18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 284

Толибон: Шӯравӣ ва кишварҳои узви НАТО бояд муҳокима шаванд

0

Мақомоти Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, кишварҳое, ки дар Афғнистон даст ба ҷиноёти ҷангӣ задаанд, дар додгоҳҳои ҷиноии байналмилалӣ муҳокима шаванд.

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирин ва авдаткунандагони Афғонистон зимни суханроние дар ҷамъи ҳамватанонаш мегӯяд, кишварҳое, ки дар чаҳор даҳаи охир дар Афғонистон даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ задаанд ва афғонҳоро ба номҳои гуногун куштаанд, бояд ба додгоҳҳои ҷиноии ҷаҳонӣ муаррифӣ шаванд.

Ин мақомдори Толибон мегӯяд, “ҳанӯз ҳам бархе кишварҳо мекӯшанд ба Афғонистон мушкил эҷод кунанд.”

Ҳаққонӣ зимни суханронияш ҳукумати Шӯравӣ ва кишварҳои аъзои НАТО-ро гунаҳкоронии асосӣ номид. Ӯ гуфт: “Ҳукумати пешини Шӯравӣ ва тамоми ғуломони ӯ чи дар дохили кишвар ва чи дар берун аз кишвар ҳастанд, НАТО-и Амрико ба шумули кишварҳое, ки Афғонистонамонро вайрон карда, инҳо имрӯз масъули ин ҳастанд. Бояд ба афғонҳо ҳисоб бидиҳанд ва ба маҳкамаи байналмилалӣ кашонида шаванд.”

Сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон мегӯяд, агар ин кишварҳо ва ё ҳарки бошад ин бор даст ба таҷовуз бизананд, ба вокуниши сахте рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Маҳмурод Одинаев дар зиндон зардпарвин шудааст

0

Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси ҲСДТ дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба бемории зардпарвин гирифтор шудааст.

Пайвандонаш мегӯянд, ки ин зиндонии сиёсиро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат “карантин” кардаанд, то беморияш ба дигарон нагузарад.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “то поёни карантин чанд рӯзи дигар мондааст. Масъулони маҳбас тасмим гирифтанд, барои муолиҷаи фишори хуну бемории дилаш дар шифохона нигоҳ доранд. Барояш дору медиҳанд.”

Пештар аз ин дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ Azda.tv дар истинод ба манобеаш хабар дода буд, ки вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ Маҳмурод Одинаев дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат вазнин шуда, ӯро ба бемористони зиндон интиқол додаанд.

Манобеи Azda.tv гуфта буданд, ки ин маҳбуси сиёсӣ аз бемории қалбу ҷигар ранҷ мебарад, то ҳадде, ки гиряву нола мекунад. Одинаев аз замони боздошт дар соли 2020 то кунун аз саломатияш ҳамеша шикоят дошт, вале мақомот ба табобати ӯ таваҷҷуҳ намекард.

Гуфта мешавад, ин маҳбуси сиёсӣ дар зиндон дучори фишори хун ва бемории дил шуда, аз баста шудани роҳи пешобдон (аденома) азият мекашад ва роҳ гашта наметавонад.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон талаб карда буд, ки вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаевро ба назар гирифта, режими зиндонашро ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли 2020 Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Дертар мақомот дар моҳи сентябри соли 2021 Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд. Аммо худи Одинаев афвро напазируфт ва хостори раҳоияш шуда буд.

Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ боздошт шуда буд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.

Вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон вахим шудааст

0

Вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат вахим шуда, хатари марг ӯро таҳдид мекунад.

Саидисҳоқ Бобоев, узви ПМТ ва фаъоли сиёсӣ 30-уми март дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки Ҷалолиддини Маҳмуд ҳоло дар госпитали зиндон бистарӣ аст ва мақомоти зиндонҳо иҷозат надодаанд, ки ӯро ба дигар бемористон интиқол диҳанд.

