Хона блог саҳифа 157

Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

0

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба фарқ аз раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Ҷабборов рӯзи 13-уми декабр ба расонаҳо гуфт, ки бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар дар як баъзе ҳолатҳо табодули баробари заминҳо, яъне 50/50 сурат гирифтааст ва ҳуҷҷатгузорӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

“Пас аз анҷоми кори комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҳуҷҷатҳоро вазирони корҳои хориҷӣ имзо мекунанд. Баъд аз он парлумонҳо онҳоро ба тасвиб мерасонанд ва дар ниҳоят президентҳо имзо мегузоранд. Ин имкон медиҳад, ки тамоми масъалаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл шаванд.”, — гуфт Ҷабборов.

Аммо Содир Ҷабборов аз ягон нуқтаи марзие ном нагирифт, ки ҷои ҳадсу гумонҳоро дар бораи баробар тақсим шудани нуқтаҳо боз мегузорад.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки шаҳрвандон интизори изҳороти расмии ӯ ҳастанд, ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Қирғизистон дар суҳбаташ бо расонаҳо таъкид кардааст, нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ, ки се соли охир, аниқтараш соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона баста буданд, дубора фаъол хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, танзими марз дӯстии байни халқҳояро мустаҳкам намуда, сармоягузоронро ҷалб мекунад ва сатҳи зиндагии сокинони ин минтақаҳо беҳтар хоҳад шуд.

4-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз нишаст раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва он дар шакли созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод мегардад.

Аз ҷумла, Ятимов гуфтааст, ки музокироти муфассал сурат гирифт ва масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду кишвар тақрибан ҳал шудааст. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ба роҳбарони комиссия дар мавриди сиёсию ҳуқуқӣ “супоришҳои дахлдор дода шуд, ки ин масъаларо то охир кор карда ба анҷом расонанд”.

Қамчибек Тошиев низ зимин суханронияш ин лаҳзаро таърихӣ номида, гуфт, ки қадами боқимонда танҳо таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қабули он аз тарафи порлумон ва имзои сарварони давлатҳост, ки дар чанд моҳи наздик марзи давлатӣ пурра муайян хоҳад шуд.

Ятимов ва Тошиев дар бораи он ки кадом қаламравҳо дар нуқтаҳои номуайян ба кадом кишвар мегузарад, чизе нагуфтанд.

Аммо Қамчибек Тошиев зимни суханронияш дар “Жогорку Кенеш” гуфта буд, ки дар бораи натиҷаҳои таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар миёна ё охири моҳи январи соли 2025 ҳисобот медиҳад. Вале маълум нест, ки Саймумин Ятимов кай ҳисоботи худро ба парлумони Тоҷикистон ва мардум пешниҳод мекунад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Мундиали 2030 ва 2034 маълум шуд дар кадом кишварҳо мешавад

0

Кунгураи (FIFA) Федератсияи Футболи Ҷаҳон чоршанбеи 11-уми декабр мизбонҳо барои баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мардонро барои солҳои 2030-2034 маълум кард. 

Президенти Федератсияи Футболи Ҷаҳон Ҷиани Инфантино пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Кунгураи ФФҶ, ки аз тариқи видиоӣ баргузор шуд, гуфт, ки тибқи овозҳои дода шуда, Арабистони Сауди мизбони Ҷоми Ҷаҳон барои футбол миёни мардон дар соли 2034 дониста шуд. Дар ҳоле, ки барои баргузории ҷоми ҷаҳон дар соли 2030 се кишвар: Испания, Португалия ва Марокаш баранда шудаанд.   

Ин ҳам даро ҳолест, ки се бозӣ дар мусобиқоти соли 2030 ҳамчун  бахшида ба 100-солагии ин Ҷом дар Аргентина, Парагвай ва Уругвай баргузор хаҳад шуд.

Ҳамаи 211 кишвари узви ФФҶ дар ҷаласа тавассути пайванди видеоӣ иштирок карданд.

Мизбони ҳарду мусобиқа ва ҷашнҳои садсолагии соли 2030 тавассути ду овоздиҳии алоҳида ихтиёр шуданд.

