Хона блог саҳифа 269

Кӯчаҳои пур аз партови шаҳри Хуҷанд

0

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз бемасъулиятии масъулон дар робита ба тозакорӣ ва таъмири вайронаҳои ин шаҳр шикоят доранд. 

Фарангис Шарипова, сокини вилояти Суғд дар остонаи “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” бо нашри чанд аксе аз кӯчаҳои ин шаҳр дар саҳфаи фейбукиаш гуфтааст, ки “фикр мекунам, ки ҷашни рӯзи шаҳр танҳо дар он вақт сазовор хоҳад буд, ки кӯчаҳо, боғҳо, ҷӯйборҳо ва дигар ҷойҳо ҲАМЕША тоза бошанд!!!! Ва на танҳо дар рӯзҳои ид”. 

Дар аксҳое, ки ин корбар нашр кардааст, дида мешавад, ки кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд пур аз партов аст ва роҳравҳои назди ҳайкали Исмоилии Сомонии шикастаанду ба таъмир ниёз доранд. 

Хонум Шарипова дар идома мегӯяд, замоне ки ҳама ҷойҳо таъмир ва кӯчаҳо ҳар рӯз тоза карда шаванд, ин барои шаҳри мо ҷашн ва дастоварди воқеӣ хоҳад буд, дар ғайри ин сурат он танҳо ба ҷуз намоиш чизи дигаре нест. 

Инчунин ин сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки беҳтар мебуд он пули зиёдеро, ки барои консертҳо сарф мекунанд, ба тозакорон медоданд ва шояд шаҳр пур аз партов намешуд.

Гуфта мешавад, ҳамасола рӯзи 26-уми сентябр дар ин шаҳр бо харҷи маблағи зиёде “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” ҷашн гирифта мешавад. 

Дар зери навиштаи Фарангис Шарипова корбарони дигар низ гуфтаҳои ӯро тасдиқ ва дастгирӣ кардаанд, аз ҷумла ҳунарманди шинохтаи кишвар Муқим Абдуфаттоев навиштааст, ки ба гуфтаҳоятон “100% розӣ”. 

Инчунин корбарони дигар гуфтаанд, ки борҳо дар ин бора шикоят кардаанд, аммо масъулин чора намебинанд ва дар назди меҳмонон ва сайёҳон аз дигар кишварҳо аз ифлосии шаҳр шарм медоранд. 

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар ҳоле пур аз партов ва таъмирталаб будани баъзе аз маконҳои ин шаҳр шикоят мекунанд, ки мақомдорони тоҷик аз бештар шудани сайёҳон ва рушди он дар кишвар мегӯянд. 

Чунин шикоятҳо бори аввал нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Сокинони дигар минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе низ борҳо аз ифлос ва таъмирталаб будани кӯчаҳои шаҳр шикоят карда буданд. 

Сокинон чун мебинанд, ки масъулини маҳаллу ноҳия ба додашон намерасанд ва ба мушкилоташон касе расидагӣ намекунад, ночор дар саҳфаҳои фейбукияшон аз мушкилоташон мегӯянд ва ба зинаҳои болоӣ, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунанд, то мушкилоти мавҷуда рафъ шавад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ин муроҷиату шикоятҳои сокинон баръакс, барояшон дарди сарсоз мешавад.  

Фаросна сафир ва низомиёни худро аз Нигер мебарорад

0

Дар пайи инқилоби низомиён дар Нигер, Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса рӯзи якшанбе эълон кард, ки сафири худ ва ҳамчунин низомиёнашро аз хоки ин кишвари африқоӣ берун мекунад.

Шӯрои низомиёни Нигер, ки пас аз инқилоби охири моҳи июли соли ҷорӣ ҳукуматро дар ин кишвари зери султаи Фаронса ба даст гирифтаанд, аз ин қарори Макрон истиқбол карданд. Онҳо мегӯянд, билохира бо пофишориҳои зиёд тавонистанд Фаронсаро аз кишварашон берун кунанд.

