Хона блог саҳифа 268

Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон

0

Президенти Тоҷикистон баъд аз баргашт аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки барои ширкат дар иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии кишварҳои узви С5+1 рафта буд, машварати корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми сентябри соли 2023 машварати кории Эмомалӣ Раҳмон бо “роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” баргузор шуд.

Дар ин ҷаласаи корӣ бар иловаи раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода, духтараи худи Эмомалӣ хонум Озода Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.

Пеш аз баргузории ин машварати корӣ бо раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 26-уми моҳи ҷорӣ низ президенти кишвар бо раҳбарони як қатор ноҳияҳои наздимарзӣ, аз он ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Қубодиён ва Тоҷикобод низ телефонӣ суҳбат карда буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар машварати корӣ бо раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.”

Аммо, бархе коршиносон мегӯянд, пас аз изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар хусуси даъвоҳои Тоҷикистон барои бозпас гирифтани заминҳои ба иҷора додашуда ва дар зарфи камтар аз як ҳафта ду бор мулоқот кардани сарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмонро нигарон кардааст.

Ба қавли онҳо, агар ин нигарониҳо вуҷуд намедоштанд, дар машварти кории Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар авлавият гузоштани баррасии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ чӣ маъно дорад?

Гуфта мешавад дар ин машварти корӣ “масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузаронидани он, инчунин, бо сару либос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ” низ таъкид шудааст.

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

0

Бонки миллии Тоҷикистон ба “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 25-уми сенябри соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки “ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.”

Пеш аз ин Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” бо номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дар кишвар фаъолият мекард. Бонки миллии Тоҷикистон ин қарори худро дар бораи додани иҷозатнома фаъолият ба ин бонк 13-уми сентбяри соли ҷорӣ содир кардааст. Аммо дирӯз, дар сомонаи расмиаш дар ин бора хабар дод.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид карда, ки “дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 июли соли 2019, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 01 июли соли 2019, №72 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.”

“Халиқ бонк” (Halyk Bank) ё Бонки халқии Қазоқистон фаъолияти бонкии худро дар Тоҷикистон аз соли 2008 оғоз кардааст. Қарзҳои солонаи ин бонк ба муштариёнаш 18%-и солона бо пули сомонӣ ва 12%-и солона бо долларро ташкил медиҳанд. Аммо аксари ахбор ва маълумоти худро дар сомонааш на бозабони давлатӣ-тоҷикӣ, балки забонҳои русӣ ва қисман ҳам бо забони англисӣ нашр мекунад, ки хилофи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

0

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти Арманистон эълон кардаанд, ки бар асари як таркише, ки дар яке аз анборҳои сӯхт сар зад, то кунун дасти кам 20 нафар кушта ва ҳудуди 290 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Арманистон, 13 нафари ҷонбохтаҳо дар ҷои ҳодиса кушта шуданд ва 7 нафари дигар ба сабаби захмҳои шадид дар бемористонҳои маҳаллӣ вафот карданд.

Инчунин гузориш шуда, ки вазъияти саломатии даҳҳо нафари дигар аз ин захмиҳо, ки дар бемористонҳои маҳалии Аревик, Иваниян ва дармонгоҳи махсуси нерӯҳои посдорони сулҳи Русия бистарӣ шудаанд, вахим арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, то ҳол сабабҳои ин ҳодиса ба сурати расмӣ эълон нашудааст. Аммо дирӯз мақомоти маҳаллӣ пас аз сар задани ин таркиш ба ҷои ҳодиса рафта, таҳқиқи сабабҳои онро оғоз карда буданд.

Ин ҳодиса дар шароите рух дода, ки ҳафтаи гузашта Озарбойҷон бо баргузории як ҳамлаи низомӣ дар камтар аз 48 соат минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро, ки муддати беш аз 30 соли ахир дар ихтиёри Арманистон буд, ба тасарруфи худ даровард. Нооримиҳои сиёсӣ дар Арманистони идома доранд.

Ҳазорҳо нафар дар пойхати Арманистон ба кӯчаҳо баромада, Никол Пашинян, Нахуствазири ин кишварро ба хотири аз даст додани ин минтақа ба камкорӣ ва доштани сиёсатҳои ғалат ва носанҷида дар робита ба Қарабоғ муттаҳам мекунанд.

Қарабоғи Кӯҳӣ ҳудуди 120 ҳазор нафар сокинони арманитабор дорад. Пас аз тасарруфи ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон даҳҳо ҳазор хонавода ба хотири тарс аз ояндаи худ дар ин ҷо роҳии Арманистон шудаанд. Аммо мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дунболи таъмини сулҳу суботи ва амнияти минтақа мебошанд.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

0

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри “изҳороти матбуотӣ”-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз “19-25 сентябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти баргузории ин нишастҳо, ки ба муддати як ҳафтаи корӣ дар фазои “дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” идома дошт, ҷонибҳо “масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон“-ро маврди муҳокима қарор дода ва аз “натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.”

