11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 149

Мулоқоти сафир бо раиси ИҶОМ

0

Сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон (ИҶОМ) дар Давҳа мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми июли соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон дар Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.”

Дар ҷамъи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, созмонҳои исломии ҳомии ҳуқуқи мусалмонон, фаъолони ҷаомеи маданӣ ва шахсиятҳои шинохтаи таъсиргузор дар олами исломӣ раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон Шайх Алӣ Қарадоғӣ низ бо нашри як номаи боз мустақим ба худи Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо интиқод карда буд.

Пеш аз ин Шайх Алӣ Қарадоғӣ бо нашри як номаи боз хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Манъи ҳиҷоб, гузоштани қоидаҳои сахт дар масҷидҳо, манъи гузоштани номҳое, ки асли арабӣ доранд, манъи либосҳои анъанавии исломӣ, манъи риш, манъи ворид шудан ба масҷид барои занон ва кӯдакони зери синни 18-сола, манъи шахсони аз 40-сола поён барои рафтан ба Ҳаҷ, манъи таҳсил дар донишгоҳҳои исломии берун аз Тоҷикистон, манъи воридоту содироти китобҳои исломӣ бидуни иҷозати расмӣ, инчунин манъи истифодаи баландгӯякҳо барои пахши азон ва манъи ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ исломӣ ва ғайра.” ҳама хилофи қонунҳои шариати исломӣ ва ба зарари мусалмонони тоҷикистонӣ равона шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳукумат пас аз он ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расму ойини миллӣ”-ро дар таҳрири нав қабул намуд, маҳдудиятҳо болои мусалмононро зиёдтар ва ҷаримаҳоро сангинтар кард. Дар пайи ин иқдом мақомоти тоҷик мавриди интиқодҳои зиёде ҳам дар дохил ва дар хориҷи кишвар қарор гирифт.

Ба назар мерасад, ин мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси ИҶОМ Шайх Алӣ Қарадоғӣ маҳз ба хотири нармтар кардани мавқеи ин Иттиҳод нисбат ба сиёсатҳои саркӯбгарона ва маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дуздӣ аз фонди кумакҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкор гардидани дуздӣ аз фонди кумакҳои хориҷӣ дар ноҳияи Фархор хабар дод.

Гуфта мешавад, дар ҳукумати ноҳияи Фархор бархе мансабдорое фаъолият мекунанд, ки аз фонди кумакҳои хориҷӣ, ки барои дастгирии ниёзмандон ва сокинони камбизоати маҳал маблағ ва дигар маводҳои зарурӣ ҷудо шудааст, бо роҳҳои фиребкорӣ дуздӣ мекунанд.

Агентии зидди фасод навишта, ки дар шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор санҷиши молиявию – хоҷагидорӣ гузарониданд. Санҷиш нишон дода, ки “аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 аз ҳисоби воситаи фондҳои кӯмаки хориҷии Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд ба шуъбаи кишоварзии МИҲД Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ноҳияи Фархор 374 999 кг тухмиҳо ва нуриҳои минералӣ ворид гашта, он барои нигоҳдорӣ ва тақсимоти минбаъда ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазири ноҳия ба мутахассиси пешбар – муҳосиби ҳамин шуъба Исмоилов Т.С. вобаста карда шуд.”

Бино ба навиштаи Агентии зидди фасод, дар ин давоми 6 моҳ “Исмоилов Т.С. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ… 20805 кг тухмиҳо ва нуриҳои менералиро бо арзиши умумии 204 822 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш” масараф кардааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолати нисбати Исмоилов Т.С. бо моддаҳои 257 қисми 3 банди “в”, 314 қисми 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аллакай тафтишоти пешакии он ба поён расид ва он барои судури ҳукм ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ҳоли исботи гуноҳ барои Исмоилов танҳо мутобиқи моддаҳои 257 қисми 3 банди “в” ӯро ҷаримаи ҳангуфт ва ё аз 7 то 12 сол зиндон интизор аст. Ҳамчунин моддаҳои дигари КҶ, ки дар парвандаи ӯ илова шудаанд, ҳар кадом 3 ва 5-солӣ зиндон ва ё ҷаримаҳои вазнинро пешбинӣ мекунанд.

То ҳол назари худи гумонбар ва ё вакили дифоу наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик, бахусус муҳосибони ниҳодҳои давлатӣ аз фондҳои хайриявӣ ва буҷети давлатӣ дуздиҳои зиёд мекунанд, боздошт ҳам мешаванд, вале бархе онҳо чанде пас ба курсии худ бозмегардад ва фаъолиятро идома медиҳад.

Шаҳрро чӣ гуна аз партовҳо тоза нигоҳ дорем?

0

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки мардум партовҳои худро дар ҷойҳои муайяншуда намегузоранд ва бо ин корашон кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро олуда мекунанд.

