“Султони Кабир” яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад. Ин бозор соли 2000 сохта шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.
«Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад ва агар бихоҳад қавми ўро нобуд созад, роҳи хиёнатро ба рўи онон бигшояд.”(ҳадиси Паёмабари ислом)
Муддатест, иддае аз масъулини баландпояи кишвардорӣ, рӯшанфикрон ва ҳатто коршиносони масоили равобити байнамилалии кишвари Тоҷикистон дода шудани бахши кӯчакеро аз ҳудуди чумҳурӣ ба Чин (шояд амдан ва ё аз роҳи номаълуме) яке аз намунаҳои боризи бохти истиқлоли миллӣ маънӣ мекунанд. Ва пӯшида ҳам нест, ин дидгоҳ дер боз аст, ки дар афкори умум чо гирифта ва хамагӣ маъюсанд.
Бо камоли таассуф, то имрўз ин мавзўъи рўҳшикани миллӣ ба гунае, ки комилан илмӣ бошад, мавриди баррасии коршиносони дохилу хорич қарор нагирифтааст.
«Аммо ҳақиқати маҳз ин аст, ки хоки ватан амонати миллат бар гардани давлат аст ва ҳеч давлате (шахсе ва ё гурўҳе бо ҳар ном), бидуни машаварат бо миллати хеш ҳаққи «буридану пора кардан»-и амонати ачдодро надорад.”
«Аз рўи ахлоқи ичтимоъӣ қазияи «пас додани хоки Чин» фавқулодда шармовар аст ва ба ҳеч мантиқ ҳамоҳанг нест, магар ба манофеъи гурўҳу гурўҳакҳо. Бо ин амал арзиши гаронмояи ахлоқии бузургони адаби хешро низ зери суол бурдем.»
«Чӣ гуна таъаччуб наметавон кард, бо ин ҳама маниятҳои академикҳои фалсафафурўш ва худбартарбиниҳои донишмандони ҳамадон, чомеъаи мо ҳанўз ҳам ба дурустӣ ба маънии садоқату хиёнат даст пайдо накардааст. Ин чост, ки ба хато бар ин гумонем, ки хиёнату фарор аз масъулият фақат хўйи қишри пойини чомеъа аст ва бар онем, ки гўӣ болонишинҳо ҳаргиз хиёнат намекунанд! Ин дар ҳолест, ки сахтарин зарбаҳо бар ниҳоди ватан аз болонишинон фурў мерезад.”
«Шармандагист, ҳатто бо сукутамон дасти ҳамкорӣ ба хиёнат медиҳем. Пок аз ёд баровардаем, ки «хиёнати бузург он аст, ки дигарон туро тасдиқ кунанд, вале ту дурўғ бигўӣ.» (ҳадиси Паёмабари ислом). Ҳақиқати талх ин аст, ки мо ҳама хоини рўзгори хешем.»
«Ба сабаби ноогоҳӣ, дар ин бозиҳои бузург ва касифи сиёсат мо бахтаем. Барандагонро маҳкум нест ва бозандагонро ҳамеша маҳкум аст.”
«Дирўзҳо аз душманон менолидем, ки сарзамини падаронамонро «табартақсим» карданд, вале акнун аз худ чӣ нолем, ки амонати ачдодро ба бегонагон муфт додаем!- Эй кош, ҳушёр мебудем ва мефаҳмидем, ки фурўхтани як вачаб хоки ватан нангинтарин амр бар домани поки ватан аст.»
Манбаъ:Фурўхтани як вачаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. //Озодагон, http://www.ozodagon.com, 2014, 11 сентябр.Матни комил: Фурўхтани як вачаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. // Худкомагон дар ойинаи таърих. “GlobeEdit”, Beau Bassin (Mauritius), 2020, С. 28-34.PDF -и макола дар сомонаи илмии зайл:https://www.academia.edu/…/THE_DICTATORS_IN_THE_MIRROR…ФБ, “Тураника”, 22.01.2021. “
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.
Раиси ширкати “Фароб” дар ин замина гуфтааст, ки “саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд”.
Нақби “Истиқлол”- соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуда буд, ки то ба имрӯз ба таври нопурра боқи мондааст, ҳатто ин нақб то чанд сол дар зери об қарор дошт ва системаи ҳавотозакунии он то ба имрӯз фаъол нест.
Бино ба иттилооти интишор гардида, гуфта мешавад, ки ин нақб бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол аз ҷониби давлати Эрон сохта шуд.
Аз руйи маълумоти расман тасдиқ нагардида, яке аз сабабҳои тӯл кашинаи ин нақб ва нотамом гузоштани он, аз байн гумшудани маблағҳои ҷудогардида аз ҷониби Эрон гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон онро ба куҷо масраф намудаанд, то ҳол суолест беҷавоб.
Ҳамчунин гуфта мешавад, як қисме аз мушкилоти дигари он ба қазияи Бобак Занҷонӣ – милардери эронӣ рабт дорад. Номбурда қабл аз дастгир шудан дар чандин бахшҳои кишвар сармоягузорӣ намуда буд. Ӯро аз наздикртарин дӯстони Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Коршиносон яке аз сабабҳои тира гаштани равобити Эрону Тоҷикистонро ба он рабт медиҳанд, ки Ҷамолиддин Нуралиев маблағҳои интиқол намудаи Занҷонӣ аз худ намудааст.
Чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурстии Тоҷикитон гуфта буд, ки дар сурати дарёфти ваксина, аввал пизишкон ва шахсони синнашон аз 50-сола боло ба он таъмин мешаванд.
Дар Тоҷикистон дар ҳоле дархости ваксина мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазооқстон ва Узбекситон аллакай барои харидани ваксина фармоиш додаанд. Аз ҷумла Узбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як воя (доза) ваксинаи зидди COVID-19 супориш додааст. Вале ба Тоҷикистон маълум нест, ки кадом вақт ваксина ворид мегардад.
Ҳамчунин то ба имрӯз маълум нест, ки Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои воридгардида бар зидди каронавирус, ки аз чандин кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ расида буд, аз он маблағҳо истифода мекунанд ё хайр, мақомоти тоҷик дар ин маврид чизе намегӯянд.
Вале чанде қабл Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки Бонки ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард, қарор аст 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад.