Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ду соат қабл аз поён ёфтани зарбулаҷали гузоштааст, аз оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон хабар дод.
Доналд Трамп то рӯзи сешанбе соати 20 ба вақти шарқи Амрико ба Эрон муҳлат дода буд, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад ва дар акси ҳол ҳамлаи васеъеро дар якҷоягӣ бо Исроил ба зерсохторҳои энержӣ, пулҳо ва дигар иншооти стратегӣ анҷом хоҳад дод. Аммо шоми сешанбе, ки то поёни зарбулаҷал ду соати дигар монда буд, дар саҳифаи иҷтимоии “Truth”-и марбути худаш эълон кард, ки ба шарти кушода шудани тангаи Ҳурмуз ба даҳ шарти Эрон барои музокира ва таваққуфи ҷанг то ду ҳафта розӣ шудааст.
Дар ҳоле Трамп аз розӣ шуданаш ба шартҳои Эрон хабар дод, ки чор соат мондан ба поёни зарбулаҷал нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо нашри паёме аз Трамп хост ба Эрон ҳамла накунад ва дар ивази кушода шудани тангаи Ҳурмуз ду ҳафтаи дигар фурсат бидаҳад, то музокирот сурат бигирад.
Аммо соате пас аз эълони Трамп Қатар, Байҳрайн, Кувайт, Саудӣ ва Исроил хабар доданд, ки аз ҷониби Эрон мавриди мушакборони сахт қарор гирифтаанд. Расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомдорони ин кишвар навиштанд, ки хабари оташбас то ба сатҳҳои поёнии низомиёни Эрон, ки дар ҷабҳаҳо қарор доранд, вақт мегирад ва ин ҳамлаҳо ба ин хотир аст.
Мақомоти покистонӣ низ эълон карданд, ки аввалин нишасти музокирот байни ҷонибҳо рӯзи ҷумъаи оянда дар Исломободи Покистон сурат мегирад ва шартҳои ду тараф то ду ҳафта баррасӣ мешаванд.
Пас аз эълони Трамп, мақомоти эронӣ шартҳои пешниҳодшудаи худро барои музокирот нашр карданд. Аз ҷумла, дар шартҳои 10-бандии Эрон гуфта мешавад:
1. Амрико ба таври усулӣ уҳдадор мешавад, ки дигар ба Эрон ҳуҷум намекунад;
2. Контроли тангаи Ҳурмуз дар дасти Эрон хоҳад буд ва убури киштиҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои ин кишвар сурат хоҳад гирифт;
3. Эрон аз ғанисозии урониюм даст намекашад;
4. Рафъи тамоми таҳримҳои якумдараҷа;
5. Рафъи тамоми таҳримҳои дуюмдараҷа;
6. Поён додани тамоми қатъномаҳои Шӯрои амният;
7. Поён додани тамоми қатъномаҳои Шӯрои ҳукком;
8. Пардохти хасорат барои Эрон;
9. Хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз минтақа;
10. Таваққуфи ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла алайҳи дар Лубнон.
Гуфта мешавад, Исроил ҳам бо эълони Трамп аз отшабас онро пазируфта ва ҳамлаҳои худро ба Эрон поён додааст. Аммо субҳи имрӯз расонаҳо аз ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Лубнон хабар доданд. Бар асоси иттилооти исроилӣ, артиши ин кишвар давоми 10 дақиқа 100 нуқтаро дар минтақаҳои гуногун мавриди ҳамлаи шадид қарор дод, ки ба кушта шудани бештар аз 300 нафар анҷомид.
Ҳамзамон Эрон низ иттилоъ дод, ки субҳи рӯзи чоршанбе ба як полоишгоҳи нефтияш ҳамла шудааст. То кунун масдари ин ҳамларо эълон накардааст, вале кишварҳои Халиҷ аз ҳамлаи сангини Эрон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон аз субҳи рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуд. То кунун дар пайи ин даргириҳо хастороти зиёде сабт шудааст. Тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, аз ҷумла талафоти ҷонӣ дар Эрон беш аз 2 ҳазор кушта ва 26 ҳазор захмӣ, Лубнон беш аз 1800 кушта ва наздики 5 ҳазор захмӣ, Ироқ – 109 кушта, Исроил – 26 кушта, беш аз 7 ҳазор захмӣ, Амрико – 13 кушта беш аз 300 захмӣ, Арабистони Саудӣ – 2 кушта 22 захмӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 12 кушта 221 захмӣ, Баҳрайн – 3 кушта, Кувайт – 7 кушта, Қатар – 16 захмӣ ва Урдун – 29 захмӣ эълон шудааст.