Дар аввал Уругвай, Парагвай ва Аргентинаро ҳамчун мизбони садсолагии ин Ҷом эълон намуданд, сипас се мизбонро барои соли 2030 интихоб ва тасдиқ карданд ва дар охир Арабистони Саудӣ барандаи мусобиқаи соли 2034 дониста шуд. Намоядаҳои кишварҳо пас эълони натоиҷ дар назди камераҳо кафкубӣ карданд. Аммо бояд зикр кард, ки дар ҳамаи се қарор барои овоздиҳӣ танҳо як варианти овоздиҳӣ вуҷуд доштааст. 

Дар ҳамин ҳол баъзе аз кишварҳо талаб кардаанд, ки масъалаи ҳуқуқи башар дар назар гирфта шавад. Кишварҳои Шветсари ва Дания дар алоҳидагӣ аз ФФҶ талаб кардаанд, ки ҳуқуқи башар бояд аз ҷониби ин ниҳод ва созмони байналмилалии кор назорат шавад.

Аз 15 варзишгоҳе, ки барои баргузории бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 муайян шудаанд, Арабистони Саудӣ то имрӯз танҳо чаҳортоашро сохтааст.

Як сокини Конибодом ба ҳабси абад маҳкум шуд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Марат Сатторови 42-сола, посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Канибодомро бо иттиҳоми қатли шаш нафар ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳукм аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр эълон гардид. То ҳол ҳам тафтишот ва ҳам додгоҳ аз ҷузъиёти мурофиа ва ангезаи гумонбаре, ки гӯё даст ба қатли аъзои ду хонавода задааст, чизе нагуфтаанд. Назари маҳкумшуда, пайвандон ва вакили дифоаш низ дастрас нест.

Аммо сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла пайвандони қурбониён, ки дар мурофиа ширкат доштаанд, дар ягона ё қотили воқеӣ будани Сатторов шубҳа доранд. Яке аз наздикони кушташудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки айбдоршаванда дар додгоҳ суханони зиддунақиз гуфта, гоҳ ба куштор иқрор мешуд, гоҳ онро инкор мекард ва пас аз боздошти ӯ боз қатли як хонавода сурат гирифт.

Қатлҳои занҷираӣ дар шаҳри Конибодом аз моҳи майи соли ҷорӣ бо қатли шаш нафар аз ду хонавода дар деҳаи Санҷидзор оғоз ёфт. Як оилаи кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз буда, пайвандонашон гуфтанд, ки дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд ва ҷасадҳоро дафн карданд. Баъдан дар шаҳр ва атрофи он чанд куштори дигари пурсарусадо рух дод, ки охирини онҳо қатли як хонаводаи шашнафара дар деҳаи Шӯробқалъа буд, ки шаби 8-уми декабр сурат гирифт.

То ҳол ангезаи ин кушторҳо маълум нест. Баъзе наздикони кушташудаҳо бар ин боваранд, ки кушторҳо шояд бо дуздӣ рабт дошта бошад. Масалан, баъди яке аз ҳодисаҳо аз хонаи қурбониён пулу ҷавоҳирот гум шудааст.

Аммо мақомот мегӯянд, ки қисме аз ин кушторҳо бо муноқишаҳои хонаводагӣ рабт дошта, таҳқиқи боқимонда ҳанӯз идома дорад.

Ин силсила кушторҳо дар Конибодом сокинони кишварро нигарон намуда, аз мақомот талаб доранд, ки гунаҳкорони асосиро пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дар пайи як ҳамла вазири муҳоҷирати Толибон кушта шуд

0

Рӯзи чоршанбе, 11-уми декабр вазири умури муҳоҷирони Толибон Халилураҳмон Ҳаққонӣ дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд.

Ба иттилои расмии мақомоти Афғонистон, ин ҳамлаи интиҳорӣ дар назди Вазорати умури муҳоҷирон дар шаҳри Кобул рух дод, ки ба ҷуз Ҳаққонӣ чанд кушта ва захмии дигар низ ба ҷо гузоштааст.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба ин ҳодиса дар шабакаи Х кушта шудани вазири умури муҳоҷирони Афғонистонро таъйид кард. Ӯ дар паёмаш ин амалро иқдоми “буздилона” хонда, афзудааст, ки “ин рӯйдод наметавонад истиҳкоми низоми исломиро дар баробари дасисагарон тазъиф кунад, балки иродаи шуми онҳоро бармало мекунад.”

