11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 216

Ардуғон: Ончи дар Ғазза мегузарад, қатли ом аст

0

Прзединети Туркия, Раҷаб Таййиб Ардуғон дар суҳбат бо вакилони кишвараш гуфтааст, ки ончи дар Ғазза мегузарад, қатли ом аст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Президенти Туркия дар нишасти Бунёди ҷавонони (TÜGVA) кишвараш дар Анқара гуфтааст, ҳеч тавзиҳ ва тавҷеҳе барои қатли оми бародаронам дар Ғазза вуҷуд надорад.

Мақомоти исроилӣ минтақаи Ғаззаро, ки дорои беш аз 2,3 миллион аҳолӣ мебошад, 16 сол инҷониб дар муҳосира қарор додаанд. Ба гузориши ББС, Ғазза дар тӯли 16 соли ба зиндоне зери осмон барои беш аз 2,3 миллион нафар табдил шудааст. Се рӯз пеш ҳамагуна интиқоли оби ошомиданӣ, газ, барқ, ғизо, даво ва ғайра низ ба он манъ карда шуд.

Шоми дирӯз мақомоти исроилӣ ба Созмони Милали Муттаҳид гуфта буданд, ки тайи 24 соати оянда 1,1 миллион аҳолии шимоли Ғазза бояд минтақаро холӣ карда, ба ҷануби Ғазза бираванд, зеро ин минтақа мавриди ҳамалоти шадид қарор хоҳад гирифт. Сухангӯи СММ мегӯяд, ин иқдом вазъи фоҷеабори минтақаро фоҷеабортар мекунад.

ҲАМОС дар посух ба ин гуфтааст, ки “душман заъифу тарсӯтар аз он аст, ки миллати моро бори дувум маҷбур кунад, то сарзамини худро тарк кунанд. Дар қомуси мо муҳоҷират танҳо ба самти сарзаминҳои ишғолшудааст, на чизе дигар!”

Ҳамзамон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба ин иқдоми Исроил гуфтааст, “интиқоли афроди ба шиддат бемор ба хориҷ аз Ғазза ҳамчун муҷозоти марг аст. Бархе аз ин афрод дар бемористонҳо ба кумаки дастгоҳҳои танафусси маснуъӣ зинда ҳастанд ва аз ин рӯ, имкони интиқоли онҳо ба маконҳое дигар вуҷуд надорад.”

Аз замони оғози ҷанг дар Исроил ва мавриди ҳамалоти шадид қарор гирифтани Ғазза то ҳол аз ду тараф ҳудуди 3200 нафар кушта ва беш аз 11 ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дасти кам 478 кӯдак кушта шудааст.

Гуфта мешавад, кишварҳои Норвеҷ, Ирланд ва Брозил ҳам бо маҳкум кардани ин иқдоми Исроил, ҳамлаҳои сангини ин кишвар ба Ғаззаро низ маҳкум карда, онҳоро дар ҳадди ҷиноятҳои ҷангӣ донистаанд. Инчунин ин кишварҳо хостори ҳар чӣ сареътар расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми Ғазза шудаанд.

Ҳамзамон дар хеле аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва ғарбӣ ҳам миллионҳо нафар бо ширкат дар ҳамоишҳои эътирозӣ хостори қатъи ҳамалоти Исроил ба сокинони мулкӣ дар навори Ғазза шуда, ҳар чӣ зудтар расонидани кумакҳои обу ғизо ва дорувориро зарур шумурдаанд.

Гуфтугӯи Раҳмонов ва Ҷабборов дар бораи марз

0

Имрӯз, 13-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи марзи ду кишварро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон, Раҳмонов ва Ҷабборов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи ҳамешагии сиёсиро дар сатҳи олӣ идома медиҳанд.

Инчунин дар рафти мулоқот дар бораи таъйини “хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд”, гуфта шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, раҳбарони ду кишвар ба кори ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз баҳои мусбат дода, аз “фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд”.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор шуда буд.

Дар ин ҷаласа раҳбарони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, “Протоколи 44”-ро ба имзо расониданд. Вале ҳарду тараф аз ҷузъиёти ин протокол чизе нагуфтанд.

Аммо, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон, худи ҳамон рӯз дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”.

Навиштаи ин рӯзноманигор сару садоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Инчунин 8-уми октябри соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқаи гурӯҳҳои маконнигории ҳарду тараф бар сари таъйини 43,32 километри дигари сарҳад хабар доданд. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад.

