Хона блог саҳифа 197

Аввалин суннимазҳаб дар кобинаи президенти Эрон

0

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихобшудаи Эрон рӯзи 26-уми август Абдулкарим Ҳусейнзодаро муовини худ дар умури рушди рустоҳо ва минтақаҳои камбизоат таъйин кард.

Гуфта мешавад, Ҳусейнзода нахустини суннимазҳабест, ки узви кобинаи ҳукумати нав дар Эрон дар 45 соли охир аст. Абдулкарим Ҳусейнзодаи 44-сола аз соли 2012 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ (парлумон)-и Эрон аст.

Масъуд Пизишкиён сабаби интихоби Абдулкарим Ҳусейнзодаро “содиқ ва бо таҷриба будани” ӯ гуфтааст. Вай муовини худро вазифадор карда, ки шароити зиндагии мардумро дар рустоҳо ва дар минтақаҳои “тангдаст” беҳтар гардонад. 

Масъуди Пизишкиён баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 5-уми июл гуфт, барои ташкили ҳукумати “ваҳдати миллӣ” талош мекунад.

Аммо дар феҳристи вазирони пешниҳодияш намояндагони ақаллиятҳои миллиро ворид накард ва бо ин кор зери бори танқид монд. Ин рӯйхат аз 19 вазир иборат буд ва порлумони муҳофизакори Эрон ҳафтае пеш онро пазируфт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш намояндаи суннимазҳаб аз минтақи Букон дар Маҷлис шӯрои исломӣ Қосим Усмонӣ аз Масъуд Пизишкиён башиддат интиқод кард. Ӯ дар хитоб ба Пизишкиён гуфт: “Шумо боиси дилсардии аҳли суннат шудед, қарор буд давлати ҳама ақвом ва мазҳаб ва бесадоён бошед. Ҳатто ҳозир нашудед ба мо бифаҳмонед, ки чаро дар байни нухбагони аҳли суннат ба ҳичкас майдон надодед.”

Дар Эрон аксарияти аҳолӣ пайрави мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ буда, суннимазҳабон то 10% дарсад (ҳудудан 15 миллион) аз аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд.

Ҳодисаи зиндони Волгоград вазъи муҳоҷиронро бадтар кард

0

Муҳоҷирони корӣ дар Русия аз бадтар шудани вазъияти будубош ва шадидтар шудани тафтишот аз сӯи мақомоти интизомӣ дар ин кишвар шикоят доранд.

Ба иттилои бархе аз муҳоҷирони корӣ, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия намояндагони амниятӣ ва интизомӣ тафтишотро дар роҳҳо ва автобусҳо сахт карда, муҳоҷиронро пурра бозҷӯӣ мекунанд. Нерӯҳои амниятӣ махсусан мошинҳои мусофиркашониеро, ки ба муҳоҷирон тааллуқ доранд, ҳатто бо сагҳо ҷустуҷӯ мекунанд.

Сабаби боз ҳам бадтар шудани бархурди мақомоти қудратӣ бо муҳоҷирон ва пурзӯр шудани назоратро баъзе аз коршиносон ба ҳодисаи ахири гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград рабт медиҳанд. Дар ин ҳодиса чаҳор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки дуи онҳо шаҳрванди Узбекистон ва дуи дигар тоҷикони шаҳрванди Русия будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз муҳоҷирони муқими Русия даъват мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд ва ба иғво дода нашаванд. Чун ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград бо иштироки зодагони Осиёи Марказӣ метавонад ба муносибати русҳо ва мақомти интизомии ин кишвар нисбат ба тамоми мардуми Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Дар расонаҳо ҳам шикояти муҳоҷирон аз ҳодисаҳои иғвоангезона бар зидди онҳо дар давоми чанд рӯзи охир ба таври чашмрас бештар шудааст.

