Хона блог саҳифа 147

Ҳазорҳо корманди давлати собиқи Афғонистон беиҷозати Толибон ҳаққи сафар надоранд

0

Бар асоси як номаи расмии Толибон дар соли 2025, зиёда аз 8 ҳазор нафар аз афрод ва кормандони давлатии пешини Афғонистон ҳаққи хориҷ шудан аз ин кишварро надоранд.

Дар ин нома, ки аз тарафи Раёсати назорат ва таъқиби фармонҳои Толибон омода шудааст, таъкид шуда ки ин афрод бо сабаби доштани даҳҳо сафҳа парванда ҷиноӣ ҳаққи хуруҷ аз кишварро надоранд.

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, дар фармонаш такид карда, ки ин афрод бе иҷозати хаттии ӯ ҳаққи хуруҷ аз Афғонистонро надоранд.

Дар ин мактуб омадааст, ки агар мақомҳои Толибон низ парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ дошта бошанд, бидуни иҷозати раҳбари Толибон ҳаққи хуруҷ аз кишварро надоранд.

Таҳлилгарони афғонистонӣ мегӯянд, ин дарҳоле аст, ки Толибон пас аз ба қудрат расидан эълон карда буданд, ки мақомҳои давлатии пешини Афғонистонро “ъафв” карданд, ҳоло бошад барои онҳо садҳо сафҳа парванда сохтаанд.

Бархе аз расонаҳои мухолифи Толибон, хабар доданд, ки чанде пеш як гурӯҳи ҳакерӣ садҳо сафҳа аз санадҳои чандин вазоратҳои муҳими Толибон, аз ҷумла Раёсати таъқиби фармонҳоро дар интернет нашр кардааст.

Дар мактуби раҳбари Толибон дар бораи чузъиёти парвандаҳои мақомҳои пешин иттилоот дода нашудааст, вале ба гуфтаи бархе собиқ кормандони давлатии ҳукумати Ашраф Ғанӣ, чунин ба назар мерасад, ки раҳбарони имрӯзаи Афғонистон мехоҳанд мақомҳои пешинро бо иттиҳомоти мухталиф гунаҳкор кунанд.

Бар асари тирпарронӣ дар мактабе 10 нафар кушта шуд

0

Бар асари тирпарронӣ дар мактабе дар шаҳри Эребруи кишвари Шветсия 10 нафар кушта шудааст. 

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи мудҳиш 200 км дуртар аз шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шветсия дар муассисаи таълимӣ барои калонсолон, ки дар паҳлуи он мактаби кӯдакона ҷойгир буд, рух додааст. 

Нашряиҳои маҳалӣ дар аввал танҳо аз марги 6 нафар хабар доданд аммо дертар пулис расман кушта шудани 10 нафрро тасдиқ кард, ки дар байни кушташудагон худи муҳоҷим низ ҳаст. 

Ҳодиса тахминан соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ дар як маркази таълимӣ барои калонсолон бо номи “Комвукса” ба вуқуъ пайваст. Гуфта мешавад, дар ин муассиса асосан онҳое таҳсил мекардаанд, ки мактаби ибтидоӣ ва миёнаро хатм накардаанд. Муҳоҷим дар ҳоле аз силоҳи оташфишон истифода бурда, ки барои истифодаи он иҷозатнома доштааст. 

Пулис то ҳол ҳувияти муҳоҷимро ошкор накарда аст. Танҳо ҳаминқадар маълум аст, ки аз пеш муҳоҷим дар қайди пулис набуда аст ва дар танҳоӣ амал карда, аъзои кадом гурӯҳу созмоне ҳам нест. Ҳамчунин пулис то ҳол дар ин ҳамла ягон ангезаи террористиро ошкор накардааст. 

Тоҷикистон: САҲА наметавонад раванди интихоботро назорат кунад

0

Мақомоти Тоҷикистон ба кормандони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо додани аккредитатсияро замонат надодааст.

Дар ин бора САҲА 4-уми феврали соли ҷорӣ дар сомонаи расмии худ хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳоди байналмилалӣ, мақомоти Тоҷикистон ба кормандони САҲА аккредитатсияро замонат надодаанд ва нозирони ин созмон наметавонанд бар раванди интихоботи парлумонии кишвар назорат кунанд.

