Хона блог саҳифа 236

Ними Тоҷикистон бебарқ асту мақомот хомӯш

0

Садҳо нафар аз сокинони баландошиёнаҳои шаҳру ноҳияҳои гунони Тоҷикистон шикоят доранд, ки нерӯи барқ ва оби гарми хонаҳои онҳо қатъ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми марти соли 2024, баъд аз соати 11:00 рӯз нерӯи барқ дар тамоми қаламрави шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қатъ шудааст. Ба гуфтаи бархе манобеъ, дар шаҳри Душанбе ҳатто чароғакҳои роҳ аз кор монда ва интернет ҳам як муддат қатъ шудааст.

Масъулини шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе чанд рӯз пеш эътироф карда буданд, ки маҳдудиятҳои интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт ҳам ҷорӣ шудааст. Аммо бар хилофи бебарқии имрӯз, он маҳдудиятҳои ҷоришуда то дирӯз дар як вақт тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанберо дар бар намегирифт.

Ҳамзамон садҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар пойтахт шикоят аз он доранд, ки бар иловаи надоштани нерӯи барқ, масъулин интиқоли об ва бахусус оби гамро ҳам қатъ кардаанд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар айни ҳамин бебарқӣ бархе ширкатҳои мобилӣ, ба мисли Мегафон-Тоҷикистон бархе хидматрасониҳои худ аз қабили алоқаи мобилӣ ва интертенро дар баъзе минтақаҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон маҳдуд кардааст.

Ҳамзамон садҳо нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз бебарқӣ шикоят карда, таъкид доранд, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли нерӯи барқ натанҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои тобеи марказ ва хеле аз шаҳуру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон низ қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол имрӯз як манбаъ аз вилояти Хатлон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки қаблан дар рӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд, ҳоло дар ин сармои сахт ва барфи зиёд 1 соат бегоҳ ва 1 соат субҳ барқ медиҳанд.

Як манбаи дигар аз шаҳри Душанбе гуфт, ки аз бебарқӣ ва сардии хонаҳо сокинони зиёде, ки кӯдакони хурдсол доранд ба ноҳияҳои берун аз пойтахт ба хонаҳои хешу наздиконашон рафтаанд.

Гуфта мешавад, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар мақомоти Тоҷикистон то замони таҳияи ин матлаб ин қазияро ба сурати расмӣ шарҳ надодаанд. Вале “Азия – Плюс” бидуни тасдиқи хабар аз як манбаи худ иттлоъ дод, ки ин бебарқии сартосарӣ ба сабаби вуҷуди садама дар НБО “Норак” ба вуҷуд омадааст.

Дар пайи ин бебарқӣ дар шаҳри Душанбе хабари мудҳиши ҳалокати 6 нафар аз як хонавода, ки барои гармшавӣ онҳо аз ангишт истифода карданд ва дар натиҷа зану шавҳар ва 4 фарзанди хурдсол аз дуди он масмум гашта, ҷонбохтанд, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” феврали соли ҷорӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро барои соли 2024 ҳудуди 20% зиёд кардааст. Имсол наздик ба 2 миллиард киловатсоат ба Афғонистони зери султаи Толибон нерӯи барқ мефурӯшанд. Толибоне, ки тибқи қарор Додгоҳи олиии Тоҷикистон як ташкилоти террористӣ дониста шуда, ҳаргуна фаъолиятҳои он дар қаламрави кишварамон ҷурм шинохта мешавад.

Баргузории интихоботи парлумонӣ дар Эрон

0

Фардо интихоботи парлумонӣ дар Эрон оғоз мешавад, вале мухолифони ҷумҳурии исломӣ иддао доранд, ки иштироки мардум дар пойинтарин сатҳ хоҳад буд.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми феврали соли ҷорӣ Ситоди интихоботи вобаста ба Вазорати корҳои дохилии Эрон эълон кардааст, ки фардо, 1-уми март баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ (парлумон) ва Маҷлиси хубрагони ин кишвар аз соати 08:00 оғоз мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар 12-умин даври баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ номзадҳо барои 290 курсии парлумон ва дар шашумин даври Маҷлиси хубрагони Эрон довталабони ин маҷлис барои 88 курсӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ин интихобот дар ҳоле баргузор мешавад, ки барои 290 курсии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон зиёда аз 15 ҳазору 200 нафар ва барои 88 курсии Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон 144 нафар сабти ном шудааст.

