32.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 261

Омори кушташудагон дар эътирозоти Эрон наздик ба 300 нафар расид

0

Бар асоси омори охири хабаргузории “hra_news” аз оғози эътирозоти мардумии Эрон дар 17-уми сентябр то 2-уми ноябри соли ҷорӣ 298 нафар ҷони худро аз даст додааст.

Акс аз Интернет

Харабгузорӣ “hra_news” дар ин омори ахири худ, ки рӯзи 3-уми ноябр нашр кардааст, оварда, ки дар байни ҷонбохтагон 47 кӯдак ва 36 нерӯи амниятӣ низ вуҷуд дорад.

Инчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни эътирозоти ҷорӣ дар ин кишвар то кунун тахминан 14161 нафар боздошт шуда, ки ҳувияти 1731 нафари онҳо шиносоӣ шудааст. Ва тибқи ин омор, дар 131 донишгоҳи ин кишвар донишҷӯён даст ба эътирозҳои оммавӣ задаанд, ки то кунун аз боздошти 379 донишҷӯ гузориш мешавад.

Дар ҳамин ҳол баъзе асотиди донишгоҳҳои Эрон аз вуруди нерӯҳои амниятӣ ба дохили донишгоҳҳо барои барқарории назми умумӣ интиқод кардаанд.

Расонаи маҳаллии “Хабарҳои фаврӣ” дар телеграм-канали худ, иттилоъ дода, ки рӯзи 3-уми ноябр гурӯҳе аз устодонои Донишгоҳи Теҳрон бо интишори эъломияе аз вуруди нерҳои интизомӣ интиқод карда, гуфтаанд, ки “вуруд ба Донишгоҳ, ҳатто бо ҳадафи барқарории назми умумӣ ва дастгирии мутахаллифин ба ҳеч ваҷҳ тавҷеҳпазир нест.”

Устодони Донишгоҳи Теҳрон иброз доштаанд, ки боздошту муҷозоти донишҷӯёне, ки шиорҳои зиддиҳукуматӣ сар додаанд, ба дӯши нигаҳбонони Донишгоҳ ва амнияти он аст.

Талаби 7,5 соли зиндон ба Завқибек Саидаминӣ

0

Додситон аз додрас ба рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Завқибек Саидаминӣ 7,5 соли зиндонро талаб кардааст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи огоҳ аз тафтишот хабар медиҳад, ки имрӯз, 3-юми ноябр мурофиаи навбатии ин рӯзномагори боздоштшуда дар Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба фарқ аз мурофиаи гузашта ба модару бародар ва ҳамсари Завқибек Саидаминӣ иҷозаи иштирок дар муҳокимаро додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мурофиа додситон аз додрас талаб кардааст, ки Завқибек Саидаминӣ барои 7,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Худи рӯзноманигор ҳама иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

“Завқибек Саидаминӣ гуфт, ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳамкорӣ надошт. Баръакс, аз барномаҳояш дар телевизиони давлатӣ ёд овард, ки ҳатто аз ҷиҳодиён дар Сурия таҳдид гирифта буд. Ҳарду тараф сухани охирини худро гуфтанд. Додрас ба хонаи машваратӣ рафт,” – гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Пештар додситон барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ 8 соли зиндон ва барои Далери Имомалӣ 10,5 соли зиндон талаб карда буд ва додрас танҳо 6 моҳӣ аз ҳукми онҳоро кам карда буд. Ба эҳтимоли зиёд аз талаби додситон нисбати Саидаминӣ танҳо 6 моҳ кам карда мешавад.

Завқибек Саидаминӣ, ки бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз мушкилоти мардум мегуфт, 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Дере нагузашта мақомот эълон кард, ки ӯ ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар аст.

Мақомот дар ҳоле ин рӯзноманигорро дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифин айбдор мекунад, ки пас аз боздошташ ҳам ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” эълон карданд, ки бо ӯ ҳеч робитае надоранд ва ҳечгоҳ узви ин гурӯҳҳои мухолиф набуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ (7.5 соли зиндон), Далери Имомалӣ (10 соли зиндон), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон (7 соли зиндон) Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Тошканд бо 15 кг ҳашиш

0

Мақомоти пулиси вилояти Тошканди Узбекистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 15 килу маводи нашъадори навъи “ҳашиш” боздошт карданд.