Ҳамзамон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбарон мегӯянд, ки ворид шудан ба Русия ҳатто барои донишҷӯёни тоҷик мушкил шудааст, ки онҳоро то 5 соат тафтиш мекунанд ва на ҳама ҳаққи вуруд ба ин кишварро дарёфт мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми августи соли ҷорӣ 4 нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ нигаҳбонони зиндоне дар шаҳри Волгоградро гаравгон гирифтанд. Дар ин ҳодиса 4 зиндонбон кушта ва 3 нафар дигар аз коркунони зиндон захмӣ шуданд. Ҳамчунин аз захмишудани 4 зиндонӣ низ хабар дода шудааст. Ҳамаи 4 нафар аз гаравгонгирҳо дар амалиёти вижае кушта шуданд.

Аммо ин ҳодиса гуфтумонҳо дар бораи зарурати тағйири куллӣ дар сиёсати муҳоҷиратро дигарбора доғ кард. Шӯрои амнияти Русия аллакай ба президент чанд лоиҳаи қонунро барои сахттар кардани қоидаҳои муҳоҷират ироа кардааст. Онҳо чораҳои нав барои тақвияти назорат ба вуруди хориҷиён ва ташдиди муҷозот барои муҳоҷирони ғайриқонуниро дар бар мегирад.

Консулгарии ҷадиди Тоҷикистон дар Шерози Эрон

0

Мақомоти эронӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон барои ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Шерози Эрон истиқбол карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Муҳаммад Фарухзода, муовини устондори Форси Эрон ба расонаҳо гуфтааст, ки мақомоти ин устон дар ҳоли баррасии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Шероз мебошанд.

Пешниҳоди ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Шерозро вазири тандурустии Тоҷикистон зимни сафари худ ба устони Форси Эрон матраҳ карда буд ва ин тарҳ барои ҷалби бештари сайёҳон ва гардишгарони бахши саломату тандурустии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи эрониён қарор гирифтааст.

Ба қавли Муҳаммад, Фарухзода, паймони бародархондагии Шерозу Душанбе нуқтаи мусбате аст, ки метавонад ба густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва ин устон бештар кумак кунад.

Инчунин дар ҳоли ҳозир тарҳи ҷорӣ кардани хатсайри мустақим байни Душанбе ва Шероз низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар сурати ҳаллу фасл шудани ин мавзӯъ вуруди гардишгарони тоҷикистонӣ бидуни раводид ба шаҳри Шероз низ бартараф хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Эрон бо имзои як Ёддошти тафоҳум дар соли 2023 низоми раводид байни ду кишварро аз 10-уми августи соли 2024 лағв карданд. Бар ин асос дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карда буд, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне иҷро мешавад, ки ё аз Душанбе ба Теҳрон парвоз мекунанд ва ё баракс. Аммо касоне, ки аз дигар кишварҳо сафар кардан хоҳанд, ин низом барои онҳо ҷорӣ намешавад.

Тағйирот дар Анҷумани Озодандешон

0

Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, ки яке аз созмонҳои эътилоф дар Паймони миллии Тоҷикистон аст, дар сохтори раҳбарияш тағйирот ворид кард.

Рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон дар фейсбук бо интишори баёнияе хабар дод, ки “Темур Варқӣ шоир, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик аз ҷониби Шӯрои раҳбарии созмон ба унвони раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик интихоб гардид.”

Темур Варқӣ солҳои тӯлонӣ дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон кор карда ва 14 сол хабарнигори бахшии русии радиои ВВС дар Маскав буд.

Анҷумани мазкур соли 2015 таъсис шуда, гурӯҳе аз зиёиён ва дигарандешони тоҷикро гирд овардааст ва пеш аз Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ раҳбарии ин Анҷуманро бар уҳда дошт.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик аҳдофи худро “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа, талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, таҳкими фарҳанги шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ дар ҷомеа ва маҳви хешовандсолорӣ ва ҳарҷу марҷ ва фасодҳои идорӣ” эълон кардааст.

Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон узви “Паймони миллии Тоҷикистон”, як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат аст, ки онро Додгоҳи олӣ, созмони ифротӣ ва фаъолияташро дар кишвар мамнуъ эълон кардааст.

Донистани забони русӣ шарти қабул дар мактабҳои Русия мешавад?