“Мо хеле нороҳатем, ки назорати мо бар раванди интихоботи парлумонии ояндаи Тоҷикистон ғайримумкин шудааст”, мегӯяд мудири дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) Мария Телолион.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки шуруи маъмурияти назорат бар ин интихобот аз 22-уми январ шуруъ шуда буд, вале то ҳол кормандони САҲА натавонистаанд иҷозати фаъолият дарёфт кунанд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол 2-уми март баргузор мегардад. Дар интихоботи парлумонии имсол Ҳизби сотсиал-демоктрат, ки дар интихоботҳои гузашта фаъол буд, ширкат намекунад. Дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон вакилони худро барои номзадӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Қарор аст мардум вакилони худро барои Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон интихоб кунанд, вале ба гуфтаи мунтақидони Ҳукумат ва таҳлилгарон, тамомии ҳизбҳои дигар бо ҳизби ҳоким ҳамсу буда ва мустақил нестанд.

Коршиносони мунтақид низ бар ин назаранд, ки номзадҳои парлумонӣ ба хотири истиқлол надоштан наметавонанд садои мардум бошанд ё дар қонунгузориҳои кишвар саҳми мутсақим дошта бошанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, ба далели пайравии ин ҳизбҳо аз ҳизби ҳоким тамомии қонунҳо ва тарҳҳое, ки ба тасвиб мерасанд, ба манфиати ҳизби ҳоким ҳастанд.

Дар гузориши САҲА омадааст, ки ҳама кишварҳои узви ин созмон, арзиш ва самаранок будани назорати “Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон”-ро ба расмият мешиносанд. Ин созмон мегӯяд, барои назорати раванди интихоботҳо барои ҳама кишварҳо равиши ягона ва дақиқро ба кор мегирад.

Ҳукмҳои сангини чеҳраҳои шинохта ва як модари тоҷик

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон 8 нафар аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар бо шумули як модари соҳиби ду фарзанди хурдсолро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Мурофиаи ахири додгоҳии онҳо 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки пайвандону рӯзноманигорон баргузор гардид.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ ҳукмҳо чунинанд:

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 18 сол зиндон;
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар умум ин афродро ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гунаҳкор кардааст.

Назари чеҳраҳои шинохта, наздикон ва вакилони мудофеашон дар мавриди ҳукмҳои сангин то ҳол дастрас нест. Аммо дар мурофиаҳои гузашта, ки додситон аз додрас ва муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода барояшон аз 17 то 30 соли зиндонро талаб карда буд, онҳо худро бегуноҳ хонда, гуфта буданд, ки муфаттишон барои қабули иттиҳомот болояшон фишор овардаанд ва аз додгоҳ талаб карда буданд, ки озодашон кунад.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон аз 12-уми июни соли 2024 оғоз ёфт. Собиқ додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. Инчунин Юсуф Раҳмон дар моҳи августи соли гузашта гуфта буд, ки “боздоштшудаҳо зиёданд”, аммо то ҳол номи нуҳ нафари онҳо дастраси расонаҳо шудааст.

Дар миёни гумонбарони парвандаи пурсару садои “табаддулот” ягона зан Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов мебошад, ки додситонӣ нисбати ӯ бо моддаи “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

То ҳол маълум нест, мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳомоти сангин кунаҳкор кардаанд, аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”.

Рухшона Ҳакимова то эълони ҳукм бо сабаби фарзанди хурдсол ва ширхора доштан дар озодӣ қарор дошт, аммо асноду мадорикашро мақомот гирифта буду ҳаққи тарки ҷойи зист ва суҳбат бо расонаҳоро надошт.

Гуфта мешавад, ин модар ва рӯзномагори тоҷикро пас аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд ва додрас нигоҳубини фарзандонашро, ки яке дувунимсола ва хурдиаш ҳамагӣ даҳмоҳ дораду ширхора аст, ба уҳдаи наздиконаш вогузоштааст.

Пас аз эълони ин хабар мухолифон ва созмонҳои ҳуқуқӣ ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодии беқайду шарти ӯро талаб кардаанд.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон талаби мухолифонашу созмонҳои ҳуқуқиро ҳамеша нодида гирифта, сол ба сол ҳабсу фишор болои дигарандешонро бештар мекунад. Ҳоло дар зиндонҳои режими Раҳмонов садҳо фаъол, рӯзномагор, ҳомии ҳуқуқ, мухолифу дигарандеш бо иттиҳомоти сохта қарор доранду адои ҳукм мекунанд.

Боздошти боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия

0

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 “Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) бори дувум аст, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия боздошт мешавад.

