Хона блог саҳифа 676

Нишасти навбатии Шӯрои СПАД Созмони Аҳдномаи Амнияти

0

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар семоҳаи чоруми соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз мулоқоти сардори ин шӯъба Мухтор Тлеубердӣ бо дабири кулли СААД Станислав Зас хабар дод.

“Дар ҷараёни ин мулоқот, онҳо дар бораи фаъолияти ҷории СААД мубодилаи афкор намуда, доираи васеи масъалаҳоро дар тамоми самтҳои асосии фаъолияти созмон баррасӣ карданд. Вазир талаби баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанберо, ки қарор аст моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад, пазируфт”, – омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷонибҳо хамчунин омодагии худро ба ҳамкорӣ барои таҳкими минбаъдаи созмон изҳор доштанд.

Дабири кулли СААД рӯзҳои 9-10 март бо сафари корӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Интизор меравад, ки Станислав Засро Президенти ин кишвар Касым-Жомарт Токаев ба ҳузур пазирад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 2002 таъсис ёфта, як созмони байналмилалии минтақавӣ мебошад, ки кишварҳои Қазоқистон Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомили онанд. Дар ҳоли ҳозир раёсати ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Пашинян сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳро аз мансабаш барканор кард

0

Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон Оник Гаспарян ба таври қонунӣ аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора имрӯз 10 март сарвазир Никол Пашинян дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар дод.

“Бо назардошти он, ки Президенти Ҷумҳурии Арманистон лоиҳаи фармони пешниҳоднамудаи Сарвазирро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун “Дар бораи хидмати ҳарбӣ ва мақоми хизматчиёни ҳарбӣ” имзо накард ва ба Суди конститутсионӣ муроҷиат нанамуд, Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон Оник Гаспарян аз моҳи март қонунӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд “, омадааст дар изҳороти Пашинян.

Инчунин рӯзи чоршанбе Саркисян ба Суди конститутсионӣ бо дархост оид ба муайян кардани масъалаи риояи қонун “Дар бораи хидмати ҳарбӣ ва мақоми хидматчии ҳарбӣ” изҳорот фиристод, ки тибқи он сардори Ситоди Генералӣ таъин ва озод карда мешавад.

Шоми сешанбе дафтари раисҷумҳури Арманистон изхор дошт, ки нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ақидаи нодурустро ташаккул медиҳанд, ки 9 март мӯҳлати муроҷиати президент ба Суди конститутсионӣ аст, дар ҳоле ки чунин мӯҳлат вуҷуд надорад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 25 феврал сардори Ситоди Генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ Оник Гаспарян ва ҳайати баландпояи фармондеҳӣ даъват намуданд, ки сарвазир Никол Пашинян истеъфо диҳад.

Сарвазир ин изҳоротро ҳамчун кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ арзёбӣ намуда ва ду маротиба ба президенти кишвар Армен Саркисян дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани сардори Ситоди Генералӣ муроҷиатнома фиристод.

Пас аз оғози бӯҳрон дар Арманистон, мухолифин бо президенти ин кишвар Саркисян ду мулоқот доир намуда, масъалаи истеъфои Гаспарянро баррасӣ карданд.

Ба иллати ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашинян зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид.

Никол Пашинян, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Вазири рус гуфт, кишвараш ба беш аз 1 млн муҳоҷири корӣ ниёз дорад

0

Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Русия Ирек Файзуллин рӯзи сешанбе дар “ҳафтаи сохтмон”-и Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки айни замон дар Русия ҳадди аққал як миллиону 200 ҳазор нафар бинокорон намерасад.

Ҳамчунин Вазир қайд кард, ки дар Русия мушкилоти кадрӣ вуҷуд дошта, шумораи зиёди бинокорон, ки аз кишварҳои ҳамсоя омада буданд бо сабаби коронавирус маҷбур шуданд, ки ба ватанашон баргарданд.

