Хона блог саҳифа 238

Боздошти кормандони ширкати “Барқи тоҷик”

0

Ду корманди ширкати “Барқи тоҷик”, ки бо роҳҳои сохтакорӣ беш аз ду миллион сомониро ба фоида худ харҷ карда буданд, боздошт шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024 Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо нашри матлабе хабар дод, ки ду корманди “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”-ро бо иттиҳоми “азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон” боздошт кардааст.

Ба қавли манбаъ, “Эргашев Б.С., сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул” ва “бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ” даст ба ҷиноят задаанд.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон ин афродро ба он муттаҳам мекунад, ки дар давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори Шабакаҳои барқи Панҷакентро ба маблағи умумии 2 миллиону 136 ҳазору 613.31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф кардаанд, ки бо ин рафторашон ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Агнентии зидди фасод бо нашри ин хабар, назари муттаҳамон, наздикон ва ё адвокатҳои онҳоро зикр накардааст, вале таъкид мекунад, ки нисбати онҳо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Интиқоди Эрон аз Тоҷикистон

0

Тоҷикистон ҳаҷми молиёти гумрукӣ барои баъзе колоҳои воридотӣ аз Эронро ба сурати ногаҳонӣ зиёд кардааст. Ин кор интиқоди Эронро ба бор овардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъодин ва кишоварзии Эрон бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон мулоқот кардааст.

Дар ин мулоқот ҷониби эронӣ аз он интиқод кардааст, ки “афзоиши ногаҳонии таъруфаҳои гумрукӣ барои бархе колоҳои воридотии Эрон аз сӯи Тоҷикистон монеи дар ҷиҳати афзоиши муносибатҳои тиҷории ду кишвар аст.”

Инчунин ҷониби Тоҷикистон аз он нигаронӣ кардааст, ки “дар 30 соли гузашта беш аз 250 санади ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар имзо шуда, ки агар фақат ниме аз онҳо иҷроӣ шуда буд, ҳаҷми табодулоти тиҷории Эрону Тоҷикистон ба як миллиард расида буд.”

Гардиши ҳамҷми молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2023 мелодӣ аз 100 миллион доллари амрикоӣ, ки дар солҳои гузашта буд, ба 270 миллион доллар афзоиш ёфт, аммо ин рақам ҷонибҳоро қаноатманд намекунад, зеро сарони кишварҳо таъкид карда буданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуд ин рақам ба 500 миллион доллар расонида шавад.

Гуфта мешавад, ҳамҷи табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар беҳтарин шароит, ки ба солҳои 2008-2013 рост меояд, он ҳам дар соли 2012 аз 350 миллион доллар фаротар нарафтааст. Он замон миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки шиносномаи тоҷикӣ ҳам дошт, чандин тарҳи бузургеро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд.

Аммо тирамоҳи соли 2013 вақте Бобаки Занҷонӣ дар Теҳрон боздошт шуд ва вакилони ӯ талаб карда буданд, ки пулҳояш дар ҳаҷми 3,5 миллиард доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Эрон интиқол дода шаванд, билофосила равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва муносибатҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва тиҷорӣ байни Душанбе ва Теҳрон сард шуд.

Он замон Тоҷикистон пулҳои Бобаки Занҷониро ба Эрон таҳвил надод. Бобаки Занҷонӣ 10 сол инҷониб зиндонӣ аст. Аммо мақомоти Эрон чанд рӯз пеш хабар доданд, ки пулҳои Бобаки Занҷонӣ ба сурати нақдӣ аз хориҷ ба Эрон интиқол дода шуданд. Аммо нагуфтаанд, ки ин пулҳо аз кадом кишварҳо ба Эрон интиқол дода шуданд. Бо ин вуҷуд, акнун имкони озод шудани Бобаки Занҷонӣ вуҷуд дорад, аммо ӯ барои дубора соҳиб шудан ба дороиҳояш ба Тоҷикистон бар мегардад ё хайр, номаълум аст.

Афзоиши саркӯби фаромилӣ дар ҷаҳон

0

Давоми 10 соли гузашта фишор болои фаъолони сиёсӣ дар ҷаҳон нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст.