Пеш аз ин ҳудуди 300 нафар аз фаъолони сиёсӣ, фарҳангӣ ва мадании Эрон бо имзои туморе таъкид карда буданд, ки дар ин интихобот ширкат намекунанд, зеро “мавқеият ва мақоми нимаҷони ниҳоди интихобот дар қиёс бо қабл вазъи асафбортаре ёфтааст.”

Гуфта мешавад, 12-умин даври интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва 6-уми даври интихоботи Маҷлиси хубрагонии раҳбарии Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар давоми беш аз 40 соли мавҷудияти ҷумҳурии исломӣ барои нахустинбор интизориҳои ҳукуматдорон барои ширкат дар интихоботҳо ба пойинтарин сатҳи худ расидааст. Мақоми раҳбарии ин кишвар тайи чанд рӯзи ахир борҳо аз мардуми ин кишвар хостааст, ки фаъолона дар интихобот иштирок кунанд.

Бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон киҳоянд?

0

Дар соли сипарӣ гашта аз ҳама бештар се кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон миллонҳо доллар сармоягузорӣ кардаанд, ки дар феристи бузургтарин сармоягузорони ҷумҳурӣ ворид гаштанд.

Рӯзи 28-уми феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нишасте бо ҳузури сафирон ва корпусҳои дипломатӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст масъулини Вазорати хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ хостанд, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Исматулло Насриддин, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ҳадаф аз ин нишаст талоши Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар мебошад.

“Ман аз кишварҳои дӯсту бародар ва шарикони рушд даъват ба амал меорам, ки дар амалисозии нақшаҳо ва стратегияҳои созандаи Тоҷикистон ҳамкории рӯзафзун дошта бошанд.“, мегӯяд муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Зимни нишаст масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ номгӯи шуморе аз кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди кишварро эълон кард, ки сетои онҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия ва Чин, ки дутои онҳо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд, бузургтарин сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон дониста шуданд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир, соли гузашта аз ҳама бештар Қазоқистон бо маблағи беш аз 220 млн доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва аз ин рӯ, он дар сархати кишварҳои сармоягузор қарор дода шудааст.

Пас аз он, кишвари Чин бо сармоягузории беш аз 130 миллон доллар дар ҷои дуюм ва Русия бо сармоягузории наздики 100 миллион доллар дар ҷои сеюм қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои расмии Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, дар умум соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ин омор дар муқоиса бо соли гухашта 114 млн доллар ва ё беш аз 4% зиёд аст.

Мақомоти тоҷик барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар талоши зиёд карданд, вале сармоягузорон хеле кам ҷалб мешаванд. Коршиносон ҷалб нашудани сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистонро ба андозҳои ҳангуфт, ришваву фасод, набудани барқ, набудани рақобати солим дар бозорҳои кишвар, набудани амнияти сармоя ва зиёд қарздор будани Тоҷикистон аз хориҷ марбут медонанд.

ПМТ: Тоҷикистон узвияти худ дар СПАД-ро бознигарӣ кунад

0

Паймони миллии Тоҷикистон бо нашрия як баёния гуфтааст, “то замоне ки Русия аз таҷовуз нисбати кившарҳои ҳамсоя даст бикашад ва истиқлолияти онҳоро дар амал эҳтиром кунад, ҳампаймон будан бо ин кишвар дар ростои манфиати миллии мо нест.”

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми феврали соли 2024 Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз тасмими Ҷумҳурии Араманистон дар робита ба боздоштани узвияти худ дар Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) истиқбол кард.

Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, “ба ин бовар аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узв дар минтақа ҳам баробари ба рушди худшиносӣ ва пеш гирифтани сиёсатҳои мутобиқ ба манофеъи миллиашон дер ё зуд ба ин хулоса хоҳанд расид,” ки аз ин созмони зери нуфӯзи Кремлин хориҷ хоҳанд шуд.

