10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 152

Чаро хабари боздошти директори Филармония баҳсбарангез шуд?

0

Собиқ директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари боздошташ иттиҳоми аз худ кардани маблағҳоро рад кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 9-уми июни соли 2024, Кароматулло Раҳимзода, падари овозхони шинохтаи тоҷик Ситораи Кароматулло, собиқ директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабари боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи худ ва иттиҳоми аз худ кардани 830 ҳазор маблағҳои корхонаро рад кардааст.

Кароматулло Раҳимзода ба хабаргузории “Азия-Плюс“, гуфтааст, ки он маблағро ӯ нагирифтааст ва пас аз он ки “Директори Филармонияи давлатӣ нав шуд ва ӯ дархост кард, ки фаъолияти молиявии корхона санҷида шавад. Дар пайи санҷиш баъзе мушкили муҳосибот ва ҳуҷҷатҳои сари вақт дурустнакардаи молиявӣ маълум гардид. Маро ҳамчун роҳбари пешини ин муассиса даъват карда, ба баъзе саволҳо посух гирифтанд, аммо нисбати ман парванда боз нашудааст”.

Пеш аз ин, нахуст саҳфаи фейсбукии Агнентии назорати давлтии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва сипас саҳфаи фейсбукии “Паёми Душанбе” хабари боздошти Кароматулло Раҳимзодаро нашр карда буданд. Сомонаи “Радиои Озодӣ” ҳам ин хабарро ба нақл аз “Паёми Душанбе” нашр карда буд. Аммо баъдтар ҳам саҳфаи фейсбукии Агнетӣ ва ҳам “Паёми Душанбе” хабари боздошти ӯро ҳазф карданд.

Баъд аз расонаӣ шудани вокуниши собиқ директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Кароматулло Раҳимзода, мудири бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” Салим Айюбзод, гуфт: “Барои нашр кардани хабари ниҳодҳои давлатӣ, ки гӯё “хато кардаанд”, расонаҳо ва журналистон гунаҳкор нестанд. Хабар манбаъ дошт ва расонаҳо онро нашр карданд. Ҳоло ин масъулияти манбаъ, яъне ниҳоди давлатист, ки биёяд ва ҳамаи воқеиятро расман шарҳ диҳад. Дар акси ҳол шубҳае пеш меояд, ки оё дар ивази чӣ ин хабар аз байн бурда шуд. Аз Радиои Озодӣ ҳам талаб карда шуд, ки хабарро пок кунанд. Пешниҳоди ришва ҳам шуд барои аз байн бардоштани хабар. Кӣ медонад, паси парда чӣ гузашт? То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад.”

Гуфта мешавад, дар хабарҳои расмӣ таъкид гардида буд, ки “Раҳимзода аз моҳи феврали соли 2020 раҳбари “Филармонияи давлатӣ” буд ва дар ин давра бо сармуҳосиб Баҳриддинов С. ва соҳибкор Яқубов Ш. маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳо”-ро бо роҳи сохта аз худ кардааст. Мақомот ӯро ба гирифтани 830 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 78 ҳазор доллари амрикоӣ) муттаҳам карда буданд.

Каромуттулло Раҳимзода, соли 2020 Афзалшо Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷикро дар курсии раҳбарии Филрамонияи давлтии Тоҷикистон иваз карда буд. Вай пеш аз он ки ба ин курсӣ такя занад, директори мактаби мусиқии шаҳри Душанбе ба номи Миратулло Атоев буд.

Оғози музокироти Исроилу ҲАМОС

0

Имрӯз чоршанбе, 10-уми июл ҳайатҳои музокиракунанди Исроилу ҲАМОС ва кишварҳои миёнҷигар дар Давҳаи Қатар барои азсаргирии музокирот мулоқот мекунанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, имрӯз ҳайати Исроил, аз ҷумла раисони ниҳодҳои истихборотии ин кишвар МОССАД ва Шабак ва масъули парвандаи асирон ба Давҳа сафар карданд. Хабаргузории “Ройтерз” ҳам аз як манбаи худ таъйид карда, ки дар ин давраи музокирот Дэвид Барнеа, раиси истихбороти Исроил МОССАД шахсан иштирок хоҳад кард.

