11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 2

Боздошти муовини раиси шаҳри Кӯлоб

0

Алишер Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар умури сохтмон ва замин боздошт шудааст.

Бобоҷонзодаро мақомоти интизомӣ 23-уми феврал бо иттиҳоми “сохтакорӣ” ва “тақсими нодурусти замин” дастгир кардаанд. Вале, мақомот то ҳол расман дар бораи боздошти ҳамакнун собиқ муовини раиси шаҳри Кӯлоб чизе нагуфтаанд.

Аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навиштааст, ки “Бобоҷонзода дар пайи тафтиши фаъолияти Бахтиёр Назарзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.”

Назари худи Алишер Бобоҷонзода ва наздикону вакили дифоаш дар ин бора дастрас нест.

Гуфта мешавад, Бахтиёр Назарзода 7-уми январи соли ҷорӣ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ, Диловар Пирзода раиси шаҳр таъйин гашт. Аммо бо вуҷуди надоштани мансаб мақоми худро ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ ҳифз кардааст ва дар ҷаласаҳои он ширкат мекунад.

Барканории ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб, дар нишасти матбуотии соли гузашта гуфта буд, ки 43 қарори раиси Кӯлобро дар мавриди додани замин бекор карданд.

Алишер Бобоҷонзода ягона мансабдоре нест, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “сохтакорӣ” ва “тақсими нодурусти замин” боздошт мешавад. Ҳар сол даҳҳо мақомдор дар кишвар бо иттиҳоми ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт мешавад, вале боз ҳам ин раванд идома дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, заминфурӯшону аснод тартиб медодагиҳо бо гирифтани пора ва ё хешутаборбозӣ заминҳои зиёдеро дар ихтиёри дигарон мегузоранд, вале сокинони ниёзманд дарбадари мақомот барои як тикаи замин мегарданду солҳо навбат мепоянд боз ҳам чизе ҳосилашон намешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, фасод ва ришвар дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳармансабдор худ бо додани ришва ба сари мансаб расидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро анҷом хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Уммон: “пешравиҳои мусбат” дар музокироти Эрону Амрико дида мешавад

0

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар пайи гуфтугӯҳои ахири ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Женева аз “омодагии бесобиқа”-и ду тараф хабар дод.

Дар даври сеюми музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки 26-уми феврали соли 2026 бо миёнҷигарии кишвари Уммон дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз гардид, Амрико аз тарҳи нави Эрон барои сулҳ истиқол намуда, тарафҳо аз омодагии худ барои баррасӣ ва ҳалли роҳҳои нав хабар медиҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар изҳороти расмӣ эълон кард, ки Бадр Бусаъидӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, ки миёнҷигари асосии гуфтугӯҳост, пас аз вохӯриҳои алоҳида бо ҳайатҳои эронӣ ва амрикоӣ дар мақарри намояндагии дипломатии Уммон дар Женева, аз “омодагии бесобиқа”-и ду тараф барои ҳаракат ба сӯи созишномаи “одилона ва пойдор” хабар дод.

Бусаъидӣ таъкид кард, ки музокиракунандагон дар фазои мусоид ва бо суръати муносиб дар ҳоли мубодилаи аҳдофи нав ҳастанд ва пешниҳодҳои матраҳшуда дар ин давр бо истиқбол рӯбарӯ гардидааст. Ӯ афзуд: “Тарафҳо дар ҳоли фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пешрафти воқеӣ ва расидан ба созишномае бо кафолатҳои пойдор мебошанд.”

Бар асоси изҳороти Уммон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар пешниҳодҳои Эрон дар бораи ҳалли парвандаи барномаи ҳастаиро ба Стив Виткоф, фиристодаи вежаи президенти ИМА ва Ҷаред Кушнер, мушовир ва домоди Доналд Трамп интиқол дод. Ҳайати амрикоӣ низ дар посух, саволҳо ва дидгоҳҳои худро дар бораи унсурҳои асосии барномаи ҳастаии Эрон, кафолатҳои техникӣ, назоратӣ ва дигар масоили марбут матраҳ кардааст.