Оқои Муҷоҳид ин амали террористиро кори дасти ДИИШ дониста, мегӯяд, Ҳаққонӣ “тавассути ҳамон хавориҷе, (манзур ДИИШ аст) ки худро мусалмон мемонманд ва дигар мусалмононро корфир мехонанд, кушта шуд.”

Сомонаи “Аъмоқ”, ки марбут ба гурӯҳи ДИИШ аст, шоми дирӯз бо нашир изҳороте масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. ДИИШ дар изҳороташ, ки ҳамзамон акси ҳавлаварро низ нашр кардааст, навишта, ки “ҳангми хуруҷи Халил Ҳаққонӣ аз бинои вазоратхона ҳамлавар ба ӯ наздик шуда, худро тарконд, ки дар натиҷа худи ӯ ва аҳмроҳонаш кушта шуданд.”

Дар давоми беш аз се соли ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон ин бори аввал аст, ки як мақоми аршади ин гурӯҳ бо ин тариқ кушта мешавад.

Гуфта мешавад, шохаи ДИИШ-и Хуросон, ки солҳои ахир дар Афғонистон фаъол шудааст, аксари аъзои онро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Онҳо қаблан дар сафи ин гурӯҳ дар Сурия меҷангиданд, аммо пас аз шикасти он дар Сурия ба Афғонистон омадаанд.

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

0

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии ҷадид аз тариқи Вилояти Мухтори Кӯҳистон ва Чатроли Покиситон боз кунанд.

Имрӯз, 12-уми декбари соли 2024 Сардор Авайс Легҳарӣ, вазири энергетикаи Покистон дар мулоқот бо Далер Ҷумъа Шофақер, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар бораи боз кардани роҳи тарнзитии ҷадид аз тариқи долони Вахон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Чатроли Покистон суҳбат кардааст.

Ин мулоқот, ки дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шудааст. Сардор Авайс Легҳарӣ гуфтааст, ки бо истифода аз фурсатҳо ва имкониятҳои мавҷуд, “Тоҷикистонро барои истифода аз тамоми долонҳои савдо аз Душанбе то Гвадар ва Карочӣ дар доираи барномаи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ва дигар долонҳои бисёрмоделии савдои фаромиллӣ даъват мекунам”.

Ҳамзамон вазири энергетикаи Покистон таъкид кардааст, ки тавассути долони Вахон фосила байни Тоҷикистон ва Покистон 14 километр роҳ аст. Ҷониби Покистон ин фосилаи 14 километриро як “фурсати бузург” дониста, хоҳони он аст, ки ин роҳи ҷадиди транзитии ҷадид тезтар сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Гуфта мешавад, мулоқоти вазирони энергетикаии Тоҷикистон ва Покистон табқи барнома дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон, ки имрӯз дар Исломобод баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти гумруки Тоҷикистон, дар давоми соли 2023 (январ-декабр) ҳаҷми савдои дуҷонибаи байни Покистон ва Тоҷикистон ба 52,73 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 62,3 фоиз зиёдтар аст.

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

0

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин иқдоми кишвари Русия интиқод намуда, ба мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо қабули ин қонун хатарҳои дур мондани наврасон аз таълиму тарбия вуҷуд дорад.

Вакилони Думаи давлатии Русия дар хониши якуми ин лоиҳаи қонун ҳама бо як овоз онро қабул карданд. Ин қонун барои шомил намудани кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои ин кишвар донистани забони русиро барои онҳо ҳатмӣ мекунад. Дар сурати тасдиқи пурраи ин қонун аз ҷониби Дума дар модаи 78-и Қонуни ин кишвар тағйиротҳо дохил карда мешавад. Пас аз он кӯдаконе, ки наметавонанд имтиҳони донитснаи забони русиро бо мувафақият бисупоранд, аз идомаи таҳсил маҳрум хоҳанд шуд. 