Бино ба иттилои “Гурӯҳи 24”, ин фаъоли сиёсӣ рӯзи 23-уми январи соли ҷорӣ боздошт ва ба маркази истирдоди интиқол ёфтааст. Ҳоло вакили дифоаш барои истирдод нашудани ӯ ба Тоҷикистон талош дорад.

Боздошти ин узви “Гурӯҳи 24” дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ дорои иқомати муваққатии кишвари Туркия буда, аз соли 2016 дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ дорад ва номаш аз соли 2018 дар дафтари Комисарияти Олии Созмони Миллал, дар умури паноҳандагон ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ сабт гаштааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демократӣ даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар дар ин қазия дахолат ва барои озодии Бобоев Фирӯз талош кунанд. Чун кишвари Туркия ҷои амн барои озодандешон нест ва ҳар дақиқа имкон дорад Бобоевро ба Тоҷикистон истирдод кунанд ва дар кишвар имкон дорад ӯро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кунанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия бори аввал Бобоевро бо дархости режими Раҳмонов моҳи августи соли 2024 боздошт намуда, беш аз 2 моҳ дар маркази истирдодии шаҳри Чанқалла нигоҳ дошта буданд.

Ёдовар мешавем, ки Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли 2024 ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гашта буданд.

Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе будани онҳоро тасдиқ кард ва моҳи октябри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон Насимҷон Шариповро ба 20 ва Суҳроби Зафарро ба 30 соли зиндон маҳкум кард.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар 88-солагӣ даргузашт

0

Пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон, шоҳзода Карим Оқохони IV дар умри 88-солагӣ дар шаҳри Лиссабон, пойтахти Партугалия даргузашт.

Дар изҳорати хонаводи Оқохон чунин омадааст: “Аълоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони 4, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон ва аз авлоди бевоситаи паёмбар Муҳаммад (с) рӯзи 4 феврали соли 2025 дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон оромона даргузашт”.

Расонаҳо навиштаанд, ки хонаводаи Оқохон ду аср пеш аз Форс ба Ҳиндустон фирор карда буданд. Аммо худи Карим Оқохони IV дар Швейтсария ба дунё омада ва бо вуҷуди шаҳрванди Бритониё буданаш бештари умри худро дар Фаронса сипарӣ кардааст. Ӯ соли 1957, пас аз марги бобояш Оқохони 3 дар 20-солагӣ имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон шуд.

Гуфта мешавад, соли 2023 Бунёди Оқохон барои пешбурд ва дастгирии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, муҳити зист ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон, дар маҷмуъ 58,13 миллион фунт стерлинг (муодилаи беш аз 72 миллион доллар) ҷудо кардааст.

Оқохони IV бори аввал соли 1995 ба Тоҷикистон омада буд ва бо пайравони худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидор карда буд. Рӯзи нахустин мулоқот бо пайравон дар 25-уми май ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи исмоилиёни ҷумҳурӣ ҳамчун “Рӯзи Нур” таҷлил мешавад.

Охирин сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 сурат гирифта буд. Ӯ дар соли 2022 ду бор вобаста ба ҳодисаҳои хунини Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронӣ карда буд.

Нигарониҳо аз паҳншавии маводи мухаддир дар байни ҷавонони тоҷик

0

Дар байни ҷавонони кишвар истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддири “Амфетамин” афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора рӯзи 3-уми феврали соли 2025 зимин нишасти матбуотӣ Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод. 

Бино ба иттилои Зафар Самад, бештари қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид карда мешавад. Ӯ мегӯяд, дар умум мусодираи маводи мухаддир коҳиш ёфта бошамд ҳам, аммо соли 2024 мусодираи моддаҳои психотропӣ ду баробар ва мусодираи маводи мухаддири синтетикӣ нисбат ба солҳои қаблӣ се баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи сардори Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, то 31-уми декабри соли 2024, 4,014 нафар муътод ба маводи мухаддир ба таври расмӣ сабти ном шудаанд, ки ин омор 146 нафар камтар аз соли 2023 мебошад. Гуфта мешавад, дар байни ин афрод 110 зан ва 5 хурдсол низ сабт гардидаанд.

Ӯ  иддао мекунад, ки шумори муътодон дар Тоҷикистон камтар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва Стратегияи миллилии назорат бар маводи мухаддир (2021-2030) ба коҳиш ёфтани теъдоди мубталоён ба маводи мухаддир кумак кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2024 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз мусодираи 4,3 тона маводи мухаддир гузориш додаанд, ки ин 17 дарсад камтар аз соли 2023 будааст.

