Хона блог саҳифа 198

Боздошти ду ҷавон барои навиштани шиор дар девор

0

Мақомоти Тоҷикистон дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро барои навиштани “даъвату таҳдид” дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона боздошт кардаанд.

Имрӯз, 22-уми августи соли 2024, Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки гуё ин ду ҷавон дар девори мағоза, сартарошхона ва мактаби ба номи Горкийи ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ навиштаанд, ки “аккаунтҳо ва адресҳои телефонҳоятонро иваз кунед” ва “хонаи онҳоеро, ки моро ба мақомот мефурӯшанд, оташ мезанем”.

Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳо пас аз ин ҳодиса тафтишро шурӯъ карда, падару модаронро ҷамъ овардаанд ва масъалаи ёфтани гумонбаронро ҷиддӣ дар миён гузоштанд.

Гуфта мешавад, ин ду ҷавонро, ки яке аз онҳо 23-сола будааст рӯзи 18-уми август бо истифода аз дурбинҳои назоратии бинои мактаб ёфтаанд, аммо то ҳол пурсиши сокинон ба поён нарасида, кормандони милиса ҳанӯз ҳам ба хонаҳои сокинон рафта, дар бораи он ду ҷавон пурсуҷӯ мекунанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кардаанд, аммо ба сабаби гӯё махфӣ будани парванда ва надоштани иҷозаи суҳбат ҷузъиёт надодаанд.

То ҳол назари боздоштшудаҳо ва ангезаи чунин рафторашон маълум нест. Наздикону пайвандонашон ҳам хомӯшанд ва Вазорати корҳои дохила низ боздошти ин ду ҷавонро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки баъзе аз сокинони кишвар барои навиштани шиор дар дару деворҳо боздошт мешаванд. Мақомот дар соли 2014 ду сокини ҷавони Душанберо ба иттиҳоми таблиғи “Гурӯҳи 24” ва навиштани шиор алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар наздикии Наврӯзгоҳи пойтахт боздошт карда буданд.

Ичнунин шиорҳои даъват ба истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ дар пиёдароҳе дар шаҳри Хуҷанд ва яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе низ навишта шуда буданд. Тақдири онҳое, ки ин шиорҳоро навишта буданд то ҳол маълум нест.

Нигаронии мақомот аз зиёд шудани фолбинҳо дар Душанбе

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо вуҷуди сангинтар шудани ҷазо барои фолбинҳо ҳамоно теъдоди онҳо дар пойтахт кам нашудааст.

Имрӯз, 22-уми августи соли 2024, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки “давоми соли ҷорӣ 141-нафар фолбинону ҷодугарон муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда шудаанд.”

Ба қавли манбаъ, бо вуҷуди пурзӯр кардани мубориза алайҳи фолбинҳо ва ҷодугарон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон “ҳанӯз ин тоифаи муфтхурон аз байн нарафтаанд.”

Бар асоси тағйироти нав аз 21-уми июни соли ҷорӣ ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон “барои машғул шудан ба фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.”

Аммо онҳое, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол ба фолбинӣ машғул мешаванд, “ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.”

Гуфта мешавад, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо айни замон дар Тоҷикистон 72 сомонӣ мебошад, касоне, ки бори дувум бо ҷурми фолбинӣ дастгир мешаванд, онҳоро ҷарима ба андозаи 108 ҳазор сомонӣ то 144 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 14 ҳазор доллари амрикоӣ ва ё то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Зиёда аз 96 дарсади аҳолии Тоҷикистон пайравони дини ислом мебошанд. Фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҳар ду аз дидгоҳи шариати исломӣ амали нораво буда, дини ислом ҳар навъ машғул шудан ба ин корҳоро ва ё рафтан ба назди фолбину ҷодугарон ва тасдиқ кардани гуфтаҳои онҳоро маҳкум мекунад.

Афзоиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

0

Тоҷикистону Қазоқистон байни худ 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард долларро дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-уми августи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон, ки бо сафари дурӯза вориди кишварамон шудааст, дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикитсон бо нашри гузорише хабар дода, ки дар рафти ин мулоқот гуфта шуд, “ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.” Инчунин “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.”

Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ҳудуди 700 миллион доллари амрикоӣ сармоя аз Қазоқистон ворид кардааст. Инчунин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон амал мекунанд ва дар аз сӯи дигар дар Қазоқистон низ 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон бархе маҳсулоти полезӣ ва ҳудуди 80 дарсади маҳсулоти меваи хушки худро содир мекунад. Қазоқистон ҳам ба Тоҷикистон орду гандум, бархе маҳсулоти ғалладонагӣ ва қисман ҳам маҳсулоти нафтӣ содир мекунад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, дирӯз, 21-уми августи соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд, имрӯз, 22-уми моҳи ҷорӣ сафари ӯ ба поён расида, Душанберо ба мақсади Остона тарк мекунад.

Боғдорони Ашт коргар меҷӯянд

0

Боғдорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар вақти ҳосилғундорӣ дар боғҳои зардолӯ ба мушкили норасоии коргар рӯбарӯ шудаанд.

Хабаргузории Азия-Плюс, имрӯз, 22-уми августи соли 2024 бо нашри як гузорише гуфтааст, афзоиши муҳоҷират аз ин ноҳияи Ашт ба хориҷи кишвар боис шуда, ки дастмузди коргарони кироя ба таври қобили мулоҳиза боло биравад ва ба ин далел деҳқонони ноҳия маҷбур мешаванд, то ними ҳосили худро ба онҳо бидиҳад.

Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир байни сокинони вилоят таҷрибаи “50/50” машҳур шуда аст, ки соҳиббоғ нисфи боғи худро барои ҷамъоварии ҳосил ройгон медиҳед.

Дар ин гузориш зирк шуда, ки «дар воқеъ, онҳое, ки замин надоранд, бурд мекунанд, онҳо харҷи андоз надоранд, ғами обу нурӣро ҳам намехуранд. Ба онҳо танҳо лозим аст хосилро ҷамъоварӣ кунанд. Дар ҳоле, ки деҳқон нисфи фоидаи худро аз даст медихад, ва барои нигаҳдории боғ боз маблағ сарф мекунад. Аммо танҳо барои он ки ҳосил пусида, талаф наёбад, маҷбуранд ба чунин иқдомҳои шадид даст бизанан”, -гуфтааст, яке аз боғбонони ин ноҳия.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ аз оғози соли ҷорӣ то моҳи июл ҳудуди 24 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Ашт ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд, ки 7 ҳазори ононро занон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давари соли гузашта ин рақам 17 ҳазору 500 нафарро ташкил медод ва аз ин ҳисоб 5 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медоданд.

Ноҳияи Ашт яке аз ноҳияҳои калонтарини дорои боғу токзорҳои шимоли Тоҷикистон мебошад. Майдони умумии боғҳо наздик ба 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки 90 фоизи ин заминҳоро боғҳои зардолӯ ташкил медиҳад.

Шикоят аз мушкилоти шаҳри Бохтар

0

Шикоятҳои сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон аз шароити баду бадбӯи кӯчаву хиёбонҳои он афзоиш ёфтааст.

21-уми августи соли 2024 корбаре дар гуруҳи  инстаграмии “Бохтар Қурғонтеппа” бо интишори навори видеоие аз шароити бади шаҳри Бохтар хабар дод ва дар вокуниш ба он даҳҳо нафари дигар аз сокинони ин шаҳр гуфтанд, ки масъулини шаҳрдорӣ сари вақт ба тозову озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо дар маркази вилоят дуруст аҳамият намедиҳанд.

Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, ки яке аз ҷуйборҳои шаҳр ба сабаби саривақт тоза накардан танба шуда, об ба роҳи машингард ҷори шуда, бархе роҳҳои дохилишаҳриро низ хороб карда, ҳаракати мошинҳоро мушкил кардааст. Ин корбар шикоят карда мегӯяд, сабаби ин мушкилот таваҷҷӯҳ накардани ҳукумати шаҳр аст ва аз Раиси шаҳр талаб мекунад, ки аз курсияш хеста мушкилоти шаҳрро бартараф намояд.