Ба қавли манбаъ, “Тоҷикистон наметавонад узви созмоне бошад, ки кишвари дигари узв, яъне Русия, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро шомили руйхати пайгарди худ кунад, бидуни ин ки ин одамон қонунеро дар ин кишвар поймол карда бошанд. Даҳҳо шаҳрвандони тоҷиктабори худро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зиндон бифиристад ва аз онҳо ҳимоят накунад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти фишор ба ҷанги Украина бифиристад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири кишвари «шарик»-и худро бидуни ҳеч далел депорт кунад.”

Гуфта мешавад, Ҷумҳурии Араманистон баъд аз он ки тайи ду соли ахир чанд маротиба низоъҳо байни ин кишвар ва ҳамсояаш Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Кӯҳи шиддат гирифт ва Боку ҳам тавонист қисме аз минтақаи баҳсӣ байни ду кишварро ба тасарруфи худ даровард, аз узвияти худ дар СПАД дилсард шуд. Зеро ин созмон амалан натавонист интизориҳои Арманистонро дар вақти ин низоъҳо бароварда созад. Ин дар ҳоолест, ки СПАД дар саркӯби эътирозгарони дохилӣ дар замони эътирозҳои мардумӣ алайҳи ҳукуматҳои Беларус ва Қазоқистон нақши бузургеро иҷро карда буд.

Вокуниш ба марги 6 нафар дар пойтахт

0

Баъд аз ҷорӣ шудани “лимит” дар шаҳри Душанбе 6 узви як хонавода бар асари дуди ғализи ангишт ҷони худро аз доданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Гуфта мешавад, дар ҳавои сард масъулини “Барқи тоҷик” барқро қатъ карданд ва падари оила хоста, ки хонаи сардро бо ангишт гарм кунад, вале дуди он ҳамагиро ҳалок кард.

Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола мебошанд, ки дирӯз, тақрибан соати 11:00 рӯз ҳамсояҳо аз марги онҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо хабар шуданд. Ҷанозаи ҳамаи аҳли ин хонавода ба сурати дастаҷамъона хонда шуда, сипас онҳоро дар қабристоне ба хок супориданд.

Ин хабар ҳоле дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад, ки мардум аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт шикоят доранд ва масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо хабарнигорон тасдиқ кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе низ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар “лимит”-и барқро ҷорӣ кардаанд.

Дар вокуниш ба ин ҳодиса хеле аз корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулини ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар марги ин шаш нафар гунаҳкоранд ва бояд ҷавобгӯ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки агар то чанд рӯзе пеш мардум дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар рӯз 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешуданд, айни ҳол шикоят аз он доранд, ки аз сармо ранҷ мебаранд, вале барқ аз соатҳои муқарраршуда камтар дода мешавад. Сокинони навоҳии дурдасти кишвар мегӯянд, ба онҳо дар як шабонарӯз танҳо 5 соат – 2 соат субҳ ва 3 соат бегоҳ барқ дода мешавад.

Гуфта мешавад, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ ба расонаҳо гуфта буд, тибқи қарордоди ҷадид бо ширкати барқрасони Афғонистон- “Бришно”, имсол Тоҷикистон 1,9 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” зикр карда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми 1,6 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон содир карда буд ва нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар аксаран дар фаслҳои баҳору тобистон интиқол дода мешавад, вале ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон тибқи шартнома аст ва мақомоти Тоҷикистон онро на кам, балки барои фоида ба даст овардан бештар мефурӯшад.

Ба гуфтаи онҳо, агар дар Тоҷикистон тавлиди камтари нерӯи барқ эҳсос шавад, масъулин онро аз ҳисоби аҳолии кишвар бо ҷорӣ кардани “лимит” кам мекунанд, вале интиқоли онро ба Афғонистону Узбекистон кам намекунанд.

