Хона блог саҳифа 156

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

0

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз фишори мақомот болои пайвандонаш дар ноҳияи Рашт хабар дод.

Ба гуфтаи Муҳаммадсобир, ҳадафи мақомот маҷбур кардани ӯ барои даст кашидан аз фаъолияти сиёсӣ ва бозгашт ба Ватан мебошад.

Рӯзи сешанбе, 17-уми декабр ӯ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки фишорҳо аз соли 2014 инҷониб болои хонаводааш идома дорад ва ин чанд ҳафта охир сахттар шуда, ҳафтаи гузашта кормандони ШВКД дар ноҳияи Рашт ба хонаи волидонаш рафта, таҳдид кардаанд, ки ӯро ба бахшиш пурсидану бозгашт ба Тоҷикистон водор кунанд.

Чанд маротиба аст, ки ба хонаводаи мо фишор меоранд. Падару модари ман ҷавобгӯ дар амалҳои ман нестанд. Мақомот мегӯянд, агар барнагардам маро ду роҳ интизор аст: Ё мисли Умаралӣ Қувватов қатл мешавам ё мисли Суҳроб Зафар ба Тоҷикистон бурда, ҳукми сангин медиҳанд.” – мегӯяд раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24”.

Аммо Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, ки аз соли 2012 аз Тоҷикистон ҳиҷрат кардааст мегӯяд, ки гуноҳе накардаасту моли касеро надуздидааст ва ба миллат хиёнат накардааст,ки узрхоҳӣ кунад.

“Аввалан ман гуноҳе накардаам, вале агар мақомот бо факту далел тавонанд, ягон “гуноҳ”-и маро ошкор кунанд, омадаам аз миллатам бахшиш пурсам, на аз Раҳмонов”- таъкид кард ин фаъоли сиёсӣ.

Муҳаммадсобир мегӯяд, ки ин фишору таҳдидҳо гувоҳи он аст, ки дар роҳи ҳақ аст ва вақте роҳи мубориза бар зулмро интихоб кард медонист, ки ду роҳ дорад – пирӯзӣ ё зиндону қатл.

Инчунин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24” таъкид кард, ки ба ваъдаи мақомот бовар надорад, чун мақомот ба бародари ӯ, ки коре ба сиёсат надорад аз соли 2014 инҷониб иҷоза намедиҳанд, ки аз кишвар барои ёфтани ризқу рузӣ ба хориҷ равад.

Гуфта мешавад, мақомот дар соли 2014 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карданд, ки тибқи он шахсони муттаҳам ба экстремизм агар бо ихтиёри худ ба Ватан баргарданд ва сидқан тавба кунанд, метавонанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шаванд. Аммо на дар ҳама ҳолат ин қонун риоят мешавад ва онҳое, ки бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, зиндонӣ мешаванд ё ҳамеша зери фишор қарор хоҳанд гирифт.

Пештар аз ин фаъолон ва мухолифони тоҷик аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Вале мақомот ҳечгоҳ сабаби чунин рафторашонро бо хонаводаҳои мухолифон расман шарҳ намедиҳанд. Инчунин хонаводаҳои мухолифонро таҳдид мекунанд дар ин бора бо расонаҳо суҳбат накунанд.

Таъхири Эмомалӣ Раҳмон дар имзои қонуни афв

0

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Бархе манобеъ имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” ҳанӯз дар моҳи ноябри соли ҷорӣ омода шуда, ба Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ирсол шуда буд, аммо то ҳол Эмомалӣ Раҳмон онро имзо накардааст.

Ба гуфтаи манобеи мазкур, ин лоиҳа тавассути иддае аз кормандони бархе ниҳодҳои давлатӣ, ки салоҳияти таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаҳоро доранд, омода ва барои тасвиб шудан ба Дастгоҳи раиси ҷумҳур ирсол шудааст.

Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” пас аз имзои Эмомалӣ Раҳмон ва ирсоли он ба парлумони Тоҷикистон расонаӣ мешавад. Инчунин ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки бархе бандҳои он аз ҷониби раисҷумҳур бозбинӣ шаванд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин дар давоми истиқололи Тоҷикистон 17 маротиба қонуни афв қабул шуда ва ҳудуди 170 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтаанд. Аммо ин дафъа, маълум нест, ки кадом гурӯҳи одамон шомили он мешаванд.

