Хона блог саҳифа 255

Дархости Толибон аз ҳамсояҳои Афғонистон

0

Мақомоти Толибон бо нашри як эъломия аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хостаанд, ки афғонистониҳоро ба иҷбор ихроҷ накунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми октябри соли ҷорӣ Толибон бо нашри як эъломия аз кишвраҳои мизбони муҳоҷирони Афғонистон, ки тайи 45 соли охир садҳо ҳазор афғонистониро пазироӣ кардаанд, сипосгузорӣ карда, хоҳиш кардаанд, ки онҳоро “ба иҷбор ихроҷ накунанд, балки ба онон вақт бидиҳанд”, то барои бозгашт ба ватан омода шаванд.

Инчунин дар ин эъломияи Толибон зикр шудааст, ки “дар кишварҳое, ки афғонҳо дар онҳо сукунат доранд, онон ба амнияти он кишварҳо мушкилоте иҷод накардаанд ва на дар бесубот кардани ҷое даст даранд.”

Ин дархости Толибон дар ҳоле садо медиҳад, ки Покистон тасмим гирифтааст ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор афғонистониро, ки ба гуфтаи вазири корҳои дохилии он кишвар, “бидуни мадраки қонунӣ ҳастананд” то 2-уми ноябри соли ҷорӣ муҳлат додааст, то хоки ин кишварро тарк кунанд.

Аммо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид теъдоди афғонистониҳои бидуни мадракро, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар Покиситон зиндагӣ мекунанд, зиёда аз 2 миллион нафар медонад. Ҳудуди 600 ҳазор нафар аз инҳо низ баъди дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ба Покистон муҳоҷир шудаанд.

Мақомоти Толибон ҳам бо назардошти бозгашти даҳҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони худ аз Покистону Эрон ва Тукрия аз тоҷирону сармоягузорон ва пулдорҳои афғонҳои хориҷ талаби кумак карда, гуфтаанд, ки барои таъмини сарпаноҳ ва шароити хуби зиндагӣ ба ин бозгашткунандаҳо кумак кунанд.

Гуфта мешавад, баъд аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон нисбатан амният ба ин кишвар бозгашта, бархе кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон, ба мисли Туркия, Эрон, Арбистони Саудӣ ва Покистон ҳам раванди ихроҷи афғонистониҳоро шиддат бахшидаанд. Тоҷикистон дар ду соли ахир даҳҳо хонаводаи муҳоҷири Афғонистонро ихроҷ кардааст.

12 сол зиндони як зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳи низомии Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди таркондани бинои Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Расонаҳои русӣ аз ин зодаи Тоҷикистон Мероб Ҳаитов ном бурда, ӯ ва 6 нафари дигарро ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва қасди таркондани бинои ФСБ дар Лубянкаи Москва гумонбар медонанд.

Як намояндаи Додгоҳи Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятии Ҳаитов Мероб Қиёмидинович дар мурофиаи бози додгоҳӣ баррасӣ гардида, ӯ ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст ва нисбати 6 нафари дигар судшаванда нишондод додааст.

Додгоҳ бо назардошти маҷмуи ҷиноятҳои содиршуда ва ҳамкории ин зодаи Тоҷикистон бо тафтишот, ӯро ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, ки 3 соли онро бояд дар зиндон ва 9 соли дигарро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид сипарӣ кунад.

Инчунин додрас ҳамчун ҷазои иловагӣ ба Ҳаитов 500 ҳазор рубл ҷарима таъйин кардааст. Маҳз дар ҳамин қисмат вакили маҳкумшуда аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст.

Гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳии шаш гумонбари дигар рӯзи 23 октябр шуруъ шуд ва баррасии парвандаи онҳо ба охир нарасидааст. Дар курсии айбдорӣ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25 сол доранд ва ҳамчунин як зодаи ҷумҳурии Доғистон нишастаанд. Ба ин нафарон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнуи ДОИШ-ро ташкил карда, ба ҳамдигар байъат кардаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

Назари худи гумонбарон дастраси расонаҳо нест, аммо ба иддаои тафтишот, онҳо дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун пайкбар (курйер) кор мекарданд ва гӯё яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Вакилони дифоъ ин парвандаро сиёсишуда номида, гуфтаанд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тафтишот 5 тан аз айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра ё қисман эътироф карда, танҳо якеаш гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Афзоиши қатъи робита бо Исроил

0

Ҳамлаҳои бераҳмонаи мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза ва соҳили Ғарбӣ бархе кишварҳо ва муассисаҳои молиро водор бо қатъи робита бо ин кишвар кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 31-уми октябри соли 2023 дасти кам се кишвари Амрикои Лотин, Боливия, Чилӣ ва Колумбия робитаҳои худ бо Исроилро қатъ ва ё маҳдуд карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Боливия эълон кард, ки қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Исроил ба хотири “ҳамлаҳои низомии хушунатомез ва номутаносиби Исроил ба Ғазза аст.”

