Хона блог саҳифа 254

Вокуниши ҲАМОС ба тунели кашфшуда

0

Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бо интишори як навор ба тунели кашфшудаи худ тавассути нерӯҳои Исроил вокуниш кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 18-уми декабри соли 2023, нерӯҳои Иззуддини Қассом, шохаи низомии Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин бо нашри як навори видеоӣ дар бораи тунели кашфшуда тавассути нерӯҳои исроилӣ гуфтааст, “дер расидед!”

Қассом дар ин навори нашркардааш дар бораи наҳваи оғози ҳамлаҳои худ ба берун аз марзҳои бетонии Навори Ғазза дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба қароргоҳҳои низомии нерӯҳои исроилӣ қисса карда кӯтоҳ мегӯяд, ки “кор анҷом шуд, шумо дер расидед!”

ҲАМОС бо нашри ин навори ведиоӣ, ки рафти ҳамлаҳои сангин ва ба асорат гирифтани даҳҳо нафар аз нерӯҳои исроилиро тавассути нерӯҳои худ ба намоиш гузоштааст, ки ин тунел дигар ба дардашон намехӯрад.

Гуфта мешавад, нерӯҳои исроилӣ пас за 70 рӯзи ҷанг алайҳи Навори Ғазза ва зиёда аз 50 ҳозор тонна тиру тӯп ва бобмҳои вайронгар рехтан болои мардуми он аз кашфи як тунеле хабар дода буданд, ки ба дарозои зиёда аз 4 километр роҳ сохта шудааст.

Ба қавли бархе расонаҳо, ин тунел то ба гузаргоҳи Ерези Исроил ҳудуди 400 метр фосила дорад. Он ба андозае бузург сохта шудааст, ки ҳатто як мошини майда ҳам метавонад ба осонӣ дар дохилаш ҳаракат кунад.

Бо вуҷуди он ки ду рӯз пеш нерӯҳои исроилӣ онро кашф карда буданд ва то ҳол дар ҳама расонаҳо аз кашфиёт ва пирӯзии худ дар бораи он суҳбат мекунанд, нерӯҳои Қассом мегӯянд, ки ин тунел ба хотири ҳамла ба Исроил сохта шуда буд, рӯзе, ки ҳамла карда буданд, ин тунел ҳамон рӯз аз истифода хориҷ шудааст.

Омори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза ба 95 нафар расид

0

Дар пайи як ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи паноҳандагони Нусайрот дар Ғазза, рӯзноманигор хонум Ҳунайн Қаштони 33-сола кушта шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҷангандаҳои исроилӣ шаби гузашта хонаи ин рӯзноманигорро бомборон карданд, худи ӯ ва чанд нафар аз хонаводаашон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамла чанд нафари дигар аз сокинони маҳаллӣ низ кушта ва захмӣ шудаанд.

Дафтари матбуотӣ дар Ғазза субҳи рӯзи 18-уми декабр омори наверо нашр кард, ки тибқи он аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз шумори рӯзноманигороне, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза кушта шудаанд, ба 95 нафар расидааст.

Қабл аз ин шоми рӯзи ҷумъа дар пайи як ҳамлаи ҷангандаҳои Исроил ба мактаби Фарҳона дар шаҳри Хонюнус, ҷануби Ғазза наворбардори шабакаи “Ал-Ҷазира” Сомир Абудаққа кушта шуд ва рӯзноманигор Воил Даҳдуҳ захмӣ гашт. Барои наҷоти рӯзноманигорон як худрав аз гуӯрӯҳҳои кумакрасон фиристода шуд, аммо нерӯҳои исроилӣ ба онҳо низ ҳамла карда, 3 нафар аз кормандони гурӯҳҳои наҷотро низ куштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз оғози ҷанг байни ҲАМОС ва Исроил 73 рӯз мегузарад. Танҳо дар пайи ҳамлаҳои имрӯзаи Исроил 100 нафар аз аҳолии Ғазза кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то имрӯз наздики 19 ҳазор кушта шуда ва беш аз 51 ҳазор захмӣ баҷо гузоштааст.

