17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 145

Боздошти 3 нафар бо гумони фурӯши силоҳи сард

0

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти “Корд” аз ошкор шудани фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард дар ин ноҳия хабар дод.

Дар пайи ин амалиёт 3 сокини пойтахт бо иттиҳоми фурӯши аслиҳаи сард, аз ҷумла кордҳои хурди ҷейбӣ, ки вақтҳои охир куштор ва занозаниҳои хунин бо чунин кордҳо дар байни ҷавонон авҷ гирифтааст, боздошт шудаанд.

Тавре Раёсати Вазорти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар саҳфаи фейсбукияш хабар медиҳад, зимни санҷиш муайян гардида, ки шаҳрвандон Нуралиев Мансури 52-сола, Фозилов Баҳроми 41-сола ва Қошбоев Ҳотами 38-сола ғайриқонунӣ ба фурӯши кордҳои гуногуннавъ, ки ҳамчун аслиҳаи сард шинохта мешаванд, машғул будаанд ва аз ин хотир аз ҷониби кормандони ВКД боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, аз ин шарҳвандон дар маҷмуъ зиёда аз 100 дона корди гуногуни бурандаву халанда дарёфт ва мусодира шудааст. Ва нисбати боздоштшудаҳо тибқи моддаи 492-и Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурӣ парванда боз карда, ҷарима шудаанд.  

Назари боздоштшудаҳо дар ин маврид дастраси расонаҳо нагаштааст ва маълум нест онҳо барои фурӯши чунин кордҳо иҷозати расмӣ доштаанд ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир соинон аз он шикоят мекунанд, ки дар байни навҷавонини пойтахт бо худ гардондани кордҳои хурд ба қавле “муд” шудааст, ки дар аксар ҷанҷолҳои кӯчагӣ аз чунин силоҳҳои сард истифода мешавад.

Мақомдори тоҷик сабаби фишор болои муҳоҷиронро шарҳ дод

0

Мақомоти тоҷик мегӯянд, фишору таъқиб ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия мавқеи расмии мақомоти ин кишвар нест.

Дар ин маврид рӯзи 31-уми июл Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин марказ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳайриддин Усмонзода гуфт, муносибати шаҳрвандони Русия дар баробари муҳоҷирони тоҷикро набояд сиёсати расмии Федратсия Русия талаққӣ кард. Ӯ расонаҳои иттилоотиро омили фишорҳои муҳоҷирон унвон кард.

Ӯ гуфт: “Дар фазои иттилоотии Русия тасаввуроти нодуруст аз муҳоҷирони меҳнатӣ нашр мешавад.” Ва набояд ҳама маълумоти расонаҳоро, ки манбаъҳои иттилоотии худро доранд, ба мавқеи расмии давлатии ин кишвар марбут донист.

Ин дар ҳоле аст, ки Хадамоти давлатии амнияти Федеролӣ, порлумон, Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия батакрор аз танзими муҳоҷират, ихроҷи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ватанашон ва ё бо фишор ҷалб кардани онҳо ба ҷанги Украина сухан мегӯянд. Стратеги тоҷик ин фишорҳоро на танг шудани шароит барои муҳоҷирон, балки талошҳои Русия барои таъмини амнияташ медонад.

Хайриддин Усмонзода дар идома гуфт, “ҳар як кишвар вобаста ба шароите, ки имрӯз дар ҷаҳон мегузарад, барои таъмини амнияти миллии худашон сайъу талош меварзанд. Аз ҷумла, Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. Баъзе аз равандҳое, ки мо мушоҳида мекунем, ин вобаста ба танзими будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ҳаст.”  

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 140 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Баъд аз ин ҳодиса, ки шаҳрвандони Тоҷикстон гумонбарони асосӣ дониста шуданд, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҳама бештар зери таъқибу фишорҳо қарор гирифтанд.

Ҳукми зиндони як мухолифи тоҷик

0

Сулаймон Ҷобиров, собиқ узви “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони ӯ менависад, ки дар мурофиа вакили мудофеъ ва модару падари Ҷобиров ширкат дошта, додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гунаҳкор донистааст.

Ин фаъоли тоҷик дар ҳоле аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” барои 6 сол равонаи зиндон мегардад, ки Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи ин ҳаракат гуфта буд, ки Сулаймон Ҷобиров соли 2016 дар як ҷаласаи созмон довталабона аз узвияти “Гурӯҳи 24” даст кашид ва дигар ҳеч майле барои ҳамкорӣ ё пайвастан нишон надодааст.

