Хона блог саҳифа 112

Навҷавон аз дохили мошин беш аз 2 ҳазор долларро дуздид

0

Пулиси шаҳри Душанбе як навҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони дуздии беш аз 2 ҳазор доллар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кард.

Мақомоти пулиси Душанбе мегӯяд, боздошти ин навҷавон бар асоси шикояти як сокини 60-солаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе ба пулис хабар додааст, ки рӯзи 10 августи соли 2025 аз дохили мошини шахсиаш, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузошта шуда буд, 2 ҳазору 350 доллари амрикоӣ дуздида шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дастги шудааст. Ҳоло тафтишот оид ба ин қазия идома дорад.

Аз хабарҳое, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нашр мекунад, маълум аст, ки ҷиноятҳои дузди миёни ҷавонон зиёд шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки дур мондан аз тарбия ва назорати оилавӣ яке аз омилҳои аслии чунин амалҳост. Ба гуфтаи онҳо, қисми муайяне аз ҷавонон зери таъсири муҳити носолим ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, роҳи осон ба даст овардани пулро дар дуздиву қаллобӣ мебинанд.

Аммо гурӯҳи дигаре аз таҳлилгарон бар онанд, ки вазъи бади иқтисодӣ ва норасоии ҷойҳои кор, бахусус барои ҷавонон сабаби афзоиши чунин ҷиноятҳо дар ҷомеа гаштааст. Афзоиши нархи маҳсулоти рӯзгор, мушкили дастрасӣ ба маоши муносиб ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ бисёре аз ҷавононро ба роҳи ҷиноят мебарад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ҳам дар сатҳи оила ва ҳам дар сатҳи давлатӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шавад, аз ташкили барномаҳои таълимиву маърифатӣ то фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ва муҳити солим барои наврасону ҷавонон роҳандозӣ шавад.

Маҳдудияти нав дар Санкт-Петербург барои муҳоҷирон

0

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов фармоне содир кард, ки фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар бахши хаткашонӣ маҳдуд мекунад.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ин тасмим бо ҳадафи мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ, баланд бардоштани сатҳи амният ва сифати хидматрасонӣ, ҳамчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён гирифта шудааст.

Мақомоти Санкт-Петербург изҳор медоранд, ки чунин иқдом ба бозори хидматрасонии интиқоли хӯрока (достава) таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд. Зеро, тибқи омор, ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар ин бахш чандон зиёд нест.

Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, ки ин маҳдудият метавонад имкониятҳои шуғлии муҳоҷиронро боз ҳам маҳдуд созад. Қабл аз ин, бо қабули қарорҳое муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург то охири соли ҷорӣ аз ҳаққи ронандагии таксӣ маҳрум шуда буданд.

Мушкилот барои муҳоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сол ба сол бештар мешавад. Онҳо на танҳо бо маҳдудиятҳои корӣ, балки бо санҷишҳои сахттари ҳуҷҷатҳо, гаронии иҷора ва афзоиши хароҷоти зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки бо чунин вазъ идома додани фаъолияти корӣ ва таъмин намудани оилаҳои худ дар Тоҷикистон ҳар рӯз мушкилтар мегардад.

Ва ин аст, ки ҳоло аксари муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани шароити беҳтари корӣ дар фикри сафар ба кишварҳои аврупоӣ, Амрико ва Корея шудаанд.

Машқҳои муштараки низомӣ байни Покистону Тоҷикистон

0

Байни нерӯҳои артиши Покистону Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо терроризм машқҳои муштараки низомӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои кишвар, ин машқҳои муштараки низомӣ байни ду кишвар дар гарнизони Хатлон дар майдони омӯзишии “Фахробод” таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор шуд.

Дар ин машқҳо тақрибан сад низомӣ, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус, қисмҳои десантӣ-штурмӣ ва нерӯҳои заминӣ, ҳунару маҳоратои худро дар мубориза бо терроризм ба намоиш гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар барномаи машқҳо истифодаи аслиҳаи муосир, муҳимот ва таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ истифода шудааст. Омодагии ҷисмӣ ва равонии иштирокчиён дар шароити кӯҳӣ ва муҳитҳои мураккаб санҷида шуд, ки ба боло бурдани ҳамоҳангсозӣ ва таҷрибаи амалӣ миёни ҳарду кишвар мусоидат намуд.

