Хона блог саҳифа 196

Омодасозии феҳрасте барои ихроҷи садҳоҳазор муҳоҷир аз Русия

0

Мақомоти Русия мехоҳанд шуруъ аз ибтидои соли 2025 барои ихроҷи муҳоҷирони корӣ ва шахсони таҳти назорат феҳристеро омода созанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар ҳудуди 630 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади тезонидани ихроҷи онҳо аз Русия ҳукумати ин кишвар тасмим дорад, ки аз соли 2025 феҳристи шахсони таҳти назоратро роҳандозӣ кунад. Ва то ҳол ҳеч санади муайянкунандаи меъёрҳои ин руйхат ба ҷомеаи ин кишвар рӯнамоӣ нашудааст.

Тибқи иттилои Вазороати умури дохилии Русия, шумораи муҳоҷирони корие, ки дар соли 2023 қонунӣ дар Федератсияи Русия ба сар мебурданд, ба 3,5 миллион нафар рисада, ки аксари онҳо зодагони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.

Охири моҳи июни соли ҷорӣ, Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки он шароити будубоши муҳоҷирон дар Федератсияи Русияро сахттар мекунад ва руйхати ягонаи “муҳоҷирони қонуншикан” низ дар ин қонун дохил аст. Ин санадро 8-уми август раисиҷумҳур имзо кард ва қарор аст он аз 5-уми феврали соли оянда эътибори қонунӣ пайдо кунад.

Таъсиси феҳристи вежаи афроди таҳти назорат ба ин маъност, ки рӯйхат ва маълумоти ашхосе, ки муҳлати асноди будубош ва ё иҷозати кории онҳо ба охир расида, ё лағв шудааст ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ҷамъоварӣ ва захира мешавад, то аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Александр Горовой мегӯяд: “Ҷамъоварӣ ва захираи маълумоти ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар як вақт кори мушкил аст. Ба ҳамин хотир беҳтар мебуд барои афроде, ки ҷиноятҳои нисбатан сабук содир кардаанд, авфи умум содир мешуд.”

Дар ҳамин ҳол Владислав Менщиков, сардори Хадамоти якуми Хадамоти амниятӣ Федеролӣ (ФСБ) мегӯяд: “Ин пешниҳодро мумкин аст ФСБ низ дастгирӣ кунад.”

Боз чанд тоҷики дигар ба парвандаи ҳамла ба “Крокус” изофа шуд

0

Мақомоти Русия номи панҷ зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар пайванд ба ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, нашр кард.

28-уми августи соли ҷорӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав дар мурофиаи паси дарҳои баста ҳабси пешакии панҷ зодаи Тоҷикистон – Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидовро то 1-уми декабри соли ҷорӣ тамдид кард.

Ба навишаи расонаҳои русӣ, ин афрод дар миёнаҳои моҳи май боздошт шудаанд, аммо ин бори аввал аст, ки номи онҳо дар расонаҳо нашр мешавад ва маълум нест чӣ гуна ва дар кадом минтақаи Русия дастгир шудаанд.

Мақомоти Русия ин панҷ зодаи Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” боздошт карда, нисбаташон бо моддаҳои “ҳамлаи террористӣ ва суиқасд ба куштор, ширкат дар фаъолияти созмони террористӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда” парванда боз кардаанд.

Назари гумонбарон ва адвокату пайвандонашон то ҳол дар бораи ҷузъиёти боздошти онҳо маълум нест.

Ҳафтаи пеш Додгоҳи ноҳияи Басманний муҳлати ҳабси 11 зодаи дигари Тоҷикистонро, ки онҳо низ дар пайванд ба ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардид, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Муассиси Телеграм аз боздошт раҳо шуд

0

Муассиси шабакаи паёмрасони “Телеграм” Павел Дуров, ки чаҳор рӯз пеш аз ҷониби пулиси Фаронса боздошт шуда буд, бо ҳукми мақомоти қазоии ин кишвар озод шуд.

Додситонии Фаронса дар баёнияе гуфта, ки Дуров ба хотири қарор додани “Телеграмм” барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби пулиси Фаронса бозҷӯӣ шуд.

Додраси парвандаи Дуров фармон дода, ки пулис ӯро озод кунад, то муассиси “Телеграм” битавонад барои расидагии парвандааш дар додгоҳ ҳозир шавад.

