19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 228

Обхезии шадид дар Либия ҷони беш аз 3 ҳазор нафарро гирифт

0

Дар пайи тӯфон ва обхезии шадид дар Либиё беш аз 3 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. Дар ин бора вазири тандурустии Либия Усмон Абдуҷалил рӯзи сешанбе ба расонаҳо хабар дод.

Вазири тандурустии Либия ба расонаҳо гуфта, ки “шумори онҳое, ки дар пайи тӯфони “Дониёл” ба ҳалокат расидаанд, аз 3 ҳазор гузаштааст.” Ин масъули либӣ мегӯяд, ин омори танҳо сабтшудаҳо аст, “ҳоло ин тӯфон баъзе шаҳрҳоро қариб аз байн бурдааст ва шумори дақиқи қурбониён сабт нашудааст.”

Усмон Абдуҷалил ба расонаҳои маҳаллӣ вазъ дар шаҳри Дарнаро “даҳшатбор” арзёбӣ карда, гуфтааст: “Мо ҳоло дар дохили утоқи ёрии таъҷилие, ки ҳукумат дар шаҳри Дарна таъсис дода, қарор дорем. Вазъ даҳшатбор аст.”

Мақомоти расмии Либия мегӯянд, эҳтимол шумори қурбониён хеле зиёд аст, вале то ҳол масъулин натавонистаанд омори дақиқро ироа кунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе, 10-уми сентябр тӯфони шадиде, ки “Дониёл” ном гирифт, чанд шаҳри Либия, аз ҷумла Бинғозӣ, Байзо, Суса, Дарна ва дигар манотиқи ин кишварро зерурӯ кард.

Бино ба иттилои расмии Либия, тӯфони шадид 25 дарсади шаҳри Дарнаро пурра нобуд кардааст. Коршиносон гуфтаанд, ба сабаби он ки дар ин шаҳр саде барои пешгирӣ аз чунин тӯфонҳо бунёд ёфтааст, он дар пайи тӯфони мазкур канда шуда, шаҳр зери об мондааст.

Рӯзи душанбе раиси ҳукумати Либия Абдулҳамид Дбейба бо ташкили ҷаласаи изтирорӣ 3 рӯз дар тамоми кишвар мотам эълон кард ва ба тамоми масъулини ҳукуматаш амр дода, ки бидуни истисно дар кумаки мардуми зарардида ва бо онҳо бошанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Бинғозӣ дарсҳо дар мактабҳо таътил шуда, мактабҳоро барои пазириши зарардадагон омода мекунанд.

Шиддат гирифтани танишҳои лафзӣ байни Покистон ва Афғонистон

0

Авҷ гирифтани танишҳои лафзӣ байни ҳукуматдорони Покистон ва Афғонистон хеле аз муҳоҷирон ва тоҷиронро нигарон кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 12-уми сентябри соли 2023 Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар вокуниш ба як баёнияи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон посух дод.

Дар ин вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Покистон таъкид шудааст, ки ҷониби Афғонистон хуб медонад, ки гузаргоҳи марзии “Турхам” чиро ба сурати муваққат баста шудааст. Исломобод ба Кобул ҳушдор додааст, ки тирандозиҳои бедалели нерӯҳои Афғонистон ба самти нерӯҳои Покистон “аносири террористӣ”-ро ҷасур мекунад.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон субҳи 9-уми сентябри соли ҷорӣ бо нашри як баёния гуфта буд, “нерӯҳои марзбонии Покиситон замоне ба нерӯҳои марзбонии Афғонистон тирандозӣ карданд, ки машғули тармими як истгоҳи амниятӣ буданд ва он солҳо қабл сохта шуда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар идома афзуда, ки ҷониби Покистон бар хилифи ҳама тааҳуддоти қаблӣ ва бо баҳонаҳои мухталиф дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бандари Карочӣ монеи сари вақт интиқол додани молу колоҳои тиҷоратии Афғонистон, аз ҷумла меваҳо мешавад, ки тоҷирони ду кишвар аз он зарар мебинанд.

Гузаргоҳи марзаии “Турхам”-и Покистон чоршанбеи ҳафтаи гузашта, пас аз як задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонони покистонӣ ва афғонистонӣ баста шуд ва то ҳол боз нашудааст. Дар бораи сабабҳои баста шудани он ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози тирандозӣ муттаҳам мекунанд. Иддаое, ки ҳеч яке аз ҷонибҳо онро эътироф намекунад.