Тоза нигоҳ дошатани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ки мо зиндагӣ мекунем, вазифаи ҳар як шаҳрванд кишвар буда, натанҳо тозагӣ боиси зебогии шаҳру маҳаллаи худ мегардад, балки боиси саломатии ҷомеа низ мешавад.

Аммо мутасифона, дар бисёр ҳолат аз тарафи шаҳрвандон тозагӣ риоя намешавад ва сокинон партовҳои худро дар ҷойҳои муайяншуда намеандозпнд, ки ин боиси нопоку ифлос гаштани кӯчаву шаҳр мегардад, махсусун дар гармии ҳаво, ки боиси бӯи бад ва паҳн гаштани бемориҳо мешавад.

Аз ҷумла, истифодаи аз ҳад зиёди зарфҳои палостикӣ ва қутии обҳои нӯшокӣ, ки аз маводи маснуӣ тавлид мешванд, боиси олудаги муҳити зист гаштааст.

Масъулони шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аз сокинон илтимос ва хохиш кардаанд, ки бо тозагӣ диққат дода, қутиҳои палостикӣ ё зарфҳоро баъд аз истифода ба ҷӯйбору рӯдхонаҳо напартоянд.
Ин мушкил танҳо мушкили ин ноҳия набуда, дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои калони кишвар ҷуйборҳо пур аз қутиҳои плостикӣ ва хасу хошок аст.
Дар баъзе аз ҷойҳо мардум аз оби ин ҷӯйборҳо барои нӯшинад истифода мекунанд.

Истифодаи зиёд аз маҳсулоти палостикӣ ва набуди шароити дурусти коркарди он хатари афзоянда ба муҳити зист мешавад. Мутахассисони СММ мегӯянд, ки соле 400 миллион тонна пластик истеҳсол мешавад ва нисфи он бо ҳадафи истифода якдафъаина аст. Як инсон соле 50 ҳазор пластикро истифода карда ба табиат мепартояд.

Дар Тоҷикистон ҳам истифода аз паластик зиёд аст, ҷамъоварии зарфҳои паластикӣ ба як даромади ночизи гурӯҳҳои камбизоат табдил шудааст.

Тоҷикистон: 8 миллиард барои обу ҳаво

0

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд як тарҳи 8 миллиард доллариро роҳандозӣ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон як тарҳи молии муҳитизистиеро ба маблағи 8 миллиард доллар ба роҳ андохтанд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳи бузурги молӣ расидан ба ҳадафҳои Саҳми Миллии Муайяншуда (NDC) дар кишвар то соли 2030 арзёбӣ шудааст. Ин тарҳ сармоягузориҳои заруриро барои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири иқлим пешбинӣ мекунад.

Ин тарҳи молии 8 миллиард долларии мавриди ниёзи Тоҷикистон, то соли 2030 барои дастёбӣ ба ҳадафҳои созгор бо тағироти обу ҳаво ва коҳиш додани таъсири манфии гармшавии замин чунин эълон шудааст;

  • Хатарҳои шадиди муҳитизистӣ: Обшавии пиряхҳо, обхезӣ ва ноамнии ғизо дар кишвар, бахусус дар ҷамоатҳои деҳот, ки онҳоро таҳдид мекунад.
  • Сармоягузориҳои ҳамаҷониба: Таваҷҷӯҳ ба энергияи (нерӯи) барқароршаванда, нақлиёти(ҳамлунақл) сабз, кишоварзии устувор ва ғайра.

Хонум Шэнни Кэмпбелл, директори БОР дар Тоҷикистон, гуфт: “Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои осебпазири иқлим дар Осиёи Марказӣ аст ва бо хатарҳои ҷиддии иқлимие рӯбарӯ мебошад, ки метавонад ба хисороти бебозгашти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист оварда расонад. Таъсир ба ҷамоатҳои деҳот, ки қисми асосии аҳолиро ташкил медиҳанд, махсусан ба занон, пиронсолон ва кӯдакон сахттар хоҳад буд.”

Тоҷикистон солҳост миллиардҳо доллар барои мубориза бо гармшавии замин, муҳити зист ва рушди кишоварзӣ дар деҳот ҷалб мекунад, аммо маълум нест, ин ҳама сармоя чигуна сарф мешаванд?Бархе коршиносони иқтисодӣ ҳам дар ин робита бар ин боваранд,ки тарҳои молии муҳитизистӣ ба яке аз роҳҳои пурдаромади мақомоти Тоҷикистон таблид гашта, боиси рушди фасод дар Тоҷикистон шудаанд.

