Хона блог саҳифа 294

Тасмими интиқоли бобмҳои хушаии Амрико ба Украина баҳсбарангез шуд

0

Ҳафтаи гузашта Пентагон аз бастаи нави кумакҳои низомии худ ба Украина хабар дод. Амрико эълон кард, ки ин бастаи кумакҳо ба миқдори 800 миллион доллар мебошанд.

Аммо чизе, ки дар бастаи кумакҳои нави низомии Амрико ба Украина норизоиятӣ ва нигаронии кишварҳоро ба бор овардааст, ирсоли бомбҳои хушаӣ аст, ки ҷузъе аз ин кумакҳо маҳсуб мешаванд.

Дар пайи эълони Пентагон аз ин тасмимаш аксари кишварҳо ба далели хатарнок будани ин навъи таслиҳот бо Амрико мухолифат кардаанд. Кишвари Олмон низ аз ирсоли бомбҳои хушаӣ ба Украина мухолифат кард.

Ҳамзамон субҳи имрӯз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Мао Нин вокуниши кишварашро эълон кард. Мао Нин мегӯяд, ин тасмими Амрико ба маънои “равған рехтан ба оташи ҷанг” аст. Ва ҳушдор дод, ки “интиқоли ғайримасъулонаи ин таслиҳот метавонад мунҷар ба мушкилоти инсонӣ шавад.”

Амрико мегӯяд, Русия аз аввали ҷанг бо Украина аз ин навъи силоҳи хатарнок истифода мекард ва Украина ҳам уҳдадор аст, ки аз хоки худ ва шаҳрвандонаш ҳимоят кунад. Аммо вақти истифода аз бомбҳои хушаӣ бояд ба Амрико аз шеваи истифодаи онҳо гузориш бидиҳад.

Коршиносони низомӣ бар ин назаранд, ки ин навъи бомбҳо ба сабаби дер таркидан ва дар ҳамаҷо пароканда шуданашон барои мардуми осоишта бисёр хатарнок маҳсуб мешавад.

Наздики 130 кишвари дунё барои манъи истифодаи бомби хушаӣ муваофиқат кардаанд ва истифодаи онро иҷозат намедиҳанд. Ҳатто аксари муттаҳидони Амрико низ мегӯянд, бо вуҷуди ҷонибдорӣ аз Украина ва ирсоли муҳиммоти ҷангӣ ба ин кишвар, муухолифи ашаддии ирсол ва истифодаи ин навъи силоҳ дар Украина ҳастанд.

Ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро кам карданд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳукми зиндони Рустам Саидаҳмадзода 1,5 солашро кам кардааст. 

Рустам Саидаҳмадзода, собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо содир кардани ҳукми сафед машҳур аст, моҳи апрели соли ҷорӣ бо иттиҳомоти қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. 

Худи Саидаҳмадзода иттиҳомоти мақомотро рад карда, хоста буд озодаш кунанд. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз Додгоҳи олӣ хабар дод, ки зинаи кассатсионӣ охири ҳафтаи гузашта ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро аз 6,5 сол ба 5 соли зиндон тағйир додааст.

Собиқ додрас аз болои ҳукми нав боз шикоят мебарад ё не маълум нест. 

Рустам Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардида, замоне номаш дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки соли 2021 як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард. Дар Тоҷикистон додрасҳо кам нафаронеро бегуноҳ эълон мекунанд ва ҳукмҳои сафед ангуштшуморанд.

Ҳатто баъди содир кардани ин ҳукм Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор кард. Аммо Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, болои додрасҳо фишор наоранд.

Аз “табаддулоти мусаллаҳона” дар Туркманистон пешгирӣ шуд

0

Расонаҳои Туркманистон аз кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар Ашқобод хабар медиҳанд.

Телеграм-канали Turkmen.news хабар медиҳад, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ хадамоти вежаи Туркманистон аз талоши табаддулоти мусаллаҳона ҷилавгирӣ кардаанд. Мақомот дар натиҷа 20 шаҳрванди туркманро, ки аксаран аз вилояти Марӣ будаанд, боздошт кардааст. Айни замон гумонбарон дар боздошт қарор доранд.

Бино ба гузоришҳо, раҳбарии ин табаддулотро Батир Мередов, писари собиқ вазири кишоварзии ин кишвар Пайзигелди Мередов бар уҳда доштааст. Пайзигелди пас аз марги Ниёзов ба 19 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи августи соли 2013 дар ҳамон ҷо даргузашта буд.

Гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудаҳо муовини вазири умури дохилии Туркманистон Аҳмад Хоҷатов низ ҳаст. Хоҷатов то таъйин шуданаш ба ин мақом дар моҳи декабри соли 2018, сардори шуъбаи пулиси вилояти Марӣ буд.

Бино ба иттилои манбаъ, табуддулотгарон бо мошинҳои боркаш ба Туркманистон навъҳои гуногуни аслиҳаро интиқол додаанд. 

Чанде пеш расонаҳо аз масдуд шудани Интернет дар ин кишвар хабар дода буданд. Сабаби масдуд шудани Интернет дар кишварро пинҳон доштани маълумот дар бораи як табаддулоти мусаллаҳона гуфтанд.

Интихоботи Узбекистон: Мирзиёев ҳам роҳро барои худ боз кард

0

Рӯзи якшанбе, 9-июли соли ҷорӣ дар Узбекистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Дар он 4 номзад барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурӣ рақобат карданд.

Имрӯз, 10-уми июл Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар натиҷаҳои аввалии интихоботро эълон кард. Тибқи он, Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либерал-демократи Узбекистон ва президенти феълии он бо ба даст овардани 87,05 дарсади оро барандаи мутлақи ин маъракаи сиёсӣ эълон гардид.

Аммо боқӣ номзадҳо овозҳои андаке дарёфт карда, мағлуб шуданд. Аз ҷумла, Робахон Маҳмудова, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” 4,43 %, Улуғбек Иноятов, номзад аз Ҳизби Халқии демократии Ӯзбекистон 4,02% ва Абдушукур Ҳамзаев, номзад аз Ҳизби экологӣ 3,74% овозҳоро соҳиб шуданд.

Бино ба гуфтаи Зайниддин Низомхочаев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон, дар интихоботи президентии ин кишвар 79,8% интихобкунанда ё 15,6 миллион нафар ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Мирзиёев баъд аз марги президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ба сари қудрат омад. Ӯ ду маротиба президнти ин кишвар интихоб шуда буд ва тибқи қонун ду се сол пас мебоист курсиро холӣ кунад. Дар ин кишвар тибқи Қонуни асосӣ як нафар ду маротиба 5-солӣ ҳаққи президент буданро дошт, аммо Мирзиёв муддати президентиро аз 5 ба 7 сол боло бурд. Ва инаки 65-сола метавонад то соли 2037 зимоми қудратро дар даст дошта бошад.

Боздошти муҳоҷирон дар яке аз масҷидҳои Русия

0

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия тафтишу боздошти муҳоҷирон дигарбора авҷ гирифтааст.

Дар наворҳои тозае, ки ба Azda.tv расида дида мешавад, ки гурӯҳе аз муҳоҷирон дар дохили биное биниву даҳони худро бо либосҳояшон пӯшондаанд. Ба гуфтаи корбарон, ин бино масҷиди шаҳраки Котелникии вилояти Маскави Русия буда, афроди сиёҳпӯш пас аз намози ҷумъаи имрӯз ба дохили он гази ашковар партофтаанд. Бо кадом далел ин афроди сиёҳпӯш, ки гуфта мешавад кормандони ОМОН-и Русия мебошанд, чунин амалеро анҷом додаанд, маълум нест.

Дар як навори дигаре дида мешавад, ки нафарони зиёде дар саҳни ин масҷид қатор истодаанд ва дар наздашон кормандони ОМОН ҳузур доранд. 

Яке аз шоҳидони ҳодиса дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки мақомоти интизомии Русия дар ин масҷид тафтиш ё ҳамон “рейд” гузаронидаанд. 

