Хона блог саҳифа 239

Даргузашти Давлатманд Холов

0

Давлатманд Холов, фалаксарои шинохтаи Тоҷикистон баъд бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 18-уми феврали соли 2024, фалаксарои шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки чанд сол инҷониб бо бемории саратон дасту панҷа нарм мекард, дар синни 74-солагӣ дар бемористони Қарияи Болои пойтахт вафот кард.

Хадамоти матбуоти президенти кишвар аз номи Эмомалӣ Раҳмон дар пайи даргузашти Давлатманд Холов як барқияи изҳори ҳамдардӣ барои наздикону пайвандони марҳум нашр кардааст.

Давлатманд Холов мутаваллиди 26‑уми октябри соли 1950 буд. Вай дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ба дунё омада буд.

Вай ҳамчун ятим ба воя расида, зиндагии сахтеро ҳам дар овони кӯдакиву наврасӣ ва ҳам дар охирин марҳилаҳои зиндагиаш пушти сар карда буд. Бо ин ҳол, вақте дар авҷи шукӯҳи санъати фалаксароӣ машҳури дунё гардида, дар ҳама вақт марди ҳалиму хоксор ва фурӯтан боқӣ монда буд, ки аксари мардум ҳам ӯро барои ҳамин хислатҳои ҳамидааш ёд мекунанд.

Давлатманд Холов дорандаи ҷоизаҳои “Ҳофизи халқии Тоҷикистон”, “Ҳофизи халқии Узбекистон”, дорандаи “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” буд. Инчунин чанд сол пеш, Жак Ширак, собиқ президенти Фаронса барояш нишони тилоии кишварашро ҳадя карда буд. Вай барои чандин солҳо роҳбари ансамбли давлатии “Фалак” дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро ҳам бар уҳда дошт.

Ҷанозаи марҳум Давлатманд Холов, фалаксарои шинохтаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хонда шуда, ҷасади ӯро дар қабристони Лӯчоби пойтахт ба хок супориданд.

Имрон Хон аз зиндон номзади мақоми нахуствазиро пешниҳод кард

0

Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон аз дохили зиндон номзади мақоми нахуствазии кишварашро муаррифӣ кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон, ки дар интихоботи парлумонии ахир номзадҳои мусталиқ аз ҳизбаш тавонситанд, аксари курсиҳоро соҳиб шаванд, дирӯз аз зиндон номзади мақоми нахуствазирии кишварашро пешниҳод кардааст.

Ёвари Имрон Хон, ки ахиран бо вай дар зиндон мулоқот кард, 15-уми феврал ба расонаҳо гуфта, ки раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон Умар Айюб Хонро ба унвони номзади мақоми нахуствазирии Покистон аз байни ҳамҳизбонаш интихоб кардааст.

8-уми феврали соли 2024 интихоботи маҷлиси миллии Покистон ва иёлатҳои он баргузор шуда буд. Дар ин интихобот бо вуҷуди он ки мақомоти ин кишвар Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон бо роҳбарии Имрон Хонро аз ширкат кардан дар он маҳрум карда буд, вале номзадҳои он ба сурати мустақил вориди интихобот шуда, наздик ба 100 курсии онро соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, мақомоти покистонӣ баъд аз он ки баҳори соли 2022 тавонситанд Имрон Хонро аз қудрат канор бизанан, алайҳи вай бо иттиҳомоти мухталиф парванда сохта, аз августи соли 2023 то феврали соли 2024 бар асоси 4 парванда дасти кам ӯро ба 34 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар давоми камтар аз се ҳафта пеш аз баргузории интихоботи парлумонӣ додгоҳҳое дар ин кишвар Имрон Хонро ба 31 соли зиндон маҳкум ва ҳизбашро аз ширкат кардан дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентии ин кишвар маҳрум карда буданд.

Аммо бо вуҷуд мащдудсозищо нухбагони он тавонситанд номаздии худро ба сурати мустақил пешниҳод ва аз нигоҳи теъдоди касби курсиҳо барандаи ин интихоботҳо шаванд. Бархе коршиносон мегӯянд, ин иҳлтимол вуҷуд дорад, ки тамоми иттиҳомоте, ки Хон бар асоси онҳо ба 34 соли зиндон маҳкум шудааст, бекор ва ӯ аз зиндон озод карда шавад.

Даргузашти мухолифи Путин дар зиндон

0

Аликсей Навалний, мухолифи сарсахти Владимир Путини, Президенти Русия дар зиндон вафот кардааст.