Ин лоиҳа дар бораи чӣ гуна будани имтиҳон чизеро мушаххас намекунад, ба ҳамин хотир ин амр бар уҳдаи Вазорати маорифи ин кишвар гузошта хоҳад шуд. 

Ҳамчунин нафаронеро, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар мактабҳо пазируфта намешаванд ва мактабҳо ҳақ пайдо мекунанд ҳагоми қабул ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани будубоши довталабро дар ин кишвар асоснок мекунад, бисанҷанд.

Ярослав Нилов, вакили Дума ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун бар ин назар аст, ки надонистани забони русӣ аз сӯи фарзандони муҳоҷирон ба рафъи таълими фарзандони русҳо халал мерасонад ва имкон намедиҳад, ки барномаи таълимиро ба таври дуруст аз худ кунанд. 

“Мо бояд дар барои фарзандони руси худамон фикр кунем. Таълим гирифтан мехоҳед? Марҳамат, имтиҳонро бисупоред, таълим бигиред.”, – мегӯяд Ярослав Нилов, раиси Кумитаи сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорони Думаи давлатии Русия. 

Ин вакил ҳамазаон қайд мекунад, ки масъулияти тайёрии бачаҳо ба таҳсил ба забони русӣ ба дӯши падару модарони онҳо мебошад. Ба назари ӯ, агар кӯдакон аз имтиҳони забон нагузаранд, таҳсили минбаъдаи русӣ набояд ройгон, балки аз ҳисоби муҳоҷирон пардохт шавад.

Нилов ҳамазаон ба расонаи русии РБК гуфта, ки вакилони фраксияи ЛДПР аллакай лоиҳаи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, талаб мекунад то тамоми таҳсилоти мактабӣ ва касбӣ дар Русия барои муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Анна Орлова, раҳбари лоиҳаи “кӯдакони муҳоҷират” бар ин назар аст, ки дар сруати дур мондани наврасон аз муассисаҳои таълимӣ хатари наздик шудани онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ бештар мешавад.

“Ин як қоидаи умумӣ аст. Кӯдак хурдтар бошад, ҳамон қадар забонро тезтар аз худ мекунад. Ва чи қадаре бузургтар шавад, ҳамон қадар мутобиқ шуданаш мушкилтар мешавад.”, – мегӯяд хонум Орлова.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 11-уми декабри соли 2024, байни Тоҷикистон ва Покистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, энергетика ва дигар бахшҳои калидӣ, Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасад.

Ин Ёддошти тафоҳум дар ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон, ки қарор аст рӯзи чоршанбе, 11 декабри соли 2024 баргузор шавад, ба имзо мерасад.

Ин ҷаласаи Комиссияи муштарак, ки бо мизбонии Вазорати иқтисоди Покистон баргузор мешавад, таҳти роҳбарии вазири энергетикаи Покистон, Сардор Авейс Лоғарӣ ва вазири Тоҷикистон Ҷума Далер Шофақир гузаронида мешавад.

Дар солҳои охир Покистон ва Тоҷикистон талошҳои зиёдеро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо анҷом дода, чандин созишномаҳо барои тақвияти равобит ба имзо расонидаанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

0

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъ омаданд. 

Дар ин тазоҳурот фаъолони ҳуқуқибашарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Олмон, инчунин фаъолони тоҷики муқими ин кишвар ширкат доштанд.  

Фарҳод Одинаев, фаъоли тоҷик, ки дар ин тазоҳурот ширкат дошт, дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ҷамъомадагон аз мақомоти Олмон талаб доранд, то барои озод намудани Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин талош намуда, онҳоро ба Олмон баргардонанд. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 6-уми ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, тариқи Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Маълум нест Дилмурод ба кодам моддаи Кодекси ҷиноии кишвар гумонбар мебошад.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ба эҳтимоли зиёд дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар шифохона бистарӣ гашт.

Пеш аз Дилмурод мақомоти Олмон 18-уми январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Дертар 29-уми марти соли 2023 Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва пайвандонаш сабаби аслии боздошт ва ҳукми зиндони Абдуллоҳро ба фаъолиятҳои сиёсии падараш рабт медиҳанд. 