Бонки Осиёи Рушд дар ҳоле аз тарҳи 8 миллиард долларӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли 2009 ширкати аудити “Ernst & Young”, ки як ширкати маъруфи байналмилалӣ аст, исбот кард, ки собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва собиқ муовини нахуствазири кишвар Муродали Алимардонов 850 миллион доллар аз кумакҳои байналмиллиро дуздида аст ва барои ин расвоии молияш ҳукумати Эмомлаи Раҳмон Алимардоновро ба ҷавобгарӣ накашид ва созмонҳои молии байналмилалӣ низ талаби барқарори хисороти молиро накарда буданд.

Боздошти Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ

0
Акс аз саҳфаи Фейсбукии проф. Шокирҷон Ҳакимов ба орият гирифта шудааст

Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикисон аз ҷониби мақомоти прокуратура боздошт шудааст.

Бино ба иттилои манбоеи Azdo.tv, 12-уми июли соли 2024 Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) тавассути мақомоти кишвар боздошт шудааст.

Ба қавли манбаъ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро мақомоти прокуратура дар шаҳри Душанбе барои як суҳбат даъват карда буданд, аммо вақте ба 12-уми июли моҳи ҷорӣ ба назди онҳо рафт, дигар аз ҷо ба хона барнагашт.

То замони таҳия ва нашри ин матлаб ҳеч ниҳоди расмие аз мақомоти прокуратура ва ё мақомоти милиса ва амнияти Тоҷикистон боздошти муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба сурати расмӣ барои расонаҳо шарҳ надодааст. Назари наздикону пайвандон ва ё адвокати ин ҳуқуқдони шинохтаи кишвар ҳам дастрас нест.

Раҳбарони мухолифин ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти профессор Шокирҷон Ҳакимовро маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол меравад, мақомоти прокуратура муовини раиси ҲСДТ-ро бо иттиҳоми даст доштан ва ё ҳамроҳ будан бо собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Сайҷаъфар Усмонзода боздошт карда бошанд.

Гуфта мешавад, профессор Шокирҷон Ҳакимов, ҳамчун як олим ва яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон то замони боздошт бидуни хавфу ҳаросе назари худро дар бораи бисёре ҳодисаву рӯйдодҳои кишвар тариқи расонаҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекард.

Ин нахустин нафар аз раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нест, ки тайи камтар аз 10 соли ахир боздошт шудааст, балки пеш аз профессор Шокирҷон Ҳакимов, адвокати шинохта Бузургмеҳр Ёров ва сипас Маҳмурод Одинаев ҳам боздошт шуда, ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Боздошти марди 59-солаи тоҷикистонӣ дар Олмон ба иттиҳоми қатли ҳамсар

0

Мақомоти олмонӣ як марди 59-солаи тоҷикистониро бо иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои олмонӣ, як марди 59-солаи тоҷикистонӣ ҳамсари 45-солаашро дар натиҷаи латукӯб ба қатл расондааст.

Ба қавли манбаъ,, ин ҳодиса тақрибан ду ҳафта пеш, рӯзи якшанбеи 30-юми июни соли ҷорӣ дар кӯчаи Паркштрассаи минтақаи Темпелхофи Берлин рӯх додааст. Мақомоти полиси Берлин соати дуи шаби 30-юми июн ҷасади беҷони зани 45-соларо дар хонааш пайдо карда аст. Ҳамсари тоҷикистонии ӯро ҳам бо иттиҳоми қатли занаш боздошт кардаанд.

Вебсайти berlin-live.de ба нақл аз як манбаъ ки аз он “БЗ” ёд кардааст, менависад, ки ин хонавода аз Тоҷикистон ба Олмон муҳоҷират кардаанд ва солҳост дар Берлин зиндагӣ мекарданд, ва соҳиби 10 фарзанди аз 1-сола то 24-сола буданд.

Панҷ фарзанди ноболиғи онҳо ҳамроҳи волидайнашон зиндаги доштанд ва 5 фарзанди болиғашон мустақилона ва ҷудо аз падару модарашон мезистанд, навиштааст, ин расонаи олмонӣ.
Полис фарзандони ноболиғи онҳоро ҳамроҳи ду ҳайвони хонагӣ ба ҷои амн интиқол дода ва аз онҳо нигоҳу бин дорад.

Сухангӯи полиси Берлин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст: “Ин зани 45-сола захмҳои зиёде дар сараш дошт, аз ин рӯ, бар асоси шавоҳид, тахмин мезананд, ки ин зан дар натиҷаи латукӯби шадид ва ҷинояти хашин ҷонашро аз даст додааст”.

Гуфта мешавад, назари марди 59-солаи тоҷикистонӣ, ки ба қатли занаш муттаҳам шудааст, дастрас нест ва то замони нашри ин хбар ҳам назари Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, ва инчуни ҷузъиёти ин қатл ва ангезаи қатли зан, ки гӯё ба дасти шаврҳараш кушта шудааст, барои АЗДО ТВ дастрас нашуд, дар сурати дастрасӣ ба маълумоти бештар ин хабар такмил хоҳад дода мешавадашт.

