Густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи рақамӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар пасманзари тақвиятёбии равобити дуҷониба, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои худро дар бахши рақамикунонии энергетика тақвият мебахшанд.

Дар ҳамин замина, ҳайати ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бишкек бо роҳбарияти ширкати «НЭСК» мулоқот карданд.

Тавре расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, ҳадафи асосии ин сафар мубодилаи таҷриба дар бахши рақамикунонии шабакаҳои барқ ва шиносоӣ бо тарзи кори сохторҳои муосири энергетикии Қирғизистон арзёбӣ мешавад. Ҷонибҳо дар ҷараёни дидор роҳҳову механизмҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи иттилооти фаннӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибкасбро баррасӣ карданд.

Роҳбарияти ширкати қирғизӣ изҳор дошта, ки чунин ташаббусҳо барои ҳар ду кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд оварда, заминаи рушди устуворро фароҳам мекунанд. Дар навбати худ, мутахассисони тоҷик низ таҷрибаи худро дар бахши энергетикаи рақамӣ муаррифӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар намояндагони Тоҷикистон аз чанд иншооти муҳими энергетикии Қирғизистон, аз ҷумла маркази “Энергосбыт” ва Call-центр боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз ихтилофоти шадиди марзӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва талафоти ҷониву молӣ анҷомид, тадриҷан ба сатҳи боло расидаанд. Пас аз тавофуқи расмии тарафҳо дар масъалаҳои баҳсии марзӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, амният ва технология, густариш ёфтаанд.

Рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва чанд созишномаҳои нави ҳамкориро бо роҳбарияти кишвар ба имзо расонд. Ин сафарро таҳлилгарон қадами муҳиме дар самти таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.