11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 215

500 қурбонӣ дар пайи ҳамлаи Исроил ба беморхонаи Маъмадонии Ғазза

0

Шоми 17-уми октябри соли ҷорӣ беморхонаи Маъмадонии Навори Ғазза, ки онҷо бо шумули беморон даҳҳо оила паноҳ бурда буд, аз ҷониби артиши Исроил мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, дар натиҷаи ин ҳамла 300 нафар ҷон бохта, беш аз 200 нафари дигар захмӣ шудаанд. То ҳол натавонистаанд омори кушташудаҳо ва захмиёнро дақиқ бишуморанд. Эҳтимол ин омор афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол оморҳои ғайрирасмӣ танҳо шумори кушташудаҳоро 1000 нафар мегӯянд.

Дар давоми 11 рӯзи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза омори кушташудаҳо аз марзи 3 ҳазор гузашта шумори захмиён ба беш аз 12 ҳазору 500 нафар расидааст.

Кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз камбуди шароити беҳдоштӣ дар беморхонаҳои Ғазза мегӯянд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар Ғазза ба сабаби ҳамлаҳои Исроил вазъи фоҷеаборе ҳукумфармост.

Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Созмони Милалаи Муттаҳид имрӯз ҳушдор дод, ки танҳо 24 соат то поёни маводи сӯхт ва дигар лавозими ҳаётӣ дар бемористонҳои Ғазза боқӣ мондааст ва бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фикри пешгирӣ аз як фоҷеаи бузурги инсонӣ бошанд.

Беш аз 1,1 млрд нафар дар ҳолати фақр қарор доранд

0

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) эълом кард, ки аз 6,1 миллиард сокинони 110 кишвари ҷаҳон беш аз 1,1 миллиард нафар бо фақр дасту панҷа нарм мекунанд.

Бо қарори СММ дар соли 1992, 17-уми октябр рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр эълон шудааст ва дар робита ба ин рӯз, Барномаи Рушди СММ гузоришеро барои солҳои 2020-2023 нашр кардааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои камдаромад байни солҳои 2020 ва 2023 афзоиш ёфта, боз 165 миллион нафари дигар бо камтар аз 3,65 доллар дар як рӯз зиндагӣ хоҳанд кард.

Барномаи Рушди СММ мегӯяд, ки аз ҳар шаш камбизоати ҷаҳон панҷ нафар дар Африқои ҷанубӣ ё Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ намуда, дар Африқои ҷанубӣ 47,8% аҳолӣ ва дар Осиёи Ҷанубӣ 34,9% дар ҳолати фақри шадид қарор доранд.

Ба иддаои коршиносони ин созмон, бо беш аз $14 миллиард мешавад афзоиши камбизоатии ҷаҳониро коҳиш дод ва миллионҳо нафареро, ки дар як рӯз бо камтар аз 3,65 доллар зиндагӣ мекунанд, аз фақр раҳо кард.

Бонки Рушди ин созмон мегӯяд, ин миқдор маблағ барои пардохти қарз ва маблағгузории хароҷоти иҷтимоӣ лозим аст.

Дар Фаластин беш аз 30 хабарнигор кушта ва захмӣ шуданд

0

Тибқи оморҳои расмӣ, тайи 11 рӯзи ҷанг дар Фаластин беш аз 30 нафар аз хабарнигорони маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои шабакаи хабарии Алҷазира, шоми дирӯз, 16-уми октябри соли 2023 теъдоди хабарнигороне, ки дар тӯли ҳамлаҳои Исроил дар Навори Ғазза кушта шуданд, ба 12 нафар расид.

Пеш аз ин, дар 15-уми октябри соли ҷорӣ Иттиҳодияи хабарнигорони Фаластин эълон карда буд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 11 нафар аз хабарнигорон кушта ва 20 нафари дигар дар ин минтақа захмӣ шудаанд.

Аммо Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон (CPJ) омори рӯзноманигорони кушташударо дар ин чанд рӯзи ҷанг 15 нафар гуфт. Ҳамчунин дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки 8 рӯзноманигор дар ҷараёни ҷанг захмӣ шуда, 3 нафари дигар бедарак гаштаанд ва маълум нест онҳо кушта шуда ва ё боздошту зиндонӣ шудаанд.

