Хона блог саҳифа 262

Баргузории қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ дар Тоҷикистон

0

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар бораи куштии камарбандӣ ба муддати ду рӯз дар вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 13-уми октябри соли 2023 соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар бораи куштии камарбандӣ миёни наврасон дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз мекунад.

Ин мусобиқот қаҳрамонӣ миёни наврасони аз 18 то 20-сола дар қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқот наврасон аз 20 кишвари дунё ширкат карда, он то асри 14-уми октябри соли ҷорӣ идома пайдо хоҳад кард.

Мақомот: Писарат дар Олмон президентро танқид кард, мо барқатро қатъ мекунем

0

Кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карданд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор рӯзи 11-уми октябр ба хонаи модари 72-солаи Шарофиддин Гадоев, Ойишамо Абдуллоева рафта, сими барқи ӯро буридаанд.

Мақомоти ноҳияи Фархор ва ё идораи барқи ин ноҳия сабаби қатъ кардани барқи хонаи модари Шарофиддинро расман шарҳ надодаанд.

Ойишамо Абдуллоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.

“Ман дар торикӣ чӣ хел роҳ мегардам, чӣ хел ғизо омода мекунам? Писари ман 38-сола аст, худаш медонад, ки чӣ мегӯяд, ба мани 72 сола чӣ кор доранд?”, гуфтааст Ойишамо Абдуллоева.

Шарофиддин Гадоев, раиси созмони “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” созмони мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мухолифни ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Омлон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳоамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.

Таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ

0

Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил аз омодагии худ барои таъсис додани Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, вазирони корҳои хориҷии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рафти ҷаласаи дурӯзаи худ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон масъалаи баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ”-ро баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, қарор аст баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ” дар нишастҳои ояндаи сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда шавад.

Бо вуҷуди он, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки донистани забони русиро барои ҳамаи миллатҳо ва сокинони кишварҳои узви он ҳатмӣ эълон карда буд, 32 сол пеш барҳам хӯрдааст. Аммо то ҳол забони русӣ дар аксар кишварҳои узви ИДМ, ки зери нуфӯзи Русия аст, мақоми давлатӣ ва ё муоширати байни миллатҳоро дорад.

Пеш аз ин Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир донишомӯзон дар 60 мактаб пурра бо забони русӣ таълим мегиранд ва дар 178 мактаби дигар синфхонаҳои таълимӣ бо забони русӣ амал мекунанд. Шогирдони ин мактабҳо зиёда 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, вақте теъдоди кулли русзабонҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир камтар аз 100 нафарро ташкил медиҳанд, локин мактабҳо ва синфхонаҳои русӣ зиёда 120 ҳазор донишомӯз доранд, шояд талоботи бозори маориф чунин равандеро талаб кунад. Аммо вақте теъдоди тоҷикистониҳо дар Русия зиёда 2,5 миллион нафар аст, вале дар паҳнои Русия ҳатто як мактабе ҳам бо забони тоҷикӣ вуҷуд надорад, ин хеле дардовар аст.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар 21-уми декбари соли 1991 таъсис дода шудааст, то ҳол зери нуфӯзи Русия қарор дорад ва дар аксар маврид Маскав хеле аз хостаҳои худро дар хеле аз кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз тариқи ҳамин созмон пиёда месозад.

Дар айни замон забони илм, забони англисӣ аст. Аксари кишварҳои узви ИДМ бо дарки ҳамин масъала мақоми онро зина ба зина дар риштаҳои таълимӣ боло мебаранд. Вале баимзорасонии “Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ” низ тавассути сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҳадафҳои Маскав ба хотири таҳмил кардани нуфузи фарҳанги русҳо дар минтақа аст.

Баргузории ҷаласаи ШВКХ ИДМ

0

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 11-ум окятбри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба кори худ оғоз кард.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ҳузури вазирони хориҷии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, имрӯз ба кори худ анҷом медиҳад.

