10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 139

Артиши Исроил ҷангро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол дод

0
A Palestinian man waves the Palestine flag as Israeli army vehicles block the entrance to the Tulkarem camp for Palestinian refugees, in the occupied Palestinian West Bank on August 22, 2024. (Photo by Zain JAAFAR / AFP)

Артиши Исроил шаби гузашта ба дигар шаҳрҳои Фаластин, аз ҷумла Ҷанин, Ноблус, Тулкарам ва Тубос ҳамлаи густардаеро анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, дар ин ҳамлаҳои Исроил ба шимоли Каронаи Бохтарӣ дасти кам 11 нафар кушта шудааст, вале ин омори ниҳоӣ нест. Зеро ба гуфтаи ин ниҳод, маълум нест дар зери овораҳо чанд каси дигар ҷон бохтааст.

Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки артиши Исроил бо баҳонаи анҷоми амалиёти зидди террористӣ ба урдугоҳи паноҳандагон ва хонаҳои маскунии аҳолӣ дар Ҷанин ва Тулкарам ҳамла кардааст.

Манобеи фаластинӣ хабар додаанд, ки артиши Исроил дар Тулкарам зерсохторҳои обиро мавриди ҳадаф қарор дода, обро аз аҳолӣ қатъ кардааст. Ҳамчунин роҳҳо ба сӯи бемористони Ибни Сино дар Ҷанин тавассути нерӯҳои исроилӣ баста шуда, бемористони Халил Сулаймон муҳосира шудааст.

Исроил ҳадафи ин ҳамлаи густардаро ба дигар шаҳрҳои Фаластин, “нобуд сохтани ячейкаҳои террористӣ” номидааст. Расонаҳои исроилӣ аз қавли сухангӯи артиши ин кишвар навиштаанд, ки ин “амалиёти бузург” дар шимоли Каронаи Бохтарӣ то чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар изҳороте ҳамлаи густардаи артиши Исроилро ба дигар шаҳрҳои Фаластин маҳкум карда, онро мухолифи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Ин ниҳоди СММ мегӯяд, Исроил бо ин рафтори ғайриқонунияш вазъро дар минтақа бадтар мекунад.

Таҳлилгарон ҳам бар ин назаранд, ки Исроил чун дар Ғазза ба ҷуз харобгарӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ чизе ба даст наовард, инак мехоҳад домани ҷангро васеътар кунад ва онро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол бидиҳад.

Ёдовар мешавем, ки артиши Исроил аз моҳи октябри соли гузашта то имрӯз ба далели ҷанг бо нерӯҳои ҲАМОС Ғаззаро комилан бомборон дорад. Тибқи гузориши расонаҳо, танҳо субҳи ҳамин рӯз дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза 24 нафар кушта шудаанд, ки ҳамаи онҳо мардуми оддӣ ҳастанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанг то ин дам дар Ғазза дар натиҷаи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии артиши Исроил 40 ҳазору 534 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Омори захмиён низ ба марзи 100 ҳазор наздик шудааст.

Вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия мушкил шудааст

0

Иддае аз волидони донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Русия мегӯянд, ки вуруди фарзандони онҳо ба қаламрави Русия мушикил шудааст.

Ба гуфтаи бархе волидони донишҷӯёни тоҷик, ки фарзандонашон дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, аз рӯзи 26-уми август шоҳиди он будаанд, ки мақомоти Русия монеи вуруди фарзандони онҳо ба хоки Русия мешаванд.

Дар ин баҳсҳо, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Tajik Mama Group” идома дорад, хеле аз иштирокчиён таъкид карда мегӯянд, фарзандони онҳо, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия ҳастанд, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави ин кишвар 5-6 соат мавриди тафтишу таҳқиқ ва пурсуҷӯи кормандони мақомоти Русия қарор мегиранд.

