Хона блог саҳифа 115

Оилаҳои муҳоҷироне, ки фарзандонашон ба мактаб намераванд, аз Русия ихроҷ мешаванд

0

Раҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони назди Президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев хостааст, ки он оилаҳои муҳоҷироне, ки таълими фарзандонашонро таъмин намекунанд, бояд аз кишвар хориҷ шаванд.

Ба гуфтаи Фадеев, дар Русия ва дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, волидонро метавонанд барои риоя накардани ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил аз ҳаққи волидайнӣ маҳрум кунанд. Аммо, тавре ки ӯ мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия меоянд, аксаран фарзандони худро ба мактаб намефиристанд, ки ин ҳуқуқи садҳо ҳазор кӯдакро поймол мекунад.

“Агар шаҳрвандони хориҷӣ қасди риояи қонунҳои кишвари иқоматро надоранд, бигзор ба кишвари худ баргарданд ва давлате, ки онҳо аз он ҷо омадаанд, ҳуқуқи кӯдаконашонро ба таҳсил таъмин кунад. Мо наметавонем ба ояндаи кӯдакон, ҳатто агар онҳо шаҳрвандони Русия набошанд, бепарвоёна муносибат кунем”- мегӯяд ин мақомдори рус.

Ӯ ҳамчунин иддао карда, ки ҷамъшавии кӯдакон ва наврасони бесаробон дар кӯчаҳо метавонад ба омили ҷиддии ҷинояткорӣ табдил ёбад.

Пештар вакили Дума аз ҳизби “Одамони нав” Сардана Авксентева низ чунин пешниҳодеро ба мақомоти Русия карда буд.

Баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар баҳори соли 2024, мақомоти Русия як қатор тадбирҳоро алайҳи муҳоҷирон роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, аз моҳи апрели соли 2025 кӯдакони муҳоҷирон танҳо дар ҳолати гузаштан аз имтиҳони забони русӣ метавонанд ба мактаб пазируфта шаванд. Аммо мақомот аз 100 дарсад 81%-и дархостҳоро, бо баҳонаи норасоии ҳуҷҷатҳо, маълумоти носаҳеҳ ё набудани ҷойи холӣ дар мактабҳо, рад кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар беш аз 785 ҳазор ноболиғи шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, вале танҳо 192,2 ҳазор нафари онҳо (24,5%) ба мактаб мераванд.

Даргузашти як рӯҳонӣ аз Бадахшон дар зиндон

0

Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии маъруфи 61-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ дар зиндони шаҳри Ёвон даргузашт.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Inside”, сабаби марги ӯ мушкилоти ҷиддии саломатӣ будааст, ки бар асари бемории қанд ба вуҷуд омадааст. Давлатмиров қаблан борҳо аз вазъи саломатиаш ба масъули зиндон шикоят кардааст, вале ба ӯ кумаки зарурии тиббӣ расонда нашудааст.

Марги Давлатмиров аллакай сеюмин ҳолати фавти зиндониёни сиёсӣ аз ВМКБ дар зиндонҳои Тоҷикистон дар як соли охир ба шумор меравад. Пештар Кулмамад Паллаев, фаъоли ҷамъиятӣ аз ноҳияи Рӯшон ва Аслан Гулобов аз Хоруғ, ки ҳар ду маҳкум ба ҳабси абад буданд, дар зиндон фавтиданд.

Мақомот то ҳол дар робита ба даргузашти ин се зодаи Бадахшон расман чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии шинохта ва аз пайравони мазҳаби Исмоилия дар Бадахшон соли 2022 бо иттиҳоми сохтаи “даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароёна” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо сабаби асосии боздошти ин рӯҳонӣ хондани намози ҷанозаи се раҳбари мардумии ин вилоят Мамадбоқир Мамадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров, ки мақомот онҳоро кушта буд, мебошад.

