Хона блог саҳифа 258

Фирдавси “электрошокер” боздошт шуд

0

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде, ки навраси ноболиғеро дар ноҳияи Синои пойтахт шиканҷа карда буд, хабар дод.

Рӯзи сешанбе, 5-уми декабри соли 2023 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде, ки навраси ноболиғеро бо “электрошокер” шиканҷа ва латтукӯб карда буд, хабар дод.

Ба қавли манбаъ, “аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин ҳодиса Қудратуллозода Фирдавс Қудратулло, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Биниҳисорак-75/2, дастгир гардид.”

Ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ҳангоми санҷиш муайян шуда, ки “писарбачаи ноболиғ Ҷалолов Асрор Қурбонович, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ буда, бинобар сабаби он, ки қаблан дар назди дӯстонаш чанд маротиба шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавсро дашномҳои қабеҳ додааст, номбурда ӯро дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад.”

Ҳамчунин дар идома гуфта мешавад, ки Фирдавс Қудратуллозода ноболиғ Асрор Ҷалоловро “барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи куҷо кор кардан ё собиқаи кор доштани Фирдавс Қудратуллозода ҳеч маълумоте иро накардаанд, аммо дар хабар таъкид шудааст, ки “вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.”

Гуфта мешавад, навори шиканҷа ва латтукӯби ин наврас мавҷи вокунишҳои тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, корбарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ талаб карда буданд, ки қазияро пайгирӣ ва омили ин ҷиноятро боздошт ва ӯро “ба ашадди муҷозот” гирифтор намоянд, то барои дигар ибрат шавад.

Бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи боздошти омили ин ҷиноят хабар дода, навраси ноболиғи ҷабрдидаро ба додани “дашномҳои қабеҳ” муттаҳам кардааст, то замони нашри ин матлаб, назари ҷониби ҷабрдида ва ё наздикону пайвандон ва адвокати вай дар расонаҳо нашр шудааст.

Аз сӯи дигар, бархе коршиносон бар ин боваранд, ки эҳтимол меравад мақомоти корҳои дохилӣ бо муттаҳам кардани ҷабрдида Асрор Ҷалолов, ки гӯиё “дашномҳои қабеҳ” дода бошад, қасди сабуктар кардани ҷазо барои Фирдвас Қудратуллозодаро дар сар доранд.

Дар авҷи ҷанг парвандаи фасоди молии Натанёҳу аз сар гирифта шуд

0
TOPSHOT - Israeli Prime Minister Benjamin Netanyahu gestures as he speaks during a meeting of the right-wing bloc at the Knesset (Israeli parliament) in Jerusalem on November 20, 2019. (Photo by GALI TIBBON / AFP) (Photo by GALI TIBBON/AFP via Getty Images)

Дар ҳоле, ки артиши Исроил ин шабу рӯзҳо Ғаззаро бомборон дорад ва ҷанг шиддат гирифтааст, додгоҳе дар Исроил парвандаи фасоди молии Бинёмин Натанёҳу, нахусвазири ин кишварро аз сар гиирфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, парвандаи фасоди молии Натанёҳу аз рӯзи душанбе дигарбора оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ин парванда ба далели ҳамлаи ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба минтақаи шаҳракнишинони Исроил ба таъхир гузошта шуда буд.

Бинёмин Натанёҳу, раҳбари ҳизби растгарои Ликуди Исроил ва нахуствазири ин кишвар ба ришвагирӣ ва хиёнат дар амонат муттаҳам аст, аммо худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад. Гуфта мешавад, Натанёҳу байни солҳои 2007 – 2016 пружаеро барои бархе сармоядорон дар ивази гирифтани пора пеш бурда, ки тавассути он сармоядорони исроилӣ ва шахсони наздик ба худаш соҳиби маблағҳои ҳангуфт шудаанд.

Аммо бархе аъзои ҳизбаш ин қарори додгоҳро интиқод намуда, гуфтаанд, ки ҳоло замони баррасии ин парванда нест ва Натанёҳу бояд машғули ҳаллу фасли ҷанг бо ҲАМОС бошад.

Ба гуфтаи коршиносон, зоҳиран байни шахси Натанёҳу ва аъзои ҳукуматаш танишҳои пасипардаии зиёде вуҷуд дорад, ки дар чанд рӯзи ахир кам кам ин даргириҳо аз худ дарак медиҳанд. Аз ҷумла, байни аъзои Ситоди ҷанги Исроил, ки худи Натанёҳу онро идора мекунад, ба гуфтаи расонаҳо, нофаҳмиҳои зиёде ба миён омадааст.

Гуфта мешавад, пас аз оне, ки додгоҳи Исроил алайҳи Натанёҳу парвандаи фасоди молӣ боз кард, ӯ мехост бо қабули қонуне салоҳияти додгоҳҳоро кам кунад ва идомаи тафтиши парвандаашро бигирад. Аммо дар натиҷа мардуми зиёде даст ба тазоҳуроти густарда заданд, ки моҳҳо тӯл кашид ва алайҳи ин қарори ҳукумати Натанёҳу эътироз карданд. Дар ниҳоят Натанёҳу маҷбур шуд аз ин қабули ин қарор даст бикашад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Исроил аз 7-уми октябри соли ҷорӣ, пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Исроил ҳуҷуми ҳавоӣ, дарёӣ ва заминиро ба Ғазза оғоз кард. Бомборонҳои шадиди артиши ин кишвар болои Ғазза то имрӯз ҳудуди 16 ҳазор кушта ва беш аз 40 ҳазор захмӣ баҷо гузошт.

