорат бар муҳоҷирон, муайян кардани ҷойи аслии иқомат ва дар ниҳоят коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат кунад.

Инчунин бар асоси пешниҳоди ин тарҳи ҷадид, эҳтимол меравад пардохти хизматрасониҳои марбут ба гирифтани патент, дароз кардани муҳлати он, гирифтани нусха ва ё ворид кардани тағйирот ба патент аз 2100 то 4200 рубли иловагӣ афзоиш ёбад.

Бояд зикр кард, ки танҳо дар як соли ахир ба баҳонаи танзим кардан ва маҳдудсозии шарту шароити зиндагӣ ва кори муҳоҷирон наздик ба 20 санаду қарорҳои гуногун қабул кардааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ин иқдомҳо, ки аксар бо баҳонаи танзими равандҳои муҳоҷиратӣ роҳандозӣ мешаванд, дар асл ба хотири кисатаконии муҳоҷирон равона мешаванд, то вазъи зиндагии онҳоро душвортар намоянд.

Гуфтанист, солона дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар баъди хатми мактаби миёна, ба далели иқтисоди заъифи хонавода ва пайдо накардани ҷои кори муносиб кишварро тарк мекунанд. Дар ин миён, бо вуҷуди шароити сахти кору зиндагӣ аксари дар Русия боз ҳам аксари муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба ин кишвар мераванд.

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

0

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро ғайри қаноатбахш эълон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз, 14-уми июли соли 2025, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нимсолаи якуми худ дар соли 2025 ҳисобот дод.

Ин нишаст, ки бо ҳузури Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шуд, дар он “таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъият кам намудани талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии назорати истифодаи неруи барқ, таъмини устувори неруи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи он мебошад.”

Аммо Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон, ки ин ҷамъият яке аз ниҳодҳои зертобеи он аст, фаъолияти нимсолаи онро ғайри қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфтааст, ки зудтар камбудиҳои худро бартараф кунанд.

Ба қавли хадамоти матбуоти ин вазорат, Далер Ҷумъа "ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026  дастуру супоришҳои мушаххас доданд."

Гуфтанист, ин ҳама камбудиву норасоиҳо дар соҳаи таъмини барқ ба мардум дар Тоҷикистон дар ҳоле гузориш мешавад, ки бо вуҷуди гармии ҳаво, пури об будани обанборҳо ҳамоно дар бархе манотиқи кишвар ба сурати ғайри расмӣ лимити барқро ҷорӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар, ба қавли худи вазир дар ин ҷамъият, ки масъули тақсимоти неруи барқ ба мардум аст, ҳамоно “изофанависӣ” ва аз ин тариқ дуздӣ ва ғорат кардани дороиҳои мардум идома дорад.

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се нафар наврасони ноболиғро дар пойтахт ба дуздӣ муттаҳам кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ки имрӯз, 15-уми июли соли 2025 нашр шуд, мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе се нафар ноболиғро бо гумони содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ боздошт кардаанд.

Ба қавли манбаъ, ин нафар, ки аз онҳо Абдураҳмонов С., Ахвердиев М., ва Қудусов А. ном бурда мешавад, “дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ 3-далели даст доштани номбурдагон дар ҷиноятҳои дуздӣ ошкор карда шуданд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин нафарро дар ғорат кардани як мағозаи хӯрокворӣ бо номи “Дирам” муттаҳам карда, гуфтааст, ки онҳо шаби 11-уми моҳи ҷорӣ ғайриқонунӣ ба дохили он ворид шуда, “маблағҳои пулӣ ва маҳсулоти хуроквориро тасарруф намудаанд”, ки дар маҷмӯъ зарари онҳо ба мағоза “10-ҳазор сомонӣ” арзёбӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи синну сол, ҷои истиқомат ва доштани адвокати ин се ноболиғ, тавонад аз онҳо дар назди мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ҳимоят кунад, иттилоъ надодаанд ва назари адвокат ва ё падару модар ва ё дигар сарпарастони онҳо низ зикр нашудааст.

Гуфтанист, ҳар чанд Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки онҳо се ҳолати дигари дуздиро низ эътироф кардаанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба хабару мадорики зиёди нашр дар расонаҳо дар робита ба гирифтани эътирофоти иҷборӣ зери зарбу шиканҷаҳои мақомот, Аздо тв наметавонад дар ҳоли ҳозир ба танҳоӣ ин ҳама иттиҳомоти мақомотро ростиозмоӣ кунад.

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми ришваситонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои манбаъҳои додгоҳӣ, Аюб Усмонзода, ки устоди фанни таърих буд, дар гирифтани ришва дар ҳаҷми зиёд гунаҳкор дониста шудааст. Мақомот мегӯянд, парвандаи ин профессори 53-сола пас аз як таҳқиқоти ҷиддӣ ва ҷамъоварии далелҳо баррасӣ гардида, ҳукми ниҳоӣ содир шудааст.

