9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 154

Ҳукми 13 соли зиндон ба модари “Дилшоди СБ”

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон модари Дилшод Саидмуродов машҳур ба “Дилшоди СБ”, Соҷида Саидмуродоваро ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Соҷида Саидмуродоваи 65-соларо додгоҳ ба қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеа шудан ба тафтишот дар парвандаи писараш гунаҳкор донист.

Наздикони ин зан ба Радиои Озодӣ гуфтанд Соҷида Саидмуродоваро ба хотри ҷиноятҳои фарзандаш қасос гирифтанд, аммо Додгоҳи олӣ инро инкор карда, изҳор доштааст, ки ҳукм бар ососи далелҳо содир шудааст, Саидмуродова агар норозӣ аст, метавонад аз болои ин ҳукм шикоят кунад.

‘‘Хешандони ин зан шикоят кардан аз болои ин ҳукмро бефойда хонда, изҳори умедвори кардаанд, ки ин зани пиронсол бар асоси афви оянда озод мешавад.’’

Соҷида Саидмуродва баъд аз фирори писараш Дилшод ба Русия аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар бо иттиҳоми овбошӣ боздошт шуда буд.

Дилшод Саидмуродов машҳур ба “Дилшоди СБ”, ки он замон ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, мутуҳам мешуд, ба Русия фарор карда буд. Ӯ баъд аз якмоҳи боздошти модараш дар Росия дастгир ва ба Тоҷикистон истидод шуд. Додгоҳ вайро дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” кунаҳкор дониста, ба ҳукми абад маҳкум кард.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

0

Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Қазоқистон рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 3-уми июли соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо Президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, ки дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт, дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Остона ва “масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ” бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ” низ гап заданд.

Инчунин дар назар аст, Си Ҷинпин, Президенти Чин, ки аз дирӯз ба ин сӯ бо сафари давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад, баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Сомзони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон рафта, дар расми ифтитоҳои биноҳои парлумон ва ҳукумат, ки бо маблағгузории Пекин сохта шудаанд, ширкат кунад.

Гуфта мешавад, ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба муддати ду рӯз дар ин шаҳр идома меёбад. Дар ин ҷаласа, ки бо ҳузури сарони кишварҳое чун Русия, Чин, Туркия, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Дабири кулли Сомзони Миллали Муттаҳид сурат мегирад, таваҷҷуҳи расонаҳоро зиёдтар касб кардааст.

Боздошти вазири собиқи тандурустӣ

0

Мақомот собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Хоҷа Олимзодаро боздошт карданд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба як хеши наздики Олимзода иттилоъ додааст, ки боздошти вазири собиқ рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Олимзода, ки чор соли охир ба ҳайси раҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи кишвар кор мекард, маълум нест аз ҷониби кадом ниҳоди қудратӣ ва бо чӣ иттиҳоме боздошт шудааст, аммо гуфта мешавад, ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд.

Пештар аз ӯ 12-уми июни соли ҷорӣ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ ва вакили парлумони кишвар бо иттиҳоми “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуда буд ва ба парвандаи ӯ низ муҳри махфӣ зада буданд.

Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзодаро пас аз боздошташ дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Пас аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз боздошту бозпурсии беш аз 50 нафар собиқадорони Ҳукумат ва мухолифин, аз ҷумла собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент Акбаркашоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ва собиқ қумондони оппозитсия ва аъзои Ҳукумат Саламшо Муҳаббатов, полковник ва собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ, инчунин аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ғайра хабар дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ ин боздошту бозпурсиҳои чеҳраҳои шинохтаи кишварро ба ҷуз қазияи Саидҷаъфар Усмонзода шарҳ надодаанд.

Сӯхтор дар бозори Ҷайҳун

0

Дар сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун садҳо нафар аз тоҷирону соҳибкорон зарар дидаанд ва хеле аз онҳо ба фарзияи мақомоти тафтишот бовар надоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шаби 1-ум ба 2-юми июли соли 2024 дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки вақте ин сӯхтор оғоз шуд, ҳам нерӯҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ҳам даҳҳо нафар аз кормандони дигар сохторҳои кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд.

Аммо дар бархе аксу наворҳое, ки аз ҷои ҳодиса гирифта шуда ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки алангаи оташ хеле барвақттар даҳҳо дукону мағозаро ба коми худ фурӯ бурда ва баъди чанд муддат мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дертар ба ҷойи ҳодиса расидани кормандони худро эътироф карда, гуфтааст: “Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба миён омадааст.”

Инчунин дар ин навор ба хубӣ дида мешавад, ки шиддати алангаи ин сухтор он қадар бузург аст, ки аз дурии чанд километр роҳ ҳам дуди ғализи ба осмон печидаи он дида мешавад ва сари вақт кормандони сухторхомӯшкунони Вазорати корҳои дохилӣ натавонистаанд, ки пеши роҳи густариш ин сухторро бигиранд.