Хабаргузории давлатии Федератсия Русия “ТАСС“, имрӯз, 16-уми феврали соли 2024, хабар дод, ки Аликсей Анатолевич Навалний, мухолифи сарсахти Владимир Путин дар синни 48-солагӣ дар зиндон вафот кардааст.

Ба қавли манбаъ, маҳкумшуда Аликсей Навланий, ки дар калонаи ислоҳии рақами 3 Округи мухтори Ямало-Ненетс адои ҷазо мекард, “пас аз сайру гашти рӯзона вазъи саломатии худро бад ҳис карда, дарҳол аз ҳуш рафтааст. Кормандони тиббии муассисаи ислоҳӣ ба кумаки вай шитофтанд ва гурӯҳи кории кумакҳои аввалияи ёрии таъҷилии тиббиеро низ барои наҷот додани ӯ талаб карданд.”

Ин хабаргузории давлатӣ дар идома ба нақл аз Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия меафзояд, табибон “тамоми чораҳои зарурии эҳёгариро анҷом доданд, вале кори онҳо натиҷаи мусбат надод. Табибони ёрии таъҷилӣ марги маҳкумшударо тасдиқ карданд. Сабабҳои марги маҳкумшуда муайян карда мешаванд.”

Бо вуҷуди он ки мақомоти Русия ба сурати расмӣ то ҳол дар бораи сабабҳои марги ин мухолифи Путин шарҳу тафсирие ироа накардаанд, аммо сомонаи “Медуза” ба нақл аз манобеи худ навиштааст, ки сабаби марги Аликсей Навланий “лахташавии хун” будааст.

Ду рӯз пеш аз ин Кира Ярмиш, вакили мудофеи Алисей Навланий ба расонаҳо гуфта буд, ки ин мухолифи Владимир Путин дар давоми адои ҷазо карданаш бо баҳонаҳои гуногун “27 маротиба ба ШИЗО” ё ҳамон утоқҳои ҷаримавӣ фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, Аликсей Навалний, мутаваллиди 4-уми июни соли 1976 буд. Вай сиёсатмадор ва яке аз мухолифони сарсахти раиси ҷумҳури феълии Русия дониста мешуд. Ба ҳамин хотир ҷавонони норозии зиёде аз сиёсатҳои Путин дар атрофи идеяҳои ӯ ҷамъ шуда буданд. Вай ҳамроҳ бо ҷонибдорони худ барномаҳои таблиғотии зиёдеро алайҳи сиёсатҳои Владимир Путин ба роҳ монда буд. Аммо натавонсит ба қудрат бирасад. Мақомоти Русия бо баҳонаҳои мухталиф алайҳи ӯ парванда сохта, ӯро зиндонӣ карда буданд.

Гузориши Вазири молияи Тоҷикистон дар бораи НБО-и “Роғун” ва қарзи кишвар

0

Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,2 миллард сомонӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пардохт шудааст.

Қаҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи Тоҷикистон 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки талош доранд бо Бонки рушди Саудӣ, Бонки исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ созишномаҳои сармоягузорӣ имзо намуда, барои бунёди НБО-и “Роғун” то 1 миллард доллар маблағ ҷалб кунанд.

Вазир афзуд, ки соли гузашта дар бораи 24 лоҳиаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 571,7 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид. Аз ин маблағ 374,1 миллион доллар ё 65% он маблағҳои грантӣ ва 191,6 миллон доллар ё 33,5% он маблағҳои қарзӣ ва 6 миллон доллар ё 1,5% он саҳми Тоҷикистон мебошад.

Қаҳорзода дар гузоришаш инчунин дар бораи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки қарзи умумии давлатӣ то 1 январи соли 2024 ба 3,6 миллард доллар ё 30,2% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст. Вазири молия мегӯяд, 89% он қарзи беруна ва ҳудуди 400 миллион доллари дигар қарзи дохилӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи вазир, қарзи умумии берунаи кишвар ба 26,9% ММД баробар аст.

Аммо дар бораи ин ки ҳукумати кишвар солона қарзҳои хориҷияшро чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо боз мегардонад, вазири молия чизе нагуфт.

Ин дар ҳолест, ки Бонки рушди АвруОсиё дар гузорише соли 2020 ба Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар робита ба гирифтани қарзҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошад, зеро хати сурх (38% ММД)-ро гузаштааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, то аввали соли 2020 таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар 45,7%-ро ташкил дода буд, ки 7,7 банди фоизӣ аз “хати сурх”-и 38% зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла, то 1 январи соли 2020 қарзи дохилии ҷумҳурӣ 6,9 млрд сомонӣ ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ – 2,9 млрд долларо ташкил медод. Он замон Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузорише гуфта буд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то 1-уми октябри ҳамон сол ба 3,2 млрд доллар расида буд.