Ба қавли онҳо, мақомоти Русия ҳангоми вуруди донишҷӯён ба қаламрави Русия соатҳо онҳоро мавриди бозпурсӣ қарор дода, баъзеро иҷозат медиҳанд, ки дохил шаванд, вале баъзеҳои дигарро дубора ба ватан бармегардонанд.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар кишварҳои хориҷ зиёда аз 41 ҳазору 200 донишҷӯ дорад, ки қисми зиёде аз онҳо дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия 33 ҳазору 178 нафарро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин ҳам вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия осон набуд. Мақомоти Русия ҳангоми вуруд нисбати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъбизҳои нонавишатаеро ҷорӣ карда буданд. Онҳоро пас аз соатҳои тӯлонӣ интизор гузоштан ба дохили ин кишвар роҳ медоданд, аммо баъд аз ҳамлаҳои хунин ба “Крокус Сити Ҳол” мақомоти Русия дар умум вуруди ҳамаи тоҷикистониҳоро боз ҳам сахттар кардаанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Федералии Қазон ба Русия сафар накунанд

0

Раҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон (ДФҚ) эълон кардааст, ки донишҷӯёни хориҷии он, аз ҷумла аз донишҷӯёни тоҷикистониаш то анҷоми Саммити сарони давлатҳои БРИКС ба Русия сафар накунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, раҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон эълон кардааст, ки дар ин мавсим дарсҳо дар ин донишгоҳ аз 1-уми ноябри соли 2024 оғоз карда мешаванд.

Ба қавли манбаъ, таҳсил дар шакли ҳузурӣ ва ҷойгиршавӣ дар хобгоҳҳо аз 1-уми ноябри соли 2024 оғоз мешаванд, ба ҳамин хотир дар ҳоли ҳозир донишҷӯён аз сафар ба Русия барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳ худдорӣ кунанд.

Раҳбарияти ин донишгоҳҳо далели ду моҳи таъхир дар оғози дарсҳоро чунин шарҳ додааст: “Дар робита бо баргузории Саммити сарони давлатҳои БРИКС дар Қазон, ки 22-24 октябри соли 2024 баргузор мегардад, роҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон (КФУ) бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Русия қарор қабул кард, ки тартиби ташкили раванди таълимро тағйир диҳад.

Дар давраи аз 1 сентябр то 17 октябри соли ҷорӣ таълими назариявӣ дар шакли кори мустақилона бо истифодаи технологияҳои таълимии фосилавӣ ташкил карда мешавад. Инчунин аз 18 то 31 октябр ба донишҷӯён таътил дода мешавад.”

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 41 ҳазору 200 донишҷӯ дорад, ки қисми зиёде аз онҳо дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия 33 ҳазору 178 нафарро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин ҳам вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия осон набуд. Мақомоти Русия ҳангоми вуруд нисбати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъбизҳои нонавишатаеро ҷорӣ карда буданд. Онҳоро пас аз соатҳои тӯлонӣ интизор гузоштан ба дохили ин кишвар роҳ медоданд, аммо мақомоти Русия баъд аз ҳамлаҳои хунин ба “Крокус Сити Ҳол” дар умум вуруди ҳамаи тоҷикистониҳоро боз ҳам сахттар кардаанд.

Лукашенко боздошти Дуров дар Фаронсаро кори дуруст хонд

0

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дастгир шудани муассиси “Телеграмм” Павел Дуровро дар Фаронса кори дуруст хонда аст.

Дар ин бора Лукашенко имрӯз, 27-уми август дар мулоқоте бо Шӯрои ҷумҳуриявии омӯзгорон гуфта аст.

Роҳбари худкомаи Белорус ҳангомои суханронӣ дар бораи таҳсил гуфт, ки аксари онҳое, ки дар мактаб бад таҳсил кардаанд, онҳо ҳастанд, ки ҳукуматро интихоб мекунанд ва иддао доранд, ки Ғарб, масалан Фаронса беҳтар аз ватани онҳост.

“Дидед, дирӯз дар Фаронса чӣ гузашт? Ман онҳоро маҳкум намекунам. Онҳо кори дуруст мекунанд. Дуров бошӣ ва ё ҳар каси дигаре, гуноҳро кардӣ, бояд ҷавоб бигӯӣ. Аммо замоне ки мо бо истифодаи ҳамин усулҳо аз худамон дифоъ мекунем, чаро моро айбдор мекунед?”, мегӯяд Лукашенко.