Ҳамзамон бархе сокинони шаҳр мегӯянд, ин ягона ва танҳо мушкили шаҳри  Бохтар набуда, масъулин сари вақт партовгоҳҳо тоза намекунанд ва бо зиёд шудани партовҳо бӯйи ғализи онҳо то даҳҳо метр дуртар аз партовгоҳҳо мардумро озор медиҳанд. Ба қавли онҳо, маҳз ҳамин партовгоҳҳои беназорат боиси хурӯҷи баъзе бемориҳо дар шаҳр гардида ба паҳншавии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ мусоидат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии ахир худ аз мушкилоти коммуналӣ дар шаҳри Бохтар хабар дода, гуфта буд, дар ҳоли ҳозир масъулини ин шаҳр тавони ҳалли мушкили партовгоҳоро надоранд ва наметавонанд сари вақт партовҳои маркази шаҳрро тоза кунанд. 

Ба гуфтаи масъулин, барои вилоят чанд сол пеш бо маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллар техникаҳои коммуналӣ харидорӣ карда буданд. Аммо як қисми техникаҳо корношоям шуда, ниёз ба таъмир доранд.

Гуфта мешавад, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки барои таъмири техникаҳои харобшуда аз буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, аммо аз ин маблағ 70 ҳазор сомонияш аз ҷониби масъулони корхонаи коммуналӣ дуздида шудааст. Масъулини ин вилоят сабаби нотавонии худ дар ҳали мушкилоти шаҳри Бохтарро дар набудани техникаҳои нави коммуналӣ ва дуздиву фасод дар ин идора медонанд. Аммо ба суоли он, ки чаро масъулини мақомот сари вақт пеши роҳи ин ҳама дуздиву фасодкориҳоро дар маркази вилоят намегиранд, бархе сокинон мегӯянд, ки “об аз боло лой аст!”

Таҳрим бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон

0

Русия алайҳи Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва 4 нафари дигар аз раҳбарони Бунёди Оқохон ва созмонҳои марбут ба он таҳрим ҷорӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми августи соли 2024, Русия бар зидди 32 нафар аз намояндагони созмонҳо ва ниҳодҳои марбут ба Британияи Кабир таҳрим эълон кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки дар байни онҳо, раҳбарони мазҳабӣ аз ҷумла Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва 4 нафари дигар аз раҳбарони Бунёди Оқохон ва созмонҳои марбут ба он: Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа ва Николас Макграт – низ таҳрим ҷорӣ кардааст.

Гуфта мешвад, Бунёди Оқохон дар Русия асосан ба корҳои хайрия машғул буд ва чанд сол пеш президент Владимир Путин дар дидор бо Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум аз фаъолиятҳои башардӯстонаи он ситоиш карда буд. 

Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум, раҳбари исмилиёни ҷаҳон дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор пайрав дорад, ки асосон аксари онҳо зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Ташаббуси нави домоди “Пешво”, ғами мардум, ё “мощный” бизнес?

0

Домоди Раисҷумҳури дарозумри Тоҷикистон мехоҳад қад-қади роҳ аз Душанбе то Хӯҷанд нуқтаҳои барқ “шорждиҳӣ” (барқпуркунӣ) барои мошинҳои барқӣ бисозад.

Бино ба иттилои Авесто, филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз Душанбе то Хуҷанд камаш 7 адад нуқтаҳои барқ “шорждиҳӣ” (барқпуркунӣ) барои мошинҳои барқӣ таъсис диҳад.

Ба қавли манбаъ, ин нуқтаҳо дар километри 11-ум ва 15-уми ноҳияи Варзоб, дар километри 107 ва 130-уми ноҳияи Айнӣ, 284-уми ноҳияи Ҷаббор Расулов, километри 300-уми Хуҷанд ва 322-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир хоҳанд шуд.

