Хона блог саҳифа 243

Бар зидди рӯзноманигор Анора Саркорова парвандаи ҷиноятӣ боз карданд

0

Мақомоти Тоҷикистон бар зидди рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ” (моддаи 307) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, имрӯз, 1-уми феврали соли 2024 модарашро бори дигар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват карда ва дар бораи кушода шудани парванда бар зидди духтараш ба ӯ хабар додаанд.

Муфаттиши ин ниҳод Диловари Муҳаммадлатиф ба модари рӯзноманигор гуфтааст, духтарашу домодашро барои ба Тоҷикистон баргаштан, ихтиёран таслими мақомот шудан ва барои “ҷиноятҳои содиркардаашон” тавба кардан, розӣ кунонад. Дар ғайри ин сурат аз тариқи ИНТЕРПОЛ онҳоро боздошт мекунанд.

Инчунин кормандони пулис аз модари ин рӯзноманигор аксбардорӣ карда, ӯро маҷбур кардаанд, ки маълумоти фарзандони ноболиғи Анора Саркороваро ба онҳо диҳад.

Анора Саркорова дар вокуниш ба бозпурсии модараш мегӯяд, ки “Ман борҳо ба мақомот муроҷиат кардам, ки кайҳо ба синни балоғат расидаам ва барои кирдорам худам ҷавобгарам, на модару фарзандонам”.

Инчунин ин рӯзноманигори шинохта мегӯяд, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии дастаҷамъӣ ҳамчун ҷазо пешбинӣ нашудааст. Аммо мақомоти феълии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ меъёрҳои қонунро риоя накардаанд ва таҳдид бо ҳаёти наздикон усули дӯстдоштаи режим аст.

Анора Саркорова дар ин вокунишаш гуфта, ки амали ғайриқонунӣ накардааст, ки тавба кунад ва ба бахшиш аз ҷониби мақомот эҳтиёҷ надорад.

“Ман вазифаи касбии худро софдилона иҷро кардам ва дар оянда ҳам иҷро мекунам”-мегӯяд Анора Саркорова.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон инчунин бар зидди шавҳари Анора Саркорова рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ низ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (307 ва 401) парванда кушодаанд.

Сабаби лимити барқ дар Тоҷикистон рушди иқтисод будааст

0

Мақомот ин дафъа иллати ҷорӣ шудани “лимит” ё маҳдудият дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро ба рушди босуръати иқтисодиёт дар Тоҷикистон рабт доданд.

Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 1-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли гузашта 8,3 дарсад зиёд шудааст.

Ба гуфтаи вазир, қариб ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар рушд ёфта, талабот ба барқ зиёд мешавад ва яке аз сабабҳои асосии лимит зиёд будани талабот ба барқ нисбати истеҳсолот аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Вазорати энергетикаи кишвар иттилоъ дода буд, ки дар соли гузашта 21,8 млрд кВт. соат барқ истеҳсол шудааст ва ин нисбат ба соли 2022-юм 2,2 дарсад зиёд мебошад.

Инчунин Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар зимни нишасти хабарии ниҳодаш дар нимсолаи аввали соли 2023 гуфта буд, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуд” ва онро баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии кишвар номида буд.

Ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ рабт додани маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфтанд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон асосан аз ҳисоби савдо рушд кардааст.

Дар нишастии хабарии имрӯза вазир мисли ширкати “Барқи тоҷик” сабаби дигари лимити барқро ба тағйирёбии иқлим ва кам шудани резиши об ба дарёҳо гуфт.

Далер Ҷумъа аз борондагиҳои тирамоҳи соли гузашта ва ду моҳи зимистони имсола мисол овард. Ба ӯ, нисбат ба соли 2022 қариб боронгарӣ 95 дарсад камтар шудааст, ки ин “ба резиши об дар дарёи Вахш, ки аксари иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар он ҷойгир аст, таъсири манфии худро расонид”.