Дар баргузории ин ҷаласа раҳбарони дастгоҳҳои диплумосии кишварҳои узви ин созмон тибқи рӯзномаи корӣ “20 масъаларо баррасӣ карда, оид ба масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҷаласа дидори алоҳидае низ бо ҳамтои қирғизаш баргузор кардааст.

Дар ин дидорҳо вазири корҳои хориҷии кишвар гуфтааст, “ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.”

Гуфта мешавад, Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 таъсис дода шуд ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Туркманистон узви он мебошанд.

Мақомоти рус як ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт карданд

0

Мақомоти Русия як муҳоҷири 32-солаи тоҷикро дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Украина дастгир карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Шарифҷон Тиллозода, зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон дар ҳудуди як қисми низомии баста боздошт шудааст. Кормандони ин қисми низомӣ дар аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст, вале маълум шудааст, ки гӯё “ӯ акс гирифта, ба кураторҳои худ ба хориҷ мефиристодааст”.

Дар ҳамин ҳол, Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки 10-уми октябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Лефортово дар мурофиае, ки пушти дарҳои баста гузашт, як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор намуда, ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабри соли ыорь ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ба иддаои мақомоти рус, тафтишоти пешакӣ исбот кардааст, ки Шарифҷон бевосита бо Хадамоти амнияти Украина тамос дорад. Дар ҳолати исботи иттиоми ҷосусӣ ба ин муҳоҷири тоҷик то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол назари худи Шарифҷон, адвокат ва наздикону пайвандонаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Аммо, яке аз шиносҳои ин муҳоҷири тоҷик ба пойгоҳи хабари “Бомдод” гуфтааст, ки “ӯ як наргис аст, яъне одаме, ки худашро хеле ва хеле дӯст медорад. Шарифҷон дӯст медошт, ки шабу рӯз аз худаш аксу видео бигирад ва нашр кунад. Ҳар рӯз пахши мустақим дошт, ҳар рӯз аксу видеоҳо мегузошт. Агар ӯ ҷосус бошад, пас ман попи Румам”.

Инчунин Шарифҷон Тиллозода борҳо бо шиорҳои тарафдори аз Русия ва Путин дар саҳфаи фейсбукиаш акс нашр карда буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ ба “Бомдод” хабар додааст, ки мақомот рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ ахиран ба зидди Тиллозода дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар парванда кушоданд.

 “Рӯзи 15 сентябри соли 2023 ӯ баногоҳ дар Фейсбукаш видео нашр кард ва хабар дод, ки аз машқҳои ҳарбӣ гузашт ва акнун ба саффи артиши Украина мепайвандад. Видео ва аксҳо ҳам аз як урдугоҳи ҳарбӣ буд, ки сарбозон онҷо дар хаймаҳои ҳарбӣ шабро рӯз мекарданд. Тиллозода ин видео ва аксҳоро алакай баъди як рӯз пок кард, вале кормандони мақомот онҳоро алакай сабт карда гирифтанд“- мегӯяд манбаи “Бомдод”.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боздошти Шарифҷон Тиллозода дар хоки Русия ва боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ дар ин кишвар чизе нагуфтаанд.

Гирдиҳамоӣ дар Лаҳистон ба ҷонибдорӣ аз мардуми Ғазза

0

Шоми рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз шаҳрвандон ва фаъолони мадании Лаҳистон бо шумули шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар ба ҷонбидорӣ аз мардуми Ғазза гирдиҳамоӣ баргузор карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ дасти кам беш аз 300 нафар ҷамъ омада, алайҳи ҳамлаҳои густардаи Исроил болои мардуми Ғазза ва дар муҳосираи куллӣ қарор додани ин минтақа шиъор доданд.

Тазоҳургарон дар даст шиорҳои “Наслкуширо мутаваққиф кунед!”, “Бар кӯдакон ва мардуми Ғазза раҳм кунед!”, “Ҳамбастагӣ бо муқовимати Фаластин” ва амсоли инро дар даст дошта, ҳамлаи Исроил бар Ғаззаро маҳкум карданд.