Ин машқҳо на танҳо майдони омӯзиши ҳарбӣ, балки рамзи ҳамкории наздик ва робитаҳои дӯстонаи ду давлат дониста шудааст. Дар поёни чорабинӣ фаъолон бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки машқҳои низомии Тоҷикистон одатан бо кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мешаванд. Ҳамкорӣ бо кишваре чун Покистон дар чунин тамринҳо хеле кам рух медиҳад ва бештар хусусияти рамзӣ дорад.

Трампу Путин дар гуфтугӯи рӯ ба рӯ аз чӣ хоҳанд гуфт?

0

Қарор аст 15-уми августи соли ҷорӣ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунанд.

Тавре худи Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth” хабар дод, ин мулоқот рӯзи ҷумъаи оянда дар вилояти Аляскаи Амрико ба нақша гирифта шудааст.

Трамп рӯзи душанбе, 11-уми август дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин мулоқотро ба хотири поён додани ҷанги Русия ва Украина роҳандозӣ кардааст ва талош мекунад қабл аз мулоқот бо Зеленский, раисҷумҳури Украина ва раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бо Путин мулоқот кунад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки барои поён додани ҷанг миёни Украина ва Русия, ҳарду кишвар бояд бахше аз хоки худро ба якдигар вогузор кунанд. Трамп мегӯяд, дидораш бо Путин фурсате барои санҷиши омодагии Путин барои расидан ба тавофуқ хоҳад буд.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин афзуд, ки агар ин дидори қарибулвуқуи ӯ бо Путин самаранок анҷом ёбад, дидор ва музокироти баъдӣ ба сурати сеҷониба бо ҳузури Зеленский низ сурат хоҳад гирифт.

Путин 7-уми август дар як изҳороте гуфт, ки барои ҳузури Зеленский дар ин мулоқот “ҳеч мухолифате” надорад, аммо “барои ин бояд шароити муайян фароҳам шавад”. Президенти Русия афзуд, ки то фароҳам шудани чунин шароит “то ҳол, мутаассифона, роҳи зиёд боқӣ мондааст”.

Аммо Трамп мегӯяд: “Ҳангоми мулоқот бо Путин шояд дар давоми ду дақиаи аввал дақиқ хоҳам кард, ки созишномаи сулҳ миёни Украина ва Русия сурат мегирад ё на”.

Ин мулоқотро Маскав ҳам тасдиқ кардааст ва мавзуи аслии ин гуфтугӯи раисҷумҳуронро тавофуқ сари оташбас ва поён додани ҷанг миёни Русия ва Украина медонад.

Ба назари коршиносон, дар ин мулоқот Маскав талош хоҳад кард, ки то ҳадди имкон имтиёзҳои ҳарчи бештари ба даст биёрад ва дастовардҳои худ, аз ҷумла заминҳои ба даст овардаашро ба хоки худ расман шомил кунад.

Шикояти узви “Фронти халқӣ” аз мансабдорон

0

Як сокини шаҳри Кӯлоб бо нашри наворе мегӯяд, ба хотири Ватан ҷонфидоиҳо кардааст, вале имрӯз масъулон ӯро нодида мегиранд.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб, ки худро собиқ узви “Фронти халқӣ” ва иштирокчии ҷангҳои дохиӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, аз соли 1983 дар маҳаллаи “Нонбойи Поён” зиндагӣ мекунад, вале ҳоло зиндагӣ дар хонааш ба хотири зулми мансабдоре ба танг омадааст.

Ба гуфтаи ин мард, Хидиров Қурбон раиси автоколонаи 29-27 шаҳри Душанбе вогзали канори манзили ӯро харидорӣ намуда, роҳро бастааст ва талаб дорад, ки дари хонаашро аз дигар самт боз кунад.

Ин шаҳрванди Кӯлоб мегӯяд, роҳ надорад ва имкони дигаркунӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, соли 2009 ба як фармони афви Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хонаи худро ба мағоза табдил додааст, то фарзандонаш ба муҳоҷират нараванд ва дар дохили кишвар кор кунанд. 

Ӯ афзудааст: “Аз вақте ки Қурбон Хидиров ин вогзалро харидааст, оромӣ надорам. На хонаамро мехарад, на мегузорад осуда зиндагӣ кунам. Ман иштирокчии ҷангҳои дохилӣ ва даъватшудаи ҷанги Ворух бо Қирғизистон ҳастам. Барои Ватан ҷонамро медиҳам, вале Ватан моро хору зор кард”.