Ин фаъоли сиёсӣ мегӯяд, ки наздикони Ҷалолиддини Маҳмуд гуфтаанд, ки ӯ якбора аз чанд беморӣ, аз ҷумла об гирифтани шушҳо, аз байн рафтани шунавоӣ, фишорбаландии хун ва грижаи уви таносулӣ ранҷ мебарад ва ин бемориҳо боис гашта, ки ӯ бо мушкилӣ роҳ биравад.

Саидисҳоқ Бобоев мегӯяд, ки табибони госпитали маҳбас гуфтаанд, ки имкони зинда мондани Ҷалолиддини Маҳмуд ҳамагӣ 20 дарсад аст.

Пештар аз ин моҳи декабри соли гузашта хабари ба кумо дучор шудан ва ба ҳуш омадани Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.

Инчунн, дирӯз Azda tv иттилоъ дода буд, ки Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ низ бино ба вазъи бади саломатӣ аз зиндон ба бемористони “Қарияи боло” интиқол ёфтааст.

Ин зиндонии сиёсӣ низ аз бемории қанд, фишорбаландӣ ва қалб ранҷ мебарад.

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта расонаҳо дар бораи дар бемористон бистарӣ шудани собиқ муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев хабар дода буданд. Гуфта мешавад, ӯ низ аз дарди гурда, қалб ва фишорбаландӣ ранҷ мебарад.

Мақомот то ҳол хабари бемории зиндониёни сиёсиро шарҳ надодаанд. Дар аксар ҳолат мақомот бо вуҷуди далелҳои муаккад, бемории маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Ҷалолиддини Маҳмуд, ки то замони боздошташ дар Комиссиюни интихоботии Тоҷикистон низ кор кардааст,  моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми нигаҳдории силоҳ маҳкум ба 5 соли зиндон шуда буд. Ӯ моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад, аммо 3 августи соли 2020 дубора боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум гашт.

Узбекистон пештози кишварҳои сармоягузор дар Афғонистон

0

Мақомоти Токшанд талош доранд, ки нисбат ба дигар ҳамсояҳои Афғонистон дар бозорҳои ин кишвар мавқеи мустаҳкамтареро аз ҳоло поягузорӣ кунанд.

Толибон мегӯянд, бар асоси тафоҳуми Афғонистон ва Узбекистон дар соли ҷорӣ ҳаҷми содирот ва воридоти молу колоҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар ба 1 миллиар доллар баробар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи онҳо, танҳо дар нуҳмоҳаи ахири соли 2022 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Афғонистону Узбекистон 225 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ҳамзамон ҷониби Узбекистон ба Толибон итминон додааст, ки сатҳи содироти нерӯи барқ тибқи қарордод ба Афғонистон идома хоҳад дошт ва пуружаи муштараки интиқоли барқи воридотии Сурхандарё-Пулихумриро низ такмил хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, мақомоти Узбекистон ба ҳамтоёни афғонистониашон таъкид кардаанд, ки дар ояндаи наздик намоишгоҳҳои маҳсулоти тавлидшудаи ду кишвар дар шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф ва Тирмиз баргузор хоҳанд шуд.

Тоҷикистон бо вуҷуд доштани тӯлонитарин марз бо Афғонистон ва имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ дар ин бозор ба истинои фурӯши нерӯи барқ, колои транзитӣ ва доду гирифтҳои тиҷоратӣ дар бораи дигар сармоягузориҳои худ дар ин кишвар ба сурати расмӣ иттилоъ надодааст. Аммо Толибон мегӯянд, ки чанд соҳибкори тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ кардан дар ин кишвар чанд моҳ пеш сабти ном кардаанд.

Содироти Афғонистон ҳудуди 2 миллиард доллар

0

Толибон мегӯянд, ки барои нахустин бор дар таърихи Афғонистон содироти ин кишвар наздик ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 29-уми марти соли 2023 масъулини Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон дар Кобул ба расонаҳо гуфтаанд, ки барои нахустин бор дар торихи ин кишвар ҳаҷми содироти он ба 2 миллиард доллар расидааст.

Масъулини Вазорати санъат ва тиҷорати Толибон гуфтаанд, ки содироти Афғонистон нисбат ба як соли гузашта 135 дарсад ва дар муқоиса бо ду соли пеш 166 фисад афзоишро нишон медиҳад.