Ҳайати музокиракунандаи эрониро Аббос Эроқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар бар уҳда дорад. Ҳайати Эрон аз коршиносони баландпояи ҳастаӣ иборат буда, ба ҷуз масоили ҳастаӣ, бардошти таҳримҳо, масоили ҳуқуқӣ ва иқтисодиро низ дар музокирот ба миён мегузоранд. Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, пеш аз оғози даври нави музокирот таъкид кард, ки Теҳрон “то ҳар вақте лозим бошад” омодаи музокира ҳаст ва бар “ҷиддияти Эрон барои расидан ба натиҷаҳои мушаххас” исрор дорад.

Аз тарафи дигар, ҳайати амрикоӣ бо риёсати Стив Виткоф ва бо ҳузури Ҷаред Кушнер дар гуфтугӯҳо ширкат дорад. Ин давр пас аз он баргузор мешавад, ки Доналд Трамп, президенти ИМА дар суханронии ахири худ дар Конгресс аз идомаи музокирот бо Теҳрон хабар дод, аммо таъкид кард, ки ҳанӯз кафолати дақиқи даст кашидан аз пайгирии силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон дарёфт накардааст.

Аммо Масъуд Пизишкӣён, президенти Эрон дар посух ба изҳороти Трамп рӯзи гузашта эълон кард, ки кишвараш дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест ва ба фатвои раҳбари Инқилоби исломӣ Халӣ Хоманаӣ дар ин замина пойбанд аст, ки ӯ сохтани силоҳи ҳастаиро аз нигоҳи эътиқодӣ ҳарром эълон кардааст.

Ба назари коршиносон, даври сеюми музокироти Эрону Амрико метавонад нуқтаи гардише дар пешгирӣ аз тавсеаи танишҳо бошад, ҳарчанд мушкилоти сиёсӣ, кафолатҳои амниятӣ ҳамчунон боқӣ мемонанд.

Садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд

0

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” кушта шудани ҳудуди 1400 зархаридро аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия алайҳи Украина меҷангиданд, тасдиқ кардааст.

Тибқи оморе, ки ин марказ 24-уми феврали соли ҷорӣ нашр кард, дар ин ҷанг, ки чор сол боз идома дорад дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия 481 зодаи Узбекистон, 466 зодаи Тоҷикистон, 270 аз Қазоқистон, 143 аз Қирғизистон ва аз Туркманистон 27 кас кушта шудаанд.

Чанде пеш масъулони лоиҳаи “Хочу жить” дар посухи катбӣ ба Azda.tv гуфта буданд, ки то аввали соли 2026 дар ихтиёраш маълумоти шахсии беш аз 11 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, ки дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангида истодаанд ё кушта шудаанд. Дар байни онҳо 3079 шаҳрванди Тоҷикистон, 4287 аз Узбекистон, 2045 аз Қазоқистон, 1262 аз Қирғизистон ва 488 аз Туркманистон мебошанд.

Ҳамчунин ин марказ дар бораи асирон гуфта буд, ки шумораи дақиқи асирони ҳарбӣ — ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам шаҳрвандони дигар кишварҳоро ифшо карда наметавонад, аммо шумораи умумии асирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сад нафар бештар буда, ин нишондиҳанда ҳар ҳафта афзоиш меёбад ва шумораи бештари асирони ҳарбӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бояд гуфт, ин танҳо маълумоти шахсии афродест, ки лоиҳаи “Хочу жить” дар дасташ дорад ва шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия бар зидди Укриана ҷангида истодаанд ва ё кушта шудаанд, метавонад чандин баробар бештар бошад. Чун аввали соли 2025 раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор нафар дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” мегӯяд, зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳоро мақомоти Русия бо роҳҳо гуногун ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад, аз ҷумла бо ваъдаи додани шаҳрвандии Русия ва миллионҳо рубл, ҳамчунин ба зиндониён дар ивази ҷангидан ваъдаи озодӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ягон нафарро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина боздошт ё зиндонӣ накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои кишвар иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Ҳамзамон додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунад.

Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.

Ҳатто Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” низ навишта буд, ки мақомоти Русия ҳангоми рейд аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода бурда, онҳоро боздошт карда, баъдан маҷбур месозанд то бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ваъдаи шаҳрвандӣ ё пули зиёд шартнома имзо намоянд. Дар сурати рад кардан, муҳоҷиронро бо зиндон ё ихроҷ кардан таҳдид мекунанд ё ҳатто латтукӯб менамоянд.

Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое мефиристанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст.

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

0

Як зани 45-солаи тоҷик ба фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти вежаи кормандони ин ниҳод, як шабакаи эҳтимолии ҷалби занони ҷавон ба танфурӯшӣ ошкор ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, як зани 45-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён дар ҳамоҳангӣ бо ҷиянаш — зани 28-сола, аз соли 2023 ба ин сӯ нақшаи пайдо ва фиреби занони ҷавонро тарҳрезӣ кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи душвори иқтисодии бархе аз занон, бо ваъдаи кори сердаромад ва “зиндагии беҳтар” онҳоро барои сафар ба шаҳри Москва ҷалб мекардаанд.

Гуфта мешавад, ин ду нафар дар наздикии истгоҳи метрои Селигерская дар шаҳри Маскав ҳуҷраҳое чанд утоқеро ба иҷора гирифта, фаъолияти худро аз ҳамон ҷо роҳандозӣ кардаанд. Ба иттилои ВКД, занони ҷалбшуда пас аз рафтан ба Маскав зери раҳбарии зани 28-сола қарор гирифта ва даромадашон таҳти назорат қарор мегирифтааст.

Бар асоси ин хабар, соли 2023 зани 45-сола дар шаҳри Бохтар бо ҷавонзани 24-сола вохӯрда, бо истифода аз вазъи осебпазири иҷтимоии ӯ, пешниҳод кардааст, ки барои “беҳтар кардани шароити зиндагияш” ба Москва равад.

Айни ҳол нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Мақомот ҷузъиёти бештарро нашр накардаанд ва аз ҳувияти асосии занон ҳам ном бурда нашудааст. Инчунин маълум нест, ин зани 45-сола боздошт шудааст ё на.

Коршиносон бар онанд, ки чунин ҳолатҳо баёнгари шароити сахти иқтисодии хонаводаҳо, аз ҳам пошидани оилаҳои ҷаовн, ки одатан пас аз ҷудо шудан аз шавҳарҳояшон бори гарони зиндагӣ ба дӯши онҳо меафтад, мебошад. Ва дар чунин шароити сахт ва набудани дастгирии иҷтимоӣ ин гурӯҳҳо осебпазир буда, ба доми ваъдаҳои бардурӯғ меафтанд.

Тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон ва ғиёби Ятимов

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазоратҳои адлияву фарҳанг, додситониву амният, Ожонсии зидди фасод, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди ҳукумат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 25-уми феврал, Раҳмонов бо қароре Санъат Асоро аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ки дар ин вазифа аз соли 2015 кор мекард озод ва ба нафақа гусел кардааст. Ба ҷойи ӯ, Исмоил Вализода, ҳамакнун собиқ муовини сардори Саридораи геология, сардори ин хадамот таъйин гардидааст.

Ҳамчунин бо қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон Асадулло Ҳакимзода аз вазифаи муовини вазири адлия барканор ва муовини якуми вазири адлия таъйин шуда, ба ҷойи ӯ Шарофиддин Шарифзода, ки то кунун сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии ин вазорат буд, муовини вазири адлия таъйин шудааст.