Сурат: Хадамоти матбуоти шаҳрдории Москва

Дар як суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” дар моҳи феврал муовини Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Русия Никита Стасишин гуфта буд, ки тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир, асосан аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз моҳи декабри соли 2020 барои кор дар сохтмонҳо ба Русия омадаанд.

Тартиби соддакардашуда барои ворид намудани гурӯҳи муҳоҷирон ба Русия барои кор дар сохтмонҳо равона шудааст. Ҳамчунин пудратчӣ вазифадор аст қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Русияро риоя кунад ва назорати санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

Қаблан Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати Русия дастур дода буд, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ содда кунанд.

Ҷавони 18-солаи чечене, ки муаллимро кушт бо як тоҷик дар Сурия тамос доштааст

0

Муфаттишони Фаронса шахсеро аз Сурия муайян карданд, ки бо ӯ ҷавони 18-солаи чечентабор, ки дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса сари муаллими таърихро бурида буд, гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора рӯзи душанбе рӯзномаи “Le Parisien” хабар дод.

Абдуллоҳ Анзорови 18-сола пеш аз оне, ки пулис ӯро паронад дар Instagram ба корбаре бо номи “Dnevnik_71” навиштааст. Баъд аз тафтиш ҳувияти ин шахс маълум гашт, ки ӯ зодаи Тоҷикистон Фаруқ Шамӣ будааст. Ин зодаи Тоҷикистон дар саҳифааш худро як рӯзноманигори мустақил вонамуд карда, фаъолияти ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро пӯшиш медода, аммо тавре рӯзномаи “Le Parisien” мегӯяд, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии “Хайат Таҳрир аш-Шам” будааст.

Фарук Шамӣ бо Анзоров дар мавзӯи дин суҳбат мекардааст, дар ҳоле, ки ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва дар Фаронса “ҷиҳод кардан” нақл мекардааст. Тибқи иттилои ФБР-и ИМА Шамӣ ҳангоми мукотиба бо Анзоров дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро аксари мардуми дунё маҳкум карданд.

Атирауи Қазоқистон истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд

0

Яке аз се корхонаи бузурги коркарди нафти Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд. Дар ин бора “Казинформ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона корхонаи коркарди нафти (ККН)-и Атирауи Қазоқистон корҳои таъмиру барқароркунии худро шурӯъ намуда, интизор меравад, ки то охири моҳ корҳои таъмирии он идома ёбад.

Гуфта мешавад то ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, Вазорати энергетикаи Қазоқистон нақшаи таҳвили гази моеъро барои моҳи март бозбинӣ намуда, миқдор ва сохторҳои ба корхона вобастабударо байни дигар корхонаҳо тақсим карда аст.

Айни замон дар Қазоқистон масъалаи манъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба хориҷи кишвар тариқи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон яке аз содиркунандагони асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 420 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд, ки зиёда аз 90%-аш ба Қазоқистон рост меояд. Бештари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мебаранд.

Дар ҳоли ҳозир нархи газ дар Душанбе 4,5 сомонӣ буда, аз аввали соли равон 12 дарсад боло рафтааст. Тамоюли болоравии нархҳоро ширкатҳои воридкунанда пеш аз ҳама, ба гароншавии нафт нисбат медиҳанд.

Дар Тоҷикистон бозори маводи сухтро ширкати “Фароз” –и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон зери инҳисори худ гирифта аст.

Ҳамчунин чанде қабл Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст. Дар ин бора манобеи “Аздо ТВ” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ ин иқдомро мақомоти қирғизистон барои пешгирӣ аз қоҷоқи маводи нафтӣ ба Тоҷикистон гирифтаанд.

Бино ба иттилои расонаи русии “Спутник” Сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводди сӯхт аз қаламрави ин кишварро ба хориҷи (ЕАЭС)  Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард.

Тоҷикистон узви (ЕАЭС)  нест, ва ин ба он маъност, ки дигар воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷокистон манъ шуда аст.