Тавре манбаъ таъкид мекунад, кишварҳои Миср, Қатар ва Амрико барои дастёбӣ ба тавофуқи ягона ва поён додани ҷанги Исроил дар Навори Ғазза, ки 9 моҳ боз идома дорад, талош доранд музокиротро аз сар бигиранд ва худи имрӯз бояд дар пойтахти Қатар мулоқот кунанд.

Гуфта мешавад, ҳайати музокиракунандагон бо мақсади дастёбии ҳарчи зудтар ба тавофуқи оташбас ва поён додани ҷанг рӯзи панҷшанбе гуфтугӯро дар Қоҳираи Миср идома медиҳанд.

Ҳамчунин манбаъ навишта, ки ин бор байни тарафҳои музокиракунанда нуктаҳои иттифоқии бештар вуҷуд дорад ва умед меравад натиҷаи малмус ба даст биёяд.

Музокирот дар ҳоле оғоз мешавад, ки артиши Исроил аз дирӯз ҳамлаҳои шадидеро дар чанд шаҳри Ғазза оғоз кардааст ва дар пайи ин бомборон кардани хонаҳои маскунӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷангандаҳои исроилӣ болои мардум навиштаҷотҳоеро партоб мекунанд, ки дар онҳо аз мардум хоста шуда, ки Навори Ғаззаро ба куллӣ тарк кунанд, зеро “Ғазза рӯзҳои наздик ба майдони ҷанги сахт табдил ёфта ва барои муддати тӯлонӣ хатарноктарин макони минтақа боқӣ хоҳад монд.”

ҲАМОС мегӯяд, ки ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ва куштани кӯдакону занони бегуноҳ ва инчунин монеъ шудан ба воридоти ғизо ва даво раванди музокиротро печидатар мекунад.

Бино иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза то кунун 38 ҳазору 295 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсадашонро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 88 ҳазору 241 нафари дигар бар асари ин бомборонҳои бевақфаи Исроил дар Ғазза захмӣ шудаанд.

Ҳамлаи Русия ба як бемористон дар Киев ва нишасти Шӯрои амнияти СММ

0
epa11467114 Medics carry a little girl and equipment at the site of a missile strike on the 'Okhmadyt' children's hospital in Kyiv, Ukraine, 08 July 2024, amid the Russian invasion. Russia massively attacked Ukraine with missiles on 08 July, striking the cities of Kyiv, Dnipro, Kryvyi Rih, Sloviansk and Kramatorsk. More than 40 missiles of different types were launched, striking residential buildings, infrastructure, and a children's hospital. At least 33 people have been killed and 140 others injured across Ukraine, according to Ukraine's State Emergency Service (SESU). In Kyiv, where at least 22 people were killed and 74 others were injured, SESU added. EPA/VLADYSLAV MUSIIENKO Dostawca: PAP/EPA.

Артиши Русия рӯзи душанбе ба шаҳри Киеви Украина ҳамла кард. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҳамла як бемористони кӯдакона мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар пайи ҳамла ба бемористон 36 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо нашри паёме гуфт, ки Русия шаҳри Киев ва дигар шаҳрҳоро бо беш аз 40 мушак бомборон кард.

Гуфта мешавад, дар давоми чанд моҳи ахир ин бузургтарин ҳамлаи Русия ба шаҳрҳои Украина маҳсуб мешавад. Зеленский иддао карда, ки артиши кишвараш интиқоми ин ҳамлаҳоро мегиранд.

Вазорати дифои Русия ҳамла ба бемористони кӯдаконаро рад карда, мегӯяд, бо ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои ҳавоӣ ва корхонаҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор дода буд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои маҳкум кардани ҳамлаи Русия ба бемористони кӯдакона нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. 

Дабири кулли СММ ва дигар мақомҳои баландпояи кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо “бисёр вазнин”, “такондиҳанда”-ву “харобиовар” унвон карданд.