Пештар додрас боздошти Павел Дуровро 48 соати дигар тамдид карда буд, дар ин муддат ӯ баяд озод мешуд ё дар боздошт мемонд.

Ёдовар мешавем, ки Павел Дуров, муассиси шабкаи “Телеграм” рӯзи 24-уми август ба Фаронса парвоз кард ва расидан баробар фармони боздошти ӯ аз сӯи мақомти Фаронса содир шуд. Худи ҳамон рӯз ӯро пулис дар Фурӯдгоҳи “Ле Бурже” дастгир кард.

Мақомоти Фаронса ӯро бо 12 айбнома муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, ӯ бо “пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтишот”, “ҳамроҳӣ дар фаъолияти платформаи онлайн бо мақсади муомилоти ғайриқонунӣ”, “нигоҳдорӣ ва паҳн кардани порнографияи кӯдакона”, “шарикӣ дар харид, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир” ва “пулшӯӣ ва пешниҳоди хидматҳои криптографӣ” айбдор мешавад.

Ба навиштаи Politico, ҳукумати Фаронса ҳанӯз моҳи март фармони боздошти Павел Дуров ва бародараш Николайро содир карда буданд. Додситонӣ гуфтааст, тафтиш алайҳи “Телеграмм” ва муассисаш моҳи феврал оғоз шуда буд.

Сафар ба Русия осон мешавад. Ифтитоҳи парвози мустақим байни Бохтар ва Қазон

0

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind аз ифтитоҳи парвози мустақим байни шаҳри Қазони Ҷумҳурии Татаристон ва шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, парвозҳои мустақим байни ин ду шаҳр аз 12 сентябри соли ҷорӣ оғоз шуда, дар як ҳафта як маротиба анҷом мешавад. Ба иттилои ин ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 бо ғунҷоиши 189 мусофир анҷом дода мешаванд.

Дар хабар зикр мешавад, ки парвоз аз Қазон бо хатсайри рақами N4-1441 соати 03:20 ва замони фурӯд дар Бохтар соати 08:45 ба вақти маҳаллӣ анҷом меёбад, аммо аз Бохтар ба Қазон бошад, бо хатсайри N4-1442 соати 10:15 ва расидан ба Қазон соати 11:50 ба нақша гирифта шудааст.

Ин ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ медиҳад, ки аллакай билетҳо барои ҳарду тараф ба фурӯш гузошта шудааст.

Аввал пули билети баргаштро медиҳӣ баъд вориди Русия мешавӣ!

0

Дар Русия мехоҳанд қонунеро қабул кунанд, ки тибқи он ҳар як муҳоҷир қабл аз вуруд ба Русия бояд пули билети баргашташро пардохт кунад.

Ин пешниҳод аз ҷониби Вадим Денгин, сенатори Шӯрои Федератсияи Русия садо додааст.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи ин лоиҳаи қонун ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки барои кор дар Русия сафар мекунад, бояд пешакӣ маблағи муодили арзиши билети бозгашт ба ватанашро ба суратҳисоби махсус гузаронад.

Ин маблағҳо дар сурати ба кишвари худ баргаштани шаҳрванди хориҷӣ, ё пас аз ба итмом расидани муҳлати патент ва ё шартномаи корӣ ва ҳамчунин дар сурати ихроҷи ӯ барои нақзи қонун истифода хоҳад шуд.

Денгин таъкид мекунад, ки ин тадбир сарбории буҷаи давлатро коҳиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир хароҷоти фиристодани муҳоҷироне, ки имкони бозгашт ба ватани худро надоранд, аз ҷониби мақомоти Русия пӯшонида мешавад.

“Русия набояд барои онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд ва ё иҷозати корӣ надоранд, пули сафари хонаро пардохт кунад” – таъкид кардааст Денгин.

Вадим Денгин мехоҳад, ин лоиҳаи қонунро то охири сол пас аз тасдиқи пешакии ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.

Масъалаи гаравпулии ҳатмӣ барои муҳоҷирон беш аз даҳ сол боз дар Русия баҳсу баррасӣ мешавад. Бори аввал чунин тағйироте ба қонунгузории Федератсияи Русия аз ҷониби вакилони Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург пешниҳод шуда буд. Дар он пешниҳод гуфта мешуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид вориди Русия мешаванд, дар рӯзи вуруд бояд бо худ шаш баробар маблағи ҳадди ақалли хароҷоти зиндагиро дошта бошанд.