Интиқоли пул тавассути “CONTACT” қатъ шуд

0

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки пул фиристодан аз Русия ва дигар кишварҳо тавассути “КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT”” аст, қатъ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “бо қарори Бонки марказии Федератсияи Россия аз -санаи 21 феврали соли 2024, №ОД – 266 иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT” мебошад, бозхонд гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар давоми ин рӯзҳое, ки “фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд карда шуда, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.”

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир “гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда” барои онҳо як “муаммо” шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, кормандони он ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор додаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳамзамон “бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст”.

“CONTACT” яке аз низомҳои интиқоли пул аз Русия ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон буд, ки бо назардошти осон ва арзонтар будани хидматрасониҳои он муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз он ба касрат истифода мекарданд. Боки милли Тоҷикистон мегӯяд, ки “дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.”

Эмомалӣ Раҳмон атрофи вазири мудофеаро ҳам аз одамони “худӣ” тоза кард

0

Эмомалӣ Раҳмон муовиновони вазири мудофеа ва чанде аз сардорони ниҳодҳои зертобеи ин вазоратро аз вазифа барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми феврали соли 2028 Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки нав “ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ” таъйин гардидаанд, мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон навишта, ки бо фармони Эмомалаӣ Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ интихоб шудааст.

Инчунин гуфта мешавад, бо қарорҳои ҳамсон “Сафарзода Ҷамшед Сафар – Муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон – Муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар – Муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир – Муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ ва Шоҳиён Абдусаттор Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.”

Ҳамзамон дар ин ҷойивазкуниҳо Собирзода Шамсиддин Маъруф – Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон – Муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Ҳамчунин дар рафти ин вазифатақсимкунӣ ба ҷои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони чанд раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд кишвари хориҷӣ шахсони дигар таъйин гардиданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин тағйироти кадрие, ки беш аз 45 рӯз боз дар сохтори низомӣ ва интизомии кишвар идома дорад, қариб ҳама муовинон ва раҳбарони ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратӣ ва интизомии кишварро аз вазифаҳояшон барканор кардааст.

Аммо дар ин раванд то ҳол ба барканор кардани одамони “вафодор” ба худаш ба мисли Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, (аз 2-уми сентябри соли 2010), Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, (аз 5-уми январи соли 2012) Шералӣ Мирзо, вазири мудофеа, (аз 20-уми ноябри соли 2013) Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ, (аз 23-уми январи соли 2015) ва Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олӣ, (аз соли 2015 инҷониб), ки ҳамаи онҳо зодагони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳастанд, бо вуҷуди ба поён расидани беш аз ду давраи раҳбарии чорсола бархе аз онҳо то ҳол Эмомалӣ Раҳмон ҳеч яке онҳоро барканор накардааст.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати доктори илмҳо

0

Дар Тоҷикистон нисбати доктори илми фалсафа, собиқ муҳақиқи Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон ва зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғуломалиев Ширалӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова мегӯяд, мақомоти тоҷик Ғуломалиевро барои мавқеи шаҳрвандӣ ва интиқоди ошкораш аз ҳукумат “хоин” ва “душмани халқ” эълон карда, бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест барои кадом амалаш ин олими шинохтаро дар кофтукоб қарор додаанд.

Аммо Ғуломалиев Ширалӣ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки баъд аз сар задани ҳаводиси ноябри 2021 дар ВМКБ, тариқи “Zoom” суҳбати онлайнӣ карда, аз сокинони кишвар хоҳиш намудаааст, ки аз мардуми помирӣ дифоъ кунанд, то бар беадолатиҳои режим хотима дода шавад.

Инчунин ин фаъоли зодаи Бадахшон мегӯяд, ки рӯзи 01.06.2022 дар як барномаи “Гапи Озод”-и Радиои Озодӣ бо муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, ки аз қатлу куштор дар Помир истиқбол мекарду помириёнро ҷинояткору террорист мехонд, иштирок доштаасту фикру назарашро дар бораи ҳодисаҳои хунин дар Бадахшон гуфтааст.  

“Шахсе, ки камтар ақлу виҷдон дошта бошад, ӯ наметавонад ба ҳамаи беадолатӣ ва ҳуқуқвайронкунии ҳукумат хомуш истад”,- мегӯяд Ғуломалиев Ширалӣ.