Барои татбиқи лоиҳа ин ширкат аз Чин алакай 60 нерӯгоҳ бо иқтидори ҳар кадомаш 180 киловатт интиқол дода аст. Бо насб кардани онҳо ҳар як истгоҳ имкон пайдо мекунад, ки дар як вақт то ба 20 мошини барқӣ хидматрасонӣ кунад.

Innovative Road Solutions (IRS) як ширкати оффшории мутаалиқ ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, ки шуд, ки 14 сол боз аз мардуми кишвар барои убур аз роҳи Душанбе-Чиноқ пул меситонад. Роҳи Душанбе Чин бо сармоягузории Чин таъмиру навсозӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти гумруки Тоҷикитсон дар нишасти мутбуъотиаш хабар дода буд, ки воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2024 дар муқойиса ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор адад ё 58% коҳиш ёфтааст. Дар ҳаминҳол дар Тоҷикистон ба таври чашмрас мошинҳои барқӣ аз Хитой зиёд шудааст.

Тамдиди ҳабси боз се тоҷики дигар дар Русия

0

Мақомоти Русия муҳлати ҳабси пешакии чор зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар пайи ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорск боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, 21-уми августи соли ҷорӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав дар мурофиаи паси дарҳои баста ҳабси пешакии зодаи Қирғизистон Алишер Қосимов, инчунин се зодаи дигари Тоҷикистон Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловарро то 22-уми ноябри соли ҷорӣ тамдид кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди эътирози гумонбарон ва вакили онҳо, додрас Борис Сафарин хабарнигорон ва шахсонеро, ки дар парванда ширкат надоранд, аз толор берун кардааст. Дар рафти баррасии ин парванда, аз ҷумла Алишер Қосимов, ки дар ин ҳодиса ҳамчун гумонбар боздошт шудааст, фарёд задааст, ки “бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем!”

Кумитаи тафтишоти Русия ин афродро ба нақш доштан дар ҳамла ба “Крокус” гумонбар медонад. Инчунин мақомоти ин кишвар иддао доранд, ки Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити” истифода шудааст ва ин мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловар Исломови 24-сола, фурӯхтааст.

Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо нашрияи “Новая газета Аврупо” гуфта буд, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат мондааст. Пас аз ин ба гуфтаи наздиконаш, худи Диловар Исломов ҳамроҳи бародараш барои додани баёнот ба шуъбаи пулис рафта буданд, аммо баъд аз он тамос бо ӯ қатъ шуда буд.

Инчунин гуфта мешавад, Алишер хонаашро ба Фариддуни Шамсиддин, ки ба қатли даҳҳо нафар гумонбар аст, ба иҷора дода будааст. Аммо худи Алишер Қосимов дар аввалин мурофиа гуфта буд, ки гуноҳе надошта, аз нақшаи хуҷум ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар надошт ва намедонист, ки нафари иҷорагир “террорист” аст.

Дар охири моҳи март ин афрод аз додгоҳ хоста буданд, ки қарорашро дар бораи ҳабси пешакии онҳо бозбинӣ кунад, аммо дархосташон рад шуда буд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин ҳам чор нафар рӯзҳои 18 ва 19-уми августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав ҳабси пешакии 8 зодаи дигари Тоҷикистонро то 22-уми ноябр дароз карда буд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Русия беш аз даҳ зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла боздошт карда буданд. Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Сабқати вакилон барои мушкил кардани ҳоли муҳоҷирон

0

Вакилони Думаи давлатии Русия бо пешниҳоди лоиҳаҳои мухталиф мехоҳанд мушкилоти муҳоҷиронро зиёдтар кунанд.

Бино ба иттилои РИА Новости, Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” талаб кардааст, ки дар ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷир, бояд тамом хешовандони ӯ низ аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Миронов бо тарҳи лоиҳае пешниҳод кардааст, ки саҳми иҷозаи кор барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар ҳар бахши фаъолияти иқтисодӣ аз теъдоди кулл ба 5 дарсад коҳиш дода шавад.

