Мулоқоти сафир бо раиси ИҶОМ

Сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон (ИҶОМ) дар Давҳа мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми июли соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон дар Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.”

Дар ҷамъи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, созмонҳои исломии ҳомии ҳуқуқи мусалмонон, фаъолони ҷаомеи маданӣ ва шахсиятҳои шинохтаи таъсиргузор дар олами исломӣ раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусалмон Шайх Алӣ Қарадоғӣ низ бо нашри як номаи боз мустақим ба худи Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо интиқод карда буд.

Пеш аз ин Шайх Алӣ Қарадоғӣ бо нашри як номаи боз хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Манъи ҳиҷоб, гузоштани қоидаҳои сахт дар масҷидҳо, манъи гузоштани номҳое, ки асли арабӣ доранд, манъи либосҳои анъанавии исломӣ, манъи риш, манъи ворид шудан ба масҷид барои занон ва кӯдакони зери синни 18-сола, манъи шахсони аз 40-сола поён барои рафтан ба Ҳаҷ, манъи таҳсил дар донишгоҳҳои исломии берун аз Тоҷикистон, манъи воридоту содироти китобҳои исломӣ бидуни иҷозати расмӣ, инчунин манъи истифодаи баландгӯякҳо барои пахши азон ва манъи ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ исломӣ ва ғайра.” ҳама хилофи қонунҳои шариати исломӣ ва ба зарари мусалмонони тоҷикистонӣ равона шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳукумат пас аз он ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расму ойини миллӣ”-ро дар таҳрири нав қабул намуд, маҳдудиятҳо болои мусалмононро зиёдтар ва ҷаримаҳоро сангинтар кард. Дар пайи ин иқдом мақомоти тоҷик мавриди интиқодҳои зиёде ҳам дар дохил ва дар хориҷи кишвар қарор гирифт.

Ба назар мерасад, ин мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси ИҶОМ Шайх Алӣ Қарадоғӣ маҳз ба хотири нармтар кардани мавқеи ин Иттиҳод нисбат ба сиёсатҳои саркӯбгарона ва маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.