Ёдовар мешавем, ки Павел Дуров, муассиси шабкаи “Телеграмм” рӯзи 24-уми август ба Фаронса парвоз кард ва расидан баробар фармони боздошти ӯ аз сӯи мақомти Фаронса содир шуд. Худи ҳамон рӯз ӯро пулис дар Фурӯдгоҳи “Ле Бурже” дастгир кард. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Мақомоти Фаронса ӯро бо 12 айбнома муттаҳам мекунад. Аз ҷумла, ӯ бо “пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтишот”, “ҳамроҳӣ дар фаъолияти платформаи онлайн бо мақсади муомилоти ғайриқонунӣ”, “нигоҳдорӣ ва паҳн кардани порнографияи кӯдакона”, “шарикӣ дар харид, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир” ва “пулшӯӣ ва пешниҳоди хидматҳои криптографӣ” айбдор мешавад.

Аввалин суннимазҳаб дар кобинаи президенти Эрон

0

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихобшудаи Эрон рӯзи 26-уми август Абдулкарим Ҳусейнзодаро муовини худ дар умури рушди рустоҳо ва минтақаҳои камбизоат таъйин кард.

Гуфта мешавад, Ҳусейнзода нахустини суннимазҳабест, ки узви кобинаи ҳукумати нав дар Эрон дар 45 соли охир аст. Абдулкарим Ҳусейнзодаи 44-сола аз соли 2012 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ (парлумон)-и Эрон аст.

Масъуд Пизишкиён сабаби интихоби Абдулкарим Ҳусейнзодаро “содиқ ва бо таҷриба будани” ӯ гуфтааст. Вай муовини худро вазифадор карда, ки шароити зиндагии мардумро дар рустоҳо ва дар минтақаҳои “тангдаст” беҳтар гардонад. 

Масъуди Пизишкиён баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 5-уми июл гуфт, барои ташкили ҳукумати “ваҳдати миллӣ” талош мекунад.

Аммо дар феҳристи вазирони пешниҳодияш намояндагони ақаллиятҳои миллиро ворид накард ва бо ин кор зери бори танқид монд. Ин рӯйхат аз 19 вазир иборат буд ва порлумони муҳофизакори Эрон ҳафтае пеш онро пазируфт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш намояндаи суннимазҳаб аз минтақи Букон дар Маҷлис шӯрои исломӣ Қосим Усмонӣ аз Масъуд Пизишкиён башиддат интиқод кард. Ӯ дар хитоб ба Пизишкиён гуфт: “Шумо боиси дилсардии аҳли суннат шудед, қарор буд давлати ҳама ақвом ва мазҳаб ва бесадоён бошед. Ҳатто ҳозир нашудед ба мо бифаҳмонед, ки чаро дар байни нухбагони аҳли суннат ба ҳичкас майдон надодед.”

Дар Эрон аксарияти аҳолӣ пайрави мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ буда, суннимазҳабон то 10% дарсад (ҳудудан 15 миллион) аз аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд.

Ҳодисаи зиндони Волгоград вазъи муҳоҷиронро бадтар кард

0

Муҳоҷирони корӣ дар Русия аз бадтар шудани вазъияти будубош ва шадидтар шудани тафтишот аз сӯи мақомоти интизомӣ дар ин кишвар шикоят доранд.

Ба иттилои бархе аз муҳоҷирони корӣ, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия намояндагони амниятӣ ва интизомӣ тафтишотро дар роҳҳо ва автобусҳо сахт карда, муҳоҷиронро пурра бозҷӯӣ мекунанд. Нерӯҳои амниятӣ махсусан мошинҳои мусофиркашониеро, ки ба муҳоҷирон тааллуқ доранд, ҳатто бо сагҳо ҷустуҷӯ мекунанд.

Сабаби боз ҳам бадтар шудани бархурди мақомоти қудратӣ бо муҳоҷирон ва пурзӯр шудани назоратро баъзе аз коршиносон ба ҳодисаи ахири гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград рабт медиҳанд. Дар ин ҳодиса чаҳор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки дуи онҳо шаҳрванди Узбекистон ва дуи дигар тоҷикони шаҳрванди Русия будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз муҳоҷирони муқими Русия даъват мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд ва ба иғво дода нашаванд. Чун ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград бо иштироки зодагони Осиёи Марказӣ метавонад ба муносибати русҳо ва мақомти интизомии ин кишвар нисбат ба тамоми мардуми Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Дар расонаҳо ҳам шикояти муҳоҷирон аз ҳодисаҳои иғвоангезона бар зидди онҳо дар давоми чанд рӯзи охир ба таври чашмрас бештар шудааст.

