Хона блог саҳифа 237

Ҳисоботи Додситони кулли кишвар назди вакилон

0

Чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ Додситони кулли Тоҷикистон назди вакилони парлумони кишвар ҳисобот медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми феврали соли 2024 “иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба қавли манбаъ, дар ин иҷлосия, ки “соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад”, ҳисоботи Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023” шунида мешавад.

Дар ҳамин рӯз пеш аз баргузории ин иҷлосия, соати 09:00 ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузаронида мешавад. Ва гуфта мешавад, дар ин иҷлосия инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъйин ва озод намудани муовини якум ва муовинони Додситони кулли кишвар ҳам мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Юсуф Раҳмон аз 23-уми январи соли 2015 то ҳол ба муддати 10 сол дар курсии Додситони кулли Тоҷикистон такия задааст. Ба гуфтаи мухолифони ҳукумат, вай пеш аз он ки қудои Эмомалӣ Раҳмон шавад, дар солҳои 2015-2017 садҳо нафар аз мухолифони сиёсатҳои Президенти Тоҷикистонро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт, шиканҷа ва ба зиндон фиристодааст. Ин раванд ҳамоно ҳам идома дорад.

Аз Насимҷон Шарифов то ҳол хабаре нест

0

Бо гузашти се рӯз аз Насимҷон Шарифов, намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Туркия то ҳол хабаре нест.

Бино ба иттилои сомонаи “Гурӯҳи 24”, Насимҷон Шарифов субҳи 23-юми феврал аз ҷойи зисташ ба берун баромада, бедарак шудааст ва гӯшиаш низ хомӯш аст.

Дар иттилоияи ин ҳаракати сиёсӣ гуфта мешавад, ки “намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекарданд, ки ба зудӣ кушта ва ё ба Тоҷикистон рабуда хоҳанд шуд”.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия дар гузашта чанде аз фаъолони “Гурӯҳи 24”-ро бо дархости Душанбе дастгир, вале дертар раҳо карда буданд.

Аз ҷумла, худи Насимҷон Шарифов ҳамроҳи Суҳроб Зафар дар соли 2018 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, вале баъди ду моҳ, додгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро озод карда буд. Баъдан, Насимҷон боз ду бори дигар аз тарафи пулиси шаҳри Истанбул боздошт ва раҳо шуда буд.

“Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон барои бозпас бурдани намояндагонаш дар Туркия ба таври расмӣ муваффақ нашуда буданд ва эҳтимол меравад, ки Насимҷонро ин бор рабуда бошанд.

Суҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки навори дурбинҳои назоратиро ба даст оварданд.

“Дар навор дида мешавад, ки Насимҷон шаби 22-юми феврал, соати 22:45, ба хона даромада, субҳи 23-юми феврал, соати 8:15, аз онҷо берун шудааст. Соати 9 мулоқот дошт. Дар давоми 45 дақиқа гум шудааст. Кори моро рӯзҳои таътил каме мушкил кард. Дар онҷо намояндаҳои мо ҳастанд, кор мекунанд” – гуфтааст Суҳроб Зафар.

Бо гузашти беш аз 3 рӯз то ҳол мақомоти Туркия дар бораи бедарак шудани ин фаъоли сиёсии тоҷик чизе нагуфтаанд ва ҷониби Тоҷикистон низ хомӯш аст.

Гуфта мешавад, Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия зиндагӣ мекунад ва ҳуҷҷатҳoи паноҳандагӣ дар ин кишварро низ дорад ва тамоми қоидаҳои будубоши ин кишварро риоят кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, дар баёнияе аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки рабудан, таъқиб ва фишорро болои дигарандешон хотима бидиҳад ва қонунҳои ҷории кишвар ва байнулмилалиро риоят кунад. Инчунин Кумита аз тамоми мухолифон ва паноҳандагони сиёсӣ талаб кардааст, ки ҳарчи зудтар кишварҳоеро, ки барояшон хатар дорад, тарк кунанд.

Насимҷон Шарифов дар ҳоле дар Туркия нопадид мешавад, ки 15-уми январ Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки Туркия барои шахсоне, ки ба Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ хатар доранд, паноҳгоҳ нест ва ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.

Умут Аҷар он замон гуфта буд, ки дар ҳолатҳои лозима ин гуна нафаронро мақомоти Туркия аз кишвар хориҷ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам ин корро хоҳад кард. 

Бояд гуфт, моҳи майи соли 2023 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Туркия бо додситони кулли ин кишвар Бекир Шаҳин масъалаҳои созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар ва истирдоди ҷинояткорону маҳкумшудагонро баррасӣ карда буд.