Баргузоркунандагони ин гирдиҳамоӣ мегӯянд: “мо барои баён кардани мухолифати худ ба истилое, ки 75 сол боз идома дорад, ҷамъ омадаем.” Ҳамчунин иштирокдорони ин гирдиҳамоӣ аз ин ки ҳоло Ғазза пурра муҳосира шуда, обу ғизо, барқу газ ба рӯи аҳолии он қатъ шудааст, ибрози нигаронӣ карда, Ғаззаро ба “бузургтарин зиндони ҷаҳон” ташбеҳ карданд.

Ҳамзамон тазоҳургарон мегуфтанд, ки “мо ба бомбаборон кардани хонаҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мухоилфем. Бомборон кардани ин маконҳои ҷамъиятӣ ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд ва ҳеч сурат набояд онҳо тахриб шаванд.”

Ин гирдиҳамоии эътирозӣ ва дар пуштибонӣ аз мардуми Фаластин дар кишвари аврупоӣ дар ҳолест, ки Аврупо ва Амрико расман аз Исроил ва мардуми ин кишвар пуштибонӣ карданд ва ҲАМОС-ро дар ин ҳамла гунаҳкор дониста, амалашро “террористӣ” унвон кардаанд. Ҳамчунин аз гирдиҳмоие ба ин монанд дар Олмон пешгирӣ шуд ва ҳатто иштирокдорони он боздошту бозпурсӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 7-уми октябри соли ҷорӣ ҷабҳаи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС бар минтақаи шаҳракнишинони Исроил дар минтақаи девори Ғазза ҳамла карда, чандин низомӣ ва ғайринизомиро асир гирифтанд. Дар давоми ин чанд рӯз дар пайи ҳамлаҳои ду тараф омори кушташудагон аз ҷониби Исроил ба беш аз 1200 нафар расида ва кушташудагони Ғазза марзи 1000 нафарро гузашт.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари Олмон дар расонаҳо дида нашудааст?

0

Эмомалӣ Раҳмон аз замони сафар ба Олмон ва нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Берлин то ҳол ба сурати физикӣ дар назди дурбини расонаҳо пайдо нашудааст.

30-уми сентябри соли 2023 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон “баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шаҳри Берлин ба Ватан” баргашт.

Аммо ҳамон рӯз дар хеле аз сомонаҳои радёбии ҳавопаймоҳо дида шуд, ки ҳавопаймои ҳомили Президенти Тоҷикистон на ба шаҳри Душанбе, балки нахуст ба фурӯдгоҳи Зурих дар Суис (Шветсария) ва аз он ҷо ба фурӯдгоҳи Ашқобод, пойтахти Туркманистон парвоз кардааст.

4-уми октябри соли ҷорӣ котиботи Эмомалӣ Раҳмон бо нашри як навори ӯ дар бораи табрикот ба рӯзи забонро нашр карда буд, ки замони сабти он навор маълум набуд.

5-уми окятябри моҳи равон Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дошт, бархе сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Озарйбоҷу Туркия ҳам ба ӯ мактуби шодбошӣ фиристода буданд. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳам иттилоъ дода буд, ки раисҷумҳур бо шуморе аз раҳбарони давлатҳо телефонӣ суҳбат кардааст.

Гуфта мешавад, 7-уми октябр дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин, ки ду рӯз пеш ӯ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 71-солагиаш табрик гуфта буд, Эмомалӣ занг зада бо ӯ суҳбати телефонӣ доштааст.

8-9-уми моҳи ҷорӣ чанде аз раҳбарони воломақоми кишвари Арабистони Саудӣ, аз он ҷумла Раиси иҷроияи Фонди рушди Саудӣ Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад ба Тоҷикистон ташриф оварда ва аз омодагии кишвараш дар сармоягузорӣ кардан ба НБО Роғун хабар дод, аммо ӯро на Эмомалӣ Раҳмон, балки писараш Рустами Эмомалӣ қабул карда буд.