Гуфта мешавад, Хидиров Қурбон дар ҷавоб ба шикоятҳои ӯ гуфтааст: “Ман ин вогзалро 500 ҳазор доллар харидаам, ту ҳақ надорӣ дар ин ҷо рафтуомад кунӣ”.

Ба назари мунтақидон, фасоди густарда дар бахши иҷораи моликияти давлатӣ, хусусан дар ниҳодҳои додгоҳӣ ва сохторҳои қудратӣ, инчунин мустақил набудани онҳо, боис шудааст, ки шаҳрвандон аз ноумедӣ мустақиман ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ муроҷиат кунанд ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео паҳн намоянд, то ба додашон расида шавад.

Шикоят ба Рустами Эмомалӣ аз болои Шоҳрух Саидзода

0

Бархе аз сокинони кишвар аз зулму бедодгарии масъулону мансабдорон маҷбур мешаванд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояташонро оммавӣ кунанд.

Як сокини кишвар бо интишори навори видеоие ба шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, биное, ки ӯ бо фарзандонаш дар он зиндагӣ мекунад, болои сарашон чаппа мекунанд.

Вай мегӯяд, бо вуҷуди шикоятҳо, касе ба додаш намерасад ва дар посух ба ӯ мегӯянд, ки ин корро бар асоси қарори шаҳр анҷом медиҳанд ва замин ба Шоҳрух Саидзода тааллуқ дорад. Вай дар идома илова мекунад: “Ба ҳар ҷое муроҷиат мекунам, бо воситаи (тағабозӣ) корро ба фоидаи худ ҳал мекунанд”.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ба Вазорати корҳои дохилӣ низ муроҷиат кардааст, аммо бенатиҷа. Ин ҷабрдида, ки зан аст, дар охир аз Рустами Эмомалӣ мехоҳад ба шикояти ӯ расидагӣ кунад ва пеши роҳи золимонро бигирад.

Замон ва макони сабти ин навори видеоӣ дақиқ маълум нест. Аммо ин бори аввал нест, ки сокинон аз чунин мушкилот шикоят мекунанд. Борҳо шаҳрдорӣ дар ҳолатҳои тахриби хонаҳо бо муқовимати сокинон рӯ ба рӯ шудааст. Сокинон сабаби мухолифати худро пешниҳоди маблағи ночиз бар ивази хонаҳояшон медонанд.

Бар асоси ин навори видеоӣ, замини ин бино ба Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Бояд гуфт, ки Шоҳрух Саидзодаро аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе медонанд.

Чанд ҳолати ғарқшавӣ дар дарёи Вахш

0

Дар Тобистони имсола мутаассифона, чанде аз кӯдакону ноболиғон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ва дигар дарёҳову кӯлҳо ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҳолати ғарқшавӣ ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар ду моҳи охир, махсусан дар дарёи Вахш хабар додааст.

Аз ҷумла, ин ниҳод меяд, 22-уми июни соли 2025, соати 16:00 шаҳрванд Камолов Бахтиёр Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

31-уми июли соли 2025, тақрибан соати 17:30, ду сокини деҳаи Л. Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант, аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.

Ҳамчунин, 5-уми августи соли 2025, як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш, аз беназоратии волидайн ғарқ шудааст.

Аз чор нафар ғарқшуда, ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар то ҳол идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, аксарияти ҳодисаҳои ғарқшавӣ, ки бар асари он шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд, дар натиҷаи надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои зиёд шудани ғарқшавии шаҳрвандонро, ки аксарияташонро кӯдакон ташкил медиҳанд, зиёд будани рӯдхонаҳо ва кӯлҳо дар кишвар ва набудани шароити хуб барои оббозӣ, ба монанди маконҳои махсуси шиноварӣ медонанд. Ба бовари онҳо, ҳукумат метавонад ҳадди аққал бо ташкил кардани ҷойҳои махсус дар лаби рӯдхонаҳо ва кӯлҳо барои оббозӣ ва ҳузури ҳайати наҷотдиҳандаҳо шароити хубро барои оббозии сокинон, махсусан кӯдакон таъмин кунад.