Ҷобирови 43-сола зодаи ноҳияи Вахш буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад ва солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор дошт. Ӯ рӯзи 8-уми апрели соли ҷорӣ ба таври мармуз нопадид шуда буд.

Пас аз ду моҳи нопадидшавӣ пайвандонаш ӯро дар як боздоштгоҳе дар Душанбе пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, Сулаймон Ҷобиров моҳи декабри соли 2014 низ дар Русия боздошт ва баъд аз 9 моҳ озод гардид. Мақомоти тоҷик ӯро тайи тақрибан даҳ соли охир таҳти ҷустуҷӯ қарор дода будаанд.

Сулаймон ягона нафаре нест, ки аз Русия истирдод ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ мешавад. Пеш аз ӯ даҳҳо нафар аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ихроҷ гардида, мақомоти тоҷик онҳоро барои муддати дароз зиндонӣ карда буданд. Инчунин афроде низ ҳастанд, ки тақдирашон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, то ҳол аз Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин ҳаракат, ки моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд, хабаре нест.

Тоҷикистон мошинҳои барқии худро месозад

0

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 1-уми август зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, Тоҷикистон тасмим дорад мошинҳои барқии худро тавлид кунад.

Вазири саноат гуфт, ки “Тоҷикистон мехоҳад дар ояндаи наздик истеҳсоли мошинҳои барқии худро ба роҳ монад, ҳоло бо се ширкати чинӣ дар бораи интиқоли технология гуфтушунид идома дорад”.

Шералӣ Кабир таъкид карда, ки дар кишвар ҳамасола барои воридоти маводи сӯхт беш аз 1,5 миллиард доллар сарф мешавад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон кишвари аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой аст ва нерӯгоҳҳои барқии зиёд дорад, “бинобар ин мо бояд ба мошинҳои барқӣ гузарем”.

Ҳоло дар Тоҷикистон чандин ширкатҳои наздик ба писарони раисҷумҳур мошинҳои барқиро аз Чин зиёд ворид кардаанд. Бархе ронандагоне, ки аз ин мошинҳои барқии чинӣ истифода мекунанд, аз бесифат будани ин навъи мошинҳо шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо, инчунин пур кардани батареяи он бо барқ арзон нест, дар ҳоле, ки барқ додани батареяи чунин мошинҳо дар аксар кишварҳо қариб бепул аст.

Тасдиқи боздошти Акбаршоҳ Искандаров

0

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздошти раиси собиқи Шӯрои олии кишвар Акбаршоҳ Искандаровро тасдиқ кард.

Дар ин бора Нозим Маҳмадизода, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ин Академия рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Маҳмадизода, ин сиёсатмадори шинохта ду моҳ пеш дастгир шудааст ва бо сабаби муҳри махфӣ доштани парванда, ҷузъиёти қазияи Искандаровро намедонад.

Гуфта мешавад, Акбаршоҳ Искандаров то замони боздошт мудири Шуъбаи масоили сиёсӣ ва байналмилалии Пажӯҳишгоҳи фалсафа буд ва раиси ин Пажӯҳишгоҳ ба ҷойи кумак ба кормандаш гуфтааст, ки талош мекунанд ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноӣ халал нарасонанд.

Ёдовар мешавем, ки Акбаршоҳ Искандаров дар пасманзари боздошту бозупурсии вакили порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ва вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дастгир шудааст.

Инчунин пас аз ӯ расонаҳо аз боздошти муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва ҳуқуқдони шинохтаву муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов хабар доданд.

То ҳол мақомот сабаби боздошти ин чеҳраҳои шинохта дар кишварро ба ҷуз қазияи Саидҷаъфар Усмонзода шаҳр надодааст.

Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки боздошти ин афрод ба парвандаи Усмонзода рабт дорад, чун Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон ҳисобҳои бонкии Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро баста, дар баробари фишор наздиконашон ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд.

Раиси Конибодом қатлҳои занҷираиро шарҳ дод

0
????????????????????????????????????????????????????????????

Абдусалом Тӯхтасунзода шаҳрдори Конибодом рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ овозоҳо дар бораи пайдо шудани як гурӯҳи қотили занҷираиро рад кард.

Шаҳрдори Конибодом гуфт, пайдо шудани шахсони сиёҳпӯши ниқобдор, ки гуфта мешуд, ба хонаҳои мардум дар шаҳри Конибодом даромада, даст ба дуздиву қатли сокинон задаанд, асос надорад.