Инчунин мақомоти ин кишвар Билол Қурбоналиев, узви фаъоли “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, бар иловаи эътирозҳо борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳро талаб кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки амалкарҳои Олмон хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, ки баргардонидани афродро ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ё таъқиб онҳоро таҳдид мекунад, манъ мекунад.

Куштори даҳшатбор дар шаҳри Конибодом

0

Мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд омилони ҳодисаи куштори 6 узви як хонаводаро ҷустуҷӯ доранд.

Шаби 8 ба 9-уми декабри соли 2024, дар маҳаллаи Шӯрқӯрғони деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи шаҳри Конибодом ҷасади шаш узви як хонавода пайдо шудааст. Дар ин ҳодиса сардори хонавода, ҳамсараш ва чор фарзанди онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои дастрас, ки хабаргузории “Азия-Плюс” онро нашр кардааст, ҷасади сардори оила, Неъматов Наимҷон, дар ҳавлӣ овезон дарёфт гардида, ҷасади дигар аъзои оила, аз ҷумла ҳамсараш ва чор кӯдаки хурдсол, бо нишонаҳои буғӣ шудан дар дохили хона ёфт шудаанд.

Бо вуҷуди ҳузури мақомот дар ҷойи ҳодиса, то кунун сабабҳо ва ангезаи даст задани муҷримон ба ин ҳодисаи фоҷиавӣ расман шарҳ дода нашудаанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса таҳқиқоти худро оғоз кардаанд, вале дар бораи ҷузиёти он то ҳол иттилоъ надодаанд.

Ба гуфтаи хешовандони оила, хонаводаи Неъматовҳо бештар аз ҳисоби муҳоҷират зиндагии худро пеш мебурданд, ва сардори хонавода шаҳрвандии Русияро низ дошт. Наздикон аз ҳодиса сахт андуҳгин шуда, мегӯянд, ки онҳо охирин бор ин хонаводаро чанд моҳ пеш дида буданд.

Гуфта мешавад, ин бори нахуст нест, ки аъзои як хонавода бо ҳузури кӯдакон аз ҷониби афроди ҷинояткор кушта мешаванд, балки ҳамин чанд моҳи пеш низ дар ин ноҳия чор куштори хонаводагӣ сабт шуда буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфта буд, ки ду куштори онҳо ба муноқишаҳои оилавӣ рабт доранд ва омилони куштори як хонаводаи дигар ҳам ошкор ва боздошт шудаанд.

ВКД ба тоҷирон ҳушдор дод!

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тоҷирони кишвар хост, ки аз хариду фурӯши маводҳои тарфгарӣ худдорӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 9-уми декбари соли 2024, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба сокинони кишвар ҳушдор дод, ки аз ҳаргуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) худдорӣ намоянд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри ин ҳушдори худ дар шабкаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки тибқи талоботи қонунгузории кишвар ҳамагуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгарӣ манъ буда, омилони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар матни иттилоияи ВКД, ки дар сомона ва саҳфаҳои ин вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, омада, ки Вазорати корҳои дохилӣ “аз шаҳрвандон қатъиян талаб менамояд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд!”

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон омилони хариду фурӯш ва касоне, ки ба паҳн кардани чунин маводҳои пиратехникӣ машғул мешаванд, ҷарима дар ҳаҷми аз 7 ҳазору 200 сомонӣ то 36 ҳазор сомонӣ ва ҷазо дар ҳаҷми аз як то ду сол пешбинӣ шудааст.

Ҷолиб он аст, ки мақоми қонунгузор ҳамагуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгариро ба сокинону шаҳрвандон дар дохили кишвар манъ кардааст, вале худи ҳукуматдорон дар аксар маврид ва бахусус ҳангоми ҷашн гирифтани хеле аз маъракаҳои ҳукуматӣ ва идҳои расмӣ, аз ҷумла Соли нави мелодӣ то қадри тавон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо аз чунин маводҳои тарфгарӣ истифода мекунанд.