Ин хабар дар ҳоле таҳия ва нашр мешавад, ки ҳанӯз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ тафтишоти худро пурро ба анҷом наросонидаанд ва ҳаҷми умумии зарарҳоро ҳам то ҳол эълон накардаанд.

Ба гуфтаи яке аз зарардидаҳо, масофаи роҳ аз бозор то бинои мақомоти сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳун камтар аз 2 километр роҳ аст. Сӯхтор соати 10:47-и шаб оғоз шуд. Он замон аксар кӯчаҳои ноҳия холӣ ва ҳеч гуна танбашавии нақлиёт вуҷуд надошт. Агар мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ мехостанд, ки сӯхторро сари вақт хомӯш кунанд, метавонистанд, ки дар зарфи камтар аз 10 дақиқаи аввал худро ба ҷои ҳодиса бирасонанд ва аз густариши он пешгирӣ намоянд, аммо ин корро накардаанд. Ба ҳамин хотир, бовар кардани ба фарзияи мақомоти тафтишотӣ, ки мегӯянд, “расиши ноқилҳои барқӣ сабаби сар задани сӯхтор шудааст”, бовар накарданист.

Гуфта мешавад, ин бозор бозори Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун аст. Ин бозор якумин бозоре нест, ки дар Тоҷикистон сӯхта, молу колоҳои мардум дар чанд соат ба хокистар табдил мешаванд, балки чунин сӯхторҳо дар дигар бозорҳои ҷумҳурӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти тафтишотӣ ҳам сабаби аксари ин сӯхторҳоро “расиши ноқилҳои барқӣ” эълон карда буданд.

Сафари Дабири кулли СММ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Антонио Гутерриш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тайи як сафари корӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Узбекистон дар Қирғизистон ҳузур дорад.

Гутерриш имрӯз, 2-уми июл дар мулоқоташ бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар масъали марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон изҳори назар кардааст. Ӯ умедворӣ карда, ки масъалаи марзи байни ин ду кишвар бо роҳҳои гуфтугӯ ва сулҳомез ҳал шавад.

Тибқи гузориши расонаҳо, Антонио Гутерриш гуфтааст, “бигзор Қирғизистон рамзи сулҳ шавад. Шумо баҳри сулҳофарӣ хоҳ масъалаи марзӣ ё дигар масъалаҳо бошад, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳед. Ман ду маротиба дар водии Фарғона будам ва медонам, ки масъалаи ҳалли марзҳо чӣ қадар душвор аст. Ин ҷо мисли як муаммост. Талошҳо лозиманд, то ки ҳама чизро бифаҳмему ҳал кунем.”

Изҳороти Дабири кулли СММ дар ҳолест, ки баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаи пурқурбонӣ аз ду тараф шуд. Пас аз ҳодисаҳои хунин мақомоти ду кишвар талош доранд баҳсҳои марзиро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кунанд.

Дар музокироти ахире, ки байни раисони КДАМ-и ду кишвар, Ятимов ва Тошиев анҷом шуд, Ятимов гуфта буд, ки аз 980 км марзи муштарак миёни Тоҷикистону ва Қирғизистон беш аз 90 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Қарор аст Антонио Гутерриш рӯзҳои 3-юм ва 4-уми июл ба Тоҷикистон сафар кунад. Мухолифони Тоҷик аз Дабири кулли СММ хостаанд, аз Эмомалӣ Раҳмон озодии зиндониёни сиёсиро талаб кунад. Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҳаракати сиёсии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар изҳорроте, ки дар Фейсбук нашр кардааст, аз Гутерриш хостори озодии зиндониён шуд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, аз ҷумла Маҳммадалӣ Ҳайит, Саидумар Ҳусайнӣ, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саид, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон маҳз ба хотири фаъолиятҳои сиёсияшон зиндонӣ гаштаанд, ҳатто бархе онҳо барои умрбод аз азодӣ маҳрум шудаанд.

Ҷанҷоли дипломатии Тоҷикистону Туркия дар пайи мусоҳибаи мудири Azda.tv

0

Расонаи бахши русии “TRT” навори мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Кабиров, мудири Azda.tv-ро пас аз шикояти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз шабакаҳои иҷтимоияш пок кард.

Дар мусоҳиба бо ин расона Кабиров дар бораи муносибатҳои Русияву Тоҷикистон, мушкилот дар дохили кишвар, аз ҷумла қабули қонуни манъи ҳиҷоб ва ғайра суҳбат карда буд ва мебоист қисми дуюми он имрӯз, 02-уми июл нашр шавад.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба тамоми ниҳодҳои кишвари Туркия шикоят бурдааст, ки чаро ба Муҳаммадҷон Кабиров дар расонаи бахши русии “TRT” минбар додаанд.