Аз соли 2014 ба ин тараф беш аз 20 дарсади ҳукуматҳои ҷаҳон барои хомӯш кардани фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон, ҷонибдорони собиқи режим, намояндагони ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар хориҷ, даст ба саркӯби фаромилӣ задаанд.

Бино ба гузориши созмони ҳуқуқии “Freedom House”, танҳо дар соли гузашта мақомоти 25 кишвари дунё дар 125 ҳолати саркӯби фаромиллӣ, аз ҷумла куштор, одамрабоӣ, ҳамла, боздошт ва ихроҷи ғайриқонунӣ, даст доранд.

Дар солҳои 2014 то 2023, созмони “Freedom House” 1034 ҳодисаи мустақими физикии саркӯби фаромиллиро, ки аз ҷониби ҳукуматҳои 44 кишвар дар 100 кишвари дунё сурат гирифтаанд, ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.

Ҳукуматҳои Чин, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Миср дар маҷмуъ аз соли 2014 омилони асосии саркӯби фаромиллӣ ба шумор рафта, танҳо ба Чин 25 дарсади ин навъи саркӯбҳо рост меояд. Аммо ба панҷгонаи аввали соли 2023 ҳукуматҳои Русия, Камбоҷа, Мянма, Туркманистон ва Чин шомиланд.

Майкл Ҷ. Абрамовитс, раиси созмони “Freedom House” бар ин бовар аст, ки саркӯби фаромиллӣ ба амнияти дохилӣ ва байналмилалӣ таҳдиди мустақим дорад ва ҷомеаҳои демократӣ бояд барои ҳалли фаврии ин мушкилот якҷоя кор кунанд.

“Мо ҷаҳонеро қабул карда наметавонем, ки дар он барои рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар афроде, ки аз режимҳои саркӯбгар интиқод мекунанд, бандари амн вуҷуд надошта бошад. Кишварҳои демократӣ бояд барои дифоъ аз соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои бунёдии худ бештар кор кунанд”- мегӯяд раиси созмони “Freedom House”.

Гуфта мешавад, созмони “Freedom House” дар гузориши соли 2022-и худ низ ҳукумати Тоҷикистонро “яке аз омилони саркӯби фаромиллӣ дар ҷаҳон” дониста буд. Ин созмон дар гузоришаш гуфта буд, ки танҳо дар соли 2022 ёздаҳ мухолифи сиёсиву мазҳабӣ аз Русия ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуда, “бисёре аз онҳо бо иттиҳомҳои сохта” дар зиндон ҳастанд.

Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар соли 2022 наздик ба сад нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шуданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон гуфт, ки бо дархости Тоҷикистон дар як соли ахир беш аз 200 нафаре, ки барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун нисбаташон парванда боз шуда буд, аз хориҷа ба кишвар истирдод шудаанд.

Гуфта мешавад, соли гузашта Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи дигари тоҷик аз Олмон, инчунин Низомиддин Насриддинов, узви собиқи “Гурӯҳи 24” аз Беларус ба Тоҷикистон иистирдод шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои бозиҳо ба Русия рафт

0

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 21-уми феврали соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати ҳукуматӣ бо ҳадафи ширкат дар расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда” озими шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуд.

Ба қавли манбаъ, “дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.”

Бо вуҷуди он ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҳадаф ва ё сабабҳои аслии ин сафар чизе нагуфтааст, аммо бархе расонаҳои маҳалӣ дар шаҳри Қазони Русия хабар додаанд, ки ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардан дар расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон танҳо раиси ҷумҳуре нест, ки дар расми оғози ин бозиҳо ширкат мекунад, балки ҳамтоёни вай аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ҳам аз ҷумлаи меҳмонони даъватшуда дар ин маросими варзишӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи камтар аз як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тамошои бозиҳо ҳамроҳ бо ҷамъе аз зердастонаш дар ҳукумат ба хориҷ сафар мекунад. Вай 17-уми феврали соли ҷорӣ ба Қатар рафта, дар расми ифтитоҳи бозиҳои аспдавонӣ ширкат карда буд.