Террори генерали рус дар Маскав

0

Як генерали 54-солаи рус ҳамроҳи ронандааш дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар натиҷаи як таркиш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҳодиса субҳи имрӯз, 17-уми декабр рух дода, генерал-лейтенанти нерӯҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ (РХБЗ) Игор Кириллов бар асари таркиши бомби аз пеш ҷогузоришуда дар назди хонааш кушта шудаст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, маводи тарканда дар дохили як “самокат”-и барқӣ ҷогузорӣ шуда, он шабона, тақрибан соатҳои 2-3 аз ҷониби шахси номаълум назди даромадгоҳи бинои истиқоматиии ӯ дар хиёбони Рязанскийи шаҳри Маскав гузошта шуда буд.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдори Русия, омилони ин террор тавассути бархе дурбинҳои назоратӣ маҳалли ҳодисаро назорат карда, вақте диданда, ки генерал ва ронандааш дами дари даромадгоҳ расиданд, аз роҳи дур самокатро тарконданд.

Дар пайи ин таркиш, ки мақомоти Русия онро як амали тарҳрезишуда ва террористӣ арзёбӣ кардаанд, мақомоти тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса рафта, то ҳол кори худро ба анҷом нарасонидаанд. Аммо бархе мақомоти ин кишвар билофосила ангушти иттиҳомро ба самти Киев равона карда, гуфтаанд, ки ин таркиш тавассути нерӯҳои укроинӣ анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, аз замоне ки Русия ҳамлаҳои худро дар феврали соли 2022 алайҳи Уркаина оғоз карда ва то ҳол ҷанг идома дорад, ҳамагуна ҳамлаҳо ва ё таркишҳоро мақомоти Русия кори дасти нерӯҳои укроинӣ арзёбӣ мекунанд.

Қабри дастаҷамъӣ дар Димишқ, ки 100 ҳазор нафар дар он дафн шудааст

0

Дар атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия қабри дастаҷамъиеро пайдо карданд, ки ба иддаои масъулин, ҳудуди 100 ҳазор ҷасад дар онҷо гӯронида шудааст.

Созмони ғайридавлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Сурия рӯзи сешанбе, 17-уми декабр ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки берун аз ҳудуди шаҳри Димишқ, пойтахти ин кишвар ин қабри дастаҷамъиро пайдо карданд ва тахмин зада мешавад, ки онҷо ҳудуди 100 ҳазор нафар аз аҳолии осоишта кушта ва дафн шудаанд.

Ин созмон пас аз ташхиси баъзе аҷсод муайян карда, ки дар байни кушташудаҳо ба ҷуз шаҳрвандони Сурия боз шаҳрвандони Британия, Амрико ва дигар кишварҳо ҳам вуҷуд дорад. Ин мутахассисон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки дар байни онҳо ҷасадҳои марбут ба занону кӯдакон ва пиронсолонро низ пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, қабрҳои дастаҷамъии дигаре низ аз манотиқи гуногуни ин кишвар пайдо шудаанд, ки аз 100 то 200-нафарӣ ва бештар аз он бо ваҳшоният кушта ва якҷо гӯронида шудаанд. Аз ҷумла, сокинони минтақаи Ярмуки атрофи Димишқ мегӯянд, маҳз бо фармони Башшор Асад, раисҷумҳури диктотури собиқи Сурия даҳҳо ҳазор шаҳрванди ин кишвар бо ваҳшоният кушта ва дар қабрҳои дастаҷамъӣ гӯрондаанд, ки то ҳол кӯдакон вақти бозӣ аз зери овораҳо устухонҳои одамиро пайдо мекунанд.

Ҳамзамон ба гузориши расонаҳо дар шаҳри Даръо, ҷануби Сурия низ 12 қабри дастаҷамъӣ пайдо карданд, ки гуфта мешавад, ҳама мардуми осоиштаи ин минтақа будаанд ва тавассути Башшор Асад кушта, дар ин маконҳо рӯи ҳам дафн шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бомдоди рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ мухолифони Башшор Асад бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, маъоуф ба Абумуҳаммади Ҷулонӣ тавонистанд зарфи 12 рӯз шаҳри Димишқро тасарруф кунанд ва низоми диктотурии хонадони Асадро, ки беш аз 50 сол дар Сурия бо қуваи зӯр ҳукуматдорӣ мекард, аз байн бибаранд.