0

Мақомот дар Русия мехоҳанд донистани забони русиро барои фарзандони муҳоҷирон шарти қабул ба мактабҳо қарор диҳанд.

”Рособрнадзор” (Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илм) ин лоиҳаи қонунро пуштибонӣ мекунад ва лоиҳа аллкай ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.

Сабаби зарурӣ будани чунин имтиҳонро мақомот мушкили омӯзгорон гуфтаанд. Тибқи як пажӯҳиши Маркази иқтисодии таҳсилоти давомнок “ИПЭИ РАНХИГС”, 53% омӯзгорони пурсидашуда дар Русия гуфтаанд, ки фарзандони муҳоҷирон ба донистани забони русӣ ва аз худ кардани фанҳои таҳсилоти умумӣ мушкилӣ доранд.

Пештар низ муҳоҷирон аз он шикоят доштанд, ки бисёре аз мактабҳо ба далели ҷой надоштан, фарзандони онҳоро қабул намекарданд. Бо сабаби сахтгирии сабти ном дар ҷои иқомат, фарзандони онҳо дар аксар ҳолат солҳо интизор мемонанд, то ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳоло бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, ислоҳоти нав метавонад таҳсилро барои кӯдакони муҳоҷир дар Русия ғайриимкон кунад.

Дар ҳамин ҳол бархе ҳомиёни ҳуқуқ изҳори умедворӣ мекунанд, ки эҳтимол Думаи давлатӣ ин тарҳро рад мекунад. Чун дар сурати қабул шудани ин қонун, аз соли хониши оянда дар саросари Русия ҳатто барои қабули кӯдакони 7-солаи муҳоҷирон имтиҳони донистани забони русӣ ҳатмӣ мешавад.

Гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград

0

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, рӯзи 23-юми август дар зиндони №9 вилояти Волгогороди шаҳри Суровикини чаҳор зиндонӣ чаҳор зиндонбонро гаравгон гирфтанд.

Гуфта мешавад, чанд нафар аз гаравгонгирҳо дар амалиёти пулис кушта шуданд. “Гаравгонгирӣ ҳангоми ҷаласаи Комиссия интизомӣ рух додааст. Барои озод кардани гаравгонҳо чораҳо андешида мешаванд”, – хабар додааст Хадамоти федералии иҷрои ҷазо Росия.

Аз наворҳои нашршуда дар расонаҳо дида мешавад, ки 4 нафар бо либосҳои зиндонӣ ба зодагони Осиёи Миёна монанд як нафрро асир гирифтаанд, ки бо дастони баста сару рӯяш пур аз хун рӯи замин хобидааст.

Дар дасти муҳоҷимон корд ва парчами монанд ба гурӯҳи терорристи ДИИШ дида мешавад. Онҳо худро “муҷоҳидини Давлати исломӣ” муаррифӣ мекунанд.

Ба иттилои расонаҳо, панҷ гаравгон аз дасти муҳоҷимон фирор ккардаад, ки аз ҷумлаи онҳо раиси зиндон Андрей Девятов низ будааст.

Хабргузории “Интерфакс” гуфтаст, се нафар дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Дар ҳамин ҳол телеграм-канали “Mash” номҳои эҳтимолии 4 ҳамлагаронро нашр карда, онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбукистон гуфтааст.

Манбаъ аз ҳамлагарон Рамзиддин Т. 28-сола ва Темур Х. 29-сола зодагони Узбакистон, Назирҷон Т. 28-сола ва Рустамҷони Н. 23-сола зодагони Тоҷикистон ном бурдааст. Аммо тасдиқи мустақили ин хабар дастрас нест.

Дертар расонаҳо хабар доданд, ҳар ҷаҳор ҳамлагар кушта шудааст. То ҳол вокуниши расмие дар ин бора аз ҷониби кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон нашр нашудааст.