Бо ин ҳол ба гуфтаи мақомот, соли гузашта 839 ҷурми марбут ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон сабт гардидааст, ки ин омор ҳам 140 адад бештар нисбат ба соли гузашта мебошад. 

Ба гуфтаи масъулини Агентӣ, қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз барои Тоҷикистон як мушкили ҷидддӣ ба шумор меравад.

Амфетаминҳо як гурӯҳи доруҳои стимулятории синтетикӣ мебошанд, ки ба системаи марказии асаб таъсир мерасонанд ва барои табобати камтаваҷҷуҳӣ, бешфаъолӣ, камбуди ҳушёрӣ ва дигар бемориҳои асаб мавриди истифода қарор мегиранд. Бо вуҷуди ин истифодаи дарозмуддат ё нодурусти ин мавод метавонад хатароти ҷиддӣ дошта бошад ва аз ҷумла, шахсро ба нашъамандӣ ё ихтилолоти асабӣ оварда расонад.

Дар зиндони шаҳри Ваҳдат чӣ гузашт?

0

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иддао дорад, ки дар “ошӯб”-и зиндони Ваҳдат 3 маҳбусро ба қатл расондааст. Аммо ба дасти Azda.tv ҳадди ақал номи 7 маҳбусе расид, ки кушта шудаанд.

Бино ба иддаои ин ниҳод, 3-уми феврали соли ҷорӣ, соати 15:44, 9 маҳбуси Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда ба нигаҳбонҳо ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 3 корманди муассиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш мегӯяд, ки раҳбари тозатаъйини зиндони шаҳри Ваҳдат ва муовинаш шадидан захмӣ шудаанд.

Инчунин Вазорати адлияи кишвар мегӯяд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса зиндонбонон аз силоҳи оташфишон истифода бурда, 3 маҳбусро кушта ва боқимондаи онҳоро дастгир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз даргирие дар зиндони куҳнаи шаҳри Ваҳдат ва кушта шудани 10 зиндониву захмӣ шудани 4 нигаҳбону чандин маҳбуси дигар хабар дода буд.

Аммо то ҳол ба дасти Azda.tv акс ва номи 7 маҳбусе расид, ки дар ин “ошӯб” кушта шудаанд ва ҳадди ақал аз ҳукми 3 нафари онҳо камтар аз 2 сол боқӣ монда буд. Тибқи маълумоти ба дасти Azda.tv расида, мақомот ҷасадҳои маҳбусонро ба пайвандонаш насупорида, онҳоро шабона пинҳонӣ ба хок супордаанд.

Номи маҳбусоне, ки то ҳол ба дасти Azda.tv расидаанд:

  1. Ҳасанов Суҳроб Сафармадович, соли таваллуд 09.02.1991 буда, ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 31.10.2018 ва саннаи озодӣ 31.10.32)
  2. Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович, соли таваллуд 07.03.1986 буда, ба 7,6 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 17.05.2019 ва саннаи озодӣ 17.11.26)
  3. Тилабов Али Тилабович, соли таваллуд 10.07.1993 буда, ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 10.07.2021 ва саннаи озодӣ 10.07.35)
  4. Орузев Шаҳзод Ҷамшедович, соли таваллуд 21.05.2001 буда, ба 19 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 27.05.2021 ва саннаи озодӣ 27.05.40)
  5. Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич,соли таваллуд 25.09.1984 буда, ба 12,6 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 12.02.2013 ва саннаи озодӣ 12.08.25)
  6. Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович, соли таваллуд 14.06.1984 буда, ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 01.08.2023 ва саннаи озодӣ 01.08.36)
  7. Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович, соли таваллуд 07.03.1988 буда, ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 02.09.2024 ва саннаи озодӣ 02.09.26)

То ҳол маълум нест, ки чаро Вазорати адлияи кишвар шумори кушташудаҳоро камтар нишон дода, номи онҳоро то ҳол нашр накардааст. Ҳамзамон бо гузашти 1 рӯз аз ин ҳодиса дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ҳодисаро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки маҳбусон дар натиҷаи ошӯб кушта шудаанд ё ошӯбе сурат нагирифтааст.

Аммо ин бори аввал нест, ки дар зиндонҳои кишвар ва маҳз дар зиндони шаҳри Ваҳдат задухӯрдҳои суолбарангезе, ки боиси марги зиндониён мешавад, сар мезананд.

Аз ҷумла, шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.

