15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 231

Боздошти зане, ки беш аз 40 нафарро фиреб дод

0

Додситонии шаҳри Душанбе 31-уми августи соли ҷорӣ аз боздошти зане хабар дод, ки дар фиреб додани 43 нафар барои фиристодан ба Ҳаҷ гумонбар мешавад.

Ин ниҳод аз зани боздоштшуда Каримзода Саида Азизулло ном бурдааст. Ин 32 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе будааст.

Додситонии пойтахт менависад, ки ин зан моҳи марти соли 2023 бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Ҷумаев Ҷума Қурбонович маблағи 94000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ҳамроҳи ҳамсараш барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мефиристад. Вале баъдтар барои вуҷуд доштани баъзе мушкилот дар асноди номбурда боз 1500 доллар талаб кардааст.

Гуфта мешавад, Каримзода Саида 18-уми июни соли ҷорӣ Ҷумаев Ҷумаро ҳамроҳи 10 нафари дигар бо мақсади адои фаризаи ҳаҷ ба шаҳри Самарқанди Узбекистон фиристода ва аз онҷо бояд ба Иморати Муттаҳидаи Арабӣ парвоз мекардаанд, аммо дар фурӯдгоҳ онҳоро ба далели надоштани раводиди ҳаҷ бозпас гардонидаанд.

Ба иттилои Додситонии шаҳри Душанбе, Каримзода Саида инчунин аз 42 нафари дигар бо ваъдаи фиристодан ба Арабистони Саудӣ бо мақсади адои умра дар маҷмуъ 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегирад, вале онҳоро низ фиреб медиҳад ва пулҳояшонро барнамегардонад.

Ин ниҳоди қудратии шаҳри Душанбе хабар дод, ки гумонбар, ки соҳиби як фарзанд ҳам ҳаст, ҳоло дар боздошт қарор дорад ва алайҳаш бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

Оғози баррасии шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров пушти дарҳои баста

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии адвокати шинохтаи тоҷик ва маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро имрӯз, 1-уми сентябр дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе баррасӣ дорад.

Ҷамшед Ёров, бародари ин маҳбуси сиёсӣ ва раҳбари Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки баррасии шикояти Бузургмеҳр Ёров аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста гузашта истодааст.

Ба гуфтаи Ёров, чун мурофиа пушти дарҳои баста аст, маълум нест дар он чӣ мегузарад. Аммо Ёров таъкид кард, ки “Ба эҳтимоли зиёд бинобар номустақил будани Додгоҳи олии Тоҷикистон ва яктарафаву сиёсӣ будани парвандаи Бузургмеҳр Ёров, шикояти кассатсионии ӯ аз ҷониби додгоҳ рад шуда, он дар як рӯз баррасӣ хоҳад шуд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров боз даҳ соли дигар илова карда буд, ки мувофиқи ин ҳукм ин маҳбуси сиёсӣ бояд 20 соли дигар дар зиндон бимонд.

Додрас дар он мурофиа, ки дар Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар донист. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар муҳокимаҳо сохта номида буд. 

Инчунин Бузургмеҳр Ёров бо навиштани номае аз дохили зиндон гуфта буд, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Он замон пайвандони Бузургмеҳр Ёров иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, гуфтанд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Он замон додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Туркманҳо барои сафар ба хориҷ бояд аз санҷиши равоншиносӣ гузаранд

0

Дар Туркманистон барои шаҳрвандони ин кишвар, ки мехоҳанд ба хориҷ сафар кунанд, талаботи иловагӣ ҷорӣ шудааст.

Бино ба иттилои Радио Азатлик, тибқи талаботи нави мақомоти Туркманистон шаҳрвандони ин кишвар пеш аз сафар ба хориҷ бояд пурсишномаеро пур карда, аз санҷиш гузаранд ва забонхат нависанд, ки боз ба ватан бармегарданд.

Инчунин онҳо бояд дар дар Вазорати амнияти миллии Туркманистон аз санҷиши равоншиносӣ гузаранд.

Қоидаҳои нав ба шаҳрвандоне дахл доранд, ки аллакай раводиди хориҷӣ гирифтаанд ва хадамоти муҳоҷирати вилоятҳои ин кишвар рӯйхати онҳоро тартиб дода, ба Вазорати амнияти миллӣ пешниҳод мекунад.

