8.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 142

Тамдиди муҳлати ҳабси 8 зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси ҳашт зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайи ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, рӯзҳои 18 ва 19-уми августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи навбатии Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Шамсидин Фаридун, Муҳаммадсобир Файзов, Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода паси дарҳои баста баргузор гардид.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ гумонбар медонанд, ки тибқи он ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бо қарори додгоҳ ин афрод то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд, аммо сабаби барои 3 моҳи дигар дароз кардани ҳабси пешакии онҳо маълум нест.

Маълум нест гумонбарон пас аз судури ин қарор вокунише кардаанд ё не, аммо пас аз мурофиаҳои гузашта чанде аз ин афрод, бар зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ дониста буданд, вале додгоҳ дархости онҳоро барои бозбинии парванда напазируфта буд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Дар пайи ин ҳодиса чандин зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, боздошт шуданд.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст.

Дар чанд моҳи охир дар Русия низ чанд тарҳи нави қонунҳое пешниҳод ва қабул гардиданд, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар хоҳад кард. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

.

Баҳс сари 6 дарсади марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани хати марз дар минтақаҳои ҳассоси байни ду кишвар омода мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, Рӯзҳои 11-ум то 17-уми августи соли ҷорӣ ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ мулоқот карданд. 

Ба қавли манбаъ, ин мулоқот дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор шуда, ҷонибҳо аз ҷузъиёти он тақрибан чизе нагуфтаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфтааст, ки ҷонибҳо дар бораи минтақаҳои боқимондаи марз суҳбат карда, барои аниқ кардани ин қитъаҳои сарҳад боз вомехӯранд.

Гуфта мешавад, аз 987 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон 94 дарсади он муайян шуда, ду тараф барои шаш дарсади дигар ба тавофуқ нарасидаанд.

Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон нуқтаҳое, ки то ҳол аниқ нашудааст дар минтақаҳои марзии вилояти Ботканд ва Суғди Тоҷикистон, ҷойе ки дар гузашта боиси баҳсу ҷанҷолҳои зиёд шуда буд, ҷойгир аст.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешуд, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд то моҳи марти ҳамин сол ба поён мерасад, вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

Даъвати шаҳрвандони нави Русия ба комиссариатҳои ҳарбӣ пас аз ҳамла ба Курск

0

Русия барои бозпас гирифтани манотиқи аз дастдодааш даст ба домони шаҳрвандони ҷадиди худ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, давоми як ҳафтаи ахир даҳҳо нафар аз муҳоҷироне, ки тоза шаҳрвандии Русияро дар Маскав дарёт кардаанд, барои ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва сабти ном кардан даъват шудаанд.

Пеш аз ин Думаи давлатии Русия Қонун дар бораи маҳрум сохтан аз шаҳрвандии Русияро барои сабти ном нашудан дар артиш қабул карда буд. Дар он санад ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳам маълумотро дар бораи мардони довталаб барои гирифтани шаҳрвандӣ ба феҳрист ё реестри қайди ҳарбӣ ирсол мекунанд.

Вакилони Думаи давлатии Русия охири моҳи июли соли ҷорӣ лоиҳаи қонунеро қабул карда буданд, ки бар асоси бандҳои он ин имконро барои мақомот фароҳам кунад, афроде, ки аз сабти ном кардан дар сафи артиш сарпечӣ мекунанд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳанд шуд.

Инчунин, чанд рӯз қабл низ хабар дода шуда буд, ки Думаи давлатӣ метавонад тағйироте дар мавриди боло бурдани синни даъвати шаҳрвандони ҷадиди Русия ва то ду сол афзоиш додани муҳлати хидмати низомиро барои онҳо баррасӣ кунад.

Гӯфта мешавад ҳамчунин намояндагони шӯъбаи тафтишоти ҳарбии 516-и Маскав (ВСУ СКР) ҳамроҳ бо кормандони Раёсати корҳои дохилии ҳавзаи маъмурии шарқии Маскав барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ рейдҳо анҷом додаанд. Рейд дар автовокзали назди истгоҳи метрои Щелковская дар шарқи Маскав ва хобгоҳҳои наздик ба он гӯзаронида шуда аст.

Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон меравад

0

Президенти Қазоқистон бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 19-уми августи соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба шаҳри Душанбе, пойтахти кишварамон меояд.

Ба қавли манбаъ, қарор аст, Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Қазоқистон рӯзи 22-уми моҳи ҷорӣ дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш вориди Тоҷикистон шавад. Сафари давлатии Президенти Қазоқистон 23-юми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикитсон ба поён мерасад.

Инчунин дар рафти ин сафар Президенти Қазоқистон бо раиси Маҷлиси намояндагон ва Сарвазири кишвар ҳам мулоқот хоҳад кард ва сипас маҷмӯе аз санадҳои расмӣ низ, аз ҷумла “Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ” байни ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми ин ду рӯз “музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.” Нишастҳои дигари дуҷониба дар сатҳҳои мухталиф низ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бар асоси арзёбиҳои бархе созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи башар, низомҳои ҳоким дар Тоҷикистон ва Қазоқистон худкома буда, онҳо муштаркоти сиёсие зиёде бо ҳам доранд. Ҳукуматдорони ҳар ду кишвар дар саркӯб кардани мухолифони худ ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ низ муттаҳам мешаванд.