Гуфта мешавад, Давлатмиров яке аз руҳониёни ангуштшумори ВМКБ маҳсуб меёфт, ки мавқеи шаҳрвандии равшан дошт ва дар байни мардуми минтақа аз эҳтироми зиёд бархӯрдор буд. Номи ӯ борҳо дар гузоришҳои Комиссияи озодиҳои динии ИМА ёд шуда, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла коршиносони СММ, борҳо хостори озодии ӯ шуда буданд.

Кӯдакони Ғазза дар пеши чашми олам аз гуруснагӣ мемиранд

0

Ба иттилои расонаҳо, муҳосираи шадиди Исроил дар Ғазза буҳрони норасоии ғизоро дар ин борика бисёр сахт кардааст, ки рӯзона ҳазорон кӯдак бо хатари марг рӯбарӯ ҳастанд.

Басом Заққут, мудири Ҷамъияти кумакрасонии тиббӣ дар Ғазза имрӯз, 27-уми июн дар суҳбат бо шабакаи “Ал-Ҷазира” аз вахим будани вазъи фоҷиабори инсонӣ дар ин борика ҳушдор дод. Ӯ зимин суҳбаташ таъкид кард, ки имрӯзҳо 17 ҳазор кӯдак дар ин борика ба норасоии шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд ва ин вазъият рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Ин масъули имдодрасонии тиббӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар сурати мудохала накардани фаврӣ ва ҷиддии кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ “бояд мунтазири марги шумори зиёде аз кӯдакон ба далели камбуди ғизо ва дору бошем.”

Заққут бо ишора ба муҳосираи комили Исроил бар ин борика ва вазъи асафбори инсонӣ расондани он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳо дунё хостори фишор овардан бар Исроил шуд, то барои вуруди маводи ғизоӣ, аз ҷумла шири хушк барои кӯдакон ва анвоъи доруву дармон иҷозат диҳад.

Гуфта мешавад, ба сабаби бомборонҳои зиёди Исроил болои мардуми Ғазза рӯзона даҳҳо ва садҳо маҷруҳ бо ҳолатҳои гуногун ба беморхонаҳои қариб аз кор монда муроҷиат мекунанд, “Вале ба далели набуди доруву таҷҳизот ва камбуди шаддиди табибон садҳо бемор наметавонанд сари вақт табобат шаванд ва ин вазъият ҷони онҳоро ба хатар меандозад.”

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди эътирози кишварҳо ва талаби созмонҳои ҷаҳонӣ барои ворид кардани ғизо ва кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, Исроил боз ҳам ҳама роҳҳоро бастааст ва намегузорад ба сокинон ғизо ворид шавад.

Исроил дар Ғазз чанд нуқтаи тақсими ғизо боз кардааст, ки вале рӯзона то сад нафар аз онҳое, ки дар навбати гирифтани ғизо истодаанд, мекушад.

Расонаи маъруфи исроилии “Hertz” имрӯз гузоришеро нашр кард, ки мувофиқи он сарбозони исроилӣ эътироф кардаанд, ки аз ҷониби фармондеҳон махсус барои куштани марудми бегуноҳ ва дар навбати ғизоистода фармон мегиранд.

Ин эътироф дар ҳолест, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, нерӯҳои исроилӣ то имрӯз ба сабаби тир кушодан ба сӯи мардуми бесилоҳе, ки дар навбати ғизо меистанд, 550 нафарро кушта, бештар аз 4 ҳазори дигарро захмӣ кардааст.

Литва: Ба тоҷикистониён дигар виза дода нашавад!

0

Хадамоти муҳоҷирати Литва талаб кардааст, ки дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон виза барои кор ва ё иқомати муваққат дар Литва дода нашавад.

Мудири Хадамоти муҳоҷирати Литва Эвелина Гудзинскайте дар суҳбат бо радиои давлатии LRT пешниҳод карда, ки Маркази хидматрасонии хориҷии Литва дар Тоҷикистонро, ки барои иҷозати корӣ ё истиқомати муваққатӣ дархост қабул мекунад, баста шавад.