Ин созмон иттилоъ дода ки дар рафти ин ҷанг 3 нафар аз хабарнигорони исроилӣ низ кушта шудаанд. Дар бораи теъдоди хабарнигорони исроилие, ки дар ин ҷангҳо захмӣ шудаанд, ба сурати расмӣ гузориш нашудааст.

Хабари кушта ва захмӣ шудани 32 нафар аз рӯзноманигорон дар Навори Ғазза дар ҳоле нашр мешавад, ки чанд рӯзе пеш бар асари ҳамлаҳои Исроил ба марзи Лубнон як рӯзноманигори “Ройтерз” кушта ва дасти кам 4 нафари дигар, аз ҷумла ду тан аз хабарнигорони Алҷазира ҳам захмӣ шуда буданд.

Гуфта мешавад, дар 11 рӯзи ҷанг кушта ва захмӣ шудани беш аз 30 нафар аз хабарнигорон бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои исроилӣ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи хабарнигорон, давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳои дунё ба вуҷуд овардааст.

Путин ба Пекин рафт

0

Бино ба иттилои расмӣ, 17-уми октябри соли 2023 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои ширкат дар севумин Форуми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба Чин рафтааст.

Дар зарфи камтар аз ду соли ахир ин дувумин сафари Владимир Путин ба Чин мебошад. Президенти Русия дар ҳошияи ин сафари дурӯзаи худ ба Пекин бо Президенти Чин ва дигар раҳбарони ин кишвар ҳам мулоқоти алоҳидае анҷом додааст.

Қаблан Кремлин эълон карда буд, ки сарони Русия ва Чин дар вақти мулоқот бархе масоили дуҷониба, минтақа ва байналмилалиро ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Владимир Путин дар Пекин аз сӯи ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин хеле хуб истиқбол гирифта шуд. Ин истиқболи гармро хеле аз расонаҳо дунё фурсате барои наздиктар шудани Пекину Маскав алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш унвон кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қазияи Фаластин ва бахусус ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аксари кишварҳои дунёро дар ду ҷабаҳаи ба ҳам муқобил қарор додааст. Агар Амрикову Инглистон, Фаронсаву Олмон дар Ғарб ба шиддат аз Исроил ҳимоят кунанд, дар муқобили онҳо Русияву Чин, Туркияу Эрону ва хеле аз кишварҳои минтақа дар ба тарзе дар паҳлӯи Фаластин қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар севумин Форуми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, ки қарор аст имрӯз ва фардо дар Пекин, пойтахти Чин баргузор шавад, раҳбарони 130 кишвари дунё даъват шудаанд. Чин дар муддати даҳ соли ахир бо роҳандозии ин тарҳ ҳам раванди ҷалби кишварҳои минтақаро ба худ вусъат дода аст ва ҳам ҷои пойи манофеи Амрико ва муттаҳидони ғарбиашро дар минтақа тангтар кардааст.

Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳои аъзо дар анҷоми ин тарҳ аст. Аммо то замони таҳияи ин хабар мақомоти кишвар ба сурати расмӣ эълон накардаанд, ки оё Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти байналмилалӣ ширкат мекунад ё хайр?

Байден ба Исроил сафар мекунад

0

Бо ворид шудани рӯзи 11-уми ҳамлаҳои Исроил дар Навори Ғазза қарор аст фардо, 18-уми октябр раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Исроил сафар кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Байден рӯзи чоршанбе бо сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу мулоқот кунад. Ва пас аз он бо Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун ва Абдулфаттоҳ Сисӣ, расиҷумҳури Миср дидор карданист.