Аммо Абдусалом Тӯхтасунзода, тасдиқ кард, ки дар пайи қатлоҳои пайдарпай дар моҳҳои март, апрел ва май боз як гумонбар дастгир карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, боздошти ин гумонбар ба кушторҳои дар деҳаи Санҷидзор рухдода иртибот доштааст. Аммо дар бораи шахсияти гумонбар иттилоъ надод, танҳо гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаҳои деҳаи Санҷидзор аз ҷониби Додситонии кул идома дорад.

Ҳамчунин ӯ гуфт, кушторҳое, ки моҳҳои март, апрел ва майи имсол дар Конибодом рух доданд, ба ҳамдигар ҳеҷ алоқамандие надоранд. Ӯ наворҳои паҳншуда дар интернетро, ки гуфта мешуд, дар шаҳри Конибодом тавасути камераҳои назоратӣ забт шуданд ва марди сиёпӯши ниқобдореро нишон медод, ки вориди хонае мешвад, рад карда, гуфт, “ин наворҳо ба шаҳри Конибодом тааллуқ надорад.”

Ёдовар мешавем қаблан Azda.tv, бо такия бо манобеи худ хабар дода буд, ки гумонбарони қатли занҷираии Конибодом 11 нафар буда, ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Узбекистон дастгир шудаанд. Гуфта мешуд, ҳамаи онҳо зодагони Ҷумҳурии Узбекистон будаанд. Ба иттилои марзбонӣ, изи ангушти боздоштшудаҳо ба изи ангушти ҷинояткорони қатли занҷираии Конибодом шабоҳат доштааст. Аммо ин хабар аз сӯи ҳеч ниҳоди давлатӣ тайид нашуд.

Боздошти корманди Комиссариати ҳарбӣ бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти сардори як шуъбаи Комиссарияти ҳарбии ноҳия Шаҳринав хабар дод.

Ин ниҳод аз боздоштшуда Раҷабзода И.С. ном бурда, менависад, ки ӯ аз 16 январи соли 2023 дар вазифаи сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор мекард.

Зикр гардида, ки Раҷабзода И.С. зимни фаъолияти кориаш ба боварии шаҳрванд Г.Б.С. даромада, аз ӯ барои омода намудани билети ҳарбӣ 31 100 сомонӣ пул гирифтааст.

Дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Ёров И.Р. ва собиқ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳрум Буриев З.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ билети ҳарбиро таҳти силсила ва рақами №892727 омода карда дода, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Г.Б.С. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.“, омадааст дар хабар.

Агентии зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат “нисбати Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карданд” ва аллакай таҳқиқи парванда ба анҷом расида, онро барои судури ҳукми ниҳоӣ ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе фиристодаанд.

То ҳол назари боздоштшудаҳо ва ё адвокати онҳо дастраси расонаҳо нагардидааст. Ва ҳамчунин назари ҷабрдида низ вобаста ба қазияи мазкур маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки кормандони соҳаи низомӣ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир мешаванд. Ҳамасола Агентии зидди фасод даҳҳо корманди давлатиро дар миёни низомиён, омӯзгорон ва ғайра бо ҷурми даст доштан дар фасоду ришва боздошт мекунад, аммо ин мушкилӣ дар кишвар сол ба сол бештар мешаваду кам не.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар Тоҷикистон решакан кардани ришва ва фасоди идорӣ кори саҳлу соддае нест, зеро аз як сӯ агар ангезаи ин корҳо ба маоши ками кормандони давлатӣ рабт дошта бошад, аз сӯи дигар, ин амал дар сатҳҳои болоии ҳукумат ривоҷ дорад ва решаи ҳамаи ин ришваситониҳо мерасад ба худи шахси аввали ҷумҳурӣ ва пайвандону наздиконаш, ки дар чунин сурат аз байн бурдани фасод амри маҳол хоҳад буд.

Шавкати Муҳаммад: Ҳеҷгоҳ даҳони ман баста нахоҳад шуд!

0

Шавкати Муҳаммад, ровии барномаҳои телевизионии “Паём” дар робита ба боздошту зиндонӣ шудани бародараш ибрози назар кард.

Ин мухолифи тоҷик рӯзи чоршанбе, 31-уми июл дар суҳбат бо Azda TV гуфт: “Мо аз расонаҳо фаҳмидем, ки бародарам моҳи март муҳокима шудааст, дар ҳоле, ки бародарам Аслиддин Шарипов якуми октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.”