Мудири шуъбаи “Қаряи Боло” боздошт шуд

0

Мудири шуъбаи беморхонаи “Қаряи Боло”-и пойтахт бо иттиҳом даст доштан дар тасарруфи беш аз 70 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Анваров Ҷ.И. – мудири шуъбаи дуюми Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” маъруф ба “Қаряи Боло” бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва 19 ҳазор сомонӣ боздошт гардидааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри ин хабар навиштааст, ки “Анваров Ҷ.И. барои ба сурати “қонунӣ” дохил кардани писари “шаҳрванд Ашуров З.Т. ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” аз вай ин маблағро талаб карда гирифтааст.

Инчунин Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Анваровро “бо истифода аз мақоми хизматӣ” ва “барои бо роҳи фиреб тасарруф намудани молу мулки ғайр” ва “иҷро накардани ягон амали муайян” муттаҳам кардааст.

Вобаста ба ин иттиҳомот Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, “нисбати Анваров Ҷ.И. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ фиристода шудааст.

Мақомоти зидди фасоди Тоҷикистон дар вақти нашри ин хабар на назари айбдоршаванда, на аз наздикону пайвандон ва на адвокати қонунии ӯро дар робита ба ин иттиҳомот зикр накардаанд ва дар ҳоли ҳозир Azda.tv ҳам то ҳол ба сурати мустақим натавонистааст, ки назари онҳоро дарёфт ва ин масъаларо ба сурати мустақим таҳқиқ намояд.

Як сарбози амрикоӣ дар назди сафорати Исроил худро оташ зад

0

Рӯзи якшанбе, 25-уми феврали соли ҷорӣ як сарбози нерӯҳои ҳавоии Амрико дар назди сафорати Исроил дар Вашингтон худро оташ зад.

Ба гузориши хабаргузории CNN, пулиси Вашингтон дар шарҳи ҳодиса гуфта, ки он 25-уми феврал тақрибан соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва Хадамоти махфии ИМА ва полис дар ҳол ба ҷои ҳодиса худро расонда, сарбозро ба бемористон интиқол додаанд, вале табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Иёлоти МУттаҳидаи Амрико Роуз Райлӣ низ ин ҳодисаро таъйид карда, гуфтааст, ки номи он сарбоз Аарон Бушнелл буд ва дар нерӯҳои ҳавоии кишвараш адои хидмат мекард.

Сабаби ба чунин кор даст задани сарбози амрикоӣ, мухолифат бо сиёсатҳои кишвараш дар бораи кумак ба Исроил ва бомборон шудани мардуми Ғазза, аз ҷумла кушта шудани кӯдакони фаластинӣ тавассути артиши Исроил гуфта мешавад.

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки сарбоз ҳодисаро пурра бо телефони ҳамроҳаш ба навор гирифтааст. Ӯ пеш аз худро отша задан аввал телефонашро дар замин насб мекунад ва сипс дар сари худ маводи сӯзишворӣ мепошад ва бо гуфтани “Озодӣ ба марудми Фаластин”, худро оташ мезанад.

Ба гузориши CNN, ин сарбози ҷавон дар навор гуфтааст, ки номаш Аарон Бушнелл аст ва намехоҳад “дигар шарики наслкушӣ шавад”. Ӯ гуфтааст, ки “худро оташ задан дар баробари азоби фаластиниҳо хеч аст.”

Пулиси Вашингтон таҳқиқро дар бораи ин ҳода оғоз кардааст. Ваҳоло ангезаи аслии ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Исроил шуруъ аз 7-уми октябри соли 2023, пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба девори Ғазза, ки дар ихтиёри Исроил аст, ба Навори Ғазза ҳуҷум кард ва то ҳол идома дорад. То кунун, бино ба гуфтаи Вазорати тандурустии Фаластин, 30 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки беш аз 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Музокироти пинҳонии Тоҷикистон бо Толибон

0

Мақомоти Тоҷикистон бо намояндаҳои Толибон ба сурати пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кардаанд.

Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии Швейтсария (SIGA), Толибон пас аз музокироти пинҳонии мақомоти Тоҷикистон ва Иморати исломӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар музокироти сулҳ байни ҳаракати “Ансоруллоҳ” ва Тоҷикистон миёнҷигарӣ кардаанд.

Ба қавли манбаъ, музокирот байни мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Иморати исломии Толибон дар ин хусус тайи чор моҳи ахир дасти кам ду маротиба, яке моҳи декабри соли 2023 сурат гирифта ва бори дувум ҳам дар январи соли ҷорӣ баргузор шудааст.

Ҳаркати “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон тавассути мулло Амриддин, яке аз норозиёни имзои созишномаи сулҳ байни Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар Афғонистон таъсис дода шуд ва нерӯҳои он то ҳол дар ин кишвар ҳузур дорад.