Муҳаммадҷон Кабиров мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд суханҳояш дар бораи он ки Путин Раҳмонро мисли дигар президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтиром намекунад ва ӯ ҳамеша манофеи Путинро бароварда мекунад, мақомоти тоҷикро ба хашм оварда аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе, 1-июл бахши русии расонаи туркии “TRT” бо Муҳаммадҷон Кабиров, мудири расонаи Azda. tv дар мавриди қонуни манъи ҳиҷоб ва равобити сиёсии Тоҷикистону Русия мусоҳиба гирифта буд, ки дирӯз бахши аввал он нашр шуд.

Роҳбандон дар Душанбе

0

Вазорати корҳои дохилии аз оғози роҳбандон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, шуруъ аз имрӯз, 2-юми июли соли 2024 ҳаракати тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар бархе хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Раёсати корҳои дохилии дар шаҳри Душанбе Тоҷикистон гуфтааст, ки “рӯзҳои 2-юм ва 6-уми июли соли 2024, дар шаҳри Душанбе ташрифи меҳмонони оилиқадр дар назар дошта шудааст.”

Ба қавли манбаъ, бо сабаби ҳузури меҳмонон дар пойтахт, аз имрӯз то рӯзи шанбе “дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурӯдгоҳ), Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ (Садбарг), хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.”

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҳар гуна маҳдудиятҳои ҳаркати нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, тез-тез бо баҳонаҳои мухталиф дар пойтахти кишвар ҷорӣ карда мешаванд, ки ин кор ҳам ба кисаи мардум зарба мезанад ва ҳам ба саломатии равонии онҳо зарар дорад. Бар илова, ин ҳама боиси танбашавии нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар роҳҳо гардида, аз нигоҳи экологӣ низ таъсири бади худро ба муҳити зист ва ҷомеа мерасонад.

Гуфта мешавад, имрӯз, Сарвазири Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон сафар кардааст ва дар назар аст, ки рӯзҳои 5-6-уми моҳи ҷорӣ Си Ҷинпин, Президенти Чин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи биноҳи ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бо маблағгузории Чин сохта шудаанд, вориди Душанбе шавад.

Сафари Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон

0

Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 2-уми июл бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар масъулони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Сарвазири Покистон сафари расмиашро ба Душанбе бо гузоштани гулчанбар, бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Аммо маросими истиқболи расмии меҳмон дар майдони Қасри миллат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни ин сафари расмӣ Шаҳбоз Шариф бо намояндагони давлатии кишвар, аз ҷумла бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Раиси парлумони Тоҷикистон мулоқот намуда, ба имзо расидани санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Покистон низ дар назар аст.

Тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Туркия

0

Як зани тоҷикро барои доштани ҳиҷоб ба бинои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия роҳ надодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, ин зан шаҳрванди Тоҷикистон будааст, вале аз ӯ ном бурда нашудааст. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки дидаанд ин зан дар дохили масҷиде, ки дар назди консулгарии сафорати Тоҷикистон гиря мекард. Дертар маълум шуд, ки ӯро ба хотири ҳиҷоб доштанаш ба консулгарии Тоҷикистон роҳ надоданд.

Тибқи гузориши сомонаи “dailyummah”, ки ин хабарро нашр кардааст, як гурӯҳ аз мусалмонони турк дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул тазоҳурот кардаанд. Дар видеое, ки дар ин сомона нашр шудааст, дида мешавад як гурӯҳ аз шаҳрвандони турк зоҳиран дар назди консулгарии Тоҷикистон чамъ шудаанд ва шиорхои “УМАТИ ИСЛОМ ЗАЛОЛАТРО ҚАБУЛ НАДОРАД” ҲАРАКАТИ ИСЛОМӢ МАНЪ КАРДА НАМЕШАВАД” шунида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷорӣ шудани қонуни манъи ҳиҷоб вокунишҳои зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар сурат гирифт. Ахиран Иттиҳоди олимони мусалмон бо ирсоли номаи боз ба Эмомалӣ Раҳмон хостори бекор кардани қонуни зидди ҳиҷоб шуда буд.

Ва қабл аз онҳо низ Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Президенти Чин ба Тоҷикистон сафар мекунад

0

Президенти Чин дар раъси як ҳайати расмии кишвараш бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меравад.

Бино ба иттилои расмӣ, Си Ҷинпин, Президенти Чин бо даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Дашанбе сафар мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ рӯзҳои 4-6 июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунад. 

Дар рафти ин сафар, мулоқотҳои сарони кишварҳо “дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд”. Инчунин дар назар аст, ки дар давоми ин ду рӯз Си Ҷинпин дар барномаҳои дигаре, аз ҷумла ифтитоҳи биноҳои нави парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам иштирок кунад. Корҳои сохтмонӣ ва барқарор кардани саҳни ҳавлӣ ва гулгаштҳо дар атрофи ин биноҳо ҳамоно идома дорад.

Гуфта мешавад, биноҳои навсохта парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузории ҷониби Чин сохта шудаанд. Чин дар соли 2017 барои сохтмони ин ду бино ҳудуди 1,5 миллиард юан, муодили 220 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда буд. Ҳар дуи ин биноҳо дар маркази пойтахт сохта шудаанд.