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи дигар ҷузъиёти ин нишаст, бахусус муайян кардани хатти сарҳадӣ байни ду кишвар иттилоъ надодааст.

Тоҷикистон бо Узбекистон ҳудуди 1 ҳазору 332 километр марзҳои муштарак дорад. Дар замони ҳукумати Ислом Каримов Узбекистон ҳеч гоҳ омода нашуд, ки ба хотири муайян кардани хатти давлатии марз бо Тоҷикистон сари мизи музокира нишинад.

Ин баҳсҳои муайян кардани хатти марзҳо баъд аз марги Ислом Каримов, собиқ Президенти Узбекистон ва сари кор омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2018 оғоз шуданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад, як пулиси нозири роҳ ба сӯи ронанда даст дароз мекунад ва ӯро мезанад.

Ин навор, ки аз ҷониби ронанда сабт шудааст, мегӯяд, пулиси нозири роҳ ба хотире, рӯи протокол навиштам маро мезанад. Пулис иддао мекунад, ки ронанда ҳақ надорад дар рӯи протоколи давлатӣ чизе бинависад, аммо ронанда зоҳиран дидааст, ки ба ҷурми накардааш муттаҳамаш доранд, маҷбур мешавад “СТОПНИК” бинависад ва мегӯяд, ки ҳақ дорад ӯ ҳақиқатро бинависад.

Дар зери навор корбарони зиёде рафтори нозири роҳ бо ронандаро маҳкум карда, навиштаанд, ки пулиси нозири роҳ ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад ба сӯи ронанда даст дароз кунаду ӯро бизанад. Бархе ҳам навиштаанд, ки ӯ нозири роҳ дар ноҳияи Данғара аст ва яке аз чеҳраҳои шинохтаест, ки бо ронандагон муомилаи бисёр зишт доштааст.

Зоҳиран дар протокол насаби ин нозири роҳ Асоев навишта шудааст. Аммо бархе корбарон мегӯянд, номи ӯ Маҳмадулло (маъруф ба Маҳмадуллоча) аст ва яке аз наздиконаш аз мансабдорони баландмақом дар кишвар будааст. Бинобар ин, ӯ касеро гӯш намекунад ва бо ронандагон бисёр муносибати бад дораду онҳоро зиёд азият мекунад.

Ин навор 16-уми сентябри соли ҷорӣ сабт шуда, вале ду рӯзи қабл ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. То ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати ин навор ва рафтори ноҷои кормандаш изҳори назар накардааст.

Дар Тоҷикистон муносибати зишти пулис ва мақомоти амниятӣ бо мардуми оддӣ ба ҳама маълум аст. Ба гуфтаи бархе огоҳон, аксари кормандони пулси ба хотири он ки мақомои интизомӣ доранд, худро ҳамеша аз дигарон боло медонанд. Ва аз сабаби он ки болои онҳо назорат намешавад, дар аксар ҳолатҳо по аз салоҳияти худ болотар мегузоранду ба қонуншиканиҳо ва поймолкунии ҳуқуқи мардум даст мезананд.

Ришва ва фасод дар ин соҳа ба ҷое расида, ки як пулис ҳар ҷинояте кунад гумон мекунад ӯ боз ҳам “ҳақ” аст ва касе набояд пеши роҳи ӯро бигирад.

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба ин кишвар

0

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Фаъолони “Гурӯҳи 24” аз тоҷикони муқими Аврупо, бахусус Олмон даъват доранд, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кунанд ва дар сарнавишти худ саҳмгузор бошанд.

Дар ин эълон гуфта мешавад, ки тазоҳурот рӯзи 28-уми сентябр, соати 15:00 дар рӯ ба рӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор мешавад.

Маълум нест, ки мухолифон аз дигар ҳизбу гурӯҳҳо, ба мисли Паймони миллии Тоҷикистон ва Ватандор дар ин тазоҳурот ширкат хоҳанд кард ё на.

Гуфта мешавад, рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ қарор аст дар шаҳри Берлин мулоқоти президентҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Олмон Френк Валтер Штейнмайер баргузор шавад. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Олмон хабар додааст.

То ҳол мавзуи гуфтугӯҳо нашр нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфтаанд.

Матни комили эълони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”:

Диққат!!!

Даъватномаи омавӣ !

Шаҳрвандони азиз, онҳое ки дар Урупо қарор доред! Он гунае ки аз расонаҳои расмӣ огаҳӣ пайдо кардед, рӯзи29-уми сетябри соли ҷорӣ президенти Олмон – Штайнмаер бо 5 роҳбари Осиёи марказӣ дидоре хоҳад дошт. Дар ин дидор Раҳмонов ҳам ширкат хоҳад кард!