Доктори илми фалсафа Ғуломалиев афзуд, ки баъди ин ҳама ва бо вуҷуди оне, ки аз соли 2022 бо пайвандонаш дар тамос нест, дар торихи 6.08.2022 бародаронашро ба Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП)-и шаҳри Душанбе бурда, аз онҳо оиди ӯ баёнот гирифтаанд.

Гуфта мешавад, парвандаи ҷинотӣ нисбати ин фаъоли маданӣ рӯзи 18.08.2022 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии кишвар боз шудааст.

Ғуломалиев Ширалӣ солҳои охир дар Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон дарс мегуфт ва ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон кумак кардааст то дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил кунанд. Аммо ба далели таъқиби сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ӯ маҷбур шуд, ки омӯзгориро тарк кунад ва ба таври оҷил аз кишвари Ҷопон хориҷ шавад.

“Бисёриҳо медонанд, ки мо дар Ҷопон як комюнитии хуби тоҷикистониён ташкил карда будем, ман роҳбари он будам ва бештари онҳо шогирдону дӯстонам ҳастанд. Барои якдигар кумакҳо мекардем, тую сур ташкил мекардем, дар шодиву ғами ҳамдигар шарик будем. Новобаста аз кадом вилояту миллат будан ҳама ҳамчун бародару хоҳар будем. Умуман ҳар чи ки аз дастам меомад ба ҳамватанонам кардаам ва бештари онҳо инро тасдиқ мекунанд. Баъд аз он ки онҳо хабар шуданд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, чанд нафари он маро дар телефонҳояшон блок карданд  ва ман аз ин хеле хафа шудам“, – мегӯяд ӯ.

Ғуломалӣ Ширалиев бар ин бовар аст, ки Ҷопон дар масълаи корҳои дохилиаш хеле кишвари амн аст, аммо дар масъали байналмилалӣ ва равобити байналмилалӣ, худ тасмим гирифта наметавонад ва дар раддабандии қабули паноҳандагон дар сатҳи хуб нест.

Ин фаъоли маданӣ баъд аз суҳбат бо вакилони ҷопониву тоҷик, барои бехатарии худу фарзадонаш ва такрор нашудани тақдири шаҳид Умаралӣ Қувватов ва дигарон дар ӯ Ҷопонро тарк карда, ба Амрико рафтааст.

Ғуломалиев Ширалӣ мегӯяд: “Ба инҷо омаданам пушаймон нестам, дуруст ҳаст, ки баъди зиндагии хуб, кори хуб, каме мушкил ҳаст. Аммо вақте ки мебинӣ бегуноҳон дар зиндон, ними мардум руйи дунё сарсону саргардон, ту чи тавр метавони рӯзи хуш гузарони?“

Ғуломалиев Ширалӣ мегӯяд, ки 32 сол ҳаст дар Тоҷикистон як президент ҳукмронӣ мекунад ва тамоми ҳукуматро оилавӣ карда, ба як кишвари диктотурӣ табдил додааст ва ҳар касе, ки норозигии худро нисбати ҳукумат мегӯяд, ё зиндонӣ мешавад, ё кушта.

“Моддаи 307 ин як калид барои ҳукумат ҳаст, ки бо воситаи он қулфҳои аз пеш баромадаро зуд ва ба осонӣ мекушояд, аммо барои шаҳрвандон моддаи 307 як шамшерест, дар боло истода, касе камтар сарашро боло кард, зуд сарзада мешавад”- мегӯяд ин доктори илмҳои фалсафа.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон нисбати дигарандешон бо моддаи 307 парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, онҳоро дар кофтукоб қарор медиҳанд. Чанде пеш хабар дар бораи боз шудани парванда бо ҳамин модда нисбати Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи кишвар, нашр шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон ҳазорҳо нафар аз шаҳрвнадони худро дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доданд, ки дар байни онҳо шумори зиёде аз мухолифини ҳукумат ва аъзои оилаи онҳо низ вуҷуд доранд.