Чаро Аврупо мехоҳад қонуни муҳоҷиратро бознигарӣ кунад?

0

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Қатъномаи соли 1951 дар бораи паноҳҷуёнро бознигарӣ кунад.

Ин Қатънома кишварҳоро аз напазируфтан ва бозпас фиристодани паноҳҷуён ба кишварҳое, ки онҳоро хатар таҳдид мекунад, боз медорад. Ин тағйирот метавонад яке аз муҳимтарин тағйирот дар сиёстаи муҳоҷирати Аврупо дар даҳсолаи ахир бошад. 

Ба навиштаи The Times, дар Аврупо бар ин боваранд, ки Қатъномаи мазкур дигар чандон ба дард намехӯрад, зеро он пас аз ҷанги дуюми ҷахонӣ таҳия шуда, ниёз ба бознигарӣ дорад. 

“Лозим ба зикр аст, ки ин қатънома дар шароити комилан мухталиф таҳия шуда буд, ки имрӯз ба вазъити геополитикӣ комилан мувофиқ нест”, омадааст дар хабар. 

Бояд гуфт, ки ин Қатънома дар соли 1951 таҳия шуда, аз сӯи 144 кишвари дунё қабул шудааст. Он таъаҳҳудоти қонунии кишварҳоро дар барои ухдадориҳо ва напазируфтани паноҳҷӯён муайян мекунад.

Ҳоло кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо муҳоҷирати афзоянда рубарӯ шудаанд, ки миллионҳо паноҳҷӯ дар ин кишварҳо талаби паноҳандагӣ кардаанд. Аз сӯи дигар Аврупо ҳазорҳо паноҳҷӯе, ки ба талаби панохандаигяишон ҷавоби рад гирифтаанд, наметавонад ихроҷ кунад. 

Ҳамчунин гуфта мешавад, теъдоди дархостҳои паноҳандагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон зиёд арзёбӣ мешавад. Танҳо соли гузашта шумори онҳо беш аз як миллион нафар будааст. Ин қисман боис шуда, ки норозигии мардум аз ин низом бештар шавад ва ҳамчунин сафи тарафдорони ҳизбҳои миллатгаро ва радикалии популистӣ дар саросари Аврупо афзоиш ёбад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки “баъзе муҳоҷирон ба ҷомеаи мизбон мутобиқ намешаванд, балки ба ҷои он ҷомеаҳои алоҳида ташкил мекунанд, ки дар онҳо меъёрҳо ва қоидаҳои аз арзишҳои аврупоӣ дуршуда метавонанд парвариш карда шаванд”.

Бояд дар бораи баргардонидани афроде, ки ба амнияти давлат таҳдид мекунанд ё собиқаи ҷиняткорӣ доранд ва хусусан агар ҳаққи иҷозати доимро гирфтаанд, ба кишварҳо сеюм андешида шавад. 

Ҳамингуна гап дар бораи на ҳамаи муҳоҷирон, балки афроде, ки ба талаби паноҳҷуӣ ҷавоби рад гирфитаанд ё ҷиноят содир кардаанд, меравад.

Масъалаи муҳоҷират ҳоло ба яке аз мушкилоти асосӣ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо табдил ёфта, ҷузъи барномаҳои пешазинтихотии аҳзоб, бахусус ҳизбҳои муҳофизакор гаштааст. Ҳамзамон ин падида фурсати бештареро барои пешсаф шудан дар рақобатҳои интихоботӣ ба ин ҳизбҳо низ додааст. 

Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт

0

Собиқ додситони кул ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амнияти кишвар таъйин шуд.

Фармони ба ин вазифа таъйин кардани ӯро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми феврал содир кардааст.

Одатан дар Тоҷикистон мақомдорони қудратӣ пас аз расидан ба синни бознишастагӣ барои кор дар Шӯрои амнияти кишвар фиристода мешаванд, вале индафъа ба ин мақом таъйин шудани Юсуф Раҳмони 58-сола суолҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Юсуф Раҳмон, ки беш аз даҳ сол додситони кулли кишвар буд, 23-юми январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор шуда буд.

Дертар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон қабул кард.

Инчунин аъзои Маҷлиси миллии кишвар розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кулли кишвар таъйин шавад.

Дар замони раҳбарии Юсуф Раҳмон ин ниҳоди қазоии кишвар ба ниҳоди саркӯбгари мухолифону озодии баён табдил ёфта, дар Тоҷикистон боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани фаъолону хабарнигорон бештар шуда буд.