Хона блог саҳифа 249

Маълум шуд, ки Ятимов ва Тошиев чанд километри марзро муайян карданд

0

Расонаҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷузъиёти наверо аз мулоқоти ахири Саймумин Ятимов ва Қамчибке Тошиев нашр карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон, раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти ахири худ, ки рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, 15 километри дигари марзи муштаракро мушаххас карданд.

Гуфта мешавад, Ятимов ва Тешаев пас аз мулоқот ба расонаҳои давлатӣ гуфтанд, ки ҷонибҳо ба “қарорҳои муҳиме” даст ёфта, “масоили асосии усулӣ ва ҳаётан муҳим”-ро баррасӣ карда ва сари қитъаҳои баҳсии марзи ду кишвар ба мувофиа расиданд.

Инчунин Ятимов ва Тошиев гуфтаанд, ки тақрибан 90 дарсади хати марзи муштарак байни ду кишвар муайян шудааст. Дар нишасти ахир бошад, ҷонибҳо ба муайян кардани хати марз дар Мақсат, Арқа ва Қулдун аз ҷониби Қирғизистон ва роҳи Хистеварз аз ҷониби Тоҷикистон, ки аз ҳама нуқтаҳои пурбаҳс ба ҳисоб мерафт, даст ёфтанд. Ба гуфтаи онҳо, акнун гурӯҳҳои корӣ вазифадоранд, ки “ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл аз мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан эълон карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон то моҳи марти соли ҷорӣ ба мушкилоти марзии худ нукта хоҳанд гузошт.

Аммо пас аз изҳороти Ҳакан Фидан мақомоти тоҷик вокуниш карданд. Аз ҷумла, Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба РИА “Новости” гуфта, ки дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Туркия бо раисҷумҳур Эмомлалӣ Раҳмон ва ё бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ нашуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд. Дар давоми чанд соли ахир аз сабаби муайян набудани нуқтаҳои марзӣ байни сокинони наздимарзӣ даргириҳои шадиде ба вуҷуд омада буд, ки аз ду ҷонибҳо даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Тоҷири афғон 10 миллаирд доллар сармоягузорӣ мекунад

0

Мирвайс Азизӣ, тоҷири шинохтаи Афғонистон эълон кардааст, ки қасд дорад сармоягузориҳои бузурги худро дар ин кишвар афзоиш диҳад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Мирвас Азизӣ, молики Азизӣ Бонк дар маросими ифтитоҳи шаҳраки Азизӣ дар минтақаи осебдида аз заминларза дар Ҳироти Афғонистон гуфтааст, ки қасд дорад дар панҷ соли оянда 10 миллиард доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ кунад.

Мирвайс Азизӣ, чанд рӯз пеш барои ширкат кардан дар маросими ифтитоҳи шаҳраки Азизӣ, ки шомили наздик ба 300 хона, мактабу масҷид ва бунгоҳи тиббӣ барои сокинони зарардида аз заминларзаҳои ахир дар Ҳироти Афғонистон сохта шудааст, аз Дубай ба Ҳирот омада буд.

Вай дар ин маросим эълон карда буд, ки қасд дорад дар панҷ соли ояндаи наздик ба 10 миллиард доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика ва роҳи оҳан дар Афғонистон сармоягузорӣ кунад. Мирвайс Азизӣ таъкид карда буд, ки “ин сармоягузорӣ бисёр бузрг аст. Ин самроягузорӣ то ҳол дар ин кишвар на ба сатҳи кишварҳои хориҷӣ шуда ва на ба сатҳе дигар.”

Аксари афғонҳо дар ибтидо гумон карда буданд, ки эҳтимол ба ҷои 10 миллиард афғонӣ, иштибоҳ карда, 10 миллиард доллар гуфтааст. Ин эълон вокунишҳои зиёдеро дар байни мувофиқон ва мухолифони Толибон дар дохили ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Мирвайс Азизӣ, тоҷири паштунтабори Афғонистон аст, ки фаъолиятҳои тиҷоратии худро дар соли 1988 дар Узбекистон оғоз карда, дар ҳоли ҳозир дар Дубайи Имроти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекунад. Вай дар бахши бонкдорӣ, амволи ғайриманқул, сармоягузорӣ ва ғайра фаъолият мекунад. Бархе созмонҳои муътабари дунё ҳам ӯро пулдортарин марди Афғонистон медонанд.