Элон Маск: дар ояндаи наздики ба мағзи миллионҳо нафар чип гузошта мешавад

0

22-уми августи соли 2024, Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби ширкатҳои маъруфи дунё “Тесла” ва “Х” гуфтааст: “Агар ҳама чиз хуб пеш равад, танҳо дар ҳамин чанд соли оянда ба ҳазорҳо нафар чипи “Neuralink”-ро насб хоҳанд кард, ва ба ин минвол шояд дар тӯли 10 соли оянда ин теъдод ба миллионҳо нафар бирасад.”

Ташаббуси (Стартапи) Neuralink дар моҳи июли соли 2016 аз ҷониби Илон Маск фаъол шуд ва он чипҳоеро таҳия мекунад, ки метавонанд дар мағзи инсон ҷойгир карда шаванд. Ин корофари машҳури дунё муътақид аст, ки чунин дастгоҳҳо имкон медиҳад, ки инсон ба “киборг” табдил ёбад ва имкон пайдо кунад, ки ба зеҳни сунъӣ муқобила кунад. Насби чунин дастгоҳҳо дар мағзи инсон ба ӯ имкон медиҳад, ки бо нерӯи зеҳн компютерро идора кунад.

Гуфта мешавад, 28-уми январи соли ҷорӣ ширкати Neuralink барои аввалин бор муваффак шуд, ки ба мағзи инсон имплант насб кунад. Ва аввали моҳи август Маск эълон карда буд, ки имплант ба бемори дуввум низ насб шуд.

Ӯзбекистон бузургтарин мадрасаи дини Афғонистонро месозад

0

Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки бузургтарин мадрасаи динии Афғонистони зери раҳбарии Толибонро бисозанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 20-уми августи соли 2024, санги бинои як мадрасаи динӣ ба ҳамкории молии Ӯзбекистон дар ҳудуди ноҳияи Шаҳри нави Мазори шариф гузошта шудааст.

Фурқат Назаров, сарконсули Ӯзбекистон дар шаҳри Мазори шариф гуфтааст, ки ин мадрасаи динӣ бо дархости волии Балх (дар масоҳати 60 ҷириб замин) ва бо ҳазинаи 6 миллион доллари амрикоӣ барои як ҳазор толибилм сохта мешавад.

Ба гуфтаи Фурқат Назаров, масъулин барои анҷоми сохтмони бинои ин мардарса як солро ба нақша гирифтаанд, ва умедвор ҳастанд, ки баъд аз як сол он мавриди истифода қарор мегирад.

Аз сӯи дигар, масъулони вилояти Балхи Афғонистон ҳам аз ҷрои ин тарҳи бузург аз ҷониби Ӯзбекистон ибрози хурсандӣ карда, гуфтаанд, ки он “дар ростои таҳкими равобит байни ду кишвар” сурат мегирад ва таъсири худро барои беҳтар шудани ҳамкориҳо хоҳад расонид.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мақомоти Ӯзбекистон пайваста талош кардаанд, ки муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишварро беҳтар кунанд ва ҳамин чанд рӯзе пеш низ Нахуствизири ин кишвар ба Кобул сафар карда, тарафҳо 35 санади ҳамкорӣ ва тиҷоратиро, ки 2,5 миллаирд доллар сармоягузориро дарбар мегирад, имзо карданд.

Кушта шудани 11 полиси покистонӣ

0

Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона ба як корвони мошинҳои ҳомили кормандони полис дасти кам 16 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 22-уми августи соли 2024, ба як корвони мошинҳои ҳомили кормандони полиси Покистон дар иёлати Синд ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 9 нафар кушта ва 7 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба қавли расонаҳо, ин ҳамла, ки дар минтақаи Раҳимёр Хон дар иёлати Синд анҷом шуд, яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳо алайҳи кормандони полис дар чанд соли ахир дар Покистон унвон шудааст.

Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Нахуствазири ин кишвар Муҳаммад Шаҳбоз Шариф ва вазири корҳои дохилии он Муҳсин Нақавӣ бо интишори баёнияҳои алоҳидае ин ҳамла ба кормандони полисро маҳкум карда, ба ворисони кушташудаҳо ибрози ҳамдардӣ намуда, барои захмиҳо низ шифои комил талаб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳамла тавассути афроди ношинос сурат гирифта, то ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст. Аммо бархе расонаҳо ба нақл аз манобеи худ нақл кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин ҳамла тавассути роҳзанҳо ва ё дигар гурӯҳҳои табаҳкор, ки теъдоди онҳо дар ин кишвар хеле зиёд аст, сурат гирифта бошад.