Гуфта мешавад, “Бозиҳои оянда”, як чорабинии васеъмиқёси варзишӣ дар чорроҳаи варзиш, илм ва технология, баҳамафзоии варзишҳои классикӣ ва рақамӣ мебошад. Ин мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи 21 фанни инноватсионӣ баргузор мешаванд. Макони асосии баргузории “Бозиҳои оянда” маҷмааи намоишгоҳи “Expo Kazan” аст.

Тоҷикистон тибқи раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар феҳристи фақиртарин кишварҳои дунё ҷой дорад. Бинобар фақир будан ва кишвари камбизоат эътироф шудан, дар соли 2023 ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби 63 кишвари дунё кумак дарёфт кардааст. Вале масрафи ин сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар раъси ҳайъатҳои расмӣ аз ҳукумат сурат мегиранд, даҳҳо миллион сомонӣ хароҷот доранд.

Тоҷикистон бо Қатар “истирдоди ҷинояткорон”-ро баррасӣ кард

0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Қатар хост, ки шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард ҳастанд, боздошт ва ба Душанбе истирдод кунад.

Ин гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти давлати Қатар зимни сафари Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба Давҳа рӯзҳои 17-18-уми феврал сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмон бо ҳамтои қатарияш Исса бин Саад ал-Ҷафалӣ зимни мулоқот масоили марбут ба “татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд”-ро, баррасӣ карданд.

Дар хабари додситонӣ зикр гардида, ки ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории мақомоти ду кишвар дар бораи муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар навъҳои ҷинояткориро муҳокима карда, тақвияти ҳамкориҳоро таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди истирдоди шаҳрвандони ҳамдигарро тасвиб карда буд.

Парлумони Тоҷикистон дар он ҷаласаи худ ҳамчунин Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои идомаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар ва Созишнома дар бораи ёрии дуҷонибаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатарро низ ба тасвиб расонд.

Интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон кам шуд

0

Ширкати барқрасони “Бришно” дар барои кам шудани интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон хабар додааст.

Ҳикматуллоҳ Майвандӣ, сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон дар саҳфаи “Х”-и худ хабар додааст, ки шуруъ аз дирӯз, 19-уми феврали соли 2024 интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ба Афғонистон 50% камтар шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон сабаби асосии кам шудани интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ба Афғонистон “мушкилоти фаннӣ” мебошад ва пас аз бартараф шудани ин мушкилот дубора ҳаҷми барқи воридотӣ ба реҷаи худ бар гардонда мешавад.

Интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба зеристгоҳҳои вилояти Кобул, Хулм ва Хинҷони Афғонистон маҳдуд шудааст. Ширкати “Бршино”-и Афғонистон ҳам бобати таҳаммули ин мушкил, ки эҳтимол чанд рӯз давом хоҳад кард, ба сурати расмӣ аз муштариёнаш узрхоҳӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Афғонистон бахше аз мардуми худро бо тавлиди нерӯи барқи дохилӣ таъмин мекунад ва қисми зиёди дигарро бо нерӯи барқи воридотӣ. Ин кишвар нерӯи барқи воридотии худро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистону Эрон харидорӣ мекунад.

Толибон: Аҳмади Масъуд бо Иморати исломӣ байъат кардааст

0

Толибон мегӯянд, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Иморати исломӣ байъат кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири умури муҳоҷирони Афғонистон дар ҳукумати муваққати Толибон гуфтааст, “Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо кобинаи Иморати исломӣ байъат кардааст.”

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ пеш аз ин ҳам дар бораи раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, ки ҳоло ба ду шоха тақсим шудааст, чунин даъвоҳоеро карда буд, вале Атомуҳаммуди Нур, раҳбари ин ҷамъият гуфта буд, “дар расмии айёрии хуросонии мо чизе ба номи байъат вуҷуд надорад. Истода ҷон медиҳем, аммо хамида зиндагӣ намекунем.” Аммо худи Аҳмади Масъуд дар ин бора то ҳол вокунише накардааст.

