Хона блог саҳифа 259

Касе ба ҷанг намеравад аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешавад?

0

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кардааст, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина “муҳоҷирон” аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.

Бастрикин ин пешниҳодро дар як нишасти низомие матраҳ карда, бо ишора ба ҷанги Русияву Украина гуфтааст, ки “ҳоло амалиёти махсуси низомӣ идома дорад ва муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаи русӣ ҳастанд, бояд ба он ҷалб гарданд“.

Инчунин, ӯ таъкид кардааст, ки ҳар нафаре ҳамчун шаҳрванди Русия омода нест, ки қарзи низомии худро адо намояд, бояд дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии чунин одам тасмим гирифта шавад.

Навори суханронии Александр Бастрикин рӯзи 19-уми октябр дар саҳифаи расмии ин ниҳод нашр гардид.

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия миёни муҳоҷирон ҳамчун як нафари зидди муҳоҷир бо иддаҳои оне, ки ҷиноят миёни муҳоҷирони корӣ хело зиёд аст, шинохта шудааст.

Пешниҳоди ӯ дар бораи бекор кардани шаҳрвандии хориҷиён дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳҳои пеш хабари додани даъватномаи ҳарбӣ ба муҳорон дар шаҳру ноҳияҳои Русия расонаӣ шуда буд.

Аввалин бозигари тоҷик дар Лигаи футболи Лаҳистон

0

Муҳаммадамини Исломҷон, муҳоҷири тоҷик дар Бошгоҳи футболи “Zły”-и Варшаваи Лаҳистон расман сабти ном шуд ва ҳаққи иштрок дар бозиҳои Лигаи футболи Лаҳистонро пайдо кард.

Муҳаммадамин 17-cол дорад ва ҳафт сол пеш ҳамроҳи пайвандонаш аз Тоҷикистон ба Лаҳистон муҳоҷир шудааст.

Ин навҷавони тоҷик чанд сол дар бошгоҳҳои “Znicz Pruszków” ва “Agrykol”-и Лаҳистон тамрин кардааст, аммо ба хотири мушкилоти камбуди аснод натавонистааст дар бозиҳои расмӣ иштирок кунад.

Чун тибқи қонунҳои “FIFA”, “UEFA” ва “Ассотсиатсияи футболи Лаҳистон” барои сабти футболбози хориҷӣ, иҷозаи расмии Федератсияи футболи кишвари ин бозигар лозим аст. Аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба номаҳои расмии Муҳаммадамин посух надодааст.

Муҳаммадамини Исломҷон моҳи августи соли ҷорӣ барои идомаи тамрин ба Бошгоҳи футболи “Zły”-и Варшава меравад. Ин бошгоҳ бо кумаки созмонҳо тавонист ӯро сабти ном кунад ва Муҳаммадамин бо рақами 22 дар ин тим бозӣ хоҳад кард.

Муҳаммадамин соли 2016 ба Лаҳистон муҳоҷир шудааст. Ба гуфтаи волидонаш, ӯ аз хурдӣ дар дилаш нисбати бозии футбол шавқи беандоза дошт. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд билохира тавонист дар Лигаи футболи Лаҳистон ҳамчун аввалин ҷавони тоҷик худро сабти ном кунад.

Кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мизбони нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе буд.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми октябри соли 2023 “нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайъати Ҷумҳурии исломиро мувоини вазири корҳои хориҷи Эрон Алӣ Боқиро раҳбарӣ мекарданд.

Ҳафтаи гузашта Алӣ Боқӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳридин дар Боку ва имрӯз ҳам дар Душанбе мулоқот карда буданд.

Аммо ҳадаф аз таъсис ва баргузории нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Эрон ва Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии кишвар тавсеаи ҳамкорҳо ва густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва тандурустиву саёҳӣ ва ғайра гуфтааст.

Гуфта мешавад, таъсиси Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон ва баргузории он дар Тоҷикистон ба замоне рост меояд, ки се рӯз пеш аз ин вазири дифоъ ва пуштибонии Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон дар шаҳри Душанбе бо вазири мудофаи кишвар ва президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот карда буд.