Ба гуфтаи ӯ, дар байни боздоштшудаҳо онҳое, ки шиносномаи Русияро доштанд, озод шуданд, аммо ОМОН муҳоҷирони кориро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бо худ ба боздоштгоҳҳо бурданд. 

То ҳол маълум нест, ки миёни онҳо чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст. 

Аввали ҳафтаи ҷорӣ низ дар пайи як амалиёти мақомоти интизомии Русия чанд тан аз муҳоҷирони корӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт шуда буданд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, нерӯҳои амниятии ин кишвар дар асоси шикояти сокинони руси ин шаҳрак нуқтаҳои кору хоби муҳоҷиронро тафтиш карданд.

Дар наворҳое, ки аз рафти ин тафтишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки кормандони ОМОН қаҳвахонаи “Бек-бургер”, хобгоҳи “Белая дача” ва чойхонаи “Баракат”-и шаҳраки Котелникро тафтиш доранд. Қисме аз муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд, қисми дигарро ба мошин савор карда ба шуъбаи пулис бурданианд.

Шабакаи телеграммии “Многонационал” менависад, ки дар натиҷаи ин “рейд” даҳҳо муҳоҷири хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштанд, муайян карда шудааст ва чунин рейдҳо мунтазам идома хоҳанд ёфт.

Ба навиштаи ин шабака аксари муҳоҷирон зодагони Тоҷикистонанд.

Чанд моҳи ахир аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад. Ва яке аз аввалин рейди густарда дар соли ҷорӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав пас аз шикояти сокинони маҳаллии он ба Президенти Русия оғоз гардид.

То ин муддат наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, чӣ аснод дошта бошанд чи на, ҳамаро якҷоя боздошт мекунанд. Вале, ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад, озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто табқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Видоъи гумонбар дар қатли Исматуллоев бо модараш пеш аз марг

0

Рустам Ашӯров, гумонбар дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк” пеш аз маргаш бо модараш видеоӣ занг зада, видоъ мекунад ва мегӯяд, “зиқ нашавед дар қиёмат вомехӯрем иншоаллоҳ”.

Имрӯз, 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки зоҳиран он баъд аз куштани ду маъмури амниятии Фурудгоҳи Кишинёви Молдова ва лаҳзае пеш аз ҳамла алайҳи худаш сабт шудааст.

Рустам Ашӯров дар ин навор ба модараш мегӯяд, ки ду маъмури амниятии фурӯдгоҳро куштааст. Ва ҳатто ҷасади хобидаи онҳоро нишон медиҳад.

Инчунин Афшӯров дар ин суҳбат иқрор мешавад, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок”-ро ӯ ҳамроҳи як нафари дигар бо номи Дилшод СБ куштаанд. Вале ӯ мегӯяд, дар қатли Исматуллоев мустақим даст надорад.

Ин собиқ милисаи тоҷик дар суҳбат бо модараш мегӯяд, Дилшод чанде пеш ба ӯ гуфта будааст, ки “як одам ҳудуди 200 миллион доллар “Биткоин” дорад, биё ӯро медуздему “Биткоин”-ҳояшро мегирем ва худашро ҷавоб медиҳем.” Дар идома меафзояд, “рафтем унҷа, иқа задак задакша, ки мурд ӯ одам.”

Модараш аз Рустам мепурсад, ки “Ту вайя чӣ кор кардӣ?”, ӯ мегӯяд: “Ман ҳамроҳашон будам” модараш боз мепурсад, ки “Ту ягон кор кардӣ?” Рустам мегӯяд, “Не, ман фақат (пас аз мурдан ҷасадро) гирифта, дар дарёи Варзоб партофтам”.

Дар пайи расонаӣ шудани ин навор, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, қазия бузургтар аз 200 миллион доллар “Биткоин” аст. Аксари корбарон фармоишгарони ин ҷинояти мудҳишро шахсони наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тахмин мезананд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик менависад, ки “ФАРМОИШГАРОН ОН ҚАДАР ТАЪСИРГУЗОРАНД, КИ ҚОТИЛОН МАРГРО АЗ ОШКОР КАРДАНИ ОНҲО БЕҲТАР МЕДОНАНД?

