30.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 169

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон

0
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Ҷопон масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 31-уми августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар бинои вазорат мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо доктор Акиҳико Танака, Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), ки дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон суҳбат кардаанд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба “татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, логистикӣ, саноатӣ, муҳитзистӣ, илму маориф, гуманитарӣ ва тақвияти зарфияти инсонӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон бо Ҷопон расман аз 2-уми феврали соли 1992 оғоз шуда, дар муддати беш аз се даҳаи ахир кишвари Ҷопон даҳҳо миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикитсон кумак кардааст.

Сӯхтори мудҳиш дар бозори шаҳри Ҳисор

0

Бомдоди рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ дар қисми тахтафурӯшии бозори шаҳри Ҳисор сӯхтор сар зад, ки алангаи он ба суръат паҳн шуда, макони зиёдеро фаро гирифт.

Дар наворҳое, ки субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки алангаи оташ хеле бузург шуда, вале мошинҳои оташнишонӣ дида намешаванд.

“Азия-Плюс” аз қавли Хадамоти оташнишонӣ иттилоъ дод, ки “сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.”

Аз Хадамоти оташнишонӣ гуфтаанд, ки масоҳати оташе, ки дар қисми тахтафурӯшии бозори Ҳисор сар задааст, тақрибан 400 метри мураббаъро ташкил додааст. Сабаби сӯхтор то ба ҳанӯз маълум нашудааст. Мақомот гуфтаанд, ҳоло машғули бартарафсозии паёмадҳои ин фоҷеа ҳастанд.

Ҳамзамон шабакаи телеграмии “Paviz TV” субҳи имрӯз навишт, ки оташнишонон аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Шаҳринав ва Турсунзода барои кумак омадаанд.

Мақомоти дахлдори кишвар сабабҳои оташсӯзии бозори Ҳисор ва ҳаҷми хисороти воридшударо то ҳанӯз эълон накардаанд. Вале аз наворҳо дида мешавад, ки чандин дукони бузурги тахтафурӯшӣ ба куллӣ ба коми оташ рафтааст.

Дар вокуниш ба ин фоҷеа бархе корбарон масъулини бозори шаҳри Ҳисорро гунаҳкори асосӣ медонанд, зеро ба назари онҳо, тахта, ки худ дар баробари оташ хеле осебпазир аст, мебоист масъулин инро аз қабл дар назар мегирифтанд ва аз қабл барои пешгирии чунин ҳолатҳо ҷиддӣ омода мешуданд.

Ҳамчунин корбиарони дигаре пурсидаанд, ки чаро дар бозорҳои Тоҷикистон сар задани сӯхтор, ба хусус дар вақти набудани тоҷирон, ҳангоми шаб ё субҳи барвақт муд шудааст? Онҳо мепурсанд, ки магар чунин амалҳо қасдан ва бо нақшаи пешакӣ сурта намегирад? Ва чаро то ҳол омилони сӯхторҳои бозорҳои дигар дастгир ва муҷозот намешаванд?

Давоми чанд соли ахир дар чандин бозорҳои кишвар сӯхторҳои зиёде сар зад, ки миллионҳо сомонӣ ба тоҷирон зарар ворид кард. Баъзе тоҷирони зарардида мегӯянд, ки бозорҳои кишвар дигар барои тоҷирон макони амн маҳсуб намешаванд, зеро ҳар ҳалза имкони сар задани оташ нобуд шудани тамоми молу дороӣ шахс вуҷуд дорад.

Баргузории нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

0

Қарор аст рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шавад.

Дар бораи ин нишаст ва барномаҳои он рӯзи чоршанбе, 30-уми август Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили гуногунҷанба, аз ҷумла масоили марбут ба ҳамкориҳо байни давлатҳои ҳамсоя баррасӣ шуда, дар поёни нишаст “санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.”