Роналду ба Тоҷикистон наомад

0

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Қарор буд ин бозигари шинохтаи ҷаҳонӣ барои бозӣ бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр ба Душанбе биёяд, аммо ӯ ташриф наовард.

Гуфта мешавад, имрӯз футболбозони бошгоҳи “Ал-Наср”-ро ҳаводорони тоҷикистонияшон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.

Дар ҳайати “Ал-Наср” ситораҳои ҷаҳонии футбол, ба мисли Талиска, Садио Мане, Марсело Брозович ва дигарон бозӣ мекунанд, ки ҳама ба ҷуз Криштиано Роналду ба Тоҷикистон омаданд. 

Сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол” Рустам Ҳакимов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “ба иттилои маъмурияти бошгоҳи “Ал-Наср”, капитани даста ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки дар бозӣ муқобили “Персеполис”-и Эрон осеб дидааст ва феълан табобат мегирад, ба бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе наомад.”

Криштино Роналду дар ҳоле ба Душанбе ташриф наовард, ки мухлисони футбол дар Тоҷикистон аз ҳама бештар мунтазири ӯ буданд ва мақомоти тоҷик ҳам бо истифода аз номи ӯ аксар чиптаҳо барои бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср”-ро бо нархҳои гарон (аз 100 то 3000 сомонӣ) фурӯхтаанд. 

Гуфта мешавад, бозӣ миёни “Истиқлол” ва “Ал-Наср” фардо, 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Бояд қайд кард, ки ин бозӣ чизеро иваз намекунад, чун дар гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 13 имтиёз ба плей-офф роҳ ёфтааст, аммо “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шудааст.

Бозии якуми ин ду бошгоҳ дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 рӯзи 2-юми октябр дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор ва бо ҳисоби 3:1 ба нафъи “Ал-Наср” хотима ёфта буд.

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикистон қарз медиҳад

0

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи обии “Роғун” 100 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарз медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 4-уми декабри соли 2023 байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд Созишномаи қаризие ба маблағи 100 миллион долллари амрикоӣ ба имзо расид.

Тоҷикистон ин қарро барои харҷ кардан дар идомаи корҳои сохтмони тарҳи Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз фонди мазкур талаб кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳадафи асосии созишнома ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти НБО «Роғун» ҷиҳати таъмини нерӯи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли «нерӯи сабз» ва пешбурди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон мебошад.”

Фонди Саудии Рушд низ дар саҳфаи X-и худ дар шарҳи ин хабар гуфта, ки раҳбари ин фонд дар шаҳри Душанбе Созишномаи қаризиеро бо вазири молияи Тоҷикистон имзо кардааст, ки он “як ташаббуси муҳимест, ки амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва обро тақвият бахшида, рушди устуворро дар кишвар фароҳам меорад.”

Гуфта мешавад, Вазорати молияи Тоҷикистон арзиши умумии ин қарзро 100 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки “пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.”

Созишномаи қарзиро вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад дар бинои Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расониданд.

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

0
Коллаж аз сомонаи "Бомдод"

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 2-уми декбари соли 2023 дар ноҳияи Синои пойтахт, марди миёнасоле навраси ноболиғеро дар болои боми яке биноҳои баландошёна тавассути “электрошокер” мавриди шиканҷа ва озору азият қарор додааст.

Дар ин навор, ки ба сурати густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад, ки навраси ноболиғе мавриди шиканҷа қарор гирифта, гиряву зорӣ ва тавалло дорад, ки ӯро мавриди шиканҷа қарор надиҳанд, вале ба ин нигоҳ накарда, вайро азият мекунанд.

Расонаҳо аз ин марде, ки ноболиғро шиканҷа мекунад, “Фирдавс ном” мебаранд, ки лақаби вай “Давсик” будааст. Инчунин гуфта мешавад, ки он писари ноболиғ хонандаи синфи 9 буда, ӯро “ба яке аз қабатҳои болоии як бинои сохтмонаш ҳанӯз ниматамом, маъруф ба “биноҳои зард”, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бурда, дар тӯли тақрибан 2 соат бо электрошокер ва мушту лагат ӯро азобу уқубат ва шиканҷа додааст.”

Ин ҳолати риққатборе, ки на ҳар кас тавони то охир дидани он наворро дорад, мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, корбарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ талаб доранд, ки қазияро пайгирӣ ва омили ин ҷиноятро боздошт ва ӯро “ба ашадди муҷозот” гирифтор намоянд, то барои дигар ибрат шавад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 48 соат аз нашри ин ведео ҳамоно мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ дар ин бора ҳеч гуна иттилое нашр накардаанд. Инчунин бархе корбарон Фирдавс – марде, ки он нобилиғро шиканҷа мекунад, корманди яке аз мақомоти Тоҷикистон ном мебаранд.