Эмануэл Макрон рӯзи гузашта зимни мусоҳибаи телевизионие гуфт, ки давоми чанд соати оянда сафираш хоки Нигерро тарк хоҳад кард. Аммо 1500 сарбозе, ки дар он кишвар мустақар аст, давоми чанд ҳафтаи оянда онҳо низ аз Нигер тахлия мешаванд.

Ба гузориши расонаҳо, ҷавонони зиёде дар Ниамей, пойтахти Нигер дар назди пойгоҳи низомии Фаронса даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зада ва бо парчами ин кишвар тобуте сохта, онро рӯи шонаҳои хуб мебардоранд.

Аз ин пештар Шӯрои низомиёни Нигер аз сафири Фаронса дар кишаварашон Силвен Итте хоста буданд, ки хоки Нигерро тарк кунад, аммо сафир ба ин кор розӣ нашуд. Дар ниҳоят мақомоти кунунии Нигер дахлнопазирии дипломатияшро бекор карданд ва ӯро барои хориҷ шудан фурсат дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ бахше аз низомиёни Ҷумҳурии Нигер кудето ташкил карда, раисҷумҳури феълии ин кишвар Муҳаммад Бозумро сарнагун ва қудратро ба даст гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз соли 2020 баъд аз давлати Чад ва Молӣ Нигер сеюмин давлатест дар Африқо, ки низомиён алайҳи ҳукуматҳо кудето мекунанд.

Инчунин, субҳи рӯзи 30-юми августи соли ҷорӣ баъд аз Нигер, бархе нерӯҳои вобаста ба артиши Ҷумҳурии Габон бо анҷоми як кудетои низомӣ раиси ҷумҳури ин кишварро боздошт ва ба ҳасби хонагӣ гирифта буданд.

Як муҳоҷири афғонистонӣ 9 ҳамватани худро оташ зад

0

Як шаҳрванди Афғонистон бо гумони оташ задани 9 нафар аз ҳамватанони худ дар Эрон боздошт шуд.

Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, як муҳоҷири афғонистонӣ дар ҷануби шаҳри Теҳрон 9 афғони дигарро оташ задааст, ки дар натиҷа ду нафар дар бемористон ҷон бохта, вазъи саломатии нафарони дигар вахим арзёбӣ мешавад.

Пулиси Теҳрон дар шаҳри ин қазия гуфта, ки муттаҳам дар ҷануби Теҳрон махфиёна ба як хонае, ки онҷо муҳоҷирони афғонистонӣ зиндагӣ мекардаанд, ворид шуда, бар рӯи 9 нафаре, ки хоб будаанд, бензин пошида ва оташ задааст.

Гуфта мешавад, шахси гумонбар ҳангоми фирор аз ҷониби мардуми маҳаллӣ боздошт гардид, худи ӯ низ дучори сӯхтагӣ дар ноҳияи по, даст ва сурат шудааст.

Мақомоти пулиси Теҳрон сабаби даст задани ин мардро ба чунин ҷинояти мудҳиш “хусумати шахсӣ” гуфтааст. Пулис мегӯяд, муттаҳам ба гуноҳи худ эътироф карда, сабаби ба ин кор даст заданашро чунин шарҳ додааст: “Чанде қабл аз Афғонистон ба Эрон омадам ва машғули кор шудам. Қаблан се рӯз дар он хона зиндагӣ кардам, аммо соҳибхона маро аз хона берун кард.

Ба иттилои пулиси Теҳрон, гумонбар дар эътирофи худ ҳамчунин афзуда, ки бародараш низ бо баъзе аз нафароне, ки оташ зада шуданд, дар як мағозаи доруфурӯшӣ кор мекард, аммо ӯро ба хотири ихтилофот аз кораш ронданд.

Ӯ ронанда шудани худро аз хона ва бародарашро аз ҷои кораш сабаби даст задан ба ин ҷиноят гуфтааст.

Сарбози зӯргӯ ба зиндон маҳкум шуд

0

Муҳриддин Исмоилов, сарбозе, ки наваскаронро латтукӯб карду дар сарашон “КОНИБОДОМ” навишт, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба иттилои “Pressa tj”, Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд гурӯҳвар (сержанти хурд) Муҳриддин Исмоиловро мувофиқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои 5 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти додгоҳ Исмоиловро ба он гунаҳкор донистаанд, ки ӯ ҳангоми адои хидмати сарбозӣ “бо мақсади нишон додани бартарию тавонмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.”