Ҳаркати “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон пас аз дубора сари қудрат омадани Иморати исломӣ дар Афғонистон дар паҳлуи онҳо мақоми худро нигаҳ дошт ва Толибон ҳам назорати бархе манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистон дар вилояти Бадахшонро ба уҳда ин гурӯҳ вогузор карда буданд.

Тоҷикистон ин ҳаракатро террористӣ эълон кардааст ва бар асоси ҳукми Додгоҳи олии кишвар ҳар гуна фаъолиятҳои ҳаркати “Ансоруллоҳ” дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст.

Аммо Толибони Афғонистон ин ҷунбиши низомиро, ки ахиран аз “Ансоруллоҳ” ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) тағйир ном карда ва акасари нерӯҳояш аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, созмони террористӣ намешиносад.

12 соли зиндон барои муаллиф, муҳаррир ва ношири “Ҳаводиси рӯзгори ман”

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон муаллиф, муҳаррир ва ношири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Шоми 22-юми феврали соли 2024, журналист ва шоири шинохтаи тоҷик Зафари Суфӣ дар истинод ба манобеи худ дар Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон муллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири он Абдуқори Рустам ва ношир Суҳроб Раҷабзодаро ба зиндон маҳкум кард.

Ба қавли Зафари Суфӣ, дар Боздоштгоҳи муваққатӣ, ки баррасии парвандаи ин 3 нафар ҷарён дошт, “нависандаи саршинос, огоҳ, камназир ва меҳандӯст устод Абдуқодири Рустамро барои 4 солу 6 моҳ ва нависанда, соҳибкори шинохта, муаллифи китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» Аблухалили Холиқзодро 6,5 сол маҳкум ба зиндон кардаанд.”

Ҳамзамон ба дунболи нашри ин хабар сомонаи Радиои Озодӣ ҳам бо нашри як гузориш гуфт, ки тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ, Суҳроб Раҷабзода, директори нашриёти “Ер Граф”-и шаҳри Душанбе, ки дар ин парванда ҳамчун ношир ҷалб шудааст, низ “ба 1 соли зидон” маҳкум шудааст.

Расонаӣ шудани хабари дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум шудани ин 3 нафар, ки солҳо боз ҳамчун ходимони ҷамъиятӣ, яке ба сифати адабиётшинос ва нависанда, дувумӣ ҳамчун тоҷиру соҳибкор ва яке аз корофаринҳои шинохта ва савумӣ ҳамчун молики яке аз беҳтарин нашриётҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Ба қавли донишманди хушноми тоҷик Адаш Истад аз Самарқанд: “Агар Турсунзода, Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо, Ғафуров, Мӯъмин Қаноат зинда мебуданд,ин аҳмақӣ рух намедод! Дар Тоҷикистон дар прократура ва суд(ба он сабаб русӣ ном бурдам, ки ҳануз болшевикӣ ҳастанд) мафкураи соли 37 ҳукмронӣ дорад. Ҳеҷ фарқе байни тройкаи Сталинизм ва адлияи Тоҷикистон намондааст. Ин воқеа обрӯи давлати Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба мисли тути хасак рехт.Шакке нест, ки ин амалҳо бар зидди Президент низ шуда истодааст!”

Ин се нафар замоне аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд, ки гурӯҳе аз кормандони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тобистони соли гузашта, баъд аз се моҳ гузаштан аз нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” корзореро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохилӣ алайҳи муаллиф, муҳаррир ва ношири он ба роҳ монда буданд. Ба дунболи онҳо хеле дигар аз афроди шинохта, аз он ҷумла президент ва бархе кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам вориди амал шуда, аз мақомот хоста буданд, ки ба муҳтавои ин китоб баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои адабии ин тоҷири муваффақи кишвар гуфта буд: “Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.“

Аммо раиси бемористони Ибни Сино дар оғози ҳамин китобаш мегӯяд: “Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад. Умедворам, ҳоло, ки шароити мусоид фароҳам шуда ва ҷомеа ҳам асари асафбори ин падидаро таҷриба кардааст, бо кӯшиши зиёиён ва бахусус ҷавонон, ҷанбаи тафриқаандозии он коҳиш ёбад ва шояд рӯзе аз байн бурда шавад.” (Ҳаводиси рӯзгори ман, саҳ.-6)

Туркия шаҳрвандии раҳбари ихвониҳоро бекор кард?