Амрико, Бритониё, Фаронса, Словения ва Эквадор хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ шуданд. Қарор аст, ин нишаст имрӯз, 9-уми июл баргузор шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, Исроил бо тамоми бераҳмӣ кӯдакони Ғаззаро мекушад, бемористонҳоро ҳамроҳи табибону беморон бомборон мекунад ва ҳоло расидани тамоми навъи обу ғизоро мамнуъ кардааст, вале СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ лаб фурӯ бастаанд ва чунин вокуниши сареъ, ки барои Украина карданд, барои Ғазза надоранд.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев

0

Рӯзҳои 1-ум то 6-уми июли соли ҷорӣ ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ мулоқот карданд. 

Ин мулоқот бо раҳбарии раисони Кумитаи давлатии милии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шудааст.

Дар хабари ҷониби Тоҷикистон мисли ҳамеша аз ҷузъиёти ин мулоқот чизе гуфта нашудааст. Танҳо зикр гардида, ки ҷонибҳо ба баррасии масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои корӣ барои идома додани кор дар ин самт супориш доданд. Ва низ гуфта шуда, ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид”.

Маълум нест, ҷонибҳо дар ин нишаст ба кадом қитъаҳои боқимонда ба мувофиқа расиданд ва чӣ санадҳои наверо ба имзо расондаанд.

Мулоқоти раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки пас аз боздошти чеҳраҳои шинохта дар кишвар ба мисли Сайидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров ва дигарон, сарусадо дар бораи боздошту бозпурсӣ ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани Саймуъмин Ятимов расонаӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд ва ва баъзе нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Пештар раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саимумин Ятимов гуфта буд, ки то ин дам ҷонибҳо ба таъйин ва аломатгузории беш аз 90% хати марзи муштараки ду кишвар, ки дар маҷмуъ 987 км-ро ташкил медиҳад, ба мувофиқа расидаанд. Бино ба иддаои ӯ, нуқтаҳои муайян нашудаи марзи ду кишвар камтар аз 100 километр боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешуд, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд то моҳи марти ҳамин сол ба поён мерасад, вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

Мулоқоти сафири Амрико бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон

0

Рӯзи 8-уми июл раиси Бонки миллӣ Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Амрико Мануэл П.Микаллер мулоқот карда, масълаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро барасӣ кардаанд.

Дар мулоқоти сафири Амрико бо раиси Бонки миллӣ масоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар баррасӣ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон хостори ҷалби куамкҳои молӣ ва техникии Амрико дар самти бонкдорӣ ва низоми идораи молиявии кишвар шуд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии гуфтугӯи ҷонибҳо ин муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ буда, ҳамзамон “таҳкими суботи молиявӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) ва арзёбии сифати аудити дохилӣ”-низ ба миён гузоштанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор дошта, ки “ҳамкорӣ дар самти ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ барои нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт” ва ғайра идома хоҳад кард.

Боздошти падари Ситораи Кароматулло

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти собиқ директори Филармонияи давлатӣ хабар дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Кароматулло Раҳимзода, падари овозхони шинохтаи тоҷик Ситораи Кароматулло, собиқ директори Филармонияи давлатиро бо иттиҳоми аз худ кардани садҳо ҳазор маблағҳои буҷетӣ боздошт кардааст.

Сомонаи “Радиои Озодӣ” ба нақл аз саҳфаи фейсбукии “Паёми Душанбе” хабар додааст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон собиқ директори Филармонияи давлатиро ба гирифтани 830 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 78 ҳазор доллари амрикоӣ) муттаҳам медонад.

Ба қавли манбаъ, “Раҳимзода аз моҳи феврали соли 2020 раҳбари “Филармонияи давлатӣ” буд ва дар ин давра бо сармуҳосиб Баҳриддинов С. ва соҳибкор Яқубов Ш. “маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳо”-ро бо роҳи сохта аз худ кардааст.”

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ шудааст, ки то ҳол на худи гумонбар – Кароматулло Раҳимзода ва ё адвокати ӯ ва наздикону пайвандонаш дар бораи ин иттиҳоми мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар тариқи расонаҳо нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, Каромуттулло Раҳимзода, соли 2020 Афзалшо Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷикро иваз карда буд. Вай пеш аз он ки ба курсии раҳбарии Филармонияи давлатӣ такя занад, директори мактаби мусиқии шаҳри Душанбе ба номи Миратулло Атоев буд.