Артиши Исроил расман аз кушта шудани 133 сарбозаш аз оғози ҳамлаҳаои заминӣ ба Ғазза хабар дода ва омори сарбозони захмиҳояшро 704 нафар эълон кардааст, ки ба иттилои расмӣ, ҳолати 160 нафарашон хатарнок арзёбӣ мешавад.

Ҷавони тоҷике, ки бо пулиси Русия муноқиша кард, ба ҳабс гирифта шуд

0

Юсупов Сӯҳроб, ҷавони 21-солаи тоҷике, ки чанд рӯзи пеш бо пулиси Маскав муноқиша карда буд, аз тарафи додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Люблинскии шаҳри Маскав 16-уми декабри соли ҷорӣ бо нашри паёме хабар дод, ки Юсупов Сӯҳроб Хурсандович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия муттаҳам дониста шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, Сӯҳроб тибқи моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 (таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) айбдор дониста шуда, то 16-уми феврали соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти додгоҳӣ, 15 декабри соли 2023 корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ мекунанд, аммо ронанда ба фармони пулис итоат накарда, фирор кардааст.

“Ӯ мехост бо худрав фирор кунад, ба болои афсари пулис мошинро ронда, ӯро пахш кард, ки дар натиҷа ба саломатии ӯ осеб расонд. Ва пас аз боздошташ Юсупов боз чанд маротибаи дигар пулисро мезанад ва дашноми қабеҳ мекунад.“, омадааст дар хабари мақомоти Додгоҳи ноҳияи Люблинскии шаҳри Маскав.

Аммо наворҳое, ки аз ин боздошт дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки пулис ин ҷавони тоҷикро дар рӯи барф хобонда, зӯран мехоҳанд ба дастонаш завлона бизананд.

Мақомоти Русия дар шарҳи ин қазия мегӯянд, ин ҷавони тоҷик бо пулис задухӯрд кард, ки дар натиҷа дигар пулисон низ дахолат карда, ӯро латтукӯб карданд ва зӯран боздошташ намуданд.

Аммо то ҳол назари худи ин ҷавони тоҷик ва ё адвокату наздиконаш дар робита ба қазияи боздошташ ва тафсилоти ин ҳодиса дастраси расонаҳо нагардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳангоми боздошт Сӯҳроб Юсупов аз ҳуш меравад ва муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота мекунанд. Пас аз ин пулис 82 нафарро дастгир мекунад.

Ҳоло Додгоҳи Русия 22 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ карда, 51 нафари дигарро ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.

Бошгоҳи варзишии Юсуф Абдусаломов дар Варшава

0

Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 Юсуф Абдусаломов дар Лаҳистон бошгоҳи варзишии худро боз кардааст.

Ин бошгоҳ “Wrestling Family Club” ном дошта, дар шаҳри Варшава қарор дорад.

Варзишгари маъруф ва устоди куштии озод Юсуф Абдусаломов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки муддати тӯлонӣ ҳамчун сармураббии дастаи куштии озоди Лаҳистон кор кардаасту оилаашро ба Варшава бурдааст ва фарзандонаш дар ин кишвар таҳсил мекунанд.

Юсуф Абдусаломов мегӯяд, ки ҳоло пешниҳоди кишварҳо ва тимҳои миллии дигарро барои кор баррасӣ намекунад ва нақша дорад, ки боз ду бошгоҳи дигар – яке дар Аврупо ва дуюмӣ дар Арабистони Саудӣ боз кунад.

Ин варзишгари шинохта зодаи Доғистон буда, аз номи кишварҳои Русия, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок кардааст.

Ӯ дар таърихи варзиши муосири тоҷик аввалин нуқраи Бозиҳои олимпиро дар соли 2008 ба даст овардааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти варзишӣ Абдусаломов дар тимҳои миллии куштии озоди Лаҳистон (2013) ва Руминия (солҳои 2021-2022) ба ҳайси сармуррабӣ кор кардааст. Пас аз тарки раҳбарии тими миллии Руминия ӯ аввали феврали соли 2023 муррабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд.

Аммо ӯ пас аз ду моҳи фаъолият аз ин мақом истеъфо дод ва дар мусоҳибае сабаби ин амалашро ба “набудани шароити ташкиливу молӣ” рабт дод.