Дар таҷрибаи беш аз даҳ соли ахир Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин амр маъмул аст, ки вақте яке аз кормандони ин ниҳодҳо даст ба ҷиноят, хушунат ва ё шиканҷаи сокинон задаву сабти навори онҳо расонаӣ шуда бошад, дар аксар маврид мақомот хомӯш ва қазияҳоро сари вақт шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

0

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми декабри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди Рушди Саудӣ дар Қасри миллат мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар робита ба “масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд” суҳбат карданд.

Инчунин дар ҷараёни ин мулоқот ҳар ду ҷониб ба тавсеаи ҳамкориҳо таъкид карда, гуфтанд, ки татбиқи тарҳҳое дар “соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об” аз бахшҳои муҳим дар оянда хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, дар чанд соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон ба баҳонаи таъмири нерӯгуҳҳои барқӣ-обӣ ва бахусус сохтмони Неругоҳи “Роғун” тавонистааст, ки сармояҳои зиёдеро ба кишвар ҷалб кунад, аммо бо сабаби зиёд будани фасод дар ҳукумати кишвар маълум кардани иттиллот аз дигар манбаъҳои озод дар бораи пулҳои харҷшуда дар ин тарҳҳо мушкил аст.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Тоҷикистон

0

Рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқот карданд.

“Ховар” дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо дар чорчӯби ҳайатҳои кории ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз мулоқот намуда, натиҷаи нишастро “мусбат” арзёбӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин мулоқоти навбатӣ “зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд.”

Маълум нест дақиқан, ҳайатҳои кории топографаии ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин наштсҳоро на ҳоло ва на аз рафти нишастҳои қаблии ин гурӯҳи корӣ ба расонаҳо шарҳ надодааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ба расонаҳо каму беш аз раванди музокирот ва тавофуқоти ҳосилшуда иттилоъ медиҳад. Аз ҷумла, мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд то поёни соли 2023 масоили баҳсии марзро бо Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард ва ба мувофиқаи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиа ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт.

Тоҷикистон иқтидори тавлид “энергия сабз”-ро ду баробар зиёд карданист

0

Тоҷикистон тасмим гирифта, ки иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро дар кишвар ду баробар афзоиш диҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфта, ки “Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол” мекунад.

Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон “аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.” Ва қасд дорад, ки “дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш” диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим суҳбат мекард, афзуд, “Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.”

Инчунин вайт илова кард, ки дар чанд соли ахир “шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи шаст фоизи обҳои минтақаи мо мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.”

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо гилоя аз он ки тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонанд, гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ин амрро нодида бигарад.

Инчунин вай иброз дошт, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки саҳми молии аввалияи худро ба “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо”, ки ба тозкӣ таъсис дода шудааст, гузорад.

Сӯхтор дар Бозори “Садовод”-и Маскав

0

Рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ, бозори машҳури “Садовод” дар шаҳри Маскави Русия оташ гирифтааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин оташ дар ҳоли ҳозир беш аз 600 метри квадратиро фаро гирифта, барои хомӯш кардани он 48 адад техника ва 170 сӯхторнишон ҷалб шудаанд.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон 350 нафарро аз ҷои ҳодиса берун баровардаанд, аммо ду нафари дигар аз дуди оташ масмум шудаанд.

Мақомот сабаби аслии сар задани сӯхторро муайян доранд, аммо гуфта мешавад, фурӯшандагон дар ин бозор аз лампа ва дигар асбобҳои электрикӣ доимо истифода мебурдаанд, ки метавонад расиши кӯтоҳи ноқили барқ боиси cӯхтор гашта бошад.

Бозори “Садовод” дар ҷанубу шарқи Маскав ҷойгир буда, масоҳаташ 40 гектарро ташкил медиҳад ва 9,5 ҳазор мағоза дорад.

Дар ин бозор муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, ин дувумин сӯхтор аст, ки дар ҳафтаи ҷорӣ дар бозорҳои бузурги Русия сар мезанад.

30-уми ноябри соли ҷорӣ, дар бозори Темерник, ки аксар муҳоҷирони корӣ онҷо савдо мекунанд, сӯхтори шадид сар зад. Сӯхтор беш аз 4 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт ва танҳо пас аз 9 соат кормандони сӯхторнишонӣ тавонистанд оташро хомӯш кунанд.

Омодагии Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо бо САҲА

0

Тоҷикистон аз омодагии худ барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми ноябри соли 2023 Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 30-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок ва суханронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ аз омодагии Тоҷикистон “ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон” хабар додааст.

Инчунин Содиқ Имомӣ гуфт, “се ченаки фаъолияти САҲА – сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ” дар авлавиятҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон арзёбӣ мешаванд ва дар амри “мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим” изҳори назар кард. Инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим суҳбат кард.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи нишаст бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) Маттео Мекаччи низ мулоқот карда, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ченаки инсонии ин созмон мавриди баррасӣ қарор додааст.