Муҳоҷирони тоҷикро боз ба Русия роҳ надоданд

0

Мақомоти Русия даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро баъд аз 5 рӯзи банд мондан дар фурӯдгоҳи Шереметевои Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, субҳи 3-юми июл ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурӯдгоҳи Бохтар ба шаҳри Маскав парвоз карданд, вале масъулини фурӯдгоҳи Шереметево ба онҳо иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надоданд.

Ба муҳоҷирон дар ин фурӯдгоҳ ҳатто иҷозат надодаанд, ки аз дохили “сумкаҳои худ нон гирифта хӯранд. Кормандони фурӯдгоҳ онҳоро маҷбур карданд, аз дастгоҳе, ки обу шоколад дорад ва нархаш хеле гарон аст, ягончиз харида хӯранд.” 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, шаҳрвандони дигар кишварҳо бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.

Ин муҳоҷирони тоҷикро баъд аз 5 рӯз, яъне субҳи 8-уми июл ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Пештар аз ин, рӯзҳои 14 ва 24-уми июни соли ҷорӣ, мақомоти рус дар фурӯдгоҳи Внуково ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба ин кишварро надода буданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанд рӯз дар ин фурӯдгоҳ дармонда буданд, гуфтанд, аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд. Инчунин ба ин муҳоҷирон гуфтаанд, ки то се моҳ ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надоранд.

Ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар ҷавонон ҳастанд, занону кӯдакон ва мардони калонсол, инчунин шаҳрвандони дигар кишварҳо тамоман бо чунин монеа рӯ ба рӯ нашудаанд.

Мақомоти рус то ҳол сабаби роҳ надодани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба хоки Русия шарҳ надодаанд.

Аммо гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус” ва боздошти 12 зодаи Тоҷикистон, вазъи нохуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз ҳам бадтар шудааст.

Нахуствазири Тоҷикистон ба Президенти Тотористон: “Шумо одами худи мо ҳастед”

0

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов ба ӯ гуфт, шумо одами худи мо ҳастед.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 8-уми июли соли 2024, Назуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов дар шаҳри Екатеринбурги Русия мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот Қоҳир Расулзода баъд аз расонидани паёми Президенти Тоҷикистон ба Президенти Тотористон таъкид кард, “Аз дидори шумо шодем ва мо дар ҳар куҷое шуморо бибинем, хеле хурсанд мешавем, зеро шумо одами худи мо ҳастед”.

Инчунин дар ин мулоқот таъкид гардидааст, ки то моҳи майи соли 2023 гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тотористону Тоҷикистон ҳудуди 36 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, вале дар як соли ахир ин нишондиҳанда ба 6 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳоле Президенти Тотористонро дар намоишгоҳи саноатии “Иннопром” ва он ҳам дар ҷамъи намояндаҳои воситаҳои ахбори омма “шумо одами худи мо ҳастед”, гуфтааст, ки Прокурори генералии Тоҷикистон моҳи гузашта Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро ҳамроҳ бо чанд нафари дигар ба он муттаҳам карда буд, ки мехостанд дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.

Пизишкиён президенти нави Эрон интихоб шуд

0

Дар даври дуюми интихоботи президентии Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуд Пизишкиён нуҳумин президенти мунтахаби ин кишвар эълон шуд.

Саид Ҷалилӣ ва Масъуд Пизишкиён дар даври дуюми интихобти президентӣ, ки рӯзи 5-уми июл баргузор шуд, бо ҳам рақобат карданд. Комиссияи марказии интихоботи Эрон эълом кард, ки дар ин давраи интихоботи президентӣ 30 миллиону 530 ҳазору 157 нафар овоздиҳанда ширкат карданд, ки Пизишкиён бо касби беш аз 16 миллион овозҳо, ки зиёда аз 53 дарсади овозҳоро ташкил медиҳад, президенти мунтахаби давлати нуҳуми Эрон гашт.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, ба Саид Ҷалилӣ 13 миллиону 538 ҳазору 179 нафар ё 44 дарсади мардум овоз додаанд. Ҳамчунин дар ин марҳила беш аз 500 ҳазор раъйи ботил сабт шудааст.