Мақомоти покистонӣ нисбат ба ин ҳодиса парванда боз карда, тафтишотро оғоз карданд. Полис ҳам муътақид аст, ки ба эҳтимоли зиёд ин ҳамла бо ангезаҳои “душмании шахсӣ” сурат гирифта бошад, аммо таъкид карда, бо ин вуҷуд фарзия амали террористӣ будани онро ҳам пурра таҳқиқ мекунанд.

Шарҳи ВКД дар бораи “ҷин”-и Ваҳдат

0

Вазорати корҳои дохилӣ дар барномаи “Ахбори ВКД” вуҷуди “ҷин” дар шаҳри Ваҳдатро рад карда, ҷузъиёти ҳодисаро шаҳр додааст.

21-уми августи соли 2024, Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо нашри гузорише хабар дод, ки се нафарро барои паҳнкардани хабари бардурӯғ дар бораи вуҷуди “ҷин” дар шаҳри Ваҳдат боздошт кардаст.

Дар ин гузориш омадааст, “нафарони ҳангомаҷӯ бо сабт ва паҳн кардани ҳар гуна наворҳои муқаррарӣ ва бо шарҳи нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Ваҳдатро ба ташвиш овардаанд”.

ВКД шаҳр додааст,ки навори чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида дар бораи он ки дар ҷамоати Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат гӯё “ҷин” ба ҷавони 19-сола Ҷовидон Назруллоев таъсир расонида ва як сар гӯсфанди ӯро сар аз тан ҷудо кардааст, бардурӯғ паҳн шудааст.

Ҷовидон Назруллоев дар гузориш ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Ҳар бегоҳӣ гусфандҳоямро ба боғ бурда мечарондам. Рӯзи 17-уми август дар байни гӯсфандонам яктояш ғалтид ва дигар нахест. Ман хаёл кардам, ки ҳаром шуд, кордро гирифта хостам онро ҳалол кунам. Дар ҳаётам молро накушта будам ва ин аввалин бор буд. Вақти куштани гӯсфанд дар сару рӯям хун парид ва ман аз ҳуш рафтам. Дигар ягон чӣ дар хотирам нест. Байни мардум овозаҳое паҳн шуда, ки гунг шудааст, мурдааст, “ҷин” задааст, ин гапҳо ҳама дурӯғ аст”.

Вазорати корҳои дохилӣ боздашти як ҷавони африқоӣ, ки гуё мардумро дар шаҳри Ваҳдат метарсондааст, шаҳр дода гуфтааст ин ҷавони африқоӣ барои муаян кардани шахсияташ боздошт шуда буд, боздошти ӯ ҳеч рабте ба  ҳодисаҳои шаҳри Ваҳдат надорад. ВКД дар ин робита Шокиров Муҳаммадрофеъ, сокини шаҳри Ваҳдат ва Раҷабов Шаҳром, сокини шаҳри Душанберо  боздошт кардааст

Яке аз бозошт шудаҳо мегӯяд, “рӯзи 17-уми август дар шаҳри Ваҳдат деҳаи Хоҷабойқул вақте милитсия як нафари сиёҳпӯстро барои шахсияташро фаҳмидан ба мошин бор мекард, мо ин ҳолатро ба навор гирифта, дар интернет паҳн кардем, ки гӯё вай ҳамон “ҷин” мебошад”.

Гуфта мешавад, пас аз нашри чанд навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо гуфта мешуд, вуҷуди “ҷин”-е, ки болои бомҳои хонаҳои мардум дар шаҳри Ваҳдат медаваду озор медиҳад, бархе сокинонро дар ба таҳлука андохта, ҳангомае байни корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба вуҷуд оварда буд.