Тавре муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, пас аз нишасти “вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” низ “ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳо ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳошияи ин вохӯрӣ, қарор аст 16 нишасту форумҳои гуногун, аз ҷумла Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра баргузор шавад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар поёни ин нишастҳо “Намоишгоҳи таомҳои миллӣ” низ гузаронида мешавад. Ба гуфтаи бархе коршиносон, чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон рӯ ба корҳои намоише, ба монанди бо мева оростани шаклҳои гуногун овардаанд, ки ба ҷуз худнамоӣ ва исрофи аз ҳад зиёди буҷа аҳмияти дигаре надорад.

Гуфта мешавад, дар ин нишасти машваратӣ бояд раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кунанд, вале ба иттилои расонаҳои туркманистонӣ, Эмомалӣ Раҳмон собиқ раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳҳамадро барои ҳузур дар ин нишаст даъват кардааст, на писараш Сардор Бердимуҳаммадро, ки президенти ин кишвар аст.

Шумораи қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид

0

Бо пайдо шудани боз 4 ҷасади дигар шумори қурбониёни офатҳои табии рӯзҳои 27-28-уми август ба 21 нафар расид. Мақомот рӯзи гузашта шумори қурбониёнро 17 нафар эълон карда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-уми август хабар дод, ки рӯзи гузашта кормандони ин ниҳод боз ҷасади 4 нафари дигарро дар шаҳри Ваҳдат ва Варзоб, аз ҷумла ҷасади як занеро бо тифли 40-рӯзааш пайдо карданд.

Бино ба иттилои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Умеда Юсуфӣ, дар пайи офати табии дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб чаҳор нафар ҳалок шудаанд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар минтақаҳои дигар низ фавт ва бедарак шудани одамон низ вуҷуд дорад, аммо мақомот то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.  

Ёдовар мешавем, ки шаби 27-уми августи соли ҷорӣ дар аксар минтақаҳои кишвар борони шадиде борид. Бар асари ин боришоти сахт дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ обхезиҳои сахте рух дод, ки ҷони 21 нафарро гирифту чандин хонаву роҳҳоро вайрон кард.

Мақомоти кишвар то ҳанӯз омори ягонаи хисороти воридшуда аз ин селу обхезиҳои ахири кишварро нашр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол сокинон дар суҳбат бо расонаҳо аз он шикоят кардаанд, ки деҳаҳои селзада барқ надоранд ва бо гузашти чанд рӯз аз сар задани офати табиӣ то ҳол ёриҳои аввалияро ба ҷуз об дарёфт накардаанд, аммо мақомот иддао дорад, ки ба сокинон кумак расонидаанд.  

Кудето дар Габон, нигаронӣ дар Аврупо

0

Кудетои артиши Ҷумҳурии Габон дар Африқо сарони Иттиҳоди Аврупо ва ба Фаронсаро сахт нигарон кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи рӯзи 30-уми августи соли ҷорӣ бархе нерӯҳои вобаста ба артиши Ҷумҳурии Габон бо анҷоми як кудетои низомӣ раиси ҷумҳури ин кишварро боздошт ва ба ҳасби хонагӣ гирифтанд.

Ба қавли шабакаи хабарии “Ал-Ҷазира“, бархе сарони кудетогарон аз тариқи телевизион эълон карданд, ки ҳамагуна натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоршуда дар ин кишвар бекор карда шуда аст.

Инқилобгарон раиси ҷумҳури ин кишвар Алӣ Бунгу ва бархе аъзои ҳукуматашро, ки пирӯзии худ дар интихоботи баргузоршударо ҷашн мегирифтанд, боздошт ва ба “хиёнати бизург” муттаҳам карданд.

Ҳамзамон дар аксу наворҳое, ки аз пойтахти Габон, шаҳри Либервил дар расонаҳо роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки садҳо нафар аз ҳомиёни кудетогарон ва низомпӯшон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, рақсу пойкӯбӣ мекунанд ва ба навъе сарнагун кардани ҳукумати зери султаи Порисро ҷашн мегиранд.