Пизишкиён дар интихоботи президентии қаблӣ, ки Иброҳим Раисӣ баранда шуда буд, низ номзадияшро бешбарӣ кард, вале аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Эрон номзадияш таъйид нашуд. Аммо ин бор пас аз марги Раисӣ номзадии ӯ пазируфта шуд.

Ӯ дар давлати Муҳаммад Хотамӣ вазири беҳдошти Эрон буд, аммо то оғози интихоботи президентӣ чандин давра дар курсии вакили парлумони ин кишвар нишастааст.

Дар ин интихоботи президентии зудҳангом, ки дар пайи марги Иброҳим Раисӣ баргузор шуд, чеҳраҳои матраҳи ин кишвар, аз ҷумла раиси парлумони Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф, ки аз муҳофизакорон аст, ширкат кард. Ба гумони аксари коршиносон ӯ шонси зиёди пирӯз шуданро дошт, вале Қолибоф дар марҳилаи якум шикаст хӯрд ва ҳатто ба марҳилаи баъдӣ роҳ наёфт.

Пизишкиёнро пас аз президент интихоб шуданаш аксар раҳбарони кишварҳои дунё табрик гуфтанд. Аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 32 сол боз президенти як кишвар аст ва дар ҳеч интихоботе шикаст нахӯрдааст, бо ирсоли номаи табрикотӣ ӯро барои пирӯзияш шодбош гуфт.

“Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст.”, омадааст дар номаи Эмомалӣ ба Пизишкиён.

Ҳамчунин дар ин номаи табрикотӣ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон алоқаманд ба “густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар” аст ва “идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон” донистааст.

Тазоҳуроти нав дар назди сафорати Тоҷикистон дар Истанбул

0

Бори дуюм аст, ки гурӯҳе аз ҷавонони турк дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Истанбул гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил мекунанд.

Як гурӯҳ ҷавонони турк бо шиори “OpenRafah” рӯзи шанбе, 6-уми июл дар назди сарконсулгарии Тоҷикистон дар шаҳир Истанбул таҷаммуъ карда, ба қабули қонуни нави Тоҷикистон дар бораи манъи ҳиҷоби занон эътироз карданд.

Ин ҷавонон дар даст акси занону кӯдакони маҷруҳ ва кушташудаи Фаластин бо навиштани номи ширкатҳои машҳури исроилӣ дар зери он аксҳо иддао карданд, ки мусалмонон аз он ширкатҳои машҳури либоса ва хӯрокаи исроилӣ харидорӣ накунанд. Ва дар зимн гуфтаанд, ки онҳо ба нишони эътироз алайҳи манъи ҳиҷоб, азон ва мамнуъ шудани “Идгардак” барои кӯдакон дар Тоҷикистон ҷамъ омадаанд.

Эътирозгарон мақомоти Тоҷикистонро ба ҳукумати Исроил дар кӯдаккӯшӣ ва фишор болои мусалмонон ташбеҳ карда, гуфтанд, ки вазъи Тоҷикистон аз Фаластин камӣ надорад.

Алӣ Актош, яке аз масъулини ин гирдиҳамоӣ ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки “Дар Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки манъи рӯсарӣ, манъи таҷлили идҳои динӣ ва вуруди ҷавонону кӯдакон ба масҷид, манъи гузоштани риш, манъи бо овози баланд хондани азон, манъи сафари ҳаҷ, манъи таълими Қуръон, дар умум фишор бар ислом ва мусалмонон ҷараён дорад.

То ҳол масъулини сафорати Тоҷикистон дар Истанбул ва ё Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба ин эътирозҳо вокуниш накардаанд.

Пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба “Қонуни танзим” тавассути вакилони тоҷик ва имзо шудани он аз тарафи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки он бештар пӯшидани рӯсариро барои занҳо маҳдуд мекунад, эътирозҳои зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар шунида шуд. Ҳатто анҷуман ва иттиҳодияҳои бузурги ҷаҳони Ислом ва хатибону воъизони зиёде дар чандин кишварҳои дунё бо забонҳои гуногун ба ин амалкарди мақомоти тоҷик вокуниш нишон дода, онро маҳкум карданд.