Кушта шудани 6 рӯзноманигор дар як ҳамлаи Исроил ба Ғазза

0

Рӯзи якшанбе, 10-уми август дар як ҳамлаи Исроил ба хаймаи рӯзноманигорон се рӯзноманигор ва се наворбардори аҳли Ғазза кушта шуданд.

Анас Шариф ва Муҳаммад Қурайқеъ ҳамроҳ бо наворбарононашон, ки барои шабакаи маъруфи “Ал-Ҷазира” хабару гузориш медоданд ва вазъи асафбору мушкилоти тоқатфарсои мардуми Ғаззаро ба ҷаҳониён мерасонданд, дар ин ҳамла ҷон бохтанд.

Ба иттилои расонаҳо, ин ҳамла рӯзи якшанбе ба як хаймае, ки рӯзноманигорон онҷо мезистанд ва аз онҷо барои омода кардани гузоришҳо омодагӣ медиданд, ҳамла сурта гирифт. Артиши Исроил низ пас аз ҳамла масъулияти куштани Анас Шариф ва ҳамроҳонашро ба дӯш гирифтааст.

Аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқибашар ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд. Аз ҷумла, раҳбари Иттиҳоди рӯзноманигорони Британия дар як мусоҳиба бо “Ал-Ҷазира” куштани рӯзноманигоронро маҳкум карда, гуфт, ки “қатли рӯзноманигорон дар Ғазза талош барои пӯшиши ҳақатҳо аст. Ва ин амали Исроил ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки барои ворид кардани рӯзноманигорони хориҷӣ ба Ғазза талош кунад”.

Бунёди “Рӯзноманигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот бо маҳкум кардани ҳамлаи дирӯзаи Исроил аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хоста, ки барои пешгирӣ аз қатли рӯзноманигорон ва ворид кардани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза талош кунанд ва вазифаи инсонии худро анҷом диҳанд.

Комиссиёри олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри изҳороте гуфтааст: “Кушта шудани 6 рӯзноманигори фаластиниро дар Ғазза маҳкум мекунем ва ин ҳамларо нақси ошкори қонунҳои инсонии байналмилалӣ медонем”.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар як изҳороти тундлаҳн гуфта, ки “Ҳадафмандона куштани рӯзноманигорон ҷиноятҳоеро, ки Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, намепӯшонад”. Ин ниҳоди қатарӣ афзуда, ки ҳадф қарор додани рӯзноманигорон дар Ғазза аз ҷониби Исроил баёнгари аҷзу нотавонии ҷомеаи байналмилаӣ барои поён додани фоҷеаҳоест, ки дар тасаввур намеғунҷад.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон низ дар як баёнияе қатли рӯзноманигоронро дар Ғазза маҳукм карда, хостори муҷозоти масъулон ва омилони ин ҳамла шудааст.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, пас аз ҳамлаи дирӯзаи Исроил шумори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза бо шумули ин 6 рӯзноманигор ба 238 нафар расид.

Раҳимзода: Дар 6 моҳ сабти 600 ҷинояти террористӣ

0

Рамазон Раҳимзодва, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар давоми шаш моҳи гузашта наздики 600 ҷинояти террорисӣ сабт шудааст.

7-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Вазироти корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни нишаст вазир Рамазон Раҳимзода аз натиҷаҳои – ба гуфтааш – мубориза бо терроризм ва экстремизмро дар шаш моҳи аввали соли 2025 гузориш дод.

Ба иддаои Раҳимзода дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 593 ҷиноят, марбут ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки барои содир кардани онҳо 411 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Аз ин шумора 241 нафар, аз ҷумла 91 ҷавон боздошт шудаанд.

Инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат пешгирӣ кардаанд. Вале вазир нагуфт, кадом гурӯҳ чӣ кореро мехостаанд, анҷом диҳанд.

Ҳамчунин 162 ҳолати маблағгузории фаъолияти террористӣ ошкор шуда, 51 нафар боздошт шудаанд ва ба гуфтаи ин мақомдор, онҳо “аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намудаанд”.

Раҳимзода нагуфт, ки маблағҳо ба куҷо фиристода мешуданд, вале иддао кард, ки шаҳрвандони камбизоат ва фирефташуда пули охирини худро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Аврупо ва дигар кишварҳо мефиристанд ва аъзои гурӯҳҳои – ба гуфтааш – террористӣ бо ин маблағ зиндагии бошукуҳ мекардаанд.