Як вакили укроинӣ дар дохили толор чанд норинҷакро тарконд

0

Дар вилояти Закарпатияи Украина як вакили маҳаллӣ се норинҷак (граната)-ро дар дохили толор ҳангоми ҷаласа дар байни мардум мунфаҷир кард.

Бино ба иттилои пулиси миллии Украина, ин ҷаласа дар бинои шӯрои деҳаи Керетсковский мегузашт ва бар асари таркиши норинҷакҳо 26 нафар захмӣ шудааанд, ки вазъи шаш нафари онҳо, аз ҷумла худи ин вакил вазнин арзёбӣ мешавад.

Пулиси миллии Украина видеои ин ҳодисаро нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки ин вакил ба маҷлисгоҳ даромада, пас аз чанд сония се норинҷакро ба замин мепартояд ва баъди он се таркиш ба амал меояд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса субҳи 15-уми декабр рух дода, норинҷакҳоро Сергей Батрин, намояндаи ҳизби ҳокими “Слуга Народа”-и президент Владимир Зеленский мунфаҷир кардааст.

Ангезаи ин кор чӣ будааст, то ҳанӯз маълум нест, аммо тибқи баъзе хабари расонаҳо, дар рафти ҷаласа миёни вакилон дар масъалаи буҷаи соли 2024 баҳс сар мезанад. Батрин дар ин ҳолат аз ҳуҷра берун шуда, пас аз чанд дақиқа бармегардад ва бо саволи “Мумкин аст ман гап занам?”, баҳси иштирокчиёнро бурида, якбора се норинҷакро ба замин меандозад.

Пулиси ин кишвар хабар дод, ки Хадамоти амнияти Украина дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи ҳамлаи террористӣ тафтишот оғоз кардааст.

Қочоқи даҳҳо кг маводи мухаддир аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Узбекистон

0

Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар ду вилояти ин кишвар беш аз 36 кг маводи мухаддирро мусодира кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, кормандони ин ниҳоди амниятии Узбекистон аз хонаи як сокини 17-солаи ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона 27 килою 573 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 3 килою 967 грамм маводи нашъадори афюн пайдо кардаанд, ки барои фурӯш нигаҳдорӣ мешудаанд.

Хадамоти амнияти миллии Узбекистон мегӯяд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ба ин кишвар ворид шудааст.

Инчунин кормандони ин ниҳод як сокини 37-солаи ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷонро ҳангоми кӯшиши фурӯши 1 килою 806 грамм маводи сунъии мефедрон ба маблағи 80 ҳазор доллар дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, аз хонаи боздоштшуда боз 2 килою 698 грамм мефедрон дарёфт ва мусодира шудааст. Муайян гардидааст, ки ин маводи мухаддири синтетикӣ аз Қирғизистон ворид гардидааст.

Ҳамзамон дар вилояти Андиҷон кормандони амниятӣ аз мошини навъи “Дамас” 2800 адад “Репаган” ва 957 адад “Тропикамид” дарёфт кардаанд. Гуфта мешавад, қочоқчиён ин навъи доруҳои психотропиро низ аз Қирғизистон вориди Узбекистон кардаанд.

Ба гуфтаи ниҳоди амниятии ин кишвар, ҳама ин нафарон боздошт ва аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар расонаҳо хабари қоҷоқи даҳҳо килограмм маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбекистонро нашр мекунанд.

Пештар аз ин, дар охирҳои моҳи октябри соли ҷорӣ Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз боздошти чанд қочоқбар ва мусодираи даҳҳо килограмм маводи мухаддир хабар дода буданд. Ин нафарон қасд доштаанд ҳудуди 90 кг ҳероин, афюн ва ҳашишро аз Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон ворид кунанд.

Инчунин дар охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ кормандони гумрук ва марзбонони Узбекистон дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистон аз як мошин беш аз 55 кг маводи мухаддирро боздошт ва мусодира карда буданд.