Бар иловаи тоҷирони афғонистонӣ ва покистонӣ аз масири гузаргоҳи марзии “Турхам”, ҳамзамон тоҷирон ва собиҳкорони Тоҷикистону Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хеле аз молу колоҳои худро то ба Покистону Ҳидустон ва аз тариқи роҳҳои заминӣ ва барҳӣ ва ба дигар кишварҳо интиқол медиҳанд.

Парвандаи як мухолифи тоҷик дар Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ баррасӣ мешавад

0

Мақомоти кишвар парвандаи мухолифи тоҷик Низомиддин Насриддинови 36-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи Насриддинов бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне даъват ба сарнагунии ҳокимият тафтиш шуда, ба ӯ аз з 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Пайвандони ин мухолифи тоҷик мегӯянд, ки парвандаи Низомиддин ҳамин ҳафта ба додгоҳ расида, муҳокима эҳтимол рӯзҳои наздик шуруъ шавад ва парвандаро додрас Мирзо Одиназода баррасӣ мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки Низомиддин Насриддинов рӯзи 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд.

Баъд аз боздошти Низомиддин Насриддинов нуҳ созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад. Аммо мақомоти Беларус талаби созмонҳоро ба инобат нагирифта, ӯро охирҳои моҳи июл ба Тоҷикистон истирдод карданд. 

Ба иттилои бархе манобеъ, Низомиддин Насриддинов пас аз истирдод ба Тоҷикистон дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди шиканҷаи кормандони ин ниҳод қарор гирифтааст. 

Чанд рӯзи пеш модар, ҳамсар ва панҷ фарзанди ин фаъоли тоҷик дар назди дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Бони Олмон ҷамъ шуда, аз созмонҳои байналмилалӣ хоста буданд, ки ба қазияи Низомиддин Насриддинов расидагӣ кунанд. 

Дар ин эътироз онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд, ки Низомиддинро аз боздошт раҳо ва ба назди онҳо баргардонад.

Инчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now дар як баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд.

Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинов аз соли 2015 бо хонаводааш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекард ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дошт.

Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2018 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.

Волидайни мухолифи тоҷикро мақомот озод карданд

0

Падару модари пиронсол ва хоҳари Фарҳод Худоёровро мақомоти интизомии ноҳияи Рашт шоми 8-уми сентябри соли ҷорӣ аз боздоштгоҳ раҳо карданд.

Фарҳод Худоёров, фаъоли маданӣ ва паноҳанда дар Аврупо рӯзи сешанбе дар тамос ба Azda tv гуфт, ки 8-уми сентябр як гурӯҳи корӣ аз мақомоти ноҳияи Рашт барои таҳқиқи парвандаи волиданаш таъсис додаанд. Санҷиши ин ҳайати корӣ муайян карда, ки падару модари пири ӯ бегуноҳ буда, онҳоро пулиси ноҳия бедалел боздошт кардааст.

Ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, ин ҳайати корӣ хулоса баровард, ки волидан ва хоҳараш раҳо карда шаванд. Ва ҳоло онҳо ба хона баргаштаанд.

Фарҳод мегӯяд, “Кормандони Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Рашт бо дастури додситони ин ноҳия Кишварзода Абдурашид боздошт карда буданд, хулосаи таҳқиқи парванда нишон дод, ки рафтори кормандони милисаи шаҳраки Навобод худсарона буда, бедадлел падару модари маро боздошт кардаанд.

Худоёров мегӯяд, ҳайати кории мақомоти ноҳия Судобаи Искандар, зане, ки ба хонаи онҳо бо санг ҳамла карда буд, ҳамроҳи модару хоҳараш гунаҳкори ин қазия донистааст.

Ёдовар мешавем, 6-уми сентябр мақомоти милисаи ноҳияи Рашт падари 78-сола ва модари 68-сола ва хоҳари Фарҳод Худоёровро боздошт карда, ба боздоштгоҳи ноҳияи Рашт бурда буданд. Ба гуфти пайвандони боздоштшудаҳо, пас аз боздошт зидди онҳо бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ) парванда боз карданд.

Манбаи аслии Azda tv Фарҳод Худоёров дар шаҳри ҳодиса гуфта буд, ки як гурӯҳ одамон, аз ҷумла раиси маҳалла, Сафаров Маҳмадраҳим, имомхатиб, Назриев Абдуллоҷон ва ҳамсари Абдуллоҳ Азимов, нафаре, ки дар қатли бародарзодааш даст доштааст, Судобаи Искандар ҳамроҳи модару хоҳараш шаби 3-ум ба 4-уми сентябри соли ҷорӣ ба хонаи онҳо рафта, талаб кардаанд, ки ба берун бароянд.