Кишварҳои Чилӣ ва Колубия ҳам далели фарохондани сафирони худ аз Исроилро эътироз ба ҳамлаҳои хушунатомез ва поймол кардани қонунҳои байналмилалии инсонӣ аз ҷониби Телавив дар Ғазза унвон кардаанд.

Пеш аз ин Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон дар ҷамъи ҳаводоронаш ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро бо шадидтарин алфоз маҳкум карда гуфт, ки талош мекунад Исроилро дар ҷаҳон ҳамчун режими ҷинояткори ҷангӣ муаррифӣ кунад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои ахири Исроил ба Ғазза 26 рӯз мегузарад. Созмони Афви Байналмилал, Сомзони Милали Муттаҳид, Созмони табибони бидуни марз, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ғайра борҳо аз Исроил хостаанд, ки ҳамалоти худ алайҳи занону кӯдакон дар Ғаззаро қатъ кунад, аммо ҷониби Исроил мегӯяд, ки таваққуфи ҷанг ба маънои фурсати иловагӣ додан ба нерӯҳои фаластинӣ аст.

Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Кореа

0

Мақомоти олии Тоҷикистону Кореи Ҷанубӣ дар бораи тавсеи муносибатҳои дипломатӣ, иҷтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории худ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми октябри соли 2023 вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореаи Ҷанубӣ дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин дидор, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтони Кореагии худ Пак Ҷин дар бораи “густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ” байни ду кишвар суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикисон ва Кореа дар ин мулоқоти худ масоили марбут ба “равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва тақвияти мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро” низ мавриди баҳсу баррасиҳои қарор додаанд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореаи Ҷанубӣ дар ҳошияи нишасти ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореа дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон доир гардидааст.

Боздошти беш аз даҳ тоҷикистонӣ дар Маскав

0
Акс аз бойгонӣ

Субҳи имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз даҳ тоҷикистониро дар хобгоҳе дар шаҳри Маскав боздошт карда бо худ бурданд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv, субҳи 1-уми октябри соли 2023 тақрибан соати 06:00 17 мақомоти пулис дар шаҳри Маскав 17 муҳоҷири Осиёи Марказиро боздошт карда бо худ бурданд.

Ба қавли манбаъ, дар байни ин муҳоҷирони корие, ки субҳи имрӯз боздошт гардиданд, 11 нафари онҳоро зодагони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳангоми боздошти ин муҳоҷирони корӣ мақомоти пулис нагуфтаанд, ки бо чӣ иттиҳоме онҳоро боздошт кардаанд.

Ҳамаи ин 17 нафаре, ки боздошт шудаанд, дар як ширкати хусусии ҳасиббарорӣ кор ва дар хобгоҳе воқеъ дар кӯчаи Ивантеевскаяи Маскав зиндагӣ мекарданд. Яке аз боздоштшудаҳо дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, ки пулис дар ҳоли ҳозир танҳо ба онҳо мегӯяд, ки ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунад.

Гуфта мешавад, аксари ин боздоштшудаҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар замоне ки ин хабар таҳия мешуд, иттилоъ дарёфт шуд, ки мақомоти пулис баъд аз қариб 8 соати боздошт 9 нафари онҳоро аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар наздикии метрои булвари Рокоссовскӣ раҳо кардааст.

Узбекистон 1,5 миллион доллар кумак ба Ғазза ҷудо мекунад

0

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш гуфт, ки барои кумак ба аҳолии зарардидаи фаластиниҳо дар Навори Ғазза 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон, Президенти Узбекистон афзуда, ки пулҳои ҷудошуда ба Ожонси Созмони Милал дар умури Ховари Миёна дода мешавад ва онҳо ин кумакро ба марудми Ғазза хоҳанд расонд.

Мирзиёев дар ин ҷаласа ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониёни фаластинӣ баён карда, дар идома таъкид намудааст, ки Узбекистон аз ҳуқуқи фаластиниён дар барои бунёди давлати мустақил пуштибонӣ мекунад.