Дар як ҳамла 17 пулиси Эрон кушта ва захмӣ шуд

0

Бомдоди имрӯз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон дасти кам 17 нафар кормандони мақомоти дохилӣ кушат ва захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, бомдоди имрӯз тақрибан соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ ба мақарри интизомии шаҳристони Росак дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Ҷумҳурии исломӣ ба сурати расмӣ ин ҳамларо “террористӣ” хонда гуфтааст, ки нерӯҳои мавсум ба “Ҷайшул адл” ба мақарри интизомии шаҳристони Расоки устони Сиистон ва Балучистон ҳамла карда, дасти кам 11 нафарро кушта, 6 каси дигарро захмӣ кардаанд. Вазъи бархе захмиҳо низ вахим гузориш шудааст.

Мақомоти эронӣ теъдоди дақиқи афроди ҳамлакунандаро нагуфтаанд, вале дар гузоришҳои расмӣ ишора шудааст, ки дар вақти набардҳои хунине, ки сурат гирифт, чанд нафар аз ҳамлагарон ҳам кушта ва захмӣ шудаанд ва як нафари онҳо зинда дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, устони Сиистон ва Балучистони Эрон яке аз минтақаҳои суннинишини ин кишвар аст. Ин минтақа дар 40 соли ахир ба яке аз маҳрумтарин минтақаҳои Эрон табдил ёфта, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нисбат ба дигар устонҳои маъмулан шианишин ба маротиб пойинтар аст.

Ин ҳамла дар замоне сурат гирифта, ки ҳудуди 14 моҳ қабл, замоне ки эътирозҳои мухолифони Ҷумҳурии исломӣ зери унвони “зан, зиндагӣ ва озодӣ” авҷ гирифта буд, нерӯҳои Ҷумҳурии исломӣ дар рӯзи ҷумъа ба намозгузорон ҳамла карда, ҳудуди 400 нафарро кушта ва захмӣ карда буданд, ки он ба “ҷумъаи хунин” машҳур аст.

Ба гуфтаи коршиносон, аз он ҷумъаи хунин ба баъд эътимод ва боварии мардуми ин устон, ки ба Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон раъй дода буданд, нисбат ба ин ҳукумат хел кам шуд. Инчунин муносибат байни мардуми ин утсон ва бахусус сунниҳо бо ҳукумат камрангтар гардида, душмантарошӣ аз якдигар авҷ гирифт.

Маҷористон кумаки 50 миллиард евроии ИТ ба Украинаро масдуд кард

0

Президенти Маҷористон, ки мухолифи пайваст шудани Украина ба Иттиҳоди Аврупо аст, кумаки 50 миллиард евроии ин созмон ба Украинаро масдуд кард.

Бино ба иттилои ББС, 14-уми декабри соли 2023 замоне ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар барои оғози раванди гуфтугӯҳои узвияти Украина ва Малдовияро ба миён гузоштанд, ҳангоми овоздиҳӣ Президенти Маҷористон бар асоси тавофуқе аз пеш ҳосилшуда толорро тарк кард.

Президенти Маҷористон баъд аз раъйгирии раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар бораи оғози раванди гуфтугӯҳо дар бораи узвияти Украина ва Молдава дар як навори видеоӣ эълом кард, “узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо як тасмим бад аст. Маҷористон намехоҳад дар ин тасмими бад ширкат кунад ва ба ҳамин далел имрӯз аз ин тасмим фосила гирифт.”

Виктор Орбан, Президенти Маҷористон, ки дар идома дар саҳфаи фейсбукии худ навишт, ки “натиҷаи шабкорӣ, ветои кумаки иловагии 50 миллиардии Иттиҳоди Аврупо ба Украина аст.”

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо раванди оғози гутугӯҳо барои узвияти Украина ва Молаваро соли 2024 оғоз мекунад. Ба хотири узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо шудан, чанд сол вақт мегирад. Кишварҳои довталаб бояд як қатор ислоҳотро дар низоми кишвардорӣ ва иқтисодиёт ба вуҷуд биоранд, то решаҳои фасод хушконда шавад.

Путин: Русия ба басиҷи дувум ниёз надорад

0

Владимир Путин гуфт, Русия барои идомаи ҷанг дар Украина ба ҷалби дигарбораи сарбозон ба артиш ё басиҷи дувум зарурат надорад.

Бино ба иттилои расонаҳо, 14-уми декабри соли 2023 Президенти Русия Владимир Путин дар сунханронии солонаи худ гуфт, дар ҳоли ҳозир Русия барои идомаи ҷанг дар Украина ба басиҷи дувум зарурат надорад.