Вақте падару модар ва хоҳарам ба берун баромадаанд, онҳо гуфтанд, ки шумо лулаи оби моро қатъ кардед. Дар ҳамин ҳол Судобаи Искандар давида телефони хоҳарамро аз дасташ гирифта мешиканад. Ҷанҷолу занозанӣ шуруъ мешавад, ҳатто ин зан хоҳари маро дар замин хоб карда, мезанад.“- гуфт Фарҳод Худоёров.

Аммо пас аз нашри ин хабар чанде аз корбарон, ки худро сокинони ин деҳа мегӯянд, иддао доранд, қазия ба таври дигар рух додааст. Ба гуфтаи як корбар, пирамард гӯё кӯдаки ноболиғеро бо асо дар миёнаш зада, ба ӯ осеб расондааст. Аммо Худоёровҳо инро рад мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи ин хонавода расонаӣ мешавад. Ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, хонаводаи Азимовҳо, ки аз пайвандони Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, борҳо алайҳи хонаводаи онҳо зулму зӯрӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто соли 2021 бародарзодааш Алиризо Худоёрови 20-соларо ин хонавода ба қатл расондаанд.

Ҳалоки беш аз 2 ҳазор нафар дар пайи заминларзаи шадиде дар Марокаш

0

Шаби 8-ум ба 9-уми сентябри соли ҷорӣ заминларзаи шадиде қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Марокашро такон дод.

Бино ба иттилои мақомоти расмии ин кишвар, шиддати заминларза 7,2 ва дар баъзе минтақаҳо 6,8 дараҷаи Рехтерро ташкил додааст, ки хона ва иншооти зиёдеро дар ин шаҳр хароб кардааст.

Бино ба иттилои телевизиони давлатии Мағриб, то шаби шанбеи 9-уми сентябр адади кушташудаҳо ба 2012 ва захмиҳо ба 2059 нафар расида, вазъи саломатии беш аз 700 нафари дигар вазнин арзёбӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, эҳтимол шумори қурбониён афзоиш меёбад.

Вазири адлияи Мағриб дар изҳороте ба “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки заминларза аз ҳама бештар дар минтақаи Ҳавзи Марокаш осеб расондааст. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 1000 нафари ҷонбохтагон танҳо аз ҳамин минтақа будаанд.

Ин масъули мағрабӣ афзудааст, ки дар минтақаи мазкур баъзе деҳаҳо пурра хароб шуда, аз байн рафтаанд. Ва ҳамчунин бархе биноҳои таърихӣ, ки дар феҳристи ЮНЕСКО ворид шуда буданд, низ зарари ҷиддӣ дидаанд.

Дар пайи ин фоҷеаи бузург подошҳои Мағриб Муҳаммади VI 3 рӯз мотами миллӣ эълон карда ва фармон дод, ки парчамҳо аз биноҳои давлатӣ ба хотири эҳтироми қурбониён поин карда шаванд.

Мақомоти ин кишвар ҳамчунин аз тамоми шаҳрвандон талаб кардаанд, ки дар кумак расондан ба зарардидагон кумак кунанд ва ҳамчунин довталабона барои додани хун низ ба марказҳои тиббӣ бишитобанд.

Барономаи Толибон барои Тоҷикистон

0
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Таҳрики Толибони Тоҷикистон бо нашри як паём барномаи муфассали худро дар шакли як китоб нашр кардааст.

Бино ба иттилои бархе расонаҳои эронӣ, барномаи Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) зери унвони “Қазияи Тоҷикистон ва шеваи озодсозии он аз ишғол ва истибдод” дар шакли як китоб нашр шудааст.

Толибон аҳвол ва вазъияти кунунии Тоҷикистонро “фурсати тилоӣ” нимида, гуфтааст, ки “имрӯз фурсати тиллоӣ барои дубора инсиҷоми мардум ва талоши муҷаддад барои истирдоди ҳуқуқ ва сарзамин фаро расида, ҳоло вақти он омада, ки ба сад сол аз парокандагӣ нуқтаи поён бигзорем.”