Пеш аз ин бархе манобеи Azda.tv иттилоъ дода буданд, ки “пас аз он ки мухолифин мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тух заданд ва алайҳи ӯ ҳамоишҳои эътирозиеро бо шиорҳои “диктатор истеъфо”, “диктарор истеъфо” баргузор карданд, вазъи саломатии Президенти Тоҷикистон бад шуд. Ба ҳамин хотир, Эмомалӣ Раҳмон мустақим ба Душанбе не, балки ба бемористоне дар Зурихи Суис рафт, то аз ташхиси табибони худ гузарад.” Ин иттилоро Azda.tv натавонист аз дигар манбаъҳои расмӣ ва ҳукуматӣ тасдиқ кунад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта ҳам борҳо бо сабабҳои мухталиф ба муддатҳои тӯлонӣ аз чашми мардум ва расонаҳо нопадид шуда буд, аммо чун ин дафъа баъд аз эътироз ва зада шудан бо тухм аз сӯи мухолифин, ки дар хеле аксу наворҳо ба шиддат нороҳату хашмгин буданаш маълум аст, суолҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ

0

Ҷумҳурии исломии Эрон аз омодагии комили худ барои баргузории нишасти изтиротии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ хабар дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо ирсоли номае ба Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз омодагии кишвараш барои баргузории нишасти вазирони корҳои хориҷии узви ин созмон хабар додааст.

Эрон дар ин номаи худ гуфтааст, ки ин нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ ба хотири баррасии вазъият дар Фаластин ва ҳамлаҳои густурдаи Исроил ба Ғазза даъват карда мешаванд.

Вазири ҷанги Исроил рӯзи гузашта эълон карда буд, ки Ғазза дар муҳосираи комил қарор дорад ва интиқоли барқ, газ, оби нӯшиданӣ, хӯрокиҳо ва ҳамагуна кумакҳои дигар барои мардуми ин минтақа қатъ карда шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба хотири баргузории ин нишасти изтирорӣ ройзаниҳои худро бо хеле аз кишварҳои исломӣ оғоз кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ хабар дода, ки мулоқоти вазири ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон Меҳди Сафарӣ доир гардид.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз ин иқдомаи Исроил интиқод карда, гуфта буданд, ки қатъ кардани интиқоли барқу газ, иби нӯшиданӣ, хӯрокиҳо ва дигар кумакҳои аввалия ба мардуми осоишта бахше аз ҷиноятҳои ҷангӣ дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, субҳи 7-уми октябри соли 2023 нерӯҳои ҲАМОС дар Фаластин эълон кард, ки ҳамлаҳои худ алайҳи Исроилро зери унвони “Тӯфони Ақсо” дар ҳимоят аз масҷиди Ақсо оғоз кардааст. Ин ҳамлаҳоро ба хотири ҷиноятҳои қатлу куштори фаластиниён дар кӯчаву хиёбонҳо ва ишғоли хонаҳо ва тахриби манзилҳои зисти онҳо дар шаҳраку рустоҳо эълон карда буд.

Бо гузашти 5 рӯз аз оғози ҷанг дар Фаластин лаҳза ба лаҳза теъдоди қурбониён афзоиш меёбад. То ин муддат расонаҳо аз кушта шудани беш аз 1000 фаластинӣ аз аҳолии Ғазза, ки бештарашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд ва инчунин беш аз 1200 исроилӣ хабар додаанд.

Мақомоти Исроил дар як вақт ҳам бо баҳонаи ҳамла ба маконҳои нерӯҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ мардуми Ғаззаро, ки 16 сол инҷониб дар муҳосираи комил қарор доранд, мавриди бомбаборони шадид қарор медиҳанд ва аз сӯи дигар, бо нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубон даргир шудаанд. Инчунин ба иттилои расонаҳо, дар дигар шаҳрҳои Фаластин, аз ҷумла дар Қудс нерӯҳои исроилӣ тайи ин панҷ рӯз назид ба 20 нафарро ба қатл расонида ва даҳҳо каси дигарро маҷруҳ кардаанд.

Дар нишасти САҲА табъизи помириҳо ва нақзи ҳуқуқи онҳо баррасӣ шуд

0

Рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава масъалаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла табъизи помириҳо ва нақзи ҳуқуқи онҳо тавассути ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Мавзуи аслии рӯзи ҳаштуми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон, “Таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз” ном дошт, ки дар он дар бораи “ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ”, “муносибат бо шаҳрвандони дигар давлатҳо ва ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирон” ва “масъалаҳои Рома ва Синти” гуфтугӯ сурат гирифт.

Аслиддин Шерзамонов, ҳомии ҳуқуқ дар ин нишаст гуфт, ки беш аз 29 сол мешавад помириҳо дар Тоҷикистон, дар хатари нобудии комил қарор доранд.

Аслиддин, ки худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва ҳоло дар Урупо зиндагӣ дорад, мегӯяд: “моро ғорат мекунанд, мекушанд, таҷовуз мекунанд ва имони мардуми таҳҷоиро масхара мекунанд. Мехоҳам дар ин ҷо фарёд занам, роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод кунам ва пагоҳ ба хона баргардам, дӯстон ва оилаамро ба оғӯш гирам ва дигар муҳоҷири маҷбурӣ набошам”.

Ин ҳомии ҳуқуқ зимни суханронияш аз баста шудани дари Маркази тиббиву ташхисии Бунёди Оқохон ва бекор мондани кормандони он мисол оварда гуфт, ки “Бунёди Оқохон ҳамчун як ниҳоди байналмилалии аврупоӣ танҳо метавонад дар зери ҳимояти ниҳодҳои байналмилалӣ озодона фаъолият кунад, ба шарте ки ин ниҳодҳо ба тасмимҳои ҳукумати Тоҷикистон таъсир расонда тавонанд“.

Аммо ба гуфтаи Аслиддин, ин ниҳодҳо пас соли 2014, яъне баъди ғасби Қрим аз ҷониби Русия, тавоноии таъсиррасонӣ ба Путинро аз даст доданд, ҳомиёни ӯ, ба мисли Раҳмон, озодтар шуданд ва механизмҳои байналмилалӣ ба онҳо татбиқ нагардиданд.

Инчунин ин ҷавони зодаи Бадахшон мегӯяд, ки ҳар сол сатҳи намояндагии на танҳо ҳайатҳои давлатӣ, балки иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишастҳои САҲА коҳиш ёфтааст.

Дар охири суҳбаташ Аслиддин Шерзамонов дар муроҷиат ба сокинони Тоҷикистон гуфт, ки “тақдири мо танҳо дар дасти худи мост ва тағйирот танҳо вақте оғоз мешавад, ки мо ба он омода бошем. Касе ба мо кумак карда наметавонад, хар қадар ки хоҳад, агар ману шумо ба қабули он тайёр набошем. Инқилобҳои таҳмилӣ вуҷуд надоранд, ҳарчанд таблиғоти ҳукумати худкома моро ба ин бовар кунонад”.

Ҳамзамон дар ин нишаст Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо овардани чанд мисол аз ихроҷи иҷбории шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон гуфт.

Алим Шерзамонов зимни суханронияш гуфт, ки “шаҳрванди Туркия Корай Вурал, ки 28 соли ахир дар Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи 17 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ боздошт ва ба хадамоти ҷосусии Туркия супурда шуд. Инчунин раҳбари собиқи созмони илмӣ ва фарҳангии “Диалог” Эмсал Кох, ки 29 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда ва бо як шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кардааст, 2 июли соли 2023 дар Душанбе нопадид шуд”.

Муовини раиси ПМТ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҷое нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои дигар паноҳ баранд, аммо садҳо шаҳрванди Афғонистон, ки бо хатарҳои марговар рӯ ба рӯ буданд, ба Тоҷикистон фирор карданд, аммо мақомоти тоҷик ба ин ҳама нигоҳ накарда, дар соли 2022 беш аз сад шаҳрванди ин кишварро ихроҷ карданд ва ихроҷи ин афрод то ҳол идома дорад.