Намояндаи Ширкати “Барқи тоҷик” Тоҳиров Дустмурод низ дар моҳи августи соли 2023 ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки лимити барқ дар фасли тирамоҳу зимистин бевоста ба обу ҳаво ва резиши об дар маҷрои дарёи Вахш рабт дорад. 

Аммо сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар мегӯянд, ки агар ҷорӣ шудани лимит ба камобӣ рабт дошта бошад, пас чаро дар фасли баҳору тобистон ҳам, рӯзона барои чанд соат дар хонаҳояшон барқ надоранд. 

Одатан мақомдорон ҷорӣ шудани лимитро дар фасли гармо бештар ба хотири таъмир ва ё “корҳои профилактикӣ” рабт медиҳанд.  

Бояд гуфт, камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол вуҷуд дорад ва ҳанӯз ҳам ҳалли худро пайдо накардааст.

Сокинони кишвар мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшанд.

Барои мисол тибқи омори худи мақомот, Тоҷикистон танҳо дар моҳи декабри соли 2023 ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кардааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.

Нархи азнавсозии 8 км роҳ зиёда аз ниммиллиард сомонӣ

0

Шаҳдори Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ бо харҷи беш аз ним миллиард сомонӣ 8 километр роҳро азнавсозӣ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми январи соли ҷорӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ эълон карда, ки “cоли 2024 азнавсозии 8 километр роҳҳо ба маблағи 523 миллион пешбинӣ шудааст.”

Ба қавли манбаъ, “илова бар ин, дар зарфи се соли оянда сохтмону азнавсозии боз 40 километр роҳ бо 7 эстакада ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.”

Писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон барои азнавсозии 8 километр роҳ дар шаҳри Душанбе 523 миллион сомонӣ (наздик ба 48 миллион доллар) ва барои ҳар як километр роҳ 65 миллиону 375 ҳазор сомонӣ (наздик ба 6 миллион доллар) дар назар гирифтааст, ки ба гуфтаи коршиносон ин хеле зиёд аст.

Коршинсонони тоҷик мегӯянд, дар асл таъмир ва ё азнавсозии роҳҳо “бо метри квадратӣ чен карда мешавад, на бо километр ва вобаста ба қабати болои замин нарх тағйир меёбад.” Бо ин вуҷуд, нархи баробар ба 65 миллион сомонӣ бар асоси меъёрҳои қабулшуда дар бархе кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико аст, на Тоҷикистон, ки ҳам хоку сангу регаш арзон асту ҳам нерӯи кориаш.

Ба гуфтаи онҳо, дар шароити Тоҷикистон ва меъёрҳои пазируфташуда дар кишварамон нархи азнавсозии роҳҳо барои 1 километр роҳ дар деҳот аз 1 миллион сомонӣ шуруъ мешавад. Инчунин нархи азнавсозии роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳои ҳудуди 1 миллион доллар харҷ дорад.

Ҳамзамон дар шароити роҳҳои манотиқи кӯҳистонӣ, ки ҳаҷми кор дар баъзе ҷойҳо зиёдтар ва сохти пулҳо ва мустаҳкам кардани бархе соҳилҳоро низ дар бар мегирад, то 2 миллион доллари амрикоӣ афзоиш меёбад. Барои мисол, айни замон таъмиру азнавсозии роҳҳо дар шароти куҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳраки Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон бо дарозои 109 километр роҳ бо харҷи 220 миллион доллар таъмир ва азнавсозӣ шуда истодааст.

Кордонҳои тоҷикистонӣ мегӯянд, дар шаҳри Душане харҷи беш аз 65 миллион сомонӣ барои як киломер роҳ шубҳаовар буда, аз вуҷуди фасоди пулии эҳтимолӣ дар ин тарҳ хабар медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Созмони Шафофияти байналмилал (Transparency International) бо нашри гузорише барои соли 2023 гуфтааст, ки Тоҷикистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 20 имтиёз дар байни 180 кишвари дунё нисбат ба соли 2022 чор зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Бурунди, Судону Мянмар ва чанд кишвари дигар мақоми 162-умро ишғол кардааст.

