Хона блог саҳифа 679

Додгоҳи Санкт-Петербург як ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми терроризм зиндонӣ кард

0

Додгоҳи Санкт-Петербург нафареро, ки ба ҷалби террористон машғул буд равонаи зиндон кард. Дар ин бора “ТАСС” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин сомона Додгоҳи Санкт-Петербург Исфандиёр Акрамовро бо иттиҳоми фиристодани ду нафар ба Сурия ва пайвастан ба созмони байналмилалии террористии “Давлати Исломӣ” гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5.6 сол равонаи зиндон намуд.

Ҳамчунин дар як нишасти матбуотӣ аз идораи ФСБ дар шаҳр ва вилояти Ленинград гуфтанд, ки Исфандиёр Акрамов ҷазоро дар колонияи низоми умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Тавре, ки дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, Акрамов дар қаламрави Санкт-Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро моил кард, ки ба Сурия раванд ва дар ҷангҳо ширкат варзанд. Исфандиёр барои кумак ба терроризм гунаҳгор дониста шуд.

Бино ба маълумотҳо Исфандиёр Акрамов зимистони соли гузашта аз ҷониби кормандони оперативии хадамоти махсус дар якҷоягӣ бо кормандони сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград боздошт шуда буд.

Ҳангоми боздошт ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ба ҳабсаш дар додгоҳ эътироз накард. Кумитаи тафтишот қайд кард, ки ҳангоми кофтукоб аз ӯ 16 тир мусодира шудааст. Аммо адвокати ӯ Константин Тарасенко дар суҳбат бо “Коммерсант” аз қавли падари Акрамов гуфта буд, ки қаблан ҳангоми тозакунӣ ӯ дар ҳуҷраи писараш ҳеҷ тире наёфтааст.

Бародари Акрамов ҳамчун  ҷонибдори созмони террористӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои расонаҳо Акрамов солҳои 2006-2008 дар сафи нерӯҳои десантӣ дар Тула хидмати ҳарбӣ кардааст, пас аз он ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, аммо ҳангоми боздошт ӯ дар ҳеҷ куҷо кор намекардааст.

Парвозҳои доимӣ байни Душанбею Кобул ва Алмато барқарор шуд

0

Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон 2-юми март хабар доданд, ки Тоҷикистон парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Қазоқистону Афғонистон барқарор кардааст.

Тибқи иттилои ироа кардаи “Радиои Озодӣ” аз ин ниҳоди ҳавонавардии кишвар ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як маротиба дар назар гирфта шудаа аст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, дар як ҷаласа дар Душанбе гуфтааст, “беҳбуди вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар” ба ин кор сабаб шуд. Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои “Сомон Эйр”-у “Эйр Остона”, “Кам Эйр” ва “Белавиа” ҳузур доштаанд.

“муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд.”

Ҳамзхамон мақомот хабар додаанд, ки бештар кардани парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Минск – Душанбе баррасӣ доранд.

Тоҷикистон аз моҳи марти соли гузашта дар пайи густариши бемории ҳамагир парвзҳо бо кишварҳои дигарро  қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст. Аммо ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аст.

Икром Субҳонзода, раҳбари ниҳоди ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон пештар дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфта буд,

“Чанде пеш дар Русия оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунид доштем. Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳои мунтазама аз 1 июн омода аст. Ин масъала ба вазъи эпидемиологӣ вобаста мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз он ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”.

Бо вуҷуди он ки Русия парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистону Қирғизистон барқарор карда аст, аммо барои барқарор намудани парвозҳо бо Тоҷикистон шитоб намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулон дар Тоҷикистон ва ҳатто расиҷмуҳур таъкид дорад, ки кишвар холӣ аз вируси корона аст, аммо Русия гуфта, чунин тасмимеро танҳо пас аз арзёбии вазъи эпидемиологӣ, марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон мегирад.

Дар пайи дархости сарвазир Қоҳир Расулзода дар сафари ахираш ба Маскав барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам масъулони рус гуфтанд, онҳо дар ибтидо гурӯҳеро аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Танҳо пас аз ин дар масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазам фикр хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз ҳам маълум нест, ин гурӯҳ кай ба Тоҷикистон меояд.

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд, вале имсол бо сабаби баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар бекору даромад мондаанд.

