Хона блог саҳифа 244

Собиқ Нахуствазир ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳе дар Покистон собиқ Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии пешини ин кишварро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 30-уми январи соли 2024 сухангӯи Ҳизби таҳрики инсофи Покистон, раҳбари ин ҳизб Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон ва муоини ӯ дар ҳизб Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳори хориҷии пешини ин кишвар ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба қавли манбаъ, додгоҳ раиси ҳизб ва муовини ӯро дар замони раҳбариашон дар раъси ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ ба фош кардани асрори давлатӣ дар қазияи мактубҳои сафири Покистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муттаҳам кардааст. Иттиҳоме, ки онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, ҳар ду онро рад кардаанд.

Баъд аз он ки дар апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон раъйи адами эътимод дод ва ӯро аз мансаб барканор кард, дигар аъзои ҳукумати вай низ ҳама аз қудрат барканор шуданд. Имрон Хон инро тавтеаи сиёсӣ дониста, Амрикоро дар даст доштан ба ин қазия муттаҳам карда буд.

Собиқ Нахуствазири Покистон дар давоми беш аз як соли баъди барканорӣ таблиғоти худро ба сурати гусутрад дар тамоми иёлатҳои ин кишвар ба роҳ монда, Ҳизби таҳрики инсофи Покистон тавонист дар интихоботҳои маҳаллӣ аксари курсиҳоро соҳиб шавад. Ҳукумати муваққати вақти Покистон ӯро дар чандин парванда муттаҳам дониста, соли гузашта ба се соли зиндон маҳкум карда буд.

Гуфта мешавад, содир шудани ҳукм дар бораи Имрон Хон ва муовини ӯ дар ҳолест, ки ҳафтаи оянда дар ин кишвар интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад. Имрон Хон ва чандин тани дигар аз раҳбарони ин ҳизб ҳанӯз дар соли 2023 аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ин интихоботҳои мардумӣ маҳрум карда шудаанд.

Сомонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон фаъол мешаванд?

0

То имрӯз қариб ҳама мақомоти давлатӣ ва додгоҳҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сомонаи расмии худро доранд, аммо қариб, ки аксари онҳо фаъол нестанд.

Имрӯз 30-уми январ Агентии хидмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дошт, раҳбари ин ниҳод Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба арсонаҳо гуфт, ки “дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 нақша дорад мониторинги сомонаҳои тамоми мақомоти давлатиро гузаронад.”

Давлатов иддао дорад, ки тамоми сомонаҳои давлатии мақомоти кишварро аз санҷиш мегузаронад, зеро онҳо тибқи қарори ҳукумати кишвар бояд ҳамеша фаъол бошанд ва дастрасӣ ба маълумотро таъмин кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 Қоидаҳои ягона дар мавриди фаъол шудани сомонаҳои расмии идораву вазоратҳоро қабул карда буд ва тамоми ниҳодҳои кишвар вазифадор шуданд, ки ба он амал кунанд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз қабули “Қоидаҳои ягона татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” мебошад.”

Аммо бо вуҷуди он ки ҳама идораву вазоратҳои кишвар сомонаҳои расмии худро доранд, вале аксари кулли онҳо фаъол нестанд ва ё як хабаре аз кадом сафари чанд моҳи қабли Эмомалӣ Раҳмон ва ё мудири ҳамон ниҳодро гузоштаанд.

Аз ҷумла, сомонаҳои додгоҳҳои кишвар вазъи буҳронӣ доранд. Худи ҳамин рӯз, пас аз тафтиш маълум шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон охирин матлабашро 26-уми декабри соли 2023 нашр кардааст, аммо сомонаи Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳоло фаъол нест ва сомонаи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бошад охирин хабарашро 25-уми январи ҳамин сол нашр кардааст.

Вақте мехоҳед ахбори вилояти Хатлонро аз сомонаҳои расмии вилоят ҷустуҷӯ кунед, чизе пайдо намекунед. Сомонаи расмии мақомоти давлатии ин вилотро пайдо кардан мушкил аст, аммо саҳифаи расмии ин вилоят дар Фейсбук нашри охирон матлабаш 24-уми июни соли 2021 аст.