Дар роибта ба афзоиш ё коҳиши ҳаҷми қарзи дохилӣ ва раванди пардохти онҳо то ба имрӯз мақомоти кишвар аз додани маълумоти дақиқ худдорӣ мекунанд ва ҷое чунин маълумот нашр нашуда ва масъулон ҳам эълон накардаанд.

Баррасии парвандаи марбут ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба охир расид

0

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, ки баррасии парвандаи марбут ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба охир расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 15-уми феврали соли 2024, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфтааст, ки баррасии парвандаи муаллиф, муҳаррир ва ношири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба охир расидааст.

Ба қавли манбаъ, бо вуҷуди он ки баррасии ин парвандаи пурсарусадо пушти дарҳои бастаҳо ва бидуни ҳузури хабарнигорон дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаштааст, вале Шермуҳаммади Шоҳиён таъкид карда, ки муҳокимаи ин парванда ба сабаби набудани “толори муносиб” дар Додгоҳи олӣ, дар СИЗО гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, баррасии парвандаи марбут ба муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкори шинохтаи кишвар Абдухалил Холиқзода, муҳаррири он нависандаи номдори тоҷик Абдуқори Рустам ва ношири он, раҳабри Нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзод, ки ҳар сеи онҳо ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ” (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам мешаванд, 19-уми январи соли ҷорӣ оғоз шуда буд.

Ҷузъиёти тоза аз ҳодисаи куштори мовини Ҳасан Асадуллозода

0

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” нақшаи ҳамкори ӯ Қамаруззамон Азизов буда, ки ба хотири пардохт накардани пул ба Шуҳрат ӯро аз байн бурдааст.

Ба гузориши “Asia-Plus”, Шермуҳаммади Шоҳиён, имрӯз 15-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки моҳи январи соли 2022 Шуҳрат Исматуллоев мувофиқи шартномаи пешакӣ бо Қамаруззамон Азизов, ки дар сохтани биноҳои баландошёна якҷо кор мекардаанд, 70 дарсади сармояи оинномавии ширкати ҶДММ “Иқбол 2017”-ро соҳиб шудааст.

Ба гуфтаи Шоҳиён, баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

“Азизов аз бастани чунин шартнома ва дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтанаш норозӣ гардида, барои минбаъд иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ қасди одамрабоӣ, роҳзанӣ ва куштори Шуҳрат Исматулооевро ба нақша мегирад”, – гуфт раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Шоҳиён ҳамчунин дар идома афзуда, ки Қамаруззамон Азизов дар як мулоқот ба Дилшод Саидмурод (маъруф ба Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, “ба таклиф Дилшод Саидмурод ҳамчун зархарид розӣ шуда, гурӯҳи муташаккили устувор ва муттаҳидро ташкил дода, ба он Ашӯров Рустам, Хӯҷаев Шоҳрух, Сафаров Бахтовар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидовро ҳамчун иҷрокунандаҳои бевосита ва Ахмедов Акбарро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб мекунад”.

Ба нақли раиси Додгоҳи олӣ, Дилшод Саидмурод аз моҳи декабри соли 2021 барои нобуд кардани Исматуллоев омодагӣ дида ва барои он 50 ҳазор доллар пешпардохт гиирфтааст. Ҳама асбобу олоти заруриро аз Русия бо маблағи беш аз 18 ҳазор доллар харидорӣ карда, вориди Тоҷикистон кардааст.

Раиси Суди олӣ афзуд, шаби 23-юми июни соли 2023 бошад, соати 20:05 дақиқа дар кӯчаи Ғуломии шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоевро зӯран ба автомашина савор намуда, ба деҳаи Шодоб 1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебаранд.

“Баъд аз ин, либосҳояшро кашида, ба курсии қаблан тайёрнамуда шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ таъкид кард, ки пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар киллиметри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд.

Раиси Додгоҳи олии кишвар илова кард, ки баъди иҷро шудани нақша, Дилшод Саидмурод ба Рустам Ашуров, Бахтовар Сафаров ва Хӯҷаев 1 ҳазору 500 доллар ва ба Ахмедов 1 ҳазору 100 доллар, ки аз ҷайби Исматуллоев гирифта буданд, дода, супориш медиҳад, ки марзи Тоҷикистонро тарк намоянд ва ӯ баъдан ба онҳо тамос гиирфта, ҳиссаи ваъдакардаашро медиҳад.

Аммо Рустам Ашуров 30-юми июни соли 2023, ҳангоме ки дар фурӯдгоҳи Кишинёви Молдова ӯро ворид шудан намонданд, ду корманди амниятиро кушт ва дар натиҷа худи ӯ низ бо ҷароҳати вазнин дар яке аз бемористонҳои ин кишвар ҷон бохт.