Баъд аз дубора дар 15-уми августи соли 2021 сари қудрат омадани Толибон Аҳмад Масъуд, писари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд Афғонистонро тарк карда, як муддат дар Тоҷикистон буд. Вай пас аз чанд муддат аз таъсиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод. Ин ҷабҳа дар соли аввали таъсис хеле фаъол буд, аммо дар якуним соли ахир фаъолиятҳои сиёсӣ ва низомии он дар муқобили Толибон рӯз то рӯз камрангтар шудааст.

Гуфта мешавад, ин навори иддаои Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири умури муҳоҷирони Толибон дар ҳоле дар шабакаҳои даст ба даст мешавад, дар нишасти ду рӯзаи Қатар дар бораи Афғонистон ҳеч як нафар аз аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мухолифини Толибон ба он даъват нашудаанд. Толибон ҳам ин нишастро ба далели ин, ки Созмони Милали Муттаҳид даъвати онҳоро то охир пайгирӣ накардааст, дар он иштирок накарданд.

Тасдиқи бемории Мамадшоева дар зиндон

0

Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зиндон аз фишорбаландӣ азият мекашад.

Бемории ин рӯзноманигори зиндониро вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён низ зимни нишасти матбуотӣ тасдиқ кард.

Ба гуфтаи вазир, хонум Мамадшоева бемории фишорбаландӣ дорад ва Сарраёсати адои ҷазои ҷиноятии кишвар он хизматрасониҳои тиббие, ки дар имконияташ дорад, ба ӯ кумаки мерасонад.

Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки агар мутахассисони Сарраёсати адои ҷазои ҷиноятӣ ба машварату ёрии дигар табибони ихтисосманд ниёз пайдо кунанд, онҳо даъват мешаванд ва тибқи маслиҳати онҳо табобатро ба роҳ мемонанд.

Аммо пайвандони ин фаъоли зодаи Бадахшон мегӯянд, ки маъмурияти зиндони занонаи шаҳри Норак иҷоза намедиҳанд, то пизишкони берунаро барои табобати ӯ даъват шаванд.

Касоне, ки наздиконашон зиндонӣ шудаанд, мегӯянд, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон барои нигоҳубини зиндониён солона ҳам аз давлат буҷа мегирад ва ҳам ҳаммарӯза аз наздикону пайвандони зиндониён бо баҳонаҳои мухталиф ришваситонӣ мекунанд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама бештари зиндониён, бахусус зиндониёни сиёсӣ ба бемориҳои гуногун гирифтор шудаанд ва дар аксар ҳолат ба онҳо кумаки тиббӣ расонда намешавад ва аксари дорувориро пайвандонашон ба зиндониён дастрас мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоеваи 66-сола баъд аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли гузашта дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, ҳамроҳи садҳо нафар аз фаъолони маданӣ аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шуд. 

Дар аввалҳои моҳи декабри соли 2022 Улфатхоним Мамадшоева дар мурофиае пушти дарҳои баста бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла “даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ” гунаҳкор дониста шуда, ба бист соли зиндон маҳкум шуд. Худи Улфатхоним Мамадшоева ва пайвандонаш иттиҳомоти мақомотро рад карда, онро сохта номида буданд. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар фаъолонро талаб намуда, хоста буданд, ки боздоштҳои ғайриқонунии дигарандешонро бас кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон талабу тавсияҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро нодида мегирад. 

Бобаки Занҷонӣ баъди 10 сол озод мешавад

0

Бобаки Занҷонӣ, миллардер ва тоҷири шинохтаи эронӣ, ки бо иттиҳоми напардохтани беш аз 2 миллиард евро дар Теҳрон боздошт ва зиндонӣ шуда буд, озод хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Муҳсини Эжеӣ дар нишасти Шӯрои олии Қувваи қазоияи ин кишвар рӯзи душанбе гуфтааст, ки дар натиҷаи талошҳо ва корҳои масъулини дахлдори Эрон “амволи Бобаки Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвар шиносоӣ ва ба Теҳрон мунтақил шудааст.”

Ба қавли раиси Қувваи қазоияи Эрон, “бинобар коршиносиҳои аввалияи сурат гирифта, ин амвол кафофи бадеҳиҳо ва хисоратҳои ӯ хоҳад буд ва ҳоло агар амволи бозгаштаи қаблии ӯро изофа кунем, изофа меояд.”