Дар парвандаи Холиқзода боз як иттиҳоми дигар изофа шуд

0
Акс аз саҳфаи фейсбукии раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар парвандаи Абдухолиқ Холиқзода, нависандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боз як айбномаи наверо илова кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, 26-уми январи соли ҷорӣ мурофиаи дувуми додгоҳии Абдухалил Холиқзода ҳамроҳ бо адиб ва нависандаи машҳури тоҷик Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзода пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Як манбаи огоҳ аз парванда 30-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта, ки “Абдухалил Холиқзода дар баробари “барангехтани кинаву адовати миллӣ” ба “сохтакорӣ” низ муттаҳам аст.”

“Гуё таҳқиқ ошкор кардааст, ки ҳангоми овардани кадом дастгоҳи тиббӣ барои Бемористони Ибни Сино дар ҳуҷҷатҳо онро дастгоҳи камарзиш нишон додааст. Наздиконаш ҷаримаи ин корро аллакай пардохтанд,” – гуфтааст манбаъ.

Аммо як манбаи дигар гуфта, ки ин иттиҳом шояд ҳоло изофа нашуда, балки аз оғози таҳқиқ ба парванда изофа шуда бошад. Чун ба гуфтаи ӯ, “барои илова кардани иттиҳоми нав додгоҳ бояд парвандаро ба тафтиши дубора баргардонад.”

Вале на масъулони Додгоҳи олии кишвар ва на Додситонии кул тафсилоти қазияи нависандаҳои тоҷикро ба расонаҳо шарҳ намедиҳанд. Мақомот пеш аз ин ҳам чунин парвандаҳои пурсарусадоро ҳамеша паси дарҳои баста ва бидуни шарҳи он ба расонаҳо муҳокима кардаанд. Ҳатто дар чунин ҳолатҳо мақомот вакилони дифоъ ва наздикони муттаҳамонро намегузоранд бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ бо фармони додситони кул Юсуф Раҳмон боздошт шуд ва дертар мақомот эълон карданд, ки ӯ бар пояи банди 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар мешавад ва гӯё “бо гурӯҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ” даст задааст. 

Пас аз боздошти Холиқзода хабари боздошти молики нашриёти “Эр-граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар инҷо чоп шудааст, расонаӣ шуда буд. Дар пайи он мақомт нависандаи шинохта Абдуқодири Рустамро низ боздошт карданд. Моҳи сентябри соли гузашта Додситонии кули кишвар боздошти ӯро тасдиқ кард ва гуфт, ки нависанда бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барангехтани кинаю  адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” аз ҷониби мақомот рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шудааст. 

Дар Данғара фурӯдгоҳи байналмилалӣ сохта мешавад

0

Дар назар аст дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон – зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузории Қатар фурӯдгоҳи байналмилалӣ сохта шавад.

Дар ин бора 31-уми январи соли ҷорӣ директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Сафарзода, дар ноҳияи Данғара аллакай макон барои сохтани фурӯдгоҳ интихоб шудааст ва идомаи кори он бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва инчунин бо Фонди сармоягузории давлати Қатар ҷараён дорад. “Мо интизорем, ки аз музокирот то соли 2024 натиҷагирӣ хоҳад шуд.”, мегӯяд ӯ.

Директори Агентии авиатсияи граждании кишвар дар идома гуфт, ки ҳоло 88 дарсади бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои русӣ аст.

Сафарзода гуфт: “Дар Тоҷикистон дар чаҳор фурудгоҳи байналмиллалӣ дар як ҳафта 270 парвоз анҷом дода мешавад, ки 88 дарсади онҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва 12 дарсади онҳо аз ширкатҳои Тоҷикистон мебошанд.”