Дар гузашта низ Додситонии кулли кишвар гуфта буд, ки ин гурӯҳ ҷасади муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро дар ноҳияи Варзоб ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде моҳи августи соли гузашта ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.

Мақомот моҳи октябр аз боздошти Дилшод Саидмуродов дар Русия ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Ба иттилои Шоҳиён, ҳоло нисбати Қамаруззамон Азизов, Дилшод Саидмурод, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаев бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ) ва 249 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо барои Очилдиев, Шарифзода, Мақсудов, Шарипов, Ашуров Рустам, Ахмедов Акбар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидов барои ҳамкорӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Ӯ дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Тоҷикистон зиёда аз 6,5 ҳазор нафарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст

0

Мақомоти Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазору 500 нафарро дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор додаанд, ки дар байни онҳо даҳҳо нафар аз мухолифини ҳукумат ва аъзои оилаҳои онҳо низ вуҷуд доранд.

Бино ба иттилои “Медиазона“, мақомоти интизомиӣ ва қудратии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) феҳристи афроди дар ҷустуҷӯи ҷиноятии худро дар якҷоягӣ нашр кардаанд, ки дар байни онҳо садҳо нафар аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, сиёсатмадорон ва ҳатто вакилону вазирони пешин ҳам вуҷуд доранд.

Дар ин феҳрист, бар иловаи ному насаби бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, журналистон, соҳибкорону тоҷирон ва дар умум аксари мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бахусус раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, аъзо ва ҷонибдорони онҳо ҳамроҳ бо зану фарзандонашон ҷой дода шудааст.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки бо василаҳои мухталиф дар бадном кардани номи миллат ва кам кардани эътибори давлат тайи солҳои гузашта таҷрибаҳои зиёде касб карда буданд, ин дафъа дар феврали соли ҷорӣ якбора ному насаби 6 ҳазору 585 нафарро ҳамчун ҷинояткор дар феҳристи ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайгард қарор додаанд. То замони таҳияи ин матлаб, раҳбароним мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба сурати расмӣ нисбат ба ин парвандасозиҳои мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин феҳрист бар иловаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳрвандони кишварҳои Уркиана, Молдава ва Озарбойҷон низ ҳузур доранд. Дар он худи Русия бо доштани 33 ҳазору 785 нафар, ки 2 ҳазору 301 нафари онҳо аз Чеченистон ҳастанд, дар ҷои аввал, Арманистон бо 11 ҳазору 142 дар мақоми дувум, Узбекистон бо 10 473 нафар дар ҷои сеюм ва Тоҷикистон бо доштани 6 ҳазору 585 нафар мақоми дар ҷои чорум қарор дорад.

Нигаронии Русия аз афзоиши нерӯҳои ДИИШ дар марз бо Тоҷикистон

0

Мақомоти Русия аз ҳузури густурдаи нерӯҳои ДИИШ ва Ал-Қоида дар бархе манотиқи наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС-и Русия, 14-уми ферали соли 2024, Андрей Сердюков, раҳбари Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон афзоиши шумори нерӯҳои ДИИШ ва Таҳрики Толибони Покистонро мушоҳида кардаанд.

Ба гуфтаи раҳбари Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), “ин раванд метавонад ба бад шудани авзоъ дар минтақа оварда расонад.” Инчунин ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа шумори пойгоҳии низомӣ барои таълим додани ин ҷанҷгҷӯҳо густариш пайдо кардааст.

Генерал полковник Андрей Сердюков таъкид кардааст, ки шумори нерӯҳои хориҷии вобаста ба шохаи Хуросони “ДИИШ”, “Ал-Қоида” дар шимоли Афғонистон зиёд шудааст ва ин амр “дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот” дониста мешавад.

Раҳбари Ситоди муштараки СПАД дар ҳоле аз афзоиши нерӯҳои даҳшатафкан дар марзи Тоҷикистон ва густариши “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи ғайриқонунии аслиҳа” дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон 19-уми январи соли ҷорӣ бо муттаҳам кардани раҳбарони ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфта буд: “баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо” даст задаанд.

Вокуниши Шарофиддин Гадоев ба бозпас гирифтани шиносномаи модари бемораш

0

Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти корҳои дохилӣ фишорҳо болои модари 72-солаашро афзоиш додаанд.

Имрӯз, 14-уми феврал Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, модараш-Ойишамоҳ Абдуллоеваи 72-сола бемор аст ва ба табобат ниёз дорад. Ӯро бояд ба хориҷи кишвар бурда табобат мекарданд, вале мақомот монеъ шуданд.