Пашиниян ба муътаризон гуфт, омодааст интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кунад

0

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1-уми март дар миёни муътаризони тарафдораш розӣ шуд, ки барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Рӯзи 1-уми март Ереван пойтахти Ҷумуҳурии Арманистон якбора шоҳиди се роҳпаймоӣ шуд. Яке аз роҳпаймоиҳои шоми якуми март тарафдорони худи Пашинян буданд ва роҳпаймоии онҳо шабона идома ёфт ва шахсан аз ҷаноби Пашинян идора мешуд.

Пойгоҳи хабарии “Коммерсант” менависад, ки дар ин рӯз, сардори ҳукумати Арманистон ба мухолифон ҳамлаи ҷавобӣ нишон дод ва нишон дод, ки ӯ метавонад дар қудрат бошад ва ҳамзамон бар зидди мухолифон муборизаи комилан инқилобӣ барад.

Ба навиштаи “Коммерсант” Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1 март дар муқовимати хиёбонӣ бо оппозисиюн пирӯз шуд. Никол Пашинян муваффақ аст, ки дар сиёсат кори ғайриимконро ба анҷом расонад. Ҳам қудратро дар ихтиёр дорад ва ҳам дар ҳолати зарурӣ фавран ба нақши инқилобчӣ бармегардад.

Рӯзи 1 март бо даъвати ӯ даҳҳо ҳазор ҷонибдоронаш майдони марказии пойтахти ҷумҳуриро пур карданд. Гирдиҳамоии тарафдорони сарвазир дар ҳоле сурат гириф, ки дар ин рӯз аз ҷониби мухолифони ҳукумати Пешинян дар назди парлумон гирдиҳамоҳӣ идома мекард.

Ин гирдиҳамоиҳоро мухолифони муттаҳидшудаи ҳукумати Пашинян ба номи “Ҳаракат барои наҷоти Ватан” роҳандозӣ карданд ва дар он ҳазорҳо нафар тарафдорони ба истеъфо равон кардани сарвазир иштирок доштанд. Аммо расонаҳо навиштанд, ки ҷонибдорони Пашиня бештар буданд ва барои Никол Пашинян муҳим буд, ки нишон бидиҳад, аз пуштибонии мардум ҳануз ҳам бархӯрдор аст.

Пашинян дар миёни тарафдоронаш барои хатогиҳои содиркардааш узр пурсид. Ва гуфт “дар тӯли даҳ моҳи гузашта аз сӯи ҳукумати ӯ иштибоҳҳое сар зада ва мехоҳад аз ҳама арманиҳои Арманистон, Артсах (номи армании Қарабоғи Кӯҳӣ – “б”) ва диаспора узр пурсад. Ӯ гуфт, маро барои хатогиҳоям бубахшед! Ба ёди онҳое, ки дар ҷанги Қарабоғи ахир кушта шудаанд, ӯ аз ҳамагон хоҳиш кард, ки чароғҳои телефони мобилии худро фурӯзон кунанд.

Дар ҳамин ҳол ӯ афродеро, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафашон заъиф кардани демократия аст, маҳкум кард. Пашиниян гуфт, рақибони қадимиаш мекӯшанд ҳукумати ӯро заъиф созанд ва афзуд, “фақат мардум метавонанд тасмим бигиранд, ки кадом фард ё ҳизбе дар қудрат боқӣ бимонад”.

Пашинян барои шеваи раҳбарии ҷанги ахир дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишор қарор гирифт. Нерӯҳои арманӣ дар ин ҷанг шикаст хӯрданд ва маҷбур шуданд бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати худ дар Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон баргардонанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Арманистон тайи чанд ҳафтаи ахир идома мекунад. Пашиниён дар байни тарафдоронаш ҳамчунин таъкид кард, ки “агар мухолифони парлумонӣ бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мувофиқат кунанд, мо низ мувофиқат хоҳем кард. Бигузоред, ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ биравем ва бубинем, ки аксарияти мардум воқеан тарафдори истеъфои чӣ касе ҳастанд”.

Пашинян низомиёне, ки истеъфои сарвазирро талаб мекарданд ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ айбдор кард. Ӯ ба муътаризони тарафдораш гуфт, ки дар паси талаби низомиён, сарвари собиқи Арманистон Серж Саркисян меистад. Пашинян таъкид кард, ки Серж Саркисян аз нуфузи худ ба генералҳо аз Ситоди Генералӣ истифода бурда, истеъфои маро талаб кард.