Сафари Байден ба Исроил ва кишварҳои аҳмсояи он марбут ба қазияи ахири аланга гирифтани оташи ҷанг байни ҲАМОС ва Исроил гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, Амрико ва Исроил барои расондани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Навори Ғазза, ки 11-рӯз боз зери бомборони шадид қарор доранду аз обу барқу ғизо маҳруманд, тавофуқ кардаанд. Аз ҷониби дигар, кишвари Мирс дар назди гузаргоҳи “Рафаҳ” даҳҳо комюн бо маводи ғизоӣ фиристодааст, ки мунтазири иҷозати вуруд ба Фаластин ҳастанд, аммо то ҳол Исроил ба вуруди онҳо иҷозат намедиҳад.

Пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаи шаҳракнишинони Исроил аз 7-уми октябри соли ҷорӣ, ҳамлаи ҳавоии ин кишвар болои мардуми Ғазза оғоз шудааст. То кунун ин даргирҳо 1400 кушта аз ҷониби Исроил ва беш 2800 кушта аз аҳолии Ғазза ба ҷо гузоштааст, ки гуфта мешавад, аксарашон занону кудаконанд. Ба иттилои расмии расонаҳои исроилӣ, 199 нафар аз шаҳрвандони Исроил ва атбои хориҷӣ ба дасти нерӯҳои ҲАМОС асир афтодаанд. Аммо сухангӯи ҲАМОС теъдоди асиронро аз 200 то 250 нафар гуфт.

Аксари кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар вазъи инсориро дар Ғазза фоҷеабор хондаанд. Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Созмони Милалаи Муттаҳид имрӯз ҳушдор дод, ки танҳо 24 соат то поёни маводи сӯхт ва дигар лавозими ҳаётӣ дар бемористонҳои Ғазза боқӣ мондааст ва бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фикри пешгирӣ аз як фоҷеаи бузурги башарӣ бошанд.

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

0

Рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ мулоқоти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар шаҳри Бустони вилояти Суғд баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амният Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амният Қамчибек Тошиев раҳбарӣ карданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳайтҳои ду ҷониб ҳангоми мулоқот дар бораи раванди “иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, барои тезондани кор ва ҳалли мушкилоти боқимондаи марзӣ ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар “дастурҳо” дода шуд.

Низ таъкид мешавад, ки раҳбарони ҳайатҳои корӣ иҷрои ҳатмии “Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба таҳкими раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” зарур дониста, “омодагиро барои иҷрои бечунучарои муқарроти он иброз карданд.

Аммо Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар бораи тафсилоти ин нишаст ва тавофуқоти ҳосилшудаи он чизе нагуфтааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол боре ҳам аз раванди ин нишастҳо ба расонаҳо ва мардуми кишвар гузориш надодаанд.

Қабл аз ин мулоқот, 2-юми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайатҳои байниҳукуматии ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуда буд.

Дар фарҷоми он мулоқот гуфта шуд, ки ҷонибҳо дар бораи “зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда“ ба тавофуқ расиданд.

Пас аз ин мулоқот, Радиои Озодӣ аз қавли Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки дар нишасти 2-уми октябр ҷониби “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Аммо Тоҷикистон то ҳол ба ин иддао вокуниш накардааст.

Ин дар ҳолест, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ, замоне ки президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Душанбе бо Раҳмон мулоқот дошт, Тошиев дар изҳороте гуфт, ки агар Тоҷикистон аз даъвоҳои худ дар бораи марз даст накашад, мо ҳам санадҳоеро аз бойгонӣ пайдо кардаем, ки онро пешниҳод хоҳем кард ва агар лозим шавад барои ин кор нерӯ ҳам дорем.

Ҳукумат дар Лаҳистон ба дасти мухолифон мегузарад?

0

Рӯзи якшанбеи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон интихобти парлумонӣ баргузор гардид.

Дар ин интихобот ҳизби ҳокими “Қонун ва адолат”, “Эътилофи шаҳрвандӣ”, “Роҳи сеюм”, “Чапҳои нав”, “Конфедератсия” ва ғайра барои 450 курсии парлумон рақобат карданд.