Дар пайи суқути режими Башшор Асад ва фирори ӯ ба Маскав, мардум ба зиндонҳо рафтанд ва даҳҳо ҳазор зиндониро озод карданд. Дурбинҳои расонаҳо саҳнаҳои мудҳиш ва хавфнокеро аз вазъияти зиндониён ва ҳолати онҳо дар зиндонҳои Башшор ба ҷаҳониён намоиш доданд.

Тавре дар наворҳо дида мешавад, Башшор Асад онҳоеро, ки дар тазоҳуроти солҳои 2011 ба баъд ширкат карда буданд ва ё ин ки андешаҳои дигаргун доштанд, ба зиндонҳои махуфе, ба мисли зиндони Сайдиная, ки онро “қатлгоҳи инсонӣ” ном мегузоранд, меандохт ва то дами марг шиканҷа мекард.

Маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон дар Русия

0

Аз оғози соли 2025 дар вилояти Волгогради Русия шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар чанд соҳа фаъолият кунанд.

Раиси вилояти Волгоград Андрей Бочаров фармонеро имзо карда, ки тибқи он муҳоҷирони корие, ки бо “патент” дар Русия кор мекарданд, дигар наметавонанд дар ҳама соҳа озодона кор кунанд. Гуфта мешавад, ин маҳдудиятҳои нав аз аввали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.

Кумитаи кор ва шуғли аҳолии ин вилоят ба расонаҳои маҳаллӣ шарҳ доданд, ки “ин тасмим ба хотири тавозуни рушди бозори кори минтақавӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии корҷӯёни маҳаллӣ гирифта шудааст.”

Тибқи ин қарори нав дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки бо “патент” кор мекунанд, наметавонанд дар соҳаҳо маориф, тандурустӣ, кор дар нақлиёти ҷамъӣ ва шаҳрӣ (таксиронӣ), савдои яклухт ва чакана, аз ҷумла савдои автомобилу мотосиклҳо ва таъмири онҳо, фаъолияти хаткашонӣ ва ғайра кор кунанд.

Ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо дар ҳолест, ки пештар дар Думаи давлатии Русия маҳдудиятҳои дигареро барои муҳоҷирон баррасӣ карда буданд. Аз ҷумла, гурӯҳе аз вакилони Думаи давлатӣ аз фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки тибқи он зиндагии муҳоҷирони корӣ дар масофаи камтар аз 200 метр аз муассисаҳои таълимӣ, манъ хоҳад шуд.

Леонид Слутский, раиси ЛДПР ва вакили парлумон мегӯяд, ки ин қонун дар баробари манъи зиндагии муҳоҷирони корӣ дар наздикии мактабҳо ва кӯдакистонҳо, инчунин бақайдгирии онҳоро дар биноҳое, ки дар он кӯдакон қарор доранд, комилан манъ мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, назари ҳукумати Русия нисбати муҳоҷирони корӣ, бахусус муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз ҳодисаи “Корукус Сити Ҳолл” тағйир ёфта, рӯз ба рӯз маҳдудиятҳоро болои онҳо бештар мекунанд. Инчунин қонунҳои нави Русия барои мақомоти амниятӣ ва интизомӣ фишору боздошт ва ихроҷи муҳоҷиронро осон мекунад.

Аммо бархе бар ин назаранд, ки вазъияти ҷанги Украина, ки ду ол боз идома дорад, вазъи иқтисодии ин кишварро буҳронӣ кардааст ва мақомоти он талош доранд бозори корро барои муҳоҷирон маҳдуд кунанд.

Идомаи кушторҳо дар Конибодом

0

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боз 4 нафар аз аъзои ду оила кушта шудаанд.

Ин ҳодиса шаби 15-уми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғанча), наздикии маркази шаҳри Конибодом рух додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ду нафар аз кушташудаҳо, Ғайбулло Маҳмудови 35-сола ва ҳамсари 28-солааш Зарнигор буда, аз онҳо 3 фарзанд ятим мондааст. Манбаъ аз қурбониёни дигар Оиша Шокироваи 70-сола ва писараш Ҷавлон Шокирови 44-сола ном мебарад.