Пеш аз ин ҳамсари Аюб Усмонзода ба расонаҳо гуфта буд, ки “дарҳақи шавҳараш бадӣ шудааст” ва ӯ ин иттиҳомотро беасос мемида буд. Ҳамсар ва хонаводаи вай умедвор буданд, ки профессор аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Аммо дар ҳоли ҳозир, на назари худи профессор Усмонзода, на наздикону пайвандон ва не аз вакили дифои ӯ дар бораи ин иттиҳомоти сангин ва ҳукми додгоҳ ба расонаҳо эълон нашудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин ҳукми худ алайҳи собиқ ректори Дошнишгоҳи Давлатии Хуҷанд профессор Аюб Усмонзодаро, рӯзи 26-уми июн содир кардааст. Аммо то кунун ҷузъиёти ин парванда ба сурати расмӣ ба васоити ахбори омма шарҳ надодааст.

Гуфтанист, профессор Аюб Усмонзода соли 2022 бо қарор ва имзои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин шуда буд, вале моҳи майи соли 2025 аз ин мақом барканор гардид ва сипас баъд аз чанд рӯз хабари боздошташ расонаӣ шуд.

Бар асоси оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои зертобеи он яке аз соҳаҳои густаришёфтаи фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо ришват додану ришват ситонидан хеле зиёд аст.

Ҳукумат ва дигар мақомоти Тоҷикистон ҳам хуб медонанд, ки решаҳои асосии густариши ин ҳама фасодҳои идорӣ ва ахлоқӣ дар мактабу донишгоҳҳо агар нахуст маъоши кам ва иқтисодиёти заъиф бошад ва қадами дувум вуҷуди редҳои зиёди назоратчиёни соҳаи маориф, бархе кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва дигар мақомот ва тамаъкории онҳо низ мебошад.

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

0

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки “дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт”-и кишвар мустақим сармоягузорӣ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми июли соли 2025 Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар Давҳа бо Абдуллоҳ Муборак Ал-Халифа, раиси Бонки миллии Қатар мулоқот карда, дар бораи ҷалби сармоягузориҳои мустақим бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, “ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи молия ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.”

Гуфта мешавад, бо вуҷуди мушкилот ва фасоди идорӣ дар сохторҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир Давлати Қатар дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёдеро анҷом додааст, ки маъруфтарин онҳо сохти муҷтамаи хонаҳои бисёрошнагӣ дар машҳари Душанбе маъруф ба Диёри Қатар ва сармоягузорӣ барои сохти бинои буругтарин масҷид дар пойтахти кишвар мебошад.

Бо ин вуҷуд, ҳамоно мақомоти кишвар талош доранд, ки бо густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ Бонки миллии Қатар ва дигар муассисаҳои молии онро мутақоид кунанд, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориҳои худро зиёдтар кунад.

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

0

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои матбуотии тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ оғоз шаванд.

Бар асосии иттилои расмӣ қарор аст, нишастҳои матбуотии шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба муддати камтар аз се ҳафта дар сартосари кишвар баргузор шаванд.

Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нишастҳоро нокофӣ ва медонанд. Ба гуфтаи онҳо, баргузор кардани ҳамагӣ ду нишасти матбуотӣ дар як сол, ки аксаран бо саволҳои қаблан интихобшуда ва дар муҳити ғайриозод мегузаранд, наметавонад пуле миёни ҷомеа ва ҳукумат бошанд.

Ҷомеаи рӯзноманигорӣ умедвор аст, ки нишастҳои матбуотии имсола воқеан ба шарҳи масъулият, посухгӯӣ ва шаффофият баргузор шавад. Яке аз рӯзноманигори тоҷик мегӯяд:  «Мақомот бо ин ду нишаст бештар кӯшиш мекунанд аз саволҳои баҳсбарангез гурезанд, на посух диҳанд.»

Дар ҳамин ҳол, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳамоно мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалист. Танҳо дар чанд соли ахир наздик ба 15 нафар рӯзноманигорону блогерони мустақил ва мунтақиди ҳукумат зиндонӣ шуданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода,  Завқибек Саидаминӣ аз ҷумлаҳои онҳо мебошанд.

Мақомот ин рӯзноманигорону блогеронро бо иттиҳомоти марбут ба “ифротгароӣ”, “дурӯғпароканӣ” ва дигар айбномаҳои баҳсбарангез боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд. Иттиҳомоте, ки ҳам худи рӯзноманигорону блогерон ҳам созмонҳои ҳуқуқи инсон ташкили чунин парвандаҳоро сиёсӣ медонанд.

Гуфтанист, тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон ин нишастҳо соле ду маротиба дар оғози тобистон ва зимистон барои пешниҳоди ҳисобот ва посух додан ба суолҳои журналистон баргузор мешаванд. Нишастҳои шашмоҳаи аввал то 8-уми августи соли ҷорӣ баргузор хоҳанд шуд.

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

0

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ дар Олмон чор нафар узви ҷадидеро дар Раёсати Олии худ қабул кардааст.

13-уми июли соли 2025 нишасти Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд.