Дар вилотяи Суғд нархи роҳкиро боло рафт

0

Дар шаҳру навоҳии вилотяи Суғд нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ боло рафта аст. Ин ҳам дар паи он, ки дар кишвар нархи бензин ва маводи дигари сӯхт боло рафт. Asia-Plus хабар дода, ки ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ низ тағйир ёфтааст.

Ҳоло арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам боло рафта.

Мурод Қодиров масъули Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобили хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иброз дошта, ки якбора гароншавии маводи сӯхт ба кори ронандаҳо бетаъсир набудааст. Чун 90 дарсади микроавтобусҳои мусофиркашон бо сӯзишвории дизелӣ ва 10 дарсад бо газ кор мекунанд. Арзиши газ акнун дар Тоҷикистон аз 3 сомонӣ то 4,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,80-5,90 сомонӣ сомонӣ гарон шудааст.

Гаронии маводи сӯхт ба арзиши хидматрасонии таксиҳо низ таъсири худро расонда ҳоло масофае, ки пештар аз он 7 сомонӣ мегирифтанд, акнун барои раснонидани мусофир бо ҳамин қадар масофа 8 сомонӣ мегиранд.

Ронандагони мошинҳои сабукрав дар Хуҷанд низ тасдиқ карда гуфтаанд, ки арзиши хизматрасонии дохилишаҳрии таксиҳои сари роҳ низ 10 сомонӣ ва аз он зиёдтар шудааст, ки пештар камтар аз 10 сомонӣ буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан як манбаъ ба Аздо ТВ гуфта буд, ки Қирғизистон ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст. Ба гуфтаи манбаъ ин иқдомро мақомоти Қирғизистон барои пешгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ва қоҷоқи маводи нафтӣ ба Тоҷокистон гирифтаанд.

Ҳамчунин ба иттилои расонаи русии “Спутник” сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводи сӯхт аз қаламрави ин кишварашро ба хориҷи (ЕАЭС)  Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард. Тоҷикистон узви (ЕАЭС)  нест, ва ин ба он маъност, ки дигар воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷокистон манъ шуда аст.

Коршиносон ҳам ба ин боваранд, ки ин иқдом маҳз ба хотири Тоҷикистон гирифта шуда аст. Чун Узбекистону Қазоқистон ба нафти қирғизӣ эҳтиёҷ надоранд.

Ширкати “Фароз” дар замони роҳбарони пешини Қирғизистон, маводи сӯхтро аз ин  ҷумҳурӣ ба таври қочоқ вориди Тоҷикистон мекард. Дар иваз ба гуфтаи огаҳони умур Тоҷикистон дар бештари масъалаҳои баҳсбарангези марзӣ ақибнишинӣ менамуд.

Истиқрори нерӯи низомии иловагӣ ва манъи содироти соляркаву бензин аз Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар бояд ба Тоҷикистон, сафраи расмӣ анҷом бидиҳад ва интизор меравад ин сафар дар нимаи аввали моҳи равон сурат бигирад.

Ҳоло маълум нест, ки савдо чӣ хоҳад буд, то дубора ба домоди Эмомалӣ Раҳмон иҷозати қочоқи маводи сӯхт аз ин кишвар дода шавад.

“Фароз” ширкати мутааллиқ ба домоди рисҷумуҳури Тоҷикистон Шамсулло соҳибов бозори сузишвориро дар кившар зери инҳисор қарор дода ва тибқи иттиллои расмӣ Қирғизистон баъд аз Русия ва Қазоқистон саввумин кишвари дастраскунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дар пайи тасодуф

0

Як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон дар як тасодуфе як шаҳрванди 58-солаи Лаҳистонро ба ҳалокат расондааст.

Ба гузориши ТВН24 Лаҳистон, шаби 9 марти соли равон дар натиҷаи тасодуфе дар минтақаи Мокотови шаҳри Варшава як ронандаи 58-сола ҷонашро аз даст дод.