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ аксе нашр шуд, ки дида мешуд сарбозони калонсолтар сари 9 сарбози қаториро таҳқиромез ба шакли “КОНИБОДОМ”, яъне дар сари ҳар нафар як ҳарфро тарошида, онҳоро рост монда ва хандаомез акс гирифтаанд.

Додситонии кулли кишвар пас аз нашри он хабар таҳқиқро оғоз кард ва дар натиҷа муайян гардида, ки ин амалро 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гурӯҳвар (сержанти хурд) Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич анҷом додааст.

Он замон гуфта мешуд, ин корро Исмоилов ҳамроҳи ҳамхидмати худ дар ин қисми низомӣ Давлатов А.М. анҷом додааст. Давлатов ин саҳнаи таҳқиркуниро бо телефони мобилияш акс гирифта ва он аксро баъди адои хидмати ҳарбӣ “15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.”

Додситонии кулли кишвар вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Ин бори аввал нест, ки латтукӯб ва ё таҳқири сарбозон аз ҷониби ҳамхидматони калонсолтар дар шабакаҳои иҷтимӣ нашр мешавад. Чанде пеш латтукӯби бераҳмаонаи гурӯҳе аз сарбозон нашр шуда буд, ки дар ниҳоят омилони он саҳна барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

“Дедовшина” ва ё кеҳтарсолорӣ дар дохили суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Борҳо шуда, ки аз сабаби бадрафтории кеҳтарон ва хунукназарии масъулон наваскарони зиёде кушта шуда, ҷасади онҳо ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шудааст. Шурӯъ аз сарбозшикор то бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аксари ҷавонони тоҷикро аз адои хидмати ҳарбӣ гурезон кардааст.

Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаъолони помириро талаб кард

0

Cозмони ҳуқуқии “Афви Байналмилал” (Amnesty International) аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки паноҳҷӯёни зодагони Бадахшонро ба Тоҷикистону Русия истирдод накунанд. 

Дар изҳороте, ки ин созмон рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки бисёре аз паноҳҷӯёни помирӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ва ҷойҳои дигар зери хатари ихроҷ қарор доранд ва дар сурати ихроҷ шудани онҳо ин кишварҳо пояи асосии ҳуқуқи башар ва қонуни паноҳандагонро вайрон мекунанд.

Ба гуфтаи ин созмон, қонуни паноҳандагон фиристодани шахсро ба ҷое, ки метавонад ба таъқиб ё нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дучор шавад, манъ мекунад ва помириҳое, ки ба Русияву Тоҷикистон ихроҷ мешаванд, ба боздошту шиканҷа ва зиндон ё нопадид шудан рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.  

Дар идома “Amnesty International” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки вазъи ҳуқуқи одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, назорат карда, дар ҷаласаҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ дар миён гузоранд ва ба ҳалли он талош кунанд.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки табъизи густурда алайҳи помириҳо бояд мустақилона ва аз рӯйи инсоф таҳқиқ карда шавад ва зодагони Бадахшон аз ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандиву сиёсии худ пурра истифода кунанд. 

Инчунин дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2022 саркӯби худро алайҳи помириҳо афзоиш дода, худсарона беш аз 200 сокини ин минтақаро, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро боздошт карда, бо иттиҳомоти сохта ба зиндон андохтанд. 

Ҳамзамон созмони “Афви Байнулмилал” бо чанд шоҳиди ҳодисаҳои моҳи майи 2022 дар ВМКБ суҳбат кардааст, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик бозпурсӣ шудаанд. 

Гуфта мешавад, маҳз пас аз ин ҳодисаҳо садҳо нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷбур шуданд Тоҷикистону Русияро тарк намуда, ба кишварҳои Аврупоӣ паноҳ баранд. 

Шоҳидони ҳодисаҳои охири Бадахшон, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар қарор доранд гуфтаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ натанҳо нисбат ба худ, балки дар ҳаққи модару хоҳару ҳамсарашон дашном шунида, бо мушту калтаку барқ шиканҷа шуданд.

Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон хоастааст, ки ҳама гуна шикоят дар бораи бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо бояд дақиқан таҳқиқ ва гумонбарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

Cозмони ҳуқуқии “Афви Байналмилал” ҳамзамон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки интиқомгириро аз фаъолони помирӣ ва норозиёну мухолифони дигар бас карда, вакилону рӯзноманигорон ва пешвоёни ҷомеаи бадахшониҳоро бешарту қайде аз ҳабс озод кунад.

Вокуниши Толибон ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Толибон дар як вокуниши расмӣ иддаоҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Эронро дар мавриди афзоиши маводи мухаддир “бемаврид” хондааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 21-уми сентябри соли 2023 сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Абдулматин Қонеъ гуфт: “нигаронии кишварҳои ҳамсоя дар робита ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро бемаврид медонем.”

Ба гуфтаи сунхангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққати Толибон, пас аз содир шудани фармони манъи кишт, интиқол ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистон “Вазорати умури дохилӣ дар ростои решкан кардани падидаи мухаддир аз Афғонистон гомҳои амалиеро бардоштааст.”

Пеш аз ин дар рӯзҳои гузашта сарони Тоҷикистон ва Эрон дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Амрико бо изҳори нигаронӣ гуфта буданд, ки қочоқи маводи мухаддир аз марзҳои Афғонистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин нишаст гуфта буд: “Қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.”

Гуфта мешавад, бар асоси оморҳои расмие, ки ахиран Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нашр карда буд, тайи ду соли ахир кишти кукнор дар Афғонистон кам шудааст, вале дар муқобил интиқол ва гардиши маводҳои сунъии он ба мисли “метамфетамин” афзоиш ёфтааст.

Толибон аз замони дубора дар Афғонистон ба қудрат расидан дар Афғонистон, кишт, интиқол ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар ин кишварро манъ карда, эълон карда буданд, бо касоне, ки хилофи ин фармон амал мекунанд, бархурди қонунӣ хоҳанд кард.

Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши ихтилофот

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз афзоиши ихтилофот изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми сентбяри соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ширкат кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар ҷамъи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико суҳбат мекард, гуфт, “аз вазъи феълии амниятӣ дар манотиқи гуногуни Созмон, аз  ҷумла афзоиши таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, авҷ гирифтани ихтилофот ва даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ” мекунад.

Гуфта мешавад, ин суҳбати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи “авҷ гирифтани ихтилофот” дар ҳоле садо додааст, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як изҳорот таҳдид карда гуфт, агар Тоҷикитон аз даъвоҳои худ дар бораи заминҳои баҳсӣ даст накашад, дар ҷаласаҳои оянда ҳуҷҷату санадҳои ҷадидеро, ки тоза аз бойгонӣ пайдо кардаанд, рӯ хоҳад кард ва барои ҳимояи ин иддаоҳояш Қирғизистон нерӯҳои низомӣ ва сармояи пулӣ ҳам дорад.

Дар вокуниш ба ин изҳороти кишвари ҳамсоя 16-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро даъват карда, ба вай нотаи эътирозӣ дар бораи ин даъвоҳои ҷадиди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро таҳвил дод.

Арманистон барои пазироӣ аз арманитаборҳои Қарабоғ омода мешавад

0

Мақомоти Арманистон баъд аз таслим кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озорбойҷон эълони омода шудан барои пазироӣ аз арманитаборҳои ин минтақа шудаанд.

Бино ба иттилои ББС, пас аз таслими минтақаи Қарабоғ дар баробари нерӯҳои озарбойҷонӣ, Некол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфта, ки кишвараш “барои мизбонии беҷошудагон омода мешавад.”

Ба қавли манбаъ, Нахуствизири Арманистон афзуда, ки имконоте барои даҳҳо ҳазор нафар дар назар гирифта шудааст, ҳар чанд, ки шоҳиди “таҳдиди мустақим” алайҳи арманитаборҳо нест.