Ӯ дар идома навиштааст: “Рустам- яке аз қотилони муовини раиси Ориёнбонк, ки дар Молдова кушта шуд, зимни сӯҳбати охирин бо модараш мегӯяд, ҳамроҳаш – Дилшодро ҳам, ки ҳоло дар ҷустуҷӯст, “зинда намегиранд, худашро мекушад”.

Пас онҳо кадом асрори муҳимро бо худ бурданианд. Яъне масъала аз “гирифтани биткоин ба арзиши 100-200 миллион доллар”, ки дар ин сӯҳбат ишора мешавад, фаротар аст ва фармоишгарони ин ҷиноят он қадар таъсиргузоранд, ки инҳо маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?

Ҳамзамон Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар паёме навишта, ки “Ба ғайр аз раис Ҳасан Асадуллозода ва ё хоҳарзодааш Зарина Раҳмон кӣ метавонад фармоишгари қатли Шуҳрат Исматуллозода бошад?

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон шоми 30-юми июн дар фурӯдгоҳи Кишинёв, замоне ки ба ӯ иҷозаи убур аз марзи ин кишварро надоданд, аз камари муовини сардори Нерӯҳои марзбонии Молдова дар фурӯдгоҳ Сергей Мунтияну туфангчашро гирфта, ӯ ва як маъмури бахши амниятиро кушт ва бар асари тирҳои ҷавобӣ Ашӯров захмӣ шуда, давоми се рӯз дар як бемористони ин кишвар дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Дар ниҳоят ӯ шаби 3-уми июли соли ҷорӣ даргузашт.

Рустам Ашӯровро дар Тоҷикистон дар ҷинояти рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гунаҳкор медонанд ва алайҳаш парванда боз шуда буд.

Вазорати дохилаи Молдова ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо муайян кардем, ки Рустам Ашӯров собиқ корманди милисаи Тоҷикистон буда ва дар ин сохтор 7 сол кор кардааст.” Инчунин гуфта мешавад, Ашӯров бо иттиҳоми ғоратгарӣ аз вазифа ронда шуда ва зиндонӣ ҳам шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи гузашта 3-уми июл аз вахим будани вазъи саломатии Ашӯров гузориш дода буаданд. Вале аксари ҷомеаи тоҷик зинда мондани ӯро орзу мекард, то сирри рабудан ва фармоишгарони ҷинояти қатли занҷираии муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев фош шавад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба гумони даст доштан дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 4 нафар аз собиқ афсарони ниҳодҳои қудратиро боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ аз манобеи худ дар ниҳодҳои интизомӣ ва наздик ба тафтишот хабар дод, ки собиқ афсарон “ҳамроҳ бо ҷинояткорони собиқадор ин одамрабоиро анҷом додаанд”.

Ба иттилои манбаъ, яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Ожонси мубориза бо фасод будааст. “Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст.”

Боздошти як тоҷик бо ҳамсараш дар Ҳолланд бо иттиҳоми терроризм

0

Бино ба гузориши расонаҳои ҳолландӣ, мақомоти пулиси ин кишвар рӯзи панҷшанбе, 6-уми июл як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро бо ҳамсараш боздошт кард.

Гуфта мешавад, ин марди тоҷик ҳамроҳи ҳамсари 31-солаи қирғизаш аз соли 2022 дар Ҳолланд ба сар мебурдаанд. Ҳамсари ӯ дар шаҳри Бреда ва худи мард дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд боздошт шудаанд. 

Пулиси ин кишвар мегӯяд, ҳардуи онҳо дар содир кардани амалҳои омодагӣ ба ҷиноятҳои террористӣ гумонбар мешаванд. Вале, ба гуфтаи пулис, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон ба узвият дар созмони террористии ДИИШ низ гумонбар аст.