Аз ҷумла, бо қарори дигар, Фаридун Бобозода, ки то ин дам муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд, курсии холии муовини вазири фарҳангро соҳиб шудааст.

Бо амри раисҷумҳур, Солеҳ Завқизода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази таълимии додрасҳои назди Додгоҳи олӣ озод шуд ва ба ҷояш Асомуддин Бобохонзода таъйин гардид.

Ҳамчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо Бобоҷон Саттор муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин гардида, Бақохоҷа Бобозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озод шуд ва бо пешниҳодҳои раисҷумҳур дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб озод кардан ва ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоб таъйин шудани Шуҳрат Аҳмадзода ва ба ҷойи ӯ таъйин гардидани Парвиз Маҳмадшарифзода ҳамчун сараудитор ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ ирсол гардидаанд.

Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони чанде аз раёсатҳои Додситонии кул ва додситониҳои ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинг, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ нав шуд. Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Ожонсии зидди фасод дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт низ иваз шудаанд. Аммо Хадамоти матбуоти Президент номи мақомдорони навро наовардааст.

Бояд гуфт, дар аксҳое, ки сомонаи расмии Президент нашр кардааст, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон дида намешавад, ин ҳам дар ҳолест, ки раисони дигар идораву вазоратҳои давлатии кишвар, ки дар ниҳодҳои зери раҳбарияшон тағйироту ҷойивазкунӣ сурат гирифт ҳузр доранд.

Аз аввали моҳи ҷорӣ ин бори дувум аст, ки Саймумин Ятимов дар ҷаласаҳои муҳими давлатӣ ҳузур надорад. Аз ҷумла, раиси КДАМ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 19-уми феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иштирок накарда буд. 

Гуфта мешавад, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.

Вазъи вахими Хушом Ғулом дар зиндон

0

Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Дар ин бора худи ӯ бо навиштани номаи кӯтоҳе аз маҳбас хабар додааст.

Дар ин нома, ки Радиои Озодӣ нусхаашро рӯзи 24-уми феврал дастрас кардааст, Хушом Ғулом навиштааст, ки аз аввали соли 2026 аҳволаш “бисёр бад шудааст” ва баъди ташхис пизишк бидуни гуфтани сабаби пайдо шудани беморӣ гуфтааст, ки бояд ӯ ҷарроҳӣ шавад.

Ҳамчунин ин маҳбуси сиёсӣ, бе ном бурдан аз беморияш гуфтааст, ки он соли 2022 ва пас аз боздошт пайдо шуд ва соли 2023 як ҷарроҳиро аз сар гузаронд.

Аммо дӯстонаш бе зикри ном ба ин расона гуфтаанд, ки “узвҳои таносули Хушом Ғулом осеб дида буданд ва соли 2023 аз ҳамин ҳисоб ҷарроҳӣ шуд”.

Дар ҳамин ҳол Гулғунча Очибековна, модари Хушрӯз нахост бо расонаҳо гап занад ва таъкид ҳам кардааст, ки зидди “навиштани ҳар гуна чизи бефоида” дар бораи писараш аст.”

Ёдовар мешавем, ки блогер ва пажӯҳишгари таърих ва забонҳои помирӣ Хушрӯз Ҷумъаев соли 2022 ҳамроҳи даҳҳо фаъоли дигар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бо иттиҳоми сохтаи “узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ” боздошт ва ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гашт. Иттиҳомоте, ки худаш ва наздиконаш қабул надоранд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳам ба бегуноҳии ӯ таъкид намуда, борҳо озодияшро талаб карда буданд.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 5 нафарро гирифт

0

Рӯзи гузашта дар пайи як ҳодисаи нохуши бархурди мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар аъзои ду хонавода ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД), 24-уми феврали соли 2026, як мошини сабукрави навъи “TAЙОТА Carola VERSO”, зери идораи Шоҳназаров Мастибеки 38-сола сокини ноҳияи Айнӣ, аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, ӯ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз идораи мошин набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба мошини боркаши “ВОЛВО Truck”, зери идораи Атобулоев Зикруллои 49-сола сокини ноҳияи Масчоҳ бархурдааст.