0

Мақомоти Туркия шаҳрвандии раҳбари Ҷамоати “Ихон-ал-муслимин” дар Миср Маҳмуд Ҳусейнро ҳамроҳи ҳамсараш бекор карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои мисрӣ, Маҳмуд Ҳусейн раҳбари ихвониҳо аз соли 2014 дар Истанбул зиндагӣ мекунад ва ӯ пештар шаҳрвандии Туркияро ҳамроҳи ҳамсараш ба даст оварда буданд. Сабаби лағви шаҳрвандии онҳо мухолифат ба шартҳои шаҳрвандии ин кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия раҳбари ин ҷамоатро ҳамроҳи беш аз 40 нафар дигар аз пайравонаш дар мухолифат ба шартҳои гирифтани шаҳрвандӣ аз роҳи дороии моликият, аз ҷумла харидани хона дар Туркия муттаҳам кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин гурӯҳ дар шаҳри Истанбул ва дигар шаҳрҳои Туркия хона харида ва ба ин восита шаҳрвандии Туркияро соҳиб гаштанд, вале дар давоми камтар аз се сол хонаҳоро боз ба дигарон фурӯхтаанд. Тибқи қонунҳои ин кишвар, шаҳрванди хориҷие, ки бо роҳи харидани манзил ва дигар моликиятҳо соҳиби шаҳрвандии Туркия мешавад, то 3 сол ҳаққи фурӯхтани хонаҳоро надорад.

Аммо бархе расонаҳо аз манобеи наздик ба ҷамоати “Ихвон-ал-муслимин” дар Туркия менависанд, ки ба эҳтимоли зиёд қарори ҳукумати ин кишвар барои бекор кардани шаҳрвандии Маҳмуд Ҳусейн ва ҳамроҳонаш дар пайи сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Миср ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Сисӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзноманигори мустақил Сомӣ Камолуддин дар ҳисоби “Х”-аш ин иддаоҳоро рад карда, мегӯяд, ки ин ҳама овозаи дурӯғ асту асосе надоранд. Ба гуфтаи ӯ, овозаи бекор кардани шаҳрвандии раҳбари ихвониҳо се моҳ пеш аз сафари Эрдуғон ба Миср аз ҷониби расонаҳои Миср ва Саудӣ паҳн шуда буданд.

Аксари рӯзноманигорону таҳлилгарони мустақил низ дар навиштаҳои худ таъкид мекунанд, ки як овозаи беасос аст.

То ҳанӯз дар ин бора мақомоти Туркия маълумоти расмӣ нашр накардааст ва назари худи раҳбарони ихвон ҳам дар ҷое вобаста ба ин хабар расонаӣ нашудааст.

Мусобиқоти Тоҷикистону Арабистон

0

Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии мусобиқоти “Ҷоми ҷаҳон-2026” оид ба футбол бо ду дастаи пурқувати кишварҳои арабӣ бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 21-уми марти соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар дар даври дувум марҳилаи интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Арабистон Саудӣ бозӣ мекунад.

Тоҷикистон дар ин даври дувуми марҳилаи интихобии дастаҳо дар гурӯҳи “G” бозии сеюми худро баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор мешавад. Замони бозӣ соати 23:59 ба вақти Душанбе гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, 26-уми марти соли ҷорӣ дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бозии худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунанд. Оғози ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ эълон шудааст.

Афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистону Русия

0

Соли гузашта гардиши ҳамҷми молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Русия афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар ҳошияи расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазони Тотористон мулоқот карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар рафти ин мулоқот “ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.”

Инчунин таъкид гардидааст, ки дар соли 2023 ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол байни Тоҷикистону Русия 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.”

Имрӯз, 22-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов низ мулоқот карда, музокироти дуҷониба байни ҳайатҳои расмии ду кишвар низ баргузор гардидааст.

Инчунин пас аз ин мулоқот, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов ба Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб дониста аст.

Ёдовар мешавем, ки зуҳри дирӯз Эмомаль Ращмон барои иштирок дар расми ифтитоҳи мусобиқоти “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазон дар раъси як ҳайати расмӣ ба Тотористон рафта буд.

Сармурабби нави дастаи футболи Тоҷикистон

0

Гела Шекиладзе, сармураббии нави дастаи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024, Гела Шекиладзе, мутахассиси 53-солаи гурҷӣ сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба қавли манбаъ, ин мутахассиси шинохтаи Гурҷистон дар давраи бозиҳои “Ҷоми Осиё-2023” ёвари Петр Шегрти, сармураббии харватӣ дар тими миллии футболи Тоҷикистон буд ва футболбозони кишварамон ҳам бо вай аз наздик ошно ҳастанд.

Инчунин дар ин давра Тамаз Бокерия, мутахассиси дигари гурҷӣ ёвари Гела Шекиладзе дар тими миллии футболи Тоҷикистон хоҳад буд. “Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.”

Гуфта мешавад, “Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои “Динамо-Батуми” (Гурҷистон), “Лйерс” (Белгия), “Руселаре” (Белгия), “Арсенал” (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намуда, инчунин ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.