Акс аз видеогузориши “Podrobno.uz”

Расонаи узбекистонии “Podrobno.uz” аз қавли мақомоти пулиси шаҳри Бекободи вилояти Тошканд хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар маҳаллаи “Ӯзбекистон”-и шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шуд.

“Дар натиҷа маълум гардид, ки дар хонаи хоби манзили истиқоматӣ 14,9 кг маводи нашъадори навъи ҳашиш мавҷуд буда, бо мақсади фурӯш нигоҳ дошта мешуд”, омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи пулиси вилояти Тошканд, ин ҳоло шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон боздошт шуда, нисбати ӯ бар асоси қисми 5-и моддаи 273-и Кодеки ҷиноятии Узбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистонро мувофиқи парвандаи бозшуда аз даҳ то бист соли зиндон таҳдид мекунад.

Аммо дар ин бора назари худи боздоштшуда, наздикон ва ё вакили дифои ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Баргузории нишасти Лигаи давлатҳои араб дар Алҷазоир

0

Раҳбарони кишварҳои узви Лигаи давлатҳои араб дар Алҷазоир гирдиҳам ҷамъ шуда дар бораи буҳронҳои мавҷудаи худ ва бахусус қазияи Фаластин суҳбат мекунанд.

Рӯзи 2-уми ноябри соли 2022 дар пойтахти Алҷазоир зери раҳбарии Абдулмаҷид Табун, президенти ин кишвар нишасти Лигаи давлатҳои араб бо ҳузур раҳбарони кишварҳои арабӣ идома дорад.

Ин нишасти Лигаи кишварҳои арабӣ, ки баъд аз се сол инак дар Алҷазоир баргузор мешавад, бо суханрони Қайс Саид, Президенти Тунис, ки раҳбари давраии он буд ва бо ҳузур раҳбарони кишварҳои арабӣ дирӯз ба кори худ оғоз карда буд.

Қайс Саид аз тамоми ширкаткунандаҳо ва раҳбарони кишварҳои арабӣ хост, ихтилофти беш аз даҳсолаи худро, ки аз замони оғози “баҳори арабӣ” дубора авҷ гирифтаанд, канор гузошта ва барои ҳалли мушкилот ва буҳронҳо якҷо шаванд.

Абдулмаҷид Табун, Президенти Алҷазоир, ки пас аз Қайс Саид раҳбарии давраии ин лигаро ба уҳда гирифт, ки дар нахустин иқдоми худ пешниҳод кард, ки бояд Кумитаи иртибобот ва ҳамоҳангии арабӣ барои ҳимоят аз қазияи Фаластин таъсис дода шавад.

Аз сӯи дигар Маҳмуд Аббос, Президенти давлати Фаластин ҳам дар суханронии худ таҳдид карда гуфт, ки режими Исроил тамоми хатҳои қирмизро убур ва тавофуқоти қаблиро поймол кардааст, ба ин хотир дар сурати идома додани ин сиёсат давлати Фаластин низ тамоми иртиботҳои худро бо ин режим қатъ хоҳад кард.

Ин нишаст, ки бо меҳварияти қазияи Фаластин ва ҳимоят аз ҷараёнҳои фаластинӣ барои расидан ба сулҳи дохилӣ, суботи давлатӣ ва истиқлол ҷараён дорад, бо ҳимояти аксари раҳбарони кишварҳои арабӣ рӯбарӯ шудааст.

Дар ин раванд, бар иловаи кишварҳои Мисру Урдун, Қатару Кувайт ҳатто раҳбарони кишварҳои ҷангзадае ба милси Ироқ, Яман, Либя, Лубнон, ва Судон, ки гирифтори мушкилот ва буҳрони дохилии худ ҳастанд, дар суханрониҳои худ қариб ҳамагӣ бо як садо аз қазияи Фаластин бо пойтахтии Қудси Шарқӣ ҳимоят ва ба ин ташаббуси Абдулмаҷид Табун, Президенти Алҷазоир офрин хонаданд.

Гуфта мешавад, раҳбарони кишварҳои арабӣ бар иловаи ибрози ҳамдардӣ ба қазияи Фаластин қазияи Сурияву Либия ва Яманро ҳам ба сурати ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дода, барои расидан ба сулҳу суботи доим ва пайдо кардани роҳи ҳалҳо бо ҳам ба гуфтугӯ нишастаанд.