Ба фарқ аз интихобҳои қаблии парлумонӣ дар Лаҳистон, имсол беш аз 72,9 дарсади интихобкунандагон ширкат доштанд, ки ин рақам рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳизби ҳокими “Қонун ва адолат” 36,6%, “Эътилофи шаҳрвандӣ” 31%, “Роҳи сеюм” 13,5%, “Чапҳои нав” 8,6% ва “Конфедератсия” 6,4 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин дафъа ҳизби ҳокими “Қонун ва адолат” бо вуҷуди ба даст овардани бештари оро ҳукумат ташкил карда намеметавонад. Ва ба эҳтимоли зиёд гурӯҳҳои мухолифин эътилоф намуда, ҳукумат ташкил хоҳанд кард.

Номзади асосии мухолифон ба симати сарвазири ин кишвар Доналд Туск, раҳбари “Эътилофи шаҳрвандӣ”, собиқ сарвазири ин кишвар (2007-2014) ва собиқ раҳбари Шурои Аврупо (2014-2019) ба шумор меравад.

Аммо, тибқи қонуни асосии Лаҳистон, пас аз эълони натоиҷи интихобот раисҷумҳури ин кишвар, ки Анҷей Дуда, номзади ҳизби “Қонун ва адолат” мебошад, сарвазирро пешбарӣ мекунад ва ӯ дар навбати худ номзадҳоро ба вазифаҳои вазирӣ пешбарӣ мекунад. Баъд аз он дар парлумони ин кишвар барои қабули ин номзад овоздиҳӣ мегузаронанд.

Дар сурати ба даст наовардани овозҳои лозима, дар давоми 14 рӯз вакилони парлумон худашон сарвазир ва вазирони навро интихоб хоҳанд кард.

Агар ин дафъа низ вакилон нахуствазирро интихоб карда натавонистанд, пас президент раиси нави ҳукуматро таъин мекунад ва дар парлумон овоздиҳӣ гузаронда мешавад. Агар ин дафъа низ раъйи лозима ба даст оварда нашавад,, президент мувофиқи сарқонуни Лаҳистон ваколати парулмонро кам карда, интихоботи нав таъин мекунад.

Боздошти як пирамарди 71-сола бо иттиҳоми қатли кӯдаки 6-солаи фаластинӣ

0

Пулиси Амрико як пирамарди 71-солаи амрикоиро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи як кӯдаки 6-солаи фаластинӣ боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи шанбе, 14-уми октябри соли ҷорӣ як пирамарди 71-сола дар шаҳри Ҷикагои иёлати Иллинойси Амрико ба хонаи муҳоҷири фаластинӣ ворид шуда, ба як зани 32-сола ва писари 6-солаи ӯ бо корд ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, пирамард ҳангми ворид шудан ба хона аввал ба зан ҳамла карда, ӯро чанд корд мезанад, сипас ба писари 6-солаи ӯ дарафтода, ба бадани кӯдак 26 корд мезанад. Ҳардуро ба бемористон интиқол додаанд, аммо писарбача ба сабаби захми зиёд дар бемористон даргузаштааст ва модари ӯ зиндааст.

Пулиси Чикаго дар шарҳи ин қазия гуфт, муҳоҷими 71-сола ҳангоми ҳамла ба ин хонавода гуфтааст, ки “шумо мусалмонед ва бояд бимиред.” Пулис ангезаи ин аҳмларо “аз рӯи нафрату бадбинӣ” хонда, онро ба даргириҳои ахири Исроилу ҲАМОС рабт додааст.

Тафтишҳо нишон медиҳанд, ки ҳарду қурбонии ин ҳамлаи ваҳшиёна ба далели мусалмон буданашон ва ба хотири даргирии давомдор дар Ховари Миёна бо ширкати ҲАМОС ва Исроил ҳадафи гумонбар қарор гирифтаанд“, – омадааст дар изҳороти пулис.

Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе дар суҳбат ба хабарнигорон ин ҳамла ба хонаи муҳоҷири мусалмон ва куштани бераҳмонаи кӯдаки 6-солаи фаластиниро маҳкум кард. Ӯ зимни суханронияш ин ҳодисаро “ҳавлнок ва нафратангез” хонд.