“Мо бо мардуми Фаластин ҳамбастагии қавии худро изҳор менамоем ва аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи Қатъномаҳои қаблан қабулшудаи Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ мекунем”, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи ҳукумат ва раисҷумҳур, ба ҷуз Узбекистон то ҳол кишвари дигаре, аз ҷумла Тоҷикистон чунин тасмиме гирифта нашудааст. Вале чанд рӯзе пеш намояндагони парлумони Қирғизистон гуфта буданд, ки маоши якрӯзаашонро ҳамчун кумак ба аҳолии Ғазза мефиристанд. Аммо дар сатҳи ҳукумати ин кишвар чунин қароре қабул нашудааст.

Тибқи оморҳои расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Фаластин аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то дирӯз 8485 нафар дар Навори Ғазза ва 125 нафар дар Каронаи Бохтарӣ кушта шуда, омори захмиён аз 23 ҳазор гузаштааст. Гуфта мешавад, дар байни кушташудаҳои Навори Ғазза 73 дарсадашро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Собиқ корхонаи Зайд Саид дубора фаъол шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш баъд аз 10 соли ҳабси Зайд Саид, соҳибкори шинохта яке аз корхонаҳои ӯро дубора дар шаҳри Душанбе фаъол кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 31-уми октябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ карданд.

Ба қавли манбаъ, пас аз навсозӣ айни замон дар ин корхона фаъолияти 3 хатти нави технологии ҳозиразамон ба роҳ монда шуда, ки “дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад.”

Ин корхонаи бузурги саноатӣ, ки дар замони раҳбарии Зайд Саид зиёда аз як ҳазор коргар дошт ва дар се баст фаъолият карда, барои бархе бозорҳои аврупоӣ шими “ҷинс” ва куртаи “пахтагӣ” истеҳсол мекард, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 470 коргар дорад ва танҳо дар як баст фаъолият карда, “бори аввал истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.”

Тоҷир ва сармоягузори укроинӣ Дмитрий Фирташ дар соли 2003 ҳамроҳ бо наздикони Зайд Саид корхонаи дузандагии “Гулистон”-и шаҳри Душанберо аз давлати харида, хусусӣ карда буданд. Ин корхона то соли 2013 фаолият мекард. Майи соли 2013 баъд аз боздошти Зайд Саид ба тадриҷ қариб ҳама моликиятҳои ӯ, аз он ҷумла ҶСК “Гулистон” ҳам дар соли 2014 ба нафъи давлат мусодира шуданд.

Зайд Саид, тоҷири шинохтаи тоҷик ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли 2013 пас аз бозгашт аз Фаронса дар Фурӯдгоҳи байналамилалии Душанбе аз сӯи кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт ва баъдтар бо иттиҳомоти гуногун ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

Нақшаи даъвати сарбозон ба артиш дар як моҳ аз 70% гузашт

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр хабар дод, ки дар давоми як моҳ беш аз 20 шаҳру навоҳии кишвар нақшар даъвати сарбозон ба артишро 100 дарсад иҷро карданд.

Ин ниҳоди кишвар мегӯяд, дар нахустин рӯзи даъват, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Ҳамзамон дар хабар гуфта мешавад, ки дар давоми моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара, Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш додаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати сарбозон ба артиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввал 100% иҷро шуд, аммо дар муддати ин як моҳ ноҳияҳои тобеи марказ нақшаро 80%, вилояти Хатлон 79%, шаҳри Душанбе 72%, вилояти Суғд 65% иҷро кардаанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмуъ нақшаи тирамоҳии даъвати сарбозон дар саросари кишвра 75% иҷро шудааст. Мақомоти кишвар иддао дорад, ки ба ин зудӣ қариб ба поён расидани нақшаи даъвати сарбозон баёнгари “ҳамкории зич”-и мақомоти шаҳру ноҳияҳо бо мардум ва хусусан бо ҷавонон аст.

Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву бозорҳо ҷавонони ба синни даъватро “облава” намуда, зӯран ба артиш мебаранд. Ин бархӯрди хашини кормандони ҳарбӣ солҳост мавриди баҳсҳои тунд дар ҷомеа қарор мегирад. Вале то ҳол мақомоти болоии кишвар барои беҳбуди ин рафтори ноҷо иқдоме накардаанд.