Русия: Содироти ғалладонаи Украина аз сар гирифта мешавад

0

Президенти Туркия мегӯяд, ки ҳамтои русиаш дар як суҳбати телефонӣ ба вай гуфтааст, ки содироти ғалладонаи Украина тибқи барномаҳои ба тавофуқрасида аз сар гирифта мешавад.

Шабакаи телевизонии

Президенти Туркия гуфт, ки содироти ғалладонаи Украина нахуст ба кишварҳои фақир дар Африқо ба мисли Сомалӣ, Ҷибутӣ ва Судон фиристода мешаванд, зеро ин кишварҳо нисбат ба дигарон бештар ба маводи ғизоӣ ниёз доранд. Инчунин ин амр метавонад ҷонибҳои украинӣ ва русиро барои расидан ба сулҳ ва субот ташвиқ кунанд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин Русия эълон карда буд, ки содироти ғалладонаи Уркиана, ки қабалан бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони Миллали Муттаҳид ба тавофуқ расида буданд, қатъ карда мешавад. Русия мақомоти уркианиро ба сӯиистифода аз ин гузаргоҳи амн муттаҳам карда гуфта буд, нерӯҳои ин кишвар бархе амалиётҳои низомии худро аз ин масир анҷом додаанд.  

Боздошти як зани тоҷик дар Волгоград

0

Мақомоти гумруки вилояти Астрахани Русия рӯзи сешанбе, 1-уми ноябр як зодаи Тоҷикистонро ба далели интиқоли молу колои тиҷоратии бидуни қайди расмӣ боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ин шарҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Тошканди Узбекистон 491 номгӯй либос ва колоҳои гуногунро харидорӣ карда, ба қасди тиҷорат ба Русия мехостааст барад. Мақомоти гумруки Волгоград мегӯянд, ин миқдори коло, ки бо мақсади тиҷорат вориди Русия шудаанд, эълонношуда ва расман ба қайд гирифта нашудаанд.

Тавре мақомоти гумруки ин шаҳр хабар медиҳад, кормандони гумруки Астрахан ва Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Ҷумҳурии Қалмиқистон вилояти Астрахан аз қатори Тошканд-Волгоград як зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд ва пас аз тафтиш маълум гашта, ки ӯ 491 бастаи сару либоси бачагона ва колоҳҳо, ки арзиши умумии онҳо 260 ҳазор рубли русӣ ва вазни 120 киллоро ташкил медоданд, ёфт ва мусодира шудааст.

Мақомоти гумруки вилояти Астрахан ба “Городский вести” гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон тамоми колоҳои интиқолшударо аз бозори яклухтфурӯшии Тошканд барои фурӯш дар Русия харидааст. Аммо аз зарур будани “декларатсия”-и молҳои харидааш хабар надоштааст.

Аммо, гуфта мешавад, тибқи қавонини Русия ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима ва молаш мусодира мешавад. Ҳамчунин нисбати ин зан тибқи қисми 1 моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ҳангоми интиқоли ҳар навъи коло барои тиҷорат чунин амал ғайриқонунӣ маҳсуб ёфта, соҳиби он колоҳо ҷарима карда мешавад.

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон

0

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли нуриҳои менералӣ бо номи ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 2-уми ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” ба истифода дода шуд.

Ин корхона аксари маҳсулоти худро бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ тайёр мекунад. Он рӯзона 200 тона нуриҳои миниралӣ тавлид ва бо нархи 2000 сомонӣ барои як тона маҳсулоти худро дар бозор ба фурӯш гузоштанист.

Тоҷикистон дар хеле мавридҳо нуриҳои менаралии худро аз хориҷ, ба хусус кишварҳои Узбекистон, Русия ва Покистон ворид мекунад ва ба истфода додани ин корхона, ки гуфта мешавад, солона ҳудуди 75 ҳазор тонна нурии миниралӣ истеҳсол мекунад, метавонад нархро нисбатан арзон ва воридоти ин намуди маҳсулотро ҳам камтар кунад.