Тоҷикистону Қатар парвозҳои мустақими ҳавоӣ кушодан мехоҳанд

0

Тоҷикистону Қатар мехоҳанд хати парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Даҳваро роҳандозӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми августи соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо Бадр Муҳаммад ал-Мир, директори генералии Ширкати ҳавопаймоии хатсайрҳои қатарӣ (Qatar Airways Group) дар Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо “масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа, инчунин истифодаи самараноки имкониятиҳои сайёҳии ду кишвар муҳокима гардиданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон парвозҳои мустақими худро байни Душанбе ва Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ чанд сол пештар ба роҳ монда ва то ҳол идома доранд, ва дар чанд соли ахир чун теъдоди гардишгарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс зиёд шудааст, ки қасд дорад, бо тамоми кишварҳои минтақа парвозҳои ҳавоии худро ба роҳ монад.

Рӯзи якшанбе – рӯзи дарсӣ

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1-уми сентябри соли ҷориро, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон кардааст.

Сардори маркази матбуотии ин Вазорат ба расонаҳои ҳукуматӣ гуфтааст, ки дар рӯзи истироҳат “Дарси сулҳ” баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамасола дар рӯзи 1-уми сентбяр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронии вежа дорад ва ба эҳтимоли зиёд дарс эълон кардани дар рӯзи истироҳатӣ ба ҳамин рабт дорад.

Раҳмон ҳамеша дар ин рӯз аз солҳои ҷангу вазъияти номуносиб барои таҳсил мисол меораду оморҳои солҳои ҷориро бо оморҳои асри 20 муқоиса мекунад.

Аммо аз ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳаи маориф, аз қабили ришварву фасод, хешутаборбозӣ ва нарасидани кадрҳои мутахассис ба сабаби кам будани маош тақрибан чизе гуфта намешавад.

Тоҷикистон бояд ним миллард доллари қарзашро баргардонад

0

Тоҷикистон бояд то соли 2025 ба андозаи 473 миллион доллар қарзҳои хориҷи худро баргардонад.

Гуфта мешавад, қисме аз ин қарзҳо марбути “Эксимбанк”-и Ҷумҳури мардумии Чин мебошанд. Қаблан Тоҷикистон барои пардохти қазҳои худ солона ҳудуди 200 миллион долар ҷудо мекард. Ду баробар зиёд шудани пардохти пули қарз саволеро ба вуҷуд овардааст, ки оё Тоҷикистон тавони пардохти тақрибан ним миллиард долларо дорад?

Юсуф Маҷидӣ (Хайрулло), муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки “буҷа кишвар тавони пардохти ин қадар маблағро дорад.” Аммо аз кучо ва чӣ гуна мушахас нест.

Ӯ дар идома гуфт, солҳои 2022-2023 даҳ дарсад буҷаи кишварро барои пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо шуда буд ва ҳамин меъёр дар соли оянда ҳам риоя хоҳад шуд. 

Тибқи ҳисобу китоби Вазорти молия соли оянда буҷети Тоҷикистон беш аз 50 миллиард сомонӣ барорбар (4,7 млрд долар)-ро ташкил медиҳад аз ин миқдор пул 5 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзҳо сарф карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати молия вазифадор шудааст, то барои баргардонидани пули евробандҳо аз шарикони рушд боз қарзҳои имтиёзнок дарёфт кунад.

Коршиносони ин соҳа мегӯянд, бори сангини ин қарзҳо ба дӯши андозсупорандагон хоҳад афтод ва ин боиси сол ба сол бало рафтани пардохти андоз мешавад.

Ёдовар мешвем, ки қарзи умумии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба 3,2 миллиард доллар баробар аст ва буҷети кишвар бошад, тақрибан 4,7 миллиард гуфта мешавад. 

Дар рӯйхати кишварҳое, ки Тоҷикистон аз онҳо қазрдор аст, Чин дар ҷои аввал меистад. Тоҷикистон аз Чин 900 миллион доллар, аз муассисаҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиёӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ қарздор аст.

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон расман аз ПМТ хориҷ шуд

0

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки раҳбарияшро Шарофиддин Гадоев бар уҳда дорад, рӯзи 13-уми август бо нашри изҳороте берун рафтани худ аз Паймони миллии Тоҷикистонро расман эълон кард.

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон сабаби хориҷ шуданашро аз сафи ПМТ дар нарасидани ин эътилоф ба аҳдофи пешбинишуда ва инчунин раҳбарии бардавоми Муҳиддин Кабирӣ дар он ва афзоиши шумори аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шӯрои ин эътилоф, ки боиси қабул шудани ҳамаи қарорҳо ба нафъи раиси ҲНИТ мегардад, баён кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки чун Шарофиддин Гадоев хостори истеъфои Муҳиддин Кабирӣ аз мансаби роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон шуд, ҷонибдоронаш ба ҳимояти ӯ бархостанд ва мухолифи ин пешниҳод шуданд ва инчунин Гадоевро ба хиёнат муттаҳам карданд. Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки оё танҳо сабаби ихроҷи Гадоев аз шӯрои ПМТ ҳамин масъала буда ва ё чизе дигаре.