Гуфта мешавад, сокини Туркманистон аз сабаби мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишварашон маҷбуранд барои дарёфти ҷойи кор ба хориҷ бираванд.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба Узбакистон рафтаанд. Инчунин шумори туркманҳое, ки аз Туркманбошӣ ба Боку тавассути паром ба Озарбойҷон ва аз онҷо ба кишварҳои аврупоӣ мераванд, афзоиш ёфтааст.

Даъвати Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон

0

Собиқ Президенти Туркманистон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвони Қурбонқулӣ Бердимуҳаммдов, раиси Халқ Маслаҳати дар Туркманистон хостааст, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, иштирок намояд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (давраҳои президентӣ 2006-2022), ки қудратро аз Сафармуҳамад Ниёзов (солҳои президентӣ 1991-2006) ба мирос гирифта буд ва сипас онро дар 19-уми марти соли 2022 ба писараш Сардор Беридмуҳаммадов таҳвил дод, дар ҳоли ҳозир чанд мансаби давлатӣ ва ҷамъиятиро дар Туркманистон ба душ дорад.

Гуфта мешавад, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов яке аз дӯстони Эмомалӣ Раҳмон аст ва даъвати ӯ ба ин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст, 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор шавад, метавонад чанд паёми сиёсӣ ҳам дошта бошад.

Ҳамзамон бархе коршиносон бар ин назаранд, ки даъвати Беридмуҳаммадовҳо ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад бозгӯкунандаи афзоиши нигарониҳои сарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки ҳар се ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешаванд, низ бошад.

Толибон пас аз сари қудрат омадани худ тарҳи канали “Қуштеппа”-ро рӯи даст гирифтаанд, ки бахше аз обҳои дарёи Омӯро аз маҷрои асосии худ ҷудо карда, ба дохили шаҳру ноҳияҳои чанди вилоят дар шимоли Афғонистон савқ медиҳад. Ин тарҳ боис шуд, ки моҳе пеш сарони кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашқобод ҷамъомада, дар бораи вазъияти Афғонистон ва буҳрони камобӣ дар минтақа бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Он замон бархе коршиносон изҳори назар карда буданд, ки роҳандозии канали “Қуштеппа” дар Афғонистон кишварҳои поёноб, ба мисли Узбекистон ва Туркманистонро сахт ба ташвиш овардааст. Интизор меравад, сарони ин се кишвар дар ҳошияи нишастҳои Душанбе низ масоили вобаста ба камобӣ дар минтақаро бори дигар мавриди баҳсу баррасиҳои худ қарор диҳанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон

0
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Ҷопон масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 31-уми августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар бинои вазорат мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо доктор Акиҳико Танака, Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), ки дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон суҳбат кардаанд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба “татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, логистикӣ, саноатӣ, муҳитзистӣ, илму маориф, гуманитарӣ ва тақвияти зарфияти инсонӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон бо Ҷопон расман аз 2-уми феврали соли 1992 оғоз шуда, дар муддати беш аз се даҳаи ахир кишвари Ҷопон даҳҳо миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикитсон кумак кардааст.

Сӯхтори мудҳиш дар бозори шаҳри Ҳисор

0

Бомдоди рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ дар қисми тахтафурӯшии бозори шаҳри Ҳисор сӯхтор сар зад, ки алангаи он ба суръат паҳн шуда, макони зиёдеро фаро гирифт.

Дар наворҳое, ки субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки алангаи оташ хеле бузург шуда, вале мошинҳои оташнишонӣ дида намешаванд.

“Азия-Плюс” аз қавли Хадамоти оташнишонӣ иттилоъ дод, ки “сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.”

Аз Хадамоти оташнишонӣ гуфтаанд, ки масоҳати оташе, ки дар қисми тахтафурӯшии бозори Ҳисор сар задааст, тақрибан 400 метри мураббаъро ташкил додааст. Сабаби сӯхтор то ба ҳанӯз маълум нашудааст. Мақомот гуфтаанд, ҳоло машғули бартарафсозии паёмадҳои ин фоҷеа ҳастанд.

Ҳамзамон шабакаи телеграмии “Paviz TV” субҳи имрӯз навишт, ки оташнишонон аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Шаҳринав ва Турсунзода барои кумак омадаанд.