Гуфта мешавад, ҶДММ “ТАЛКО Кемикал”, яке аз корхонаҳои зертобеи ширкати алюминийи тоҷик “Талко” зери раҳбарии додараруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода мебошад, ки соли 2016 дар масоҳати 17 га дар ноҳия Ёвон корҳои сохтмонии он оғоз гардида буд.

Савдои хориҷии Тоҷикистон ба $5,5 млрд расид

0

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ 5 миллиарду 410,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8% ё 857,4 миллион доллар бештар аст.

Бино ба иттилои Avesta.tj тавозуни савдо манфӣ буда, 2 миллиарду 133,2 миллион долларро ташкил дод.

Содироти мол дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 2,1 миллиарду 638,8 миллион долларро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 дарсад ё 85,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридот 25,7 дарсад ё 772,3 миллион доллар афзоиш ёфта, 3 миллиарду 772 миллион долларро ташкил додааст.  

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ, Русия (1,2 миллиард доллар), Қазоқистон (беш аз 1 миллиард доллар) ва Чин (965 миллион доллар) мебошанд.

Боз таркиш дар Кобул. Ба кормандони ҳукумати Толибон ҳамла шуд

0

Субҳи рӯзи чоршанбе, 2-уми ноябр дар ҳавзаи 5-уми шаҳри Кобул мошини ҳомили кормандони Вазорати тавсеаи рустоии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт.

Акс аз Интернет

Холид Зидрон, сухангӯи пулиси Кобул ба расонаҳо гуфтааст, дар натиҷаи ҳамла ба мошини кормандони Вазорати тавсеаи рустоӣ 8 нафар ҷароҳат бардоштааст. Аммо, чанд нафар бар асари ин ҳамла ҷон бохтаанд, маълум нест.

Ба гуфтаи сухангӯи пулиси шаҳри Кобул, ин ҳодиса дар натиҷаи таркиши бомби ҷосозишуда дар канори роҳ рух додааст.

То ҳол масъулияти ин таркишро касе ё гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрати омадани Толибон ҳамоно амалҳои террористӣ ва инфоҷорҳое, ки боиси кушта шудани даҳҳо шаҳрванди бегуноҳ мешавад, дар ин кишвар идома дорад.

Аксари чунин амалҳои террористиро дар ин кишвар гурӯҳи ДИИШ бар уҳда мегирад. Ин дар ҳолест, ки масъулони Толибон борҳо гуфтаанд, ин гурӯҳ ба Афғонистон хатар надорад ва то ҷое тавонистаанд фаъолияти онро маҳдуд кунанд.

Афғонистон: Даромади беш аз 1 миллард долар аз кишти кукнор

0

Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз афзоиши 30 дарсадии заминҳои кишти кукнор дар ин кишвар хабар додааст.

Акс аз ББС. Киштзори кукнор дар Қандаҳор

Бино ба иттилои ББС, имсол дар Афғонистон заминҳои кишти кукнор нисбат ба солҳои пеш ҳудуди 30 дарсад ва даромад аз маҳсулоти он низ се баробар зиёдтар шудааст.

Ба қавли манбаъ, UNODC Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки кишти кукнор дар соли 2022 “судовартарин дар солҳои ахир” будааст.

Дар ҷадидтарин гузорише, ки Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора нашр кардааст, мегӯяд, “даромади кишоварзон аз фурӯши тарёк низ аз 425 миллион доллар дар соли 2021 ба 1,4 миллард доллар дар соли 2022 расида, ки се баробар шудани онро нишон медиҳад.”

Инчунин дар ин гузориш таъкид шуда, ки киштзорҳои кукнор дар Афғонистон 32 дарсади афзоиш нисбат ба соли 2021, имсол дар паҳнои 233 ҳазор гектар кишоварзон кукнор кишт кардаанд, ки тибқи гузориш аз соли 1994 то ҳол ин бесобиқа будааст.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз ин кишвар то ҳол Иморати исломии Толибонро ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст.

Баҳори имсол раҳбари Толибон бо эълони як қарор кишт ва хариду фурӯши маводи мухаддирро дар Афғонистон манъ ва омилони онро муҷрим эълон карда буд, вале бо ин вуҷуд кишоварзони Афғонистон дар кишт, хириду фурӯш ва истеҳсолу содироти маҳсулоти маводи мухаддир “рекорд” гузоштанд.