Инчунин кудетогарон фаъолияти тамоми ниҳодҳои ҳукуматиро то иттилои сонавӣ манъ карда, рафату омад ба хориҷи кишварро аз тариқи сарҳадоти давлатӣ низ муваққатан мамнуъ эълон шудааст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо субҳи имрӯз гуфтаанд, агар собит шавад, ки дар ин кишвар кудето сурат гирифта, он метавонад суботи сиёсӣ дар тамоми кишварҳои африқоиро ба хатар биандозад.

Ҷумҳурии Габон, ки аз мустаъмираҳои собиқи Фаронса асту тайи солҳои зиёд манофеи он дар ихтиёри Порис қарор дорад, Эммануэл Макрон, Президенти Фаронсаро сахт ошуфта кардааст. Вазири хориҷаи ин кишвар ҳам дар нахустин вокуниши худ гуфтааст, Фаронса “бо бештарин таваҷҷуҳот” таҳаввулот дар Габонро пайгирӣ мекунад.

Ду гумонбари қатли Исматуллоев дар Русия боздошт шудаанд

0

Ду гумонбар дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар ҳудуди Федератсияи Русия боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми августи соли ҷорӣ зимни мулоқоти вазирони корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар Маскав масъалаи боздошти гумонбарони қатли Исматуллоев матраҳ шуд.

Бино ба иттилои вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, дар ҷараёни амалиёти оперативии муштараки вазоратҳои дохилаи ду кишвар бо номи “Ҷустуҷӯ” “ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”.

Колоколтсев ному насаби гумонбарони боздоштшударо нагуфтааст, аммо тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон, аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар қатли Шуҳрат Исматуллоев даст доранд, танҳо Дилшод Саидмуродов, раҳбари ин гурӯҳ ва Акбар Ахмедов ба Русия фирор карда буданд. 

Вазорати корҳои дохилии Русия, боздошти ин ду гумонбарро натиҷаи хуби ҳамкории байни мақомоти ду кишвар хондааст.

Инчунин дар мулоқоти вазирони ду кишвар аз ошкор шудани фаъолияти як гурӯҳи ҷиноие хабар дода шудааст, ки ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав машғул будааст.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карда буд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳадаф аз сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия баррасӣ намудани масъалаҳои ҳамкории ду вазорат дар мавриди будубоши муҳоҷирони корӣ, мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо ва масъалаи дастгир намудани Саидмуродов Дилшод маъруф ба Дилшоди “СБ” ё “красавчик” гуфта мешуд.

Нигаронии Тоҷикистон аз ҳузури мухолифин дар нишастҳои навбатии САҲА

0

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири фош нашудани аҳвол ва ахбори марбут ба нақзи ҳуқуқи инсон дар нишастҳои САҲА дар Варшава аз ҳоло нигор шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 30-уми августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.”

11-уми августи соли ҷорӣ ҳукумати кишвар барои ба намоиш гузоштани “моил будан ба ислоҳот”-и худ “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038”-ро тасдиқ карда буд.

Сипас Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Варшава, пойтахти Лаҳистон, ки нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар робита ба ченакҳои ҳуқуқи иснон дар ин шаҳр баргузор мешаванд, сафар карда масъалаҳои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба ҳамтоёни худ ба миён гузошта буд.

Гуфта мешавад, нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳакории Аврупо дар робита ба риояи ченакҳои ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешаванд. Ин нишастҳо, ки бо ҳузури намояндагони беш аз 55 кишвари дунё баргузор мешаванд, яке аз минбарҳои муҳим барои рӯбарӯ нишастани намояндаҳои ҳукуматҳо ва мухолифини онҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҷанозаи муовини аввали Ҳасан Асадуллозода

0

Зуҳри имрӯз ҷанозаи муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” дар шаҳри Душанбе хонда шуд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, имрӯз, 30-уми августи соли 2023 маросими ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси ҶСК “Ориёнбонк” дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин маросим бо ҳузури наздикону пайвандон ва бархе ҳамкоронаш баъд аз адои намози пешин дар масҷиди Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансури похтахт гузаронида шуд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз пайдо кардани ҷасади муовини якуми додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар “Ориёнбонк”, ба хотири ташхису таҳқиқоти бештар наздик ба ду ҳафта манъ карда буданд.