Пулиси Ҳолланд дар ҳамкори бо Хадамоти умумии истихборот ва амният (AIVD)-и ин кишвар гумонбаронро пайгирӣ ва боздошт кардааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, тафтишоти пешакии пулис мушаххас карда, ки ин марди зодаи Тоҷикистон узви ДОИШ буда ва ба ӯ дастури тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дода шудааст.

Гуфтанист, гумонбарон рӯзи ҷумъа, 7-уми июл ба Додгоҳи тафтишотӣ дар Роттердам оварда шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта мешаванд. Ба онҳо танҳо иҷоза дода мешавад, ки бо вакилони худ дар тамос бошанд.

Мақомоти пулиси Ҳолланд мегӯяд, боздоштшудаҳо бо чанд нафари дигар, ки дар Олмон зиндагӣ мекардаанд, дар тамос будаанд ва дар пайи тафтишоти пулиси ҳарду кишвар онҳо мушаххас ва боздошт шудаанд.

Мақомоти додситонии Олмон ҳам рӯзи панҷшанбе, 6-уми июл аз боздошти 7 нафар бо иттиҳоми терроризм хабар дод. Azda tv қаблан гузориш дод, ки 5 нафари онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Боздошти панҷ зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар Олмон

0

Имрӯз, 6-уми июл Додситонии Федералии Олмон аз боздошти ҳафт зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми терроризм хабар дод.

Гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудаҳо 5 нафарашон шаҳрвнадони Тоҷикистон, як нафар аз Қирғизистон ва як тани дигар аз Туркманистон мебошанд.

Боздошти Ато А., шаҳрванди Туркманистон, Аброрҷон К., шаҳрванди Қирғизистон, Муҳаммадшуҷо А., Нуриддин Қ., Шамшуд Н. ва Рабони З., шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби пулис дар заминҳои Рейн-Вестфалияи Шимолии Олмон сурат гирифтааст.

Боздоштшудаҳо ба таъсис додани гурӯҳи террористӣ дар Олмон ва ҳимоят аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) гумонбар мебошанд.

Бино ба иттилои Додситонии Олмон, боздоштшудаҳо якдигарро мешинохтаанд ва пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 вориди хоки Олмон шудаанд.

Дар охири моҳи июни соли 2022 онҳо барои ташкили як созмони террористӣ бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ дар Олмон муттаҳид шуданд.

Ба гуфтаи додситонӣ, онҳо аллакай ҳадафҳоро кашф карда ва талош доштаанд, ки силоҳ ба даст оранд.

Ба ҷуз Аброрҷони К., боздоштшудаҳо дар Олмон низ аз моҳи апрели соли 2022 барои ДОИШ пул ҷамъоварӣ мекарданд ва борҳо барои ин созмон ба хориҷ маблағ интиқол додаанд.

Мақомоти Олмон мегӯяд, ин гурӯҳ бо аъзои бахши минтақавии “Вилояти Хуросони Давлати Исломӣ” дар хориҷ иртибот доштаанд.

Назари боздоштшудаҳо то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Имрӯз ва фардо мурофиаи боздоштшудаҳо баргузор мегардад ва Додгоҳи Федералӣ дар бораи иҷрои ҳабси пешакӣ тасмим мегирад.

Нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан баргашт

0

Субҳи 6-уми июли соли ҷорӣ нахустин гурӯҳи зоирони Хонаи Худо аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ин бора Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дини кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳи ҳоҷиён 10-уми июни ҳамин сол ба Арабистон рафта буданд ва пас аз адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ имрӯз тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Мадинаи Мунаввара ба Душанбе баргаштанд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим ва анъанаи Ҷумҳурии Тоиҷикистон ба расонаҳо гуфт, ки субҳи имрӯз дар ҳавопаймои “Сомон Эйр” 165 ҳоҷӣ ба Ватан баргашт. Ва баргашти ҳоҷиёни тоҷик то 18-уми июл идома хоҳад кард.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”

Тибқи маълумоти Кумитаи дини кишвар, нархи ҳаҷҷи имсол барои як нафар 59 ҳазор сомониро ташкил медод. Ва имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистон рафтаанд.