Ин китоб иборат аз 4 фасл: 1. Ҳадаф ва рисолати мо; 2. Аз куҷо оғоз кунем; 3. Нишонаҳое дар роҳи мубориза; 4. Ислом роҳи ҳал, ва 92 боб иборат аст.

Толибон барои расидан ба ҳадафҳои худ фаъолиятшро чунин шарҳ дода, гуфтааст, ки дорои 5 сохтор: Ҷиноҳи низомӣ, ҷиноҳи фарҳангӣ, ҷиноҳи сиёсӣ, ҷиноҳи кадрсозӣ ва ҷиноҳи иқтисод амал мекунанд.

Толибони Тоҷикистон ин барномаи худро бо хатти форсӣ таҳия ва нашр кардааст. Ношири он пойгоҳе бо номи “Рисолат” гуфта мешавад. Аммо ба сурати савтӣ ва хатти криликӣ ҳам кам-кам дар бораи ин барномаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои худро нашр мекунанд.

Гуфта мешавад, Таҳрики Толибони Тоҷикистон дар гузашта зери номи “Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон” фаъолият мекард. Ин созмон пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли 2022 ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон тағйири ном кард.

Тибқи як қарори Додгоҳи олӣ Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ ва экстримистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шудааст. Тайи ду даҳсолаи ахир даҳҳо нафарро бо гумони иртибот доштан бо ин созмон боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

“Генерал-майор”-да биё бача, рутбаҳо арзон шуд!

0
Акс аз сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон қимати рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистонро барои кормандони мақомоти низомӣ ва интизомӣ кишвар арзон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз Эмомалӣ Рамҳон ба як қатор кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон рубтаҳои нави ҳарбӣ дод.

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон “як қатор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи  генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» қадрдонӣ” кардааст.

Дар аксу наворҳои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон нашр карда, дида мешавад, теъдоди онҳое, ки рутбаҳои нав гирифтаанд, 13 нафар мебошанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки тибқи қонунгузориҳои кишвар ва қоидаҳои маъмул дар сохторҳои қудратӣ дарёфти рутбаҳои ҳарбӣ бар асоси кор ва фаъолиятҳои арзишманди кормандон дода мешавад, вале ба гуфтаи бархе шахсони наздик ба идораҳои давлатӣ, дар ҳукумати феълии Тоҷикистон дар хеле мавридҳо ин қонуну қоидаҳо бо пул ва додани ришва ҳаллу фасл мешаванд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, додани рутбаҳои низомӣ низ ба мисли мансабҳои давлатӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нарх доранд ва ҳама хариду фурӯш мешаванд. Ба ҳамин хотир, онҳое зиёдтар ва тезтар аз дигар соҳиби рутбаҳои нав мешаванд, ки ё дар курсиҳои болоӣ касоне доранд, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва ё пул дода онҳоро мехаранд.

Фирори як сарбози зиндонӣ аз зиндони Бритониё

0

Як сарбози 21-солаи артиши Бритониё, ки ба ҷосусӣ барои Эрон муттаҳам мешуд, тавноиста аз зиндони Уандсворт дар Лондон фирор кунад.

Расонаҳо аз ин собиқ сарбоз Данел Обид Халифа ном бурдаанд. Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ тавониста дар зери як мошине, ки ба зиндониён ғизо меорад, бо тасмае худро баста, фирор кунад. Ба иттилои пулис, ӯ ҳангоми фирор дар тан либоси сарошпази зиндонро доштааст.

Ба иттилои расонаҳои бритониёӣ, пас аз эълони фирори ин зиндонӣ барои ёфтани ӯ дар фурӯдгоҳҳои ин кишвар тадобири амниятии шадиде гирифта шуда, ки он боиси сафҳои тӯлонӣ, ба хусус дар фурӯдгоҳҳои Лондон шудааст.

Ба гузориши BBC, ин зиндонии фирорӣ ва собиқ сарбози артиши Бритониё ба “ҷамъоварии иттилооте, ки барои душман муфид аст”, муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, манзур аз “душман”-е, ки дар парвандаи ӯ дарҷ шудааст, Эрон аст.

Рӯзномаи Горден навишта, ки Халифа қарор буд моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳокимаи додгоҳияш оғоз шавад. Гуфта мешавад, ӯ дар моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми ҷудогонае боздошт шуда буд, вале баъдтар бо шартҳои махсус озод шуд. Аммо Маркази пулиси Лондон ӯро моҳи августи соли ҷорӣ бори дигар боздошт кард.

