Хона блог саҳифа 260

Лағви сафари Байден ба Урдун ва мулоқот бо сарони кишварҳои арабӣ

0

Қарор буд имрӯз, 18-уми октябр раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден пас аз сафар ба Исроил барои мулоқот бо сарони бархе кишварҳои арабӣ вориди Урдун мешуд, аммо ин сафар ва мулоқот лағв шуд.

Сабаби лағви ин сафар ва мулоқоти муҳим бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ, расиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Уммон ҳуҷуми шаби гузаштаи Исроил ба беморхонаи ал-Аҳлии Маъмадонии Ғазза гуфта мешавад, ки он бештар аз 500 кушта ва садҳо маҷруҳ ба ҷо гузошт.

Аммо Байден ба Исроил сафар кард. Ӯ зимни вохӯрӣ бо сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу фарзияи ин кишварро дар мавриди он ки мушак кори дасти артиши Исроил набуда, балки он муашки хаторафтаи худи гурӯҳи ҷиҳодии ҲАМОС буд, тасдиқ кард. Ӯ дар ин бора гуфт: “Дар мавриди бомборони бемористон дар Ғазза хашмгин шудам, маълум аст, ки ин кори онҳо (ҲАМОС) аст, на кори шумо.

Раисҷумҳури Амрико дар ин мулоқот дар ҳузури расонаҳо бори дигар ҷонбидории қатъии худро аз Исроил ва мардуми он эълон намуда, таъкид кард, ки сафари ӯ ба Исроил “ба хотири он аст, ки мардум ва ҷаҳон бидонад, Амрико дар паҳлуи Исроил аст.”

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил аз 7-уми октябр ҳамлаи шадиди Исроил болои Ғазза шуруъ шудааст. То ин дам мувофиқи оморҳои расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, 3500 нафар дар Ғазза кушта шудаанд, ки 500 нафари онҳо занҳо ва 700 нафари дигарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин омори захмиён ба 13 ҳазору 500 нафар расидааст. Танҳо дар ҳамлаи шаби гузашта ба беморхонаи ал-Аҳлӣ, ки аксари кишварҳо онро кори Исроил медонанд, 500 нафар кушта шуд.

Аз ҷониби дигар, Исроил низ то кунун аз кушта шудани 1400 шаҳрванди худ ва асир афтодани 199 нафари дигар тавассути нерӯҳои ҲАМОС хабар додааст.

Мулоқоти Презеденти Тоҷикистон бо Вазири дифои Эрон

0

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 18-уми октябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ дар қасри Миллат мулоқот кард.

Сафари Вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз пеш аз ин эълон шуда буд. Дар рафти ин мулоқот “масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Аз сӯи дигар, ин мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Вазири дифои Эрон дар ҳоле сурат гирифта, ки Чин сарони 130 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро барои ширкат дар севумин Форуми байналмилалии тарҳи “Як камарбанд, як роҳ”-и худ даъват карда, ду рӯз боз ин нишасти ҷаҳонӣ дар Пекин идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки худро борҳо аз дӯстони наздики Си Ҷин Пин, раҳбари Чин эълон кардааст, иштирок накардани ӯ дар нишасти Пекин суолҳоеро дар байни коршиносон ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки чиро Президенти Тоҷикистон мулоқот бо Вазири дифои Эронро болотар аз иштирок дар нишасти Чин дониста, ба Пекин нарафтааст?

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли гузашта корхонаи тавлиди паҳподҳои Абобил 2-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ карда буд ва тибқи гуфтаҳои расонаҳои эронӣ, қарор аст имрӯз Вазири дифои Эрон аз ин корхона дидан кунад.

Гузоришҳои зиёде дар расонаҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки хеле аз корхонаҳое, ки бо дасти Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шудаанд, пас аз як рӯз ва ё як муддати кӯтоҳ фаъолияти онҳо аз кор мондааст. “Корхонаи тавлиди паҳподҳои Абобил 2”-и Эрон, ки як сол пеш дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, дар чӣ шароите қарор дорад, номаълум нест.

Мақомот модари Фарҳод Одинаевро ҳам аз барқ маҳрум карданд

0

Кормандони идораи барқи шаҳри Ҳисор барқи хонаи модари фаъоли тоҷик Фарҳод Одинаевро ҳам қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои Фарҳод Одинаев, чор рӯз пеш кормандони пулис ва идораи барқ ба хонаи модараш ба деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор рафта, сими барқро буридаанд ва чанд рӯз мешавад модараш аз барқ маҳрум аст.