Сухангӯи пулиси Мокотов Робер Конюш ин ҳодисаро чунин шарҳ дод:

“Тибқи таҳқиқот ва ёфтаҳои пешакии пулиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ нишон медиҳад, ки шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо худрави “ТYOTA Corolla” дар ҳоли ронданд аз самти хиёбони КЕН ба сӯи хиёбони Сикорски ва баъд аз расидан ба чороҳа кӯчаи Вилановска чароғи сурхро нодида гирифта ба масираш идома додааст ва ба худрави “Фиат пунто”, ки дар масири дурусти худ қарор дошт бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронандаи 58-сола соҳиби “Фиат пунто” дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”,- гуфт сухангӯи пулиси Мотоков.

Озмоишҳо ва таҳқиқоти пулис нишон дод, ки ронандаи 36-солаи Тоҷикистон дар замони тасодуф таҳти таъсири маводи мухаддир қарор доштааст, ронандаи 36-соларо боздошт карданд ва дар бораи сарнавишти ӯ Додгоҳ ва Додситонӣ тасмим хоҳанд гирифт.

Сухангӯи пулис афзуд, ки айни ҳол пулис таҳқиқоташро дар маҳалли ҳодиса анҷом додааст ва низ бо шоҳидони ҳодиса мусоҳиба ё бозпурсӣ анҷом дода, барои такмили парванда ва ҷамъоварии шавоҳид.

Қоида ва усулҳои нав барои ҷалби муҳоҷирон дар вилояти Маскав

0

Аз ин ба баъд муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав тибқи қоида ва усулҳои нав ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳукумати Русия қоидаҳои нави фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ кард. Дар ин бора Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав хабар дод.

“Ташкилотҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, муҳайё сохтани ҷойи зист ва хӯрок, назорат намудани онҳо пас аз вурудашон дар Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро аз ҷониби онҳо таъмин кунанд” , – қайд кард муовини сарвазири вилояти Москва – роҳбари Сарраёсати амнияти минтақавии вилоятӣ Роман Каратаев.

Ин қоидаҳои навро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия таҳия кардааст. Дар доираи он ташкилотҳои минтақаи Маскав, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ сару кор доранд, метавонанд мустақилона барои ҷалби коргарони хориҷӣ ба системаи иттилоотию таҳлилии “Пойгоҳи иттилоотии умумирусиягии ҷойҳои кории холии” Кор дар Русия ” муроҷиат кунанд.

Вазифаи назорат ва амалисозии ин қоидаҳои навро мақомоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав ва Вазорати рушди иҷтимоии Русия ба душ гирифтаанд.

Бино ба тасдиқи мақомоти Русия бинобар чораҳои маҳдудкунӣ дар соли 2020, дар ин кишвар норасоии қувваҳои кории хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба вуҷуд омадааст. Гуфта мешавад, ин кишвар танҳо барои кор дар соҳаи сохтмон ва соҳаи манзилию коммуналӣ дар минтақа тақрибан 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.

Аввалин ваксинаи зидди COVID-19 ширкати “AstraZeneca” ба Тоҷикистон расид

0

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 марти соли равон аввалин бастаҳои ваксинаи зидди вируси COVID-19 ширкати “AstraZeneca” тариқи парвози махсуси “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон расид.

Масъулини Вазорат гуфтаанд, интиқоли ваксина дар чорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 дар марҳилаи аввал дар ҳаҷми 192000 воя ваксина ба кишвар ворид карда шуд. Гуфта мешавад, бақияи ваксинаҳо марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Бояд гуфт, ки то ҳол Ҳукумати Тоҷикистон вақти ваксиназаниро эълон кардааст, аммо гузаронидани ваксина барои аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Бино ба гуфтаи қаблии масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузаронидани ваксина ихтиёрӣ буда, дар марҳилаи аввал гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ваксина гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ аз қавли Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ навишт, ки ваксинаи мазкурро дар ҷойҳои махсус нигоҳдорӣ мекунанд ва барои оғоз кардани эмкунӣ бояд қарори ҳукумат содир шавад.

Аммо дақиқ нест, ки Ҳукумат кай қарори худро дар ин бора содир мекунад.

