15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 300

Бин Салмон дар Риёз Каъбаи нав месозад?

0

Чанд рӯзи ахир як қарори шоҳзода ва валиаҳди Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон сарусадоҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи ин кишвар ба бор овардааст.

Рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон қарори наверо дар бораи бунёди бузургтарин маркази тиҷоратии дунё (Downtown), ки сохтмони он мураббаъ (чоргӯша) мешавад, қабул кард.

Мухолифони ин қарор мегӯянд, шакли ин бино ба хонаи Худо – Каъба, ки дар Маккаи Мукаррама ҷойгир аст, шабоҳати зиёд дорад. Ва набояд ҳукумат сохтмонҳои тиҷоратӣ ва тафриҳиро ба шакли Каъба, ки барои мусалмонон муқаддаст аст, бисозад.

Аммо мақомоти ин кишвар мегӯянд, мақсад аз мураббаъ сохтани ин бинои боҳашамати тиҷоратӣ, зинда кардан ва ҳифзи осори фарҳангӣ ва таърихии сокинони ин минтақа аст.  

Ҳамзамон бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ҳукумати Саудӣ мехоҳад бо сохтани чунин биноҳо дар шакли Каъба, ки барои мусалмонон муқаддаст аст, таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кунад.

Дар қарори ҳукумати Саудӣ омада, ки ин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Риёз дар масоҳати 19 километри мураббаъ сохта мешавад. Ҳам баландӣ ва паҳноии ин сохтмон 400 метрро дар бар гирифта, дар сохтани он 180 миллард риёл (наздики 48 миллард доллар) маблағгузорӣ мешавад.

Боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ

0

Нисбати муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода ба хотири баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ парванда боз шудааст.

Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ (акс аз Радиои Озодӣ)

Алихон Худоёрзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва раёсати кумисюни тақсими заминро дар ноҳия ба уҳда дошт, ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони мақомот боздошт шудааст.

Як манбаъ аз Додситонии ноҳияи Восеъ рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки нисбат ба Худоёрзода ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ (моддаи 316 ) парванда боз шуда, таҳқиқи парванда идома дорад ва кори ӯро аз соли 2017 то соли 2021 месанҷанд. Бо моддае, ки собиқ муовини раиси ноҳияи Восеъ гумонбар аст, ҷарима ё чаҳор соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

То ҳол назари мақомот ва худи Худоёрзодаву пайвандонаш дастраси расонаҳо нест.

Пештар аз ин номи Алихон Худоёрзодаи 57-сола рӯзи 7-уми февраи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ расонаӣ шуда буд. Дар ин нишаст собиқ муовини раиси ноҳияи Восеъ, шикоятҳоро дар бораи надодани замин ба сокинон беасос номида, гуфта буд, ки “Сокинон ҳангоми тақсими қитъаи замин дар деҳаи Саричашма дар қуръапартоӣ набуданд. Ягон кас ҳам муроҷиат накард”.

Аммо, сокинони норозӣ мегӯянд, ки дар даст қарори раиси ҳукуматро дошта, дар “қуръапартоб” низ ширкат кардаанд, вале ба онҳо замин дода нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки як мақомдор ба хотири тақсими замин ва баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ боздошт мешавад. Аммо дар аксар ҳолат парвандаи онҳо ба охир нарасида, гумонбарон озод мешаванд.

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Салмон бин Абдулазиз

0

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “Солрӯзи таъсис”-и Арабистони Саудӣ ба малик Салмон бин Абдулазиз барқияи шодбошӣ фиристод.

Бино ба иттилои сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як номаи шодбошӣ “Солрӯзи таъсис”-ро ба Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд табрик гуфтааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин барқияи табрикотӣ зикршуда, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба шоҳ Салмон бин Абдулазиз ва мардуми ин кишвар “Солрӯзи таъсис”-ро самимона табрик ва таҳниат гуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки давлати Арабистони Саудӣ, ки ҳоло Оли Сауд онро идора мекунад, дар 3 марҳила ташаккул ёфтааст. Бори аввал соли 1744 тавассути Муҳаммад бин Сауд бо номи Иморати Диръия таъсис шуд. Бори дуюм аз солҳои 1824 то 1891 ва бори ахир соли 1902 бо раҳбарии Абдулазиз оли Сауд бо номи Иморати Риёз ташкил ёфт ва ниҳоятан, соли 1932 бо ҳамроҳ кардани иморатҳои дигар номи Арабистони Саудиро гирифт.