Мақомоти Бритониё гуфтаанд, дар 4 соли охир ин бори дувум аст, ки аз ин зиндон зиндониён фирор мекунанд. Ин масъаларо баёнгари сиёсати нодуруст дар идора ва таъмини амнияти он гуфтаанд.

Бархе коршиносони бритониёӣ пурсишеро матраҳ мекунанд, ки модом Халифа ба террористӣ муттаҳам буд, дар зиндони радаи А, ки амнияташ қавитар аст, бояд нигаҳдорӣ мешуд, аммо дар зиндони радаи В, ки амнияташ чандон қавӣ нест, ҷой карда буданд. Коршиносон аз мақомот талаб кардаанд, ки алайҳи масъулони зиндон таҳқиқот оғоз шавад.

Cуханронии Раҳмон дар паради ҳарбӣ

0

Рӯзи 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар гузашти наздики 20 ҳазор сарбози Қувваҳои Мусаллаҳ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлисӣ Олӣ, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар мақомдорон иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар ин паради низоми Истиқлоли давлатиро “азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде” номид, ки тоҷикон “баъди ҳазор соли бедавлатӣ” ба он муяссар гардидаанд.

Дар идома мисли ҳамеша Раҳмон аз ҷанги солҳои 1992 ёд оварда, онро “таҳмилӣ” ва кори дасти “хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ” номид.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониаш бе овардани номи созмоне аз “вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва радикалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва илова бар ин, мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани «ҷанги сард»” ва аз нигаронии сокинон гуфту мардумро тарс дода, таъкид кард, ки “эҳтимоли шиддати бештар пайдо кардани чунин вазъият” вуҷуд дорад.

Дар идомаи ин гуфтаҳояш Раҳмон аз роҳбарони артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хост, ки дар ин шароит дар ҳолати омодабош бошанд.

Раҳмон инчунин аз номи мардуму ҳукумат аз низомиёни кишвар сипосгузорӣ карда, аз онҳо даъват кард, ки Ватанро баробари ҷони худ, мисли модар ва фарзандони худ дӯст доранд ва онро ҷавонмардона ҳимоят кунанд.

Сипосгузории Раҳмон аз сарбозону даъваташ барои ҳимояи Ватан аз онҳо дар ҳоле аст, ки ҷавонон ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо бадрафторӣ ва шароити бад рӯ ба рӯ ҳастанд.

Худи мақомот дар гузорише ба СММ гуфта буд, ки аз соли 2019 то 2021 ва ба сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Аммо огаҳони умур омори расмии мақомотро зери суол бурда, шумораи сарбозони фавтидаро бештар медонанд.

Вуҷуд доштани бадрафторӣ ва марги сарбозон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боис гаштааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ худдорӣ кунанд ва мақомот ин мушкилотро бартараф накарда, даст ба “Облава”-и онҳо мезананд.

Толибон даҳҳо ҳазор нерӯи ҷадид ҷазб мекунанд

0
Дар акс Вазири корҳои дохилии Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ

Иморати исломии Афғонистон бо раҳбарии Толибон тасмим гирифтааст, ки ба сафи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар нерӯи ҷадид ҷалб кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Вазорати корҳои дохилии Толибон эълон кардааст, ки “ба фармони раҳбари Иморати исломӣ” дасти кам 74 ҳазор нафар нерӯи ҷадид ҷазб хоҳанд шуд.

Мақомоти Иморати исломӣ, дар шарҳи ин фармон гуфтаанд, ин афрод ба хотири баровардасозии ниёзмандиҳо ҷазб карда мешаванд ва дар ин раванд авалавият ба касоне дода мешавад, ки дар 20 соли пасин дар сафи Толибон ҷанг карда бошанд.

Ин ҷазби нерӯ дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир нерӯҳои Толибон дар марзҳои Афғонистон зиёда аз 50 маврид бо марзбонони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон задухурди низомӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи ин дусоле, ки Толибон дар Афғонистон сари қудрат омадаанд, беш аз 100 дидбонгоҳҳои ҷадид сохта ба истифода додааст ва ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам эълон кард, ки тайи соли ҷорӣ 90 дидбонгоҳи ҷадид дар марзҳои кишвар бунёд мешавад.

Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр марзҳои муштарак дорад ва аз замони сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021 то ҳол пайваста Тоҷикистон эълон мекунад, ки хатари нерӯҳои дашҳатафкан амният ва суботи онро таҳдид мекунад.