Мақомоти дахлдори кишвар сабабҳои оташсӯзии бозори Ҳисор ва ҳаҷми хисороти воридшударо то ҳанӯз эълон накардаанд. Вале аз наворҳо дида мешавад, ки чандин дукони бузурги тахтафурӯшӣ ба куллӣ ба коми оташ рафтааст.

Дар вокуниш ба ин фоҷеа бархе корбарон масъулини бозори шаҳри Ҳисорро гунаҳкори асосӣ медонанд, зеро ба назари онҳо, тахта, ки худ дар баробари оташ хеле осебпазир аст, мебоист масъулин инро аз қабл дар назар мегирифтанд ва аз қабл барои пешгирии чунин ҳолатҳо ҷиддӣ омода мешуданд.

Ҳамчунин корбиарони дигаре пурсидаанд, ки чаро дар бозорҳои Тоҷикистон сар задани сӯхтор, ба хусус дар вақти набудани тоҷирон, ҳангоми шаб ё субҳи барвақт муд шудааст? Онҳо мепурсанд, ки магар чунин амалҳо қасдан ва бо нақшаи пешакӣ сурта намегирад? Ва чаро то ҳол омилони сӯхторҳои бозорҳои дигар дастгир ва муҷозот намешаванд?

Давоми чанд соли ахир дар чандин бозорҳои кишвар сӯхторҳои зиёде сар зад, ки миллионҳо сомонӣ ба тоҷирон зарар ворид кард. Баъзе тоҷирони зарардида мегӯянд, ки бозорҳои кишвар дигар барои тоҷирон макони амн маҳсуб намешаванд, зеро ҳар ҳалза имкони сар задани оташ нобуд шудани тамоми молу дороӣ шахс вуҷуд дорад.

Баргузории нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

0

Қарор аст рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шавад.

Дар бораи ин нишаст ва барномаҳои он рӯзи чоршанбе, 30-уми август Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили гуногунҷанба, аз ҷумла масоили марбут ба ҳамкориҳо байни давлатҳои ҳамсоя баррасӣ шуда, дар поёни нишаст “санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.”

Тавре муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, пас аз нишасти “вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” низ “ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳо ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳошияи ин вохӯрӣ, қарор аст 16 нишасту форумҳои гуногун, аз ҷумла Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра баргузор шавад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар поёни ин нишастҳо “Намоишгоҳи таомҳои миллӣ” низ гузаронида мешавад. Ба гуфтаи бархе коршиносон, чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон рӯ ба корҳои намоише, ба монанди бо мева оростани шаклҳои гуногун овардаанд, ки ба ҷуз худнамоӣ ва исрофи аз ҳад зиёди буҷа аҳмияти дигаре надорад.

Гуфта мешавад, дар ин нишасти машваратӣ бояд раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кунанд, вале ба иттилои расонаҳои туркманистонӣ, Эмомалӣ Раҳмон собиқ раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳҳамадро барои ҳузур дар ин нишаст даъват кардааст, на писараш Сардор Бердимуҳаммадро, ки президенти ин кишвар аст.

Шумораи қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид

0

Бо пайдо шудани боз 4 ҷасади дигар шумори қурбониёни офатҳои табии рӯзҳои 27-28-уми август ба 21 нафар расид. Мақомот рӯзи гузашта шумори қурбониёнро 17 нафар эълон карда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-уми август хабар дод, ки рӯзи гузашта кормандони ин ниҳод боз ҷасади 4 нафари дигарро дар шаҳри Ваҳдат ва Варзоб, аз ҷумла ҷасади як занеро бо тифли 40-рӯзааш пайдо карданд.

Бино ба иттилои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Умеда Юсуфӣ, дар пайи офати табии дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб чаҳор нафар ҳалок шудаанд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар минтақаҳои дигар низ фавт ва бедарак шудани одамон низ вуҷуд дорад, аммо мақомот то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.  

Ёдовар мешавем, ки шаби 27-уми августи соли ҷорӣ дар аксар минтақаҳои кишвар борони шадиде борид. Бар асари ин боришоти сахт дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ обхезиҳои сахте рух дод, ки ҷони 21 нафарро гирифту чандин хонаву роҳҳоро вайрон кард.