Ҷониби Тоҷикистон дар аксар ҳолат аз ҷузъиёти нишастҳо ба расонаҳо чизе намегӯяд, ки ин амали мақомоти тоҷик мавриди танқиду норозигии мардум қарор гирифтааст.

Як ҳафтаи ҷанг дар Ғазза: Шумори қурбониён аз ҳарду ҷониб афзоиш меёбад

0

Дар адвоми як ҳафтаи ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза, дасти кам 1573 фаластинӣ ва 1300 исроилӣ кушта шуданд. Шумори маҷруҳин дар Ғазза бештар аз 6600 ва дар Исроил 3300 нафар гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол артиши Исроил шоми рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки аз 7-уми октябр то ҳоло 6 ҳазор бомб, ки вазни умумии онҳо бештар аз 4 тоннаро ташкил медиҳад, болои Ғазза холӣ кардааст. Марк Гарласко, таҳлилгари низомӣ дар суҳбат бо “Вошингтон Пост” гуфт, ки мушак ва маводҳои таркандае, ки Исроил дар давоми камтар аз як ҳафта болои Ғазза патроб кард, Амрико дар Афғонистон дар як сол ин миқдорро партоб карда буд.

Имрӯз артиши Исроил аз сокинони шимолии Ғазза, ки шуморашон 1,1 миллон нафар мебошад, талаб карда, ки давоми 24 соат хонаҳои худро тарк кунанд ва ба қисмати ҷанубии Ғазза нақли макон кунанд. Исроил иддао дорад, ки бо ин кор мардумро аз ҲАМОС ҷудо карда, онҳоро бомборон хоҳад кард. Аммо сухангӯи ҲАМОС Абуубайда дар изҳороте гуфт, ки Исроил мехоҳад Ғаззаро ишғол кунад, ки мо ба ин иҷозат нахоҳем дод.

Имрӯз дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла дар Яман, Урдун, Мсир ва ғайра тазоҳуроти хиёбонӣ барои пуштибонӣ аз мардуми Фаластин баргузор шуд.

Ҳамзамон рӯзҳои гузашта низ дар бархе кишварҳои аврупоӣ чунин тазоҳуроте доир гашта буд, аммо пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Ҳукумати Фаронса ҳар навъ тазоҳурот дар бораи ҳимоят аз мардуми Фаластинро мамнуъ эълон кард. Бо вуҷуди он даҳҳо нафар барои эътироз шоми рӯзи гузашта ба кӯча баромаданд, аммо пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ошковар истифода кард.

Терри Бретон, раиси бозори дохилии Иттиҳоди Аврупо шоми рӯзи панҷшанбе ба шабакаи иҷтимоии Х ва Метто 24 соат муҳлат дод, то тамоми муҳтавои навишташуда дар бораи ҲАМОС-ро пок кунанд.

Ин масъули аврупоӣ дар номае ба Элон Маск гуфта, ки “баъд аз ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил мо маълумот дарёфт кардем, ки шабакаи шумо муҳтавоҳои дурӯғ ва ғайриқонуниро дар дохили Иттиҳоди Аврупо нашр мекунад.

Аммо, ба гузориши Ройтерз, Маск дар посух ба ин дархости масъули аврупоӣ гуфта, ки “Сиёсати мо ин аст, ки ҳама чиз ошкору шаффоф бошад, шумо бояд он муҳтавоҳоеро, ки ғайриқонунӣ медонед, пешкаш кунед то ҳама бубинанд.

Комиссия Аврупо мегӯяд: “Ҳар муҳтавое, ки дар интернет нашр мешавад ва эҳтимоли иртибот ба ҲАМОС-ро дошта бошад, пас он террористӣ дониста шуда, ғайриқонунӣ аст ва бояд пок карда шавад.

Линда Яккарина, мудири иҷроияи шабакаи иҷтимоии Х ба “Ассошиэйтед пресс” гуфта, ки “мо садҳо ҳисобро, ки ба ҲАМОС марбут буд, пок кардем ва инчунин баъд ҳамлаи ин гурӯҳ ба Исроил низ садҳо муҳтавоҳои нашршуда дар ин бораро пок кардем.

Дар авҷи даргирҳо байни Фаластину Исроил 12-уми октябр вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Бдӯлинкен аз Исроил дидан кард. Ӯ дар изҳороте гуфт, ки на ҳамчун вазири хориҷӣ, балки ҳамчун як яҳудӣ барои ҳимоят аз Исроил ин кишварро зиёрат кард. Ҳамчунин ӯ такъид кард, ки кишвараш омода аст Исроилро бо тамоми қувва кумак кунад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 7-уми октябри соли ҷорӣ ҷабҳаи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС бар минтақаи шаҳракнишинони Исроил дар минтақаи девори Ғазза ҳамла карда, чандин низомӣ ва ғайринизомиро асир гирифтанд.