Ӯ дар идома гуфт, ки “Аз зомони истирдод мо ду моҳ бародарамро ҷустуҷӯ кардкем, баъд аз ду моҳ Прокуратураи генералии Русия ба номаи мо ҷавоб дада гуфт, ки бародари ман дар яке аз боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Баъд аз он танҳо як нафар ба ҳамсари бародарам занг зада, гуфтааст, ӯ адвакати давлатӣ мебошаду мехоҳад аз ҳуқуқҳои бародарам дифоъ кунад. Пул талаб кардааст, ки гӯё бо додарам вомехӯрад, вале бо ҳамин ин адвокат ғайб зад.”

Шавкати Муҳаммад ҳамчунин гуфт, ки ҳатто интиқол ёфтани бародараш аз Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба яке аз зиндонҳои шаҳри Душанберо низ аз тириқи расонаҳо фаҳмидаанд. Ӯ афзуд, ки аз хонаводаашон то ҳол дақиқ намедонад, ки Аслиддин дар кадом зиндон аст ва ҳатто намедонанд зинда аст ё на. 

Ин мухолифи тоҷик мегуяд, бародараш ҳеч гуноҳе надорд ва агар ҳадафи мақомоти Тоҷикистон “бастини даҳони ман бошад, ҳеҷгоҳ даҳони ман баста нахоҳад шуд.”

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммадро барои 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ин бора рӯзи 29-уми июл Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар дод. Ин расона навишт, ки муҳокимаҳои додгоҳии Шарипов дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир шуда, моҳи марти соли ҷорӣ ҳукми ӯ содир шуда буд. Вале то кунун ҳатто наздиконаш дар ин бора хабар надоштаанд.

Чанде аз кумита ва созмонҳои ҳуқуқӣ боздошту зиндонӣ шудани Аслиддин Шариповро маҳкум карданд. Аз ҷумла, Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ Тоҷикистон, ки дар Аврупо фаолият дорад, бо интишори баёнияи зиндонӣ шудани Шариповро маҳкум карда, ҳукми эълоншуда алайҳи ӯро ноодилона хонда ва хостори озодии ӯ шудааст.

Вокуниши ҷомеаи тоҷик ба террори Исмоил Ҳания дар Эрон

0

Террори Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС дар сартосари ҷаҳон аз раҳбарони сиёсӣ то мардуми оддӣ вокунишҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷумла, корбарони тоҷик дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар карда, андешаҳои худро коштаанд. Бархе аз корбарон ҳукумати Эронро айбдор дониста, мегӯянд, ки Исроил ҳар вақт ва ҳар киро хоста, тавониста, ки дар дохили Эрон террораш кунад ва мақомоти истихборотии ин кишвар аз чунин ҳодисаҳо натавонистаанд пешгирӣ кунанд.

Абдулло Давлатов, пизишки маъруфи тоҷик ва муқими Русия дар ин ҳодиса ҳукумати Эронро гунаҳкор дониста, мегӯяд: “Аз рӯзе, ки инҳо худро “ҳомӣ”-и Фаластин эълон кардаанд, масоҳати Фаластин рӯз то рӯз тангтар шуд, муборизони зиёдаш қатл шуданд, худи фаластиниҳо ба ду гурӯҳи оштинопазир тақсим шуданд…”

Ҳамчунин корбаре бо номи Олим Сафолов навишта, ки “Бояд вазорати дифоъу вазорати амнияти Эрон ба ҳабс кашида шаванд. Ин як шармандагист барои як кишваре, ки даъвои бузургӣ мекунад.”

Ва чанд нафари дигар низ ба ҳамин маъно мақомоти Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳатто натавонист дар пойтахти кишвараш амнияти меҳмонашро ҳифз кунад.

Аммо бархе дигар аз корбарон, ки аз ин интиқодҳо ба хашм омаданд, гуфтугӯро ба сӯи баҳсҳои мазҳабӣ кашондаанд.

Ҷудо аз ин ду назари муқобили ҳам корбарони дигаре бар ин назаранд, ки таваҷҷуҳ ба ҳодисаи кушта шудани раҳбари ҲАМОС барои тоҷикон муҳим нест. Сӯҳроби Рустам менависад, ки “ба мо чӣ? Худо аввало мардуми сарбаланди Тоҷик сиҳату саломат бошад, араб моро чунон кушту кушту кушт, ки нимамон тамом шуд, тамаддуни бузурги аҷдодони моро нест кард, дороиҳои моро бурд, мардуми моро ба ду равия ҷудо карда ҷанг ангехту ҳукумат кард, ки то ҳол мо якдигарро чашми дидан надорем.”