Пеш аз ин Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки “23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар” рабуда шудааст.

Гуфта мешавад, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” дар ноҳияи Варзоб кушта шуда, ҷасади ӯро ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.

Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Шуҳрат Исматуллоев дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Нахуствазир Покистон аз зиндон озод шуд

0

Додгоҳи олии Покистон собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро аз зиндон озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 29-уми августи соли 2023 Додгоҳи олии Покистон ҳукми се соли ҳабс барои Имрон Хон, собиқ Нахуствазири ин кишварро бекор карда, аз дохили толор ӯро озод кард.

Мақомоти покистонӣ собиқ Нахуствазири ин кишварро бо иттиҳоми фурӯш ва аз худ кардани маблағи туҳфаҳои сарони давлатҳо, ки дар замони нахуствазирӣ дар давоми солҳои 2018-2022 дарёфт карда буд, муттаҳам карда буданд.

Пеш аз ин, 28-уми августи соли ҷорӣ хоҳари Имрон Хон аз додраси парванда хоста буд, ки ҳукми се соли зиндони бародарашро бекор ва ӯро озод кунад, вале додрас ин талаб ва хостаи ӯро иҷро накарда буд.

Додгоҳи олии ин кишвар дар шаҳри Исломобод ин иттиҳомотро ғайриқаноатбахш хонда, ҳукми қабли додгоҳеро, ки ӯро ба 3 соли зиндон маҳкум карда буд, бекор намуда, ӯро аз толор озод кардааст. Аммо ҳукми Бюрои марказии интихоботи ин кишварро, ки Имрон Хонро барои 5 сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум карда, бетағйир гузоштааст.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Имрон Хон аз иттиҳоми парвандаи фурӯш ва аз худ кардани туҳфаҳои сарони давлатҳо озод шуд, вале пас аз он ки ӯ аз қудрат канор зада шуд, то ҳол мақомот алайҳи ӯ ҳудуди 200 парвандаи дигар сохта, шикоят карда буд. Ба ин хотир, вакилони Хон мегӯянд, ки ирмӯз вай озод шуда, вале эҳтимол рӯзҳои оянда бар асоси дигар парвандаҳо дубора боздошт ва зиндонӣ карда шавад.

Аммо имрӯз, 30-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби як додгоҳи дигар бо иттиҳоми фош сохтани сирри давлатӣ бори дигар ҳукми боздошт ва зиндонӣ кардани ӯ содир шудааст.

Имрон Хон дар байни сиёсатмадорони покистонӣ яке аз маҳбубтаринҳост. Дар давоми камтар аз 15 моҳи баъд аз барканорӣ аз қудрат тайи солҳои 2022-2023 бо баргузории тазоҳурот ва вохӯриву суханрониҳои зиёде бо мардум дошт, маҳбубтар шуд.

Аксари коршиносони покистонӣ бар ин назаранд, ки бо доштани маҳбубиятҳои зиёд дар миёни мардум Имрон Хон агар дар интихоботи пешорӯӣ номзад шавад, ба эҳтимоли зиёд дубора сари қудрат хоҳад омад. Ба ҳамин хотир, мақомот ӯро аз машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсӣ барои 5 сол маҳрум кардаанд.

Раҳимзода барои боздошти Дилшоди “СБ” ба Русия рафт

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи кишвар, Рамазон Раҳимзода дар рафти ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкории ду вазорат дар мавриди будубоши муҳоҷирони корӣ, мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи охир муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Русия бо тафтишу боздошт ва бадрафторӣ нисбати онҳо аз ҷониби мақомоти интизомии Русия рӯбарӯ ҳастанд.

Инчунин ба навиштаи манбаъ, вазири тоҷик бо ҳамтои русаш масъалаи дастгир намудани Саидмуродов Дилшод маъруф ба Дилшоди “СБ” ё “красавчик”-ро, ки дар гаравгон гирифтан ва куштори муовини раиси “Ориёнбонк”, Исматуллоев Шуҳрат даст дорад, баррасӣ хоҳад кард.