Сомонаи русии “Медиазона“ феҳристи шахсони дар пайгард бударо нашр кард, ки он дар умум даҳҳо ҳазор нафарро дар бар мегирад. Мақомоти қудратии Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ якбора ному насаби 6 ҳазору 585 тоҷикистониро ҳамчун ҷинояткор дар феҳристи ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайгард қарор додаанд. 

Ин хабар вокунишҳои зиёдеро дар байни корбарони тоҷикӣ ба вуҷуд овард. Бархе мегӯянд, дар умрашон Русияро надидаанд, ва ё замони ноболиғ будан аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, чӣ гуна ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистону дигар кишварҳои ИДМ ҷинояткор шинохта шудаанд? Аммо мақомоти Тоҷикистон ба чунин иқдом даст заданашонро то ҳол шаҳр надодаанд.

Русия содироти бензинро барои 6 моҳ манъ мекунад

0

Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки дар шаш моҳи оянда содироти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ва дизелро маҳдуд кунад.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия пешниҳод дар бораи муваққатан манъ кардани фурӯши бензин ба хориҷро қабул кардааст. Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки меъёри фурӯши дизел низ дар биржаҳо низ то 16% боло бурда шавад.

Ба қавли хабаргузории РБК, ин маҳдудияти муваққатии содироти безниз, ки аз 1-уми марти соли 2024 то 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба муддати шаш моҳ тӯл мекашад, ба ҳаҷми мувофиқашудаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё, Муғулистон, Узбакистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дахл надорад.

Ҳукумати Русия сабаби асосии ҷорӣ шудани ин маҳдудиятҳо дар робита ба фурӯши маҳсулоти нафтиро ба зиёд шудани талаботи мавсимӣ дар дохили ин кишвар унвон карда гуфтааст, “ба зудӣ дар бозори дохилӣ мавсими афзоиши талабот ба сӯзишворӣ оғоз мешавад, ки ин ба давраи корҳои баҳории саҳроӣ, таъмири нақшавӣ дар корхонаҳои коркарди нафт ва ҳамчунин таътили тобистона марбут мебошад”.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб зиёда аз 80 дарсад маҳсулоти нафтии худро тиқби қарордодҳои имзошуда байни ду кишвар, ки дар он имтиёзҳои бидуни боҷи содироти гумрукӣ таъкид шудааст, аз Русия ворид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки бархе ширкатҳои нафтрасон дар Тоҷикистон ба мисли ширкатҳои зертобеи “Фароз” аз ин имтиёзҳо сӯиистифода карда, қисме аз ин маҳсулоти нафтие, ки бидуни пардохтҳои содироти гумрукӣ барои истифодаи дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон ҷудо шудаанд, ба кишварҳои сеюм, ба мисли Афғонистон содир мекунанд.

Ба ҳамин хотир, чун аксари кишоварзони Тоҷикистон медонанд, ки манъи фурӯши муваққатии бензин ва то 16% қиматтар шудани нархи дизел дар биржаҳои Русия бозори дохилии кишварамонро низ бо камбудӣ маводи сӯхт дар фаслҳои баҳору тобистон, ки вақти кишту кори заминҳост, рӯбарӯ хоҳад кард, нигарон кардааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СММ

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бораи густариши ҳамкориҳои худ дар шаҳри Душанбе бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 27-уми феврали соли 2024, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, ҷонибҳо “ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Инчунин ҳар ду ҷониб “алоқамандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 узвияти Созмони Милали Муттаҳидро ба даст овард. Созмони Милали Муттаҳид дар замони ҷангҳои таҳмилии дохилӣ яке аз миёнравҳои асосӣ барои хотима додан ба ҷанг буд.

Ичунин СММ яке созмонҳои кафили сулҳ дар вақти имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди нерӯҳои Опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) буд, ки ин созишнома дар соли 2015 ба сурати якҷониба аз ҷониби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон поймол гардид ва то ҳол ин раванд идома дорад.

Ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид дар давоми 8 соли ахир борҳо аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу фишор, шиканҷа, боздоштҳои худсаронаи мухолифин хотима дода, зиндониҳои сиёсии кишварро озод кунад, вале мақомоти кишвар ва дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин дархостҳои СММ посухи манфӣ додааст.