Дар ин миён бархе дигар аз корбарон масъаларо аз нигоҳи сиёсӣ таҳлил кардаанд. Аз ҷумла корбаре бо номи Зайнаб Мансурова навишта, ки “…ҷанг фаросоишӣ шуда, нафас кашидани Ҳания бар зарари сармоягузорони ҷанг буд. Тароҳону сармоягузорони ҷанг гумон намекарданд, ки ҷанг фаросоиши шавад, аммо шуд, барои расидан ба оташбас бояд Ҳаниаро аз байн мебардоштанд….ин сиёсат ҳаст.”

Ёдовар мешавем, ки раҳбари сиёсии ҲАМОС Исмоил Ҳания барои иштирок дар маромиси савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён ба эрон сафар карда буд. Субҳи имрӯз дар пайи як ҳамлаи террористӣ ба ҷои истиқоматаш дар шаҳри Теҳрон Исмоил Ҳания кушта шуд. Аз лаҳзаи ҳамла ангуштҳо ҳама ба сӯи Исроил ишора мешаванд. Аммо мақомоти Исроил то ҳанӯз ин ҳодисаро ба таври расмӣ на такзиб карда ва на таъйид.

Исмоил Ҳания дар Теҳрон кушта шуд

0

Бомдоди имрӯз ба вақти Теҳрон раҳбари сиёсии Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Теҳрон кушта шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, бомдоди рӯзи 31-уми июли соли 2024, Сипоҳи посдорони Инқилоби Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кард, ки Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС дар пойтахти Эрон кушта шуд.

Дар баёния Сипоҳи посдорони Эрон гуфта шуда, ки “бомдоди имрӯз маҳалли иқомати ҷаноби оқои дуктур Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии муқовамати исломии Ҳамос дар Теҳрон мавриди исобат қарор гирифта ва дар пайи ин ҳодиса ишон ва як нафар аз муҳофизинаш ба шаҳодат расиданд.”

Сипас ҲАМОС ҳам бо таъйиди ин хабар эълон кард, ки “раҳбари муҷоҳиди ин ҳаракат шаҳид Исмоил Ҳания пас аз ширкат дар маросими савангандёдкунии раисҷумҳури ҷадиди Эрон бар асари ҳамлаи исроилиҳо дар маҳалли иқоматаш дар Теҳрон ба шаҳодат расид.”

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин ҳам гуфта, ки “террори Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС “як иқдоми буздилона будааст.” Инчунин Мӯсо Абӯмарзуқ ҳам аз раҳбарони ин ҳаракат ба расонаҳо террорри раҳбари сиёсии ин ҳаракатро “амали буздилона” хонд ва таъкид кард, ки “ин кор бепосух намемонад.”

Шабакаи Аларабия ҳам дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки маҳалли иқомати раҳбари сиёсии Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин аз роҳи дур тавассути мушак мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Аз сӯи дигар, вазири мероси фарҳангии Исроил ҳам дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки пас аз кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари ҲАМОС ҷаҳони хубтаре хоҳем дошт.

Мақомоти амниятии Исроил ҳам эълон кардаанд, ки ин кишвар ҳарими ҳавоии худро аз хатти “хадро” то шимоли Исроил баста эълон мекунад.

Мақомоти Эрон эълон кардаанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва ҷузъиёти он баъд аз анҷоми таҳқиқот нашр хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳо, дар рафти ҷангҳои ахир байни фаластиниҳо дар навори Ғазза ва Исроил зиёда 70 нафар аз аъзои хонавода ва наздикону пайвандони Исмоил Ҳаниа аз ҷониби Исроил кушта шуда буданд.

Гуфта мешавад, Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС солҳои ахир хориҷ аз Фаластин дар давлати Қатар зиндагӣ мекард. Аммо ҳодисаи қатли ӯ дар Теҳрон, пойтахти Эрон, он ҳам дар назустин рӯзи кории президенти ҷадиди ин кишвар вокунишҳои зиёдеро дар дохили Эрон ва берун аз он ба бор овардааст.

Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС 29-уми январи соли 1962 дар урдугоҳи аш-Шотӣ дар навори Ғазза ба дунё омада буд. Соли 2006 Нахуствазири ташкилоти худгардони Фаластин интихоб шуд. Баъд аз чанд муддат ӯро аз қудрат барканор карданд. Сипас аз Ромулло ба Ғазза рафта, идораи умури Ғаззаро ба уҳда гирифт. Вай соли 2017 раиси Дафтари сиёсии ҲАМОС интихоб шуд.