Ваксинаи “Астразенека” маҳсули ширкати Британиягии Оксфорд буда, он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати дунё истифода бурда мешавад.

Қарор аст Тоҷикистон дар доираи (COVAX) 730 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека”-ро ройгон ба даст биёрад, ки аллакай 192 ҳазори он ба кишвар расид.

Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳони Беҳдошт танҳо 20 дарсад ваксинаи заруриро ройгон гирифта метавонад, ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ боқимондаи ваксинаро бояд Тоҷикистон бихарад. Аз ҷумла ба гуфта вазири тандурустӣ, гуфтугӯҳо барои дарёфти ваксинаи русии “Спутник V” идома доранд. Ахиран мақомот Чин ҳам ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод карданд.

Башшор Асад бо ҳамсараш ба вируси корона мубтало шудаанд

0

Раисҷумҳури Сурия Башшор Асад ва ҳамсари ӯ Асма Асад ба бемории коронавирус мубтало шуданд. Дар ин бора дафтари расиҷумуҳур рӯзи душанбе дар саҳифаҳои иҷтимоии худ, хабар дода аст.

Бемории оилаи ҳоким дар ин кишвар ба вируси нав дар ҳоле, сурат гирифта, ки Вазорати тандурустӣ ахиран аз шумораи зиёди сироятҳо дар ин кишвар ҳушдор дод.

Дафтари раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошта, ки Башшори 55-сола ва ҳамсари 45-солааш пас аз эҳсоси баъзе аз нишонаҳои ин беморӣ аз ташхис гузаштаанд. Дар ҳоли ҳозир саломатии онҳо мӯътадил гуфта мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳо “кори худро дар давраи инзиво ё қарантина аз манзилашон иҷро хоҳанд кард ва он метавонад аз ду то се ҳафта идома идома ёбад”.

Дар охири моҳи гузашта, Димишқ пас аз гирифтани 5 ҳазор доз воксин ҳамчун хайрия аз “кишварҳои дӯст”, ба эмгузаронии кормандони тиб, ки дар хатти аввали муқобила бо эпидемия ҳастанд, оғоз кард.

Моҳи январи соли гузашта ҳукумати Сурия созишномаи пайвастан ба ташаббуси “COVAX” -ро тавассути Созмони ҷоҳонии Тандурустӣ ба имзо расонид.

Инчунин, сафорати Сурия дар Маскав моҳи гузашта эълом дошт, ки Сурия истифодаи ваксинаи “Спутник В” -и Русияро дар хоки худ иҷозат додааст. Ҳеҷ тарафе эълом накардааст, ки ваксинаҳо кай ба Димишқ хоҳанд расид.

Ташаббуси “COVAX” мекӯшад, ки ҳадди аққал 20% -и суриягиҳоро то охири соли равон бо воксин таъмин кунад. Аз оғози вабои нав, ҳукумати Сурия дар минтақаҳои зери назораташ аз 15981 сироятёфта хабар медиҳад, ки 1063 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Дар ҳоле, ки маъмурияти худмухтори курдҳо дар шимолу шарқи кишвар аз сирояти 8689 ва фавти 368 гуфтаанд. Минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳҳои дигар дар Идлиб ва атрофи он (шимолу ғарб), ки дар он ҷо садҳо урдугоҳи серодам ҷойгир аст, 21209 сироятёфта ва 623 фавтро ба қайд гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин кишвар тайи чунд рӯзи ахир сокинонро аз мавҷи нави сироят ҳушдор дода аз шаҳрвандон риояи дастурҳои зарурии пешгирикунандаро талаб карда аст. Муъоризони режим дар Сурия аз пинҳонкорӣ дар бораи шумораи воқеии сироятҳои корона аз тарфи режим мегӯянд.

Мардуми Сурия аз авҷи сирояти вабо дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо ҳарос доранд, чун бахши тиббии Сурия пас аз даҳ соли ҷанг дар кишвар дар ҳоли заъф қарор дорад ва наметавонад бар зидди ин пандемия муборизаи самаранок барад.