Бар асоси иттилои ин ниҳоди давлатии Литва, то аввали моҳи июни соли ҷорӣ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо иҷозати корӣ ё истиқомати муваққатӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, тақрибан 6 250 нафарро ташкил додааст.

Эвелина дар ин суҳбаташ афзуда, ки дар тӯли ду сол шумораи муҳоҷирони тоҷик тақрибан панҷ карат афзоиш ёфтааст. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз поён ёфтани муҳлати визаҳояшон дар аксар ҳолат хоки Литваро тарк намекунанд.

“Агар ба омори муҳоҷират ғайриқонунӣ назар афканем, дида мешавад, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сари вақт хориҷ намешаванд ва бояд бо фармони ихроҷ шаванд, дар муқоиса масалан, бо узбекҳо хеле зиёданд.” — афзудааст ӯ.

Бар гуфтаи Гудзинскайте, тоҷикон инчунин аксар вақт дар марзи Беларусу Литва ҷамъ омада, кӯшиш мекунанд ба таври ғайриқонунӣ ворид шаванд.

Ин дар ҳолест, ки вазъи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия чандон хуб нест ва як соли ахир боздошту ихроҷи онҳо аз Русия афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Русия роҳи кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳои дунёро ба рӯи муҳоҷирони тоҷик боз кардааст.

Боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар Амрико

0

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардани шаҳрвандони хориҷӣ ба Амрико дастгир шуданд.

Дейвид Меткалф, додситони ноҳиявии иёлати Пенсилвания бо нашри баёнияе аз боздоштшудаҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Мейнвилл (штати Оҳайо) ва Мунис Хоҷиеви 31-солаи сокини Филаделфия ном бурдааст.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳарду дар як рӯз ғайриқонунӣ ба қаламрави ИМА ворид шудаанд ва баъдан дар солҳои 2022 то 2025 дар ҳамкорӣ бо дигарон шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷиронро ба роҳ мондаанд. Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбарон ба як нафар дар убури ғайриқонунии марз кумак карда, сипас аз ӯ маслиҳату роҳнамоӣ барои ташкили вуруди дигар муҳоҷирон дарёфт кардаанд.

Инчунин дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ин ду зодаи Тоҷикистон бар ивази маблағ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводид ва шиноснома омода намуда, муҳоҷирон бо истифода аз онҳо марзи Мексикаро убур карда, ба ИМА ворид мешуданд.

Назари худи гумонбарон ва вакили дифоашон дар ин бора дастрас нест.

Парвандаи Раҳматов ва Ҳоиҷиевро, FBI баррасӣ дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳи онҳо дар додгоҳ исбот шавад, ҳар кадоми онҳо метавонанд то 10 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Бино ба иттилои расонаҳо, шумораи зодагони Тоҷикистон дар ИМА тақрибан ба 16 ҳазор нафар расида, аз моҳи октябри соли 2020 то сентябри соли 2024 ҳудуди 825 нафари онҳо боздошт, ки аз онҳо 103 нафар ба ҳабс гирифта шуда, 88 каси дигар ихроҷ шудаанд.

“Осмони боз”-и фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон

0

Аз 12-уми июни соли 2025, Тоҷикистон расман сиёсати “Осмони боз”-ро дар тамоми фурӯдгоҳҳои байналмилалии худ — Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар — ба роҳ монд.

Бо ин иқдом маҳдудиятҳои пешина дар мавриди парвози ширкатҳои хориҷӣ бекор шуда, барои рақобати солим ва дастрасии бештари мардум ба парвозҳо шароит фароҳам меояд.

Ҳоло ширкатҳои ҳавоӣ метавонанд озодона самт, парвозҳо, ҳаҷми ҳавопаймо ва нархгузориро муайян кунанд. Ин як қадами муҳими ислоҳот барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва рушди бозори нақлиёти ҳавоӣ мебошад.