Инчунин яке аз суханронони имрӯзаи нишасти САҲА Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик буд. Ӯ аз мушкилоти ақалиятҳо дар Тоҷикистон ва бо бадрафторӣ рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт.

Хонум Қодирова мегӯяд, ки ҳарчанд мақомоти тоҷик пофишорӣ доранд, ки Тоҷикистон “биҳишти рӯи замин” аст, аммо мардум аз ин “кишвари биҳиштӣ” фирор мекунанд ва тибқи оморҳо ахир, аз 10 миллион шаҳрванди Тоҷикистон танҳо дар Русия ҳудуди 3 миллион муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ки дар Русия муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар солҳои ахир аз ҷониби мақомоти ин кишвар маврид фишор, табъиз, таъқиб ва ҳатто куштор қарор гирифта, аз оғози ҷанги Русия ва Украина ин фишорҳо афзоиш ёфта, ҳатто ба ин васила онҳо ба зиндон ё бо баҳонаи ихроҷи маҷбурӣ ба ҷанг фиристода мешаванд.

Дар охир Муаззама Қодирова таъкид кард, ки “мо бояд бо табъиз ва нажодпарастӣ мубориза барем, одамон дар ҳар кишваре, ки набошанд, новобаста аз пайдоишашон бояд худро озод, эҳтиром ва узви муҳими ҷомеа эҳсос кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки нишасти имсолаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 2-уми октябри соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 13-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Дар нишасти САҲА, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баррасӣ мешаванд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мисли соли гузашта ширкат надоранд. Аммо намояндагони мухолифин, аз ҷумла Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони мустақил ширкати фаъолона доранд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон сабаби иштирок накардани ҳайати худро шарҳ надодааст.

Ифтитоҳи коноли Қуштеппа

0

Толибон имрӯз ба сурати расмӣ марҳилаи аввали коноли Қуштеппаи Афғонистонро мавриди истифдоа қарор доданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 11-уми октябри соли ҷорӣ раҳбарони Толибон марҳилаи аввали коноли Қуштепперо, ки тӯли он 105 километр аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Ба қавли расонаҳо, Дафтари муовинати иқтисодии Раёсутулвузарои ҳукумати муваққати Толибон эълон кардааст, ки барои ифтитоҳи марҳилаи дувум ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали коноли Қуштеппа мулло Абулғанӣ Бародар ва мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ вориди вилояти Балх шудаанд.

Пеш аз ин кишварҳои Узбекистон ва Туркманистон, ки ҳазор гектар заминҳои худро аз дарёи Омӯ обёрӣ мекунанд, ба Толибон ҳушдор дода буданд, ки сохти коноли Қуштеппа вазъияти иқлим ва минтақаро тағйир хоҳад дод. Аммо Толибон, ки ҳокимони феълии Афғонистон ҳастанд, мегӯянд, дар бораи истифода аз обҳои Афғонистон мардуми Афғонистон тасмим мегиранд, на дигарон.

Гуфта мешавад, коноли Қуштеппа яке аз бузургтарин конолҳои интиқоли об дар Афғонистон ва минтақа аст. Ин конол қисме аз обҳои дарёи Омӯро аз вулусволии Бахшдор дар вилояти Балх гирифта то ба вулусволии Андахӯи вилояти Форёби Афғонистон мебарад. Тӯли ин конол 285 километ, паҳноияш 108 метр ва умқи он 8,5 метр мебошад. Ин конол тавоноии дар ҳар сония интиқоли 650 метри мукаъъаби обро дорад ва он барои обёрии 550 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст.

Оби дарёи Омӯ аз вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон аз пиряхҳои баландкӯҳҳо, чашмаҳо ва рӯдхонаҳо сарчашма мегирад. Поёноби шохаҳои дарёи Вахш низ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба дарёи Омӯ сарозер мешавад.