Ҳамчунин дар давоми шаш моҳ аз беш аз 7500 шахси дар ҷустуҷӯ буда, 1500 нафар боздошт шуда, 200 нафари онҳо аз кишварҳои хориҷӣ баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 500 нафар дар Русия боздошт шудаанд.

Аз шумораи умумии боздоштшудаҳо, 235 нафарашон аъзои гурӯҳҳои террористӣ буда, ба гуфтаи вазир “166 нафар ихтиёран ба Ватан баргардонда шудаанд.

Дар ҳамин давра 5 оилаи иборат аз 27 нафар, ки 12 нафарашон кӯдакон мебошанду ба гурӯҳҳои террористӣ пайваста будаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба таълими ғайриқонунии динии сокинон дар назди нимчамуллоҳои чаласавоб рабт дода, гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 105 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 175 нафар, аз ҷумла 86 ноболиғ иштирок доштаанд. Ғайр аз ин, 32 донишҷӯ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон ҳамасола аз мубориза бо терроризму боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мегӯянд, ки бисёре аз боздоштшудаҳо аъзои гурӯҳҳои мухолифон мебошанд. Ҳуқуқшиносону коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон пушти муборизаи бо терроризму ифротгароӣ, асосан зидди фаъолони динӣ ва мухолифони сиёсӣ мубориза бурда истодаанд.

Тавофкқи Кобинаи амниятии Исроил бар контроли комили Ғазза

0

Кобинаи амниятии Исроил ба тарҳи нахуствазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу барои густариш ҳамлаҳои низомӣ ва ишғоли комили Ғазза мувофиқат кард.

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи ҷумъа, 8-уми август эълом кард, ки Кобинаи амниятӣ бо тарҳи контроли комили Навори Ғазза мувофиқат кардааст. Бар асоси ин баёния, ин тарҳ ба пешниҳоди Бинёмин Натанёҳу тасвиб шуда ва артиши Исроил барои ишғоли комили Ғазза омода мешавад.

Натанёҳу бо ин тарҳ пешниҳод намуда, ки Ғазза аз ҷониби артиши Исроил марҳила ба марҳила ба таври комил тасарруф шавад ва беш аз ду миллион аҳолии ин борика ба минтақаи ҷанубии он кӯчонида шаванд.

Дар ҳамин ҳол аксар созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва кишварҳо аз паёмадҳои ногувори ин тарҳ ҳушдор додаанд. Аз ҷумла, Фолкер Турк, Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри изҳороте хостори таваққуфи фаврии ҳамлаи густардаи артиши Исроил ба Ғазза ва ишғоли комили он шуд.

Изҳороти Турк пас аз эълони Кобинаи амниятии Исроил нашр шуд. Ӯ дар паёмаш таъкид мекунад, ки “Ин иқдоми Исроил ба қарори Додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди зарурати ҳарчи зудтар поён додани ишғолгарӣ, татбиқи роҳҳали дукишварӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниён” мухолифат дорад.

Вазорати хориҷаи Чин бо нашри изҳороте гуфтааст, ки “Амиқан нигаронии тарҳи Исроил барои ишғоли Ғазза ҳастем.”

Ҳамзамон нахуствазири Британия Кир Стармер низ бо нашри изҳороте рӯзи ҷумъа гуфта, ки тасмими Исроил барои контроли Навори Ғазза “Иштибоҳ” аст ва аз давлати Исроил хостааст дар ин тасмим таҷдиди назар кунад.

Кир Стармер дар баёнияаш гуфтааст: “Тасмими давлати Исроил барои ташдиди ҳамла ба Ғазза иштибоҳ аст ва мо аз онҳо мехоҳем фавран дар он бознигарӣ кунанд. Ин иқдом на ба поён додани ин даргирӣ кумак хоҳад кард ва на ба озодии гаравгонҳо, балки сабаби хунрезии бештар хоҳад шуд.”

Вазири корҳои хориҷии Ҳолланд низ бо изҳороте гуфта, ки тасмими Исроил барои ишғоли Ғазза кумаке ба озодии гаравгонҳо намекунад.

Ҳамҳамон кишварҳои Урдун, Туркия ва бархе дигар аз кишварҳо тасими Натанёҳу барои ишғоли Ғаззаро маҳкум намуда, аз авоқиби вахими инсонии он ҳушдор додаанд.