Қадрдонии Толибон аз Тоҷикистон

0

Раҳбарияти Толибон барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми зарардида аз заминларзаҳои шадиди Ҳирот аз Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон эълон кардааст, ки нахустин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба зарардидаҳои заминларзаҳои ахир дар Ҳирот расонида шудааст.

Ба гуфтаи мувоини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, ин кумакҳои башардӯстона дар ҳузури намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва дигар мақомоти расмӣ ба осебдидаҳои Ҳирот расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7-8-уми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаҳои пайдарпайи шадиде қисмати шимолу ғарбии Афғонистонро такон дода буданд ва дар натиҷаи ин заминларзаҳо, бар асоси оморҳои расмӣ, ҳудуди 5 ҳазор нафар, вале тибқи оморҳои ғайрирасмӣ наздик ба 12 ҳазор нафар кушта ва захмӣ гардида буд. Инчунин ҳазорҳо нафари дигар зарар дида буданд.

18-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон барои зарардиҳои Афғонистон дар ин заминларзаҳо эълон карда буд, ки ҳудуди 3 ҳазору 300 тонна кумакҳои башардӯстонае иборат аз 200 тонна орд, 50 тонна шакар, 20 ҳазор литр равғани наботӣ, 20 тонна ҷав, 20 тонна нахуд, 20 тонна биринҷ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дар 130 мошини боркаш фиристодааст.

Ирсоли ин кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон бо истиқболи гармӣ Толибон, ки раҳбарияти феълии Афғонистон дониста мешаванд, рӯбарӯ шуд. Мақомоти Толибон дар Афғонистон барои ирсоли ин кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳаркати Толибони Афғонистонро як созмони террористӣ медонад ва ҳаргуна фаъолияти онро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардааст. Мақомоти кишвар дар тӯли беш аз ду даҳсолаи ахир бо иттиҳомӣ пайравӣ ва ҳамдастӣ бо Толибон садҳо нафар аз тоҷикистониҳоро боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд.

Месси барои ҳаштумбор барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуд

0

Дирӯз, 30-уми октябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ” ба беҳтарин футболбози сол баргузор гардид.

Бори дигар барандаи ин ҷоизаи бонуфуз, ҳамлагари 36-солаи Аргентина аз дастаи “Интер Майами”-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Лионел Месси шуд. Ҳамин тариқ, бори ҳаштум аст, ки Месси  “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст меорад.

Гуфта мешавад, ин ҷоиза ба Месси бештар барои он ки бо ҳайати мунтахаби Аргентина Ҷоми ҷаҳонии футболро дар Қатар ба даст овард ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот шинохта шуд, дода шудааст.

Узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд ҷойи дувум, Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ) ҷойи севвум ва Кевин де Брюйне (Белгия, “Манчестер Сити”) ҷойи чоруми бозигари беҳтарини ҷаҳони “France Football”-ро ба даст оварданд.

Бояд гуфт, Криштиану Роналду дар 20 соли ахир бори аввал аст, ки ба рӯйхати 30 футболбози беҳтарини ҷоми ҷаҳон дохил нашуд.

Ҳамчунин дар ин маросим беҳтарин бозигари ҷавон ва соҳиби ҷоизаи “Копа Трофи” нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем дониста шуд. Аз ҳамлагарон бошад, ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд беҳтарин ҳамлагари сол дониста шуд ва соҳиби ҷойизаи “Мюллер Трофи” гашт.

Дар байни занон бозингари беҳтарини сол ва барандаи “Тӯби тиллоӣ” Айтана Бонмати испанӣ, ки дар тими “Барселона” бозӣ мекунад ва дар тими Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гашта буд, дониста шуд. Ҷоизаи “Лев Яшин” ки барои беҳтарин дарвозабони сол дода мешавад, насиби Эмилиано Мартинес, дарвозабони Аргентина ва “Астон Вилла” гардид.

Инчунин беҳтарин бошгоҳи мардона “Манчестер Сити” ва беҳтарин бошгоҳи занона “Барселона” дониста шуданд. Ҳарду бошгоҳ Лигаи қаҳрамонҳои 2022/2023-ро ба даст овардаанд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 1956 таъсис ёфта, онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии “France Football” месупорад. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус ин маросим лағв шуда буд.

Ғолиби ин ҷоиза аз соли 1956 то 2006 тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.

“Тӯби тиллоӣ” аз соли 2010 якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 “France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис додааст.

Баъд аз Лионел Месси ин ҷоизаро бештар ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду соҳиб шудааст. Ӯ 5 маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гаштааст.