Ин фаъоли тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин амалаи мақомотро маҳкум карда, гуфтааст, ки “мо вақте аз мушкилиҳо гап мезанем, мақомот ба ҷойи ҳалли мушкил, хешу табори моро боздошт карда мебаранд. Ҳоло боз шеваи дигарро дар пеш гирифтаанд ва пайвандони моро аз истифодаи барқ маҳрум мекунанд. Ин амали номатлубро маҳкум ва аз мақомот даъват мекунем, ки ба ин фишору таъқиб поён диҳанд”.

Гуфта мешавад, дар чанд рӯзи охир ин шикояти якуми наздикони мухолифон дар бораи буридани барқи хонаҳояшон нест, ки расонаӣ мешавад.

Пештар аз ин, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.

Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.“

Инчунин Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ҳам гуфта буд, мақомот сими барқи хонаашро буридаанд.

Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода, гуфтанд, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.

Ҳамзамон як намояндаи дигари мухолифин ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хонаводаи ӯро дар вилояти Хатлон аз истифодаи барқ маҳрум карданд.

То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.

Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.

Нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии СҲИ

0

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Арабистони Саудӣ барои баррасии вазъи Ғазза гирди ҳам ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми октябри соли 2023 вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо даъвати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда дар бораи ҳодисаҳои ахир дар Фалистин гуфтугӯ каданд.

Созмони Ҳамкори Исломӣ гуфтааст, ки ин нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷӣ дар мақарри асосии он дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид ва масъалаи асосии он баррасии қазияи Фаластин буд.

Ҳусейн Иброҳим Тоҳо, раҳбари Созамони Ҳамкориҳои Исломӣ гуфта, ки баргузории ин ҷаласаи изтирорӣ ба замоне рост меояд, мардуми Фаластин дар вазъи ногувор қарор доранд. Қазияи Фаластини дар сархати барномаҳои ин созмон аст ва кишварҳои узв аз он ҳимоят мекунанд.

Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон карда буд, ки ин кишвар барои баргузории нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ омода ҳастанд, вале ин нишасти имрӯза бо даъвати Арабистони Саудӣ дар Ҷидда баргузор гардид.

Гуфта мешавад, нишасти изтирории созмони мазкур дар замоне баргузор мегардад, ки шоми дирӯз бар асари як ҳамла ба бемористони ал-Аҳлӣ дар Ғаззаи Фаластин дасти кам беш аз 1000 нафар кушта ва захмӣ шуданд. Қисме зиёде аз қурбониёни ин ҳодисаро кӯдакон ва занон ташкил намуданд. Ин ҳодиса вокуниши қариб куллӣ кишварҳои исломӣ, аз он ҷумла Тоҷикистонро ҳам ба бор овард.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пас аз Сомзони Милали Муттаҳид дувумин созмони бузурги ҷаҳонӣ аст, ки 57 кишвари узв дорад. Аксари кишварҳои узви ин созмонро кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон ҳамла ба бемористони ал-Аҳлӣ дар Ғаззаро маҳкум кард

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамла ба беморхонаи ал-Аҳлии Маъмадонӣ дар Навори Ғаззаро шадидан маҳкум кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 18-уми октябри соли 2023 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, “ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум менамояд.”

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон таъкид кард: “Иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.”

Вазорати корҳои хориҷӣ дар идомаи изҳораташ ҳама гуна “амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват” кардааст.

Ҳамзамон Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ бо нашри як изҳорот гуфта, “ҳамлаи Исроил ба бемористони Алмаъмадони дар Ғаззаро, ки беш аз 1000 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт, маҳкум мекунад.” ҲНИТ мегӯяд, “ин ҳамла бо тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ мухолиф аст.”

Раёсати Олии ҲНИТ ҳамчунин таъкид карда, ки “ин ҳамла ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва ин ҷанг бояд ҳарчи зудтар мутаваққиф шавад.”

Гуфта мешавад, шоми рӯзи 17-уми октябри соли ҷорӣ бемористони ал-Аҳлии Маъмадонӣ дар Ғазза, ки як бемористони мансуб ба ҷараёни баптисҳои масеҳӣ аст, мавриди ҳамлаи мӯшакӣ қарор гирифт. Дар натиҷа ин ҳамла тибқи охирин оморҳои нашршуда, наздик ба 1 ҳазору 400 нафар кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт, ки аксари онҳоро кӯдакону занон ва пизишконе, ки дар ин бемористон кор мекарданд, ташкил медиҳад.

Ҳамла ба ин бемористон вокунишҳои тундеро дар кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ ба бор овардааст. Нерӯҳои Фаластинӣ ва кишварҳои ҳамсояи Фаластин масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Исроил бор карданд. Аммо мақомоти исроилӣ тайи камтар аз 20 соати ахир дасти кам чор маротиба дар бораи ин ҳодиса тағйири мавзеъ карда, ахиран нерӯҳои фаластиниро ба сар задани ин ҳодиса муттаҳам карданд.

