Хона блог саҳифа 304

Бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон

0

Мақомоти эронӣ ба сурати расмӣ фардо ва пасфардо сафоратхона ва сарконсулгарии худро дар Арабистони Саудӣ бозгушоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 5-уми июни соли 2023 Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки пагоҳ, 6-уми июн Сафорати Эрон дар Риёз бо ҳузури намояндаҳои ҳар ду кишвар бозгушоӣ мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар назар аст, 7-уми июни соли ҷорӣ низ Консулгарӣ дар Ҷидда ва Намояндагии Эрон дар Созмони Ҳамкории исломӣ бозгушоӣ мешаванд.

Бозгушоии Сафорати Эрон дар Риёз, Консулгарии он дар Ҷидда ва Намояндвгии ин кишвар дар Созмони Ҳамкории Исломӣ аз бурузи танишҳои сиёсӣ байни ду кишвар дар 2015 баста шуда буданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Теҳрон ва Риёз ба муддати зиёда аз 7 солу 3 моҳ қатъи робита карда буданд, баҳори имсол бо миёнҷигарии Чин мақомоти Эрон ва Арабистон дар Пекин сулҳ карда, ваъда дода буданд, ки равобити дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худро аз сар оғоз мекунанд.

Ҳалокати наздик ба 300 мусофир дар Ҳиндустон

0

Бар асари тасодуфи 3 қатори мусофиркаш дар Ҳиндустон наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 900 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ашвини Вайшнав, вазири роҳи оҳани Ҳиндустон хостори таҳқиқоти алоҳида аз ҷониби полиси ин кишвар дар робита ба тасодуфи маргбори қаторҳо шудааст.

Пеш аз ин таҳиқиқоти ҷудогона аз ҷониби масъулини ин кишвар оғоз шуда буд ва тибқи баровардаҳои пешкии онҳо “хатои сигнал” сабаби ин ҳодиса будааст, ки яке аз қаторҳои мусофирбар бо иштибоҳ тағйири масир кардааст.

Нахуствзири Ҳиндустон аҳм таъкид карда буд, ки омилони ин ҳодисаи маргбортарини қарн, ки дар натиҷа наздики 300 нафар ба ҳалокат расидаву беш 900 каси дигар захмӣ шудааст, ба муҷозоти сахт маҳкум хоҳад шуд.

Эмомал Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам бо ирсоли барқия ба унвони Нарендра Моди, Нахуствизири Ҳиндустон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса, шоми 2-уми июни соли ҷорӣ дар иёлати Одишаи Ҳиндустон ба вуқуъ пайваста, аллакай таҳқиқот оғоз шудааст аст, вале бо гузашти 3 рӯз ҳамоно дар бораи сабабҳои бурузи ин ҳодиса ва ё омилони асосии он ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.  

Ин ҳодиса дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳан, ки хатҳои зиёде дар масирҳои мухтатиф дошта аст, рух додааст. Тавре нақл карда мешавад, ин ҳодиса замоне рух дода, ки қатори мусофирбари маъмулӣ ба иштибоҳ вориди хати қатори борбар, ки дар ҷояш истода будааст, мешавад. Аз шиддати зарбаҳо чанд вагони онҳо аз хат хориҷ мешаванд ва дар ҳамин вақт қатори тезгард ба чанд вагони аз хат хориҷшуда бармехӯрад ва ин фоҷаи рух медиҳад.

Ифтитоҳи бузургтарини масиҷиди Тоҷикистон бо ҳузури амири Қатар

0

Дар назар аст рӯзҳои наздик амири давлати Қатар шайхи Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Гуфта мешавад, сафари кории амири давлати Қатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯзи душанбе, 5-уми июни соли ҷорӣ оғоз ёфтааст ва қарор аст рӯзҳои 8-9-уми июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шавад.

Расонаҳои қатарӣ ҳадаф аз сафари амири ин кишварро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон баррасии ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими равобити дипломатӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар масоили мавриди алоқаи муштараки кишварҳо гуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар назар аст дар ин сафар бо ҳузури раҳбари давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, ки бунёди он бо сармоягузории Қатар 14 сол боз идома дорад, ифтитоҳ шавад.

Гуфта мешавад, ин масҷид яке аз бузургтарин масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ буда, масоҳати умумии он 12 гектар мебошад. Дар дохили масҷид то 100 ҳазор намозгузор дар як вақт ҷой мегирад.