Ба қавли Владимир Путин, “Кремл дар бораи мавҷи дувуми сафарбаркунӣ ё басиҷи нерӯҳоро дар назар надорад, чун ба он зарурате вуҷудо надорад, зеро то охири сол шумораи кофии ихтиёриён ҷалб карда мешаванд.”

Вай хотирнишон кард, ки дар давраи басиҷи аввал ҳудуди 300 ҳазор нерӯ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҷалб шуда буд ва теъдоди ихтиёриён барои сафарбаркунӣ ба ин ҷанг хеле зиёд аст.

Пеш аз ин Ҷо Байдан, Президенти Амрико гуфта буд, ки эҳтимол меравад, Русия дар ҷанги Украина ҳудуди 320 ҳазор нерӯҳои худро талаф додааст. Ин рақам ба андозаи теъдоди сарбозон дар ҷанги ҷаҳонии дувум тахмин зада мешавад.

Президенти Русия дар бораи ҷанги Исроил бо Фалстин низ ишора карда, гуфт, дар муқоиса бо тахриби манозил ва вайрониҳое, ки нерӯҳои исроилӣ дар Ғазза анҷом доданд, вайрониҳо дар Украина ҳеч аст.

Гуфта мешавад, Русия ҳамлаҳои худ ба Украинаро аз 24-уми феврали соли 2022 оғоз карда буд ва Маскав дар давоми ин ҷанг барои эъзоми нерӯҳои худ дасти кам ду маротиба басиҷи умумӣ эълон кардааст, ки бахше аз онҳоро муҳоҷирон ва зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, аз он ҷумла зодагони Тоҷикистон низ ташкил медиҳанд.

Президенти Русия муътақид аст, ки ин ҷанг то замони даст ёфтани Кремлин ба ҳадафҳои асосии худ, ки яке халъи силоҳ ва дигаре ба қавли Путин, нобуд кардани “нозиҳои украинӣ” аст, идома хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд, сулҳ дар Украина пас аз пирӯзии Русия ҳосил хоҳад шуд.

Чиниҳо ба Тоҷикистон 5G меоранд. Суръати интернет боло меравад?

0

Мутахассисони Чин дар Тоҷикистон 7600 истгоҳи базавиро бо стандартҳои GSM/UMS/LTE/ 5G насб хоҳанд кард.

Бино ба иттиллои расонаҳо, 12-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” баргузор гардида, зимни он Бек Сабур ва Ма Тиан “Меморандум” ба имзо расондаанд.

Дар иттилои Хадамоти алоқаи кишвар гуфта мешавад, ки ин ҳуҷҷат “ҳамкориҳои фаррохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳои ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад”.

Инчунин Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, операторон дар оянда ба таҷҳизоти навтарин дастрасии фаврӣ пайдо хоҳанд кард.  

Дар ин санад ҳамчунин ҳамкорӣ ва ҷалби ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарт GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷуҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ Бек Сабур бо Сергей Емелченков, директори генералии ҶДММ “Цифра” ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расондааст.

Ин санад робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим мекунад.

Инчунин тибқи ин санад ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷ, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст

Гуфта мешавад, ин мулоқотҳои Бек Сабур бо раҳбарони дигар ширкатҳо барои амалӣ кардани нақшаи Хадамоти алоқаи кишвар дар барои “навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024-2028  мебошад”.

Пештар аз ин низ, раҳбари Хадамоти алоқа бо зердастонаш ва намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар мулоқот карда, аз онҳо хоста буд, дар зудтарин фурсат мушкилоти суръати интернетро пайдо намуда, ба ӯ гузориш диҳанд ва онро бартараф кунанд.

Бег Сабур дар ҳоле зоҳиран даст ба кор шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, Бег Сабури 61-сола қудои президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур, ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва ин боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Гуфта мешавад, Бег Сабур ба ғайр аз раҳбарияш дар яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, боз ҳамроҳи оилааш чандин тиҷоратҳоро, ба мисли сохтани хонаҳо дар даст дорад ва ба гуфтаи бархе шоҳидон, замоне ҳам дар бинои Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳо машғул буд, ки ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барпо карда буд.