Ҳамзамон Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки шахси зерҳимояаш аз аввал ҳам қасди пардохти қарзҳояшро дошт ва акнун, ки ҳама қарзҳои ӯ дар назди давлат пардохта шуд, вай метавонад бо истифода аз моддаи 114 Қонуни муҷозоти исломӣ дархости афв ва бахшиш кунад.”

Бобаки Занҷонӣ, тоҷири шинохтаи эронӣ, ки як шиносномаи хориҷии тоҷикистонӣ ҳам аз ноҳияи Ҳисор дошт, соли 2013 дар Теҳрон бо иттиҳоми қаллоб ва напардохтани пули Вазорати нафти Эрон боздошт ва зиндонӣ шуда буд. Додситонии кулли Эрон баъдтар дар ин парванда Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигареро ҳам ба дор маҳкум карда буд.

Ин тоҷири эронӣ дар Тоҷикистон ҳам ба бонкдорӣ, ҳам ба нақлиёту мусофиркашонӣ ва дигар тиҷоратҳои бузурге машғул буд. Вай ширкати ҳавонавардӣ ва ҳам ширкатҳои Ҳолдингии “Конт групп Тоҷикистон”, “Asian Express” ва ғайраро таъсисааст.

Бобаки Занҷонӣ аз дӯстони хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2013 дар расми ифтитоҳи терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе, собиқ Автовогзал, ки ҳоло бо номи терминали Асиян експресс машҳур аст, ширкат карда, Бобаки Занҷониро хеле таърифу тавсиф карда буд.

Аммо вақте чанд моҳ пас аз ин Бобаки Занҷонӣ дар Теҳрон боздошт шуд ва тавассути вакилонаш талаб кард, ки пулҳояшро дар ҳаҷми наздик ба 3.5 миллаирд доллар аз Тоҷикистон ба Эрон интиқол диҳанд, мушкилот ва нофаҳмиҳо байни Душанбе ва Теҳрон оғоз шуд. Он замон гуфта мешуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар интиқоли пулҳо кӯтоҳӣ кардааст. Аммо ин иддаоро ҷониби Тоҷикистон рад карда буд.

Оғози сардии муносибатҳо ва ба ҳамхӯрдани робитаҳои сиёсӣ байни Душанбе ва Теҳрон ҳам аз замони боздошти Бобаки Занҷонӣ оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон тайи беш аз 5 сол Ҷумҳурии Исломии Эронро душман хонда, онро ба дахолат кардан дар умури дохилӣ, даст доштан дар қатлҳои занҷиравии донишмандони тоҷик ва пуштибонӣ аз мухолифон муттаҳам мекарданд.

Раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо кадом ҷурм зиндонӣ шуд?

0

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяед, собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддинзода Насрулло бо иттиҳоми гиирфтнаи пора дар ҳаҷми калон боздошт ва равонаи зиндон шуд.

Дар ин бора имрӯз, 19-уми феврал Сафар Салимзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Салимзода зимни шарҳи қазияи боздошти собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддинзода Насрулло гуфт, ки ӯ ҳангоми баррасии парванда ва пеш аз эълони ҳукм нисбати ду сокини ноҳияи мазкур аз онҳо ҳамчун ришва маблағи калон гирифтааст.

“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон бо моддаҳои 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Тоҷикистон дар пешбурдаш қарор дошт, вале барои таъин кардани ҷазои ё ҷарима аз судшавандаҳо ба сифати пора пешакӣ 20 ҳазор доллар гирифта, оварда додани боқимонда 3 ҳазори дигарро талаб намудааст” – гуфт Салимзода.

Пас аз боздошти ӯ Додситонии кулли кишвар хабар дода буд, ки нисбати Садриддинзода парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, пас аз поён ёфтани тафтишот онро ба Додгоҳӣ олӣ фиристодааст. Ва Додгоҳи олӣ собиқ додрас Садриддинзодаро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар бар асоси як фармони Эмомалӣ чанд додрас, аз ҷумла Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар ҳоле, ки 7-уми феврали соли 2020 тибқи як фармони раисҷумҳур, Садриддинзода Насрулло раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъйин гардида буд ва пеш аз он дар вазифаи муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кор карда буд.