Аз байни сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вилояти Суғд каме фаъолтар аст, вале сомонаҳои ноҳияҳои ин вилоят ё моҳҳо пеш охирон хабари худро нашр кардаанд ва ё умуман фаъол нестанд.

HRW: Ҳукумати Олмон буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро эътироф кард

0

Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо нашри як гузориш аз Олмон хост, то ба Тоҷикистон бигӯяд, ки фишор болои мухолифин ва пайвандони онҳоро қатъ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми январи соли 2024 Дидабони ҳуқуқи башар бо нашри як гузориш мегӯяд, ки мақомоти Олмон паноҳҷӯёни тоҷикистониро ба кишварашон ихроҷ мекунанд ва дар Тоҷикистон онҳо зиндонӣ мешаванд.

Ба қавли манбаъ, соли гузашта мақомоти олмонӣ фаъолони сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсид ва Билол Қурбонов, ки ҳар ду дар ин кишвар паноҳҷӯ буданд, ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Айни замон ҳам Абдуллоҳи Шамсиддин ва ҳам Билол Қурбоналиев дар Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд. Олмон бояд таҳқиқ кунад, ки аз ин зиёдтар ин ду “бо хатари шиканҷа ё муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯбарӯ нашаванд.”

Ин гузориш бархе ҷузъиёти замони боздошти Абдуллоҳи Шамсиддинро фош карда мегӯяд, ки мақомоти Олмон аз шахсияти аслии Абдуллоҳи Шамсиддин қабл аз ихроҷ шуданаш огоҳ буданд, зеро масъулони сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар моҳи июни соли 2022 инро тасдиқ карда буданд. Ва “ӯ пас аз ихроҷ аз Омлон ва боздошт шуданаш дар Тоҷикистон беш аз ду моҳро дар як утоқи тангу торики зиндон пушти сар карда, мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст.”

Ҳамзамон ёдовар шудааст, ки айни замон бархе “вакилони Бундестаг қазияи Абдуллоҳи Шамсиддинро пайгирӣ мекунанд. Ҳукумати Олмон бояд аз Тоҷикистон тақозо кунад, ки ба нақзи ҳуқуқи башар хотима дода, Абдуллоҳи Шамсиддинро раҳо кунад ва ба ӯ иҷоза диҳад, ки кишварро тарк намояд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар пайи равобити наздиктар бо Аврупо аст, аз ин рӯ, Берлин дар музокироташ бо Душанбе ин фишангро дорад, агар омода бошад, метавонад аз он истифода кунад.”

Гуфта мешавад, дар давоми чанд соли ахир Дидабони ҳуқуқи башар бо нашри беш аз 470 матлаб дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гузориш додааст. Ин созмон ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро як ҳукумати худкома ва саркӯбгари ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандӣ ва инсонӣ медонад.

Эмомалӣ Раҳмони 72-сола, солхӯрдатарин раисҷумҳур дар минтақи Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрону ва Покистон аст. Вай аз соли 1992 то ҳол дар сари қудрат қарор дорад ва барои таҳкими ҳукуматаш ҳамеша ба нақзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муттаҳам шудааст.

Афзоиши марказҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон

0

Марказҳои забономӯзии забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзоиш меёбанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистону Олмон “барои тақвияти фаъолияти марказҳои амалкунандаи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.”

Ба қавли манбаъ, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири кулли Институти Гёте (Goethe-Institut) Йоҳаннес Эберт “роҷеъ ба имконияти боз кардани марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонсупории Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ” ба тавофуқ расиданд.

Гуфта мешавад, баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии дувум садҳҳо ҳазор олмонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон бадараға шуда буданд ва аз ҳамон вақт таълими забони олмонӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд. Ин раванд як муддат дар Тоҷикистон хеле суст шуд.

Аммо баъд аз соли 2010 раванди омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон аз нав тақвият пайдо карда, теъдоди марказҳои забономӯзии забони олмонӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Акнун Тоҷикистону Олмон мехоҳанд, ки барои такмили ин раванд “ҳамкориҳои анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳа”-ро зиёдтар кунанд.