Ин тадбир дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва дар доираи барномаи DPO амалӣ шуда, ба ислоҳоти фарогир дар бахшҳои молия, нақлиёт ва бахши хусусӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, мақомоти соҳаи авиатсия вазифадоранд тартиби воридшавии ширкатҳои навро содда ва ҷадвали иҷозатномадиҳиро равшан намоянд. Гарчанде, ки барои 18 самти парвоз то се соли оянда баъзе маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд.

Як ширкати ҳавопаймои Туркия аллакай шумораи парвозҳояш аз Истанбул ба Душанберо аз се ба панҷ бор дар як ҳафта афзоиш додааст. Ин нишонаи аввалини вокуниши мусбати бозор гуфта мешавад.

Коршиносони соҳаи авиатсия мегӯянд, ин иқдом на танҳо соҳаи авиатсияро, балки рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамгироии минтақавии Тоҷикистонро низ тақвият мебахшад.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки соҳаи авиатсияи Тоҷикистон пайваста бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор дорад. Пештар Исматулло Абдуллозода, собиқ директори генералии Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо фармони мустақими Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъйин шуда буд, бо иттиҳоми азонихудкунии беш аз 500 миллион сомонӣ боздошт гардид.

Баъдтар расонаҳо хабар доданд, ки як қасри бошукӯҳ мансуб ба Абдуллозода, дорои 60 ҳуҷра, бо арзиши 5 миллион доллар ба фурӯш гузошта шудааст. Ин амвол дар пасманзари парвандаи боздошт ва эҳтимоли баргардондани маблағҳои азхудшуда матраҳ мегардад.

Ҷоизаи Нобел ҳаққи кист, Трамп ё Раҳмон?

0

Пас аз оғози даргириҳо миёни Эрону Исроил давлати Покистон ба таври расмӣ Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрикоро барои дарёфти Ҷоизаи субли Нобел пешниҳод кард.

Ҳукумати Покистон гуфт, ба хотири “нақши Трамп дар ҳаллу фасли баҳсҳои ахири миёни Ҳиндустон ва Покистон, инчунин миёнаравӣ дар масъалаи оташбас байни Исроилу Эрон” ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод кардааст.

Вазири дифои Покистон Хоҷа Асиф изҳор дошт, ки Трамп барои талошҳояш дар пешгирии низоъ миёни ин кишварҳо сазовори чунин ҷоиза мебошад. Бархе таҳлилгарон дар Покистон бар ин бовар буданд, ки шояд ин иқдом Трампро водор созад, дар ҷанги Исроил ва Эрон ворид навашд ва ин тасмимашро бозбинӣ кунад. Аммо ин иқдом ҳам натавонист пеши вуруди Амрико ба ин ҷангро бигирад.

Бояд зикр кард, ки Трамп дар чанд маврид изҳор доштааст, ки орзӯи дарёфти Ҷоизаи Нобел барои сулҳро дорад.

Аммо, баъди паҳн шудани ин хабар, саҳифаи “Паёми Душанбе” — марбут ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо пахши як навишта изҳор дошт, ки “Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳаққи ҳалоли” Эмомлаӣ Раҳмон аст. Ин расонаи ҳукуматӣ Эмомлиро “Пешвои сулҳофар” хонда, сазовори ин ҷоиза донистааст.

Ин навишта баҳси зиёдеро миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Яке аз ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон бо номи Юсуф Талабов дар зери он чунин шарҳ додааст:
“Агар дар дунё адолат мебуд, Пешвои миллати мо мебоист боз соли 1997 барои барқарор кардани сулҳи тоҷикон соҳиби Ҷоизаи Нобел мегашт. Танҳо дар соҳаи сулҳ не, балки пешниҳодҳои арзандаи Пешвои муаззам дар бахшҳои муҳити зист, оби тоза ва дигар самтҳо низ шоистаи қадрдонӣ мебошанд. Агар ин хидматҳоро як сиёсатмадори ғарбӣ анҷом медод, бешубҳа, соҳиби чандин ҷоиза мешуд.”