Вазорати санъат ва тиҷорати Толибон афзуда, ки танҳо содироти ангишт, пахта, оҳак, анор, кишмиш, анҷир, ангур, помидор, ҷалғузаи сиёҳ ва пиёз аз Афғонистон ба дигар кишвар 925 миллиону 493 ҳазору 629 долларро ташкил додааст.

Пеш аз ин Вазорати санъат ва тиҷорати Толибон эълон карда буд, ки дар миёни 150 сармоягузори хориҷӣ бархе соҳибкорҳои тоҷикистонӣ низ ҳузур доранд, ки дар тарҳҳои мухталифи Афғонистон барои сармоягузорӣ кардан сабти ном кардаанд.

Гуфта мешавад, тибқи ин оморҳои нашршуда, Тоҷикистон пас аз кишварҳои Покистону Ҳиндустон ва Узбекистон дар мақоми чоруми кишварҳоест, ки маҳсулоти Афғонистонро аз қабили ангишт, пахта, оҳак, анор, кишмиш, анҷир, ангур, помидор, ҷалғузаи сиёҳ ва пиёз ворид кардааст.

Боз як тоҷики дигар дар ҷанги Украина кушта шуд

0

Боз як маҳбуси тоҷикро, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, дар Тоҷикистон ба хок супурданд.

Акс аз Радиои Озодӣ
Ҷунайдулло Маҳмадуллои 33-сола, ки бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дар Русия зиндон шуда буд, тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Украина ҷалб шуда, аввали моҳи феврал кушта шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ҷасади ин маҳбуси тоҷикро пас аз ду моҳи кушта шудан аз Русия ба Тоҷикистон оварда, рӯзи 26-уми март дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд.

Аз ин маҳбуси тоҷик ҳамсар ва ду кӯдаки хурдсол боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, Ҷунайдулло Маҳмадулло баъд аз чор сол бояд аз зиндон озод мешуд, аммо ба ӯ ваъда додаанд, ки агар шаш моҳ дар ҷанг ширкат кунад, раҳояш мекунанд.

Бино ба навиштаи манбаъ, Ҷунайдулло Маҳмадулло моҳи январи соли ҷорӣ захмӣ шуда, дар як беморхонаи низомии саҳроӣ дар хоки Украина бистарӣ будааст ва ҳангоми ҳамла ба ин беморхона ӯ кушта мешавад.

Ҷунайдулло авваллин маҳбуси тоҷик нест, ки дар ҷанги Украина кушта мешавад, то ҳол кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷик, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, расонаӣ шудааст.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ мавриди кушта шудани маҳбусони тоҷик дар ҷанги Украинаро шарҳ надодаанд ва теъдоди дақиқи маҳбусони тоҷике, ки ба ҷанг дар Украина рафтаанд, маълум нест.

Аксари маҳбусоне, ки ба ҷанги Украина ҷалб мешаванд ба онҳо ваъдаи афв ва озодӣ аз зиндон дода мешавад, аммо то куҷо ин ваъдаи мақомоти рус иҷро мешавад, маълум нест.  

Аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина беш аз як сол гузашт. Дар ин муддат мақомоти рус ба ҷуз русҳо муҳоҷирони зиёде, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро низ ба ин ҷанг бурданд ва хабари кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоста буд, ки дар ин ҷанг ширкат накунанд.

Шикасти Тоҷикистон муқобили Кувайт

0

Мунтахби футоболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби футболи Кувайт мағлуб шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 28-уми марти соли 2023, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстонаи Ҳафтаи ФИФА дар шаҳри Кувайт бозиро ба нафъи мизбонон бохт.

Дар рафти ин бозиҳои дӯстона мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки аз моҳи июни соли 2022 то се рӯзе пеш ҳеч бозиеро набохта буд, танҳо дар дақиқаи 89 бозӣ тавонист ба дарвозаи ҳариф як тӯпро ворид кунад ва дар муқобили тими Кувайт бозиро бо ҳисоби 2:1 ба нафъи ҳарифони худ бохт.