500 қурбонӣ дар пайи ҳамлаи Исроил ба беморхонаи Маъмадонии Ғазза

0

Шоми 17-уми октябри соли ҷорӣ беморхонаи Маъмадонии Навори Ғазза, ки онҷо бо шумули беморон даҳҳо оила паноҳ бурда буд, аз ҷониби артиши Исроил мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, дар натиҷаи ин ҳамла 300 нафар ҷон бохта, беш аз 200 нафари дигар захмӣ шудаанд. То ҳол натавонистаанд омори кушташудаҳо ва захмиёнро дақиқ бишуморанд. Эҳтимол ин омор афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол оморҳои ғайрирасмӣ танҳо шумори кушташудаҳоро 1000 нафар мегӯянд.

Дар давоми 11 рӯзи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза омори кушташудаҳо аз марзи 3 ҳазор гузашта шумори захмиён ба беш аз 12 ҳазору 500 нафар расидааст.

Кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз камбуди шароити беҳдоштӣ дар беморхонаҳои Ғазза мегӯянд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар Ғазза ба сабаби ҳамлаҳои Исроил вазъи фоҷеаборе ҳукумфармост.

Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Созмони Милалаи Муттаҳид имрӯз ҳушдор дод, ки танҳо 24 соат то поёни маводи сӯхт ва дигар лавозими ҳаётӣ дар бемористонҳои Ғазза боқӣ мондааст ва бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фикри пешгирӣ аз як фоҷеаи бузурги инсонӣ бошанд.

Беш аз 1,1 млрд нафар дар ҳолати фақр қарор доранд

0

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) эълом кард, ки аз 6,1 миллиард сокинони 110 кишвари ҷаҳон беш аз 1,1 миллиард нафар бо фақр дасту панҷа нарм мекунанд.

Бо қарори СММ дар соли 1992, 17-уми октябр рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр эълон шудааст ва дар робита ба ин рӯз, Барномаи Рушди СММ гузоришеро барои солҳои 2020-2023 нашр кардааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои камдаромад байни солҳои 2020 ва 2023 афзоиш ёфта, боз 165 миллион нафари дигар бо камтар аз 3,65 доллар дар як рӯз зиндагӣ хоҳанд кард.

Барномаи Рушди СММ мегӯяд, ки аз ҳар шаш камбизоати ҷаҳон панҷ нафар дар Африқои ҷанубӣ ё Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ намуда, дар Африқои ҷанубӣ 47,8% аҳолӣ ва дар Осиёи Ҷанубӣ 34,9% дар ҳолати фақри шадид қарор доранд.

Ба иддаои коршиносони ин созмон, бо беш аз $14 миллиард мешавад афзоиши камбизоатии ҷаҳониро коҳиш дод ва миллионҳо нафареро, ки дар як рӯз бо камтар аз 3,65 доллар зиндагӣ мекунанд, аз фақр раҳо кард.

Бонки Рушди ин созмон мегӯяд, ин миқдор маблағ барои пардохти қарз ва маблағгузории хароҷоти иҷтимоӣ лозим аст.

Дар Фаластин беш аз 30 хабарнигор кушта ва захмӣ шуданд

0

Тибқи оморҳои расмӣ, тайи 11 рӯзи ҷанг дар Фаластин беш аз 30 нафар аз хабарнигорони маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои шабакаи хабарии Алҷазира, шоми дирӯз, 16-уми октябри соли 2023 теъдоди хабарнигороне, ки дар тӯли ҳамлаҳои Исроил дар Навори Ғазза кушта шуданд, ба 12 нафар расид.

Пеш аз ин, дар 15-уми октябри соли ҷорӣ Иттиҳодияи хабарнигорони Фаластин эълон карда буд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 11 нафар аз хабарнигорон кушта ва 20 нафари дигар дар ин минтақа захмӣ шудаанд.

Аммо Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон (CPJ) омори рӯзноманигорони кушташударо дар ин чанд рӯзи ҷанг 15 нафар гуфт. Ҳамчунин дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки 8 рӯзноманигор дар ҷараёни ҷанг захмӣ шуда, 3 нафари дигар бедарак гаштаанд ва маълум нест онҳо кушта шуда ва ё боздошту зиндонӣ шудаанд.

Ин созмон иттилоъ дода ки дар рафти ин ҷанг 3 нафар аз хабарнигорони исроилӣ низ кушта шудаанд. Дар бораи теъдоди хабарнигорони исроилие, ки дар ин ҷангҳо захмӣ шудаанд, ба сурати расмӣ гузориш нашудааст.

Хабари кушта ва захмӣ шудани 32 нафар аз рӯзноманигорон дар Навори Ғазза дар ҳоле нашр мешавад, ки чанд рӯзе пеш бар асари ҳамлаҳои Исроил ба марзи Лубнон як рӯзноманигори “Ройтерз” кушта ва дасти кам 4 нафари дигар, аз ҷумла ду тан аз хабарнигорони Алҷазира ҳам захмӣ шуда буданд.