Ҷузъиёти ин кушторҳо то ҳол маълум нест ва мақомот ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Қатлҳои занҷираӣ дар шаҳри Конибодом аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуда, то имрӯз дар бораи ҳалокати аъзои ҳашт оила гузориш нашр шудааст. Пештар қатли як хонаводаи шашнафара дар деҳаи Шӯробқалъа шаби 8-уми декабр сурат гирифт.

Ангезаи ҷиноятҳо то ҳол номаълум боқӣ монда, баъзе наздикони кушташудаҳо бар ин боваранд, ки кушторҳо шояд бо дуздӣ рабт дошта бошад. Масалан, баъди яке аз ҳодисаҳо аз хонаи қурбониён пулу ҷавоҳирот гум шудааст.

Аммо мақомот мегӯянд, ки қисме аз ин кушторҳо бо муноқишаҳои хонаводагӣ рабт дошта, таҳқиқи боқимонда ҳанӯз идома дорад.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар пайи ин ҳодисаҳо қаблан ду нафарро, аз ҷумла Марат Сатторовро ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯровро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Марат Сатторови 42-сола посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Канибодом буда, ӯро муттаҳам дар қатли 6 нафар медонанд.

То ҳол ҳам тафтишот ва ҳам додгоҳ аз ҷузъиёти мурофиа ва ангезаи гумонбаре, ки гӯё даст ба қатли аъзои ду хонавода задааст, чизе нагуфтаанд. Назари маҳкумшуда, пайвандон ва вакили дифоаш низ дастрас нест.

Аммо сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла пайвандони қурбониён, ки дар мурофиа ширкат доштаанд, дар ягона ё қотили воқеӣ будани Сатторов шубҳа доранд. Чун айбдоршаванда дар додгоҳ суханони зиддунақиз гуфта, гоҳ ба куштор иқрор мешуд, гоҳ онро инкор мекард ва пас аз боздошти ӯ боз қатли як хонаводаи дигар сурат гирифт.

Хешовандони Ашӯрови 68-сола, ки ба куштани бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ, Иноят Урмонова гумонбар мебошад, мегӯянд, ки ӯ гунаҳкор нест.

Пас аз қатлҳои занҷираӣ вазъ дар Конибодом нигаронкунанда буда, сокинон аз мақомот талаб доранд, ки воқеиятҳоро рӯшан карда, ҳарчи зудтар сабабҳои ин фоҷиаҳоро ошкор намоянд.

Тоҷикистон мехоҳад сармоягузорони Иморотро ҷалб кунад

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузори худ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин мулоқот, ҷонибҳо дар робита ба рушд ва таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ва судманд миёни Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, “аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баррасӣ шудааст.

Дар ин мулоқоти маҷозӣ, ки Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Фаррух Шарифзода ва Имороти Муттаҳидаи Арабиро ёвари вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар умури энергетика ва рушди устувор Абдуллоҳ Аҳмад Балалаъа муаррифӣ мекард, ҳар ду тараф дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи чанд соли ахир пайваста талош мекунад, ки таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷи Форас, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Арабиро барои сармоягузорӣ кардан дар бархе тарҳҳо ҷалб кунад, аммо бо таваҷҷуҳ ба густариши фасоди идорӣ ва ахлоқӣ дар ниҳодҳои зертоби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон арабҳо хеле бо эҳтиёт рафтор карда, то замонатҳои қавиеро дарёфт накунанд, ҳозир нестанд сармоягузорӣ кунанд.

Ҳушдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳо тавсия додааст, ки аз сафар кардан ба манотиқи кӯҳистонии кишвар худдорӣ кунанд.

Имрӯз, 16-уми декбари соли 2024, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар сомонааш гуфт, ки шароити боду ҳаво дар манотиқи кӯҳистонии кишвар номусоид буда, хатарҳои зиёде, аз ҷумла фаромадани туману тарма ва сангрезӣ ронандаҳоро таҳдид мекунанд.

Ба қавли манбаъ, “дар мавзеҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тебеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд», «Ваҳдат –  Рашт – Тоҷикобод –  Лахш», «Душанбе – Сангвор», «Ш.Шоҳин – Дарвоз», «Ванҷ – Хоруғ», «Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб» дараҷаи баланди яхбандӣ,  фаромадани тарма  ва сангрезӣ аз эҳтимол дур нест.”

Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки ба масъулини нигаҳдории роҳҳо супориш додааст, ки роҳҳоро сари вақт тоза кунанд ва барои ҳолатҳои изтирорӣ омода бошанд.

Инчунин ба ронандаҳо низ ҳушдор додааст, ки “бад шудани шароити обу ҳаво барои ронандагони воситаҳои нақлиёт андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.”

Гуфта мешавад, ҳамзамон Вазорати нақлиёти кишвар ба ронандаҳо тавсия додааст, ки тамоми тадбирҳои заруриро барои худ дошта бошанд ва дар сурати аз рӯи зарурат сафар кардан тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро  воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад.  

Ҷашни “Ҷумъаи пирӯзӣ” дар шаҳрҳои Сурия

0

Рӯзи 13-уми декабр садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи Сурия пас аз намози ҷумъа ба майдонҳо баромаданд ва аз пирӯзии инқилоб ва сарнагунии низоми Башшор Асад ҷашн гирифтанд.

Субҳи рӯзи ҷумъа раҳбари кулли идораи Сурия Аҳмад Аш-Шаръ (Абумуҳаммад Ҷулонӣ) бо нашри паёми кӯтоҳе аз мардум хост пас аз намози ҷумъа ба майдонҳо бароянд ва аввалин “Ҷумъаи пирӯзӣ”-ро ҷашн бигиранд.

Ӯ зимни ин паёми кӯтоҳ аз шаҳрвандон ва бахусус онҳое, ки силоҳ дар даст доранд талаб кард, ки ба хотири хурсандӣ ба ҳаво тир холӣ накунанд ва мардумро натарсонанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои аввали суқути Башшор Асад нерӯҳои мухолифин бо изҳори хушҳолӣ ба осмон тир мекушоданд, ки баъдан аз ин кор боздошта шуданд.

Ин шабу рӯз хушҳолии мардуми Сурия ҳадду канор надорад. Бо вуҷуде, ки аз сарнагунии ҳукумати Башшор Асад 5 рӯз мегузарад, ҳоло ҳам дида мешавад, ки мардуми ин кишвар дар тамоми шаҳрҳои он ва ҳатто онҳое, ки дар хориҷ аз Сурия қарор доранд, ба кӯчаҳо баромада, хушҳлоӣ мекунанд.

Башшор Асад ва қабл аз ӯ падараш Ҳофиз Асад Сурияро беш аз 50 сол бо мушти оҳанин идора карданд. Даҳҳо ҳазор одамро бидуни ҳеч ҷурме солҳо зиндонӣ кардан ва ё куштанд. Ба иттилои расонашо, Башшор Асад аз соли 2011 то соли 2018 танҳо дар зиндони махуфи Сайдиная беш аз 34 ҳазор шаҳрванди худро бо сахттарин азобҳо куштааст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини Башшор Асад, ки дар шимоил Сурия дар қисмате аз шаҳри Идлиб зиндагӣ мекарданд, рӯзи 27-уми ноябр ҳамларо ба шаҳри Ҳалаб оғоз карданд ва бомдоди 8-уми декабри соли ҷорӣ ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Димишқ расиданд ва ба ҳукумати диктотурии Башшор Асад поён доданд.

Мухолифи ин кишвар аз чандин гурӯҳҳои мусаллаҳ иборат ҳастанд, ки ҳама барои сарнагунии ҳукумати Асад зери раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, маъруф ба Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “Ҳайати озодии Шом” муттаҳид шуданд.

Худи Ҷулонӣ дар як мусоҳибае бо шабакаи CNN гуфта буд, ки ин эътилоф муваққатӣ аст, баъди аз байн бурдани ҳукумати Башшор ин эътилоф кори худро низ поён медиҳад ва бо ҳам як Сурияи нав месозанд.

Пас аз пирӯзии мухолифон дар Сурия Амрико ва аксар кишварҳои ғарбӣ бо ҳукумати нави ин кишвар изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ кардаанд. Ва аллакай чанд кишвар ҳам сафоратҳои худро дар Димашқ боз карданд.