Ҳамзамон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбарон мегӯянд, ки ворид шудан ба Русия ҳатто барои донишҷӯёни тоҷик мушкил шудааст, ки онҳоро то 5 соат тафтиш мекунанд ва на ҳама ҳаққи вуруд ба ин кишварро дарёфт мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми августи соли ҷорӣ 4 нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ нигаҳбонони зиндоне дар шаҳри Волгоградро гаравгон гирифтанд. Дар ин ҳодиса 4 зиндонбон кушта ва 3 нафар дигар аз коркунони зиндон захмӣ шуданд. Ҳамчунин аз захмишудани 4 зиндонӣ низ хабар дода шудааст. Ҳамаи 4 нафар аз гаравгонгирҳо дар амалиёти вижае кушта шуданд.

Аммо ин ҳодиса гуфтумонҳо дар бораи зарурати тағйири куллӣ дар сиёсати муҳоҷиратро дигарбора доғ кард. Шӯрои амнияти Русия аллакай ба президент чанд лоиҳаи қонунро барои сахттар кардани қоидаҳои муҳоҷират ироа кардааст. Онҳо чораҳои нав барои тақвияти назорат ба вуруди хориҷиён ва ташдиди муҷозот барои муҳоҷирони ғайриқонуниро дар бар мегирад.

Консулгарии ҷадиди Тоҷикистон дар Шерози Эрон

0

Мақомоти эронӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон барои ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Шерози Эрон истиқбол карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Муҳаммад Фарухзода, муовини устондори Форси Эрон ба расонаҳо гуфтааст, ки мақомоти ин устон дар ҳоли баррасии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Шероз мебошанд.

Пешниҳоди ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Шерозро вазири тандурустии Тоҷикистон зимни сафари худ ба устони Форси Эрон матраҳ карда буд ва ин тарҳ барои ҷалби бештари сайёҳон ва гардишгарони бахши саломату тандурустии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи эрониён қарор гирифтааст.

Ба қавли Муҳаммад, Фарухзода, паймони бародархондагии Шерозу Душанбе нуқтаи мусбате аст, ки метавонад ба густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва ин устон бештар кумак кунад.

Инчунин дар ҳоли ҳозир тарҳи ҷорӣ кардани хатсайри мустақим байни Душанбе ва Шероз низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар сурати ҳаллу фасл шудани ин мавзӯъ вуруди гардишгарони тоҷикистонӣ бидуни раводид ба шаҳри Шероз низ бартараф хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Эрон бо имзои як Ёддошти тафоҳум дар соли 2023 низоми раводид байни ду кишварро аз 10-уми августи соли 2024 лағв карданд. Бар ин асос дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карда буд, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне иҷро мешавад, ки ё аз Душанбе ба Теҳрон парвоз мекунанд ва ё баракс. Аммо касоне, ки аз дигар кишварҳо сафар кардан хоҳанд, ин низом барои онҳо ҷорӣ намешавад.

Тағйирот дар Анҷумани Озодандешон

0

Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, ки яке аз созмонҳои эътилоф дар Паймони миллии Тоҷикистон аст, дар сохтори раҳбарияш тағйирот ворид кард.

Рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон дар фейсбук бо интишори баёнияе хабар дод, ки “Темур Варқӣ шоир, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик аз ҷониби Шӯрои раҳбарии созмон ба унвони раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик интихоб гардид.”

Темур Варқӣ солҳои тӯлонӣ дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон кор карда ва 14 сол хабарнигори бахшии русии радиои ВВС дар Маскав буд.

Анҷумани мазкур соли 2015 таъсис шуда, гурӯҳе аз зиёиён ва дигарандешони тоҷикро гирд овардааст ва пеш аз Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ раҳбарии ин Анҷуманро бар уҳда дошт.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик аҳдофи худро “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа, талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, таҳкими фарҳанги шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ дар ҷомеа ва маҳви хешовандсолорӣ ва ҳарҷу марҷ ва фасодҳои идорӣ” эълон кардааст.

Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон узви “Паймони миллии Тоҷикистон”, як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат аст, ки онро Додгоҳи олӣ, созмони ифротӣ ва фаъолияташро дар кишвар мамнуъ эълон кардааст.

Донистани забони русӣ шарти қабул дар мактабҳои Русия мешавад?

0

Мақомот дар Русия мехоҳанд донистани забони русиро барои фарзандони муҳоҷирон шарти қабул ба мактабҳо қарор диҳанд.

”Рособрнадзор” (Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илм) ин лоиҳаи қонунро пуштибонӣ мекунад ва лоиҳа аллкай ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.

Сабаби зарурӣ будани чунин имтиҳонро мақомот мушкили омӯзгорон гуфтаанд. Тибқи як пажӯҳиши Маркази иқтисодии таҳсилоти давомнок “ИПЭИ РАНХИГС”, 53% омӯзгорони пурсидашуда дар Русия гуфтаанд, ки фарзандони муҳоҷирон ба донистани забони русӣ ва аз худ кардани фанҳои таҳсилоти умумӣ мушкилӣ доранд.

Пештар низ муҳоҷирон аз он шикоят доштанд, ки бисёре аз мактабҳо ба далели ҷой надоштан, фарзандони онҳоро қабул намекарданд. Бо сабаби сахтгирии сабти ном дар ҷои иқомат, фарзандони онҳо дар аксар ҳолат солҳо интизор мемонанд, то ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳоло бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, ислоҳоти нав метавонад таҳсилро барои кӯдакони муҳоҷир дар Русия ғайриимкон кунад.

Дар ҳамин ҳол бархе ҳомиёни ҳуқуқ изҳори умедворӣ мекунанд, ки эҳтимол Думаи давлатӣ ин тарҳро рад мекунад. Чун дар сурати қабул шудани ин қонун, аз соли хониши оянда дар саросари Русия ҳатто барои қабули кӯдакони 7-солаи муҳоҷирон имтиҳони донистани забони русӣ ҳатмӣ мешавад.

Гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград

0

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, рӯзи 23-юми август дар зиндони №9 вилояти Волгогороди шаҳри Суровикини чаҳор зиндонӣ чаҳор зиндонбонро гаравгон гирфтанд.

Гуфта мешавад, чанд нафар аз гаравгонгирҳо дар амалиёти пулис кушта шуданд. “Гаравгонгирӣ ҳангоми ҷаласаи Комиссия интизомӣ рух додааст. Барои озод кардани гаравгонҳо чораҳо андешида мешаванд”, – хабар додааст Хадамоти федералии иҷрои ҷазо Росия.

Аз наворҳои нашршуда дар расонаҳо дида мешавад, ки 4 нафар бо либосҳои зиндонӣ ба зодагони Осиёи Миёна монанд як нафрро асир гирифтаанд, ки бо дастони баста сару рӯяш пур аз хун рӯи замин хобидааст.

Дар дасти муҳоҷимон корд ва парчами монанд ба гурӯҳи терорристи ДИИШ дида мешавад. Онҳо худро “муҷоҳидини Давлати исломӣ” муаррифӣ мекунанд.

Ба иттилои расонаҳо, панҷ гаравгон аз дасти муҳоҷимон фирор ккардаад, ки аз ҷумлаи онҳо раиси зиндон Андрей Девятов низ будааст.

Хабргузории “Интерфакс” гуфтаст, се нафар дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Дар ҳамин ҳол телеграм-канали “Mash” номҳои эҳтимолии 4 ҳамлагаронро нашр карда, онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбукистон гуфтааст.

Манбаъ аз ҳамлагарон Рамзиддин Т. 28-сола ва Темур Х. 29-сола зодагони Узбакистон, Назирҷон Т. 28-сола ва Рустамҷони Н. 23-сола зодагони Тоҷикистон ном бурдааст. Аммо тасдиқи мустақили ин хабар дастрас нест.

Дертар расонаҳо хабар доданд, ҳар ҷаҳор ҳамлагар кушта шудааст. То ҳол вокуниши расмие дар ин бора аз ҷониби кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон нашр нашудааст.