Шоҳрух рутбаи нав гирифт

0

Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо нафар аз кормандони мақомоти қудратии кишварро бо рутбаҳои нав ва ордену дигар мукофотҳо сарфароз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 21-уми феврали соли 2023 ба муносибати 30-солагии таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо нафар аз сарбозону афсарони кишварро бо рутбаҳои нав, орденҳо ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ кард.

Дар байни онҳое, ки рутбаҳои баландтар гирифтанд, Шоҳрух Саидзода, писари Абдулфаттоҳ Ғоибов ҷавонтарин намояндаи мақомоти қудратӣ мебошад, рутбаи генерал-майори милитсияро соҳиб шуд.

Ин писари Абдулфаттоҳ Ғоибов аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, писарбузури Президенти Тоҷикистон аст. Падараш Абдулфаттоҳ Ғоибов, собиқ раиси Хадамоти гумрук ҳам дар гузашта дар командаи Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз вафодортарин мансабдорон ба ин хонавода дониста мешуд.

Гуфта мешавад, Шоҳрух Саидзода, соли 2012 ба сафи мақомоти қудратӣ пайваст ва дар Вазорати корҳои дохилӣ хеле тез “рушд” кард. Вай аз соли 2017 ба ин сӯи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Дар давраи раҳбарии ӯ дар ин ниҳод садҳо нафар аз фаъолон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муҳоҷират ба сар мебаранд, бо баҳонаҳои мухталиф дар Русия ва дигар кишварҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Мушкилоти шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бартараф карда мешавад?

0

Баъд аз шикояти сокинон Вазири нақлиёти кишвар ба дидани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар рафт ва ба зердастонаш дастур дода, ки мушкилоти ин роҳро муайян ва бартараф кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи

Аммо сокинони кишвар хароб шудани ин шоҳроҳро бо сифати паст сохта шуданаш ва ба дуздӣ шудани қисме аз пулҳои ҷудошуда рабт медиҳанд.

Пештар Azda.tv бо нашри чанд аксу гузорише аз хароб шудани ин шоҳроҳ хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар се марҳила сурат мегирад. Ду қисмати аввали роҳ пас аз бозсозӣ 29-уми октябри соли 2021 бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд ва расонаҳои давлатӣ аз сифати хуб доштани ин роҳ гузориш дода буданд.

Тибқи иттилои расмии дафтари матбуоти раисҷумҳур, шоҳроҳи мазкур бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар тармим ва сохтани ин роҳ “наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ” ширкат кардаанд.

Айни замон аз ҳисоби гранти ҳукумати Ҷопон ба маблағи 30,1 миллион доллари ИМА марҳилаи сеюми лоиҳаи бозсозии ин шоҳроҳ аз Қизилқалъа то Бохтар, 9,2 километр дарозӣ дорад, бозсозӣ шуда истодааст.

Як мухолифи тоҷикро дар Русия боздошт карданд

0

Мақомоти Русия як “блогер” ва “мухолиф”-и 36-солаи тоҷикистониро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст, боздошт карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Санкт-Петербурги Русия 20-уми феврали соли ҷорӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро тақрибан соатҳои 11:30 дар ҳудуди кӯчаи “Моисеенко”-и ин шаҳр боздошт карданд.

Ба иттилои расонаҳо, боздоштшударо мақомоти Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2020 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода будаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон нисбати ин мард “бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумат” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ” парванда боз кардаанд.

Ин зодаи Тоҷикистон дар Русия қонунӣ зиндагӣ доштааст. Ӯро ба идораи пулис бурда, мақомоти тоҷикро дар бораи дастгир шуданаш огоҳ кардаанд.

Мақомоти Русия ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро фош накардаанд, аммо расонаҳои ин кишвар  аз ӯ “блогер” ва “мухолиф” ном мебаранд.

Azda.tv ҳувияти ин зодаи Тоҷикистонро маълум карда натавонист. Бо пайдо шудани иттилои нав хабар такмил мешавад.

Дар чанд соли охир мақомоти рус дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон даҳҳо фаъол ва мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмонро боздошт ва иҷборан аз хоки Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд, ки аксари онҳо дар кишвар бо шиканҷа рӯ ба рӯ шуда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардидаанд.