Барои ин, вай сардори Ситоди Генералӣ Оник Гаспарянро “хиёнаткор” номид ва ӯро дар иҷрои фармони Серж Саркисян айбдор кард. Никол Пашинян генералҳои дигарро, ки изҳоротро имзо кардаанд, даъват кард, ки аз ин кор даст бикашанд ва ба хидмат баргарданд, ва гуфт, ки бо онҳо чизе рух нахоҳад дод.

Кӣ мушкилоти муҳоҷиронро дар Русия бештар мекунад, худиҳо ё бегона?

0

Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дар вилояти Свердловск кор мекарданд, ҳангоми бозгашт ба ватан ба мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба хабаргузории русии “Вечерние ведомости” аз ҳамватанони худ шикоят кардаанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон агар шахсони вобаста ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург набошанд, мушкиле барои бозгашт ба ватан вуҷуд надорад.

Ба иддаои ин муҳоҷирон кормандони Консулгарии Тоҷикистон аз онҳо барои парвозҳои махсус, ки бе ин ҳам нархи баланд доранд, талаб доранд, ки пули зиёдтар супоранд ва бояд аз пизишки мушаххас аз ташхиси “COVID-19” гузаранд.

Тибқи баъзе маълумотҳо муҳоҷирон аз Беҳрӯз Холиқов – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Округи федералии Урал шикоят кардаанд. Ба гуфтаи онҳое, ки ба хабаргузории “Вечерние ведомости” муроҷиат кардаанд, Холиқов бо намояндагони ташкилоти тиббӣ, ки озмоиши COVID-19 мегузаронанд, муносибати дӯстона дорад.

Ёдовар мешавем, ки бе шаҳодатнома дар бораи надоштани коронавирус, шаҳрвандон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд. Барои дохил шудан ба рӯйхатҳо бояд санҷиш ба духтури мушаххас супорида шавад. Ин духтурони махсус ба ҷойи 1400 рубл аз нафароне, ки муроҷиат мекунанд 2000 рубл мегиранд.

Ин муҳоҷирон вақте барои харидани чиптаҳо ба кассаи ҳавопаймоии “Азия-Транс 24”, ки ба зодаи Тоҷикистон Манучеҳр Розиков тааллуқ дошта, бо Холиқов робита дорад, муроҷиат мекунанд, мефаҳманд, ки озмоишҳои дар лабараторияҳои арзонтар гирифтаашон ба кор намеомадааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки чиптаҳои ҳавопаймо барои парвозҳо ба Душанбе танҳо тавассути ширкати Розиқов фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки нархи воқеии билети ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, дар идораи Розиқов аз муҳоҷирон тақрибан 44 ҳазор рубл талаб мекунанд.

Бо дарназардошти он ки ягон интихоби дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбуранд бо нархномаи баландкардаи ширкати Розиқов розӣ шуда, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд.

Ҳамчунин муҳоҷирон аз он гуфтаанд, ки алайҳи Холиқов ва шахсони наздик ба ӯ ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоятҳо ворид шудаанд, аммо аз ҷониби худи Консулгарӣ то ҳол вокунише нашудааст.

Раиси созмони ҷамъиятии минтақавии диаспораи тоҷикон “Дидор” Мастбегим Ошурбекова дар сӯҳбат бо хабарнигори “veved.ru” гуфт, ки набояд ҳеҷ мушкиле дар парвозҳо вуҷуд дошта бошад. Ошурбекова мегӯяд, ки ҳадди ақал дар таҷрибаи ӯ чунин мушиклоте вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ӯ дар консулгарӣ ҳам ҷой доштани чунин мушкилотро рад кардаанд.

Фарух Мирзоев, раиси “Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои миллию фарҳангӣ”-и вилояти Свердловск, мушкилотро қисман тасдиқ намуда қайд кард, ки қаблан аз боло будани нархи чиптаҳо шикоятҳо зиёд буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тибқи ҳисобҳои тахминии Мирзоев, агар паҳншавии бемории ҳамагир авҷ нагирад, марзҳо охири моҳи март – аввали апрел кушода мешаванд. Дар баробари ин шумори зиёди муҳоҷироне ҳастанд, ки намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Аз Тоҷикистон 80-90 ҳазор муҳоҷир омодаанд танҳо ба Екатеринбург парвоз кунанд.

Тоҷикистон аз аввали сол 3,3 млн доллар кумак дарёфт кардааст

0

Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба маблағи тақрибан 3,3 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст. Дар ин бора “Tajweek” бо истинод ба маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ғайр аз кумакҳои пулӣ боз кумакҳои дигар бо вазни умумии 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари ҷаҳон расонида шудааст.