Барои таркондани мошини раиси ҲХДТ бар зидди 8 нафар парванда боз шуд

0

Дар робита ба ҳодисаи таркиши мошини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода алайҳи 8 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ иттилоъ дод, таҳқиқи парвандаҳоро маъмурони Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон пеш мебаранд.

Додситони минтақаи Кӯлоб Ҳамзаалӣ Музаффаров ба Радиои Озодӣ гуфта, ки “ин афрод бар асоси моддаҳои 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам ҳастанд.”

Ҳамчунин додситон бидуни зикри тафсилот таъкид карда, ки афроди боздоштшуда дар дигар минтақаҳо ва навоҳии Кӯлоб “низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд.” Аммо, ӯ нагуфт, ки дақиқан онҳо пеш аз боздошт чӣ ҷурмеро муртакиб шуда буданд.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб ному насаб ва шахсияти боздоштшудаҳоро фош накардааст. Инчунин то ҳанӯз назари худи боздоштшудаҳо ва ё наздиконашон дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ мошини тамғаи “Шкода”-и Салим Сайвализода дар деҳаи Тудакафш таркид, ки дар натиҷа худи ӯ осеб дида, пойи росташ шикаст.

Гуфта мешавад, замони таркиши мошин раиси ҲХД дар шаҳри Кӯлоб аз назди мошин дуртар будааст ва ба гуфтаи огаҳон, ӯ пеш аз савор шудан мошинашро бо пулт рӯшан кардааст, то каме гарм шавад ва ҳамон вақт мошин таркидааст.

Дар пайи таркиши мошини Салим Сайвализода мақомоти шаҳри Кӯлоб як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафшро 9-уми январ дар фурӯдгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия боздошт карданд ва пас аз ӯ чаҳор каси дигарро бозпурсӣ карда буданд.

Як манбаъ аз ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб гуфта буд, ки мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда”-ро пайдо кардааанд, ки ба гуфтаи манбаъ, барои аз байн бурдани соҳиби мошин дар зери он ҷойгир карда шудааст.

То ҳол маълум нест, ки чаро ва бо кадом мақсад мехостаанд мошини раиси ҳизбро битарконанд. Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мошинҳои мақомдорон дар вилояти Хатлон оташ мегирад. “Шаби 26 ва 27-уми декабри 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт ва ҳанӯз мақомот сабаби онро шарҳ надодаанд.”

Идомаи ҷойивазкунии мансабдорон

0

Дар Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон мавсими тағйири кадрҳо ё худ ҷойивазкунии мақомдорон идома дорад. 

Бино ба иттилои расонаҳо, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон, имрӯз, 29-уми январ Матлубахон Сатториёнро аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон озод ва вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин кард. Дилрабо Мансурӣ, ки то ин дам вакили парлумон ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба ҷойи ӯ муовини нахуствазир таъйин гардидааст.

Зулфия Давлатзода, ки аз моҳи январи соли 2020 то ин дам вазири фарҳанги кишвар буд “бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар” аз мақомаш озод шудааст ва вазифаи нави ӯ маълум нест.

Инчунин бо фармони дигари Раҳмонов, Нуралӣ Асозода аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Амонулло Салимзода таъйин шудааст. Амонулло Салимзода то ба ин мақом таъйин шуданаш аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекард. 

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо, Саъдӣ Қодирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода таъйин гардид.

Бо фармони дигаре имрӯз собиқ раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода раиси Кумитаи занон ва оила таъйин шуд. Вазифаи нави Ҳилолбӣ Қурбонзода собиқ раиси ин кумита то ҳол маълум нест. 

Ҳамзамон Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба ин мақом таъйин гардид. 

Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд амру фармоне дар сохторҳои қудратии кишвар низ ҷойивазкунӣ гузаронд. Аз ҷумла, Нусратулло Мирзозода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Тоҷикистон озод карда шуд, аммо маълум нест, ки ба кадом вазифа таъйин гардид. Ҳамчунин маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ таъйин шудааст.