Дар ин лоиҳаи қонун, ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки барои муҳоҷирон кор дар муассисаҳои тиббӣ, таксӣ, дорухона, мактабу боғчаҳо мамнуъ карда шавад. Ба қавли манбаъ ин тарҳ аллакай ба сарвазири Русия Михаил Мишустин фиристода шудааст.

Илова бар ин, лоиҳа бекор кардани тартиби бо роҳи соддашуда гирифтани иҷозаи иқомат барои оилаҳои муҳоҷир, ки муваққатан дар Русия тибқи патент кор мекунандро дар бар гирифтааст.

Дар идома Миронов талаб дорад, ки системаи патентии ба кор қабул кардани муҳоҷиронро бознигарӣ карда, мувофиқи талаботи ҷадид воридшавии оилаҳои муҳоҷирон ба кишварро манъ намоянд.

Ҳамчунин тибқи ин лоиҳа аз хориҷиёне, ки бидуни раводид ба Русия сафар мекунанл, барои ворид шудан ба хоки кишвар маблағи муайян ситонида шавад, то ин маблағ дертар барои ихроҷи муҳоҷирони қонунвайронкун сарф карда шавад.

Гуфта мешавад, дар сурати ихроҷи муҳоҷирон аз системаи тандурустӣ ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар баъзе минтақаҳои Русия бо сабаби зиёд вудани коргарони соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби муҳоҷирон ин система фалаҷ хоҳад шуд.

Муҳоҷирон дигар наметавонанд оилаҳояшонро ба Русия баранд?

0

Русия мехоҳад лоиҳаи қонунеро мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки бар асоси он муҳоҷирони бидуни тахассус натавонанд зану фарзандонашонро ба назди худ бибаранд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Думаи давлатии Русия мехоҳад лоиҳаи қонуни ҷадидеро дар бораи муҳоҷирони корӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки пас аз тасвиби он моҳоҷирони меҳнатии бедуни тахассус натавонанд оилаҳои худро ба Русия ба назди худашон бибаранд.

Ба қавли манбаъ, ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) ироа шудааст. Муаллифони он мегӯянд, ки ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ташкили нимҷазираҳои миллатҳои дигар дар дохили Русия мебошад .

Дар матни лоиҳаи ин қонун пешниҳод шудааст, вуруди касоне, ки ба сифати узви оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ҳамчун коргарони бидуни тахассус муваққатан дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд, манъ карда шавад.

“Хонаводаи коргарони муҳоҷир бояд дар хона мунтазири онҳо бимонанд. Дар аксар ҳолат муҳоҷирон пули иҷораи хона ва хидматрасонии манзилию коммуналиро намедиҳанд, қарзҳои калон ҷамъ мекунанд, ки соҳибони манзилро бо мушкилӣ рӯбарӯ мекунад. Ин мушкилотро ба манъи овардани хонаводаҳои муҳоҷирон ҳангоми кор дар Русия мешавад пешгирӣ кард. -Биё, коратро кун ва ба хона баргард”. Гуфтааст Сулутский.

Раҳбари ЛДПР Леонид Слутский ҳамчунин иддаъо карда, ки “оилаҳои ин гуна муҳоҷирон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, анклавҳо эҷод мекунанд, бо забони модарии худ ҳарф мезананд ва аксар вақт нисбати сокинони маҳаллӣ беэҳтиромӣ мекунанд.”

Муаллифон дар шарҳи ин лоиҳаи қонун ишора кардаанд, ки сухан дар бораи корагарони бидуни касбу кори муайян меравад, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент дар Русия қарор доранд ва аз дигар асосҳои қонунӣ, ба мисли шаҳрвандӣ, иқомаи доимӣ ва ғайра барои зиндагӣ дар ин кишвар маҳрум мебошанд. Ин лоиҳаи ин қонун аъзои оилаҳои коргарони баландихтисоси хориҷиро дар бар намегирад.