Сухангӯи ин ҳизб, Бобоҷон Қаюмзод бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки дар раванди идомаи “ислоҳот ва таҳкими фаъолият” дар ин нишаст, Муҳиддин Кабирӣ, “раиси ҲНИТ дар ҷаласа номзадии Саидмаҳмуд Саидов, Абдуқодир Шехов, Шавкат Шарипов ва Фарҳод Одинаевро барои узвият дар Раёсати Олии ҳизб пешниҳод кард. Пас аз баррасӣ ва овоздиҳии аъзои Раёсат, ҳамаи ин чаҳор нафар бо ҷонибдории аксарият ба ҳайати Раёсати Олии ҲНИТ шомил гардиданд.”

Аммо дере нагузашта, саҳифаи мансуб ба Муҳаммадҷони Нурӣ, писари раиси пешин ва яке аз муассисони ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин қарори Раёсати Олии ҲНИТ вокуниш нишон дода навишт, ки “Ҷаноби М. К! (Муҳиддин Кабирӣ), як ҳиммати дига мекардед аммама кати очам узви Раёсат мекардед, рӯҳи Устод аз шумо шоду розӣ хоҳад шуд.”

Аз сӯи дигар, Муҳаммадиқболи Садриддин, писари мулло Қаландари Садриддин, яке дигар аз муассисони ҲНИТ ҳам кӯтоҳ навишта, ки “Ислоҳот идома дорад… 3+1=3 Яъне ончи мехоҳам мекунам!

Гуфта мешавад, Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Иломии Тоҷикистон, ки то кунун 27 нафар узв дошт, ва бо истеъфои ду нафар аз онҳо, Муҳаммадкарими Орзӯ ва Азимҷон Ваҳҳобов ба 25 нафар расиданд ва бо қабули ин чор нафари ҷадид, теъдоди аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ба 29 нафар расиданд.

Пеш аз ин ҲНИТ дар рафти тағйирот ва ислоҳоти худ, фаъолияти Оинномаи худро ба як низомномаи даврони ҳиҷрат табдил дода, интихоби раис барои чор сол ва се муовини ӯ, ки хосси даврони ҳиҷрат дониста мешаванд, инчунин раиси Комиссияи тафтишоти ин ҳизбро ҳам дар табъид қабул карда буданд.

Аммо дар робита ба вазъи муовинони зиндонии ин ҳизб гуфта мешавад, ки бо маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон ва озод шудани муовинони зиндонии ҲНИТ фаъолияти ин ҳизб ба сурати худкор тибқи оинномаи он баргашта, муовинони зиндонӣ дубора ба сари вазифаҳои худ бархоҳанд гашт.

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

0

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз 30 соли ахир натавонистааст, ки мушкили камобӣ барои мардумро дар ин минтақа ҳал кунад.

Имрӯз, 13-уми июли соли 2025, Радиои Озодӣ, бо нашри як гузориши муфассал навиштааст, ки даҳҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон бо ирсоли нома ва мактубҳои худ таъкид кардаанд, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки бархе сокинони кишвар рӯзона чандин километр роҳҳоро пойи пиёда тай мекунанд, то тавонанд хонавоҳои худро бо хару ароба ба оби ошомиданӣ таъмин намоянд.

Дар минтақаи Кӯлоб, ки ин шабу рӯзҳо дамои ҳаво хеле гарм шудааст, бархе сокинон мегӯянд, ки масъулин реҷаи маъмули обтақсимкуниро, ки қаблан амал мекард, ва тибқи он рӯзона чанд соат об меомад, дар ин гармо аз байн бурда, дар 3-4 рӯз як маротиба обро сар медиҳанд.

Аз сӯи дигар, на танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб бо ин мушкил гирифтор ҳастанд, балки хонаводаҳои зиёде аз сокинони атрофи шаҳри Душанбе низ солҳост, ки дар чунин фаслҳои сол бо мушкили камобӣ гирифтор мешаванд ва ба ин хотир маҷбур ҳастанд, ки моҳона чанд маротиба бо қимати то 1000 сомонӣ об бихаранд.

Ба гуфтаи бархе сокинони кишвар, дар ҳоли ҳозир, дар хеле аз хонавонадаҳои Тоҷикистон, ки дар шаҳру навоҳии кишвар зиндагӣ мекунанд, бо сабаби дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани мардҳо ва ҷавонписарони хонаводаҳо аксар вақт вазифаи обкашонӣ ба дӯши занон ва кӯдакони ноболиғ бор карда мешавад, ки дар хеле мавридҳо вазни сангини ин кор ба саломатии онҳо зарар мерасонад.

Гуфта мешавад, бар асоси оморҳои расмии Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 66 дарсади аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд ва боқӣ 34 дарсади дигар аз мардум бо мушкили камобӣ гирифтор ҳастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон солона бо баҳонаи таъмини рифоҳи иҷтимоии мардум, аз ҷумла таъмини сокинон бо ниёзҳои аввалия, ки таъмини оби ошомиданӣ яке аз онҳост, миллионҳо доллар аз хориҷ кумак дарёфт мекунад, аммо бо ин ҳол ҳамоно теъдоди зиёде аз сокинони кишвар бо камбуди оби ошомиданӣ гирифтор мебошанд.