Ин мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, модари вай пиронсол ва бемор аст, вале набояд фаромӯш кард, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо нафар аз наздикону пайвандони мухолифин, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд, танҳо бо сабаби мухолиф будан фарзандонаш на танҳо аз сафар ба хориҷ барои муолиҷа ва ё дидорбинӣ манъ карда шудаанд, балки мақомот онҳоро аз хеле аз ҳуқуқҳои шарҳрвандиашон ҳам маҳрум кардаанд.

Гадоев мегӯяд, “аз тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва ё дар хориҷ истода вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро пайгирӣ ва назорат мекунанд, талаб мекунам, ки сари вақт ба чунин қазияҳо дахолат кунанд ва нагузоранд, ки наздикону пайвандони мухолифин тавассути мақомоти кишвар мавриди азият қарор дода шаванд.”

Ин масъули Паймонии миллии Тоҷикистон дар идома афзуд, моҳи январи соли ҷорӣ вақте нишонаҳои беморӣ дар вуҷуди модари бузургсолаш зиёд шуданд, бо тавсияи табибон барои идомаи муолиҷаҳои саривақтӣ наздиконаш ӯро ба мизи шиносномадиҳии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор бурда, барояш шиносномаи хориҷӣ гирифтанд, аммо 3 рӯз пас аз таҳвил гирифтани шиноснома, кормандони ин шуъба ба баҳонаи “як хато” рафта, шиносномаи ӯро пас гирифта, дигар барояш надоданд.

Ҳамзамон худи Ойишамоҳ Абдуллоева дар суҳбат ба “Радиои Озодӣ” дар бораи аз дасташ бозпас гирифтани шиносномаш мегӯяд, мақомот “гуфтанд, ки баъди ду рӯз таёр мешавад, омада гиред, вале баъди 17 рӯз рафтам, гуфтанд, дастур шудааст, ки ба ту шиноснома надиҳем.”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомоти корҳои дохилӣ бо баҳонаҳои гуногун ба назидикону пайвандони мухолифин дар Тоҷикистон фишор оварда, онҳоро аз сафар кардан ба хориҷи кишвар барои табобат ва ё дидорбинӣ манъ мекунанд, балки ин кор 10 сол боз ҳамчун яке аз усулҳои фишор болои мухолифин истифода мешавад.

ТАЛКО бузургтарин қарздор аз ширкати “Барқи тоҷик”

0

Раҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо роҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар садри қарздорҳо қарор дорад.

13-уми феврали соли 2024, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ эълон карданд, ки қарзҳои ин ширкат дар назди истифодабарандагони нерӯи барқ афзоиш ёфтааст.

Ба қавли раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо напардохтани беш аз 342 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар садри қарздорҳои ин ширкат қарор дорад. Қарзҳои пойгоҳҳои обкаш ба 100 миллион сомонӣ баробар буда, қарзи сокинон дар назди “Барқи тоҷик” ҳам ба 48,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми қарзҳои истифодабарандагони ниҳодҳои буҷетӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният гуфта буд, ки дар байни “андозсупорандагони азим”-и Тоҷикистон ду ширкати мансуб ба додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода, ки зери чатри “ТАЛКО” амал мекунанд, яке Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо напардохтани 17,4 миллион сомонӣ, ва дуюмӣ ширкати “Талко Голд”, ки аз ширкатҳои зермаҷмуаи ТАЛКО мебошад, бо напардохтани 18,4 миллион сомонӣ дар сархати ширкатҳои саркаш қарор доранд.

Раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” илова кард, ки аз замони таъсиси ин ширкат ҳаҷми қарзҳои боқимонда дар ҳаҷми 3 миллиарду 328 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медод, аммо дар соли гузашта ин ҳаҷми қарзҳо ба давраи то 1-уми январи соли 2024 ба 3 миллиарду 424 миллиону 479 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Дар муддати наздик ба 20 соле, ки раҳбарии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО)-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, бо вуҷуди додани имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла чандсад баробар камтар аз мардуми оддӣ нархи нерӯи барқ ҳамасола ин ширкат аз сари вақт напардохтани молиёт, андозҳо ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқ қарздор буда, ҳамчун бори зиёдатӣ болои буҷети ҷумҳурӣ мебошад. Ин ширкат даромадҳои ҳангуфт дорад, ки 20 сол боз Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии онро ба касе дигар намедиҳад, аммо ин ҳама пулҳо ва ё ҳамон фоидаҳои соф куҷо мераванд, касе чизе намегӯяд.