Дар натиҷа 5 нафар сарнишинони худрави “Carola VERSO” дар пайи ин садама дар ҷои ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ҳодисаи маргбор рӯзи 24-уми феврал тахминан соати 15:30 рух додааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ номи қурбониёни ин садамаи мудҳишро нашр кардааст, ки инҳоянд:

Шоҳназаров Мастибеки 38-сола, ронандаи “Carola VERSO”;
Шоҳназаров Завқибеки 46-сола;
Ашуров Раҳмоназири 52-сола;
Ашурова Садбарг 46-сола;
Ашурова Меҳрубон 47-сола.

Вазорати корҳои дохилӣ дар иттилоияи худ мегӯяд, ҳамаи ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Айнии вилояти Суғд будаанд. Ва зоҳиран се нафар узви як хонавода ва ду нафари дигар узви як хонаводаи дигар будаанд.

Муҳоҷиронро дар Русия маҳдудиятҳои нав ва пардохтҳои иловагӣ интизор аст

0

Думаи давлатии Русия қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки шароити будубош талаботи иловагиро нисбат ба муҳоҷирони корӣ пешбинӣ мекунад.

Гуфта мешавад, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин тарҳи тағйирот ба қонуни федералии “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия”-ро барои баррасӣ пешниҳод кардааст.

Ин лоиҳа ба Кумитаи корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатӣ ирсол гардида, Володин дар шарҳи он гуфтааст, ки такмили сиёсати муҳоҷират яке аз масъалаҳои калидӣ дар рӯзномаи парлумон боқӣ мемонад.

Тибқи ин тарҳи қонун, муҳоҷирони корӣ бояд андозро дар шакли пардохти пешакӣ на танҳо барои худ, балки барои ҳамаи аъзои оилаашон, ки дар Русия таҳти таъминоташ қарор доранд, пардохт намоянд.

Ҳамзамон, муҳлати будубоши муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ дар қаламрави Русия ба муҳлати кории ӯ вобаста хоҳад буд.

Ҳамчунин лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба синни 18 расидаанд, дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунии иқомат, бояд дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк намоянд, новобаста аз он ки волидонашон кор мекунанд ё не.

Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки патент ё иҷозатномаи кор барои шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати набудани маълумот дар бораи даромади ӯ ё агар даромад аз ҳадди ақали зиндагӣ бо дарназардошти коэффисиенти минтақавӣ барои худи муҳоҷир ва ҳар як узви оилааш камтар бошад, бекор карда шавад.

Тибқи ин тағйирот агар муҳоҷир дар давоми як соли навбатӣ камтар аз даҳ моҳ фаъолияти шуғлӣ дошта бошад, ба ӯ иҷозати иқомати муваққатӣ ва иҷозати иқомати доимӣ дода намешавад ва ё иҷозаи мавҷуда бекор карда мешавад.

Ба гуфтаи Володин, иқтисоди Русия ҳавасманд нест, ки муҳоҷирони корӣ аз кумакҳои иҷтимоӣ вобаста бошанд. Ӯ таъкид кард, ки сатҳи даромад ва таъминоти муҳоҷирон бояд ба ҳаҷми хизматрасониҳо ва имкониятҳое, ки дар кишвар аз онҳо истифода мебаранд, мувофиқат кунад.

Раиси Думаи давлатӣ мегӯяд, тадбирҳои пешниҳодшуда имкон медиҳанд назорат аз болои даромади шаҳрвандони хориҷӣ ва қонуниятии будубоши онҳо пурзӯр гардида, инчунин сарборӣ ба инфрасохтори иҷтимоӣ коҳиш дода шавад.