Мақомоти кишвар то ҳанӯз омори ягонаи хисороти воридшуда аз ин селу обхезиҳои ахири кишварро нашр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол сокинон дар суҳбат бо расонаҳо аз он шикоят кардаанд, ки деҳаҳои селзада барқ надоранд ва бо гузашти чанд рӯз аз сар задани офати табиӣ то ҳол ёриҳои аввалияро ба ҷуз об дарёфт накардаанд, аммо мақомот иддао дорад, ки ба сокинон кумак расонидаанд.  

Кудето дар Габон, нигаронӣ дар Аврупо

0

Кудетои артиши Ҷумҳурии Габон дар Африқо сарони Иттиҳоди Аврупо ва ба Фаронсаро сахт нигарон кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи рӯзи 30-уми августи соли ҷорӣ бархе нерӯҳои вобаста ба артиши Ҷумҳурии Габон бо анҷоми як кудетои низомӣ раиси ҷумҳури ин кишварро боздошт ва ба ҳасби хонагӣ гирифтанд.

Ба қавли шабакаи хабарии “Ал-Ҷазира“, бархе сарони кудетогарон аз тариқи телевизион эълон карданд, ки ҳамагуна натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоршуда дар ин кишвар бекор карда шуда аст.

Инқилобгарон раиси ҷумҳури ин кишвар Алӣ Бунгу ва бархе аъзои ҳукуматашро, ки пирӯзии худ дар интихоботи баргузоршударо ҷашн мегирифтанд, боздошт ва ба “хиёнати бизург” муттаҳам карданд.

Ҳамзамон дар аксу наворҳое, ки аз пойтахти Габон, шаҳри Либервил дар расонаҳо роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки садҳо нафар аз ҳомиёни кудетогарон ва низомпӯшон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, рақсу пойкӯбӣ мекунанд ва ба навъе сарнагун кардани ҳукумати зери султаи Порисро ҷашн мегиранд.

Инчунин кудетогарон фаъолияти тамоми ниҳодҳои ҳукуматиро то иттилои сонавӣ манъ карда, рафату омад ба хориҷи кишварро аз тариқи сарҳадоти давлатӣ низ муваққатан мамнуъ эълон шудааст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо субҳи имрӯз гуфтаанд, агар собит шавад, ки дар ин кишвар кудето сурат гирифта, он метавонад суботи сиёсӣ дар тамоми кишварҳои африқоиро ба хатар биандозад.

Ҷумҳурии Габон, ки аз мустаъмираҳои собиқи Фаронса асту тайи солҳои зиёд манофеи он дар ихтиёри Порис қарор дорад, Эммануэл Макрон, Президенти Фаронсаро сахт ошуфта кардааст. Вазири хориҷаи ин кишвар ҳам дар нахустин вокуниши худ гуфтааст, Фаронса “бо бештарин таваҷҷуҳот” таҳаввулот дар Габонро пайгирӣ мекунад.

Ду гумонбари қатли Исматуллоев дар Русия боздошт шудаанд

0

Ду гумонбар дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар ҳудуди Федератсияи Русия боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми августи соли ҷорӣ зимни мулоқоти вазирони корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар Маскав масъалаи боздошти гумонбарони қатли Исматуллоев матраҳ шуд.

Бино ба иттилои вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, дар ҷараёни амалиёти оперативии муштараки вазоратҳои дохилаи ду кишвар бо номи “Ҷустуҷӯ” “ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”.

Колоколтсев ному насаби гумонбарони боздоштшударо нагуфтааст, аммо тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон, аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар қатли Шуҳрат Исматуллоев даст доранд, танҳо Дилшод Саидмуродов, раҳбари ин гурӯҳ ва Акбар Ахмедов ба Русия фирор карда буданд. 

Вазорати корҳои дохилии Русия, боздошти ин ду гумонбарро натиҷаи хуби ҳамкории байни мақомоти ду кишвар хондааст.

Инчунин дар мулоқоти вазирони ду кишвар аз ошкор шудани фаъолияти як гурӯҳи ҷиноие хабар дода шудааст, ки ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав машғул будааст.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карда буд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳадаф аз сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия баррасӣ намудани масъалаҳои ҳамкории ду вазорат дар мавриди будубоши муҳоҷирони корӣ, мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо ва масъалаи дастгир намудани Саидмуродов Дилшод маъруф ба Дилшоди “СБ” ё “красавчик” гуфта мешуд.