Бунёди он соли 2009 оғоз ёфта буд. Маблағи сохтмони он 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 70 миллионашро давлати Қатар ва 30 миллони дигарашро Тоҷикистон пардохт кардааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

0

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 5-уми июни соли 2023 ҳайатҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Қасри миллат мулоқот карда, масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот таъкид шуд, ки дар давоми 30 соли ҳамкориҳо бо ин ниҳоди молӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои амалисозии 116 лоиҳа “зиёда аз 2,7 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ” шудааст.

Гуфта мешавад, дар рафти ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ва ҳайати Бонки ҷаҳониро хонум Антонелла Бассани, ноиби Президенти ин ниҳоди молӣ раҳбарӣ мекарданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

0

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, ин сафар аз пеш тарҳрезӣ шудааст ва рӯзҳои 5-6-уми июн баргузор мегардад. 

Қарор аст, дар ин сафараш Сергей Лавров бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дода, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, рушди ҳамкории Маскаву Душанбе дар бахшҳои сиёсат ва иқтисоду тиҷоратро баррасӣ кунанд. 

Инчунин дар назар аст Лавров зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе боздид кунад. 

Лавров дар ҳоле бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад, ки чанд рӯзи ахир боздошту латтукӯб ва ба маконҳои номаълум бурдани муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия шиддаст гирифтааст.

Ҳамарӯза навору садоҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки дар он бераҳмии кормандонии амниятии рус нисбати тоҷикон инъикос ёфтааст. 

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Лавров аз мушкилоти муҳоҷирони тоҷик хоҳад гуфт ё не. 

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

0

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола, ки моҳи январи соли ҷорӣ пас аз боздошт ҷон бохта буд, бар асари шиканҷа даргузаштааст.

То ин дам мақомот шиканҷа шудани марҳумро аз ҷониби маъмурони милитсия рад мекарданд ва иддао мекарданд, ки ӯ бар асари истифодаи зиёди маводи мухаддир даргузаштааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб мурофиаи се корманди милитсияи ин шаҳрро, ки ба даст доштан дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов муттаҳам мешаванд, оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ин се корманди пулис ба шиканҷаи Разоқов айбдор мешаванд.

“Азия-Плюс” рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ аз қавли Умед Ниёзов, вакили дифои хонаводаи Розиқовҳо хабар дод, ки “тафтишот се корманди милитсия – Шамшод Шарифов, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо моддаи 143 иловаи 1-и  қисми 3 (шиканҷа) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҶТ айбдор мекунад.

Гумонбарон қаблан бо иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) айбдор мешуданд.

Вакили дифои Розиқовҳо ба ин расона гуфтааст, ки “Баъдан, дар рафти тафтишоти пешакӣ, муфаттишон моддаи 316-ро ба моддаи 143 иловаи 1 қисми 3 (шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бандубаст карда, ба додгоҳ ирсол карданд. Мурофиаи судӣ идома дорад”.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонааш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супорида буданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, чун пеш аз даф дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Баъд аз ин ҳодиса, даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё “Морг”-и шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада, талаб карда буданд, ки то милитсаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се корманди милитсияи дастбастаро ба наздикони Розиқов нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.

Аммо дертар мақомот як нафар аз муттаҳамон – Шамшод Шарифовро баъди ин ҳодиса ба ҳабс гирифта, ду нафари дигар, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карданд, ки ин боиси дубора ҷамъ омадани сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ шуд.

Дар Қирғизистон аз як кудето пешгирӣ шудаст

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 5-уми июн аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба гуфти ин ниҳод, қасди кудето кардан дар ин кишварро доштаанд.

Хабаргузории қирғизии “24 KG” бо такя ба манобеаш аз КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, гурӯҳи мазкур нақша доштаанд бо роҳи зӯри ҳокимияти кониститутсиониро сарнагун карда, қудратро дар ин кишвар ба даст гиранд.

Аммо то ҳанӯз ҳувияти нафарони боздоштшуда ва шумори онҳо маълум нест. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ дар бораи онҳо маълумоте нашр накардааст.

Ҳамзамон назари боздоштшудаҳо низ дастраси расонаҳо нашудааст.

Расонаҳои қирғизӣ аз рафти боздошти кудетогарон наворе нашр кардаанд, ки дида мешавад, нерӯҳои вежа аз мошин поён шуда, дохили як хона мешаванд. Ҷараёни боздошт маълум нест.