Дар нишасти вазирони дифои Тоҷикистон ва Эрон гуфта мешуд, ки ҳамкориҳои низомии ду кишвар ҳеч гоҳ ба зарари кишвари сеюм анҷом нахоҳанд шуд.

Боздошти Шаҳбози Шарифбек дар Ваҳдат

0

Ҷавоне, ки дар шаҳри Ваҳдат навори шикояти латукӯби модарандар ва бибияш тавассути кормандони мақомотро нашр карда буд, боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 18-уми октябри соли 2023 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек, муаллифи навори шикоятии “Симиганҷ”-ро боздошт ва ба муддати 10 рӯз ба ҳабс гирифтаанд.

Шаҳбози Шарифбек, як сокини ҷамоати деҳоти Симигани шаҳри Ваҳдат 14-уми октбяри соли 2023 навореро нашр карда, гуфта буд, ки кормандони давлатӣ бародараш Содиқҷони Шарифбекро бидуни ирсоли даъватнома барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ, рафта аз хонаашон боздошт карда бурданд.

Дар он навор гуфта мешуд, ки вақте кормандони давлатӣ, аз ҷумла нозири минтақавӣ, раисони ҷамоат ва маҳалла бо ҳузури дигарон савори 3-4 мошин ба хонаи онҳо рафта, Содиқҷони Шарифбекро боздошт карданд, модарандараш Шодигул Ғафурова ва бибии Шаҳбози Шарифбек Сафаргул Ғафуроваи 82-соларо ҳам мавриди латтукӯб қарор додаанд.

Дар он навор дида мешавад, ки Шодигул Ғафурова ва модараш Сафаргул Ғафурова иддао мекунанд, кормандони давлатӣ ҳуқуқи бо чунин равиш ҷалб кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон надоранд, вале нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоат ба онҳо таҳдид карда мегӯянд, ки “вақте дар ягон даъво кунед, мо шуморо мекӯшем!”

Ин таҳдиди мақомоти Ваҳдат алайҳи бону Шодигул Ғафурова ва модари пиронсолаш Сафаргул Ғафурова мавҷе аз вокунишҳои тоҷикистониҳоиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба ин вокуниши мардум тоб наоварда, бидуни он ки қазияи боздошти Содиқҷони Шарифбек ва латтукӯби кампири 82-сола ва духтарашро шарҳ диҳанд, рафта Шаҳбози Шарифбекро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, бону Шодигул Ғафурова, ки баъд аз фавти шавҳараш чанд сол боз инҷониб дар хонаи модараш – Сафаргул Ғафурова зиндагӣ мекунад, сарпарасти ин бачаҳост. Вай ҳамроҳи модараш онҳоро калон карда ба воя расонда, баъди ба синни балоғат расидан, ҳоло ба қавле сардори хоҷагӣ ва нонбиори хона шуда буданд.

Сабти беш аз 16 ҳазор ҷиноят давоми 9 моҳ дар Тоҷикистон

0

Додситонии кулли Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16 ҳазору 572 ҷиноят дар тамоми кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Додситони кулли кишвар бо нашри гузорише аз фаъолияти 9-моҳаи соли ҷории ин ниҳод мегӯяд, омори имсола нишон медиҳад, ки сатҳи ҷиноткорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҳолат ё 4,3% коҳиш ёфтааст.

Хачунин дар гузориш гуфта мешавад, ки давоми ин 9 моҳ Додситонии кул дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо қонуншиканҳиои зиёдеро сабт кард, ки дар натиҷа “52 781 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 3361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 863,4 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз он 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.”

Ҳамзамон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар ин давраи ҳисоботӣ кормандони Додситонии кулли кишвар аз болои 9770 парвандаи ҷиноятӣ назорат бурда, таҳқиқ ва тафтиши 3312 парвандаи ҷиноятиро ба охир расонда, аз ин миқдор 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар дар нишастҳои матбуотии ду моҳи пеш аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар дода буданд.

Аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа бо пиёда кардани барномаҳои самараноки давлатӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ ва муҳайё сохтани омилҳои рушди тиҷорат ва ғайра аз ҷониби ҳукумат алоқаи зич дорад, ки мутаассифона, аз ҷониби мақомоти тоҷик чунин иқдомот хеле кам ба назар гирифта мешавад.