Баъди латукӯби сарбоз раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз вазифа барканор шуд

0

Раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки як сарбозро латукӯб карда буд, аз вазифа барканор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 18-уми июли соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки Зоҳир Муминзода, раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як сарбозро дар вақти адои вазифаи хидматиаш латукӯб кардааст.

Президенти Тоҷикистон, ки дар ҷаъми намояндаҳои мақомоти қудратӣ ва дигарон суҳбат мекард, латукӯби сарбозро тавассути Зоҳир Муминзода, раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро рафтори “ғайриоинномавӣ” хондааст.

Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон низ дар бораи ин масъала шарҳу тафсирҳои зиёде на дода, танҳо гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба латукӯби сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ, ки Зоҳир Муминзода ба худ раво дидааст, “таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.”

Пеш аз ин Радиои Озодӣ бо истиноди ба манобеи худ хабар дода буд, ки “рӯзи 8-уми июл сарбозони марзбон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳаш санадҳояшро барои шиносӣ пешниҳод кунад. Раиси додгоҳ баҳс мекунад ва аз мошин поён шуда, Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбониро мушт мезанад.”

Гуфта мешавад, латукӯби сарбозҳо дар Тоҷикистон тавассути ҳамсафон, ва раҳбарони худ борҳо расонаӣ ва вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор оварда буданд, аммо ин дафъа ба қавли худи Эмомалӣ Раҳмон як сарбоз ва он ҳам дар вақти адои вазифа тавассути раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Назари худи гумонбар ба ин ҷиноят ва ё ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон рафтори “ғайриоинномавӣ”-и собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дастрас нест. Ҳамзамон чун судяҳо дар Тоҷикистон мақоми дахлнопазирӣ доранд, дигар мақомоти кишвар низ то ҳол эълон накардаанд, ки баъд аз барканории ӯ аз мақомоти судӣ барои ин латукӯби сарбоз Фирӯз Атовуллоев алайҳи Зоҳир Муминзода парванда боз кардаанд ё на?

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

0

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 16-уми июли соли 2024, Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин мулоқот дар шаҳри Душанбе кардааст.

Ба қавли манбаъ, Люк Девен, сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/ сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки ин созмон ба Тоҷикистон 141 миллион евро кумакҳои қарзӣ ва грантӣ ҷудо мекунад.

Люк Девин дар шаҳри ин эълони худ гуфтааст, ки “Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 141 млн. евро грант ва қарзҳои имтиёзнок, аз ҷумла 101 млн. евро грант ҷудо менамояд.”

Гуфта мешавад, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот”, ва ғайра низ суҳба кардаанд.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

0

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 16-уми июли соли 2024 гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ бо нашри як гузориш гуфтаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон “ба сабаби фурӯши тило, харҷи давлатӣ барои сохтмонҳои азим ва зербунёдҳо ва аз хориҷ бетанаффус омадани пули муҳоҷирон” тавсеа ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, омилҳои дигари берунӣ ба мисли арзон шудани нархи сӯзишворӣ, хӯрока ва ғайра, ки Тоҷикистон онҳоро аз хориҷ ворид мекунад, низ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак кардаанд.

Гуфта мешавад, тибқи арзёбии гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ум 8,3 фоиз ва дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳам то 8.2 дар сад тавсиа ёфтааст. Аммо ин нигарониҳо низ вуҷуд доранд, ки бо сахтар шудани қонун ва қоидаҳои будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русия ва камтар шудани даромади онҳо дар моҳҳои оянда дубора рушди иқтисоди Токиҷистон камтар шавад.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 2,5 миллион муҳоҷир дорад, ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ҳолати сахтар шудани қоидаҳои будубош, ихроҷи онҳо аз Русия ва ё зиёдтар шудани буҳрони бекорӣ дар байни муҳоҷирон иқтисоди Тоҷикистон зарар бибинанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

0

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 17-уми июли соли 2024, Исматулло Насредин, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Люк Девин, муовини мудири департаменти Хадамоти амалиёти берунаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Россия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо “маҷмӯи масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро” мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон бо ин “ҷонибҳо оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки хеле аз мақомоти кишварҳои ғарбӣ Эмомалӣ Раҳмонро як президенти худкома дар минтақа эътироф мекунанд, аммо аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина муносибати онҳо бо Тоҷикистон гармтар шудааст.

Дар зоҳир Тоҷикистон дар ин ҷанг сиёсати бетарафиро ихтиёр намуд, ин кор нигарониҳои мақомоти ғарбӣ ва бархе кишвару созмонҳои ҳомии Украинаро ба вуҷуд овард. Ба бовари онҳо, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Душанбеи расмӣ дар дур задани таҳримҳои алайҳи Русия ба Маскав кумак кунад.