Тоҷикистон: Ба умури дохилии Чин дахолат накунед

0

Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як изҳороти расмӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон “қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилӣ”-и Чин аст.

Бино ба иттилои расмӣ, 13-уми январи соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ дар бораи баргузории интихоботи президентӣ дар Тайван гуфтааст, ки “ҷонибдории комили худро аз сиёсати “Чини воҳид” изҳор медорад.”

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон дар ин изҳораташ таъкид мекунад, ки Тоҷикистон “Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад.”

13-уми январи соли ҷорӣ дар Тайван интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот Лай Чинг-те, собиқ муовини президент ва номзади Ҳизби пешравии демократия бо касби беш аз 40 дарсади оро барандаи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ эълон шуд.

14-уми январ Вазорати корҳои хориҷии Тайван бо нашри як эъломия аз Чин хост, ки “ба натиҷаҳои интихобот эҳтиром бигузорад ва воқеиятро ба расмият бишиносад ва аз саркӯби Тайван даст бардорад.”

Амрико ба сурати расмӣ Лай Чинг-те, барандаи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ва мардуми ин кишварро барои баргузории ин интихоботи президентӣ ва парлумонӣ табрик кард. Ба гуфтаи Вашенгтон, мардум дар Тайван дар ин интихобот “нерӯи қавии низоми демократӣ ва раванди интихоботи”-ро ба намоиш гузоштанд.

Чин Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави худ дониста, ҳукуматдорони феълии онро гурӯҳҳои ҷудоиталаб медонад. Пекин борҳо ба сурати расмӣ эълон кардааст, ки аз тасмимоти худ дар бораи шомил кардани Тайван ба паҳнои “Чини воҳид” дастбардор нест.

Ба ҳамин хотир ин табрикот Вашингтон хашми Пекинро барангехта, мақомоти Чин Амрикоро ба дахолат кардан дар умури дохилиаш муттаҳам кардааст. Душанбеи расмӣ ҳам бидуни ном гирифтан аз Вашингтон ва дигар кишварҳои ғарбӣ аз мавзеъи Чин дар баробари Амрико ва Ғарб ҳимоят кардааст.

Лай Чинг-те пеш аз пирӯзиаш қавл дода буд, ки талош мекунад Тайванро ҳамчун як кишвари мустақил ҳифз кунад ва ҳамагуна таҳдидҳои амниятӣ барои халалдор шудани истиқлоли ин кишварро коҳиш диҳад. Лай Чинг-те дар инхоботи президентӣ пирӯз шуд, аммо аз ҷониби дигар, ҳизби ӯ аксари курсиҳоро дар парлумони ин кишвар аз даст дод.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии кишварамон дар изҳороти худаш таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қадамрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст.”

Тайван як кишвари ҷазиравӣ дар Шариқ Осиё ҷойгир аст, ки он аз маҷмуи ҷазираҳои хурду бузург ташкил шудааст, ки ҳамагӣ дар соҳилҳои Шарқи Чин ҳастанд. Ин кишвар аз роҳи “тангаи Тайван” аз ғарб бо Ҷумҳурии Халқии Чин, аз шимолу шарқ бо Ҷопон ва аз ҷануб бо Филипин ҳамсоя аст.

HRW аз идомаи саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон гуфт

0

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, ки дар соли 2023 саркӯби садоҳои мустақил ва интиқодӣ дар Тоҷикистон бо бастани иҷбории садҳо созмони ғайридавлатӣ, боздошти бисёре аз блогерон барои ибрози назар дар бораи сиёсати ҳукумат ва бо мамнуъ ё маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои динӣ идома ёфт.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 11-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, Додгоҳи олӣ моҳи июни соли 2023 манбаи интернетии “Тоҷикистони нав 2”-ро, ки ба “Гурӯҳи 24” тааллуқ дорад, “ифротӣ” эълон карда, ҳисобҳои муаллифони онро дар Telegram, Facebook, YouTube ва Instagram баст.