Дар охири изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки маҳз ба хотири “гуфтаҳои боло, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон қатъиян эълон мекунад, ки аз Паймони Миллии Тоҷикистон хориҷ мешавад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки муовини раиси ПМТ Алим Шерзамонов рӯзи гузашта дар мусоҳибае бо Шавкати Муҳаммад дар шабакаи ютубии “ПАЁМ tv” гуфт, ки мақсади ҷаласаи шӯро рондани Гадоев набуд, аммо худи ӯ ба пархошгарӣ ва рафторҳои дағалона гузашт, ки дар охир аъзои шӯро маҷбур шуд барои ихроҷ кардани Гадоев тасмим бигирад.

Шерзамонов мегӯяд, бо вуҷуди рафторҳои дағалонаи Гадоев бо аъзои шӯро барои бақояш дар он танҳо ду овоз намерасид. Ӯ ҳамчунин иддаоҳои Гадоевро дар мавриди ба нафъи Кабирӣ тамом шудани қарорҳои ПМТ рад кард.

Муовини раиси ПМТ инчунин дар мавриди раҳбарии 6-солаи Муҳиддин Кабирӣ, ки Шарофиддин Гадоев онро яке аз сабабҳои хориҷ шуданаш аз ин эътилоф медонад, ишора карда, гуфт, ки ин масъала борҳо матраҳ шудааст, вале шӯро рафтани ӯро напазируфтааст.

Дуздии маблағи зиёд дар идораи коммуналии шаҳри Бохтар

0

Ҳафтаи гузашта Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ аз мушкилоти коммуналӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод.

Ӯ мегуяд, дар ҳоли ҳозир масъулини ин шаҳр тавони ҳалли мушкили патовгоҳоро надоранд ва наметавонанд саривақт партовҳои маркази шаҳрро тоза кунанд. Ӯ хоста, ки Корхонаи коммуналӣ ба ҳисоби шаҳри Бохтар гузаронида шавад. 

Масъулини ин вилоят мегӯянд, чанд сол пеш бо маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллар техникаҳои коммуналӣ харидорӣ карда буданд. Аммо як қисми техникаҳо корношоям шуда, ниёз ба таъмир доранд.

Ба иттилои раисс вилоят, барои таъмири техникаҳои харобшуда аз буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, аммо аз ин маблағ 70 ҳазор сомонияш аз ҷониби масъулони корхони коммуналӣ дуздида шудааст. Вале ӯ мушаххас нагуфт масъуилини кадом бахш ин дуздиро кардаанд ва чанд кас дар ин робита боздошт шудааст.

Сокинони шаҳри Бохтар аз саривақт набаровардони партовҳо шикоят карда, мегӯянд, ҳафтаҳо партовҳо тоза карда намешавад, кӯчаҳо пур аз партов аст ва бӯи бад медиҳанд.

Қаблан Azda Tv дар бораи вазъи бади коммуналӣ дар ноҳияи Восеъ, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар гузориш дода буд.

Баррасии истеҳсоли мис дар Тоҷикистон

0

Чин истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга дар Тоҷикистонро афзоиш додан мехоҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми августи соли 2024, Эмомаллӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба истеҳсоли мис дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки “ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошанд.”

Пештар Радиои Озодӣ дар як матлаби таҳқиқотие аз забони Бобохон Бобохонов, муовини директори корхонаи “Зарафшон” навишта буд, ки “ин кони тилло 2800 коргар дорад ва 98 дарсади онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ӯ гуфт, ки шароити кори коргарон хуб аст ва ширкати “Зиҷинг” чанде пеш ҳуқуқи кор дар ин заминро то 20 соли дигар тамдид кард.”

Корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз соли 2007 инҷониб соҳиби 70 дарсад саҳмияҳои кони тиллои “Зарафшон”-и Тоҷикистон аст. Ин кони тилло, ки дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир аст, 70 дарсад истихроҷи тиллои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Даромад аз истихроҷи тилло тибқи саҳмияҳо байни ин ширкати чинӣ ва ҳукумати Тоҷикистон 70 дар 30 тақсим карда мешавад.

Гуфта мешавад, беш аз 2800 нафар аз аҳолии маҳаллӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон даъво мекунад, ин ширкат онҳоро ба кор таъмин кардааст, ба қавли Бобохон Бобохонов, муовини директори корхонаи “Зарафшон” 2744 нафари онҳо дар ин корхона кор мекунанд, пас маълум мешавад, ки дар дигар корхонаҳои истеҳсоли тилло, нуқра, мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга, ки ин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон молики онҳост, ҳамагӣ ғайри тоҷикистонӣ мебошанд.