Ба гуфтаи вай, ҳоло аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва баракс панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла ширкатҳои – “ЮТэйр”, “Уралские авиалинии”, “Норт Винд”, “Сибир С7”, “Ямал” парвозҳо анҷом медиҳанд, вале аз Тоҷикистон ба Русия танҳо як ширкати хусусии “Сомон Эйр” парвоз мекунад.

Раҳбари идораи ҳавонавардии кишвар мегӯяд, агарчи Тоҷикистон иҷозат дорад, ки тақрибан ба тамоми минтақаҳои Русия парвоз анҷом диҳад, аммо, ба гуфти ӯ, ҳама чиз аз имконоти ширкати ягонаи ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ширкати додараруси Эмомлаӣ вобаста аст.

Бино ба гуфтаи Сафарзода, ин ширкати ватанӣ ҳоло дар моликияти худ 6 ҳавопаймои Боинг дорад, ки чортои он Боинги 787-800 ва дутои дигараш Боинги 737-900 мебошанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо як ширкати фаъоли ҳавпаймоии ватанӣ вуҷуд дорад ва он ҳам бошад “Сомон Эйр” – ширкати марбут ба додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода аст. Ин ширкат бозори ҳавопаймоии кишварро инҳисори комил кардааст, то ҷое, ки дар ин соҳа имкони пайдо шудани дигар ширкатҳои нави ватанӣ ва рақобат умуман вуҷуд надорад. Ва сабаби гаронии чиптаҳо, хидматрасонии нокофӣ, набудани парвозҳо ба дигар манотиқи Русия ё дигар гӯшаҳои дунё низ ба ҳамин марбут аст.

Тоҷикистон дар миёни фасодзатарин кишварҳои дунё ҷой гирифт

0

Тоҷикистон пас аз Туркманистон фасодзадатарин кишвар дар Осиёи Марказӣ шинохта шуд.

Дар гузориши Созмони Шафофияти байналмилал (Transparency International) барои соли 2023 Тоҷикистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 20 имтиёз дар байни 180 кишвари дунё нисбат ба соли 2022 4 зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Бурунди, Судону Мянмар ва чанд кишвари дигар мақоми 162-умро ишғол кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунад, ки бар зидди коррупсия ва решакан кардани он мубориза мебарад ва мақомдорони ба қабули Стратегияи нави муқовимат ба коррупсия дар соли 2021 ишора мекунанд. Аммо баръакс, дар муқоиса ба соли 2021 Тоҷикистон дар радабандии Transparency International 5 зина пойин рафтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва хешутаборбозӣ реша паҳн кардааст.

Гуфта мешавад, бар асоси ҳамин гузориш, кишвари ҳамсоя Қирғизистон назар ба соли 2022 як зина пойин рафта дар мақоми 141 ва Туркманистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 18 имтиёз дар мақоми 170 ҷой гирифтаанд. Аммо Узбекистон бо касби 33 имтиёз 2 зина боло рафта, мақоми 121-умро ишғол кардааст. Қазоқистон бошад, бо аз даст овардани 39 имтиёз 3 зина боло рафта, ҳамроҳ бо Ҳиндустон дар мақоми 93-ум қарор гирифтаанд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки коррупсия ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ дар ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монда, ақибнишинии фарогир аз демократия, заифтар шудани низоми додгоҳӣ, назорат бар коррупсияро мушкил мекунад, чун идораҳои пулис, додситонӣ, додгоҳ, аксаран наметавонанд, парвандаи онҳоеро, ки аз қудрат суистифода мекунанд, таҳқиқ карда, ҷазо бидиҳанд.

Дар ин гузориш ҳамчун намуна аз низоми заифи додгоҳии Тоҷикистону Венесуэла мисол оварда шудааст.