Ин чунин гуфта мешавад, ба ин монанд Додгоҳи олӣ сомонаи “Pamir Daily News”-ро ки бештар ахбори ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, ифротӣ ва дар кишвар мамнуъ эълон кард.

Дар пайи мамнуъ эълон шудани ин сомонаҳо, аз ҷониби ҳукумати таъкид шуда, ки ҳар нафаре бо сомонаҳои мамнуъкардаи мақомот ҳамкорӣ кунад ба ӯ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.

Гузоришгарони ин созмон аз 7 соли зиндон маҳкум шудани хабарнигори мустақил Хуршед Фозилов ва боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ низ гуфтаанд.

Human Rights Watch мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки мақомот онҳоро “таҳдид” меҳисобанд ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” мамнуъ боқӣ мондаанд.

Раҳбарони ҲНИТ ва аъзои қатории он ин чунин дигар зиндониёни сиёсӣ, ки қаблан ба ҳабси тӯлонӣ ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои раҳоии онҳо, ҳамоно дар зиндон боқӣ монданд.

Инчунин моҳи июл додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба 21 соли зиндони вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, ки қабл аз ҳукми нахустинаш дар соли 2015 аз аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон дифоъ мекард, 10 сол илова кард. Мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста ва бидуни вакили мудофеъ сурат гирифт.

Дар гузориши ин созмон аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз раҳбарони ҲНИТ аз Олмон ва Низомиддина Насриддинов, собиқ узви “Гурӯҳи 24” аз Белорус ва зиндонӣ шудани онҳо омадааст.

Моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон наздикони аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигар фаъолонро, ки дар ҷараёни боздиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, ки бо Олаф Шолс мулоқот дошт, эътироз карданд, боздошт шуда буданд.

Гузоришгарони Human Rights Watch мегӯянд, дар соли 2023 саркӯби фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бас нашуд.

Пас аз ҳодисаҳои хунини солҳои 2021-2022 дар Бадахшон, таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, фаъолони помирӣ ва рӯзноманигороне, ки ин вазъро инъикос мекарданд, идома ёфт ва мақомоти Тоҷикистон бо бастан ва ё миллӣ кунонидани муассисаҳои Сандуқи Оғохон, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатие, ки аз ҷониби ин бунёд маблағгузорӣ мешаванд, оғоз карданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 мақомот аз баста шудани 239 созмони ғайриҳукуматӣ (беш аз 500 созмони ғайриҳукуматӣ дар соли 2022) хабар доданд. Аз ин шумора панҷ созмонашон, аз ҷумла Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва ду гурӯҳи ҷавонон, дар моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гумони “пайвандӣ бо гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ” баста шуданд.

Гуфта мешавад, пас аз тазоҳуроти осоиштаи сокинони ВМКБ то имрӯз 205 нафар ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд. Аксари зиндониҳо ба хешовандонашон хабар доданд, ки мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин Дидбони Ҳуқуқи Башар аз нақзи озодии дин, зӯроварӣ дар оила нисбати занон ва духтарон, мавриди таъқиб ва сӯиистифода қарор гирифтани ҳамҷисгароён аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш додааст.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳуқуқӣ ва кишварҳои ғарбӣ мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон мавриди интиқод қарор медиҳанд, аммо ҳуқумати кишвар ин танқиду тавсия ва талаби созмонҳоро нодида гирифта, то рафт вазъи озодиҳои инсонӣ дар кишвар бадтар мешавад.

Мулоқоти Ятимов бо Ташиев

0

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 12-уми январи соли 2024 Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи таъйин ва аломатгузории хати сарҳади давлатии ду кишварро дар қитъаҳои боқимонда баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, барои беҳтар ва сари вақт ҳал шудани мушкилоти ҷойдошта “супоришҳои мушаххас доданд.”