Шодӣ Шабдолов дар Хоруғ даргузашт

0

Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадори шинохта, собиқ раиси Ҳизби коммунист ва вакили пешини парлумони Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин сиёсатматдори шинохтаи кишвар чанде пеш дар беморхона бистариву ҷарроҳӣ шуда буд ва чанд моҳи охир аз беморие ранҷ мебурд.

Аз тобистони соли 2023, баъди ҷарроҳӣ Шодӣ Шабдолов дар зодгоҳаш шаҳри Хоруғ ба сар мебурд ва имрӯз, 19-уми октябр дар зодгоҳаш даргузашт.

Ба гуфтаи пайвандони собиқ раиси Ҳизби коммунист, маросими ҷаноза пагоҳ, 20-уми октябр дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад ва дар назар аст, ки ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд. 

Шодӣ Шабдолов қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуда буд.

Моҳи июли соли 2016 Шодӣ Шабдоловро дар ҷаласае, ки худаш “табаддулот” номида буд, аз раёсати ҳизб гирифта буданд.

Ин сиёсатмадори шинохта соли 2015 ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон эътироз карда, онро “фарс” номида буд.

Гуфта мешавад, Шодӣ Шабдолов аз сиёсатмадороне буд, ки дар масоили гунонун ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт.

СҲИ: Ҳамла ба Бемористони ал-Аҳлӣ кори Исроил буд

0

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо нашри як изҳорот ҳамла ба бемористони ал-Аҳлӣ дар Навори Ғаззаро шадидан маҳкум карда, Исроилро ба анҷоми ин кор муттаҳам карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба хотири баррасии вазъи Фаластин ва ҳамла ба Навори Ғазза баргузор шуд.

Гуфта мешавад, нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва ба хотири шаффоф баргузор шудани он ба сурати он-лайнӣ намоиш дода шуд. Дар ин нишаст бархе вазирони корҳои хориҷӣ, ба мислӣ Фаластин, Кувайт, Малайзия, Эрон, Покистон, Туркия ва чанде аз кишварҳои африқоӣ хеле тунд суҳбат карда, мавқеи кишварҳои худро дар ин қазия ошкор баён карда, хостори иқдомоти фаврӣ шуданд.

Созмони Ҳамориҳои Исломӣ ин нишастро бо нашри як изҳороти расмӣ иборат аз 20 банд ба анҷом расонид, ки муҳимтарин нуктаҳои он аз инҳо иборат аст:

  1. Исроил давлати истилогар аст. Тамоми кишварҳои аъзо талош кунанд бо ҳар василае, ки метавонанд пеши роҳи ҷиноятҳои зидди башарие, ки ин кишвар анҷом медиҳад, бигиранд.
  2. Сулҳу субот ва амнияту истиқрор замоне дар минтақа пойдор хоҳад шуд, ки ин режими истилогари исроилӣ ба зулму ситами худ алайҳи мардуми Фаластин поён диҳад, то ба ватанашон баргашта, худашон сарнавишти худро бар асоси қонунҳои ҷаҳонӣ рақам бизананд.
  3. Кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҳимояти худ аз Фаластинро дар ҳама соҳаҳо, аз он ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва молӣ эълон мекунанд, то тавонад пеши роҳи ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва наслкӯшии оммавии фаластиниҳоро тавассути режими истилогари Исроил бигирад.
  4. Ҳамлаи Исроил ба Бемористони ал-Аҳлӣ дар Ғаззаро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар гардид, шадидан маҳкум карда, масъулияти ин ҷинояти ҷангиро ба дӯши мақомоти Исроил вогузор мекунад.
  5. Кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба сурати қотеона даъватҳо ва тарҳҳо барои кӯчи иҷбории сокинони Ғаззаро рад карда, аз Сомзони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният талаб карданд, ки ҳар чӣ зудтар ба уҳдадоридоҳои худ амал карда, пеши роҳи наслкӯшиҳои оммавии фаластиниҳо ва ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғаззаро бигиранд… Гуфта мешавад, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид дувуми созмони бузурги ҷаҳонӣ аст, ки 57 кишвари узв дорад. Аксари кишварҳои узви ин созмонро кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ҳам узви ин созмон мебошад.