Корбари дигаре навиштааст: “Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои мо лоиқи Ҷоизаи Нобел мебошад.”

Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Яқубзода — яке аз мухолифони ҳукумат — дар саҳифаи худ ин пешниҳодро “Рашки Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп” хондааст. Ӯ навиштааст: “Эмомалиро, ки 28 сол қабл маҷбур карданд то созишномаи сулҳи тоҷиконро имзо кунад, то имрӯз ягон мақом барои Ҷоизаи Нобел пешбарӣ накардааст. ҲНИТ ва ду созмони дигар ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҷиноятҳои Раҳмоновро ба Додгоҳи байналмилалии Ҳага ирсол намуданд. Агар ҷоизае ҳаст, пас ин ‘ҷоиза’ ба ҷавобгари кишондани ӯст.”

Корбари дигар бо номи Муҳаммади Муҳиддин бо шеваи танзомез навиштааст:
“Ҷоизаи Нобелӣ ба ин ду ‘наҷотдиҳандаи’ сайёра камӣ мекунад! Бояд ҳамроҳ бо ҷоизаи Оскар тақдим шавад. Бо ‘маҳорати’ боло бо номи СУЛҲ мардумфиребӣ мекунанд.”

Инчунин рӯзноманигор Орзу Исоев низ дар ин маврид ибрози назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ:
“Сулҳ бояд худ мақсад бошад, на воситаи ба даст овардани ҷоиза. Агар сулҳ ба хотири ҷоиза офарида шавад, на ба хотири оромии мардум — он арзише надорад. Намешавад бе ҷоиза сулҳ барқарор кард? Агар ҳадаф ҷоиза бошад, на тақдири инсоният — ҳаром бод ин шаҳд бар коми ҷоизаҷӯён!”

Дар Маскав як марди 31-сола ба кӯдаки 2-солаи муҳоҷир ҳамла кард

0

Шоми 23-уми июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи “Шереметево”-и Маскав як шаҳрванди 31-солаи Беларус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба кӯдаки дусолае ҳамла кардааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳо нашр шудаанд, дида мешавад, ки ин мард дар минтақаи гирифтани бағоҷ ба кӯдак наздик шуда, ӯро ба боло мебардораду ба замин мепартояд, ки дар натиҷа сари кудак ба замин зада аз ҳуш меравад.

Табибони фурӯдгоҳ ба кӯдак ёрии аввалия расонда, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба маркази клиникии кӯдаконаи “Рошал” бурданд. Табибон дар кӯдак осеби пӯшидаи мағзи сар, контузияи мағзи сар ва шикастани сутунмӯҳра ва устухони косахонаи сар ташхис кардаанд ва ҳоло ӯ дар кома қарор дорад.

Оилае, ки кӯдак ба он тааллуқ дорад, муҳоҷирони афғонанд, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз сафарашон ба Эрон, ки дар он ҷо ба зиёрати хешовандон рафта буданд, бармегаштанд.

Аз гумонбар Владимир В ном бурда мешавад, ӯ баъд аз як моҳ кор дар Қоҳира ба Маскав баргаштааст. Пеш аз ҳодиса, ӯ ҳашишро, ки аз Қоҳира харидорӣ намуда будааст, истеъмол намуда, онро бо се шишаи вискӣ дар фурӯдгоҳ нӯшидааст. Вақти бозпурсӣ ин мард ангезаи амалашро фаъмонда натавонистааст.

Инчунин тафтишот муайян кардааст, ки қаблан Владимир В. дар ватани худ барои муомилоти маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.

Кумитаи тафтишотии вилояти Москав нисбати ин шаҳрванди Беларус бо иттиҳои сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Сафари Раҳмонов ба Бадахшон ва ҷашни “Ваҳдат”

0

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июн сафари кориашро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кард.