Мақомоти ҳар ду кишвар мегӯянд, ки мулоқоти имрӯзаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ дар фазои созанда баргузор гардид.

Гуфта мешавад, мулоқоти раисони ҳайатҳои ду кишвар дар ҳоле хапу хомӯш ва бидуни ироаи ҷузиъиёти ин гуфтушунидҳо баргузор шудааст, ки ду рӯз пеш, 10-уми январи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз сафарҳои расмиаш ба Бишкек ва Душанбе эълон карда буд, ки баҳори имсол Тоҷикистон ва Қирғизистон ба баҳсҳои марзии худ нукта мегузоранд.

Иттифоқи назари ПМТ ва “Ватандор” дар бораи мубориза бо ифротгароӣ

0

Раҳбарони Паймони Миллии Тоҷикистон ва ҳаракати сиёсии “Ватандор” дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ дар кишвар бо ҳам иттифоқи назар доранд.

11-уми январи соли 2024 Додоҷони Атовуллоев, раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” ва Муҳиддин Карбирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар мусоҳибае бо ББС сиёсатҳои ғалати Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро омили аслии гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ хонданд.

Ин ду раҳбари гурӯҳҳои мухолифини Тоҷикистон фақру бекорӣ, камсаводӣ ва фишорҳои мухталифи мақомоти Тоҷикистон алайҳи озодиҳои шаҳрвандӣ ва озодиҳои сиёсиву мазҳабиро аз омилони аслии гароиши ҷавонони тоҷикистонӣ ба сафи нерӯҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа ва берун аз он унвон кардаанд.

Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоев қайд карданд, ки ҳар чанд саҳми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ифротӣ шудани ҷомеа ва ҷавонон хеле зиёд аст, аммо дар ин раванд огоҳони ҷомеа ва мухолифин ҳам бо сабаби авалият бахшидан ба корҳои дигар ва камтаваҷҷуҳӣ ба ин мушкили ҷомеа, низ муқассир дониста мешаванд.

Дар ин барномаи таҳлилӣ, ки дар бораи ҳодисаи Кирмон ва гароиши аз ҳад зиёди ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ пахш шуд, бар иловаи раҳбарони ПМТ ва “Ватандор” коршиносони дигаре ҳам аз Ландану Вашингтон ширкат намуда, таъкид карданд, ки бо сабаби омилҳои дар боло зикршуда сарбозгирӣ барои гурӯҳҳои ифротӣ дар Тоҷикистон хеле осон шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дар шароити феълии Тоҷикистон, ҷавонони тоҷикистониро метавон бо ваъдаҳои пул, мол, тарғиботи мазҳабӣ ва таблиғот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба дилхоҳ гурӯҳҳои ифротӣ осон ҷазб кард. Агар имрӯз ба ҷои ДИИШ 4-5 гурӯҳи ифротии дигаре ҳам дар минтақа пайдо шавад, метавонанд бо ҳамин роҳҳо аз байни тоҷикистониҳо дар сафи худ аъзо ҷамъ кунанд кунанд.

Дар ин чанд моҳи ахир, ки номи тоҷикистониҳо дар сафи гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои минтақа, бахусус Эрону Афғонистон ва чанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо расонаӣ шудааст, раҳабарони мухолифини Тоҷикистон ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба он муттаҳам мекунанд, ки кишварро ба як корхонаи “тавлиди террористҳо” табдил додааст.

Ба гуфтаи раҳбарони мухолифин, бархе огоҳони ҷомеа, коршиносони Тоҷикистон ва минтақа яке аз роҳҳои муассир барои пешгирӣ кардан аз ин раванди ифротӣ шудани ҷомеа ва гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро тағйири ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, эҳтироми қонуну таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеа мебошад.