Гуфтанист, пеш аз ин бархе мақомҳои ин минтақа ҳушдор дода буданд, ки мумкин Қарабоғи Кӯҳӣ ба “поксозии қавмӣ” мувоҷеҳ шавад, аммо ҷониби Озарбойҷон таъкид кардааст, ки дунбонли барқарор кардани “сулҳу оромиш” дар ин минтақа мебошад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон ба қатл маҳкум шуд

0

Додгоҳи шаҳри Шерози Эрон як шаҳрвандони Тоҷикистонро ба эъдом ё қатл маҳкум кард. 

Бино ба иттилои хабаргузории “Мизон”, Раҳматулло Наврӯзов, ки ӯро шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ”-и шаҳри Шероз, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, гунаҳкор дониста мешавад. 

Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки Раҳматулло Наврӯзов, машҳур ба номи “Мустафо Исломёр”, ба ду бор эъдом маҳкум гардид.

Ба иддаои Мусавӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДИИШ иқрор шудааст.

Инчунин дар робита  ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғ ду нафари дигар барои панҷ сол равонаи зиндон гардиданд. 

То ҳол назари Наврӯзов ва пайвандонаш дар бораи ҳукми додгоҳ дастрас нест ва маълум нест аз болои ҳукм шикоят хоҳад бурд ё на. Тибқи қонунҳои Эрон Раҳматулло ҳақ дорад то 20 рӯз аз болои ҳукми Додгоҳи Шероз ба зинаҳои болотар шикоят барад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ ба зиёратгоҳи шиаён дар Шероз ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва 7 каси дигар маҷруҳ шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса маъмурони амниятии Эрон нафареро боздошт карданд, ки худро Раҳматулло Наврӯзов ва шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда буд.

Он замон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ”-и Шерозро маҳкум карда, гуфт, дар бораи ширкат доштани шаҳрвандони кишвар дар ин ҳодиса ягон дархости расмӣ нагирифтааст ва дар сурати дарёфти дархости расмӣ, Душанбе омода аст ба мақомоти Эрон дар ин замина кумак кунад.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ” муттаҳам мешаванд. Рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба ин зиёратгоҳ низ ҳамалаи террористӣ сурат гирифта буд, ки дар натиҷа 15 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд. Пас аз ҳодиса билофосила ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. 

Дертар мақомоти Эрон акси шиносномаи як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо номи Комрони Субҳон нашр карда, гуфта буданд, ки омили аслии ҳамла ба “Шоҳчароғ” ӯ аст.

Комрони Субҳон дар задухӯрд бо мақомоти интизомии ин кишвар захмӣ гашта, баъдтар ҷон дода буд.

Собиқ Твиттер пулакӣ мешавад?

0

Элон Маск, мудири Х (собиқ Твиттер) дар баёнияе гуфт, ки эҳтимол аз ин ба баъд шабакаи иҷтимоии маъруфаш ройгон нахоҳад буд.

Ӯ то ҳол ҳаҷми маблағи пардохт барои истифода аз ин шабакаи иҷтимоиро нагуфтааст, танҳо таъкид карда, ки “эҳтимол пардохти маблағи каме барои корбарон иҷборӣ хоҳад шуд.”

Элон Маск афзуд, ин шабакаро ба он хотир пулакӣ карданӣ аст, ки мехоҳад бо маблағи ба дастомада, мушкилотеро, ки ботҳо дар ин платформ ба вуҷуд овардаанд, бартараф созад.

Аммо дар вокуниш ба ин гуфтаи Маск ҳисоби расмии идораи Х бо нашри паёме гуфт, ки ин суханҳои мудири он танҳо як пешниҳод аз ҷониби ӯаст. Вале идораи шабака дар бораи ин ки оё ворид кардани пешниҳоди Маск дар барномаашон ҳаст ё на ва агар бошад онро кай иҷро мекунанд, чизе нагуфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, аз замоне ки Элон Маск ин шабакаи иҷтимоиро бо маблағи 44 миллард доллар харид, талош дорад, роҳи даромадашро аз он бештар кунад. Ҳоло ӯ аз ҳар корбаре, ки нишони обӣ дорад, 8 долларӣ ҳар моҳ дарёфт мекунад.