Бино ба иддаои маркази матбуоти Президент, ҳадафи сафари Раҳмонов шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, назорат аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, иштирок дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи чанд иншооти иҷтимоиву инфрасохторӣ буда, он се рӯз идома хоҳад кард.

Раҳмонов сафарашро аз ноҳияи Ванҷ оғоз карда, ӯро мисли ҳамеша боҳашамат пешвоз гирифтанд.

Раисҷумҳури худкомаи кишвар роҳи автомобилгарди 16 километриро аз маркази ноҳияи Ванҷ то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кӯлмаро мавриди истифода қарор дода, супориш додааст, ки 3 километр роҳҳои дохилишаҳрии ноҳияро низ таҷдид кунанд.

Тавре аз мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтмони 140 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90-тои онҳо пурра сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Мақомот иддао дорад, ки ин иншоотҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани шароити кор ва сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Бояд гуфт, Раҳмонов аз дигар минтақаҳои ВМКБ низ дидан хоҳад кард ва дар рӯзи охири сафараш, яъне 27-уми июн ба шаҳри Хоруғ рафта, дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок хоҳад кард.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки режими Раҳмонов соли 2015 тарафи дуюми созишномаи таърихии сулҳи миллӣ — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар кишвар мамнуъ эълон намуда, роҳбарон ва даҳҳо узви онро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Илова бар ин, дар солҳои 2021–2022 ҳукумат эътирозҳои осоиштаи шаҳрвандонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — минтақае, ки имрӯз президент он ҷо қарор дорад, бо зӯр саркӯб намуда, чандин сокинони осоиштаро кушта, садҳо нафарро боздошту ба маҳбас андохтаанд.

Қатъи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

0

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Эрон рӯзи 25-уми июн “Тарҳи таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ”-ро тасвиб карданд.

Тавре расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, Муҳаммалбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии ин кишвар эълом карда, ки Созмони энержии атомии Эрон то “замонати амнияти таъсисоти ҳастаӣ”-ро ба даст наорад, ҳамкории худ бо Ожонси байналмилалии атомиро муваққатан қатъ мекунад.

Гуфта мешавад, ин тарҳ бидуни раъйи мухолифи намояндагони Маҷлиси исломии Эрон ба тасвиб расид. Бар асоси ин тарҳ давлати Эрон муваззаф шудааст то замоне ки “риояти комили ҳуқуқи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ”-и Эрон ва инчунин “таъмини амнияти марказҳои ҳастаӣ” сурат нагирад, ин ҳамкорӣ “ба таълиқ” андохта шавад.

Намояндагони Маҷлис таъкид мекунанд, ки барномаи “сулҳомез”-и ҳастаии Эрон бо “суръати бештаре” пеш хоҳад рафт.

Бар асоси ин тарҳ, акнун насби ҳаргуна дурбинҳои назоратӣ барои контрол ва назорати фаъолияти ҳастаии Эрон аз ҷониби Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мамнуъ хоҳад шуд. Низ ин тарҳ вуруди бозрасон ва маъмурони ОБЭА-ро ба Эрон барои назорати раванди фаъолияти энержӣ мамнуъ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хостори азсаргирии ҳамкории Эрон бо Ожонс шуд.

Аз сӯи дигар бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли ҳамкорӣ накардани Эрон дар барномаи ҳастаияш бо ОБЭА ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбе намояндаи кишвари Фаронса дар Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода, ки дар ҳоли адами тавофуқи ҳамкории Эрон Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ омодаи фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико чанд рӯзе пеш эълон кард, бо ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти ҳастаии Фордо, Натанз ва Исфазон тавонист пурра барномаи ҳастаии Эронро аз байн бибарад. Ва ҳамчунин Исроил низ иддао кард, ки бо аз байн бурдани чандин донишманди ҳастаии Эрон тавонист барномаи ҳастаии ин кишварро аз байн бибарад ва ё ҳаддиақал онро ба чандин моҳ ба қафо партояд.