Дар байни кишварҳои кумаккунанда, ҳиссаи бештари кумакҳои башардӯстона ба Чин рост меояд, ки он – 38,4% мебошад. Русия – 20,0%, Ҳиндустон – 13,3%, Ҳолланд – 5,7%, Британияи Кабир – 5,1%, Шветсия – 2,5%, Олмон ва Дания ба ҳар як – 2,1%, рост меояд. Инчунин Малайзия – 1,8%, Фаронса – 1,7%, Лаҳистон ва Иёлоти Муттаҳида – 1,4%, Норвегия ва Сингапур – 1,0% ва дигарон низ кумакҳои худро ба Тоҷикистон расондаанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расонд, ки ин 37,3% ҳаҷми умумии чунин кумакҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шумораи умумии донорҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон 62 кишвар мебошанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 56 миллион доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст, ки вазни умумии онҳо қариб 23 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Чин давоми даҳ соли охир шарики бузурги тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон гаштааст ва дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад, инчунин ин кишвар ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки зиёде додааст.

Аз аввали моҳи октябри соли гузашта ягона нуқтаи гумрукӣ дар марзи ду кишвар, ки дар ағбаи Кулма воқеъ аст баста боқӣ мемонад, ки ин ба ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар таъсир мерасонад. Айни замон молҳои чинӣ ба Тоҷикистон тавассути кишварҳои сеюм бо роҳи транзитӣ интиқол дода мешаванд.

Мамадбоқиров дар бемористон бистарӣ шудааст. Бо чӣ иллате?

0

Мамадбоқир Мамадбоқиров дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона Мамадбоқирро, ки яке аз саркардаҳои гурӯҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ ба шумор меравад, рӯзи 22-юми феврал вақте саломатияш бад мешавад бо мошини ёрии таъҷилӣ ба Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ мебаранд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ заҳролуд шудааст, аммо духтурон беморияшро “синусит ва сирояти вирус” гуфтаанд.

Духтари Мамадбоқир, Баригул Мамадбоқирова, ки дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад, мегӯяд, ки дар падараш нишонаҳои заҳролудшавиро мушоҳида кард, вале гуфтаҳояшро пурра тасдиқ карда наметавонад.

Ҳамчунин Баригул дар идома гуфтааст, ки “Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд”.

Ба гуфтаи духтари Мамадбоқир падараш моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, вале ҳеч гоҳ чунин нишонаҳоро надоштааст.

Аммо як манбаъ аз Маркази тиббии Оқохон ба расонаҳо заҳролудшавии Мамадбоқирро рад намуда гуфтааст, ки “бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст”.

Ҳамчунин ин манбаъ қайд намудааст, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас мешавад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз “лидерҳои ғайрирасмӣ” дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ғайрирасмии Бадахшонро интиқод намуд расонаӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои “гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ” ном бурдаанд.

Раҳмон аз омодагии Чин барои тақдими ваксинаи ройгон изҳори сипос кард

0

Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дирӯз 1-уми март гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон аз муваффақиятҳои Чин дар ростои рафъи камбизоатӣ ёдовар шуда ба ин муваффақият Си Ҷинпинро табрик намуд. Дар ин гуфтугӯ масъалаҳои мубрами стратегии ду кишвар баррасӣ шудааст.

“Дар ин зимн,  масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд”.

Раҳмон аз раисҷумҳури Чин бобати кумакҳояш ба Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи коронавирус ва инчунин аз омадагии ин кишвар барои ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин изҳори миннатдорӣ намудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин гуфтугӯ низ дар масоили фарҳангӣ ва амниятӣ суҳбат намудаанд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

Дар Ераван тазоҳургарон истеъфои Пшиниянро хоста, ба бинои шаҳрдорӣ ворид шуданд

0

Рӯзи душанбе даҳҳо фаъолони Арманистон ба бинои маъмурияти шаҳрии ноҳияи Ереван ворид шуда, истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Пас аз шиор додан тазоҳургарон бинои маъмуриятро тарк намуда, ба хиёбони Баграмян равон шуданд, ки дар он ҷо тазоҳуроти якҷояи мухолифон бояд баргузор гардад.

Эътирозҳои оммавӣ барои пуштибонӣ ва зидди Пашинян дар Арманистон пас аз он шурӯъ шуданд, ки Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ истеъфои сарвазир ва ҳукуматро талаб кард.