Гуфта мешавад, дар 11 рӯзи ҷанг кушта ва захмӣ шудани беш аз 30 нафар аз хабарнигорон бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои исроилӣ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи хабарнигорон, давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳои дунё ба вуҷуд овардааст.

Путин ба Пекин рафт

0

Бино ба иттилои расмӣ, 17-уми октябри соли 2023 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои ширкат дар севумин Форуми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба Чин рафтааст.

Дар зарфи камтар аз ду соли ахир ин дувумин сафари Владимир Путин ба Чин мебошад. Президенти Русия дар ҳошияи ин сафари дурӯзаи худ ба Пекин бо Президенти Чин ва дигар раҳбарони ин кишвар ҳам мулоқоти алоҳидае анҷом додааст.

Қаблан Кремлин эълон карда буд, ки сарони Русия ва Чин дар вақти мулоқот бархе масоили дуҷониба, минтақа ва байналмилалиро ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Владимир Путин дар Пекин аз сӯи ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин хеле хуб истиқбол гирифта шуд. Ин истиқболи гармро хеле аз расонаҳо дунё фурсате барои наздиктар шудани Пекину Маскав алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш унвон кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қазияи Фаластин ва бахусус ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аксари кишварҳои дунёро дар ду ҷабаҳаи ба ҳам муқобил қарор додааст. Агар Амрикову Инглистон, Фаронсаву Олмон дар Ғарб ба шиддат аз Исроил ҳимоят кунанд, дар муқобили онҳо Русияву Чин, Туркияу Эрону ва хеле аз кишварҳои минтақа дар ба тарзе дар паҳлӯи Фаластин қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар севумин Форуми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, ки қарор аст имрӯз ва фардо дар Пекин, пойтахти Чин баргузор шавад, раҳбарони 130 кишвари дунё даъват шудаанд. Чин дар муддати даҳ соли ахир бо роҳандозии ин тарҳ ҳам раванди ҷалби кишварҳои минтақаро ба худ вусъат дода аст ва ҳам ҷои пойи манофеи Амрико ва муттаҳидони ғарбиашро дар минтақа тангтар кардааст.

Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳои аъзо дар анҷоми ин тарҳ аст. Аммо то замони таҳияи ин хабар мақомоти кишвар ба сурати расмӣ эълон накардаанд, ки оё Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти байналмилалӣ ширкат мекунад ё хайр?

Байден ба Исроил сафар мекунад

0

Бо ворид шудани рӯзи 11-уми ҳамлаҳои Исроил дар Навори Ғазза қарор аст фардо, 18-уми октябр раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Исроил сафар кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Байден рӯзи чоршанбе бо сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу мулоқот кунад. Ва пас аз он бо Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун ва Абдулфаттоҳ Сисӣ, расиҷумҳури Миср дидор карданист.

Сафари Байден ба Исроил ва кишварҳои аҳмсояи он марбут ба қазияи ахири аланга гирифтани оташи ҷанг байни ҲАМОС ва Исроил гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, Амрико ва Исроил барои расондани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Навори Ғазза, ки 11-рӯз боз зери бомборони шадид қарор доранду аз обу барқу ғизо маҳруманд, тавофуқ кардаанд. Аз ҷониби дигар, кишвари Мирс дар назди гузаргоҳи “Рафаҳ” даҳҳо комюн бо маводи ғизоӣ фиристодааст, ки мунтазири иҷозати вуруд ба Фаластин ҳастанд, аммо то ҳол Исроил ба вуруди онҳо иҷозат намедиҳад.

Пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаи шаҳракнишинони Исроил аз 7-уми октябри соли ҷорӣ, ҳамлаи ҳавоии ин кишвар болои мардуми Ғазза оғоз шудааст. То кунун ин даргирҳо 1400 кушта аз ҷониби Исроил ва беш 2800 кушта аз аҳолии Ғазза ба ҷо гузоштааст, ки гуфта мешавад, аксарашон занону кудаконанд. Ба иттилои расмии расонаҳои исроилӣ, 199 нафар аз шаҳрвандони Исроил ва атбои хориҷӣ ба дасти нерӯҳои ҲАМОС асир афтодаанд. Аммо сухангӯи ҲАМОС теъдоди асиронро аз 200 то 250 нафар гуфт.

Аксари кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар вазъи инсориро дар Ғазза фоҷеабор хондаанд. Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Созмони Милалаи Муттаҳид имрӯз ҳушдор дод, ки танҳо 24 соат то поёни маводи сӯхт ва дигар лавозими ҳаётӣ дар бемористонҳои Ғазза боқӣ мондааст ва бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фикри пешгирӣ аз як фоҷеаи бузурги башарӣ бошанд.