Боздоштҳои густарда дар Қубодиён

0

Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони пайравӣ аз “Салафия” боздошт кардаанд.

Боздоштҳо дар як ҳафтаи охир аз ҷониби маъмурони милисаи Қубодиён ва шаҳри Бохтар сурат гирифтаанд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда, ки чанд сокини ҷамоати Вопканд боздошт ва бархе раҳо шудаанд ва ҳудуди 10-12 кас феълан дар боздошт ҳастанд.

Ҳамчунин як вакили мудофеъ, ки волидони боздоштшудаҳо барои ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд, ба ин расона гуфта, ки “шумораи боздоштшудаҳо аз 20 нафар бештар аст ва ҷустуҷӯ идома дорад”. Ӯ афзуд, баъзе аз боздоштшудаҳо ба “ташкили фаъолияти созмони ифротгаро” гумонбар шуда, бархеи дигар барои ширкат дар ҷанги Сурия муттаҳам будаанд ва баъзеашон аз муҳоҷират аз Русия баргаштаанд.

“Онҳо гуё дар маъракаҳо ба зидди Иди Наврӯз ва Иди Сада ташвиқ карда, афрӯхтани оташро макруҳ донистаанд,” – гуфтааст ин вакили дифоъ.

То ҳол шумораи дақиқи афроди боздоштшуда ва назари онҳо ва пайвандонашон дар ин маврид дастрас нест.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон соле чанд маротиба даст ба боздоштҳои гурӯҳи мезананд. Бори охир соли гузашта мақомот даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанберо бо иттиҳомоти ифротгароӣ боздошту зиндонӣ карданд. Аммо наздикони боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро сохта номида буданд.

Боздошти судя бо иттиҳоми гирифтани пора

0

Додрас (судя)-и Додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд.

Тавре Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Самандари Қ. аз 4 марти соли 2025 то индам дар вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи мазкур фаъолият менамуд, тафтишот муайян кард, ки номбурда ҳангоми фаъолияти корӣ даст ба ҷинояти порагирӣ задааст.

Бар асоси иттилои Агентии зидди фасод, Самандари Қ. моҳи октябри соли 2025 зимни муҳокимаи додгоҳии парвандаи ҷиноятӣ нисбати айбдоршаванда Н.Д.С. “аз номбурда барои таъини ҷазои нисбатан сабук маблағи 75000 сомониро ба сифати пора талаб карда, худи ҳамон вақт маблағи 50000 сомониро дар утоқи кориаш гирифт.”

Гуфта мешавад, Самандари Қ. маблағи боқимондаи 25000 сомониро тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2025 аз айбдоршаванда Н.Д.С. дар утоқи кориаш гирифтааст. Номбурда дар лаҳзаи гирифтани ин маблағ дар утоқи корияш аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасод, нисбати Самандари Қ. аз ҷониби ин ниҳод бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои эълони ҳукм он ба додгоҳ фиристода шудааст.

То ҳанӯз назари худи додрас ва вакили дифоъ ё наздиконаш дастрас нест. Аммо моддаи ҷиноятие, ки бар зидди ӯ эълон шудааст, дар ҳоли тасдиқи айбдорӣ ӯро аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян аз 3 то 5 сол ва инчунин мусодираи амволаш таҳдид мекунад.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони баландпоя дар Тоҷикистон даст ба ришва ва порагирӣ мезананд. Агентии зидди фасод 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба амалҳои коррупсионӣ ва дуздии амволи давлатӣ задаанд.

Омори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар то рафт афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166-ум қарор гирифт.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Аз як сӯ агар маоши пасту шароити душвор аксари мақомдорони тоҷикро ба чунин кор маҷбур созад, аз сӯи дигар назорати начандон қавӣ ва олуда будани худи нозирони фасод ба ришва дигаронро водор месозад, ки даст порагирӣ ва ришва бизананд.