Ба изҳороте, ки талаби истеъфои Пашинянро мекард сардори Ситоди генералӣ Оник Гаспарян, муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳо ва корпусҳо имзо гузоштанд. Пашинян ин изҳоротро ҳамчун кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ арзёбӣ намуда, қарори барканор кардани Гаспарянро эълон кард.

Тибқи конститутсияи Арманистон, фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳро президент бо пешниҳоди сарвазир таъин мекунад. Рӯзи шанбе президент пешниҳоди сарвазирро дар бораи барканории сардори Ситоди генералӣ напазируфт ва қайд кард, ки чунин фармон ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо хилофи конститутсия аст.

Баъд аз гирифтани рад, Пашинян пешниҳоди худро дубора ба президент фиристод. Акнун Президенти Арманистон Армен Саркисян бояд фармонро дар тӯли се рӯз имзо кунад ё тариқи Суди конститутсионӣ онро бекор кунад.

Худи Саркисян изҳор дошт, ки ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои сиёсиро дастгирӣ намекунад ва вазъи кунунии кишварро бо тағироти зуд-зуди кадрӣ ҳал кардан мумкин нест.

Ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашиниён зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид.

Никол Пашиниён, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Дар мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2021” 14 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

0

5-7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона дар ин мусобиқа бояд 521 варзишгар (307 мард, 214 зан) аз 73 давлат иштирок кунанд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021»  аз Тоҷикистон 14 варзишгар, Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (–66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (-100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (-63кг) миёни бонувон иштирок мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66 кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дуюм – 6 март – паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ шуда, ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ дода мешавад. Барои ҷойи якум дар ҳар вазн 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Паҳлавонони тоҷик имкон доранд то моҳи июни имсол бо иштирок дар мусобиқаҳо хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Федератсияи байналмилалии ҷудо 28 июн радабандии ниҳоии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир варзишгарони тоҷик дар раддабандии олимпӣ чунин аст: Маҳмадбеков Сомон ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73кг бо доштани 3290 хол ва 2796 хол дар ҳамин вазн дар мақомҳои 15 ва 24-ум қарор доранд. Раҳимов Темур дар вазни +100 кг бо 2611 хол дар мақоми 21-ум қарор дорад. Комроншоҳи Устопириён бошад дар вазни 90 кг бо 2174 дар ҷойи 25- ум қарор дорад.

Писари Маҳмурод Одинаевро низ равонаи зиндон карданд

0

Рӯзи 25 феврали соли равон Додгоҳи шаҳри Ҳисор нисбати Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ барои 6 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҳукм содир кардааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор дониста шудааст. Аммо худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомотро рад када, гуфтаанд, ки ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор дар бораи Шайхмуслиҳиддин Ризоев рӯзи 25-уми феврали имсол содир шудааст. Масъулони додгоҳ танҳо рӯзи 1-уми март ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карданд.

Як масъули додгоҳ бе зикри номаш гуфта, ки писари Маҳмурод Одинаев, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Модари Шайхмуслиҳиддин, Меҳринигор Ризоева гуфта, ки бо шиканҷа болои писараш ин иттиҳомотро бор кардаанд. Ва афзуда, ки дар рӯзи муҳокимаи фарзандаш онҳоро нагузоштаанд ба толори Додгоҳ ворид шаванд

Шайхмуслиҳиддин Ризоевро моҳи октябри соли гузашта дар натиҷаи як муноқиша дар назди як тарабхона дар шаҳри Ҳисор боздошт карда буданд. Он замон ӯ ба авбошӣ мутаҳам мешуд, аммо пас аз зиндонӣ шудани падараш дар парвандаи ӯ “таҷовуз ба номус” илова шудааст, ки то ҳол мақомот онро шарҳ надодаанд.

Ҳамчунин додгоҳ писари дигари Одинаев, Ҳабибуллоҳ Ризоевро низ бо пардохти 58 ҳазор сомонӣ муваззаф кард. Наздикони Маҳмурод Одинаев ҳама иттиҳомотро алайи ӯ ва фаррзандонаш рад мекунанд.

Ҳамзамон коршиносони масоили ҳуқуқӣ маҳкум шудани Одинаев ва писаронашро сиёсӣ унвон намуда, мегӯянд, ки мардумро ба эътироз даъват кардани муовини раиси ҲСДТ ва ё назди бинои мақомот даъво барпо кардани ӯ чандон ҷурми бузурге нест, ки ӯро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кунанд.