Гуфта мешавад, ҳар чанд аз ҳодисаҳои хунини Кирмони Эрон, ки дар натиҷа наздик ба сад нафар кушта ва беш аз ду сад каси дигар захмӣ шудааст, як ҳафта мегузарад, аммо мақомоти эронӣ ҳанӯз ҳам таҳқиқоти худро дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ба охир нарасондааст.

Бо ин вуҷуд, дар ду иттилоияе, ки Вазорати умури дохилии Эрон нашр кард, гуфта мешуд, ки тарроҳ ва ба эҳтимоли зиёд ҳар ду омилони аслии ин ҳодиса шаҳрвнадони Тоҷикистон ҳастанд. Дар камтар аз шаш моҳи ахир ин бори дувум аст, ки бархе шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ба гурӯҳи ДИИШ пайвастаанд, ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Эрон муттаҳам мешаванд.

Инчунин яке аз омилони аслии ҳамла ба мазори Шоҳчароғи Шерози Эрон ҳам дар тобистони соли гузашта фарде бо номи Раҳматулло Наврӯзов ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буд. Раиси Девони олии Эрон чанд рӯз пеш эълон кард, ки ҳукми эъдоми ӯ ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда иҷро хоҳад шуд.

Ҳамлаи Амрико ва Бритониё ба Яман

0

Субҳи рӯзи ҷумъа, 12-уми январи соли ҷорӣ қувваҳои муштараки Амрико ва Бритониё чандин пойгоҳҳои нерӯҳои Ҳусиро дар Яман бомборон карданд.

Мақомоти Амрико иддао доранд, ин ҳамла рад бар ҳуҷуми ҳусиҳо ба киштии амрикоӣ дар дарёи Сурх буд, аммо ҳусиҳо мегӯянд, танҳо киштиҳоеро, ки ба Исроил тааллуқ дошта бошанд ва ё ба сӯи ин кишвар равона бошанд, боздошт кардаанд, аммо дигар киштиҳоро монеъ нашудаанд.

Дар ҳамла ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо ва дигар вилояти ин кишвар, ҳусиҳо низ дар посух ба он эълон каданд, ки ба чанд дидбонгоҳҳои нигаҳбонии Амрико ва Бритониё дар дарёи Сурх ҳамла карданд.

Аммо Амрико ин иддаои ҳусиҳоро рад мекунад. Имрӯз як масъули низомии Амрико ба расонаҳо гуфта, ки “ҳусиҳо дар пайи аҳмлае, ки мо ба пойгоҳҳои онҳо дар Яман анҷом додем, то ҳол ба киштиҳои Амрико ва Бритониё дар дарёи Сурх вокуниши интиқомҷӯёна накардаанд.”

Вазири қувваҳои мусаллаҳи Бритониё, Ҷеймс Ҳиппи рӯзи ҷумъа ба “Радио Таймз” гуфта, ки ҳамлаҳое, ки шаби ҷумъа Амрико ва Бритониё ба пойгоҳҳои низомии ҳусиҳо дар Яман анҷом доданд, “ҳимоят аз худ буд.”

Аммо масъули низомии Ҷамоати ҳусиҳо Яҳё Сареъ мегӯяд, Амрико ва Бритониё дар ҳимоят аз ҳуҷуми Исроил ба Ғазза субҳи имрӯз ба Яман 73 ҳуҷум анҷом доданд. Ин масъули ҳусиҳо мегӯяд, дар пайи ҳамлаи Амрикову Бритониё 5 низомӣ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудааст.

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи ин ҷамоат гуфта, ки ҳуҷуми Амрико ва Бритониё ба Яман ҳеч далели воқеӣ надошт ва инчунин убури киштиҳои байналмилалиро ба ҷуз киштиҳои исроилӣ аз дарёи Сурх низ ҳеч хатаре таҳдид намекард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза ҳусиҳои Яман дар дарёи Сурх монеи убури киштиҳои Исроил ва киштиҳое, ки ба он тааллуқ доранд, шуданд. Ҳусиҳо мегӯянд, дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ба ин кор иқдом кардаанд. Барои пешгирии ҳусиҳо аз монеагузории киштиҳо, Амрико ва Бритониё паймоне дар дарёи Сурх ташкил намуданд ва субҳи имрӯз ин паймон аввалин ҳамлаашро анҷом дод.