Пеш аз ин бозӣ сармурабии тими Кувайт бо таърифу тавсиф аз мунтахаби Тоҷикитсон гуфта буд, ки тамоми нуктаҳои қувват ва заъфи футболбозони тоҷикро омӯхта барои анҷоми ин бозиҳо бо омодагии ҷиддӣ вориди майдон хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳафтае пеш барои анҷоми ин бозиҳо нахуст ба кишвари Имороти Муттаҳидаи Араб сафар карда, мунтхаби ин кишварро дар шаҳри Абудабӣ шикаст дода, сипас роҳии Кувайт гардида буд.

Дар кони “Ангишти Шӯроб” ду кӯҳкан ҷон бохт

0

Ба сабаби хуруҷи гази карбон дар кони “Ангишти Шӯроб” воқеъ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ ду кӯҳкани ин кон ҷони худро аз даст доданд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои вафқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи чоршанбе хабар дод, ҷонбохтагон яке 45 ва дигарӣ 57 сол дошта, ҳарду сокинони шаҳри Исфара будаанд.

Гуфта мешавад, “ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ – кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.”

Наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварда ва ба дасти мақомоти дахлдор супурдаанд.

То ҳоло сабабҳои рух додани ин фоҷеа дақиқ нашудааст, аммо бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, “комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.”

Марди 66-сола се пирамарди дигарро фиреб дод

0

Як марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду пирамарди сокинони ҳамин ноҳия ва як пирамарди сокини пойтахтро фиреб дода, маблағҳои зиёди онҳоро гирифта, дигар барнагрдонидааст.

Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ хабар дод, ин марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ӯ ном бурда намешавад, бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд гумонбар дониста мешавад.

Дар иттилоияи ВКД омада, ки “Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2011, марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”

Бино ба иттилои манбаъ, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ соли 2021 ҳамзамон аз сокини 68-солаи ҳамин ноҳия 70 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз як марди 69-солаи сокини пойтахт 41 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, аз онҳоро низ барнагардонидааст.

Дар маҷмӯъ марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷинояти қаллобӣ ба миқдори 143 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.

ВКД мегӯяд, вобаста ба ин қазия тафтишот идома дорад. Вале гуфта нашудааст, ки ҳоло гумонбар дар боздошт аст ё на. Ҳамчунин назари худи муттаҳам низ дастрас нест.

Як узви аршади ҲНИТ аз зиндон ба бемористон интиқол ёфт

0

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бино ба вазъи бади саломатӣ аз зиндон ба бемористони “Қрияи боло” интиқол ёфтааст.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, 29-уми марти соли ҷорӣ вазъи саломатии ин зиндонии сиёсӣ вахим шуда, ӯро ба бемористони шаҳрӣ интиқол дода, онҷо бистарӣ карданд.

Саидисҳоқ Бобоев, узви Паймони миллии Тоҷикистон дар истинод ба яке аз наздикони ин зиндонии сиёсӣ ба Azda tv гуфт, “Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аз бемории қанд ранҷ мебурд ва ҳоло ин бемори шиддат гирифта, ба қалбаш ҳам таъсир расондааст. Ӯро аввал дар бемористони дохили зиндон бистарӣ карданд, вале пас аз шиддат гирифтани беморӣ ҳоло ӯро ба бемористони шаҳрии “Қарияи боло” интиқол додаанд.”


Ба қавли манбаъ, ин узви аршади ҲНИТ-ро дар бемористон ду посбон назорат мекунанд. Манбаъ, афзуд, ки бемории оқои Муҳаммадалӣ хеле ҷиддӣ буда, “ҳатто як пояш комилан аз кор мондааст”. Гуфта мешавад, Муҳаммадлӣ Файзмуҳаммадро пештар ҳам ба сабаби ин беморӣ дар бемористони дохили зиндон бистарӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон сентябри соли 2015 Муҳаммадалии Файзмуҳамади 65-соларо ҳамроҳ бо дигар раҳбарон ва аъзои аршади ҲНИТ боздошт карда, баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум кард.