Ичнуини муовинони Додситони кулли Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода аз мақомашон барканор шуда, ба ҷои онҳо, Умед Каримзода ба мақоми муовини аввали Додситони кулл ва Сарвар Азимзода ба мақоми муовини Додситони кулл пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин Икром Зоирзода аз вазифаи муовини Додситони кул – Сарпрокурори ҳарбӣ озод карда шуда, раисҷумҳур номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаро, ки то кунун ба ҳайси директори Агентии зиддинашъа кор мекард, ба мақоми муовини Додситони кул – Сарпрокурори ҳарбии кишвар пешниҳод кардааст.  Пешниҳодҳои президентро бояд вакилони Маҷлиси миллии маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ кунанд.

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо бо қарори раиси ҳукумат, Саиднахш Раҳмонзода бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини Рамазон Раҳимзоа озод карда шуд, аммо то ҳол вазифаи нави ӯ маълум нест. 

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.  

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Тоҷикистон бо Урдун бозӣ мекунад

0

Дастаи мунтахаби Урдун пас аз шикаст додани мунтахаби футболи Ироқ ба масофи Тоҷикистон меравад.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-уми феврали соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Урдун дар даври чорякниҳоии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” дар Қатар бозӣ мекунад.

Шоми дирӯз, 28-уми январи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳаштякфиналии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳисоби 5:3 мағлуб карда, ба марҳилаи чоряфиналии ин бозиҳо роҳ ёфт.

Имрӯз, 29-уми январ низ дар даври бозиҳои ҳаштякфиналии бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Урдун тими миллии футболи Ироқро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, ба даври чоряниҳоии ин мусобиқот расид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бори нахуст дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, тавонист дар майдонҳои бозии хеле хуб нишон бидиҳад ва хеле аз рақибони худро шикаст дода, то марҳилаи чорякфиналии ин бозиҳо роҳ ёбад.

Инчунин сармурабии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳам пас аз пирӯзӣ алайҳи мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расонаҳо гуфт, ки футболбозони тоҷик аз марҳилаи чоряниҳоӣ низ бо сарбаландӣ убур хоҳанд кард.

Барканории сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон баъди беш аз 20 сол сухангӯи худро аз вазифа барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми январи соли 2024 Президенти Тоҷикистон бо судури амре сухангӯи худ Абдуфаттоҳ Шарифзодаро аз вазифа барканор ва ба ҷои он Заробиддин Қосимиро ба ин вазифа таъйин кард.

Дар амри Президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки “Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.” Абдуфаттоҳ Шарифзода соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омда аст.

Заробиддин Қосимӣ, ки аз соли 2020 дар вазифаи сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ифои вазифа мекард, “ба сабаби кори дигар гузаштан“-аш аз Қоҳира ба Душанбе хонда шуд.

Заробиддин Қосимӣ ҳамчун шарқшинос собиқаи корӣ дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудоифаи Тоҷикистон ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро дорад. Инчунин вай дар гузашта, (2005-2015) як муддат ба ҳайси муовини раҳбари Хадамоти матбоути Президенти Тоҷикистон ҳам кор карда аст.

Гуфта мешавад, Абдуфаттоҳ Шарифзода, ки ҳамчун таърихдон 15-уми декабри соли 2003 ба ҳайси сухангӯи Президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд, дар давоми беш аз 20 соли корӣ як бор ҳам натавонист Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кунад, ки бо расонаҳо ва хабарнигорони Тоҷикистон рӯбарӯ суҳбат кунад.

Дар замони раҳбарии ӯ, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистонро бар уҳда дошт, сол то сол доира иттилоърасонӣ ва сари вақт дастрас кардани иттилоот ба расонаҳо дар Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Аз ин рӯ, бархе созмонҳои байналмилалӣ фазои иттилотии Тоҷикистонро ба фазои иттилоотии Кореи Шимолӣ баробар донистанд.