Боздошти як ҷавон дар робита ба таркиши мошини раиси ҲХДТ

0

Мақомот дар пайи таркиши мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафшро боздошт ва чаҳор каси дигарро бозпурсӣ кардаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар додааст, ки мақомот ин ҷавонро рӯзи 9-уми январ дар фурӯдгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд.

Падари ин ҷавон аз сабаби боздошти писараш изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст, ки “фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ мошини тамғаи “Шкода”-и Салим Сайвализода дар деҳаи Тудакафш таркид, ки дар натиҷа худи ӯ осеб дида, пойи росташ шикаст.

Гуфта мешавад, замони таркиши мошин раиси Ҳизби Халқии Демократӣ дар шаҳри Кӯлоб аз назди мошин дуртар будааст ва ба гуфтаи огаҳон, ӯ пеш аз савор шудан мошинашро бо пулт рӯшан кардааст, то каме гарм шавад ва ҳамон вақт мошин таркидааст.

Инчунин як манбаъ аз ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб гуфтааст, ки мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда”-ро пайдо кардааанд, ки ба гуфтаи манбаъ барои аз байн бурдани соҳиби мошин дар зери он ҷойгир карда шудааст.

Барои таҳқиқи ҳодиса як гурӯҳ бо шумули муфаттишони Додситонӣ, ВКД ва КДАМ таъсис ёфта, нисбати ин қазия бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ (қасди куштор) парванда боз шудааст ва эҳтимоли робита доштани ҷавони боздоштшуда бо гурӯҳҳои тундрав таҳқиқ мешавад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мошинҳои мақомдорон дар вилояти Хатлон оташ мегирад. “Шаби 26 ва 27-уми декабри 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт ва ҳанӯз мақомот сабаби онро шарҳ надодаанд.”

Ба ҳамин монанд моҳи феврали соли 2023 мошини Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, собиқ додситони ноҳияи Восеъро дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. “Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон оташ задани мошини додситони ноҳияи Восеъро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода чор моҳ баъд аз ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор шуд.”

Африқои Ҷанубӣ аз Додгоҳи Лоҳа хост ҷанг дар Ғазза мутаваққиф шавад

0

Вазири адлияи Африқои Ҷанубӣ дар суҳбат бо хабарнигорон дар Лоҳа гуфт, ки аз Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ хостаанд, ки бояд ҷанг дар Ғазза мутаваққиф шавад.

Имрӯз, 11-уми январи соли 2024 нахустин ҷаласаи додгоҳии Исроил бо иттиҳоми наслкушӣ дар Навори Ғаззаи Фаластин дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа (ГААГА) баргузор шуд.

Қонундонҳои кишвари Африқои Ҷанубӣ бо раҳбарии вазири адлияи ин кишвар имрӯз дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа алайҳи Ирсоил шикоят карда, гуфтанд, ки ин кишвар 85% сокинони Навори Ғаззаро овора кардааст.

Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки Исроил дар Навори Ғаззаи Фаластин ба наслкӯшӣ даст задааст. Ба гуфтаи қонундонҳои он, дар давоми беш аз 95 рӯзи ҷанг мақомоти Исроил дар Навори Ғазза 2,3 миллон нафарро “зиндонӣ карда” аст. Исроил сокинони Навори Ғаззаро зери тиру тӯп қарор дода, аз хонаҳояшон маҳрум кардаанд. Инчунин ин кишвар мегӯяд, бархе вазирони исроилӣ сокинони Ғаззаро инсон намедонанд ва ҳукумати Исроил ҳам онҳоро аз нону об ва дорӯ маҳрум кардааст.

Қарор аст пагоҳ, 12-уми январи соли ҷорӣ гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳои давлати Исроил дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа дар муқобили ин иттиҳомоте, ки ҷониби кишвари Африқои Ҷанубӣ ироа кардааст, кишвари худро ҳимоят кунанд.