Тақдими кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия

0

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ба мардуми осебдида аз заминҷунибҳои ахир дар Сурия “кумакҳои башардӯстона” тақдим кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 18 феврали соли 2023 Президенти Сурия Башшор Асад сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Ва “барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.”

Аммо хабаргузории Сурия “САНА” иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот бо Башшор Асад: “Забайдов (Зубайдзода) эълом кард, ки сафараш ба Сурия барои таъкид бар ҳимояти Тоҷикистон аз Сурия ва омодагии кишвараш барои ироаи кумак ба мардуми Сурия буд.”

Гуфта мешавад, пеш аз ин Тоҷикистон расман хабар дода буд, ки ба мардуми мусибатдидаи Туркия, ки пас аз заминҷунбиҳои 6-уми феврал хисороти зиёде дидаанд, 50 нафар аз мустахассисони ҳолатҳои фавқулъодаро ҳамроҳ бо кумакҳои башардӯстона барои наҷоти осебдидагон фиристодааст.

Аммо ба мардуми Сурия ба ҷуз як паёми ирсоли ҳамдардӣ ҳеч иттилои расмие дар бораи тақдим кумакҳои башардӯстона ва муҳтавои онҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба расонаҳо ироа нашадааст. Ва ҳоло ҳам, тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, маълум нест, ки Тоҷикистон ба мардуми Сурия кумак кардааст ё мехоҳад дар оянда ба онҳо кумак кунад?

Дар як моҳи ахир Тоҷикистон ба хориҷ $4.3 млн барқ фурӯхт

0

Тоҷикистон давоми моҳи январи соли ҷорӣ ба хориҷ аз кишвар ба ҳаҷми 4.3 миллион доллари амрикоӣ барқ фурӯхтааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 50 дарсад бештар аст.

Бино ба иттилои “Avesta”, ягона ширкати барқрасони Тоҷикистон “Барқи тоҷик” дар бораи миқдори воқеӣ аз нигоҳи кВт/соат маълумоте ироа накадааст. Гуфта мешавад, ин ширкати барқрасон тасмим гирифта, ки содироти барқро ба хориҷи кишвар афзоиш диҳад.

Бо вуҷуди афзоиши содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, “Барқи тоҷик” мегӯяд, дар фасли зимистон ба ҳаҷми камтар барқ мефурӯшад. Дар ҳоле ки ин ширкат аз ҳаҷми содироти ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Узбекистон маълумоте ироа намекунад.

Масъулони “Барқи тоҷик” дар рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки соли 2022 Тоҷикистон дар маҷмуъ 21,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол карда, аз ин миқдор ба Афғонистон 1,7 миллиард кВт/соат ва ба Узбакистон 1,6 миллиард кВт/соат нерӯи барқро ба ҳаҷми 1,6 миллион доллар ​​фурӯхтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дохили кишвар сокинон аз сармо ранҷ мебаранд, вале барқ аз соатҳои муқарраршуда камтар дода мешавад. Дар навоҳии дурдасти кишвар аҳолӣ мегӯянд, ба онҳо дар як шабонарӯз танҳо 5 соат – 2 соат субҳ ва 3 соат бегоҳ барқ дода мешавад.

Тоҷикистон мизбони 350 ҳайати расмӣ дар як сол

0

Вазири корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд.

Имрӯз, 17-уми феврали соли 2023, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Дар ҳолати кунунӣ Тоҷикистон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.”

Сироҷиддин Муҳриддин бар ин бовар аст, ки ҳамгироии киварҳои минтақа ба сӯи муттаҳид шудан хеле зиёд эҳсос шуд ва мисол меорад, ки дар қолаби ҳамкории С5+1 “машваратҳо дар доираи чунин қолабҳо бо Россия, Чин, Иттиҳоди Аврупо, ШМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Корея, Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс доир шуданд.”

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар соли 2022 Тоҷикистон ҳаммуаллифи номинатсияҳои “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ва “Санъати абрешимбофӣ” гардид, ки ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.”

Гуфта мешавад, дар замони раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин нисбат ба дигар раҳбарони дастгоҳи дипломусии кишвар муносибатҳо ва робитаҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле пуррангтар шуд, вале дар ҳамин муддат муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Қирғизистону Афғонистон хеле сард гардид. Марзҳои муштараки Тоҷикистон бо ин ҳамсоя ноором ва нигаронкунанда боқӣ мондааст.