Тоҷикистон Иморотро ҳам шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи чоряфиналии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” роҳ ёфт.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 28-уми январи соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футоболи Тоҷикистон дар марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” бо шикаст додани мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бо мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри ар-Райёни давлати Қатар баргузор шуд, бозӣ ба ҳисоби 5:3 бо пирӯзии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар рафти ин мусобиқот, ки рақобатҳо хеле пуршӯру ҳаёҷон гузашт, дар дақиқаи 30 бозигари тоҷик Ваҳдат Ҳанонов тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи ҳарифони худ ворид карда, ҳисобро боз кард. Голи дастаи Иморотро ҳамлагар Халифа ал-Ҳамадӣ дар дақиқаи 90+5 ба сомон расонид. Бозӣ ба ҳисоби 1:1 дар вақти муайянгардида ба поён расид.

Барои идомаи бозӣ ду дафъаи дигар довар 15-дақиқаӣ ба онҳо вақт ҷудо кард, то ғолиб муайян карда шавад. Аммо дар ин вақт касе гол зада натавонист. Сипас довар барои дастаҳои вақти пеналтӣ задан ҷудо кард, мунтахаби футболи кишварамон дар вақти пеналтӣ задан бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои нахустин бор аст, ки дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Сармурабии мунтахаби кишвар ҳам ба расонаҳо гуфт, умедвор аст, ки дар финал ҳамроҳи дастаи Эрон, яке аз қавитарин дастаҳои мусобиқоти Ҷоми Осиё бозӣ хоҳад кард.

Туркия: Яке аз омилони ҳамла ба калисо шаҳрванди Тоҷикистон аст

0

Рӯзи якшанбе, 28-уми январи соли ҷорӣ ба калисои таърихии Санта Мария дар Истанбул ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая эълом кард, ки рӯзи якшанбе пас аз ҳамла ба калисои мазкур пулиси Истанбул ду ҳамлагарро дастгир кард. Алӣ Ерликая дар бораи ҳувияти муттаҳамон гуфт, ки яке аз омилон шаҳрванди Тоҷикистон ва дуюмӣ шаҳрванди Русия аст. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки ҳоло узви ДИИШ будани гумонбарон маълум нест ва онро тафтиш мекунанд.

Аммо, баъдтар “Ройтерз” бо нашри хабаре гуфт, ки ДИИШ тавассути канали Телеграми худ ин ҳамларо да дӯш гирифтааст. Гуфта мешавад, ин гурӯҳи даҳшатафкан таъкид карда, ки бо супориши раҳбаронашон “яҳудиён ва насрониҳоро” ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба иттилои ТАСС, мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин қазия аз мақомоти Туркия талаб кардаанд, ки мушаххасоти шаҳрванди Тоҷикистонро дар ихтиёрашон бигузоранд. Гуфта мешавад, пулиси Истанбул то кунун 51 нафарро барои ин ҳодиса боздошт карда, ки аксари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ТАСС менависад, ки гумонбарон дар мошини худ аз рақамҳои кишвари Лаҳистон истифода карда, ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва пулиси Истанбул мегӯяд, қаблан мошинеро бо рақамҳои лаҳистонӣ дар роҳҳои шаҳр мушоҳида накардааст.

Расонаҳо аз шаҳрванди Русия, ки бевоиста тир кушодааст, Д.Т ёд мекунанд ва аз шаҳрванди Тоҷикистон АК. Аммо, гуфта мешавад, ҳангоми ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон натавониста силоҳи дасташро ба кор андозад.

Аз ин пештар дар ҳамлаҳое дар шаҳри Кирмон ва пеш аз он дар шаҳри Шерози Эрон, ки даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, омилони онҳоро низ шаҳрвандони Тоҷикистон эълон карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки калисои масеҳии Санта Марияи шаҳри Истанбул яке аз қадимтарин калисоҳои католикии ин шаҳр ба ҳисоб рафта, он соли 1453-и милодӣ тавассути Императори Рум сохта шуда буд. Ва солона ҳазорҳо гардишгар ба ин калисо сар мезананд ва аз ҷиҳати таърихи куҳан доштани он барои кишвари Туркия низ аз аҳамияти бузург бурхурдор аст.