Гуфта мешавад, аз замони таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 ин барои нахустин аст, ки пойи он ба Додгоҳи Ҷинонии Ҷаҳонӣ кашида мешавад. Ҳамзамон бархе мақомоти исроилӣ кишвари Африқои Ҷанубиро ба намояндагӣ аз ҲАМОС дар Ғазза муттаҳам мекунанд, аммо Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки ин кишвар аз ҳеч гурӯҳе намояндагӣ намекунад.

Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа, олитарин ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки иҷрои қонунҳои инсонӣ ва байналмилалро дар байни кишварҳои узви ин созмон назорат ва танзим мекунад. Ин додгоҳ дар солҳои ахир алайҳи кишварҳои Миянмар ва Русия ҳам дар ин хусус ҳукмҳое содир карда буд, аммо Русия онро нодида гирифт.

Мардум дар Кӯҳистони Мастчоҳ аз дасти моликони кони ангишт ба дод омадаанд

0

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ аз мошинҳои боркаше, ки ангишт мекашонанд ва роҳҳои деҳаҳро пурра хароб намудаанд, шикоят доранд.

Як манбаъ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ бидуни зикри ном бо ирсоли наворе ба Azda tv мегӯяд, ки мошинҳои боркаши “Дулан” аз ин ноҳия ба ноҳияи Айнӣ ангишт мекашонанд, ин мошинҳо, ки хеле бори гарон мекашонанд, аз дохили деҳаҳои ин ноҳия мегузаранд. Роҳҳои деҳаҳо барои чунин борҳои гарон муносиб нестанд ва ронандагон бо ин корашон тамоми роҳҳои даруни деҳаҳоро хароб карда, асфалтҳоро аз байн бурдаанд.

Манбаъ мегӯяд, аз сабаби зиёд гузаштани “дуланҳо” дар байни деҳаҳо чанги зиёде ҳамаро фаро гирифта, дарахтонро хушк кардаанд. Ӯ мегӯяд, “дарахтон дигар мева намедиҳанд, мардум ҳосили худро ҷамъ карда наметавонад.” Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи хушк шудани дарахтҳо, сокинон ба бемориҳои гуногун мубтало шудаанд, ки пизишкон сабабашро чангу хоки аз ҳад зиёди мошинҳо гуфтаанд.

Манбаи Azda tv афзуд, ки борҳо ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат кардаанд, аммо касе пеши роҳи мошинҳои боркашро намегирад. “Баракс, мақомоти амниятӣ ва интизомӣ ҳушдор ва ҳатто таҳдид кардаанд, ки дар ҳеч ҷое шикоят набарем, агар ҷое шикоят кунем ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунем, моро дар ҳамкорӣ бо гуӯҳҳои мухолифи ҳукумат муттаҳам карда, зиндонӣ мекунанд.”, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кони ангишти Ғузн вуҷуд дорад, ки тибқи маълумотҳои расмӣ, ин конро ширкати ҶДММ “Қудрат 2010” идора мекунад ва ширкати мазкур ба номи Ашӯров Хусрав Бегиҷонович сабт шудааст. Ин маълумот то соли 2018 аст.

Аммо ба гуфтаи бархе огоҳони умур, чунин ҳолат натанҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, балки дар чандин навоҳии кишвар дида мешавад. Аз ҷумла, чанд соле пеш ширкати “Фароз”, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, бо чунин мошинҳои боркаши вазнин орду семент ва маводи сӯзишворӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мекашонд, ки дар натиҷа аксари роҳҳои байни деҳаҳоро дар ноҳия Ҷайҳун ва Панҷ ба хокзор мубаддал карда буд. Дар чунин ҳолат чун моликони ин ширкатҳои боркашонӣ наздикони раисҷумҳур ҳастанд, бо вуҷуде, ки роҳҳо пурра хароб мешаванд, зиндагии мардум табоҳ мешавад, вале касе наметавонад пеши роҳи онҳоро бигирад ва ҷое ҳам шикоят карда наметавонанд.