Ифтитоҳи 24 дидбонгоҳи нав дар марзҳо

0

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 19уми октябри соли 2023 дар дарозои марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя 24 адад дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ба истифода дода шуд.

Ба қавли манбаъ, дар расми ифтитоҳи ин дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар афроди расмӣ ҳузур доштанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон “тавасути таҷҳизоти видеоӣ – онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода” додааст.

Гуфта мешавад, 16-уми моҳи ҷорӣ бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон як дидбонгоҳи дигаре ҳам дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ба ифтихори 25 сарбози рус, ки соли 1993 дар “постгоҳи 12” ба ҳалокат расида буданд, мавриди истифода қарор гирифта буд.

Пеш аз он ҳам Эмомалӣ Рамҳон дар як суҳбати худ гуфт, ки то поёни соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳудуди 100 адад дидбонгоҳҳои нави сарҳадиро дар тӯли марзҳои кишвар сохта ба истифода хоҳад дод.

СФТ: Бомбе, ки ба бемористони ал-Аҳлӣ зада шуд, сохти амрикоӣ буд

0

Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон гуфтааст, бомбе, ки шоми дирӯз дар Ғазза партоб шуду дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ гашт, сохти Амрико буд.

Рӯзи 18-уми октябри соли 2023 сафорати Фаластин дар Тоҷикистон тавассути саҳфаи фейсбукияш ба нақл аз “The Wall Street Journal”-и амрикоӣ навишт, бамбе, ки шоми дирӯз ба бемористони ал-Аҳлӣ зада шуд, сохти Амрико буд.

Сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистон гуфтааст: “Рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal ифшо кард, бомбе, ки ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар маҳаллаи Зайтун дар навори Ғазза партофта шуд, “сохтҳои амрикоӣ” ва бахусус “Марк 84″ буда, дорои маводи хеле тарканда мебошад.”

Тибқи оморҳо ва гузоришҳои расмие, ки то ҳол дар бораи теъдоди қурбониёни ҳамла ба Бемористони ал-Аҳлии Навори Ғаззаи нашр шудааст, зиёда аз 500 нафар кушта ва ҳудуди 900 каси дигар захмӣ шудаанд.

Нерӯҳои фаластинӣ, кишварҳои ҳамсояи он ва хеле аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Исроил бор мекунанд, аммо мақомоти исроилӣ нерӯҳои муқовимати фаластиниро дар ин қазия муттаҳам мекунанд, ки мушаки худи онҳо ба беморхона бархӯрдааст.

Ифтитоҳи пойгоҳи низомии ҷадид дар марз бо Афғонистон

0

Сафири Русия дар Тоҷикистон постгоҳи ҷадидеро дар макони собиқ “постгоҳи 12”-и нерӯҳои Русия ифтитоҳ кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва дар макони собиқ “постгоҳи 12”-и нерӯҳои Русия дар марз бо Афғонистон постгоҳи ҷадидеро ифтитоҳ кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин постгоҳ ба ифтихори кушта шудани 25 марзбони русӣ дар соли 1993 тавассути террористҳое, ки аз самти Афғонистон ҳамла карда буданд, бо пули ҷудокардаи Русия таъсис ва номгузорӣ шудааст.

Дар замони ҷангҳои таҳмилии Тоҷикистон тайи солҳои 1992-1997 ҳукумати кишвар бо раҳбарии Эмомалӣ Рамҳон ва бо пуштибонии Русия ва Узбекистон Ҳукумати Муросои Миллиро барҳам дода, ҷанги хунинеро ба роҳ андохта буданд. Дар натиҷа садҳо ҳазор тоҷикистонӣ маҷбур шуда, Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа тарк намоянд.

Бо вуҷуди он, ки дар соли 1991 Тоҷикистон расман истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд, аммо ҳамоно ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсояро нерӯҳои Русия бар уҳда доштанд. Афсарони “Постгоҳи 12”, ки сафорати Русия онро афсонавӣ медонад, дар соли 1993 тавассути гурӯҳе аз размандагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) кушта шуда буданд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон собиқ размандогони Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ)-ро “террорист” хондааст. Иттиҳоме, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон мухолифинашро чунин мехонад.