Бинобарин, тоҷикони муқими Олмон рӯзи 28-уми сентябр, соати 15:00 дар рӯ ба рӯи бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳамоиише барпо хоҳанд кард!

Аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонии муқими Урупо ва ба хусус Олмон даъват мешавад, ки ба ин ҳамоиш ҳузур биёранд ва дар сарнавишти худ саҳмгузор бошанд! Бубинем, ки Раҳмонов оё қодир аст, бо шаҳрвандони худ дар як фазои озод дидоре дошта бошад ва дарду мушкилоти мардумро мустақиман, бидуни хушомадгӯйҳояш, бишунавад ё хайр!

Шаҳрванди азиз, агар дар тарроҳии сарнавишти хеш саҳме нагирӣ, пас сарнавиштат бо даст ва хоҳишоти дигарон навишта хоҳад шуд!

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи зерин ҳузур биёранд!

Олмон, ш. Берлин 10559, хиёбони Parleberg 43,

⁃ Parlabergerstr.43, 10559 Berlin

6 соли зиндон ба пизишке, ки сабаби марги як ҷавондухтар шуд

0

Додгоҳи ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе пизишки Муассисаи давлатии Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Ҳоҷиев А.М-ро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод. Дар хабари гуфта мешавад, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Хоҷаевро 19 сентябри соли 2023 мувофиқи “моддаи 129 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯнаҳгор дониста”, ӯро барои 6 сол равонаи зиндон кард.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки номбурда бар иловаи 6 соли зиндон то 3 соли дигар низ аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар соҳаи тиб маҳрум карда шуда, ӯ муддати ҷазояшро дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ мегузаронад.

Дар шарҳи ин қизия Додситонӣ менависад, тафтишот муайян кард, ки пизишки ҷарроҳи “навбатдори шуъбаи 1-уми Муассисаи давлатии Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Ҳоҷиев А.М. 8 апрели соли 2023 соати 11-50 дақиқа бемор Шукурова Севинч Умедовна, соли таваллудаш 3 марти соли 2006-ро, ки бо шикояти дарди сахт дар қисмати поёни шикам муроҷиат карда буд, қабул намуда, бе гузаронидани ташхиси дахлдор ва муайян кардани сабаби ба миён омадани дард дар қисмати поёни шиками Шукурова С.У., ба номбурда маҳлули дорувории “Лидаза” ва “Новокаин” таъин намудааст.

Додситонӣ мегӯяд, пас аз оне, ки пизишк доруро фармоиш дод, ҳамшираи шавқат онро ба ноболиғ Шукурова гузаронид, “дар натиҷа шоки анафилактикӣ оғоз ёфта, ин ҳолат боиси марги номбурда гардидааст.”

Додситонии кулли кишвар дар иттилоияи худ рафтори пизишкро “таъиноти рӯякӣ ва муносибати бепарвоёнаи дараҷаи олӣ” хондааст, аммо назари худи пизишк вобаста ба ин ҳодиса то ҳол дастраси расонаҳо нагаштааст.

Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони Бозиҳои Осиё

0

Варзишкори хушноми тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чин қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 25-уми сентябри соли 2023 варзишкори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар вазни то 81 кг соҳиби медали тилло шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати варзишкорони Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи осиёсӣ вориди шаҳри Ҳангжоуи Чин шуда буд.

Вай имрӯз дар финали мусобиқот ҳарифи худ Ли Ҷунванро аз Кореяи Ҷанбуиро шикаст дода, соҳиби медали тилло ва яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон дар ин бозиҳои тобистонаи осиёӣ гардид.

Сомон Маҳмадбеков пеш аз ин дар майдонҳои ин мусобиқот ҳарифони худ аз кишварҳои Фаластин, Қирғизистон ва Қазоқистонро ҳам шикаст дода, зина ба зина ба финал баромада буд.

Гуфта мешавад, Сомон Маҳмадбеков ҷудокори 24-соали Тоҷикистон аст. Ӯ дар шаҳри Иркутски Русия таваллуд шудааст. Падараш Моёншоҳ Маҳмадбеков ва модараш Ҷамила Парвонаева ҳар ду зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Боздошти писари ректори Донишгоҳи славянӣ

0

Пулиси шаҳри Душанбе Файзулло Комёб Машраби 18-cола ва Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-cоларо боздошт кардааст. 

Ин ду ҷавон гумонбарони аслии ҳодисаи тасодуфи нақлиётии шаби 21-уми сентябр, ки бар асари он овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов ҳалок шуд, мебошанд. 

“Азия-Плюс” дар истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки  аз рӯи ин ҳодисаи тасодуф мутобиқи моддаи 212, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва то ҳол гунаҳкори асосӣ маълум нашудааст. 