Франсуа Валериан, раиси Созмони Transparency International, гуфтааст, ки “то замоне ки низомҳои додгоҳӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашида, лаҷоми ҳукуматҳоро нагиранд, коррупсия ҳамчунон рушд хоҳад кард. Дар онҷо, ки додгоҳро мехаранд ва ё роҳбарияти сиёсӣ ба кори додгоҳ дахолат мекунад, одатан мардуми оддӣ азоб мекашанд”.

Дар охири ин гузориш, созмони мазкур аз давлатҳои ҷаҳон хостааст, ки мустақилият ва шафофияти додгоҳҳо ва захираҳои кофӣ барои муборизаи муассир бо ҷиноятҳои коррупсиониро таъмин кунанд ва дар сурати зарурат қонунҳоеро қабул кунанд, ки дасти додгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои интизомиро барои мубориза бо коррупсия боз кунанд.

Ваъдаи 200 ҳазор долар барои пирӯзии футбобозони тоҷик

0

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфтааст, ки агар дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мунтахаби футболи Урдунро шикаст диҳад, 200 ҳазор доллар дарёфт мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар даври чорякфинлаии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Урдунро дар Қатар шикаст диҳад, 200 ҳазор доллар дарёфт мекунад.

Ба қавли манбаъ, пеш аз ин замоне ки мунтахаби миллии Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ дар бозиҳои гурӯҳӣ ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳаи Қатар роҳ ёфт, аз ҷониби ФФТ барои ин даста “300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд.”

Инчунин вақте мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон “дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ғолиб омад, аз ҷониби ФФТ ба мунтахаби Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо шуда буд.

Гуфта мешавад, 2-юми феврали соли ҷорӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо тими миллии Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Қатар бозӣ мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки агар мунтахаби миллии футболи кишвар дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 пирӯз шавад, “мукофотҳои калон” ба онҳо тақдим карда мешавад.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон мулоқот ва дар бораи рушди ҳамкориҳои дуҷониб баҳсу гуфтугӯ карданд.

Ба қавли манбаъ, ин мулоқот, ки дар бинои Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, “ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Гуфта мешавад, ин мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак Ан-Наср, сафири фавқулъода ва мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор шуда, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қатар рафта буд.

Имрон Хон  ба 14 соли дигар маҳкум шуд

0

Пас аз он ки дирӯз додгоҳе дар Покистон собиқ Нахуствазири ин кишварро ба 10 соли зиндон маҳкум кард, имрӯз ҳам додгоҳе дар як парвандаи дигар ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, имрӯз, 31-уми январи соли 2024 додгоҳе шаҳри Ровилпиндии Покистон собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хон ва ҳамсараш Бушро Бибиро ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Собиқ Нахуствазири Покистон ва ҳамсараш дар парвандаи мавсум ба “тӯшахона” бо иттиҳоми фурӯши туҳфаҳои давлатӣ, ки Имрон Хон дар замони нахуствазириаш тайи солҳои 2018-2022 аз хориҷ дарёфт карда ва гӯиё қисме аз онҳоро фурӯхтааст, муттаҳам мешаванд. Иттиҳомоте, ки ҷониби маҳкумшудаҳо онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, рад мекунанд.

Инчунин бар асоси ҳукми содиршуда дар ин парванда, Имрон Хон ва ҳамсараш Бушро Бибӣ аз машғул шудан ба мансабҳои давлатӣ маҳрум ва ҳар кадом ба пардохти 787 миллион рупияи покистонӣ (тақрибан 2 миллиону 820 ҳаор доллари амрикоӣ) низ ҷарима карда шудаанд.

Бушро Бибӣ ҳамсари севуми Имрон Хон аст. Имрон Хон пеш аз вай ду бори дигар извоҷ карда буд, вале издовоҷҳои номуваффақ будаанд. Бушро Бибӣ ё Бушро Монико қабл аз издивоҷ бо Имрон Хон миллионер ва пайрави яке аз ҷараёнҳои тасаффув дар Покистон буд. Вай аз шавҳари собиқаш 5 фарзанд дорад. Имрон Хон гуфта, пеш аз издивоҷ ҳеч гоҳ чеҳраи ӯро надида буд.