Дар ҳамин ҳол бархе корбарон мепурсанд, ки кӯдетогарон чанд нафар будаанд, ки дар дохили як хона ҷамъ шуданд? Одатан чунин гурӯҳҳо шуморашон хеле зиёд аст ва ҳатто дар дохили мақомоти қудратӣ кормандони баландпоя бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Вале то ҳанӯз хабаре аз боздошти мақомдорони ин кишвар дар робита ба қазияи мазкур нашр нашудааст.

Бархе коршиносони масоили сиёсии минтақа бар ин назаранд, ки маъмулан раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳар гурӯҳу ҳаракатҳои дохилиро, ки бихоҳанд аз майдони сиёсат дур бизананд, аз ҳамин шева кор мегиранд. Ва онҳоро ба унвони кудетогарон боздошту зиндонӣ мекунанд.

Даргирӣ байни нерӯҳио Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон

0

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарии онро Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд бар уҳда дорад, аз як ҳамлаи худ дар вилояти Тахори Афғонистон хабар дод.

Бино ба иддаои ин ҷунбиши мардумии Панҷшер, шаби гузашта нерӯҳои ин ҷабҳа ба сохтмони вулусволии Баҳораки вилояти Тахор ҳамла карда, чор тан аз нерӯҳои Толибонро кушта ва панҷ нафари дигари онҳоро захмӣ кардаанд.

Дар хабари ин ҷабҳа гуфта мешавад, ки нерӯҳои он аввал чандин мушак бар сохтмони вулусволии Баҳорак шиллик карда, сипас бо нерӯҳои Толибон даргир шудаанд.

Тибқи иттилои Ожонси хабарии “Бохтар”, захмиёни Толибон барои дармон ба бемористони вилоти Тахор дар шаҳри Толиқон мунтақил шудаанд.

Аммо, дар аҳмин ҳол раиси амнияти Толибон дар вилояти Тахор иддаои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мабнӣ бар ҳамла бар сохтмони вудусволии Баҳорак ва кушта шудани нерӯҳои худро рад кардааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷаббор дар Қирғизистон

0

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Қирғизистон қарор дорад, бо президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ата бо ҳам мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот, ки рӯзи 2-уми июн сурат гирифтааст, президентҳои ду кишвар ба масоили гуногун пардохта, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи муштарак байни ду кишварро меҳвари гуфтугӯи худ қарор додаанд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин нишаст “сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ” каданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов “аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, дар ин нишаст президентҳои ду кишвар аз роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намудани мушкилот ва баҳсҳои марзиро ҷонибдорӣ карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол на ҳамаи он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ва тайи ду соли ахир аксари даргириҳо, ки даҳҳо куштаву захмӣ аз ду ҷониб баҷо гузошт, сари нуқтаҳои аломатгузорӣ нашудаи марз сурат гирифта буд.

Дар нишасти “Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо” аз ҳуқуқи башар гуфта мешавад?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2-уми июн барои иштирок дар нишасти дуюми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо” озими Қирғизистон шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар масъалаҳои иқтисодӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Ба навиштаи манбаъ, дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел дар масъалаҳои иқтисод, амният ва ғайра суҳбат кардаанд. Аммо дар робита ба масоили ҳуқуқи башар чизе гуфта нашудааст. 

Нишасти дуюми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо” рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳри шаҳри Чолпон-Ата бо иштироки президентҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон, сарвазири Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел баргузор мегардад. 

Пеш аз баргузории ин нишаст, чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо хостанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар минтақа бигӯяд. То куҷо хостаи созмонҳо амалӣ мешавад, маълум нест. 

Бори аввал раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд. 

Он замон низ чанде аз созмонҳои бонуфузи ҳомии ҳуқуқ аз раиси Шӯрои Аврупо хоста буданд, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишварҳои минтақа матраҳ кунад, вале дар он нишаст бештар аз ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ гуфта шуда буд.

Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо буҳрони адами риояи ҳуқуқи башар рӯбарӯ ҳастанд ва аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ интиқоди зиёд мешаванд. 

Эмомалӣ Раҳмон ва тимаш дар ин чанд соли охир қисме аз ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва мухолифони ҳукуматашро бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда ва як қисми дигарро маҷбур кард, то аз кишвар фирор кунанд. Инчунин дар як соли ахир даҳҳо фаъоли маданӣ, аз ҷумла фаъолони Бадахшон ба қатл расонда шуданд.