Дар пайи ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Исроил аз 7-уми октябри соли ҷорӣ артиши Исроил Ғаззаро бомборон дорад. Ба гуфтаи расонаҳо, то имрӯз беш аз 4 тонна бомба болои Ғазза партоб шудааст.

Дар натиҷаи ин ҷанг то имрӯз омори кушташудаҳо дар Ғазза ба 2750 нафар ва захмиён ба 9700 нафар расидааст. Инчунин Исроил низ аз кушта шудани 1400 нафар, ки беш аз 280 нафарашон сарбозоони артиши ин кишвар гуфта мешаванд ва ба асорат афтодани 199 каси дигар хабар додааст.

Сафари вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон

0

Вазири дифои Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвараш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи 17-уми октябри соли 2023 дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба қавли манбаъ, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ зимни ин сафари худ ба Тоҷикистон бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дидор ва дар бораи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гуфтугӯ хоҳад кард.

Хабаргузории нимарасмии “Таснимнюс” гуфтааст, ки вазири дифои Эрон дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон аз корхонаи тавлиди “Абобил -2”, ки соле пеш дар Тоҷикистон сохта шуда буд, низ дидан хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ин сафари вазири дифои Эрон дар ҳоле ба Тоҷикистон анҷом мешавад, ки ҷанг дар Фаластин ва ҳамлаҳои вайрангари Исроил ба Навори Ғазза на танҳо кишварҳои минтақа, балки тамоми абарқудратҳои дунёро нигарон кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар аввали ҳафтаи гузашта бидуни ном бурдан аз Фаластин ва Исроил бо нашри як изҳорот “аз муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна” изҳори нигаронӣ карда буд.

Латтукӯби кампири 82-сола дар шаҳри Ваҳдат

0

Пиразани 82-солае дар шаҳри Ваҳдат иддао дорад, ки нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо раиси ҷамоат ва раиси маҳалла ӯро латтукӯб кардаанд.

Дирӯз, 15-уми октябри соли 2023 наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки муаллифи он иддао мекунад, кормандони давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бонуи маъюб ва модари 82-солаашро марвриди латтукӯб қарор додаанд. Ин навор дар як замони кӯтоҳ ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.

Хонум Сайдигул Ғафурова, сокини деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, шоми 14-уми октябри соли 2023, кормандони давлатӣ ба хонаи модари ӯ рафта, онҳоро ҳамроҳ бо модари 82-солааш латтукӯб кардаанд.

Ба гуфтаи хонум Ғафурова, писарандараш Содиқҷони Шарифбек, мутаввалиди соли 2004 аст. Содиқҷони Шарифбек ягона нонбиори хонум Ғафурова модараш будааст.

Ин бону дар идома таъкид кард, ки бидуни фиристодани даъватнома ба Содиқҷони Шарифбек нимашаб нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо раиси ҷамоат ва раиси маҳалла ба хонаи онҳо рафта, писарро боздошт карда, бо худ бурданд. Вақте хонум Ғафурова ва модари 82-солааш ба ин кори мақомот эътироз карданд, онҳоро мавриди латтукӯб қарор дода, бо таҳдид гуфтаанд, ки агар ҷое шикоят кунанд, онҳоро ба қатл мерасонанд.

То замони таҳияи ин матлаб мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ин иддаоҳои қурбониёни хушунат аз ҷониби кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ то ҳол вокуниш накардаанд.

Ҳодисаи латтукӯби наздикону пайвандони навасакарон дар Тоҷикистон бори аввал нест. Дар гузашта низ мақомоти давлатӣ дар нисбати хонавода ва дигар наздикону пайвандони ҷавононе, ки бо далелҳои мухталиф ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон напайвастаанд, анвои хушунатҳоро раво дида буданд.

Аз ҷумла, баҳори имсол даҳҳо шикоят аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, бахусус аз шаҳри Исфара, ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Шаҳринаву Абдураҳмони Ҷомӣ дар расонаҳо чоп шуда буд, ки волидон ва ё дигар пайвандони ҷавононе, ки сари вақт ба сафи қувваҳои мусаллаҳ напайвастаанд, мавриди анвои хушунатҳои мақомот ва ҳатто шинканҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифта буданд.