Гуфта мешавад, 30-уми январи соли 2024 сухангӯи Ҳизби таҳрики инсофи Покистон раҳбари ин ҳизб Имрон Хон ва муовини ӯ дар ҳизбаш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз сӯи додгоҳе бо иттиҳоми фош кардани асрори давлатӣ ба 10 солии зиндон маҳкум шуда буданд. Иттиҳоме, ки онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, ҳар ду онро рад карда буданд. Ин ҳукмҳо аз ҷониби додгоҳҳо дар ҳоле содир шудаанд, ки Имрон Хон пеш аз ин дар соли 2023 ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Баъд аз он ки дар апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон раъйи адами эътимод дод ва ӯро аз мансаб барканор кард, дигар аъзои ҳукумати вай низ ҳама аз қудрат барканор шуданд. Имрон Хон инро тавтеаи сиёсӣ дониста, Амрикоро дар даст доштан ба ин қазия муттаҳам карда буд. Иттиҳомоте, ки Вошенгтон онро радд карда буд

Собиқ Нахуствазири Покистон дар давоми беш аз як соли баъди барканорӣ таблиғоти худро ба сурати гусутрад дар тамоми иёлатҳои ин кишвар ба роҳ монда, Ҳизби таҳрики инсофи Покистон тавонист дар интихоботҳои маҳаллӣ аксари курсиҳоро соҳиб шавад. Ҳукумати муваққати вақти Покистон ӯро дар чандин парванда муттаҳам дониста, соли гузашта ба се соли зиндон маҳкум карда буд.

Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон оварданд

0

Дар пайи ҷойивазкунии мансабдорон Эмомалӣ Раҳмон ду мақомомдорро аз Бадахшон ба Хатлон овард.

Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Бино ба иттилои саҳфаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин ҷойивазкунии Назарзода дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон 29-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯро ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар Хатлон имрӯз, 30-уми январ муаррифӣ кардаанд.

Назарзода Шариф, ки дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсатҳои ВКД дар Душанбеву Суғд ва муовини Рамазон Раҳимзода кор кардааст, моҳи феврали соли 2022 сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъйин гардида буд.

Баъд аз се моҳи кораш дар ин вазифа сокинон бо талаби таҳқиқи куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ба эътироз баромада буданд. Пас аз ин эътирозҳо мақомот даст ба “амалиёт”-и ба гуфтаашон, “зиддитеррористӣ” зада, даҳҳо нафарро кушта, даҳҳо фаъол ва сокинони одиро бо иттиҳомоти сохта боздошту зиндонӣ карда буданд.

Инчунин дар пайи ҷойивазкунии ахир Аваз Назарзода, ки дар вазифаи додситони ВМКБ кор мекард, додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи Исфара буда, дар гузашта додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд. Назарзода ба мақоми додситони ВМКБ дар аввалҳои соли 2023 ва баъди ба ҷиноятҳои сангин айбдор шудану ба ҳабс афтодани додситони қаблӣ Парвиз Орифзода таъйин шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон меорад, ки рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сардорони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлонро ҳамроҳи муовинонашон аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа иқрор шуда буд, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасод ва ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт дода буд.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҷойивазкунии мансабдорон идома дорад ва танҳо дар як рӯзи охир Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 40 мақомдорро аз вазифа барканор карда, ба вазифаҳои дигар шинонд.

Аз ҷумла, дар пайи ин ҷойивазкуниҳо раиси ноҳияи Данғара, ки Исломиддин Раҳмон, ҷияни раисҷумҳур мебошад “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақомаш барканор ва Сиҷоуддин Саломзода, ҳамакнун собиқ муовини Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст. Вазифаи нави Исломиддин Раҳмон то ҳол маълум нест.