Ин ягона қонуне нест, ки дар чанд моҳи охир барои сахттар кардани шароити муҳоҷирон аз ҷониби вакилону чеҳраҳои шинохтаи Русия садо медиҳад.

Пештар аз ин Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” хоста буд, ки дар ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷир, бояд тамом хешовандони ӯ низ аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Миронов инчунин пешниҳод карда буд, ки саҳми иҷозаи кор барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар ҳар бахши фаъолияти иқтисодӣ аз теъдоди кул ба 5 дарсад коҳиш дода шавад ва барои муҳоҷирон кор дар муассисаҳои тиббӣ, таксӣ, дорухона, мактабу боғчаҳо мамнуъ карда шавад.

Ҳамзамон вакилон рус лоиҳаи қонунеро мехоҳанд мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки бар асоси он муҳоҷирони бидуни тахассус натавонанд зану фарзандонашонро ба назди худ бибаранд.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) ироа шудааст. Муаллифони он мегӯянд, ки ҳадаф аз тарҳи он пешгирӣ аз ташкили нимҷазираҳои миллатҳои дигар дар дохили Русия мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, то моҳи августи соли ҷорӣ дар Русия ҳудуди 6,5 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд ва тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ин омор шояд то се баробар бештар бошад.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия дар гузашта ҳам хеле вазнин буд, аммо пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии он зодагони Тоҷикистон мебошанд, мақомоти Русия мехоҳанд шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар кунанд.

Чаро Дубай ба мардҳои тоҷик виза намедиҳад?

0

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ бархе шаҳрвандони кишвар аз он шикоят доранд, ки барои сафар ба кишвари Имороти Мутаҳидаи Арабӣ наметваонад раводид (виза) бигиранд.

Сокиноне, ки қасди сафар ба ин кишвари арабиро доранд, мегӯянд, ду ҳафта боз дархостҳоияшон барои дарёфти раводид рад карда мешавад.

Гуфта мешавад, ин маҳдудиятҳо танҳо барои мардон буда, занҳо ва ойлаҳо ин мушкилро надоранд. Як ширкати саёҳоӣ низ дар суҳбат бо АЗИЯ-ПЛЮС вуҷуди мушкил дар дарёфти раводиди ин кишварро барои мардҳо тасдиқ кардааст. Масъулони ин ширкат гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир фақат дархости раводид барои мардҳои танҳо рад шуда истодааст, занҳо ва касоне, ки ойлавӣ дахост додаанд, дархосташон рад нашудааст.

То ҳол сабаби надодани раводид ба мардони танҳоро ягон ниҳоди расмии марбути ду кишвар шарҳ надодаанд.

Ҳикматулло Ҷураев, масъули сайёҳии ширкати fly.tj мегӯяд, “Аз “Fly Dubai” ба мо гуфтанд, ки шаҳрвандони тоҷиқ ба Дубай меоянд қонунҳоро риоят намекунад, ба ҳамин далел ба мардҳои танҳо, ки дархости виза медиҳанд, рад карда мешавад.”

Вазорати корҳои хориҷӣ низ вуҷуди мушкил барои дарёфти раводид ба мардони танҳоро тасдиқ карда, гуфтааст, вазъиятро пайгирӣ доранд ва дар робита ба мушкили пешомада ба ҷониби ИМА муроҷиат кардаанд ва мунтазири посух ҳастанд.

Артиши Исроил ҷангро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол дод

0
A Palestinian man waves the Palestine flag as Israeli army vehicles block the entrance to the Tulkarem camp for Palestinian refugees, in the occupied Palestinian West Bank on August 22, 2024. (Photo by Zain JAAFAR / AFP)

Артиши Исроил шаби гузашта ба дигар шаҳрҳои Фаластин, аз ҷумла Ҷанин, Ноблус, Тулкарам ва Тубос ҳамлаи густардаеро анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, дар ин ҳамлаҳои Исроил ба шимоли Каронаи Бохтарӣ дасти кам 11 нафар кушта шудааст, вале ин омори ниҳоӣ нест. Зеро ба гуфтаи ин ниҳод, маълум нест дар зери овораҳо чанд каси дигар ҷон бохтааст.

Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки артиши Исроил бо баҳонаи анҷоми амалиёти зидди террористӣ ба урдугоҳи паноҳандагон ва хонаҳои маскунии аҳолӣ дар Ҷанин ва Тулкарам ҳамла кардааст.

Манобеи фаластинӣ хабар додаанд, ки артиши Исроил дар Тулкарам зерсохторҳои обиро мавриди ҳадаф қарор дода, обро аз аҳолӣ қатъ кардааст. Ҳамчунин роҳҳо ба сӯи бемористони Ибни Сино дар Ҷанин тавассути нерӯҳои исроилӣ баста шуда, бемористони Халил Сулаймон муҳосира шудааст.

Исроил ҳадафи ин ҳамлаи густардаро ба дигар шаҳрҳои Фаластин, “нобуд сохтани ячейкаҳои террористӣ” номидааст. Расонаҳои исроилӣ аз қавли сухангӯи артиши ин кишвар навиштаанд, ки ин “амалиёти бузург” дар шимоли Каронаи Бохтарӣ то чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар изҳороте ҳамлаи густардаи артиши Исроилро ба дигар шаҳрҳои Фаластин маҳкум карда, онро мухолифи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Ин ниҳоди СММ мегӯяд, Исроил бо ин рафтори ғайриқонунияш вазъро дар минтақа бадтар мекунад.

Таҳлилгарон ҳам бар ин назаранд, ки Исроил чун дар Ғазза ба ҷуз харобгарӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ чизе ба даст наовард, инак мехоҳад домани ҷангро васеътар кунад ва онро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол бидиҳад.

Ёдовар мешавем, ки артиши Исроил аз моҳи октябри соли гузашта то имрӯз ба далели ҷанг бо нерӯҳои ҲАМОС Ғаззаро комилан бомборон дорад. Тибқи гузориши расонаҳо, танҳо субҳи ҳамин рӯз дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза 24 нафар кушта шудаанд, ки ҳамаи онҳо мардуми оддӣ ҳастанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанг то ин дам дар Ғазза дар натиҷаи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии артиши Исроил 40 ҳазору 534 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Омори захмиён низ ба марзи 100 ҳазор наздик шудааст.

Вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия мушкил шудааст

0

Иддае аз волидони донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Русия мегӯянд, ки вуруди фарзандони онҳо ба қаламрави Русия мушикил шудааст.

Ба гуфтаи бархе волидони донишҷӯёни тоҷик, ки фарзандонашон дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, аз рӯзи 26-уми август шоҳиди он будаанд, ки мақомоти Русия монеи вуруди фарзандони онҳо ба хоки Русия мешаванд.

Дар ин баҳсҳо, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Tajik Mama Group” идома дорад, хеле аз иштирокчиён таъкид карда мегӯянд, фарзандони онҳо, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия ҳастанд, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави ин кишвар 5-6 соат мавриди тафтишу таҳқиқ ва пурсуҷӯи кормандони мақомоти Русия қарор мегиранд.

Ба қавли онҳо, мақомоти Русия ҳангоми вуруди донишҷӯён ба қаламрави Русия соатҳо онҳоро мавриди бозпурсӣ қарор дода, баъзеро иҷозат медиҳанд, ки дохил шаванд, вале баъзеҳои дигарро дубора ба ватан бармегардонанд.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар кишварҳои хориҷ зиёда аз 41 ҳазору 200 донишҷӯ дорад, ки қисми зиёде аз онҳо дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия 33 ҳазору 178 нафарро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин ҳам вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия осон набуд. Мақомоти Русия ҳангоми вуруд нисбати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъбизҳои нонавишатаеро ҷорӣ карда буданд. Онҳоро пас аз соатҳои тӯлонӣ интизор гузоштан ба дохили ин кишвар роҳ медоданд, аммо баъд аз ҳамлаҳои хунин ба “Крокус Сити Ҳол” мақомоти Русия дар умум вуруди ҳамаи тоҷикистониҳоро боз ҳам сахттар кардаанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Федералии Қазон ба Русия сафар накунанд

0

Раҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон (ДФҚ) эълон кардааст, ки донишҷӯёни хориҷии он, аз ҷумла аз донишҷӯёни тоҷикистониаш то анҷоми Саммити сарони давлатҳои БРИКС ба Русия сафар накунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, раҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон эълон кардааст, ки дар ин мавсим дарсҳо дар ин донишгоҳ аз 1-уми ноябри соли 2024 оғоз карда мешаванд.

Ба қавли манбаъ, таҳсил дар шакли ҳузурӣ ва ҷойгиршавӣ дар хобгоҳҳо аз 1-уми ноябри соли 2024 оғоз мешаванд, ба ҳамин хотир дар ҳоли ҳозир донишҷӯён аз сафар ба Русия барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳ худдорӣ кунанд.

Раҳбарияти ин донишгоҳҳо далели ду моҳи таъхир дар оғози дарсҳоро чунин шарҳ додааст: “Дар робита бо баргузории Саммити сарони давлатҳои БРИКС дар Қазон, ки 22-24 октябри соли 2024 баргузор мегардад, роҳбарияти Донишгоҳи Федералии Қазон (КФУ) бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Русия қарор қабул кард, ки тартиби ташкили раванди таълимро тағйир диҳад.

Дар давраи аз 1 сентябр то 17 октябри соли ҷорӣ таълими назариявӣ дар шакли кори мустақилона бо истифодаи технологияҳои таълимии фосилавӣ ташкил карда мешавад. Инчунин аз 18 то 31 октябр ба донишҷӯён таътил дода мешавад.”

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 41 ҳазору 200 донишҷӯ дорад, ки қисми зиёде аз онҳо дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия 33 ҳазору 178 нафарро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин ҳам вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия осон набуд. Мақомоти Русия ҳангоми вуруд нисбати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъбизҳои нонавишатаеро ҷорӣ карда буданд. Онҳоро пас аз соатҳои тӯлонӣ интизор гузоштан ба дохили ин кишвар роҳ медоданд, аммо мақомоти Русия баъд аз ҳамлаҳои хунин ба “Крокус Сити Ҳол” дар умум вуруди ҳамаи тоҷикистониҳоро боз ҳам сахттар кардаанд.

Лукашенко боздошти Дуров дар Фаронсаро кори дуруст хонд

0

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дастгир шудани муассиси “Телеграмм” Павел Дуровро дар Фаронса кори дуруст хонда аст.

Дар ин бора Лукашенко имрӯз, 27-уми август дар мулоқоте бо Шӯрои ҷумҳуриявии омӯзгорон гуфта аст.

Роҳбари худкомаи Белорус ҳангомои суханронӣ дар бораи таҳсил гуфт, ки аксари онҳое, ки дар мактаб бад таҳсил кардаанд, онҳо ҳастанд, ки ҳукуматро интихоб мекунанд ва иддао доранд, ки Ғарб, масалан Фаронса беҳтар аз ватани онҳост.

“Дидед, дирӯз дар Фаронса чӣ гузашт? Ман онҳоро маҳкум намекунам. Онҳо кори дуруст мекунанд. Дуров бошӣ ва ё ҳар каси дигаре, гуноҳро кардӣ, бояд ҷавоб бигӯӣ. Аммо замоне ки мо бо истифодаи ҳамин усулҳо аз худамон дифоъ мекунем, чаро моро айбдор мекунед?”, мегӯяд Лукашенко.

Ёдовар мешавем, ки Павел Дуров, муассиси шабкаи “Телеграмм” рӯзи 24-уми август ба Фаронса парвоз кард ва расидан баробар фармони боздошти ӯ аз сӯи мақомти Фаронса содир шуд. Худи ҳамон рӯз ӯро пулис дар Фурӯдгоҳи “Ле Бурже” дастгир кард. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Мақомоти Фаронса ӯро бо 12 айбнома муттаҳам мекунад. Аз ҷумла, ӯ бо “пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтишот”, “ҳамроҳӣ дар фаъолияти платформаи онлайн бо мақсади муомилоти ғайриқонунӣ”, “нигоҳдорӣ ва паҳн кардани порнографияи кӯдакона”, “шарикӣ дар харид, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир” ва “пулшӯӣ ва пешниҳоди хидматҳои криптографӣ” айбдор мешавад.