Аммо ба гуфтаи баъзе манобеъ, имсол тоҷикистониёне, ки аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистон рафта буданд, шуморашон аз онҳое, ки аз Тоҷикистон рафтанд, ба маротиб бештар буд. Чун, ба гуфтаи онҳо, нархи ҳаҷ дар кишвар гарон аст ва инчунин маҳдудиятҳои дигаре вуҷуд дорад, ки аз дигар кишварҳо ба ҳаҷ рафтан барояшон осонтару арзонтар мешавад.

Сокинони Истаравшан чаро милисаҳоро заданд? Ҷузъиёти тоза

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд нафар аз сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшанро боздошт кардаанд.

Сокинони боздоштшуда ба латтукӯби кормандони милисаи ин шаҳр гунаҳкор дониста мешаванд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, сокинони деҳаи Лакат монеи кори маъмурони милиса шудаанд. Ба иддаои ВКД, маъмурони “Шуъбаи корҳои дохилии Истаравшан пайи таҳқиқи як хабари фаврӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Лакат буданд.”

Аммо дар ин бора Радиои Озодӣ аз забони сокинони ин деҳа гузорише нашр кард, ки шоҳидон воқеаро дигархел шарҳ медиҳанд. Тибқи гуфтаи шоҳидон, милисаҳо қасди таҷовузи як ҷавондухтари ин деҳаро доштаанд ва ӯро ба мошини худ савор карда, зуран мехостаанд ӯро ба ҷое бибаранд. Ва чун деҳқонон садои кумакхоҳии ӯро мешунаванд ба кумакаш шитофта, бо маъмурони милиса даргир мешаванд.

Бино ба нақли сокинони деҳаи мазкур, 31-уми майи соли ҷорӣ “дар дукилометрии деҳаи Лакат як мошини сиёҳшишаро” мебинанд, ки “аз дарунаш садои имдодталабии духтар меомад.” Онҳо бо кумаки ҳамдигар назди мошин рафта, “ронанда ва ҳамроҳонашро, ки маъмурони милиса буданд, ба кушодани дар маҷбур намуданд” ва чун амаки духтар Ҷамолиддин Раҳматов ҷияни худро дар асорати милисаҳо мебинад, бо онҳо даргир мешавад ва бо ҳамин байни онҳо муноқиша сар мезанад.

Милиса омад, ба паҳлӯям нишаст. Гуфт, агар ҳамин корамон шавад, ман ба ту Айфон 14 промакс харида медиҳам. Ту шиноснома надоштаӣ, шиносномаатро ҳал карда медиҳам. Миёнамро қапида ин гапҳоро гуфт. Ман дар ин ҳолат гиря карда, фарёд задам, ки ҳамдеҳаҳо аз берун шунидаанд. Баъд ҳамаро ҷеғ заданд. Ҳама ҷамъ шуд. Мудири мактаб ва Ҷамолиддин-амакам низ омаданду ин ҳолат рух дод.”,- нақл кардааст духтар ба Радиои Озодӣ.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзе пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он дида мешуд, гурӯҳе аз сокинон бо маъмурони милиса дастбагиребон мешаванд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса охири моҳи май рух дода буд, вале чанд рӯзи ахир ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба ин хабар мегӯянд, кормандони милиса мехостаанд духтарро таҷовуз кунанд ва бояд ин парванда ҷиддӣ гирифта шавад ва ҳамаи милисаҳо ба ҷазои худ расонида шаванд. Ба гуфтаи онҳо, дар аксар навоҳии дурдаст баъзе маъмурони ВКД ва КДАМ по аз салоҳияти худ фаро ниҳода, ба ҷиноятҳое даст мезананд, ки ҳатто худи раҳбарияти ин ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷинояти кормандонашонро мепӯшонанд ва таҳқиқ намекунанд ва ё шахсони бегуноҳеро муттаҳам карда, зиндонӣ мекунанд.