Ҳоло дар ин кишвар ҳукумати интиқолӣ бо раҳбарии Муҳаммад Башир ташкил шудааст, ки то 1-уми моҳи марти соли 2025 идома меёбад ва пас аз он интихоботи президентӣ барои ҳукумати ҷадид гузаронида мешавад.

Амрико хостори озодии зиндониёни сиёсии тоҷик шуд

0

Баъзе аз сенаторони Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсиро талаб карданд.

Нома ва матни суханронии сенаторони армикоие, ки ин талабро аз Тоҷикистон кардаанд, рӯзи ҷумъа, 13-уми декабр ба дасти Azda TV расид.

Дик Дурбин ва Питер Уэлч намояндагони аксарияти Сенои Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки фавран ва бидуни шарт зиндониёни сиёсиро озод кунанд. Онҳо дар суханронии худ таъкид мекунанд, ки ҳамаи ин зиндониёни сиёсӣ аз арзишҳои демократӣ ва озодиҳои сиёсӣ ҳимоят кардаанд.

Суханронии ин ду намояндаи Сенои Амрико рӯзи 11-уми декабр дар толори Сено гузаштааст. Онҳо бо шумули зиндониёни сиёсии тоҷик, инчунин аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Эритерия ва Ветнам низ хостанд, ки зиндониёни сиёсиашонро бидуни қайду шарте озод кунанд.

Сенатор Дурбин дар суҳбаташ чунин мегӯяд: “Ман ҳар аз чанд гоҳе дар Сено (Сенат) масъалаи зиндониёни сиёсиро, ки дар саросари ҷаҳон зиндониянд ба миён мегузорам. Шояд шумо фикр кунед, ки чаро ман ба такрор дар бораи онҳо суҳбат мекуна? Ман дарк кардаам, ки беадолатии воқеӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин фаҳмидам, ки ҳаргоҳе аз минбари Сено дар бораи зиндониёни сиёсӣ суҳбат мекунам, баъзе аз мардум мешунаванд ва боиси тағйир дар сарнавишти онҳо мегардад.”, — мегӯяд сенатор Дик Дурбин.

Дурбин ҳангми суханронияш дар мавриди зиндониёни сиёсии тоҷик аз вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва собиқ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев ном бурд. Ӯ гуфт, Ёров танҳо ба хотири намояндагӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи мухолифони қонунии Тоҷикистон дар додгоҳ барои 28 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин бори авал нест сенаторони амрикоӣ хостори озодии зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мешаванд. Соли 2020 низ 12 сенатори амрикои бо фирисодани номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори озодии зиндониёни сиёсӣ гашта буданд.

Ҳамзамон дар чанд соли ахир парлумони Аврупо 3 катънома барои озодии зиндониёни сиёсии тоҷик содир кардааст. Созмони Милали Муттаҳид бошад, парвандаи раҳбарони ҲНИТ, собиқ раиси Ҳизби демократ Маҳмадрузи Искандаров, раиси Ҳизби Тоҷикистони Нав Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи Ҷанон барои Тоҷикистон Мақсуд Иброҳимов, вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорони зиндониро баррасӣ ва боздошти онҳоро ғвйриқонунӣ дониста, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд фавран онҳоро озод кунад.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон на танҳо ба ин дархостҳои созмонҳо ва кишварҳои ғарбӣ таваҷуҳ намекунад, балки саркӯбҳоро васеътар идома медиҳад. Аз ҷумлаи саркӯбҳои доманадор Тоҷикистон ин аст, ки дар давоми соли 2024 раис ва муовини Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокироҷон Ҳакимов, собики вазири хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва собик раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва дигаронро боздошт карда, ба иттиҳоми “табаддулоти давлатӣ” парванда боз кард ва ҳоло муҳокимаҳои додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста идома дорад ва дар бораи иттиҳомоти онҳо мақомот изҳори назар намекунанд.

Инчунин боздошт ва истирдоди раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурҳи 24” Суҳроби Зафар ва фаъоли ин гурӯҳ Насимҷон Шарипов аз Истанбули Туркия ба Тоҷикистон, ки яке ба 30 сол ва дуюмӣ ба 20 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, далели ин саркӯбҳои густардаи Эмомалӣ Раҳмон алайҳи мухолифони сиёсияш аст.