Дар пайи ин ҳамла Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз Исроил ҳимоят карда, мегӯянд, ӯ ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад. Аммо ҲАМОС мегӯяд, ин ҳамларо ба далели зулму қатл ва зӯргӯии Исроил боло мардуми Ғазза ва инчунин ғасби заминҳои онҳо анҷом додаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон

0

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати воломақоми кишвар вориди Қирғизистон шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон рафт.

Пеш аз ин рӯзҳои 11-12-уми моҳи ҷорӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тай ду рӯз рӯзномаи барномаи мулоқоти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳия ва қабул карда буданд.

Дар ҳошияи ин нишасти минтақавӣ Президенти Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Қирғизистон ва Русия низ мулоқот карда, дар бораи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ғайра гуфтугӯ кардаанд.

Қарор аст сарони кишварҳои ин созмони зери нуфeзи Русия “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро” ба имзо расонанд.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 таъсис дода шуд ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Туркманистон узви он мебошанд.

Сими барқи хонаи модарандари Суҳроби Зафарро ҳам буриданд

0

Кормандони идораи барқи ноҳияи Восеъ сими барқи хонаи Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоевро буриданд.

Ойиша Мирзоева дар суҳбат бо Радио Озодӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди қарздор набудан се корманди идораи барқи ноҳияи Восеъ ба манзили ӯ дар деҳаи Кадучӣ рафта, сими барқи ҳавлияшро буриданд.

Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода гуфтааст, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.

Баъд аз ин хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ба идораи амният рафтааст, аммо кормандони ин ниҳод гуфтаанд, ки “хабар надорем, дақиқ карда, занг мезанем”.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳои охир ин шикояти дувуми наздикони мухолифон дар бораи буридани барқи хонаҳояшон аст.

Пештар аз ин кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.

Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.“

То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.

Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.

Баргузории қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ дар Тоҷикистон

0

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар бораи куштии камарбандӣ ба муддати ду рӯз дар вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 13-уми октябри соли 2023 соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар бораи куштии камарбандӣ миёни наврасон дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз мекунад.

Ин мусобиқот қаҳрамонӣ миёни наврасони аз 18 то 20-сола дар қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқот наврасон аз 20 кишвари дунё ширкат карда, он то асри 14-уми октябри соли ҷорӣ идома пайдо хоҳад кард.

Мақомот: Писарат дар Олмон президентро танқид кард, мо барқатро қатъ мекунем

0

Кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карданд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор рӯзи 11-уми октябр ба хонаи модари 72-солаи Шарофиддин Гадоев, Ойишамо Абдуллоева рафта, сими барқи ӯро буридаанд.

Мақомоти ноҳияи Фархор ва ё идораи барқи ин ноҳия сабаби қатъ кардани барқи хонаи модари Шарофиддинро расман шарҳ надодаанд.

Ойишамо Абдуллоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.

“Ман дар торикӣ чӣ хел роҳ мегардам, чӣ хел ғизо омода мекунам? Писари ман 38-сола аст, худаш медонад, ки чӣ мегӯяд, ба мани 72 сола чӣ кор доранд?”, гуфтааст Ойишамо Абдуллоева.

Шарофиддин Гадоев, раиси созмони “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” созмони мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мухолифни ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Омлон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳоамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.

Таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ

0

Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил аз омодагии худ барои таъсис додани Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, вазирони корҳои хориҷии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рафти ҷаласаи дурӯзаи худ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон масъалаи баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ”-ро баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, қарор аст баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ” дар нишастҳои ояндаи сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда шавад.

Бо вуҷуди он, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки донистани забони русиро барои ҳамаи миллатҳо ва сокинони кишварҳои узви он ҳатмӣ эълон карда буд, 32 сол пеш барҳам хӯрдааст. Аммо то ҳол забони русӣ дар аксар кишварҳои узви ИДМ, ки зери нуфӯзи Русия аст, мақоми давлатӣ ва ё муоширати байни миллатҳоро дорад.