Дар ҳолати исботи гуноҳ, ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба Комёб ва Хушбахт то 5 солии зиндон ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми сентябр соатҳои 22:30 дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и шаҳри Душанбе ду мошини гаронарзиши “Lexus RX350” бо ҳам бархӯрда, Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кардаанд.  

Пайвандони овозхони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Некрӯз дар пайи зарбаи сахти мошин ба ҷӯйбори канори роҳ афтида, асосан аз сараш захм бардоштааст. Ӯро ронандаи таксӣ ба беморхона овард ва субҳи 22-юми сентябр овозхон дар Беморхонаи “Қарияи боло” даргузашт ва ҷасади ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурданд.

Гуфта мешавад, ки яке аз ронандагон Комёб Файзулло 18-сола, писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Файзулло Машраб Файзулло мебошад. То ҳол назари ректори Донишгоҳ дастраси расонаҳо нашудааст. 

Нафари дуввум, ки аз ӯ Аҳтамзода Оятулло Хушбахт ном бурда мешавад, маълум нест, ки писари кӣ аст ва оё касе аз пайвандонаш дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунанд ё на. 

Тибқи хабарҳои охир, Комёб ва Оятулло ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, дар гурӯҳҳои ҷудогонаи як курс таҳсил мекунанд ва ҳоло ки дар ҳабс қарор доранд, вақти пурсиш гуноҳро ба дӯши ҳамдигар вогузор кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки номи писарони мансабдорон дар робита ба тасодуфҳои нақлиётӣ расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ, писари Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон садамаи маргбор сурат гирифт, ки дар пайи он се нафар ҷон бохт. Инчунин дар як тасодуфи дигар, ки соли 2016 бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, собиқ муовини аввали нахуствазир ва раиси феълии вилояти Хатлон рух дод, ду нафар ҳалок шуда буданд.

Дар садамаи якум мақомот гуфта буданд, ки ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса Расули Амонулло дар сари чамбараки мошин набуд. Дар садамаи дуюм мақомот мошинро айбдор карда гуфта буданд, ки садама бар асари мушкилоти техникии мошин сар задааст ва Фаромузро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашиданд. 

Сафари Эрдуғон ба Нахҷавон

0

Пас аз тасарруфи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон нахустин раисҷумҳурест, ки бо сафари расмӣ вориди Озарбойҷон шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 25-уми сентбяри соли ҷорӣ Президенти Туркия дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш ба минтақаи худмухтори Нахҷавони Озарбойҷон сафар кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин сафар Президенти Туркияро вазирони хориҷӣ, дифоъ, амният, тиҷорат, алоқои мобилӣ, нақлиёт, мушовири калони раисҷумҳур ва ғайра ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, мақомоти Арманистон хабар додаанд, ки нахустин гурӯҳи муҳоҷирони армание, ки минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро баъд аз тасарруфи он аз ҷониби Озарбойҷон тарк карда буданд, дар деҳаи Корнидзори вилояти Сюник, дар ҷануби ин кишвар ба сурати муваққат маскун кардаанд.

Ҳукумати Арманистон эълон карда, ки то зуҳри имрӯз ҳудуди 4 ҳазор 850 нафар гуреза аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ вориди Араманистон шудааст. Инчунин гузориш мешавад, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо хонаводаи арманитабор барои тарки минтақа омода шудаанд. Арманистон ҳам гуфт, касоне мехоҳанд ин минтақаро тарк намоянд, нерӯҳои муҳофизи сули Русия онҳоро то Арманистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард, то ба саломат бирасанд.

Пеш аз ин кишвари Туркия бо раҳбарии раисҷумҳури кунунии он дар набардҳои сиёсӣ ва низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ пайваста аз Боку ҳимоят мекард.

14-уми сентябри соли ҷорӣ қабл аз баргузории ҳамлаи низомӣ ба ин минтақа Президенти Озарбойҷон дар як сафари аз пеш эълон нашуда вориди Тоҷикистон шуда, бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои дидори навбатии худ ҷамъ шуда буданд, мулоқот карда буд.

Гуфта мешавад, минтақаи Қарабоғи Кӯҳи дар муддати беш аз 30 соли ахир дар тасарруфи кишвари Арманистон қарор дошт, ахиран дар 19-уми сентябри соли ҷорӣ Озарбойҷон бо баргузории як амалиёти низомӣ ин минтақаи кӯҳистониро ба тасарруфи худ даровард.

Раҳбарияти Арманистон гуфта буд, ки дар бораи арманиҳои муқими ин минтақа дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна нигаронии ҷиддие вуҷуд надорад. Инчунин мақомоти Озарбойҷон низ таъкид карда буданд, ки айни замон дунболи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ин минтақа мебошанд.