Пеш аз ин Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир донишомӯзон дар 60 мактаб пурра бо забони русӣ таълим мегиранд ва дар 178 мактаби дигар синфхонаҳои таълимӣ бо забони русӣ амал мекунанд. Шогирдони ин мактабҳо зиёда 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, вақте теъдоди кулли русзабонҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир камтар аз 100 нафарро ташкил медиҳанд, локин мактабҳо ва синфхонаҳои русӣ зиёда 120 ҳазор донишомӯз доранд, шояд талоботи бозори маориф чунин равандеро талаб кунад. Аммо вақте теъдоди тоҷикистониҳо дар Русия зиёда 2,5 миллион нафар аст, вале дар паҳнои Русия ҳатто як мактабе ҳам бо забони тоҷикӣ вуҷуд надорад, ин хеле дардовар аст.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар 21-уми декбари соли 1991 таъсис дода шудааст, то ҳол зери нуфӯзи Русия қарор дорад ва дар аксар маврид Маскав хеле аз хостаҳои худро дар хеле аз кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз тариқи ҳамин созмон пиёда месозад.

Дар айни замон забони илм, забони англисӣ аст. Аксари кишварҳои узви ИДМ бо дарки ҳамин масъала мақоми онро зина ба зина дар риштаҳои таълимӣ боло мебаранд. Вале баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ” низ тавассути сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҳадафҳои Маскав ба хотири таҳмил кардани нуфузи фарҳанги русҳо дар минтақа аст.

Баргузории ҷаласаи ШВКХ ИДМ

0

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 11-ум окятбри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба кори худ оғоз кард.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ҳузури вазирони хориҷии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, имрӯз ба кори худ анҷом медиҳад.

Дар баргузории ин ҷаласа раҳбарони дастгоҳҳои диплумосии кишварҳои узви ин созмон тибқи рӯзномаи корӣ “20 масъаларо баррасӣ карда, оид ба масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҷаласа дидори алоҳидае низ бо ҳамтои қирғизаш баргузор кардааст.

Дар ин дидорҳо вазири корҳои хориҷии кишвар гуфтааст, “ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.”

Гуфта мешавад, Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 таъсис дода шуд ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Туркманистон узви он мебошанд.

Мақомоти рус як ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт карданд

0

Мақомоти Русия як муҳоҷири 32-солаи тоҷикро дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Украина дастгир карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Шарифҷон Тиллозода, зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон дар ҳудуди як қисми низомии баста боздошт шудааст. Кормандони ин қисми низомӣ дар аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст, вале маълум шудааст, ки гӯё “ӯ акс гирифта, ба кураторҳои худ ба хориҷ мефиристодааст”.

Дар ҳамин ҳол, Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки 10-уми октябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Лефортово дар мурофиае, ки пушти дарҳои баста гузашт, як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор намуда, ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабри соли ыорь ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ба иддаои мақомоти рус, тафтишоти пешакӣ исбот кардааст, ки Шарифҷон бевосита бо Хадамоти амнияти Украина тамос дорад. Дар ҳолати исботи иттиоми ҷосусӣ ба ин муҳоҷири тоҷик то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол назари худи Шарифҷон, адвокат ва наздикону пайвандонаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Аммо, яке аз шиносҳои ин муҳоҷири тоҷик ба пойгоҳи хабари “Бомдод” гуфтааст, ки “ӯ як наргис аст, яъне одаме, ки худашро хеле ва хеле дӯст медорад. Шарифҷон дӯст медошт, ки шабу рӯз аз худаш аксу видео бигирад ва нашр кунад. Ҳар рӯз пахши мустақим дошт, ҳар рӯз аксу видеоҳо мегузошт. Агар ӯ ҷосус бошад, пас ман попи Румам”.

Инчунин Шарифҷон Тиллозода борҳо бо шиорҳои тарафдори аз Русия ва Путин дар саҳфаи фейсбукиаш акс нашр карда буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ ба “Бомдод” хабар додааст, ки мақомот рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ ахиран ба зидди Тиллозода дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар парванда кушоданд.

 “Рӯзи 15 сентябри соли 2023 ӯ баногоҳ дар Фейсбукаш видео нашр кард ва хабар дод, ки аз машқҳои ҳарбӣ гузашт ва акнун ба саффи артиши Украина мепайвандад. Видео ва аксҳо ҳам аз як урдугоҳи ҳарбӣ буд, ки сарбозон онҷо дар хаймаҳои ҳарбӣ шабро рӯз мекарданд. Тиллозода ин видео ва аксҳоро алакай баъди як рӯз пок кард, вале кормандони мақомот онҳоро алакай сабт карда гирифтанд“- мегӯяд манбаи “Бомдод”.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боздошти Шарифҷон Тиллозода дар хоки Русия ва боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ дар ин кишвар чизе нагуфтаанд.